• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

Ҳафтаи сипаришуда бузургтарин расонаҳои хабарии ҷаҳон аз ҷумла, "Озодӣ", "ББС", "Евронюс", "Ал-арабия", "Ал-Ҷазира", "Мавҷи Олмон", "РИА-Новости" ва даҳҳо шабакаҳои дигар  дар баробари муҳимтарин хабару воқеаҳои олам дар мавриди боз як иқдоми миллию башардўстона ва инсонсолоронаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш пахш намуданд. Асоси ин гузориш бозгардондани 84 кўдаки тоҷик аз маҳбасҳои кишвари Ироқ мебошад, ки бо дастури бевоситаи Президенти кишвар ба Ватан оварда шуданд.

 

Суоли аслӣ ва моҳияти масъала дар он аст, ки ин кўдакон киҳо буданд, фарзандони кӣ ҳастанд ва чигуна дар ин кишвари ҷангзадаи арабии Ховари Миёна пайдо шудаанд? Посух ин аст, ки ин кўдакони фариштасиришт фарзандони он ҳамватанони моянд, ки фиребхўрдаву гумроҳгаштаи дасисабозони аҷнабӣ шуда, зиндагии орому осудаи худро сарфи назар намуда, ба манотиқи ҷангзадаи Ироқ ва Сурия рафтаанд.

Таҳқиқотҳо маълум намудааст, ки падарони ин кўдакони маъсум аксаран бо роҳи фиреб ҳамсару фарзандони худро ба ин минтақаҳои таҳти идораи террористон бурда, худ дар сафи террористон ҷангидаанд ва аксари онҳо кушта шудаву қисми дигар асир шудаанд ва баъзе аз ин афрод ноҷавонмардона зану фарзандони худро партофта, ба манотиқи биёбонӣ ва дигар мамолики африқоӣ паноҳ бурдаанд. Баъд аз шикасти гурўҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" ин кўдакон ҳамроҳи модаронашон аз тарафи низомиёни курду ироқӣ боздошт ва роҳии маҳбасҳо шудаанд.

Аслан масъала ба ҳамагон маълум аст, ки дар сафи террористон танҳо ҳамватанони мо набуда, шаҳрвандони зиёда аз 100 кишвари олам дар ин набардҳо ба ҷонибдорӣ аз террористон ба ҷангҳо ҷалб шудаанд. Вале аксари кишварҳои олам бо маълум шудани шахсияти шаҳрвандони худ нахуст онҳоро аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум намуда, пасон нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз карданд. Вале кишвари Тоҷикистон дар ростои афроди фиребхўрда сиёсати афвро пеша намуда, пешниҳод намуд, ки афроди пушаймоншуда, ки дар набардҳои мусаллаҳона иштирок накардаанд, агар бо хости худ ба Ватан бозгарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод буда, нисбат ба онҳо ҳукми афв татбиқ мешавад.

Ин сиёсат боис гардид, ки то имрўз зиёда аз 50 шаҳрванди кишвари мо, ки хатои худро ба зудӣ эҳсос намудаанд, ба ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтанд ва ба зиндагии осудаи худ пайвастанд. Вале то имрўз хабари марги зиёда аз 500 нафари дигар шунида шудааст, ки боиси таассуф мебошад.

Агар ба сарнавишти кўдакон бозгардем, он низ пайваст ба тақдири волидонашон буда, бо иштибоҳи волидон зиндагию рўзгори ширини кўдаконаашон ба сарнавишти талх печидааст. Ҳамсони атфоли тоҷик то имрўз кўдакони зиёда аз 60 давлати дунё дар манотиқи ҷангзада маълум карда шудаанд. Аммо фарқият дар он аст, ки баъзе аз ин кишварҳо дар баробари иқтисоди бузург ва сармояҳои ҳангуфти давлатию хусусияшон натанҳо шаҳрвандони болиғу мукаллафи худ, балки тифлакони маъсумро низ, ки гуноҳе ҷуз эътимод ба волидон надоранд, напазируфта, онҳоро на пайванди миллии худ, балки чун фарзанди террористон шинохтаанд.

Аммо Пешвои муаззами миллатамон ин атфолро чун фарзандони комилҳуқуқи кишвари Тоҷикистон пазируфта, барои ҳарчи сареъу оҷил озод намудани онҳо аз боздоштгоҳҳо дастур фармуданд, ки ҳамакнун ба Ватан оварда шуданд ва ҳар яки онҳо таҳти сарпарастии давлату миллати Тоҷикистон қарор дошта, имрўз дар истироҳатгоҳи кўдаконаи Харангон ба истироҳати равонию ҷисмонӣ ҷалб шудаанд.

Агар аз рўи таносуби синну сол ба кўдакон назар намоем, қисме аз ин кўдакон дар хориҷи кишвар таваллуд шудаанд, вале дар радифи сиёсати инсонсолору миллатдўстии Президенти кишварамон онҳо ба Ватан оварда шуданд. Қаблан низ наздик ба 10 кўдаки дигарро давлати Тоҷикистон аз ин кишварҳои ҷангзада ба Ватан оварда буданд, ки имрўз аксари онҳо ба таълиму тарбия ҷалб шудаанд.

Ин иқдоми Пешвои миллат, ки як хусусияти сирф миллию инсонӣ ва умумибашарӣ дорад, аз як ҷиҳат барои сарпарастии кўдакони Ватан неку мусоид бошад, аз сўи дигар дар арафаи моҳи мубораки Рамазон бузургтарин савоб назди Парвардигор мебошад.

Шаст мискин таом бояд дод,

Ё яке банда карданаш озод.

Гузашта аз ин, бозгардонии ин кўдакон боиси наҷоти ҷони онҳо аз хушунату гуруснагӣ ва маргу нобудӣ гардида, ҳамзамон боиси хушнудии хонаводаҳои онҳо шудааст. Зеро пас аз хабари маргу маҳбусияти фарзандон аксари падару модарон андўҳзада шудаанд. Аммо ба Ватан овардани ин кўдакакон хонаводаҳои андўҳзадаро то андозае аз банди мусибат озод намуда, зиндагии онҳоро ба самти некӣ равона намудааст. Акнун бори дигар барои ҳар як фарди кишвар маълум гардид, ки сиёсати Пешвои миллат сирф сиёсати миллӣ ва гуманистӣ буда, ояндаи неки миллатро дар пай дорад.

Шарифалӣ Самиев,

коршиноси Маркази иттилоотии "Ховари Миёна" 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved