• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Юнус Юсуфӣ

Номаҳои бо хома нигошташуда

 ба бозёфтҳои садаҳои гузашта

 мемонанд акнун.

Уайдлер Тронтон

1

Он рӯз, пас аз хариду фурӯши борҳову гузашти солҳо, саранҷом бинои почтаро вайрон карданд. Шигифтангез ин буд аммо, ки замони анборхонаю ошхонаю аз ин гунаҳо будани бино касе ба сандуқи почта даст назад; сандуқ чун дар даврони дури хату хаткашон рӯи девор устувор буд ҳамчунон. Онҳо ки почтаро ҷои хӯрдану хуфтан карда буданд, пиндор сандуқи гардзадаю рангпаридаро намедиданд ё ба назарашон чизе муқаддас метобид он, ки аз кандану дур андохтанаш метарсиданд. Сандуқи почта солҳо ин гуна фаромӯш афтода буд, то рӯзи шикастани бинои почта ниҳоят аз девор кандаву рӯи раҳ андохта шуд. Рӯи роҳе андохта шуд, ки замоне мумфаршу фароху рост буд, дар ду канор ҷӯ дошт, лаби ҷӯ ниҳолони сарву санавбару сафедор руста буданду паси онҳо пиёдарав низ дида мешуд ва дар он рӯзгорон ёд аз ҳавою фазои шаҳристон мебурд. Аз ду сӯи пиёдарав бинои раёсати колхоз, шӯрои ҷамоа, китобхонаю мактабу клубу беморхона қад афрохта буданд ҳама ба ранги сапед. Дар боми шӯрои ҷамоа парчами сурх парафшонӣ мекард. Бинои почта низ дар ҳамин рада буд, аммо ба он ранги кабуд зада мешуд; монанд ба ранги сандуқи почта. Мумроҳ инак кайҳо аз миён рафтаву дарахтон хушкидаву биноҳо фарсуда шуда буданд, касе ба онҳо ранг намезад, дари китобхонаю клуб боз намегашт, номи почта низ фаромӯш гашт.

Шикастани бинои почтаву рӯи раҳ андохтани сандуқи он ба соате рост омад, ки хонандагони андаки мактаб пас аз дарс сӯи хонаҳошон мерафтанд. Ҳеч кадом аз инҳоро кор бастан ба сандуқи почта пеш наёмада буд, номаву номанависӣ аз саргармиҳои беҳудаи кадом замони дуру дастнорас буд назди онон. Барои ҳамин, бо шигифту шубҳа менигаристанд ба сандуқи кӯҳнаву рангбохтаву чиркзадаи почта ҷавонон. Дар ун миён аммо набераи Фарҳоди хаткашон Наврӯз ҳам буд. Вай аз гузаштаи начандон дури почтаву сандуқи почта қиссаҳое шунида буд ва ҳам гаҳгоҳ албоми бузургро, ки дар сафҳаҳош ҷои сурат пораҳое аз кадом маҷалла бомеҳр буридаву бо сиреш озода часпонида шуда буд ва ҳамроҳи чанд китоб рӯи рафи канори сӯзанӣ дар хонаи хоби бобош меистод, мегирифту мекушод ва аз деринаи номаву номанигорӣ навиштаҳое ҳайратангез меёфт. Дар ун албом моҳу сол ва аз куҷо гирифта шудани пораҳо низ ба ранги сурх омада буд. Ниме аз ун навиштаҳо бузургсолтар аз падари Наврӯз буданд ва писарак ҳангоми ба онҳо расидан ба дунёи афсона раҳ мебурд гӯё ки зарфи танаш саршор аз эҳсосе тозаву ширин мешуд. Фарҳод он пораҳоро солҳои дароз, аз замони ба кори почта гуморида шудан то дами ногаҳ аз миён рафтани он гирд оварида буд. Чаро ва чи гуна ба ин кор даст задани хаткашон достонест дигар, аммо ун албом аз хонданитарину ноёбтарин китоби дунё буд назди Фарҳод ва барои барге ба он афзудан моҳномаи “Почта СССР”-ро аз Маскав ба Мокон меовард ӯ ҳар моҳ. Шояд гарде аз ин меҳру дӯстдорӣ ба номаву хома хун ба хун то ба Наврӯз низ омада буд, ки вай даме чанд ноҷунбон ба сандуқи зангзадаву афсурдаи почта нигарист, сипас онро сари шона карду хона овард.

Замони кӯч бастани баҳор буд он рӯзҳо. Фарҳоди хаткашон пирмарде буд инак, ки устухонҳои кӯҳнаву сарду каҷшудаашро ба душвор аз ҷо ба ҷое мебурд; ин кор сутунмӯҳраро фишор додаву ба дард меовард, аммо вай асо ба каф намекард, нафаси бимангези хазони умрро рад мекард, ба таҳдиду ҳушдори марг сар намефуровард; чун шери пиру бемори аз гала ронда, ки то вопасин нафас бо ғурур гом мезанад, сар ба замин намениҳад, роҳравон ҷон медиҳад. Ҳамин гуна одам буд Фарҳоди хаткашон. Он дам, ки набера сандуқи почта сари шона аз дарвоза даромад, ӯ даруни боғ дастҳо бар сутуни пушт ҳачча кардаву нигоҳи хаста сӯи дарахти нок бурда буд, то бубинад бораш чи гуна аст. Фарҳод дар боғкорӣ дасти дароз дошт ва пайвандгариро беш аз кори почта дӯст медошт. Албоми серварақу навиштаҳои булаҷабашро кам касоне хоҳиши дидану хондан доштанд, аммо сафедори канори боғро, ки дар як шохааш садбарги сапеду дар шохаи дигараш садбарги сурх гул мекард, ҳамаи деҳа медонисту ба тамошо меомад. Дар боғи вай ҳеч гуна дарахти “бегона” набуд, ҳама зодаву парвардаи обу хоки Мокон буданд, бархе аз онҳо, монанди ноки каён зодбун* низ доштанд. Фарҳод чун медид ҳамдеҳон барои пулу пайса дарахтони таҳҷоиро мекананду ҷояшон ниҳолоне аз тираву табори бегона менишонанд, бо дареғ мегуфт: “Ҳайф аст агар рӯзе фарзандони мо номи шакармурӯду сафедмурӯду сияҳмурӯду шоҳмурӯду ноки дилафрӯзу каёну ношпотиву исканасебу пахтасебу сурхсебу зардсебу гулсебу сафедсебу хубониву ҳусниюсуфу гуломадиву гулбандиву амириву туршаку ширинаку чарсаку зардолуи исфараку кафаку лучаку қандаку ҷавпазаку бобоиву хурмоиву мирсанҷаливу аҳрориву маҳтобиро надонанд, мазаашро ба ёд овардан натонанд.” Ва барои гум нашудану аз ёд нарафтанашон ҳамасола аз дарахти пир ба ниҳоли ҷавон пайванд мекардашон. Ва дӯст дошт ба онҳое, ки ба дидани садбаргсафедору ношпотимурӯду олугелосу балхишоҳтуту аз ин табор ба боғаш медаромаданд, достони чи гуна ба деҳа омадани каёнинокро овардан.

Рӯзгороне дур, ки акнун намешавад ба ёд овард чи замоне буд, як ҳамдеҳаи моро гузар ба Кобул афтода буд. Касе равшан наметавонад гуфт, ки ӯ дунболи чи ин роҳи дарозро паймудаву аз ҳафт дарё гузаштаву ба ун шаҳри афсонаҳову ангораҳо рафта буд. Тахмин мезананд, ки гузаштаҳояш аз он шаҳр омада будаанду ӯ ба ҷустуҷӯи рагу решааш рафта буд. Шояд чунин буда бошад, аммо мӯсапедони Мокон мегӯянд, ки то дина пайроҳае аз миёни кӯҳҳо мегузашт, рустои моро ба водии Ҳисор мепайваст, он сӯ то Кобул ду қадам аст. Ошкор нест ун мард нишоне аз пайвандонаш пайдо кард ё накард, аммо ангораи ба меҳмонии шоҳи Кобул рафтанаш то имрӯз зинда аст. Дар Кобули он замон расм будааст, ки шоҳ ҳар одами аз ҷое дур расидаро ба кохаш меовард, рӯзе чанд меҳмон мекард ва дар ин муддат сар ҳама гӯш мешуд ва ин гуна ба рози зиндагии мардумони бегона раҳ мебурд; ин кор аз саргармиҳои дӯстдоштаи шоҳ буд. Ва боз, назди меҳмон аз беҳтарин меваҳои боғоти Кобулро мегузошт.

Ҳамдеҳаи мо ноки каёнро аз хони шоҳ чашиду мазид ва ногаҳ шефтаи он гардид. Каён ба ҳеч як аз меваҳои то он рӯз дидаву чидаи вай намемонд; калон набуд, дар каф осон ҷо мешуд, пӯсти сапедгулобу гӯшти донадона дошт, аммо чи гунагии шираву шаҳдашро наметавон гуфту нигошт. Дунболи ба даҳон бурдани каён кас мепиндошт зодаву парвардаи замин набуд он, сиришташ аз биҳишт омада буд. Меҳмон аз мизбон хоҳиши дидани дарахти нокро кард, боғбони шоҳ ӯро ба боғ даровард, зери нокбун овард. Дарахт сербору сархам буд, пӯсти сапедгунааш чун порчае нафису зебо менамуд, ҷилои баргҳои сабзу равшан шодии дилро дам ба дам боло мебурд. Боғбон гуфт: “Зодгоҳу хостгоҳи Каёниён Кобул будааст ва ин мева дар он рӯзгорони дур танҳо дар боғи онон парвариш мешудааст. Дар ун замон каён ғизои шоҳон буд, хокиёнро ба он даст набуд. Аз ин рӯ, ҳангоме ки миқрози аҷал таноби умрашонро бибурид ва дасти дарози вақт номашонро аз ҷаридаи олам бичид, мардумон ки дарахти нокро нарм-нарм ба боғҳошон кашида буданд, меваи онро “каён” номиданд. Каён танҳо дар боғҳои Кобул мерӯяд...”

Меҳру дӯстдорӣ ба дарахту боғу боғкорӣ дар хуни ҳамдеҳаи мо пушт ба пушт равона буд, ба боғбони шоҳ гуфт: “Дилам мехоҳад дар боғҳои мо низ аз каён бошад, аммо намедонам ту ба ин чи мегӯӣ ва мн чи гуна онро аз ин гӯшаи дунё ба ун гӯшаи дунё барам.”

Боғбон ҳоли мусофирро дарёфт, нигоҳ пеши пояш андохт, лахте чанд ба андеша рафт ва саранҷом сар боло кард: “Дар канори боғи Бобур толобесту дар соҳилаш найе мерӯяд ғафсиаш баробар ба ду ангушти бузург. Дар гузаштаҳои дур аз ун най найза месохтаанд; мавсими пайванд як поя аз он бибуру наздам биё.”

 То мавсими пайванд дур буд, аммо хоҳиши бо худ бурдани каён дар дили ун мард ба гунае устувор нишаст, ки вай аз ин боб андеша накард ҳатто. Мо намедонем ӯ то расидани рӯзи мурод куҷо рафту чи кард. Саҳаргоҳе як поя най дар даст назди боғбони шоҳ омад. Боғбон бо нигоҳи санҷишгару фароз шохаҳои дарахтро дароз пармосид, сипас як муғҷа аз каён бурид, оҳиста дар дили най ҷо кард, сӯрохро бо муми занбӯр баст: “Чун пайванд кардӣ, ҳар теғи офтоб то нард задану зӯр гирифтанаш як каф шир дар даҳон гиру бар он пуф кун. Агар шири ҷавонзан буд...”

Кас намедонад ун мард каёнро ба чи гуна шир парвариш кард, вале деринаи ба рустои мо омадани ин мева ҳамин аст...

Фарҳоди хаткашон ҳар бор достонро ҳамин ҷо ба поён меовард, аммо чанд сатри дигар ҳам буд, ки онро дар дил ба худ мегуфт, пеши касон ба забон намеовард. Вай шак надошт, ки решааш рафта-рафта ба ҳамон марди гумноми каёноварда мерасад; инро меҳру муҳаббаташ ба дарахту ҳунари пайвандгариаш побарҷо мекунад. Ва агар замони ҷангу ҳукумат набуд, Фарҳод ҳеч гоҳ ёди почтаву хату хаткашон намекард ва шояд чун он мард дар боғдориву пайвандгарӣ кори шоистае мекард ва ёде аз худ ба ояндагон меовард.

2

Ҳукумат пеши Фарҳоду сокинони Мокон дар он рӯзгорон раиси ҷамоа Ҳамдами Одина буд. Одамон, агар ӯро танҳо дар назар доштанд, “ҳукмат” ва агар нафаре аз зердастонашро ба вай ҳамроҳ месохтанд, “ҳукмато” мегуфтанд. Ҳамдами Одина марде буд лоғару миёнболо, орому фурӯтан ва бар мардумаки чашми росташ парда давида. Ҳамин камбуд ӯро аз чанги ҷанг раҳонида буд ва пиндор галифею кителу кулоҳашро аз нахе вежа, барои дар кӯчаҳои пур аз чангу хоки деҳа гаштан бофтаву тофта буданд, ки ҳеч гоҳ гард намегирифтанд. Замистон болопӯше дароз ба онҳо ҳамроҳ мешуд, ки тукмаҳои зарди ҷилоӣ дошт бо нақши ситораи панҷгӯша ва досу болға; дар Мокон танҳо ӯ ин гуна либос мепӯшид. Ин сарутанро мудири почтаи шаҳр, як марди рус, ба Ҳамдам додааст мегуфтанд. Он вақт Ҳамдами Одина дар деҳаи худ, дар наздикиҳои шаҳр кор мекард ва марди рус барои роҳандозии кори почта ба он ҷо омада будааст. Оғози дӯстии онҳо аз ҳамон рӯзҳо будааст. Вале дар Мокон вай бо ин сару сурат он гуна дар кор фурӯ мерафт, ки бештари шабҳоро дар дафтар ба рӯз меовард. Кӯрпаву болишту адиёли кӯҳна ҳамеша пушти мизи кор, дар кунҷи хона лӯла буданд. Аммо кас намедонист Ҳамдами Одина онҳоро зеру бар мекард ё не, зеро ҳамкорон ҳамон як чашми дурусти ӯро ба дунболи хастагиву бехобиву парешонӣ мудом сурху варамида медиданд. Вай тани танҳо дар меҳмонхонаи Устофайёз, ки шояд устухонҳояш аз дер дар бодлохҳои бекарони Сибир пӯсида буданд, ба сар мебурд, аз ин рӯ, дар куҷо рӯз кардани шаб барояш чандоне муҳим набуд. Устофайёз дар канори бозаргониву деҳқонӣ чорухдӯзӣ низ мекард ва аз чарми барзагову серкаву така чорухҳое медӯхт, ки касро ҳайф меомад чунин як эҷоде зеборо бар по кунаду дар хок занад. Мегӯянд вай дар соатҳои фориғ аз тиҷорату зироат даст ба ин кор мезад; чорухдӯзӣ барояш истироҳат буд. Рӯзгороне ки ин обрав дар дасти босмачиҳо буд, саркардаи онҳо аз ҳунари ӯ шуниду барои худ чорух фармуд. Бадбинонаш инро дастак кардаву назди “орган” бурданд. Таҳхонаю болохонаҳои ӯ инак мағозаю анбору аз ин гунаҳо буданд. Хонае ки раиси ҷамоа дар он ба сар мебурд, ҳамзамон почта низ буд.

Ҳамдами Одина то ба Мокон омадан, он гуна ки ёдаш рафт, дар деҳе дигар кор мекард. Он деҳа зодгоҳаш буд ва ӯ ҳамчунин ғуломи кор гоҳе то сапедадам дар дафтари кор мешуд. Аз сари баҳор то танги тирамоҳ рӯз то бегоҳ дар дашту саҳро буд; киштукору дараву хирману меваю рамаро дунбол мекард, шом ба дафтар меомад, бо корафтодагону ниёзмандон сарбасар мегашт, сипас пушти миз менишаст, дар ғарами коғаз фурӯ мерафт ва гоҳе ин гуна сар рӯи даст хобаш мебурду сапедадам бедор мешуд. Боре ки ин гуна пагоҳони зуд ба хона меомад, дид ҳамсоя аз дарвозаи ӯ мебаромад. Як он гӯё дил аз қафаси синааш ҷаҳиду пеши пояш афтид; чашмаш сиёҳ зад, сараш чархид. Ба пурсиши ӯ, ки марди ҳамсоя дар боғи мо чи мекард, зан посух кард: “Оташи оташдонаш хомӯш гаштааст, барои гӯгирд омад.” Гӯгирд дар ун замон аз чизҳое ноёб буду на дар ҳар хона ёфт мешуд, аммо Ҳамдам аз оҳанги сухану нигоҳи зан ба чи пайванд доштани омадурафти ҳамсояро дарёфт, ҷомаро сари шона карду пас гашт ва бо худ аҳд баст, ки дигар ҳаргиз по ба хоки ин русто наниҳад ва низ ёде аз зан номро ба дил раҳ надиҳад...     

Дар Мокони он солҳо номаҳоро ба раис медоданду аз раис мегирифтанд. Почта на сандуқ дошту на мудир, хаткашони пир дар ҳафта як бор харсавор номаҳои аз ин сӯро ба шаҳр мебурд ва ду рӯз пас номаҳои аз он сӯро меоварду ба раис месупурд. Дар ин ду рӯз мардум даври хонаи Устофайёз метаниданд, ба вежа рӯзи бозпас омадани хаткашон он ҷо сару садое барпо мешуд, ки саришта карданаш магар Ҳамдам ба яке дигар муяссар намешуд. Вай як даста нома дар каф аз дари почта, ки хонаи хобаш низ буд, берун меомад, ҳамон дастро боло меовард ва дар як он  бигӯмагӯ хомӯш мегашт. Чунин ҳол дар рӯзҳои оғози ҷанг буд; рӯзҳое ки ҳоло кам касонеро аз Мокон ба майдон бурдаву хати сиёҳашонро оварда буданд аз он ҷо. Як сол пас, ки дасти дарози ҷанг дигар ба ҳар хона расидаву аз бархе то ду-се танро кашида буд, сияҳнома бештар аз нома меомад ва Ҳамдами Одинаро аз дари почта берун рафтан рӯз то рӯз душвор мешуд. Вай аз мардҳо тарс надошт, дар деҳа ҳамон мӯсапедону наврасон монда буданд, аммо ҳангоми ба дасти ҳамсарону модарон додани хати сиёҳи шавҳарону писарон нигоҳ ба чашми онон коре буд, ки барои гурез аз он Ҳамдами Одина рӯзу шаб чора меҷусту роҳ пайдо намешуд. Вай аз дер дар андешаи чи гуна ба ҷои дигар кӯчондану боло бурдани обрӯи почтаву ёфтани хаткашоне дигар буд. Хаткашони пиру хараш садди нахуст дар роҳи осон сохтани ин душвор буданд. Як ҳафта пеш ба идораи колхоз рафтаву барои хаткашон асп хост, аммо раис гуфт:

-Дар говхона миёни барзагово як аспи пир ҳаст, ки ба дарди шумо намехурад.

Ҳамдами Одина ба говхона рафт, аспро дид, пир набуд; аз дари дигар даромад:

-Мактубои ҷанговаро бояд зуд ба оилаҳошон расаду мактубои инҳо ба унҳо; партия чунин талаб мекунад...

Ҳамдами Одина медонист чи мегуфт, раиси колхоз дар посух чизе натавонист гуфт. Ба даст овардани асп аз нахустин гомҳое буд, ки дар роҳи бозсозии почта ниҳода шуд, дигар хаткашоне ёфт бояд, ки ҷавону босавод бошад ва бори гирифтану додани номаҳоро низ аз шонаи ӯ ба шонаи худ ниҳад. Аммо дар ин даврони бало аз куҷо меёбӣ чунин одамро?

3

Озоду Устофайёз ҳамсояи дарбадар буданд. Рӯзи ба пойи усто кишан задани “орган” Озод ягона марде буд, ки ба онҳо гуфт “меваи дарахта дӯст ҳам мехураду душман ҳам, аммо барои ин дарахта намебуранд...” Рӯзи дигар ӯро ба шаҳр бурданд, вале як ҳафта пас “ба хона раву гапа дониста зан!” гуфтанд. Озод аз нахустин мардони Мокон буд, ки ба ҷанг рафт ва дигар яктописараш Фарҳод ҳар ҳафта ба ӯ нома мекард. Ҳамон рӯзҳо Ҳамдами Одина ӯро аз миёни тӯда ҷудо кард; Фарҳод ҷавоне буд болобаланду тавоно, аммо раиси ҷамоаро беш аз ин тарзи гуфтор ва тамкину оромии ӯ хуш омада буд. Ҷавонмард ҳангоми гуфтугӯ даст намезад, сар поину боло намеовард, гӯё худро аз канор медиду ба мушоҳида мегирифт, ки андоме дар пайкараш ба беҳуда намеҷунбид. Ҳамдами Одина ин гунаро бори нахуст медид ва рӯзе, ки хати сиёҳи Озод расид, эҳтироми аз дер дар дилаш нишаста ногаҳ ба меҳр бадал гардид; марди сарсахту бадбахт орзу кард, ки эй кош чунин як писаре медоштам ва нохоста зодгоҳу зан ба ёдаш омад, дилаш хун гашт, навмедиву яъс даст ба доманаш зад. Зеро дид, Фарҳод оне чанд сияҳнома дар каф гӯё санг гардид, андак пас аранге манаҳаш ларзид, барои онро пинҳон доштан лаб газид, сипас ба чашми Ҳамдами Одина нигарист. Ҳамин нигоҳ дунёро назди мард ба зодгоҳу бошгоҳи дарду ҳасрат бадал кард, гузаштаву ғаму андӯҳи баста ба онро бозпас ба ёдаш овард. Дар нигоҳи ҷавонмард ҳамин як ҳарф набишта буд: чаро? Агар дар нигоҳи он рӯзи Фарҳод бадбиниву безориву тарс мебуд, шояд Ҳамдами Одина ӯро дил медод, даст ба шонааш мениҳод, сарнавишт чунин будааст мегуфту ӯрову худро фиреб медод, аммо вай дар жарфнои чашмони ҷавонмард ҳамонро дид, ки солҳо ба ин сӯ дунболаш мерафту посух пайдо намегардид. Ин гуна худро бандаи кор кардани мард гунае фирор аз ун ҳолу посух наҷустан ба чароҳои бешумор буд. Ин пурсуҷӯҳо гоҳе ӯро аз марзи замину замон берун мебурд, ба ломакон мехӯрд; мард аз буду набуду офаринишу гуноҳу савобу биҳишту дӯзах меандешид, саргум мешуд ва аз худ мепурсид: баъд чӣ? Ва ин ҷо бори гарон ба шонаи дилаш менишаст, зеро дар ин ҳама ҳеч маънӣ пайдо намекард, кори ҷаҳон пешаш монанд ба бозие беҳуда меомад. Ва дар ин паҳна як тани хушбахт намедид, ҳамсар ба ёдаш мерасиду мижагони анбӯҳи дарозу чашмони зебои обияш ва меҳру дӯстдории худу он сапедадамони зуд. Ва боз мепурсид: чаро? Аммо суфраи дил пеши кас намекушод “дарду ранҷи дил дар дил бояд бимирад ва дил гӯри дил гардад” мегуфту  савганд мехӯрд, ки дигар аз ин гуна андешаҳоро ба сар раҳ намедиҳад ва худро ҳама фидои кор мекард; кор барояш доруе дардбарчин буду осоише ширин. Рӯзе ки хати сиёҳи падарро ба дасти Фарҳод медод, дар жарфнои нигоҳи ҷавонмард ногоҳ як тани ҳамниҳод ба худро ёфт ва нохоста меҳраш ба ӯ тофт. 

Пас аз чили падар, як сапедадамони зуди баҳор, ки дунё тозарӯву фароху озода ва оганда аз бӯи гулу гиёҳону хоку дарахтон буд ва ғаму андӯҳу дарду ранҷ чизҳои бегона ба сиришти одам менамуд, Ҳамдами Одина Фарҳодро ба почта, ки ҳамзамон хонаи хобаш низ буд, даъват намуд. То он пагоҳон ҳеч як аз бошандаи Мокон по андаруни он остона нанҳода буд; онҳо дар ҳафта ду бор гирди он хона метаниданд, Ҳамдам номаҳои аз ин сӯро мегирифт, номаҳои аз он сӯро месупурд ва ин гуна диду боздидро ба поён мебурд. Чизе ки он рӯз пас аз даруни почта омадан Фарҳодро асир намуду дигар ҳеч гоҳу дар ҳеч ҷо аз ӯ ҷудо нашуд, бӯе буд, ки аз рӯи мизи канори дар боло мешуд. Рӯи миз як даста нома, сиёҳидону хома, дафтар ва мӯҳру болиштак истода буд; бӯи ангезандаву ноошно аз ҳамин чизҳо боло мешуд. Ин бӯ ба ҳеч як аз бӯҳои то он рӯз дидаву шамидаву шинохтаи Фарҳод намемонд, аз ҷаҳоне дигар омада буд, ҷонро осемаву мағзро даступоча мекард. Бӯи почта дар ниҳоди ҷавонмард ошӯб бабор овардаву танашро тафсонида буд, дарёфти болидагиву навмедӣ яке паси дигар раҳ ба дилаш мебурд. Ҷавҳаре ки аз хомаву номаву мӯҳру дафтари почта ба гирдупеш мепароканд, аз дасти дарозу сари фароз мегуфт, андешаи касро нохоста сӯи касоне донову тавонои дар куҷое дур нишаста мебурд. Дурангии ҳоли ҷавонмард пайомади ҳамин буд.

Почта чун дигар идораҳо расму харитаву шиору овеза надошт ва агар мизи канори дару афзори рӯяш набуд, аз дигар хонаҳои русто ҷудо намешуд. Рӯи девори офтобшин сӯзание овезон буд. (Ҳамон ки инак канори рафи китоб дар хонаи хоби Фарҳод овезон аст.) Дасти модар бо риштаҳои сапеду сабзу сурху сиёҳ доираву нимдоираву секунҷаву чоркунҷаҳое кашида, маргу зиндагиву замину осмону офтобро ин гуна розомез рангрезӣ карда буд дар он. Аммо пеши Ҳамдами Одина лавҳе сеҳрангезро мемонид ону ҳар бори нигаристан кӯдакиву рустову обу ҳавою кӯҳу рӯду чашмаҳояшро менамоёнид, дарду ранҷи хастагиву пазмонӣ ва андӯҳу пушаймониро аз ниҳодаш меронид, аз ин рӯ чун сарвате бебаҳо дар саргардониҳои мард аз ӯ ҷудо намегардид. Фарҳод, ҳангоме ки нигоҳаш ба сӯзанӣ хӯрд, фазою ҳавои почта, бӯи тавоною ангезандаи афзори кори почта аз ёдаш рафт, осуда гашт. Вай дар он рӯзгорон нав баҳори понздаҳро паси сар мекард. Ҳамдами Одина хоста буд пас аз анҷоми дарсҳо ӯро ба кори почта гуморад ва ин гуна осон кардани душвори баста ба сияҳномаҳоро ба ӯ супорад. Ҳангоме ки Фарҳод ба почта даромад, раиси ҷамоа гапро аз ҷое сар кард, ки ба андешааш бояд хуни ҳар ҷавонмардро ба ҷӯш меоварду дар дилаш орзуву ҳавас ҷо мекард:

-Раиси калхоз гумон кард Ҳамдами Одина на асп мешиносаду на аспсаворӣ медонад. Як аспи пиру хаста гуфт, аммо ман дидаму дарёфтам, ки агар кафи ҷаваш андак зиёд шавад, аз беҳтарин аспи ин обрав мешавад. Говбон ба асп бо ҳамон чашм менигарад, ки ба говон. Вай намедонад, ки сиришти асп дигар аст; асп эҳсосу андешаву ғурур дорад, неку бада ҷудо месозад, аз шодиву ғаму андӯҳ медонад, мегиряд... Ба ун бечора ном ҳам намондааст. Ин кора ту мекунӣ...

Фарҳоди Озод фаҳмид сухан аз ҳамон асп аст, ки говбони колхоз бар пушти бараҳнааш савор ҳар нимарӯз барзаговҳоро лаби рӯд ба обишхӯр мебарад. Раиси ҷамоа мехоҳад ӯ говбон шавад ва ба асп ном ниҳодан аз гоми нахусташ дар ин роҳ мешавад. Ҷавонмард борҳо говбони аспсавору говҳоро дидаву аз канорашон гузаштаву ҳеч наандешида буд, ки дасти қазо метавонад рӯзе ҳамсарнавишти онҳо созадаш. Инак мекӯшид чи гунагии ранги мӯю дасту бозуи аспро ба ёд орад, аммо намешуд. Бӯҳои ангезандаи мизу сиёҳидону хомаву нома ногаҳ зананда гашт, дилашро сиёҳ кард. Вай монанди ҳар ҷавони навхат дар дил орзуҳои зиёд дошт, аммо дунболи гапи раис худро ҷои говбон савори аспи пуштбараҳна дид ва ба ин андеша расид, ки Ҳамдами Одина танҳо барои бадбахт сохтани ӯ аз кадом гӯшаи дури дунё ин ҷо омадаву дар ин хона нишастааст. Ҳамон дам нисбат ба ӯву бахти нагуну толеъи дуну дунёи бӯқаламун дар дилаш нафрат пайдо шуд, оби хашму алам якҷо то гулӯ омаду нафасашро танг намуд ва ӯ ба умеди пинҳон доштани ин ҳол зуд ба овози хаставу нимашикаста гуфт:

-Ман намехоҳам говбон шавам...

Ҳамдами Одина ба вокуниши ҷавонмард парво накард, аз он ки ӯ дунболаи суханро нашунид, онро бурид ва низ нодуруст фаҳмид, наранҷид, ба ҳамон лаҳне ки сар карда буд, идома намуд:

-Хидмати асп ба одам бузург аст. Садсолаҳост асп барои одам заҳмат мекашад, ӯву бораша мебарад, дураша наздику душвораша осон мекунад. Агар ба дасти ман буд, дар зеботарин гулгашти шаҳрҳои дунё ҳайкали зарини аспа мемондам. Зеро асп барои хидматҳояш ҳеч сипосе аз одам надидааст; ранҷ бурдааст, ҷон фидо кардааст ва фаромӯш гаштааст. Дар ҷанги якуми ҷаҳон панҷ миллион асп мурд ва Худо медонад дар инаш чанди дигар мемурад. Аммо одам ҳама хидматҳои аспа фаромӯш кард; аз дирӯз то имрӯз номи ду-серо медонем мо: Рахш, Шабдез, Бутсефал, Ҳуба... Ин ҳам номи аспи паҳлавонону шоҳону ҷаҳондорону ҷаҳонгирон...

Мард ангораи аспро то ба ҷое овард, ки ҷавонмард нарм-нарм дар он фурӯ рафт, гову говбониро фаромӯш кард ва нохоста омӯзгори таърих Ораши Ораз ба ёдаш омад, ки оғози ҳар дарс ба шогирдон мегуфт, он чи дар китобатон ҳаст, худ мехонеду медонед, ман аз чизҳое мегӯям, ки ун ҷо намеёбед. Боре аз омадани Сикандар ба Самарқанду кору пайкораш достон задаву афсонаи баста ба аспи дӯстдоштааш Бутсефалро низ ба инҳо гуфта буд вай. Сикандар ҳангоме фармондеҳи доно буд, ки савори Бутсефал мешуд ва низ он гоҳ шамшераш душманро ночор ба фирор мекард, ки бар пушти Бутсефал менишаст; ҷону тани ӯ аз асп нерӯ мегирифту тавоно мешуд. Пиндор Бутсефал тану Искандар ҷон буд ё баракс. Ҷудо аз якдигар онҳо ду мавҷуди одиву хокӣ мешуданд; асп монанди ҳама аспҳову мард монанди ҳама мардҳо. Ин роз аммо магар Искандар ба дигаре боз набуд, барои ҳамин аспро дар баргустувоне мепечид, ки ҷуз ду чашму чор по дигар андомаш наметобид. Бутсефал охурбонони донишманду тандорони тавонманд дошт, пеши чашми онҳо мехӯрду мехобид, бегона пову пари ба ӯ наздик шудан надошт.

Виштоспи муғ ҷанги юнониҳову суғдиҳоро аз сари бораи шаҳр дид ва он гоҳ, ки нигоҳаш то ба Искандару аспаш расид, рози пирӯзии душманро фаҳмид; сарҳанг дар радаи пеш шамшер мекашид ва якҷо бо асп чу Хуршед дар миёни ахтарони хира метобид. Виштосп дар аспхонааш модиёне дошт симгуна бо ронҳои фароху гардани дарозу чашмони сиёҳ, ки ҳар бори ӯро дидан нохоста андешааш ба кадом омадае осмонӣ иртибот меёфт; мард аспро беш аз ҳар касу ҳар чиз дӯст медошт. Шигифтангез дар кори асп ин буд аммо, ки ҳар сол бо даррасидани мавсими гушнгирӣ даври ӯ ҳолае пайдо мешуд монанд ба нури моҳ, ки ҳамраҳаш роҳ мерафт, гоҳе фароху гоҳе фишурда мегашт; пиндор мавҷуде зинда буду нафас мезад. Аммо рози ун падида дар бӯи тавонояш буд; нарина ҳангоми ба ҳолаи маҳтобгуна расидан пиндор шамшери сӯзон дар дилаш фурӯ мерафт, ки исён кардаву ба ҳаво ҷаставу шиҳаи ҷонгудоз мезад ва дигар саворкори девкор низ наметавонист ӯро саришта кард. Сикандар замоне ба Самарқанд омад, ки даври пайкари модиён нав ҳола бапайдо меомад. Виштоспи муғ ба суғдиҳо гуфт: “Искандару асбашро дар ҳамвориҳо намешавад кушт. Модиёнро ҳамроҳ гиреду бардурӯғ ба дили кӯҳҳо гурезед, душманро он ҷо кашед. Чун дидед наздик омад, модиёнро аз сахра ба жарфно афканед. Ҳолаи даврашу бӯи танаш Искандару асбашро аз пасаш мебарад...”

Виштоспи муғ аз рамзу рози ҷаҳон зиёд медонист, вале инро, ки Сикандар на ҳамеша бар пушти Бутсефал менишаст, намедонист. Дар сипоҳи ӯ аспбони дигаре низ буд, ки барои аз ҷо ба ҷое рафтанаш галаи аспони оҳупоро парво менамуд. Ҳангоми дунболагирии суғдиҳо вай ба яке аз ун аспҳо нишаста буд. Аммо Бутсефал, ки ҳамраҳи аспбони хосу тандорон ҷудо аз гурӯҳ мерафт, аз ҳамон оғоз бӯи модиёнро шамида буду ошӯбу исён мекард. Суғдҳо инро дарёфта буданд ва он дам, ки ба фармудаҷои Виштосп расиданду модиёнро ба зер афканданд, ногаҳ диданд ӯ андаруни ҳола монанди паранда ба парвоз омад, андак пас ба пораи абр бадал гашт, рафту дар жарфно нишаст ва он ҷо толобе зеборо бапайдо овард. Ин раддубадал суғдиҳоро ба гунае моту лот кард, ки надиданд чи гуна Бутсефал бо шиҳаи талх полҳангро канд, дунболи абрпора худро ба жарфно афканд, ҳамчунон шиҳазанон рафтурафт ва дар толоби тозапайдо нопайдо гашт. Шиҳаи Бутсефал то дер дар кӯҳу дараҳои давру бар нӯфаву пажвок кард ва саранҷом хомӯш гашт. Сикандар то як ҳафта обдонҳову оббозҳоро дар толоб сарозер мекард, аммо онҳо мегуфтанд об монанди шир аст, дар як ваҷаб чизе дида намешавад. Саранҷом ноумед гашт ва шикасти ӯ дар ин сарзамин оғоз аз ҳамон рӯз аст; аз рӯзе ки Бутсефал аз даст рафт. Пас аз гузашти рӯзҳову моҳҳову солҳову садаҳо ангораи Виштоспи муғу модиёнаш аз дафтари ёдҳо сутурда гашт, аммо ба Самарқанд омадани Сикандару дар об рафтани Бутсефал сахт дар зеҳни мардум нишаст, зеро ун ду бегона бо андешаи бад ба ин сарзамин омада буданд. Ва ин рухдод сарнавишти толобро то ба он бурд, ки рафта-рафта номаш Искандаркӯл шуд.* Мегӯянд Бутсефал то акнун дар он ба сар мебарад ва он гоҳ ки дар моҳ як бор, ба ҳангоми пурии Моҳ об соф мешавад ва ӯ кӯҳҳои давру барро мебинад, ногаҳ Сикандар ба ёдаш мерасад, шиҳаи ҷонгудоз мезанад; шиҳааш то дер дар шаху ғӯту сахраҳо акс мешавад. Пиндор асп не, кӯҳҳо шиҳа мезананд...

Ораши Ораз ин ҷо як он риштаи суханро меканад ва андак пас мегӯяд: аммо рост ин аст, ки Бутсефал дар ҷанг кушта гашт. Ӯро ҳангоми дувоздаҳсолагии Сикандар падараш ба баҳои сесаду чил кило сим* харидаву ба ӯ ҳадя карда буд. Бутсефал аспе буд сахт нофармону саркаш, ки касе наметавонист савориаш кард. Сикандар то дер рафтуомаду хӯрдухоби Бутсефалро дунбол гирифт ва саранҷом ба розӣ саркашиаш расид; асп аз сояи худ метарсид. Рӯ ба офтобаш кард, зуд дар фармонаш омад. Бутсефал магар сояи худ аз чизе дигар наметарсид, Сикандар савори вай аз Юнон то ба Ҳинд расид. Бутсефал борҳо ҷони ӯро аз чанги марг раҳонид, аммо ин ҷо худ дар гири он афтид. Сикандар дар ҷои марги ӯ шаҳри Бутсефалро бино кард, ки имрӯз Лоҳур ном дорад...

Фарҳоди Озод ҳангоме ки афсонаҳои Ораши Оразро мешунид, гӯё аз банди тан мераҳиду монанди паранда ба дунёе дигар пар мекашид, ки равуои андеша дар мағзаш канда мегардид, чизҳою овозҳою бӯҳои давру барашро намедиду намешамиду намешунид, ҷонаш дар жарфнои шодиву фараҳи номаҳдуд фурӯ меафтид. Афсонаҳои устод нерӯе дошт, ки оне чанд бар чеҳраи ҷаҳони дурушту хашин порчае нафису рангранг меандохт ва аз ин роҳ тарсу ошуфтагиву навмедиро аз хонаи тан берун месохт. Фарҳод дарси таърихро дӯст медошту аз шумори омӯзгорон ба Ораши Ораз эҳтиром дошт ва он гоҳ, ки Ҳамдами Одина аз аспу хидматҳои асп ба одам мегуфт, нохоста достони Искандару Бутсефал дар мағзаш зинда шуд, ҳамон ҳоли розомезу ширин дар бандаш намуд, андеша ба сӯи мактабхонааш бурд. Аммо он чи мард дунболи ситоиши аспу накӯҳиши одам ба забон овард, ҷавонмардро зуд аз дунёи афсона берун кашид, дилаш бозпас сиёҳ гардид. Ҳамдами Одина назди Фарҳод омад, даст ба шонааш зад ва шояд барои ба сараш раҳ надодани андешаи рад, чашм бар чашми ӯ баст:

-Хаткашону хараш ба дард намехуранд; худаш пиру бесаводу хараш лангу дабанг аст. Аспи колхоза  барои ту гирифтам; акнун ту ба шаҳр меравӣ...

Ҳарфи Ҳамдам оҳанги фармон дошт ва он гуна ногаҳон омад, ки Фарҳод саргуму калоба шуд ва барои он, ки хомӯш наистад, чаро ки хамӯшӣ вазнинтар аз садо дардодан буд, ба овози тарсхӯрдаву рамида гуфт:

-Номаи камола гирам хондан меравам...                  

 Овози Ҳамдами Одина нарму лаҳни фармонаш гум шуд:

-Ҷанг ки тамом шуд, худам хондан мебарам...             

4

Он рӯз гусели хаткашони ҷавон ба шаҳр камтар аз гусел ба ҷанг набуд. Фарқ дар он буд, ки гусел ба ҷанг ҳамроҳ бо навҳаю нола мешуду гусели хаткашон якҷо ба умеду шодӣ менамуд, пиндор бо аз миён рафтани пирмарду хараш ва расидани ҷавонмарду аспаш зиндагӣ раҳ дигар мекард, аз он бапас номаҳои сиёҳи ҷангро то ба русто намеовард. Он дам, ки Ҳамдами Одина худ аз лагоми асп дошту Фарҳод по ба рикоб ниҳод, деҳнишинон бовар карданд аз ин рӯз оғоз дар зиндагиашон сафҳае тоза боз мешавад, зеро дар канори писари Озод истодани “ҳукмат” чун рухдоди гӯшношунид дар тарозуи ақлашон намегунҷид. Ҳамдам бо ду даст аз лагоми аспи писари Озод медошт; пиндор ин саис буду ӯ раис. Аммо Фарҳоди Озод он дам ҳоле дошт, ки шояд ба нахустбода даст медод. Бори аввал буд, ки бар асп менишаст ва ин гуна нигоҳи зиёдро ба сӯяш меовард. Баландии пушти асп чизе дошт, ки дар ҷомаи фараҳу нерӯи ноошно аз хонаи дилаш мехест, ба хунаш меомехт, ба рагу решаҳои танаш мерехт ва саранҷом ба шодӣ бадал мегардид. Фарҳод аз кӯдакӣ баландиро дӯст медошт, ба вежа баландии дизи Муғро, ки ҳангоми аз он ҷо ба поин нигаристан боғҳою хонаҳою кӯчаҳои русто ороставу озодаву зебо менамуданд, на он гуна ки ҳангоми аз ин кӯчаҳо гузаштану дар он боғҳо гаштану дар ун хонаҳо зистан парешону афтодаву беҳуда буданд. Баландии дизи Муғ деҳаро монанд ба нигорае мекард, ки пиндор ҳар хонаву ҳар кӯча дар он ба гунаи хатте даркор аз сӯи нигорагар гузошта шуда буд; он ҷо чизе ба беҳудаву беҷо набуд. Ва аз он баландӣ, аз миёни ҳазор хона кофтану ёфтани хонаашону аз он дурӣ пеши чашм овардани падару модар дарёфте бабор меовард дар дили Фарҳоди кӯдак монанд ба ин, ки гӯё кадом рӯзгори деру азёдрафта ба ёд меомад, як тани дарандарунаш пазмон ба онро сер мекард. Хумори ҳамин пазмонӣ ӯро ба тори Муғдиз мебаровард. Вале баландии пушти асп аз табори дигар буд; шодиву фараҳи он нерӯ дошт, кас худро далеру тавоно меёфт, тарсу биму шармро фаромӯш месохт.

Он рӯз ин эҳсос то дер Фарҳодро нагузошт ва он дам, ки асп аз регпайроҳаи ағбаи Вачағнаю сангроҳаи миёни шаҳр мерафту наълҳош ба регу санг хӯрда чун сози мусиқӣ оҳанге ширин менавохт ва ба тозадарёфтаҳои ҷону танаш шодии дигар зам месохт, ҷавонмард бори нахуст дар зиндагӣ худро хушбахт ёфт. Фарҳод намедонист хушбахтӣ чи буд, чи гуна дарёфтаву шинохта мешуд ва чаро кас ногаҳ худро хушбахт мегуфт. Вай гоҳе аз будани “ман”-ҳои зиёд дар ниҳодаш пай мебурд, ки кору пайкорашон бар зидди якдигар буд, хостаи яке зуд аз сӯи дигаре рад мешуд, ёфтаи сеюм по пеш мениҳод, дастдарозу пештоз будан мехост; ин тапу талош дар ҷомаи андешаву эҳсос ҷону тани ӯро дарду ранҷ медод. Шунидани садое ширин, дидани чизе зебо, шамидани бӯе хубу расидани паёме хуш ин гирудорро як дам меканад, ҷону танаш ҳамоҳанг меояду роҳат мешавад. Он рӯз, ҳангоме ки асп аз роҳи регу санг мерафт ва садои поҳош оҳанге форам эҷод мекард, ба Фарҳоди Озод чунин ҳол рафт. Ва боз он рӯз ӯ бори нахуст танҳо пушти кори ҳукумат ба шаҳр омада буд, шодиву фараҳи истиқлолу озодӣ ба ҳаяҷону ҳавасаш меафзуд, дунё ба назараш фароху зебо менамуд.

Бинои почта дар маркази шаҳр, дар радаи хонаҳои сари роҳ буд. Ҳангоме ки асп ба роҳи сангфарш гузашт, Фарҳод номаи ба мудири почта набиштаи Ҳамдамро аз шумори номаҳо ҷудо кард ва бино ба нишонаҳои додаи вай зуд то ҷои даркор омад; раис гуфта буд, ҳангоме ки ба шаҳр расидӣ, нахустин бинои бар бомаш парчами сурх почта аст. Ҷавонмард аз омади кор шод гардид, ин гуна осон ба манзили мурод расиданро ба фоли нек гирифт ва он дам, ки аз асп фуромаду по даруни дарвоза гузорид, шодиву ҳаяҷон дар дилаш нагунҷид. Почта саҳни фароху боғи дароз дошт ва аз дарвоза оғоз ду бари пайроҳа то дари хона ҳама гул буд; гулҳои гунагуна ва бегона, ки Фарҳод бори нахуст медид. Вай дар боғу дари хона рустани гулро намедонист, гулҳои Мокон ҳама дар адиру пуштаҳо мерӯиданд, ин гуна баланду густоху бебок набуданд, нозуку шармину хаёлӣ менамуданд, ҳангоми ба онҳо расидан пазмониву шодӣ ҳамроҳ то дили кас меомад, эҳсоси меҳру сипос меовард. Аз шумори гулҳои худрӯ пеши Фарҳод ҳеч як чун гули баҳман зебову дилхоҳ набуд. Баҳмангул* ҳангоме сар аз хок дар мезад, ки замини сарду сиёҳи бегиёҳ ба яъсу навмедӣ ҷон мебахшид, ҷои шодиву фараҳ дар дили кас танг мегардид. Гули баҳманро барои он дӯст медошт Фарҳод, ки вай ба чашмаш сахт густоҳу нотарс метофт, парвои сармо надошт, ба ҳар роҳ аз тӯда ҷудо гаштану худро намудан мехост. Ҳамин талоши ҳамроҳи ҳама набудану дар ҳама гум нашудан аст шояд, ки гули баҳман чашм ба роҳи баҳор намебандад, аз яху барф наметарсад, дар рӯзгоре синаи хокро мешикофад, ки дигар гулу гиёҳҳо сар дар гиребону по ба домон кашидаву хобанд. Ҳангоме ки замин нарму ҳаво гарму ҳама бедоранд, кирои гуфтан надорад худро намудан. Дар миёни садҳо кӣ мебинад турову наздат менишинад, шодӣ мекунаду механдад, бо меҳр мебӯяду меболаду ба чашму абрӯ мемолад? Чанд рӯз дар тӯда бабеҳуда мемониву андак пас хазонӣ. Аммо дар баҳман омадан, ки тӯфону зам душмани ҷонанд, кори дигар аст; ин дам ҳама аз ту мегӯянд, туро меҷӯянду меёбанду мебӯянд, тараҳро фараҳу ғамро шодиву яъсу навмедиро умеду бовар месозанд. Он дам дармеёбӣ ҳаст шудану тапидану расиданат беҳуда набуд, зиндагиро сари мӯ ба сӯи зебоиву шодиву хушбахтӣ мебурд...

Дар Мокон ду намуд баҳмангул буд; зард ва сапед. Ҳар ду ҳамзамон меомаданд, аммо Фарҳод медид баҳмани сапед ҷоҳои офтобрӯву камнамро дӯст медошту баҳмани зард соярӯву сернамро. Ҳамдами Одина гули ҳасрат мегуфт онро ва ҳангоме ки медид, кадом рухдоди дури шодизо ё лаҳзаи ширин ба ёдаш мерасид, ки чеҳрааш мешукуфт, монанд ба кӯдаки озоду беғам мешуд, вале ногаҳ нигоҳаш мепажмурд ва то дер хомӯш буд. Чунин иттифоқ дар рӯзҳое меафтод, ки Фарҳод ҳангоми бозгашт аз шаҳр аз фарози офтобрӯи Вачағна чанд дона яхгул мечид гоҳо ва чун Ҳамдами Одинаро нигаҳ ба он меафтид, ногаҳ худро фаромӯш мекард, оне чанд ба кӯдаки содарӯ бадал мегашт. Ҷавонмард аммо баҳмани сапедро дӯст медошт. Ин гулак дар андоза ба баҳмани зард нафису нозук буд чун паймонаи булӯри минётур бар сари даст ва низ бӯе дошт маҳину дилнишин, ки ҳангоми расиданаш ногаҳ эҳсосҳои занандаву чашмандози хашини давру бар фаромӯш мегашт, дунё зебо менамуд, фараҳу шодӣ раҳ бар дили кас мебурд. Ва боз, баҳмангули сапед чун баҳмани зард зираку бадгумон набуд, решаашро дур намебурд, бо ишорае аз хок ҷудо мешуд ва пиёзакаш сершираву сапеду равшан монанд ба нӯки ангушти нозуки зан дар чанд пераҳани нафис печида буд. Пиёзаки беобу сахти баҳмангули зард ба тукма мемонид ва он гуна дар хок фурӯ мерафт, ки кас осон ба он расидан наметавонист. Инҳо бардоштҳои даврони кӯдакии Фарҳод буданд, солҳо ба пас ӯ он рӯзҳоро ба ёд овардаву пушаймон мешуд, ки ба беҳуда гулаки баҳманро аз реша меканду меозурд ва ин гуна аз шумораш кам мекарду захм бар тани замин мезад... 

Фарҳодро ҳангоме гулаки яктою густохи баҳман ба ёд расиду ин андешаҳо, ки бори нахуст тӯдагулҳои шодобу ноздонаи шаҳриро дид. Вай он дам намедонист, ки аз ин рӯз бапас меҳри гулу гулпарварӣ ба таври ҳамеша дар хонаи дилаш менишинад ва ӯ боре ин гулҳоро аз шаҳр ба деҳа мебарад ва дар боғаш паҳлӯи полези кадую сабча барои гулҳои гунагуна низ пал мезанад. Боғи Фарҳод он солҳо намуде дошт, ки шояд дар паҳнаи дунё кам ҷое метавонистӣ ёфт: як ҷӯя сабзӣ, як ҷӯя савсан, як ҷӯя лаблабу як ҷӯя ёсуман, полези каду паҳлӯяш бобуна, полези сабча канораш наргису насрин; дарахтони себу мурӯдро дар шохаҳошон аз чанд намуд мева буд, канораҳои боғ, буни девор бурсу фарку мушаву хомаву зирку вағничу аз ин табор ниҳолони кӯҳ меруст. Кӯтаҳи гап, боғи Фарҳодро дар ун обрав мешуд боғаки набот гуфт. Аммо он рӯз ин ҳама ҳоло набуд; он рӯз ҳангоме ки вай ҳайратзада ба гулзор менигариду андешааш сӯи баҳмангул мепарид, аз дари хона марде берун шуд ва бо гомҳои фарох рӯ ба Фарҳод намуд. Ҷавонмард зуд бовар кард ӯ мудири почта аст ва дубора номаи Ҳамдам ба ёдаш омад. Мард пайкари пуру болои баланд дошт, мӯҳои сапеди анбӯҳаш пас рафтаву пешонии фарохашро кушодаву нигоҳи чашмони калони обиашро коргар месохт ва беш аз андоза орому осуда метофт. Ин оромӣ дар ҷомаи шукӯҳе вежа дар ҷунбиши пайкару андомҳо низ нишаста ӯро бештар ба вазири бонк монанд карда буд то мудири почта; ба оне ки кораш ҳамеша ба обу гили ин ҷаҳон-ба пулу мол пайванд дошт, аз ин рӯ осемагиву шитоб намехост. Ва ин оромии дорову гиро даври ӯ ҳолае андохта буд, ки як тани дар он афтода зуд зери фармонаш мешуд ва нисбат ба мард эҳтирому меҳр якҷо дар дилаш менишаст. Фарҳод ҳангоме ки лагоми асп дар дасту нома бар каф сӯи мард мерафт, дар дил гуфт, одами ба Ҳамдами Одина галифею кителу шинел дода ҳамин аст ва он гуна ки вай фармуда буд, осема худро ошно намуд:

-Ман хаткашони нави Мокон...

Мард ҳамонгуна орому бешитоб шикани номаро кушод, сипас бо лабханде, ки мазаи хушнудиву бӯи танз дошт, даст ба ӯ дод:

-Кондратьев Андрей Андреич ҳамеша дар хидмати шумост.

Ва ҳамон табассум рӯи лаб ба якамех ишора кард ва он дам, ки Фарҳод аспро басту баргашт, ӯро хона даровард ва аз даҳлез садо зад:

-Инесса, меҳмон омад.

Чизе ки пеш аз ҳама ба чашм мехӯрд ин ҷову ҳуши касро мебурд, гулдонҳои бешумору гулу гиёҳони дар онҳо руста буд. Даҳлези шишабанди пури гулдону гул оганда аз бӯе низ буд, ки бо расиданаш андешаи ҷавонмард зуд то шаҳре бузургу озодаву розомез шуд ва он дам, ки ҷавонзани зебои мӯхурмоиро пеши рӯяш дид, ҳолате рафташ, ки пиндор аз гуноҳу хатои нохаста сар зада пай бурд, дарки нотавонӣ кард ва зарфи танаш лабрез аз аламе талх гашт. Бӯе ки дар даҳлез ба машоми ҷавонмард заду ба ин ҳолаш овард, аз сарутани зан меомад. Бори нахуст буд ӯро дар зиндагӣ бо чунин бӯе тавонову сангдилу пирӯз рӯбарӯӣ.

Инесса дар андоза ба Андреич (он рӯз Фарҳод ӯро пеши худ чунин номид) хеле ҷавон метобид ва ҳеч ба кадбону намемонист; пайкари зебою бӯи тавонои тан ва гашту нигоҳу овози зан шукӯҳе доштанд, ки мегуфтӣ ӯ ҳеч гоҳ даст ба оби хунук назадааст, оташдону дегу косаро надидааст, ҳамин ҳоло аз бастари ноз хеставу пеши рӯят истодааст. Ин андешаву хулоса пайомади он буд шояд, ки ҷавонмард бори нахуст зани русро медид ва дар либосу гуфтугӯю гирумони ӯ чизҳое бегона ба чашмаш мерасид. Андреич ба Фарҳод тоҷикӣ гап мезад ва он гоҳ ки вожаҳои душворро нодуруст ба забон меовард, ӯро табассум бар лаб менишаст, хонаи дил равшан мегашт, душвору осони баста ба кору зиндагӣ як он аз ёдаш мерафт, аммо медид ин кори шӯ ба зан хуш намеомад. Инесса ҳангоми гуфтугӯи онҳо нороҳат мешуд, гоҳе лагад бар миёни сухани шӯ мезад, гоҳе мехесту берун мерафт. Ин дам бӯи танаш бештар мегашт гӯё ки дарёфти камбуду нақс дар баробари зан ҷавонмардро зуд дар банд меовард, танаш тафс мекард, хун аз хонаи дил башаст меомаду дар рухсораҳо мавҷ мезад, андак пас кафи дастону пушти лабонро тар мекард. Дар ин гуна лаҳзаҳо Андреич гуфтаву фармудаҳои корхӯрдаву суфта дошт, бо ёрии онҳо зуд раҳ бар дили зан меёфт, ба бозпас омадан ночораш месохт. Рӯзҳои аввали ошноӣ Фарҳод намефаҳмид Андреич ба Инесса чи мегуфт, аммо медид овозаш сози хоҳишу пӯзиш мегирифт ва боз, дар ҳамон оғоз ба ин маънӣ расид, ки мард пеши зан кӯтаҳие дошту шояд ҳангоми гуфтугӯ ба забони бегона бо хаткашони ҷавон онро фаромӯш месохт, аз ҳадди даркор по берун мегузошт. Ҳар бор, ки зан ин гуна ба ноз мерафту онҳоро танҳо мегузошт ва шӯ ногаҳ худро гунаҳкор меёфт, эҳсосе ноошно дар дили Фарҳод менишаст ва чун наметавонист раҳ ба розаш барад, монанд ба аламе талх меомад он ба назараш. Ин ёфта оҳиста-оҳиста ба хоҳиши тавонои ба он бӯ расидану занро дар он ҳол дидан мубаддал гардид, ҳар бори ба шаҳр омадан ҷомаи шодиву умед мепӯшид, аммо то рӯзи баногаҳ рафтаниу бозпас наомадани Инесса вай аз ин боб ба касе даҳан накушод ва чӣ буданашро ба худ низ натавонист шарҳ дод. Дертар, ҳангоме ки ҷанг тамом шуду зиндагӣ рӯ ба сӯи оромӣ намуд ва Фарҳод дигар хаткашони номӣ буд, ун хоҳишро ба одати дастовезе барои зан овардан бадал намуд. Рӯзҳое ки ба шаҳр меомад, аз модар хоҳиш мекард фатири башир пазад, чанд дона пину* ҳам гирад (Инесса онро дӯст медорад), худ риш метарошид, озода мепӯшид. Инак русӣ медонист андак ва бо зан гуфтану гирифтан метавонист. Ҳар гоҳ ки бастаро ба зан медоду атри танашро медошт, ногузир ҳамон ҳоли аламангезро меёфт, барои ҳамин “модарам ба шумо фиристоданд” мегуфту зуд аз ӯ дур мешуд.

Инесса ба дастархони модар як нони буханка мебаст ва гаҳгоҳе чанд пора қанди сапед низ ҳамроҳ мекард. Дар русто “каллақанд” мегуфтанд онро. Нони буханкаро бори нахуст ҳамин Фарҳод ба Мокон овардаву андак пас чун “нони бӯлка” машҳур карда буд. Рӯзҳое ки вай бӯлка меовард, овозааш зуд то ҳамсояҳо мерафт ва онҳо барои дидану чашидани ун нони булаҷаб, ки мағзаш занбӯрхонаро мемонду бӯяш хамирмояи дар суфраҳошон шахшударо ба ёдашон мерасонд, ба хонаи ӯ медавиданд...

   Рӯзи нахуст Инесса ӯро бо борши* шабмонда меҳмондорӣ кард ва Андреич ба тоҷикии шикаставу ширин фаҳмонид, ки мазаи он пас аз як шаб пайдо мешавад. Борш ягона хӯрокест, ки кас шабмонда буданашро пай намебарад. Ин роз баста ба чист, намедонам, аммо борше ки Инесса мепазад, дар Украина каси дигар наметавонад пазад. Он рӯзҳо Фарҳод русӣ намедонист, Андреич ба ӯ тарҷумонӣ мекард ва аз ин роҳ тоҷикии худро низ боло меовард. Вай гуфт, партия онҳоро аз Днепр ба Тоҷикистон фиристодааст. Як солу ду дар чанд шаҳри ин кишвар кору зиндагӣ кардаву хидмати почтаро раҳ андохтаанд, аммо ҳавои водии Зарафшон барояшон писанд омадаву саранҷом ин ҷо мондаанд. Забони русиро ёд гир, гуфт дар анҷом Андреич. Зиндагӣ пеш меравад, хондан мебоядат, андак пас хару асп ба дард намехуранд, ҷои онҳоро мошин мегирад...

Аз он рӯз ба пас, ҳар бор ки ба дидори зану шӯ мерасид, мекӯшид бештар вожаҳои русиро дар ёд бигирад ва он дам, ки бозпас ба деҳа меомад, раҳораҳ гуфтугӯи рафтаро ба хотир меовард, онҳоро такрор мекард. Дар кисабағал дафтараку қалам ҳам дошт, пинҳон аз ҳама луғат месохт. Бархӯрди Андреич бо ӯ бар пояи одоби вежа истода буд; вай ба Фарҳод чун ба ҷавонаки рустоӣ наменигарист, ҳангоми кору гуфтугузор ҳамрангу ҳамсанги худ медонист. Шояд ҳамин таконе шуд, ки ӯ зуд ба дунёи зебои забони русӣ раҳ бурд, кор бо номаву хома барояш дилхоҳу фараҳбаш буд ва нисбат ба ин марди хирадманду фурӯтан меҳре жарфу гарм дар дил ҷо намуд. Андак пас, ки дигар метавонист ба русӣ гап зад, онҳо гоҳе соатҳо паси мизи ғизо нишаставу аз ҳар сӯ мегуфтанд ва чи гуна бегаҳ шудани рӯзро намефаҳмиданд. Дар ин гуна рӯзҳо Инесса ба онҳо ҳамроҳ намешуд, хонро боз мекарду ба хонаи хоб мерафт, дарро мебаст. Ва боре Андреич қисса кард, ки Инесса никоҳи дувуми вай аст. Зани нахусташ пас аз шаш соли хонадорӣ гирифтори домана шуду мурд ва ӯ бо Инесса ҳангоми дар бемористон бистарӣ будани ӯ шинос шуд. Инессаи понздаҳсола ҷорӯбкаш буд он ҷо. Дардо ки мо фарзанд наёфтем, гуфт мард бо дареғ ва ҷавонмардро ҳоле даст дод, ки агар фарзанд ёфтани онҳо ба ҷон додани ӯ баста буд, онро фидо менамуд. Он рӯз вай ба рози нозунузи ҳар гоҳи зан низ расид, ки шояд астарвании* худро аз сатарвании мард медонист. Пас аз он, ҳар гоҳ ки бӯи тани зан ба машомаш мезад, Андреич ба ёдаш меомад, виҷдонаш дард мекард, аммо вай наметавонист коре бо худ кард. Як тани сангдилу тавоно дар вуҷудаш нишаста буд, ки ҳамеша зану бӯи танашро ба ёди ӯ меовард, оҳангу назми ҷисму ҷонашро вайрону хотирашро парешон мекард. Нигоҳи Андреич ба Фарҳод чун ба фарзанди дилбанд буд ва ҳамин меҳру дӯстдорӣ ба якдигару муҳаббат ба кор шояд буд, ки дар ун обрав пеш аз ҳама дар Мокон бинои почта сохта шуд. Ва аз рухдодҳои ёдмони баста ба он овардани сандуқи почта ба деҳкада буд.

5

Вопасин замистони ҷанг фаро расида буду овозаҳои аз майдони набард, аз ун канори дунё то Мокон омада мардумро ба наздикии рӯзҳои нек умедвор мекард. Дар гуфтугӯву гирумони одамон хушнудиву болидагӣ ба чашм мезад, камбуди нону либосу палос чун дар солҳои пешин навмедиву тарс намезод, шумори сияҳномаҳо низ рӯз то рӯз кам мегашт ва фарёду фиғони модарону ҳамсарону хоҳарон ягон-ягон ба гӯш меомад инак. Аммо ин чашмандоз ҳангоме ба чунин ранг метобид, ки агар Мокон дар паҳнаи кишвари бузург монанди нуқтае дар бекарон нопайдо мегардид, фазову ҳавои онро мегирифт ва кас фоҷиаҳои андаку ҳаррӯзи онро наметавонист дид, нудбаву нубаашро намехост шунид. Дар асл мардум ҳамон дар кӯҳу пушта тотину оҷуд* мекофтанд, дар хону хонаҳо аз бӯи нон дарак намеёфтанд, либосашон ҷандаву палосашон ҷул буд, дасти тавонои сармою гуруснагӣ ҳар дам ба сӯи маргашон мебурд. Достони Сармаду гандумбирёну маргаш намунаи содае аз рухдодҳои ҳаррӯзу ҳамешаи Мокони он замон аст. Сармади ҷавонак як каф гандумбирён дар киса кӯҳ тотинканӣ рафт ва пеш аз он, ки ба кор оғозад, рӯи рез нишаст, зоди роҳашро берун хост овард. Вазни гуруснагӣ танро харобу тораҳои асабро тоб дода буд, бо дидани ғизо даст ларзид, каф во гардид, донаҳои гандум аз он шорида дар роғи сангҳо нопайдо гардид. Ҷавонак то даме санг мебардошту дона мекофт, ки саранҷом аз ҳуш рафту афтид, сараш ба санг зад ва ҷон хонаи танашро тарк кард. Мегӯянд ҳангоме ки куртаю изори ҳазордарбеҳро аз танаш бадар мекарданд, аз нифаи изору қуфлаки пераҳан шабуш монанди рег ба замин мерехту ба чор сӯ мегурехт. Шабуш намоди занандаву газандаи фақру қаҳт аст, то рӯзе ин ду ҳастанд, ӯро намешавад нобуд кард. Сармад ҳамсоли Фарҳод буду ӯ ин достонро ҳамеша дар ёд дошт.

Фарҳод он рӯзҳо дигар ун ҷавони шармину навкор набуд, ба гуфти Ҳамдами Одина дар хаткашонӣ сараш ба девор хӯрда буд, ӯрову аспашро инак натанҳо дар Мокон, балки берун аз он низ мешинохтанд. Ин номоварӣ дунболи як шаби замистон дар гири тӯфони ағбаи Вачағна афтодану дучори гургони гурусна гаштан даст дода буд. То он рӯз Фарҳод, он гуна ки Ҳамдами Одина дар рӯзи нахусти ошноӣ аз хидматҳои асп ба одам ёд мекарду ном мондан ба аспи беноми колхозро пеш меовард, ӯро Саманд гуфт ва ҳам ӯ бо дастгириву пуштбонии раис аз роҳи ҳашар дар канори идораи вай почтаи навро бино намуд. Почтаи нав як хонаю як даҳлез дошт. Ин дигаргунӣ дунболи он рух дод, ки Фарҳод як бегоҳи пурборони баҳор аз шаҳр ба деҳа расид ва тӯдаи чашмбароҳ дар як он хонаи хоби Ҳамдамро, ки ҳамзамон почта низ буд, печид. (Овозаи аз шаҳр омадани хаткашони аспсавор дар як он ба ҳама ҷои деҳа мерасид.) Ҳоли мардуми гуруснаву нимбараҳна зери борони селу сард дили сангро об  мекард ва Ҳамдами Одина бори нахуст дастурро вайрон кард, онҳоро дарун даровард. Пас аз ба кор гуморидани Фарҳод душвори хондану додани сияҳномаҳо раисро ранҷ намедод, аммо он бегоҳ вай ночор бори дигар он ҳолро паси сар кард ва рӯзи дигар ба шаҳр назди раиси комиҷроия рафт. Вай гуфт, ба ту барори кор мехоҳам, вале аз куҷо чӯбу тахтаю арраю теша ёбам?

Ҳамдам ҳар бори ба шаҳр омадан як шаб меҳмони дӯсташ Андрей мешуд. Онҳо ҳамсол буданд ва ҳангоми гуфтугӯ рӯ ба насаб намеоварданд, номи якдигарро мегирифтанд. Он шом вай навмеду парешон аз дарвоза даромад. Чуноне рафта буд, Инесса рӯи фарш, назди кати шавҳар барои ӯ рахти хоб сохт, худ ба хонаи дигар гузашт. Гирди миз аз кор гап назаданд, шояд ин гуна одоб нигаҳ доштанд пеши зан, аммо чун ба хонаи хоб омаданду танҳо монданд, Андрей гуфт, мебинам нон аз гулӯят базӯр мегузарад, нафас дар синаат тангӣ мекунад. Чи душвор аст? Вай бидуни “нону нафас” чизҳои дигаре низ ошкор карда буд дар ҳоли дӯсташ, аммо аз онҳо нагуфт. Нагуфт ки Ҳамдам дар ин чанд гоҳ, ки онҳо дидор накарда буданд, хеле пир шудааст; инро сапедии мӯву ожангҳои рӯву афтодагии рухсораҳояш мегуфтанду равшантар аз ҳама нигоҳи хаставу овози шикастааш. Он чи мизбон ба забон наёварду пушти шонаи гулӯю нафас пинҳон кард, меҳмон бо гӯши дил шуниду ба чи масал заданашро фаҳмид, аммо аз паси он нарафт, ба “душворе” ки ӯро аз деҳа ба шаҳр оварда буд, баргашт.

-Дар Мокон ба ном почта ҳаст, дӯстам; ҳамун як мизу як мӯҳру як дафтар дар кунҷи хобгоҳи ман. Мардум бо хаткашон зери барфу борону офтоби сӯзон мегӯянду мегиранд. Пеши раиси ҳукумат равам, мегӯяд чӯбу тахта ноёбтар аз нон аст, аз ҷангалои Сибир меояд...

Андрей бо оринҷ такя ба болишт бурд:

-Сода одаме ҳастӣ Ҳамдам, раис ҳеч гоҳ ба ту почта намесозад, ин душвора дар Мокон бояд осон кард.

-Чи хел?

-Ту хоная созу сияҳпӯш* кун, ман мизу курсию тахтаю рангу шиша меёбам...

Ва он тобистон раиси ҷамоа Ҳамдами Одина дар канори Фарҳод истод, монанди ҳама сангу кулӯху лой дод ва дуртар аз идораи худаш бинои почтаро бунёд ниҳод. Аммо сарусомондеҳи кори он рӯзҳо хаткашон буд; ҳамин вай хурӯсбонг ба сохтмон меомад, об меовард, лой мехобонд, то дер лагад мезаду мепазонд, сипас дар ба дар одамонро ба ҳашар мехонд. Деҳнишинон чун медиданд “ҳукмат” худ остин барзадаву дар миёнашон аст, кадом нерӯе ноошно дар ниҳодашон ҷӯш мезаду нисбат ба Ҳамдами Одина меҳр ба пайдо меовард, дасту дилашон ба кор гарм мегашт, ҳамзамон обрӯи Фарҳод наздашон боло мерафт. Онҳо медиданду дармеёфтанд, ки раис маҳз барои эҷоди чунин фазою пуштбонӣ аз ӯ даст ба лою гил задааст. Вале бо будани ин ҳама низ кори сохтмон аз дили тобистон то ба оғози хазон кашид; душвор баста ба ёфтани дару тиреза буд, ки ин ҷо осон намешуд. Бори болору вассаи бино низ бар дӯши мардуми бечора шуд; яке сафедори боғашро дод, дигаре чанд сутуни бурс фиристод, аммо аз инҳо дару тиреза намешуд сохт. Дару тиреза тахта мехост, ки дар Мокон наметавонистӣ ёфт. Он дам ки биноро пӯшиданду даруну берунашро андовиданд, Фарҳоди хаткашон ба Ҳамдами раис гуфт, почта ба шукӯҳу шаҳомат аз дигар идораҳо ҷудо бояд бошад, зеро он деҳаки моро бо ҳама ҷаҳон мепайвандад ва бо ин андеша ҳам раисро дар шигифт мононду ҳам анҷоми корро ба рӯзҳо пас кашонд. Зеро дунболи ин андеша хаткашон гуфт, бинои почтаро тирезаи фароху дари баланд мебояд, то ҳамсангу ҳамранг ба ному ҷоҳаш бошад ва Ҳамдами Одина ҳамон рӯз дарёфт дар интихоби ӯ хато накардааст, ин бача агар Худо умр диҳад, аз ин роҳ то дур меояду дар ин кор то дер мепояд ва аз ин ба пас аз боби хонданаш андеша бояд кард.

Вале рӯзи аз чи гунагии дару тирезаи почта сухан овардану Ҳамдами Одинаро саргаранг кардани вай ин ҳама ҳоло набуд. Онҳо як пагоҳони зуд ҳамроҳ ба шаҳр омаданд. Ин навбат Ҳамдами Одина назди раиси комиҷроия нарафт, медонист вай чи мегуфт, боз рӯ ба Андрейи дӯсташ овард. Вай дар посух хомӯш аз зери оринҷи ӯ гирифт (ин кори Андрей Ҳамдамро сахт хуш меомад; ҳангоме ки марди рус ин гуна пайкари худро ба пайкари вай мепайваст, пиндор ногаҳ бародари аз дер гумкардаро меёфт, ки дилаш саршор аз меҳру шодӣ мегашт, даме чанд кору душвори баста ба онро фаромӯш мекард, нерӯе фараҳзо ба танаш раҳ меовард), даруни почта даровард, ба таҳхона фуровард. Он ҷо дар канори чизҳои чангзадаву рангбохтаву фарсудаи гумном як дару ду тиреза низ буд, ки нигоҳи нахуст аз зодаи фазою ҳавои бегона буданашон мегуфт; ашё низ монанди одамҳо рангу бӯю хислату хӯ доранд, нишонаҳои диданиву дарёфтание аз зодгоҳу хостгоҳашон ҳамроҳ меоранд. Дару тирезаи канори таҳхона ба гунае сохта шуда буданд, ки кунҷҳои рост надоштанд; усто кунҷҳоро хамидаву камонӣ кардаву чуноне пайвандида буд, ки дар сохтмонашон дарзе мӯмон набуд. Дару тиреза бино шуда аз як чӯб менамуд, пайи рандаву теша дар он дида намешуд; гӯё ҳамин гуна яклухту суфтаву сара аз ҷаҳоне пинҳон ба пайдо омада буд.

“Ин ҳамон дару тиреза аст, ки Фарҳод аз шукӯҳи почта гуфтаву орзу мекард,” аз дили Ҳамдами Одина гузашт, аммо хурсандиашро ошкор накард, танҳо пас аз он ки Андрей гуфт, инҳо аз Русия дар вагон омадаанд, аммо намедонам чи гуна то Мокон мераванд, вай гулӯ равшан намуд:

-Ба аспи Фарҳод бор мекунему ба аспи ман сор мешавем.

Аммо ногаҳ душвори дигар пеш омад; Саманд исён кард. Ҳангоме ки ду тан аз кормандони почтаи шаҳр хостанд дару тирезаро наздик оранду бар пушташ бор кунанд, Саманд кадом бӯи ноошнову дилнохоҳро дарёфт, ки параҳои тавонои биниаш ба нишастухез даромад, дунболи он нахуст лабҳоро сахт фишурдаву бошитоб сарафшонӣ кард ва саранҷом садои дандонкуровҷааш баромад, чашмонаш лабрези хашму мушакҳои тану дасту пояш таранг гашт. Хаткашони ҷавон, ки аз лагоми Саманд сахт дошта буду чунин ҳолро дар ӯ бори нахуст медид, нохоста як дам пайкари аспро ба мушоҳида гирифт ва ногаҳ зебоиҳоеро дид, ки дар ин чанд гоҳи бар пушташ савор будан ҳеч намедид. Саманд сари камгӯшту гӯшҳои кӯтоҳи чобук дошт, ки мегуфтӣ ҳар дам омода ба ёфтану доштани камтарин шарфаву садо ҳастанд. Чашмонаш сиёҳи гиро ва оташбору барҷаста, вале шигифтангезтар аз ҳама он дам параҳои бинии асп буданд, ки ба чашми ҷавонмард монанд ба даҳони бози кадом дарандаи дархашм менамуданд. Гардани дарозу пештанаи фароху ронҳои паҳну сумҳои сахту сиёҳи зебо бо ёли маҳину хӯшаи думи анбӯҳ ба пайкари тавонои ӯ шукӯҳи вежа мебахшиданд. Пайкари Саманд ба гунае расо буд, ки мегуфтӣ Худованд аз дигар офаридаҳош бахшҳои зебову тавоноро барчидаву ҳамаро ба сурати асп гирд оваридааст. Фарҳоди Озод як он ба ин андеша расид, сипас аз худ бипурсид, ки чаро Саманд чунин ошӯбу исён мекунад, ба хорумоли ӯву ҳушдори Ҳамдами Одинаву дӯғу даранги Андреич парво намекунад.

Онҳое ки Самандро дар миёна гирифтаву мехостанд дару тирезаи аз Русия омадаро ба пушташ бор кунанд, намедонистанд, ки буду боши вай аз даврони курагӣ то ба имрӯз дар фазою ҳавое будааст бегона ба сиришту ниҳоди асп. Вай аз гоҳи худро шинохтан дур аз ҳамҷинсон дар миёни говон ба сар бурдааст, бо аспҳо рӯи махмали сабза даву тозу бозӣ накардааст, рӯзҳои дарозро дар говхонаи торику бадбӯ пушти сар кардааст, ҳеч гоҳ бӯи ҷонбарангези модиёнро нашамидааст ва бадтар аз ин ҳама, озодиву истиқлолаш ҳамеша аз сӯи говбон маҳдуду нобуд мешудааст. Бо гузашти солҳо ин корҳо ба рӯҳу равони Саманд латма задаву ӯро асабониву тундхӯву саркаш карда буд, вале ҷавонмард дар он муддат, ки савори ӯ шаҳр меомаду мерафт, инро пай намебурд, зеро то акнун пешафтоде ки аспро барангезад иттифоқ наяфтода буд. Чанд сол пас, як шаби тӯфонии замистон, ки галаи гург онҳоро дунбол мегирад, Саманди ошуфтаву парешон зуд хаста мешаваду ба душвор гом рӯи гом мениҳад ва Фарҳоди Озод аз ин гуна ногаҳон дигаргуна гаштани ҳоли асп дар ҳайрат мемонад ва боз ҳам дарнамеёбад, ки он пайомади ҳамон нигаҳбониву нигаҳдории нодуруст будааст.

Аммо он рӯз, ун панҷ тан чандон ки кӯшиданд, дару тирезаро натавонистанд ба Саманд бор кунанд. Вай акнун гӯшҳоро ба пас хобонидаву дастҳоро аз замин кандаву даҳон кушодаву нафас тоза мекард ва сарро аз чанбари лагом берун мехост овард. Даст задану сар афкандану нафас тоза карданаш ба гунае буд, ки мегуфтӣ бори нахуст лагом бар сараш омада буд. Садои нафас заданаш аз хашми гармаш мегуфту тарс ба дил ҷо менамуд. Саранҷом даст аз ӯ кашиданду дару тирезаро ба аспи Ҳамдами Одина бор карданд. Ин гуна дар Мокон хонае бунёд гардид, ки монандашро танҳо дар шаҳр метавонисти дид ва вежагиву зебоияш нахуст аз ҳама ба ҳамон дару тирезаи аз Русия омада пайванд мегирифт. Зеро чунин дару тирезаро танҳо бинои почтаи шаҳр дошт ва боз Андреич рӯзи онҳоро ба русто овардан дар канори шишаю қуфлу калиду оҳак як бонка ранги сабз ҳам дод. Фарҳод як дару як тирезаро ду рӯз ранг кард; ин гуна ба дер кашидани кор баста ба он буд, ки нахуст мехост чи гуна бешитобу дониста ранг аз бонка бардоштану ба тахта молидани ӯро шумори бештари одамон бубинанд, зеро дар Мокони он замон дару тирезаро ранг намезаданд, аммо болотар аз ин, бӯйи ранг дар ниҳоди ӯ эҳсосе бабор меовард монанд ба гаштугузор дар лолазори нопайдоканор, ки боди нарм гарди атромези гулҳоро ба давру бар мепароканад, зарфи тан саршор аз фараҳу шодӣ мешавад. Он рӯз бӯйи ранг дар дили ҷавонмард он гуна сахт нишаст, ки вай солҳо ба пас, рӯзе ки замин гирифту хона бино кард ва дар канори хаткашонӣ ба боғдорӣ низ пардохту таборашро ба марди каёноварда пайванд сохт, якҷо бо дару тирезаҳо тораму сутунҳои айвону шифти хонаҳоро низ ранг зад. Хонаи Фарҳод ба хонаҳои урфӣ намемонд, болору васса надошт, осмонаи хона бо порафанерҳои чоргӯша пӯшида буду он ҷо, ки чироғ меистод, нақши ситора дошт; ситораи панҷгӯшаи монанд ба ситораи тукмаҳои шинели Ҳамдами Одина. Фарҳод фанери осмонаро ранги кабуду ситораро ранги сурх зад; чун шифти хонаи Андреич дар канори боғи почтаи шаҳр...

Дигар Ҳамдами Одина аз бори почта батамом озод гашт. Инак ҳама кор дар дасти Фарҳод буд, вай ҳамон дар ҳафта як бор аспсавор ба шаҳр мерафту меомад ва акнун дар бинои нав, ки дару тирезааш ҳанӯз бӯи ранг медод ва як хонаву як даҳлез дошт, бо мардум ба гуфтугузор мепардохт. Одамон дар даҳлез меистоданд, Фарҳод дар хона пушти миз нишаста ягон-ягон номаҳоро мебардошт, бо овози баланд мехонду ба соҳибаш медод, сипас номаҳои овардаро мегирифту дар киф мениҳод.

6

Дар ду-се соли пас аз ҷанг зиндагӣ андак сару сомон ёфт, рӯзгори мардум кам-кам рӯ ба сӯи некӣ ниҳод ва акнун наву тозаҳои бештар ба ҳаёт раҳ меёфт; ягон-ягон мошинҳои бузурги борбару таракторҳои ҷуфтгар пайдо мешуданд, вожаҳои телефону радио ба гӯш мерасиданд ва одамоне низ буданд, ки ин чизҳоро доштанд. Аммо ин дигаргуниҳо пиндор дар ҷаҳоне дигар рух менамуданд, ки то ба Фарҳоду Саманд намерасиданд; кори хаткашон ҳамон буд, ки солҳо ба ин сӯ дида мешуд. Ва боз он сол хазон аз оғоз бо боду борон сар шуду остонаи дай сармои сахт рӯй намуд, савори асп дар замҳариру ях роҳи дарозро паймудан хатар дошту душвор буд. Вале нерӯи ҷавонӣ, ки ҳамзод бо нерӯҳои тавонои табиат асту яъсу навмедиву тарсро намедонад ва бо исёну шӯру шитоб такон бар пайкари зиндагӣ мезанад, онро дигаргуна мекунад, рангу бӯи тоза медиҳаду пеш мебарад, дар ниҳоди Фарҳод забона мезад, душвори баста ба роҳу сармову гарморо рад мекард, дунёро биногашта аз шодиву умеду бовар ба ҷилва меовард. Ҳамин нерӯ буд, ки вай ҷавонаке навхат дар он парешонрӯзгори олуда ба ғаму андӯҳу дард, душвори кореро, ки марде чун Ҳамдами Одинаро тарсонида буд, бар дӯш гирифт, аз нигоҳи одамон нагурехт, обрӯи “ҳукумат”-ро нарехт ва дар ҳамон маҳшари гуруснагиву маргу мир сохтмони почтаро оғоз карду ба поён овард. Нерӯи ҷавонӣ сарватест бебаҳо ва оне, ки дарзамон аз будани он пай мебараду бо вай дуруст кор мегирад, рӯзе ба сарманзили мурод мерасад ва саранҷом розӣ аз худу аз зиндагӣ осуда мемирад...

Лек он рӯз дили осмон буғз дошт; риштакӯҳҳои соярӯ рӯди ҳавои гармро ба сӯи абрҳои сард равона кардаву бухору намро он ҷо ба зараҳои барф баргардонида буду боди газандаи аз шимол бархоста, ки гоҳе тунду гоҳе кунд меомад, онро ба сару рӯ мезад, рафтану дидану гуфтанро душвор мекард. Саманд рӯ ба омади боди барф гӯшҳоро ба гардан часбонида аз роҳи сангфарши маркази шаҳр мерафт, вале чун дар ҳавои нарми рӯзҳои гарм садои наълҳош намебаромад; барфи нам бархӯрди пои аспу сангро нарм карда буд, овозҳоро фурӯ мебурд. Аз тораҳои ёлу хӯшаи думаш об мечакид, аз сӯрохҳои биниаш бухор фаввора мезаду аз миёни лингҳояш ҳавре андак ба ҳаво мепечид. Фарҳод рустамбарфи бар асп нишастаро мемонид. Рӯз ба чошт наёмада аз дарвозаи почта дарун шуд, Самандро зери шипанг бурд, ба ямхалтааш ҷав рехту ба гарданаш овехт, сипас хӯрҷинро, ки чун ҳамеша ду фатири башир дошт, сари китф кард ва ангушт бар дари хонаи Андреич зад.

Хонаро бухории чӯян гарм мекард; бӯйи ангишти нимасӯз ва филизи тафсон эҳсоси рифоҳу роҳат ба тану ҷон меовард. Мард набуд, зан гуфт дина бегоҳ асбобу афзори тоза омад, Андрей онро шумору номнавис кардаву ба таҳхона мебарад. Ва ӯро наздиктар ба оташ нишонд, наздаш мураббою чой монд. Фарҳод бори нахуст Инессаро танҳо медид. Нороҳат шуд, ки бехабар аз набудани кадхудо ба хона даромад; дар деҳа расм аст, ки агар марди хона дар хона набошад, номаҳрам ба он хона намедорояд. Ҳамон андешаи тавонкоҳ зуд дар сараш ба пайдо омад, пушти лабу зери кашу кафи дастонаш нам зад, даруни гӯшҳояш пури садо гашт. Пиндор по рӯи лахча ниҳода буд, ки мушакҳои танаш кашида шуд. Тарсид ки мабод зан аз ҳолаш пай бараду пурсише кунад, вай наметавонад лаб во кунад. Ногаҳ нисбат ба худ ва нотавониву тарсуияш нафрату хашм ба пайдо омад дар дилаш, дарёфти камбуду нақс равшану зананда гашт. Рӯзҳо ёди зану бӯи танашро ҳамроҳ медошт, дур рафтану фаромӯш шудан намегузошт ва соати аз дарвозаи почта даромадану Инессаро дидан чизе дошт, ки барои ба он расидан вай омода буд ҳаррӯз пиёда чанд ағбаро гузарад. Ва ҳар бор, ки ин дамро пеши чашм меовард, нисбат ба Ҳамдами Одинаю Саманд меҳре гарм дар дилаш менишаст, зарфи танаш пур аз шодие номаҳдуд мегашт, садоҳо навозандаву бӯҳо фораму чизҳо зебо мешуд. Ва ӯ як ҳафта болидаву шод буд ба ёди ин лаҳза. Вале акнун, ки ба он дам расидаву занро танҳо ёфта буд, аз тарс намедонист нигоҳашро куҷо барад. Ва дар дил паноҳ ба Худо мебурд, ки кош ин дам Инессаро аз хона барораду Андреичро аз дар дарорад. Ба умеди аз сару дил рондани эҳсосу андешаҳои нохушу осуда нишон додани худ, нигоҳ ба давру бараш бурд ва нохоста чашмаш ба маҷаллае хӯрд, ки дуртар аз бухорӣ дар тахтонаи тиреза истода буд. Он гуна ки оббурда  бо тапу талош ба сӯи каманди наҷот меравад, вай зуд аз ҷо хест, онро ба даст гирифт. Коғази маҷалла тобону оҳарӣ буд ва бӯе медод, ки бо расиданаш андешаи кас зуд ба сӯи ҷаҳоне ноошнову дастнорасу розомез мешитофт. Рӯи муқова ҳама расми рангаву дар миёна бо ҳарфҳои калон “Почта СССР” набишта шуда буд. Дар расм ду сарбоз бар боми бинои нимавайронаи бузург рафта буданду бар фарози гунбади он парчами сурхро устувор менамуданд. Рассом лаҳзаи ба бом омадану нишондани парчамро ба гунае сохта буд, ки баробари чашм бар он ниҳодан хонаи дил пур аз эҳсоси ифтихор мешуд.

Ҷавонмард бори нахуст чунин маҷаллаи рангаву зебо ва аз кадом гӯшаи дури дунё омадаро медид. Вай ҳама ҳуш саргарми сафҳагардонӣ шуд. Он замон ӯ ба русӣ гап мезад ва то акнун чизхои андаке низ ба ин забон хонда буд. Дар моҳнома навиштаҳо гунагуна буданд, вале бештари онҳо ба кори почтаву хату хаткашон мебурданд ва гоҳе аз гузаштаҳои дури ин ришта низ мегуфтанд. Ангораҳои ин сафҳа аз рӯзгорони бостон буд, ҳуши касро мебурд ва низ ҳарфу ҳиҷояш осон хонда мешуд. Набиштае шигифтангез, ки бо диданаш Фарҳод чанде худу зану андешаву дарёфтаҳои занандаро аз ёд бурд, аз боби покет буд:

“Покет

Куҳантарин намуна аз номаву хома пайванд ба кишварҳои Шумеру Ошур дар Миёнрӯдон* дорад, ки ба шашҳазор сол мерасад. Хати онҳо мехӣ буду дар лавҳаҳои гилӣ набишта мешуд. Пас аз набиштан лавҳро дар кӯра мепухтанд, бори дигар бо гил меандуданд ва ин навбат нишониро меоварданду боз дар оташ меандохтанд. Бухоре ки аз ин пухтупаз мезод, варақҳои номаву нишониро якҷо шудан намегузошт. Он аз нахустин покет буд, ки рози номаро аз номарасон пинҳон медошт. Дуто аз ун номаҳо то ба рӯзгори мо омадаанд...”

Фарҳод як дам номаҳои шашҳазорсоларо пеши назар овард ва ин ангора ба гунае дар дилаш нишасту асираш кард, ки ҷавонмард аз он рӯз ба пас дигар аз “Почта СССР” ҷудо нагашт ва “Покет” аз нахустин навиштаҳо буд, ки аз сафҳаи маҷалла буридаву ба сафҳаи албоми бузург ширеш карда шуд. Аммо он рӯз, ҳангоме ки вай ҳама фурӯрафта ба дидану хондани моҳнома буд, Андреич каф ба каф задаву даруни хона шуд ва шодона гуфт:

-Муборак бошад, почтаи ту соҳиби сандуқ шуд...

Ин кори мард он гуна зуд савдои занро бозпас ба саҳнаи хаёлаш оварду ошуфтааш кард, ки ҷавонмард дар оғоз сарфаҳм нарафт мудир аз кадом сандуқ мегӯяд, аммо як дам пас гуфтугӯи Ҳамдами Одина бо ӯ ба ёдаш омад, ки рӯзи дару тирезаро аз таҳхона баровардану ба асп бор кардан сар зада буд. Раиси ҷамоа он рӯз ба мудири почта шикоят бурда буд, ки хаткашон ночор аст як рӯз интизори одамону номаҳошон дар почта нишинад:

-Сарбории ин ҳама ёрӣ метонӣ як сандуқам баромон ёбӣ?

Андрей чун ҳамеша аз зери оринҷи Ҳамдам гирифт:

-Моҳҳои наздик аз Маскав ба Самарқанд вагон меояд...       

Пайдост ки вагон аз Маскав ба Самарқанд расидааст. Он рӯз аз рӯзҳои ёдмон дар зиндагии Фарҳод буд, саранҷом камбуди аз ҳама бузург дар почтаи вай буд шуд; аз ин ба пас ҳар кас ҳар гоҳ ки хост, номаро меораду дар сандуқ меандозаду пушти кораш меравад. Ӯ низ ночор нест рӯзи дароз интизори омадану рафтани одамон нишинад. Фарҳод як дам чи гуна рӯи девори почта нишонидани сандуқу гирд омадани одамону бо ҳайрат ба ону бо ҳавас ба ӯ нигаристанашонро пеши чашм овард, хонаи дилаш пур аз ҳисси фахру болидагӣ гашт, нафас дар синааш танг омад, нороҳатии баста ба зану андешаҳои тавонкоҳ аз ёдаш рафт. Вай бо сипос дасти Андреичро фишурд, жарф нафас кашид ва дар ҳоле ки дилаш ноором метапид, аз кадхудо пурсид:

-Сандуқ канӣ?

Андреич курсии худро наздиктар ба бухорӣ кашид:

-Бесаришта нашав азизам, сандуқ дар таҳхона, пагоҳ мебинӣ.

Пиндор ин сухан дар ниҳоди ҷавонмард даҳони кадом ованде* оганда аз нерӯи саркашро во кард, ки вай бори нахуст пас аз ба кори почта гуморида шудану бо Андреич ошно гардидан фармудаи ӯро рад намуд ва дилпур гуфт:

-Ҳолӣ мехоҳам бинам...

Андреич як он ба тааҷуб нигаҳ ба рӯи ҷавонмард баст, сипас саркашиву устувории ӯ хушаш омад магар, ки гирди лабаш табассум нишаст ва ночор хонаи гармро гузоштаву бозпас ба таҳхонаи сарду ниматорик омад. Сандуқҳои коғазпеч наздики дар рӯи ҳам чида шуда буданд. Андреич якеро ҷудо кард, коғазро кушод ва онро пеши пои Фарҳод ниҳод. Сандуқ ҳама ранги осмону обро дошт, танҳо поинт6ар аз кулоҳаку сарпӯшу герб набиштаи “почта”, ки аз дарун барҷаставу дар берун нишаста буд, сапед метофт. Аммо аз ун миён герб, ки низ монанди “почта” барҷаста буд, ба шукӯҳи сандуқ бештар меафзуд; дар он ду даста гандум, ки ҳар кадом чор хӯшаи зебои дарозу кӯтаҳ дошт, Офтоби дар ҳоли тулӯъ кураи Заминро аз ду сӯ дар миёна гирифта буд. Пояи хӯшаҳо бо лента печида аст, ки саранҷом аз ду сӯ ба кураи Замин мерасад. Офтоб аз поин бар Замин метобад, онро равшан мекунад ва он ҷо досу путки бузургро менамоёнад; ҳамон досу путк, ки дар рӯи тукмаҳои шинели Ҳамдами Одина ҳам ҳаст. Болотар аз кураи Замин, сари хӯшаҳо ба ситораи панҷгӯша мехурад. Герб дар маҷмӯъ доираест зебо бино гашта аз рамзҳо.

Ҷавонмард бо ҳаяҷону ҳавас сандуқро боло бардошт; сардии тези филиз зуд аз кафи дастонаш гузашт, дар тахтапушту китфонаш нишаст, аммо вай парво накард, аз пасаш нарафт, зеро бӯи пурбори ранги тоза, кадом равғани ноошно ва сармо, ки ба ҳам омехта буду аз он меомад, ба ошӯбу исёни дарунаш такон зад ва лаҳзаи рӯи девор нишондани сандуқу ба ҳайрат овардани одамонро ба гунае диданӣ кард, ки вай бо устувории бештар аз пешина гуфт:

-Ман қишлоқ меравам.

Андреич ин навбат вайронии ҳавою дурии роҳро пеш овард ва афзуд, рӯзи замистон бонги говро монад, то пешу пас менигарӣ ки ба поён меояд. Вале Фарҳоди Озод ангор ӯро намешуниду намедид, ки сандуқро аз таҳхона баровард, дар хӯрҷин андохту ба Саманд бор кард, сипас хоҳиш намуд “Почта СССР”-ро ба ӯ ҳадя кунад. Шӯру шитоби ҷавонмард даврони дури бачагиро ба ёди мард овард, эҳсоси дугунаи ҳавасу ҳасад дар дилаш зуд ба яъсу навмедӣ бадал шуд, овозаш шикаст, хотираш ошуфт:

-Гуфта будам имшаб ҳамсӯҳбате ёфтам...

Мард ин ҳарфро бо оҳанге ба забон овард, ки пиндор гуфт, ҳамеша ранҷи танҳоӣ мекашам. Нохоста Инесса бо бӯи ангезандаи пайкараш бозпас ба ёди Фарҳод омад, танаш тафс кард, бӯи арақ аз чоки гиребон боло омад, ба машомаш зад; виҷдонаш дард кард, ангор хиёнате карда буд, ки нигаҳ ба рӯи Андреич натавонист бурд, зуд аз ӯ дур шуд. Андешаи баста ба зану бӯи тан чунон берӯю тавоно буд, ки вай ба ҳеч роҳ наметавонист онро аз сар берун бурд; чанде мекӯшид, зӯраш намерасид, ногаҳ хашмаш меҷӯшид, осемаву парешон мегардид ва саранҷом ин кор то ба ҷое кашид, ки дигар аз ин андеша метарсид. Андешаи ҳангоми Андреичро дидан ба ёд овардани зану бӯи тан ва азоби виҷдон кашидан аз ҷаҳони пинҳони хаёл берун омада, рангу бӯю хислату хӯ гирифта буд, аз ҳамон дам, ки Фарҳод бар Саманд менишаст ва рӯ ба шаҳр меовард, даст ба доманаш мезад ва то бозпас аз ағбаи Вачағна гузаштан раҳош намекард. Шояд дарду ранҷи нештар ба ҷонаш задани виҷдон ин гуна тавонкоҳ намешуд, агар ҷои Андреич як тани дигар мебуд. Вале ин мард аз дами нахусти дидор чунон кор баст бо Фарҳод, ки пиндор ӯ фарзанди дилбандаш мешуд ё як тане ки дар донишу биниш фаротар аз вай рафта буд. Инҳо низ чизе набуданд агар Фарҳод аз хони Андреич намак нахӯрда буд; дар кеши вай поси намак оине муқаддас шумурда мешуд, ҳеч гуна хиёнат дар зиндагӣ ба шикастани он баробар намешуд. Ҷойгоҳи ин оин дар хонадони онҳо ба гунае баланд буд, ки падар ҳар ҷо ки аз ин боб гуфтаю фармудае мешунид, онро сахт дар гӯш мегирифту дар ёд нигаҳ медошт ва ҳангоми субҳона, ки аз ширинтарин лаҳзаҳои бачагии Фарҳод буд, ба онҳо гӯшзад месохт. Падар дар мавриди поси намак ангораҳои зиёд гирд оварида буд ва аз гуфтану шунидани онҳо хаста намешуд, Фарҳоди писар дар гирдоварии шигифтиҳои номаву хомаву пайванд задани дарахтон ин хӯро ба мерос бурда буд аз ӯ. Аммо ангораи дӯстдоштаи Фарҳод ҷавонмардии Яъқуби Лайс буд. Ин достонро омӯзгори таърих Орази Ораш ба шогирдон меовард ва шояд Яқуби Лайс аз давлатмардони дӯстдоштааш буд, ки гоҳе онро ба марзи ифрот мебурд, гаштаву баргашта мегуфт. Яъқуби Лайс дар Систони Хуросон бо саҳрогардони араб кору пайкор мекард ва барои сер сохтани шикаму пӯшида доштани тани сарбозон гоҳе ба хонаҳои сарватмандон медаромад. Боре, шабона дар анборе рафтанд ва як тан аз ёронаш пораи маъдане пеш овард, ки то он гоҳ ҳеч кадом надида буданду намедонистанд. Яъқуб нохоста забон бар он бурд, доҳонаш шӯр шуд; намаки булӯр буд*. Вай фарёд ба ёронаш зад, ки даст боздоред, мо намакхӯрдаи ин хона шудем ва агар хасе аз ин ҷо бубарем, намакзада мешавем...

Ҳар бори бар сари Фарҳод тоз овардани андешаи зану бӯи тан устоду ин ангораву он фармуда ба ёдаш меомад, нороҳат мешуд, хаста мегашт, зеро рад кардану нодида гирифтани он нерӯи фаровон мехост. Ҷавонмард оҳиста-оҳиста ошкор кард дар андарунаш яке дигар ҳаст, ки ҳамеша об бар особи ун андеша мерезад, нотарсу тавонояш месозад. Ва ин кори ӯ пайванд ба ранҷу дарди Фарҳод дорад; ранҷу дарди ин, фараҳу шодии вай аст. Чандоне ки Фарҳод ранҷуру хаста мешавад, вай бештар лаззат мебарад ва ин ҳолро ба дуртар мекашад. Ҷавонмард дар нахуст ин гуна як тани дигаре андарунаш ёфтаву гунаҳро бар дӯши ӯ андохта буд, аммо оташи ун фитна бо оби ин тадбир паст намешуд, андак пас бовар кард он хостаи пинҳони дилаш аст, худ ба он дам расидану ранҷ кашидан мехоҳад; ҳар андоза ки виҷдонаш дард мекард, ҳамон гуна аз будани он андеша хушаш меомад. Нагрехтану пазируфтани чунин рост душвор буд, аммо ҳар бор, ки Фарҳод рӯбарӯяш меистоду чашм бар чашмаш меандохт, андешаи зану бӯи тан ногаҳ аз сараш мерафт, орому осуда мегашт. Вале аҷиб ин буд, ки бо он андеша чунин кор бастанро зуд фаромӯш мекард ва бештар дунболи дарду ранҷаш мерафт.

Он рӯз низ дар чунин ҳол буд, аз ин рӯ, ҳарфи Андреичро напазируфт, сандуқи почтаро дар хӯрҷин андохту савори Саманд шуд. Рӯз гашт мекард, шамоли сард инак аз пас меомад, тӯри барф печидатар мегашт, дидану шунидани намоҳою садоҳо душвор меомад. Говгум ба домани Вачағна расид; бори нахуст дар зиндагӣ аз ин гуна зуд ба шом омадани рӯз афсӯс хӯрд, сояи абри пушаймонӣ бар замини дилаш афтод, ки чаро ба гапи Андреич гӯш надод. Барф ин ҷо аз буҷули пои асп боло мебаромад, Саманд ба душвор гом мезад; дар рӯзе чунин гуруснаву сард рафтуомад ба шаҳр, ки беш аз панҷ фарсанг меомад, саранҷом корашро кард. Солаш низ ба ҷое расида буд Самандро, садои нафас задану бӯи арақи тан аз хастагии ҷисму ҷонаш мегуфт. Дар ҷоҳое ки барф бодрӯбу кӯртум шуда буд, гоҳе пешпо мехӯрд ва чанде наметавонист боло шуд. Шом зуд ба шаб бадал гашт, Фарҳод аз асп фуромад, ҳалқаи лагомро ба бозу даровард, аз Саманд пеш гузашт ва як он дид лаби поини асп кашол асту ришта-ришта оби даҳонаш мешорад. Замони андеша набуд, зуд онро фаромӯш намуд. Бағали ағба ҷо-ҷо барф то ба зону меомад, аз соқи мӯза дарун медаромад, патакро тар мекард, поҳоро ба сӯзиш медаровард. Тундбод барфи яхро ба рӯ мезад, танро ба пас тела мекард; дар як қадам пеш чи буд, дида намешуд. Фарҳод бо дасти озод барфи ба чашму рӯ часбидаро тоза мекард, ба тахмин роҳ мерафт. Ҳангоме ки нафасаш танг меомад ва як он по аз рафтан боз медошт, арақи бар пӯсташ нишаста дарзамон сард мегашт, танаш меларзид, дандон ба дандонаш намерасид. Аммо будани Саманд, ки нафаси гармаш ҳар дам бар пушти сару гардани ҷавонмард мезад, ба дилаш бовару ба танаш нерӯ меовард ва саҳнаи чи гуна ба девори почта часбонидани сандуқу ҳайратзада кардани одамонро диданитар мекард.

Аз се ду бахши роҳи ағба ин гуна пушти сар шуд ва ногаҳ Саманд аз рафтан сар тофт; асп гӯшҳоро сих кардаву гардан задаву нафас тоза месохт ва талоши аз банд раҳидану гурехтан дошт. Фарҳод рӯ ба асп лагомро ба ду даст базӯр нигаҳ медошт ва чандон, ки ӯро ором кардан мехост, натиҷа намедод. Саманд дам ба дам худро ба бероҳ мезад ва баробар ба он тарси дили Фарҳод низ зиёд мегашт. Дарёфт агар худро рӯи зин нагирад, асп лагомро аз дасташ меканаду мегурезад ва ӯ тани танҳо дар миёни торикиву барфу сармо мемирад. Пушаймониву дард аз он, ки сухани аз худ калонро гӯш накард, он гуна вазнину сахт омад, ки тарсу торикиву барфу ях як он наздаш ҳеч гашт. Бухории тафзадаву хонаи озодаи Андреич пеши чашмаш истода гашт, оби ашк то гулӯяш омад. Вале ин дам Саманд аз ҷо ҷаст, ӯро сари ҳуш овард ва ҷавонмард бо чолокие боварнакарданӣ рӯи зин баромад. Танҳо ин дам дар дурии андак аз дасти рост шабаҳе чанд ба чашмаш намуд; галаи гург буд.

Ғаризаи зинда мондану зиндагӣ кардан чуноне зуд эҳсоси тарсу сармову торикиро аз ниҳоду бунёди ҷавонмард баровард ва танашро бо нерӯву дилашро аз бовар пур кард, ки вай ангошт касе дигар бар асп нишастааст. Аҷибтар аз ин он буд, ки торикӣ ногаҳ ӯро раҳо кард, фазои давру бараш фарох рафт ва ӯ дид, чи гуна гургҳои гурусна талоши ба асп расидану онро гирифтан доранд. Дар тани Саманд низ ҳамон ғариза зода шуда буд; вай вопасин нерӯро дар мушакҳои дасту по бедор сохтаву рӯ ба фароз метохт. Фарҳод бар гардани ӯ хам шудаву ба гӯшаш мегуфт: “Кам монд Саманд. Чанд хези дигар сари ағба мерасем, ун тараф деҳа, сагҳоро ҷеғ мезанем...” Фарҳод ин гуна ба гӯши Саманд мехонд, дам ба дам рост мешуд ва бо ҳама зӯре ки дошт “ҳо-о-о” мегуфт; гургҳоро тарсондан мехост. Вале Саманд, шояд санги канори раҳ ба назараш гург тобид, ки сахт тӯрид ногаҳу ба зону афтид, Фарҳод аз хонаи зин парид, ба поин ба сӯи партгоҳ ғелид. Ба хости Худо ё дасти тасодуф пас аз андак бар дарахти ғарғанак* зад ва инак бо даҳ ангушт чанг бар шохаҳои пурхори ону замини барф мезад, нӯки поро ба пораи сангу бехи бутаҳо тир мекард, танашро оҳиста боло меовард. Нохунҳо даридаву нӯки ангуштҳо хуншор шуданд, хоки ях бар захм хӯрдаву дарди равонфарсо ба бор меовард, сармо танашро карахт мекард. Дастҳо дигар тавони вазни танро нигаҳ доштану боло кашидан надоштанд. Ҷавонмард ба умеди андак орамидану нафас рост кардан, танро ба замин пахш намуд ва ин дам ба шикам халидани чизе ҳис шуд; корди миёнаш буд. Вай оҳиста онро аз ғилоф кашид, охарин нерӯи дар рагу пайу хуну гӯшту пӯсташ бударо ҳама дар дасти рост гирд оварид, бо нолаи ҷонкоҳ кордро бар замини ях зад ва ҳамзамон зуд танро боло кашид. Фарёди дардолуди одам дар дили торикӣ ба кӯҳҳои наздик бархӯрдаву зӯр гирифта то ба дуриҳо рафт, аммо ба гӯши сагҳои деҳа назад. Фарҳод як нафас рӯ ба осмон хобид, сипас сари по шуд ва Самандро ҷуст; аспи бархеставу аз бими дарандаҳо дур рафта сӯяш омад ва аз дидан ӯ шод шуд магар, ки ёл афшонидаву шиҳа зад. Фарёди одам гургҳоро тарсонида буд, онҳо ҳамон ҷо, ки ҳангоми афтодани асп расида буданд, менишастанд. Фарҳод кордро бозпас дар ғилоф зад, бар Саманд нишаст ва ногаҳ гӯгирд ба ёдаш омад, ки ба фармуди Ҳамдами Одина ҳамеша ҳамроҳи корд бо худ медошт. Ҳамдами Одина, дар ҳамон рӯзи нахусти Фарҳодро ба асп нишондану ба шаҳр фиристодан, корди дасташохиоҳуро ба ӯ додаву гирифтани гӯгирдро ёдрас кардаву гуфта буд, ки ин ду ҳамеша ҳамраҳи марди кӯҳистон бояд бошанд. Аммо дар он муддат, ки вай ба шаҳр мерафту меомад, боре ҳам ниёз ба онҳо пеш наёмад ва гӯгирди кисаву корди миён батамом аз ёдаш баромад. Як дам он рӯзу Ҳамдаму кордаш пеши чашми Фарҳод омад, бо сипос аз ӯ ёд кард ва ногаҳ садоҳое ноошно ба гӯшаш зад; гургҳо ба гунае наздик омада буданд, ки вай инак нафас задану нолиданашонро мешунид, даҳони кушодаву забони берун рехтаашонро медид. Хашму тарсашон равшан дида мешуд, бегумон дами пеш аз ҳуҷумашон буд.

Саманд то ҷое хаставу афгор шуда буд, ки дигар вокунише ба будани дарандаҳо намекард, ба душвору ночор гом бар гом меовард. Фарҳод дарёфт агар зуд чорае наяндешад, як дам пас шикори гургони гуруснаву маст мегардад. Мағзи одам ба гунае созмон ёфтаву сохта шудааст, ки ҳангоми омадани бало ва расидани овози ногаҳи марг чораву тадбирҳое ҳайратангезро дар сафҳаи хаёл ҷилва медиҳад ё фаромӯшшудаҳои дурро зуд ба ёд меоварад ва ё шояд он фариштаи раҳгузарест, ки чунин корсозӣ мекунад ва чун кас аз будани ӯ наметавонад пай бубарад, он ҳамаро ба мағз пайванд медиҳад. Шояд. Аммо он дам, ки галаи даранда Фарҳоду Самандро гирд кард, ногаҳ тарси сахти гург аз оташ ба ёди ҷавонмард омад. Вале дар ин барфистони бекарон чиро метавон оташ зад? Фурсати андеша набуд, ҳар дам метавонист дар зиндагии ӯву асп вопасин дам шуд. Ва ҳамон гуна ки мағз ё фариштаи раҳгузар корду гӯгирдро ба ёрии ӯ оварда буд, ин дам миёнбандро ёдрас намуд. Вай зуд онро аз миён кушод, бо ангуштони сармозадаву хуншор ба душвор гӯгирд зад ва оташ дардод. Торикӣ ба гунае сахту ситабр гашт, ки мегуфтӣ дигар ҳеч нерӯе наметавонад онро бишканад, ин шаби сиёҳу сардро ба рӯз оварад. Фарҳод дунболи ин андешаҳо нарафт, миёнбанди оташгирифтаро ба пас овезонд ва бо тапу талош аспро сӯи деҳа ронд. Саманд вопасин нерӯро ба барози пурбарфу дароз додаву нафас задаву пешпо хӯрдаву саранҷом то сари ағба баромод. Фарҳод ин навбат аз шодӣ фарёд зад ва сагони деҳа нахуст як-як ва андак пас ҳама ба ӯ посух гуфтанд ва ба сӯи садо давиданд...

Аз он ба пас, ҳар бори рафтуомад ба шаҳр, Фарҳод ҳангоме ки ба Вачағна мерасад, Самандро нигаҳ медорад, назди бодомак мефурояд, канораш менишинад, оне чанд ба поин, ба рӯдаки аз жарфнои тангно равон нигаҳ мекунад ва ногаҳ чи гуна ба партгоҳ афтодану ба сангҳо хӯрдаву пора гаштани танашро пеши назар меоварад, нигоҳаш тира мешаваду сараш чарх мезанад. Бо меҳру сипос даст ба шохаҳои пурхори дарахтак мебарад, сипас мехезаду савори асп мешавад. Аммо он шаб ҳангоми фирору пайкор бо гургҳо дар барози Вачағна нӯки ангуштони дасту пою гӯшҳою рухсораҳои Фарҳодро хунук зад ва як моҳи дароз доруву дармон кард. Ангуштҳою рухсораҳоро андак гирифта буд сармо, гӯшҳо аммо то ҳанӯз ҳар баҳор монанди мор пӯст мепартоянд ва ун шаби пур аз биму балоро бозпас ба саҳнаи ёдаш меоранд. Ҳамон баҳор буд, ки Ҳамдами Одина барои хидматҳои шоён ба Фарҳод замин дод ва ӯ он боғи имрӯз овозадорро бунёд ниҳод ва дере нагзашт, ки пайвандгари тардаст буданашро низ побарҷо сохт.

7

Инак бинои почтаро, ҳамонро ки дар даврони ҷанг мардуми деҳа аз хонаҳошон болору васса овардаву сохта буданд, шикастанд ва сандуқи почтаро, ҳамонро ки Фарҳод барои то ба деҳа оварданаш як шаби барфу сард дар ағбаи Вачағна даст дар гиребони марг задаву бо галаи гург ҷангидаву ангуштону гӯшонро ба сармо дода буд, рӯи раҳ афканданд. Ва Наврӯзи набераи Фарҳод, ки меҳр ба почтаву номаву хомаро аз бобо ба мерос оварда буд, онро хона бурд. Андешаи ноки каён, ки ҳангоми аз дарвоза даромадани набера дар сари бобо мегашт, бо дидани сандуқи почта нопайдо гашт ва мард бидуни афсӯсу дард, он гуна ки кас аз хоби дина дидааш ёд кунад, он шаби дури пурбалоро пеши чашм овард ва он гоҳ ки дарахти бодомак ба саҳнаи хаёлаш омад, дилаш сахт гум зад; пирмард дарёфт садои пазмонӣ аст. Пазмонӣ ба дидаву санҷидаҳо ва фазову ҳавои даврони ҷавонӣ аст, тану ҷонаш ташнаи дидану шунидану шамидани садоҳову намоҳову бӯҳоеанд, ки дур аз одамону ғажду ғолашон ба сар мебаранд, олудаву ганда нашудаанд. Вале андешааш зуд аз инҳо гузашт ва такя бар ин нукта зад, ки дар зиндагӣ, ба вежа дар соатҳои сахту сарнавиштсозу душвори он Худо ӯро танҳо намегузошт. Фарҳоди Озод аз замони худро шинохтан, ҳар бор ки рухдоде сахту ногаҳон пеш меуфтод, ҳамеша ҳузури Худовандро дармеёфт ва ун душворро осон пушти сар месохт. Шояд он давроне буд, ки одамон виҷдону имон доштанд, неку бадро медонистанд, росту дурӯғро мешинохтанд, аз бад гуфтану бад кардан мепарҳезиданд. Барои ҳамин Худо танҳошон намегузошт. Ин гуна меҳру дӯстдориву ғамхориву дилсӯзӣ буд ва пушти сар кардани ҳар гуна душвори зиндагӣ осон мешуд. Куҷоянд имрӯз мардоне чун Ҳамдами Одинаю Андреич. Ҳай дареғ..!

То он рӯз, ки захмҳои дасту пою рӯи Фарҳод шифо наёфт, Ҳамдами Одина сандуқи почтаро пинҳон дошт, як моҳ пас дар фазою ҳавое оганда аз шодиву нишот бо раҳнамоии ӯ онро рӯи девори канори дар устувор сохт. Сандуқи почта он вақт аз нахустин чизҳои омада аз кадом дунёи бегона буд, ки зиёда касонро назди бинои почта овард ва Фарҳоди хаткашонро дар як он ба одами намоёну тавоно бадал кард. (Солҳо ба пас омадани мошини почта низ дар деҳа ҳамин гуна сарусадо сохта буд.) Зеро вай пас аз рӯи девор нишондани сандуқ се рӯз, на кам, на беш, то дер канори он рост истода, чи гуна сарпӯшакро кушодану номаро дарун андохтанро ба одамон нишон дод, лек рози аз дарун ба кадом роҳ берун овардани онҳоро накушод. Одамон медиданд, ки сандуқча магар роғе ки танҳо як покет дар он мегунҷид, дигар на дар дошт, на дарича. Фарҳод мегуфт, ин рози давлатист ва ғайр аз ӯ каси дигар набояд онро донад. Ҳамин чиз ногаҳ ӯро дар чашми ҳамдеҳон, ки то он рӯз як тани ҳамрангу ҳамсангашон буд, ба одами дигар мубаддал кард, аз тӯда баровард. Фарҳод барои баланд бурдани ҷойгоҳу пойгоҳи почта ҳамеша давру бари онро ба дасти худ об задаву мерӯбид, даруну берунашро соле ду-се бор оҳак мемолид. Бинои почта ҳеч гоҳ гардзадаву чиркин набуд, дар миёни хонаҳои ду бари роҳ ҳамеша сапеду озода буд, нигоҳи раҳгузаронро пеш аз ҳам ба сӯяш мебурд. Аз он ба пас мӯйсафедон низ ҳангоми ӯро дидан даст пеши бар мегирифтанд, дар суру сӯг пеш мегузарониданд. Фарҳод ин ҳамаро ба душвор сабр мекард, ҳангоме ки ин гуна рафторро медид, ғарқи арақ мегардид, оби шарм ба рӯяш медавид. “Ман кори ҳукумата мекунам”мегуфт ӯ бо сари хам ва аз ин роҳ бештар ба обрӯяш меафзуд.

Аммо замистони соли пас, ки ҳамчунин зуд омада буду дер мерафт, аз ғамангезтарин фаслҳои сол дар зиндагии Фарҳод гашт. Марги нобаҳангоми Ҳамдами Одина, марде ки ӯро аз паси партаи мактаб кашидаву бар пушти асп нишондаву бо бовар коре на андаку осонро бар дӯшаш ниҳодаву дар рустое дурдасту фаромӯши Худо, дар солҳои ҷангу маргу миру бало ҳамроҳ бинои почта сохтаву оварду бурди номаву хомаро роҳ андохтаву ба ин баҳона дарду андӯҳи мардумро гарде сабук карда буд, муддате чанд дасту дилашро ба кор сард намуд. Марги падар ин гуна андӯҳи гарон наёварда буд ба ӯ, зеро ун марг як бадбахтии хонадони вай набуд, он рӯзҳо ҳамаи деҳа дар мотами ҳамеша ба сар мебурд ва сарчашмаи бало низ яке-ҷанг дониста мешуд. Ва боз, мешуд ки аз паси сияҳнома сапеднома мерасид ногаҳ ва сӯг нохоста ба сур бадал мегардид. Будани ин чизҳо дар дили одамон умед мезоид, аз дарду андӯҳашон мекоҳид. Вале марги Ҳамдами Одина фоҷиаи танҳои Фарҳод буд. Он дам, ки вай даст дар кафи марди рус бар сари гӯри Ҳамдам истода шуд, дарёфт аз ин ба пас ӯ дигар оне нест, ки то акнун буд; инак ҷаҳоне зебову ороставу саршор аз меҳру вафову дур аз ғараз ва танида аз ростиву покӣ ба таври ҷовидон аз даст рафтааст. Дар ниҳоди ӯ холигоҳе ба пайдо омадааст, ки дарёфташ дарду пазмонӣ мезояд; ин ҷои ҳамон умеду бовар буд, ки будани Хамдами Одина дар дами душвор дар дили ӯ ҷо менамуду инак вай бо худ бурд. Андаруни сукути сангини гӯристон ногаҳ дарде гарму сахт ба дили ҷавонмард раҳ овард бегона ва нодидаву носанҷида. Ин дард аз пушаймонӣ ва надомати бекарон нисбат ба худ сиришта шуда буд ва он гаҳ даст ба доманаш бурд, ки ногаҳ дарёфт боре ба некиву ғамхориҳои Ҳамдами Одина сипос нагуфтааст, ба меҳрубониву дӯстдориҳояш, ки шояд марди бадбахту танҳо умедвор бв посухе сазовор аз сӯи ӯ буд ва беш аз ҳар чиз рӯи ниёз ба он мебурд, бепарво будааст, гузашта аз ин, гаҳгоҳе тундгӯиву бадхӯӣ кардаву дилашро низ озурдааст. Ҳоло агар заминро ҷои осмону осмонро ҷои замин гузорад низ Ҳамдами Одина аз гӯр берун намеояд, то вай сар дар оғӯшаш занаду пӯзиш хоҳад...                                

 Ҳамдами Одина чун ҳамеша чанд шаби сарди замистонро пушти мизи кор ба рӯз овард, гирифтори варами шуш гашт ва пас аз се моҳи бистарӣ дар бемористони шаҳр чашм аз ҷаҳон барбаст. Дар гӯристони ғарибон ба хок доданд ӯро. Бар маргаш касе нагирйист ва низ яке нагуфт Ҳамдами Одина чи касе буд, ки хонаву дару зану фарзанду сарвату шодиву фараҳу орзуву ҳаваси дунёро ҳама фидои кор намуд, аз ёд бурд, либосаш ҳамон кителу галифеи кӯҳнаву шинели фарсуда, палосаш гилеми рангпаридаи меҳмонхонаи Устофайёз, аммо дилаш саршор аз меҳру дӯстдорӣ ва худаш ҳамеша дар хаёли шод сохтани одамону обод кардани рӯзгорашон буд. Вай магар Андреич дигар дӯст надошт, барои бо дӯст гуфтану нишастан вақт намеёфт. Ҳама кор буд, пайкараи зиндаи кор буд; ҳангоме ки ӯро медидӣ, андешаат нохоста ба кор иртибот меёфту ин фармударо дар дафтари ёд бозметофт: “Ончунон фурӯрафта дар корам, ки вақт надорам сар бихорам.” Ва боз, дами ба нигоҳаш хӯрдани нигоҳ чунин менамуд, ки худро созандаю бозандаи ҳама фоҷиаву бадбахтиҳои бар сари одамон рехта мешумурд. Солҳои ҷанг, ҳар бор ки хати сиёҳи якеро ба дасти модар ё хоҳар ё ҳамсар медод, ҳоле домангираш мешуд, ки пиндор ӯро тири душман не, Ҳамдами Одина кушта буд. Барои аз ин ҳол растан ӯ борҳо ба комиссарии низомӣ омадаву хоҳиши ба ҷанг рафтан карда буд, аммо ҳамеша дархосташ рад мешуд. Ҳамон рӯзҳо Фарҳоди Озодро аз миёни тӯда берун кашиду ба кори почта гуморид ва ин гуна аз ун вазни миёншикан гӯё андак раҳид.

Фарҳод рӯзи пас аз дафн ба шаҳр омад, Андреич ӯро сари гӯри Ҳамдами Одина овард. Сукути сангини гӯристон ва гӯрхонаҳои истодаву афтодаи он фазое дошт, ки кас меангошт ин пораи замин бо ҷаҳони берун аз сарҳади гӯрҳо пайванд надошт, ҳузни олуда ба яъсу навмедӣ давродаври он деворе нодиданӣ мебардошт гӯё ки садоҳои болидаи зиндагӣ наметавонист раҳ бар он ёфт. Ва ин фазою ҳаво бӯю мазаи танҳоӣ дошт, кас он ҷо дар миёни тӯда низ худро танҳо меёфт ва андешаву эҳсос ба чизҳое иртибот меёфт, ки дар рафту рехти ҳаррӯзи зиндагӣ кас онро фаромӯш месохт. Фарҳод он рӯз миёни гӯрхонаҳои фаромӯшу вайрон худро он гуна танҳо дид ногаҳон, ки надонист чи гуна мудири почтаро дар оғӯш кашиду талх гирист. Моҳҳои бемории Ҳамдами Одина ҳар ҳафта, ки номаҳои аз деҳаро ба шаҳр меоварду номаҳои аз шаҳрро ба деҳа мебурд, ба бемористон меомад ва марди дардманд аз дидани ӯ он гуна шод мешуд, ки сӯзиши тавонкоҳи синаву исёни ҳамешагии сурфаро чанде аз ёд мебурд. Ҷавонмард дармеёфт масофае ки мард ҳангоми кору гуфтугузор дар Мокон миёни худу ӯ нигаҳ медошт ва аз ин роҳ ҷойгоҳу пойгоҳи ҳар касро ошкор месохту назми зиндагиро вайрон шудан намегузошт, инак набуд; Ҳамдами Одина рӯи бистар дасти Фарҳодро ба каф мегирифт, нахуст аз рухдодҳои даврони ҷавонияш мегуфт, сипас гуфтугӯро ноаён ба чи гунагии кору зиндагии Мокон мебурд ва дар анҷом ҳушдор медод, ки вай бояд андешаи хонданро ҳамеша дар сар дошта бошад. Доҳии муаззам, мегуфт ӯ, ба беҳуда “хонед, хонед ва боз хонед” нагуфтааст...

Боре ин гуна аз боби хондану донистан ҳарф задаву ногаҳ чеҳрааш ғамзада шуд ва ҳамон нигоҳи нарми саршор аз меҳр ба рӯи Фарҳод баставу “ман ин ҷо ба рози илми тибб низ раҳ бурдам” гуфт. -Сардухтур гаҳгоҳ ба ҳуҷраи ман медарояд ва дар миёни сӯҳбат аз чи гунагии андомҳои одам чанд даҳан мегӯяд ва китобҳое низ барои хондан меорад. Ман инак медонам, ки шушам аз нойчаҳову халтаҳакои ҳубобгуна сохта шудааст. Ҳаво аз роҳи нойчаҳо ба шуш медарояду мебарояд, халтачаҳо, ки монанд ба хӯшаҳои ангуранд, пур аз оксигенанд ва дар дами даркор онро ба хун мерезанд. Ҳангоми варами шуш микробҳо ҳамин халтачаҳоро захмиву нобуд мекунанд. Барои ҳамин нафаскашии ман душвор аст...

Он рӯз онҳо дар боғи бемористон мегаштанд. Осмон софу беғубор буд, нури офтоб ба сабзаҳои навдамидаву муғҷаҳои тозарасидаи дарахтон хӯрда бозии рангҳоро бапайдо меовард, пиндор гуфтугӯе маҳрамона миёнашон сар мезад. Офтоб сабзаву гулу гиёҳону дарахтонро бедор мекард, чаҳчаҳу нағмаро дигарбора ба ёди парандагон меовард. Замин дар посух ба меҳру дӯстдории Офтоб ҷома дигар мекард. Табиат ин гуна бо овардани баҳор анбони нерӯи холишударо бозпас пур мекунад, идома ба зиндагӣ медиҳад ва ин падида ба сурати дарозии рӯзу гармии ҳавову гули дарахтону хондани парандагон ба чашм мерасад. Ҳамдами Одина ҳар баҳор, дар Наврӯз мардумро ба баландии дизи Муғ мебурд, омӯзгори таърих Орази Ораш андак аз деринаи он мегуфт, сипас чавгонбозӣ сар мешуд. Майдонро ба дасти хонандагон ҳамин Ораш сохта буд, гӯю чавгонҳо низ зери назари ӯ дар анбори мактаб нигаҳдорӣ мешуд. Дастаҳо аз омӯзгорону хонандагони мактабу кормандони раёсати колхозу шӯрои ҷамовау дигарҳо созмон дода мешуд. Доварӣ ҳамеша бар дӯши Ҳамдами Одина буд ва ҳар бор дар анҷоми бозӣ мегуфт, орзу дорад дар Мокон як дастаи савора бисозад. Бобоҳомо саворачавгон мебозиданд, меафзуд ӯ. Ва пас аз Наврӯз раиси ҷамоаро ногузир ба маркази ноҳия мехонданд...

Аммо ногаҳ расидани ҷанг Наврӯзу чавгону душвори баста ба онро то дер аз миён бурд ва инак дар баҳороне дигар Ҳамдами Одина бистарӣ шуд. Он рӯз вай ба бозии нури офтоб дар сабзаҳои навруставу дарахтони муғчабаста нигариста ногаҳ лаҳзаҳои чавгонбозӣ дар Муғдизро ба ёд овард ва бовар кард дигар ҳаргиз ба он баландӣ намебарояд. Ва барои он ки яъсу навмедиву андӯҳашро аз ҷавонак пинҳон созад, суханро сӯи тиббу ба “рози он раҳ бурданаш” овард. Пас аз андак нафасаш танг омад, онҳо рӯи нимкат нишастанд. Ҳамдами Одина то дер хомӯш буд. Чун дубора сухан сар кард, аз шебу фарозу найрангҳои зиндагӣ намуна овард. Зиндагӣ монанд ба пайкарае зебост аз дур, аммо чун наздик омадӣ, захму харошҳои бешумор мебинӣ; аз ҳамин зангу захмҳо бояд андешид. Ва ҳангоме ки паноҳбахудо мекарданд, бозпас дасти Фарҳодро дар каф гирифт:

-Калида аз фаррош гиру сӯзания хона бар, то омадани ман дасти ту бошад...

 Он рӯз Фарҳоди Озод фаҳм накард, ки Ҳамдами Одина аз фаро расидани маргашу дигар ҳаргиз ба Мокон наёмаданаш медонад, барои ҳамин, ягона дороӣ-сӯзании бо дасти модараш дӯхташударо ба ӯ ба мерос мемонад. Ҳамон сӯзанӣ, ки имрӯз канори рафи китоб, рӯи девори хонаи Фарҳод овехта шудааст. Ёди ун рӯзу он дам ба таври ҳамеша дар мағзи Фарҳоди Озод нишаст ва низ пас аз марги Ҳамдами Одина ҳеч кас аз боби хондан ба ӯ даҳон боз накард. Вай ҳамон гуна дар ҳафта як бор аспсавор номаҳоро аз деҳа ба шаҳру аз шаҳр ба деҳа мебурду меовард, аммо акунун ин кор он шодиву нишотро надошт, ки дар рӯзҳои бо Ҳамдами Одина бино сохтану сандуқро овардану деворҳоро ранг задан дошт. Ба ҷавонмард чунин менамуд, ки дунболи аз саҳнаи зиндагӣ нопайдо гаштани Ҳамдами Одина саргармиҳои ҷавонӣ аз ӯ рафт, дунёи давру бараш хашину зананда гашт, бӯи вежаи мӯҳру мизу давоту хомаву нома, ки ҳар бори ба машомаш задан дар ниҳодаш эҳсоси баланди болидагӣ мезод, инак хонаи дилашро пур аз пазмониву навмедӣ месохт. Ин ҳама пайомади расидану садо дардодани танҳоӣ буд, ки то он дам будани марди дӯстдору ғамхоре чун Ҳамдами Одина дасти дарози онро кӯтаҳ месохт, ангушт ба риштаҳои ҷонаш задан намегузошт.

Ҳамон рӯзҳо буд, ки вай ба умеди нодида гирифтану раҳо гаштан аз он ҳол даст ба корҳои беҳуда мезад ва ноаён одате пайдо кард, ки ҳангоми аз сандуқ берун овардани номаҳо ҳамаи нишониҳо ва аз кӣ ба кӣ набишта шудани онҳоро мехонд ва ҳангоме ки ҳушу ёдаш банди ин кор буд, дунё фаромӯш мешуд, андешаву ангезаҳои шодикуш дар мағзу дилаш мемурд. Навиштаҳои рӯи покетҳо нерӯе розолуду пинҳон доштанд монанд ба он, ки пиндор даври Фарҳод девор мебардоштанд ва ҳеч садову ҳавое аз ҷаҳони берунро ба ӯ расидан намегузоштанд. Ин кор оҳиста-оҳиста дар андаруни ӯ як тани дигареро ошкор сохт, ки бо андак зеҳн мондан ба ҳусни хат ҳолати он гоҳи нависандаро гӯё дармеёфт. Вай дар пайванд ба чи гунагии нишасти ҳарфҳои рӯи покет тахмин мезад, ки андарунашон чи набиштае пинҳон аст. Ин ҳунарро номае ба ӯ омӯхт, ки мухотаб дошту мухотиб надошт. Он номаи розомез то ҷое ӯро гирифтор сохт, ки ҳар бори номаҳоро аз сандуқ кашидан нахуст онро мекофту меёфт, ба умеде ки шояд номанавис ин навбат номашро оварда бошад, аммо ҷои нишониву ном ҳамеша ҳамон “Z”-ро медиду навмед мегардид.

Ҳарфҳо дар рӯи ин нома озодаву зебо нигошта мешуданд ва вежагии чашмгирашон дар он буд, ки андак ба пас хам мешуданд; монанд ба майсаҳои дами шамол буданд. Ҳамин нишасти зебои ҳарфҳо ҳуши Фарҳодро мебурд, сар аз хок дарзадани сабзаҳо пеши чашмаш меомад, эҳсосе ҳамроҳ ба шодиву пазмонӣ дар тору пуди ҷону танаш менишаст ва ӯ бовар мекард нависандаи нома духтарак аст. Фарҳод ба чунин ҳол ҳангоме низ мерасид, ки ногаҳ барг кардани нахли пайвандро медид. Вай ҷавонеро, ки ба номаш номаи беном нигошта мешуд, медонист; ӯ аз шумори онҳое буд, ки пас аз ҷанг ба аскарӣ рафта буданд, барои ҳамин дар гуселашону бурду оварди номаашон ун сару садою шӯру шитоби даврони бало дида намешуд. Ва низ инак номаҳоро ба дасти Фарҳод намедоданд, дар сандуқ мениҳоданд ва ӯ наметавонист нависандаи ҳарфҳои монанд ба сабзаҳои баҳорро ошкор кунад. Аммо аҷиб ин буд, ки аз сӯи он ҷавон танҳо ба номи падараш нома меомад. Ё шояд номаҳои беном ба дасти ӯ намерасиданд?

Савдои номаи беном Фарҳодро он гуна саргарм сохту фурӯ бурд, ки вай ҳама духтарони деҳаро пеши чашм овардаву канори ҳам ниҳодаву бар якдигар андоза кардаву мехост худованди хати якторо берун орад, аммо намешуд; он духтар, ба андешаи вай, пайкари нозуку боло, ангуштони дарозу зебо, мӯҳои хурмоӣ, чашмони мешӣ, дандонҳои сапсапед, ки чи гунагиашонро гуфтан намешавад ва лабоне дорад, ки нохоста гелоси расидаву серобро ба ёд меорад. Вале ҳеч як аз духтарони деҳа, ки вай дида буду мешинохт, ин ҳамаро, чуноне ӯ мехост, дар бисот надошт. Ва Фарҳоди Озод гумоне навмед мешуд, ки созандаи ин гуна хату нигорандаи чунин нома ба хости дили ӯ зебо набуд. Номаи беимзо ҳар ҳафта буду гоҳе номарасонро ба кӯӣ ҳавою ҳавас низ мебурд. Боре ки савори Саманд ба шаҳр мерафт, сари Вачағна аз шумори номаҳои дастабаста номаи ошноро берун овард, чашм аз ҳарфҳои монанд ба сабзаҳои дами шамол наканда ҳай андеша кард, сипас онро боло бардошт, пеши чашми Офтоб дошт; равшан дида мешуд, ки миёни сафҳаи даруни покет чизе буд. Вай аспро нигаҳ дошт, пиндор покетро аз чашми худ дуру ба чашми Офтоб наздик мехост сохт, ки дастро дароз кардаву онро болои сар бардошт; нома дар миёна як шохаи гул дошт. Фарҳоди Озод номаро пушту рӯ кардаву тоб додаву табори гулро ошкор кардан хост, аммо ин кори душвор “аз паси девор” даст намедод. Вай онро бозпас дар хӯрҷин кард, як дам зебои хаёлиро ҳангоми дар покет ниҳодани шохаи гул пеши чашм овард ва ногаҳон, монанди он, ки номаро кушодаву хонда бошад, ин ҳарфҳо нӯки забонаш омад:

“..имрӯз аз хоб хестаму дидам кулчасеби буни девор гул кардааст. Намедонам чаро дарахтон дар шаб гул мекунанд. Шояд ин ҷо розе ҳаст, ки мехоҳанд аз чашми одамон пинҳон кунанд? Дар боғи мо олую бодому гелосу зардолую шафтолу ҳам ҳаст, вале ман гули себа нағз мебинам. Гулҳои себ миёни баргҳои бешумори тозаю ҷавон монанди офтобакҳо дар осмони сабз метобанд ба чашми ман. Меҳри ман ба Офтоб ҳам сахт аст; баҳорону тобистон ҳангоми аз паси Даврич баромаданаш дилам ширин гум мезанад. Ва бӯи гули себ. Ман ин хел бӯи маҳину дилнишинро, ки нохост навое ширинро ба ёд меорад ва ҷонро бедору танро ба чизе умедвор месозад, дар гулҳои дигар намебинам. Барои ҳамин назди дарахти себ рафтам, шохаҳои пургулаша бӯидаму бӯсидам ва хоҳиш кардам аз ман наранҷад, як панҷа аз гулаш бидиҳад. Кулчасеб аввал розӣ нашуд, тарсид, танаш ларзид, анбӯҳи гулҳо гӯё ба гиря омаданд. Ман ӯро мефаҳмам, гулҳо фарзандони навзоди ӯянд, ки бояд ба воя расанд, себҳои ширин шаванд, ташнагии одамонро шикананд. Ман ҳеч гуна гулро кандану озурдан намехоҳам, аммо дилам дармеёбад, ки шумо дар ун дуриҳо пазмони обу хоки Мокону бӯи гулу гиёҳу дарахтонаш ҳастед. Инро ба дарахти себ гуфтам, розӣ шуд, як шоха аз гулаш бахшид...”                                                 

Фарҳоди Озод он гоҳ, ки аз гулу бӯи гул ин гуна хаёлбофӣ мекард, ногаҳ Инессаро ба ёд овард ва ба ҳайрат омад, ки аз рӯзи марги Ҳамдами Одина ба ин сӯ ӯро фаромӯш кардааст. Аммо нохост дарёфт, ки ёди зан дар хобу бедорӣ ҳамеша ҳамроҳаш будааст, андешаву афкораш ба вай мепайвастааст ва ин гуна дар ангораи номаи беном фурӯ рафтану дунболи он гаштанаш низ баста ба ин савдо аст, зеро дар сару сурати духтараки гумном, ки вай аз нахи хаёлаш бофтаву тофта буд, ҳамон пайкари зебои Инесса дида мешуд. Ва он рӯз Фарҳод, пас аз рӯзҳои дарози набард бо андешаҳои равонфарсо, саранҷом хулоса кард, ки ёди зан дар мағзи дилаш сахт нишастаасту наметавонад онро нодида гирад. Он рӯз дар роҳи аз деҳа ба шаҳр ҷавонмард ниҳоят дар рӯбарӯи виҷдону имонаш истод ва иқрор кард, нерӯи он хоста, ки аз дилаш бармехезад, тавонотар аз онҳо аст. Фарҳоди Озод борҳо ин дуро ба шоҳидӣ хондаву хост он эхсосро рад кунад, аз дил ронад, аммо дасташ кӯтаҳ буд, намешуд. Забонаш намегашт ба худ бигӯяд, ки Инессаро дӯст медорад; ин гуна суханро ба забон овардан гуноҳе бузургу нобахшиданӣ ва хиёнате гӯшношунид буд назди ӯ. Аммо ранҷе ки ин эҳсос дар танҳоӣ ва ҳангоми зану шӯро дидан дар тану ҷонаш эҷод мекард, тозаву нав буд, ҳар бори ба он расидан пиндор ба ҷаҳоне пинҳону розолуд раҳ мебурд. Ва шигифтангезтар аз ин он буд, ки эҳсоси вобаста ба зан умеду бовари номаҳдуд меовард, нерӯи фаровон аз ниҳодаш фаввора мезад ва ногаҳ дунёи даврубараш фароху зебо мегашт.

Он рӯз ӯ фурӯрафта дар эҳсосу андешаҳои вобаста ба номаву гулу духтараку зану бӯи тану аз ин чизҳо надонист рӯз чи гуна ба поён расид. Саманд наздики офтобшин паси дарвозаи почта истод, Фарҳод пеш аз он ки аз асп фурояд, гардан ёзида ба ҳавлӣ нигаҳ андохт; дар анҷоми роҳрав мошине нав истода буду Андреич бо як тани дигар гуфтугӯ мекард. Нимтанаи ғафси рангпарида қади ҷавонмардро кӯтаҳ нишон медод. Вай бо камарбанде фарох миёнро аз рӯ баста буд. Нимтана ба тани сергӯшти ӯ рост намеомад, зери каш танг афтодаву дастҳоро андак бардоштаву сохти исти мардро ба хурӯси дар ҳоли ҷанг монанд мекард. Сарутан ва чи гуна истоданаш аз он мегуфтанд, ки вай то дами расидани Адреевич саргарми мошин буду инак сӯи он ишора кардаву аз чизе ба мудири почта шикоят мебурд. Дар андоза ба тани фарбеҳ рӯи ҷавонмард хурду лоғар метофт ва нохоста ин андешаро мезод, ки пурии пайкар пайванд ба кадом беморие дошт. Вале нигоҳи бедору чашмони сиёҳаш аз дили нарму сиришти шӯху гармаш мегуфтанд. Андреич он рӯз хаставу дилшикаста менамуд, пиндор болои баландаш аз вазне нодиданӣ андак хам шуда буду аз нигоҳаш андӯҳи пинҳони дилаш хонда мешуд. Ҳангоме ки Фарҳод ба онҳо наздик омад, мудири почта дасти ӯро ба каф гирифтаву шодбош гуфт, ки саранҷом почтаи деҳа низ мошиндор шуд, сипас рӯ ба ҷавонмарди ношинос намуд:

-Ин кас Вартанян, ронандаи ҳамин мошинанд.

“Вартанян” ба гӯши Фарҳод чун “Вартан” расид ва дигар ӯ то вопасин рӯзҳои дидор ӯро ин гуна ном мегирифт.

8

Фарҳод баробари по даруни дарвоза ниҳодан дарёфт ин ҷо чизе намерасад, кадом нуре аз дару даргоҳ паридааст, нерӯе аз гулҳо рафтааст, фазою ҳаво холӣ гаштааст ва ба ҳар сӯ ки нигоҳ мекунад, ногузир ба яъсу навмедӣ бармехурад. Хонаву боғ он рӯз сарду зананда менамуданд, пиндор аз сарчашмае, ки ба онҳо гармиву нуру рӯшноӣ медод, канда шуда буданд. Фарҳод ҳангоме ин чизҳоро ошкор сохт, ки бовар кард Инесса дар хона нест, имрӯз ӯро намебинад. Зеро будани занро ҳамеша баробари кушодани дарвоза нахуст ҳамон бӯи тавонову тундрав, ки бо расиданаш дили ҷавонмард бозӣ мекарду нафасаш танг меомад, мегуфту сипас шукӯҳу оромии вежае ки вай танҳо ин ҷо, дар ин хонаву дар медиду пай мебурд. Инак на ин буду на он.

То он дам, ки онҳо ба хонаи хоб рафтанд ва чун ҳамеша кадхудо барои меҳмон канори кати худ ҷогаҳ андохт, ҳеч кадом аз ин боб лаб накушод. Он шом Андреич оҳиставу бешитоб ғизо пухту хон кушод ва то тавонист худро осудаву ором нишон дод. Аммо камтарин ҷунбиши андом дар пайкараш ва ранги нигоҳу лаҳни овозаш аз ошӯбу исёни даруну дарду навмедии дилаш мегуфт. Дида мешуд вазни бар шонаи дилаш нишаста дам ба дам меафзуд ва мардро ночор ба лаб кушодан менамуд. Вай пас аз он ки чироғро кушту даруни ҷогаҳ шуд, нахуст гапро ба сӯи чи гуна фардо ба деҳа расонидани мошин бурд, аз куҷову кӣ будани Вартан гуфт ва ноаён шиква оғоз кард, ки зиндагӣ ҳамеша дар соатҳое ки вай гумон мебарад инак ба оромишу осоиш расидааст, ба ӯ силӣ мезанад, кавореша пур аз заҳру комаша талх мекунад. Ҳангоме ки нав хонаву дар сохтаву нафаси осуда кашидан оғоз карда буд, ҳамсараш бемор шуду мурд ва бо меҳрубонии Худо дасти сарнавишт Инессаро ба ӯ рӯбарӯ намуд. Вай дар канори ин зани зебо аз хушбахттарин марди дунё медид худро, аммо камбуди фарзанд дам ба даму рӯз ба рӯз аз меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба шӯ мекосту ба сардии дилаш зам месохт. Ин ҳол ба гунае дили ӯро меозурду навмедаш менамуд, ки гоҳо ба баҳонае дар таҳхонаи торику сард мерафт, дарро мебаст ва то холӣ гаштани дилаш гиря мекард. Ин лаҳзаҳо бештар модарро ба ёд меовард ва бо алам нола мезад, ки агар инак ӯ зинда мебуд, мерафту суфраи дилро пешаш мекушод, сар дар оғӯшаш мениҳод, бӯи аз кӯдакӣ барояш азизу ошноро мешамид, дастони шахшӯлашро мебӯсид, ба чашмонаш мемолид ва орому осуда мегардид. Аммо акнун дар ин ҷаҳони хашину ба кас бадбин куҷо меравӣ, оби чашму зардоби дилро пеши кӣ мерезӣ? Беҳтарин ҷо ҳамин таҳхонаи торику сард аст. Ду ҳафта пеш Инесса гуфт модарамро сахт пазмон шудаам, мехоҳам чанд рӯз ҳамроҳаш бошам. Имрӯз хат омад, “дигар барнамегардам” набиштааст. ”Занҳо ба чашми мо нарму нозук метобанд, дар асл хӯи ҷангу дили санг доранд”, хулоса кард Андреич он шаб.

Ҷавонмард андаруни торикӣ бо чашмони кушода гӯш ба ангораи марди шикастадил дода, бори дигар сурати зану бӯи танашро дар хаёлаш зинда кард, вале аҷиб он буд, ки инак он ёд ҳеч гуна ҳиссе дар дилаш ҷо накард, ба ҳаяҷонаш наовард, тарозуи танашро нашкаст. Ангор мард аз зане бегона ба ӯ мегуфт, вай ҳеч гоҳ ӯро надидаву овозашро нашнида буд. Шояд ин ҳол пайомади оромии рахнанопазире буд, ки дунболи ногаҳ аз набудани зан огаҳ шудан дарандарунаш нишаст, дарку дарёфтро кунд кард ва ӯ оне чанд ба овардубурди дунёи давру бараш бегона гашт. Зеро ҳар бор, ки ба дарвозаи почта наздик меомад ва дидор бо занро пеши чашм меовард, саропо ҳаяҷон мегашт, садои ноорому тунд задани дил ба гӯшаш меомад, мушакҳои китфу бозую тахтапушташ таранг мешуд, мадори дасту пояшро мебурд ва он гаҳ, ки ӯ бозпас аз дарвоза мебаромад, ба одами рӯз то бегаҳ каландзада монанд меомад; боре сангин буд дар наздикиҳои Инесса гаштану ун ҳолро ошкор накардан. Инак хабари рафтану дигар барнагаштани зан ба ҳоле овард ӯро, ки пиндор танаш аз матое мурда бино шуда буд, тапиши ҷаҳони зинда раҳ бар он намебурд. Вай гумоне шод шуд, ки аз ин ба пас ҳангоми бо Андреич гуфтану гирифтан ангезаву андешаҳои пинҳон ғам намедиҳандаш дигар, ҳам дарди виҷдон намекашад, нигоҳаш аз ӯ намерамад. Аммо ин ҳама дер давом накард.

Паҳлӯ гаштану оҳи сард задани Андреич то дер ӯро бедор дошт, нимашаб, ҳангоме ки ногаҳ чашм кушод, ангошт хонаи танаш оганда аз дарде гарм гаштаасту камтарин ҷунбиш озораш медиҳад, ранҷ меоварад. Вай ин гуна тунду тез омадани ҷӯши аламро бори нахуст медид; аламе жарфу сарду номаҳдуд аз ин чунин ногаҳону зуд гум шудану бебозгашт рафтани даме, нафасе, оне ки тору пудаш аз шодиву фараҳу ҳаяҷону дарду ранҷу шарму ошуфтагиву интизорӣ танида шуда буд, бо расиданаш андешаву эхсосаш бедору ҳушёр мешуд, садгуна рангу бӯи зиндагиро ба ӯ менамуд, ба сӯи такопӯю ҷустуҷӯяш мебурд. Ин армуғонро ҳамон як дами Инессаро дидану бӯи атрашро шамидан оварда буд. Он нимашаб ҷавонмард барои пинҳон доштани гиря сар андаруни кӯрпа зад ва ёди зану бӯи танашро ба гунае дар даҳлези дилаш ҷо кард, ки аз он ба пас ҳар занро, ки медид ва ҳар бӯро, ки мешамид, нохоста ба он ду андоза мекард ва ин гуна бӯю мазаи эхсосҳои ҷавониро аз сол ба сол меовард, ҷойгоҳашонро болотар мебаровард. Он рӯзҳою он лаҳзаҳо монанди мино дар каронаи рӯди зиндагии ӯ буданд, ки ба ҳангоми навмедию ғам аз оғӯши мавҷҳои маргбор берун мекашиданд, роҳи раҳоиро менамуданд. Шояд барои он чунин аст, ки он эҳсосҳо софу покизаву озод буданд, такя бар ҳадафе намезаданд ва аз ҷаҳоне ба ӯ мегуфтанд, ки тозаву нав буд, рангу бӯяшро танҳо ҷон медиду мешамиду пай мебурд. Ва боз он рози пинҳони як ӯ буд. Он гоҳ худро ҷудо аз тӯда медиду нотарс ба чашми одамон менигарист, ки дармеёфт чизеро дораду аз чи гунагиаш медонад, ки дигарон надоранду намедонанд...

Рӯзи дигар, ҳангоме ки пагоҳони зуд аз хоб бедор шуд, андешаву эҳсосҳои шабона рафтаву ҷои он дарёфте монанд ба шарму пушаймонӣ дар хонаи дилаш нишаста буд. Дар гуфтугӯю гирумони Андреич низ аз ошуфтагию парешонии дина нишона дида намешуд, танҳо чеҳраи пажмурдаву пилкҳои сармохӯрдааш аз бехобиву ошӯби дарунаш мегуфт. Ба назар чунин меомад, ки ӯ низ аз сустниҳодӣ ва назди ҷавоне шикваю шикоят бурдан аз зиндагӣ пушаймон аст. Пеши рӯи якдигар истодан инак нороҳатӣ меовард; ин ҳол бештар Фарҳодро даступоча мекард, гӯё кадом гуноҳи пинҳонаш ошкор гашта буд, ки наметавонист нигаҳ ба рӯи Андреич бурд. Хомӯш гирди хон нишаста буданд. Сукути дар миёна афтода дам ба дам сангинтар мегашт, ғизо бадушвор аз гулӯшон мегузашт. Садои ногоҳи мошин аз берун тангии фазою ҳаворо ногаҳон фарох намуд ва Андреич пиндор ба Фарҳод нею ба ронанда мегуфт, ки бо овози баланд гуфт:

-Аспа чи хел ба мошин бор мекунем?

Фарҳоди Озод зуд дунболи ин гап нарафт, вай нахуст саҳнаи мошинсавор ба деҳа расидану бо сари баланд аз миёни тӯдаи ҳаяҷонзада гузаштану нигоҳҳои ҳавасу ҳасадро ба сӯяш кашидану аз шодиву ифтихор пур шудани хонаи дилу дар курта нагунҷидани танро пеши назар овард, нафасе жарф зад, сипас гӯё кораш ҳаррӯз осон кардани ин гуна душворҳо буд, ки ором рӯ ба ҳамроҳаш намуд:

-Берун аз шаҳр мошина зери ягон вот мефурорем...

Андреич пеш аз он ки дар кабина паҳлӯи Вартан нишинад ва онҳо ба ҷустуҷӯи вот раванд, Фарҳодро ба кӯз* баровард, аз сандуқи дарозе ки дар пешгоҳ истода буд, халтаи брезентиро берун овард ва ҳушдор дод, ки аз ин ба пас ӯ номаҳоро аз сандуқи почта мегираду дар ин халта меандозад ва бозпас онро дар сандуқи рӯи мошин мениҳад. Аз шаҳр низ номаҳо дар ин халта ба деҳа мераванд. Як сол пас, ки ҳизбу ҳукумат маъракаи обунаро пиёда сохтанд ва Фарҳоди Озод аз пешдастони он буд, халтаи рӯзномаҳо низ ба он ҳамроҳ шуд. Рӯи ин халтаҳо ба ҳарфҳои бузурги сурх “Мокон” набишта шуда буд. Аммо он рӯз вай аз тамошои мошин сер намешуд. ЗИС нав аз завод баромада буд; кӯзи чӯбиву кабинаи филизиаш бӯи ранги тоза ва ҷаҳоне бегона мекард, аз резини чархҳояш низ бӯе тезу такондиҳанда ба машом мезад, аммо бештар чароғҳои мошин ҳаваси Фарҳодро меовард; ду ҷуфт чироғи хурду бузургро дасте бо нерӯе тавоно базӯр аз тани мошин берун кашида буд гӯё. Аҷибтар аз ин, шишаи чироғҳо монанд ба ду коса оби дар ҳоли лапу ларз яхбаста менамуд ба назар. Чизи дигар, ки мошини почтаро аз мошинҳои то он рӯз дидаи Фарҳод ҷудо мекард, боми тунукаӣ, набиштаи пешонӣ ва хатҳои дарозу сапеди ду паҳлӯяш буд. Боми гумбазгуна, ки сандуқи номаву рӯзнома зери он меистод, то ба ними кӯз меомад, рӯи девори ин бом, ки аз кабина андак боло мебаромад, бо ранги сапед “почта” набишта шуда буду ду хати фароху дарози паҳлӯҳо ба шукӯҳу шаҳоматаш меафзуд.

Он рӯз, пас аз он ки Самандро осон бор карданду Андреич пас рафт ва Фарҳод паҳлӯи Вартан нишаст, вай қиссаи зиндагиашро аз он оғоз кард, ки гуфт онҳо аз нахустинҳое будаанд, ки дунболи пирӯзии ҳукумати шӯравӣ нахуст ба Самарқанду пас ба ин ҷоҳо омадаанд. Вай дар Самарқанд зода шудааст. Падарам ҷангалбон буд, ин кӯҳҳою бурсзоронашро дӯст медошт, зеро дар онҳо монандие ба фазою ҳавои Арманистон меёфт. Ҳушу ёди ман аз кӯдакӣ ба илму фан банд гашт, вале ҳунарам аз ронандагӣ он сӯ нагзашт. Аммо ман пушаймон нестам, мошину бӯи бензинро дӯст медорам. Мошин ҳам махлуқе зинда аст, навозишу накӯҳишро ҳис мекунад, ҳар андоза ғамхориву дӯстдорӣ бинад, ба ҳамон андоза посух мегӯяд ва забони худро дорад; забоне печидаву душвор. Маро бас аст як он гӯш ба овози мошин диҳам ва бигӯям, ки гурусна аст, ташна аст, захм бардоштааст ё хаста асту фароғат мехоҳад. Ман ҳатто шодиву ғам, хашму алам ва хандаву гиряи мошинро ҷудо кардан метавонам. Дар дунё чизе беҳис нест, ҳама ба андозаи қимату ҳиммати худ дар тапу талошанд. Дар мактаби мо омӯзгоре буд солхӯрда ва ангораи дӯстдоштааш ин буд, ки мегуфт қабилаҳои ваҳшии Африқо ба дарахт чун ба одам гап мезананд. Дарахтҳо ба онҳо аз кай омадану ба кадом сӯ рафтани душман ё сайд мегӯянд. Зеро, мегуфт ӯ, онҳо дар оғӯши табиат ба сар мебаранд, онро беш аз модар дӯст медоранд, озор намедиҳанд, ситам раво намебинанд, ҷафо намеукунанд. Табиат сахт намакшинос аст, ба нек посухи нек медиҳад... 

Вартан ҳамсоли Фарҳод буд, барои ҳамин масофаи миёнашон зуд бардошта шуд. Вай он рӯз ҷавонмардии табиату забони мошину дарахтону забондонии худу африқоиҳоро ба гунае меовард, ки мегуфтӣ афсонае зебою барангезанда қисса мекард. Ва ногаҳ шодона даст ба китфи Фарҳод зад ва аз сӯи дигар омад:

-Ту маталак медонӣ?

Ҷавонмард гӯш ба ангораҳои ронанда додаву ҳамон аз чи гуна ба деҳа омадану ҳангома сохтани мошин андеша мекард. Барои ҳамин, то он гоҳ ки онро гусасту хост гӯяд на маталак медонаду на овардан метавонад, аммо дар деҳа Бурсшоҳ номе ҳаст, ки аз ҳеч мазҳака месозад, шӯхиву ханда мебофад ва рехти рӯю сохти хӯяш ба гунаест, ки ночор табассум бар лабу меҳр ба дил меорад, вале Вартан, шояд  пурсидану нигарони посух нашудан аз одаташ буд, ки бо ҳаяҷон гуфт:

-Ман матлакои тоҷикия дӯст медорам. Мехоҳӣ чандто бигӯям?

-Гӯ.

Муллонасриддин ҷанда ба бар ҳаммом омад. Ҳаммомӣ ба безорӣ таште шикаставу порасобуне хоколуд додаш. Мулло дар ҷавоб як тангаи тило дод ба вай. Рӯзи дигар дар либоси шоҳона ба ҳаммом даромад, ходим ташти наву собуни хушбӯ дар даст ба таъзим истод наздаш. Мулло пашизе ба ӯ дароз кард: ин музди хидмати дирӯза аст, тило барои хидмати имрӯза буд...”

Вартан то даме маталак гуфт он рӯзу ҳарду хандиданд, ки ногаҳ худро дар домани Вачағна диданд. Ин ҷо, пас аз гардише кӯтоҳ барози дароз сар мешуд ва порае аз роҳро сел кандаву бурда буд. Ин роҳро солҳои пас аз ҷанг рустоиҳо бо белу каланд барои овардани тарактор сохта буданд. ЗИС аз шумори мошинҳои андаке буд, ки гоҳу ногоҳ аз ин роҳ боло мешуданд. Вартан мошинро нигаҳ дошт, як дам вазни танро рӯи чанбари фармон андохт, бо дареғ нигаҳ ба роҳи вайрон баст, сипас чобук аз кабина фуромад, нимтанаро кашид ва белро ба даст гирифт. Фарҳод аз дирӯз, аз дами дар саҳни почта ба Вартан дучор омадан то ин дам, ҳамин акнун, ҳангоме ки вай аз мошин фуромаду остинҳоро барзад, ба пайкараш зеҳн монд; банди дастҳои мард он гуна бо пашм пӯшида буд, ки пӯсташ дида намешуд ва низ як даста мӯ аз чоки гиребонаш берун давида буд. Ҷавонмард нигаҳ ба пайкари ронанда баста як дам мактабу Дарвину маймуну одамро ба ёд овард, нохоста чашмаш ба Саманд зад, ки ошуфта ба ҳар сӯ нигаҳ мекард; рухдодҳои баста ба сандуқи почтаву он шаби дури сарду пурбарфу ҳамлаи гургҳо дар мағзаш зинда гашт ва ногаҳ андеша кард, ки ин пораи раҳ ҳамеша барояш нобобу хатарнок будааст. Сипас онҳо дамбадам белро навбат карданд, санг оварданд, курсӣ бардоштанд, хок андохтанд, роҳро ҳамвор сохтанд. Вартан бозпас пушти фармон нишаст ва аз Фарҳод хоҳиш кард, ки агар ногаҳ нафаси мошин гардаду пас равад, вай зуд зери чархаш санг ниҳад. Ҷавонмард канори раҳ чанд санг омода кард, мошин оҳиста пеш омад, андак рафт, вале чархи пас дам ба дам дар хоки нарм фурӯ мерафт. Вартан забонаи газро гаҳе сар медоду гаҳе зер мекард, ҳамзамон мошин пешу пас мерафт, чарх дар ҷои ист давр мегашт, бӯи резини сӯхтаву дуд боло меомад.

Онҳо саргарми мошин Самандро фаромӯш карданд. Асп то он гоҳ ки мошин нарму ҳамвор мерафт, орому осуда буд, вале аз дами дар обканда дармондану пешу пас рафтану такон хӯрданаш ошуфта шуд, нафас тоза кардаву сар афшонидаву худро аз сӯ ба сӯ мебурд. Ва боре, ки Вартан ногаҳ педали газро раҳо кард ва мошин башаст пас омад ва дар чола заду сахт такон хӯрд, Саманд тӯрид, лагомро канд ва худро аз кӯз ба зер афканд. Аз домани ағба, дар жарфно рӯде шӯх ба сангу харсангҳо хӯрда мерафт. Саманд ҳамонгуна, ки ба замин задаву калапатара шуда буд, поин ғелид ва аз пас чанги хокро боло овардаву дар жарфно нопайдо гардид. Ин рухдод он гуна ногаҳону зуд буд, ки он ду гоҳе чанд ноҷунбону бесадо ҳангуманг монданд, сипас бутаҳоро доштаву ба сангҳо часпида аз паси асп тохтанд.

Ҳангоми аз партгоҳ ба зер афтодан, баробар ба зудии ғелидан вазни Саманд афзудаву ба ҳамон оҳанг ба дарё зад ва дар миёни ду харсанг банд омад. Сару гардану дастҳо берун аз об буданду талоши аз банд раҳидан мекарданд, аммо нимаи дигари тан намеҷунбид. Чашмҳои сиёҳи асп чунон равшан ва лабрези тарс шуда буданд, ки мегуфтӣ ҳамин ҳоло аз косаи сар берун меҷаҳанд ва аз тани озурдаву дардманд фирор мекунанд. Ронандаву хаткашон ба душвор аспро аз даҳони сангу миёни оби сард берун кашиданд. Дида мешуд, ки устухони косу сутуни пушт шикаста буд; Саманд мекӯшид сари по шавад, аммо тан дар фармонаш намеомад. Ҳар бори зӯр задан дарди устухонҳои шикаста ҷонгудоз меомад магар, ки параҳои бинӣ монанди ду ҷондори гирифтори тала башаст мехестанду менишастанд, нолишу шиҳа якҷо аз гулӯяш мебаромад, танро ба ларзаву ҷонро ба лаб меовард. Асп тани афгору дардмандашро ҷое бурдану аз чашми ун ду пинҳон кардан мехост гӯё, ки зӯр задаву замин ба дандон газидаву канор мерафт; дард ба гунае гарм буд, ки ҷонвар тавони ором истодану сабр карданашро надошт. Вартан гуфт:    

-Азобаш сахт, сараша бур.

Ин сухан он гуна ногаҳону зананда омад ба гӯши Фарҳод, ки вай даме чанд лаб натвонист кушод. Оё мешавад аспи колхозро сар бурид? Ва ногаҳ Ҳамдами Одинаву рӯзи нахусти аспсавор ба шаҳр рафтану корди миён ба ёдаш расид ва он гуна дилаш сиёҳу хонаи танаш пур аз алам гардид, ки бадард зери лаб ғурунгид “кош ҷои раис ман мемурдаму ин рӯза намедидам.” Сипас оби ашки дар гулӯ банд афтодаро фурӯ бурд ва рӯ ба сӯи Вартан намуд:

-Наметонам...

Он дам, ки Вартан базӯр корд аз дасти ӯ ситонду по сӯи Саманд монд, Фарҳод дид асп ногаҳ ором гардид, сар боло овард, такя ба дастҳо зад ва нигоҳи лабрез аз яъсу навмедӣ ба ситеғи Даврич баст. Шояд Саманд сар омадани зиндагиро дарёфт, донист ки анҷоми роҳ ҳамин болини сахти сангу оғӯши сарди дарё будааст ва дигар ӯ ҳеч гоҳ ба по намешавад, аз роҳи бағали ағба намеравад, дар чаманзори сабзу хуррам намечарад, офтоби нарми баҳор аз пӯсту гӯшт гузаштаву хунашро ба ҷӯш намеоварад, устухонҳояшро гарм намесозад, шамолаки раҳгузар танашро наменавозад; ин вопасин дидори ӯ бо офтобу осмону боду рӯду кӯҳ аст. Барои ҳамин, чунин пазмону ташна ба манзараҳои ошно менигарад, бо онҳо хайрбод мекунад. Аммо ногаҳ ангораву андарзҳои Ҳамдами Одина аз боби аспу хидматҳои асп ба ёдаш омад, ки рӯзи ӯро ба хидмати почта гуморидан кардаву дар анҷом гуфта буд: “Аз шумори ҷонварон сагу асп хислату хӯе доранд, ки гоҳе ин дуро аз радаи ҳайвонҳо мебарораду ба радаи одамон медарорад. Сагу асп монанди одам андеша кардану ақлро кор фармудан метавонанд, ба ҳаяҷон меоянд, шодӣ мекунанд, ғамин мешаванд, дарду андӯҳи одамро дармеёбанд, дар чи ҳоле буданашро мефаҳманд. Ин ҳамаро ман аз нигоҳи онҳо пай мебарам; ҳангоме ки ба чашми асп ё саг менигарам, гӯё пеши рӯям як тани дар ақлу фаросат баробар ба худамро мебинам ва ногаҳ ҳис мекунам нигоҳҳои аспу саг мегӯянд, мо низ чун туем, танҳо суратамон дигар аст...” Нигоҳи олуда ба дарду ранҷи Саманд ин гуна давру бараш мегашт ва Фарҳод ин лаҳзаи дурро ба ёд овардаву дарёфт агар он нигоҳ ногоҳ бар нигоҳаш хурад, вай наметавонад онро сабр кунад. Лаби дарё рафту пушт бар асп нишаст, сар миёни даҳ ангушт овард ва дигар гиряро натвонист саришта кард.

Мошини почта он рӯз соати 12 назди бинои почта расид ва аз хурду бузург, ҳар кас ки ҷони гарм дошту метавонист гом бар гом ниҳод, ҳамаро он ҷо кашид. Ҳар кадом аз онҳо мехост рӯи мошин барояд, кабина дарояд ё агар ин кор даст надиҳад, наздик ояду даст ба он расонад. Вартан ба душвор ЗИСро аз тохти онҳо паноҳ месохт. Марги Саманд аммо сури он рӯзро ба мотам бадал сохт барои Фарҳод. Пас аз гузашти солҳо, ҳар гоҳ ки ин рухдодро ба ёд меовард, танҳо чеҳраи ҳамон ҷавонак пеши чашмаш меомад, ки ними сараш мӯ дошту ними дигараш надошт. Шояд барои он аз ун сарусадо танҳо ин дам дар ёди Фарҳод монда буд, ки вай он рӯз ногаҳ миёни тӯдаи ҳаяҷонзада ҷавонакро дидаву чи гуна бо расидани хабари мошин аз зери дасти модар, ки мӯи сарашро метарошид, раҳо шудану гурехтанашро пеши чашм овардаву як он савдои аспро фаромӯш карда буд. Вале шигифтангез ин буд, ки бо фаро расидани марги Саманд дар дафтари зиндагии сокинони Мокон сафҳаи тоза боз шуд; аз он рӯз ба пас мошин почта дар ҳафта панҷ рӯз соати дувоздаҳи расо, на беш, на кам, назди бинои почта мешуд. Ва ин ҷо омадану истоданаш 30 дақиқа беш набуд. Ин гуна дақиқ омадану рафтани мошини почта ба гунае дар зеҳни мардум нишаст, ки гоҳе замони рухдодҳои ёдмонро дар зиндагиашон ба он пайванд мезаданд. Вартан ин реҷаро чи гуна месохту нигаҳ медошт, худаш медонисту Худо, аммо ҳар бори омадани ӯ, то ним соат пеш одамони беш аз ҷумлаи омӯзгорону коргарони шӯрои ҷамоаву раёсати колхозу онҳое ки ба ин идораҳою дигар ҷоҳо омада буданд, интизори ӯ мешуданд. Нахуст Фарҳод пешвоз мебаромад, Вартан аз болои мошин ду халтаи бризентро, ки дар яке номаю дар дигаре рӯзнома буд, ба ӯ медод. Ҳама аз паси Фарҳод ба бинои почта медаромаданд, Вартан давру бари мошин мегашт, лагад ба чархҳояш мезад, сустиву сахтиашонро дунбол мекард, сипас аз кисаи паҳлӯи дар латтаро мегирифт, чароғҳою шишаҳою моторро тоза мекард. Ва ин корро ба гунае озодаву оҳиставу бешитоб мекард, ки мегуфтӣ чизе эҷод мекунад, асаре меофарад. Ва он дам, ки латтаро бозпас дар ҷояш мениҳад, Фарҳод як халтаи холиву як халтаи нимахолӣ дар даст по аз дари почта берун мегузорад; ронанда аз бурдани халтаҳо то додани номаҳою рӯзномаҳои овардаашу бозпасгирифтани номаҳои аз ин сӯ вақтро ба гунае дуруст ёфтаву дарёфта буд, ки дақиқае хато намешуд. Ва ин кор солҳои дароз, то он гоҳ, ки ногоҳ кишваре воҳиду тавоно ба дасти хиёнати чанд кавдан аз миён рафт, ба даҳҳо кишвараки бечораву нотавон бадал гашт ва дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ба ҳамин сурат буд: мошини почта соати дувоздаҳ ба Мокон меомад, соати дувоздаҳу ним аз Мокон мерафт; ҳеч гуна рухдоди заминиву осмонӣ ин назмро вайрон намекард.

Вале он рӯз марги нобаҳангоми Саманд ба номи Фарҳод доғ овард, ӯро ба бепарвоиву хиёнат ба моли давлат гунаҳкор кард ва агар Андреич набуд ва хидматҳои ӯро дар бунёди почтаву раҳандозии кори он ба додситониву додгустарӣ намебурд, бегумон ҷавонмард солҳо зиндонӣ мешуд. Ҳамин тапу талоши ӯ буд, ки додгоҳ Фарҳодро танҳо ба рехтани моҳонаи нимсолааш ба хазинаи колхоз ҳукм намуд. Барои ҳамин, се моҳ пас, он рӯз ки Вартан номаи хайрбодии Андреичро овард, Фарҳод ангошт осмон бар сарш фуруд омад, вопасин хонаи умед вайрон гашт, ягона дӯсту ғамхор ба таври ҷовидон аз ӯ рафт. Андреич набишта буд: “Азизам Фарҳод! Инесса барнагашт, танҳоӣ гарон омад. Ночорам аз дунболаш биравам. Медонам дилат поку виҷдонат бедор аст ва сари баландат пеши ҳеч гуна душвор хам намешавад, аз ин рӯ осудаву оромам ва ҳамеша чунин буданатро мехоҳам...”

Фарҳод номаи Андреичро то ба поён наовард; ногаҳ рӯзи нахусти дидор бо ӯву Инесса ёдаш омад, садоҳои давру бараш зуд гум шуд, нафас дар синааш гираҳ хӯрд ва равшан дид, чи гуна сӯзише андак аз мағзи сутуни пушт берун омад, дар мушакҳо ба дард бадал гашт ва ба сурати оби ашк дар гулӯяш нишаст. Фарҳод кӯшид онро фурӯ барад, роҳи нафасро боз кунад, садоҳоро бозпас орад, чеҳраи Андреичу Инессаро дар сафҳаи нигоҳ кӯр кунад, вале аз жарфнои танаш нерӯи саркаши аламу дард фаввора мезад, онҳоро диданитар мекард, ашкро ба сӯи чашмонаш меовард, ҳамзамон хонаи дилаш пур аз яъсу навмедӣ мегашт. Шигифтангез ин буд, ки он дам ба ҳар чи нигоҳаш мехӯрд, бечораву ғамзадаву ҳузнангез менамуд, ба алами дилаш меафзуд. Зеро гумкардае буд он, ки мешуд ба ёдаш ноларо то ба фалаки атлас бурду гӯши осмонро кар намуд. Кист дигар чун Андреич, ки ҳар душвори ба сар омадаро наздаш бубарӣ, аз нақси дунёву ситами зиндагиву носипосии одамҳо бигӯӣ, ёриву дастгириву ғамхорӣ бихоҳӣ. Ва ӯ ҳамеша бо тамкину шукӯҳе вежа, ки дарахте тановару деринаро ба ёд оварад ва дар дилат умеду бовар ҷо кунад, туро бишнавад, ростро аз дурӯғу дурустро аз нодуруст ҷудо кунад ва саранҷом ҳушдор диҳад: “Ҳеч кор бедушвор нест, онҳое душвор надоранд, ки аз кор безоранд...” Танҳо ҳамин Андреич дар додгоҳ сарбаланду нотарс дар канори Фарҳод истод ва ба гунаҳбандиҳои додситон, ки мегуфт “чаро аспро ба пои худаш ба деҳа набурдӣ, моли давлатро ки ҷони давлат аст, фидои ҳавову ҳаваси мошинсавориву худнамоӣ кардӣ?” посух гуфт:

-Аспа ман ба мошин бор кардаму ина канори ронанда шинондам; вай бе раҳбалад наметонист ба деҳа ояд...

Ва Фарҳод аз чанги додситон осон раҳо гашт.

9

Ду моҳ пас аз ин рухдод, раиси нави ҷамоа, ки пас аз марги Ҳамдами Одина омада буду ба гуфтору пиндору рафтор ҳама ӯро рад менамуд, хеши камбудаш Шамшоди Якдастро мудири почта таъин намуд.

Дасти чапи Шамшод ангушт надошт. Вай инро чун нишони мардӣ дар майдони ҷанг пеш меовард, аммо ҳамдеҳон мегуфтанд, ки дастро аз тарси марг худ ба марг ҳукм карда буд. Ин сӯи кори ӯ равшан набуд, вале даст ба ранге буд, ки мегуфтӣ ангуштҳоро даҳони анбуре бузург гир овардаву базӯр тоб додаву нимашонро кандаву нимаи мондаро ғунча кардаву дар каф ниҳодааст; муште камбуду шигифтангез сохтааст, ки ҳеч гоҳ боз намешавад. Пӯсти ин мушти сахт ҳамеша сурху тобон буд, пиндор захм шифо наёфта буд, рӯяш пардае нозук давида буду ҳамин акнун хунаш равон мешуд. Ҳангоме ки нигоҳи кас бар он мехӯрд, нохоста устухони осемаву бераҳмона шикаста пеши назар меомад, бар андешаву эҳсоси кас такон мезад, дарёфти безориву нафрат бабор меовард. Остини ин даст мудом барзада буд, ҳангоми роҳ рафтани мард сахт алвонч мехӯрд, чи гунагиашро менамуд, чи касе буданашро ба одамон мегуфт; дар ҳоле ки дасти дуруст ором буд, аз остин низ берун намешуд...

-Замона дигар шуд, ту одами нохонда ва...

Дунболи “ва” чи буд раис нагуфт, вале Фарҳод пай бурд ӯ аз марги Саманду ба додгоҳ кашида шудани вай мехост гуфт. “Нохонда” баҳона буд, зеро Шамшоди Якдаст низ парвардаи донишгоҳ набуд. Ҳамдами Одинаву рӯзҳои сохтмони почта ёдаш омад ва ногаҳ овози ӯ дар осмони гӯшҳояш мавҷ зад, ки дар болини марг ҳам аз сарнавишти ӯ меандешиду аз хонданаш мегуфт. Як дам ӯро бо оне, ки дар рӯбарӯяш истода буд, андоза намуд ва бидуни ҳеч гуна вохоҳиву ранҷиш гуфт:

-Дигар шудани замоная намедонам, вале мебинам одамони росту бавиҷдон аз миён мераванд...

Раис, пиндор оташпора фурӯ мебурд, ки ба худ печидаву хун бар рӯяш задаву осемаву ошуфта шуд ва саранҷом ба лаҳне зананда гуфт:

-Хаткашонӣ ҳам кори бад нест. Метонам...

Фарҳоди Озод як ҳафта аз дарвоза берун нашуд, овози такондиҳандаи раис, ки аз худхоҳиву кинатӯзиву хашмаш дарак мебурд, ҳамеша дар осмони гӯшҳояш буд: “Метонам...” Инак сарнавишти Фарҳод дар дасти ӯст, вай метавонад ӯро хаткашон монад ё батамом аз почта ронад. Ӯро ки замони ҷангу пас аз он, солҳо зери барфу борону офтоби сӯзон чун моку миёни шаҳру русто мерафту меомад, нома мебурду нома меовард, умеди умедворонро канда намекард ва дар ин роҳ борҳо рӯбарӯ ба бало омадаву чанг дар гулӯи дарандаҳо задаву ба партгоҳ фурӯ уфтодаву ангуштони дасту поро ба сармо додаву ба сад душвор бино сохтаву аз ун канори дунё дару тиреза овардаву почтаро бунёд ниҳода буд. Дуруст буд агар раис ин заҳматҳоро ба ёд меовард ва мегуфт, инак замона дигару кори почта низ бештар шудааст, аммо касе онро хубтар аз ту намедонад, як нафар хаткашон ҳам бигир. Вале як ҳафта гузашту касе ба дунболаш наомад. Боре Вартан дар ҳамон ним соат, ки бояд дар Мокон мебуд, меҳмони Фарҳод шуд. Ронанда то дами бозгашт ҳарфе аз корубор нагуфт, аммо ҳангоми падруд чуноне одаташ буд, гапро ба сӯи маталак бурд:

“Рӯзе Муллонасриддинро диданд, ки бачаҳои гузарро ҳама бар пушти хар бор карда буд ва ун бечораро чӯб мезаду пасу пеш мебурд. Гуфтанд: чи мекунӣ? Гуфт: ин гила дорад, ки ман пир шудааму бисёр вазнинам, мехоҳам бидонад ҷавонони сабуквазн чунанд...”

Ва афзуд: аз кӣ гилаву ба кӣ ситеза мекунӣ? Гумонат ғам мехуранду мегӯянд дареғ Фарҳод коргари хубе буду ба носазо аз почта ронда шуд. Чи расад ба ту, инҳо Худоро, офаридгорашонро ба ёд намеоранду сипос намегузоранд. Мағз дар косаи сар барои андеша аст; андеша кун...

Фарҳоди Озод чанде дунболи Муллонасриддину гилаи хараш рафт, сипас аз худ бипурсид, ки чаро як тан аз ҳамдеҳону ошноён, ононе ки дар миёнашон зоду бузург шуду ҷону тан ба хидматашон супурд, ёдаш накард. Нагуфт Фарҳод куҷо шуд. Мешавад ба сарнавишти кас чунин бепарво буд? Ҳамдами Одина мегуфт, ман дар зиндагӣ танҳо аз носипосиву бепарвоии одамон метарсам. Дарде бадтар ва тарсе сахттар аз дарду тарси носипосиву бепарвоӣ нест пеши ман! Шояд барои ҳамин то рӯзе буд, гуфтору рафтору кирдораш ҳама бар зидди ин ду буд; ба некии гули арзан сипос мебурд, ба сарнавишти дарахти канори раҳ бепарво набуд: агар ин ниҳолак ба дасти ситам бурида шавад ё аз беобу гармо пажмирад, дар ниҳоди мо низ сиришти зебое, нерӯи шодизое мемирад, ҳушдор медод ӯ. Сипоси фаровон Офаридгори меҳрубонро, ки дунёро холӣ аз касоне чун Ҳамдами Одинаву Андреич намекунад; рӯзе ки Вартан ба диданаш омад, ногаҳ ранги офтоб дигару дунё ба назараш зебо намуд, хонаи дилаш пур аз шодиву ованди танаш оганда аз нерӯи бовар шуд ва дар ҳоле ки ин эҳсос дар кадом нуқтае аз ниҳодаш баҳам омадаву ба меҳре гарм бадал мешуд аз худ бипурсид, ки чаро бояд аз касе биранҷад, ба кардааш подош бихоҳад, ситоишу навозиш чашмдор шавад. Магар ба фармуди виҷдон рафтан, аз фиребу дурӯғ канора гирифтан, ба дасту дили гарм кор кардан барои он аст, ки ҳамеша аз ту гӯянд, ба ту масал зананд, рафтору гуфторатро шоҳид оваранд, номатро парчам созанд, болои сар бардоранд? Ва агар чунин нашуду набуд, ту бояд мотам бигирӣ, хашм бар оламу одам бубандӣ, шикваву нола биоғозӣ, сар дар хафол занӣ ва чашмбароҳи подош гардӣ. Хӯи гадоист; ин гуна андешаву ангеза аз ангоштаву пиндоштаи гадо дур намеравад: гадо ғуломи шикам аст, ту ғуломи ситоишу навозиш. Ҳарду беморист; беморие бимангезу давонопазир. Аммо гадову худхоҳ аз он пай намебаранд, меангоранд тандурусттарин касонанд. Ҳамдами Одина мегуфт, дунё барои он вайрон аст, ки одам ба ҳама бо чашми манфиат менигарад, аз роҳи ҳирсу ҳавас меравад. Ва ҳамеша ба дарахту Офтоб масал мезад; дарахт на барои он меваи ширин бабор меорад, ки аз ӯ гӯянду ситоиш кунанд, Офтоб на ба умеди он зиндагиро барпо медорад, ки ӯро парастанду намоз оранд. Сиришти онон чунин аст: мева додан, зинда доштан...

Ин гуна андешаҳо дунболи дидор бо Вартан бар сари Фарҳоди Озод омаданд ва ӯ пеши худ гуфт, агар барои ин деҳу аҳли он коре карда буд, чаро умедвор ба ситоишу навозиши бояд шуд? Кор мекард, музд мегирифт, менӯшиду мепӯшид; монанди дарахту Офтоб заҳматаш ройгон набуд. Ва пеши худ аҳд кард фардо ба почта меравад, кифи хаткашон ба шона мекунад ва то рӯзе ҳаст, даст аз хидмати мардум намекашад. Аммо чун сапедадам аз ҷогаҳ хест хонаи танаш ҳамон дам оганда аз вохоҳиву алам шуд, оне ки дирӯз пас аз рафтани ронанда дарандарунаш бапайдо омадаву ба нодурустии андешаву ангезааш гунагуна мисол овардаву масал зада буд, пайдо набуд, аз нерӯи тану болидагии ҷонаш низ нишон дида намешуд. Вале ҷавонмард дармеёфт гуфтугӯ бо ронандаю ёд аз Ҳамдами Одинаю мисолу масалҳои ӯ батамому бенишон аз мағзу дилаш нарафтаанд, монанди он ки бӯи хуш як он эҳсосу андешаро фаро мегирад, дигар ёфтаву дарёфтаҳоро кунд мекунаду тунд меравад, вале аз ин бархӯрди ногаҳону зуд чизе чун гарди гул дар машоми ҷону тан менишинад ва гоҳу ногоҳ дарак аз хеш медиҳад ва ун саҳнаву он лаҳзаро пеши чашм меоварад. Он пагоҳ ҳамин падидаи розомез Фарҳодро ночор сохт аз садди баланди ангезаву андешаҳои дугунаву зид бигзарад, ба почта равад.

Шамшоди Якдаст, он гуна ки бозёфте ноёбро намоиш медиҳанд, дасти камбудро рӯи миз, бар тӯдаи номаҳо гузоштаву бо дасти буд ба ҳавое мӯҳр мезад, ки мегуфтӣ одам не, дастгоҳи афтамат кор мекард; фосилаи то болиштаки ранг рафтану ба нома баргаштани мӯҳр яксон буд, каму беш намешуд, садои тап-тап ба ину он хӯрданаш вазну оҳанг дошт, гӯшро менавохт. Ва шигифтангезтар аз ин дар он саҳна кори дасти беангушт буд; ҳангоме ки мӯҳр сӯи болиштак мерафт, ин даст аз шумори номаҳо якто пеш тела мекард ва баробари омадани он пас мегашт. Дастҳои Шамшод ин ҷо мухтор буданд, вақте ки ӯ бо одамон мегуфту онҳоро аз ёд мебурд низ ҳамзамон кор мекарданд ва дар ин бурду овард сари мӯ хато намекарданд. Ба Фарҳод чунин намуд, ки Шамшод ҳамин як ҳафта пеш мудири почта нашуда буд, аз даме ки ин бино ҳаст паси миз нишастаасту ин гуна бонизом мӯҳр ба номаҳо мезанад. Мард нигоҳи ӯро дарёфт ва ҳамон гуна даст аз кор бознадошта сар бардошт:

-Омадӣ?

  Фарҳоди Озод бовар кард ҳеч гоҳ бо ин мард ҳамнишину дӯст нахоҳад шуд, он гуна ки бо Ҳамдами Одинаву Андреич буд, вале аз ин дам ба пас кори почтаро низ тарк наметавонад гуфт. Зеро баробари дарун омадан пиндор мӯҳру болиштаку номаҳо бедор шуданд, ӯро диданд ва бӯи вежаву барангезандаи филизу рангро ба даврубар пароканданд ва ҳамон рӯзи дури баҳорро ба ёдаш оварданд; рӯзеро ки ба фармони Ҳамдами Одина ба меҳмонхонаи Устофайёз омадаву рӯи мизи канори дар қаламу сиёҳидону дафтару мӯҳрро дидаву ин бӯро шамидаву меҳри почтаву номаву хомаро ба таври ҳамеша дар дилаш ҷо карда буду он дар сахттарин рӯзҳо ба нерӯву бовараш меафзуд, ҳар гуна душворро осон менамуд. Ва боз, сохти исту оҳанги гуфти Шамшод дар ниҳодаш кадом хуфтаи якраву саркашро бедор кард ва Фарҳодро ночор сохт даст ба ӯ диҳаду аҳд бандад, ки то рӯзе ҳаст рӯбарӯи Якдаст меистад, бо кор бартар аз ӯ буданашро нишон медиҳад, ба ситами зиндагиву ноҷавонмардии одамон тан намедиҳад.

Ҳамон рӯзҳо буд, ки ӯ кифи хаткашон сари китф аз бом то шом дарбадар мегашт, ногузирии огаҳ будан аз рухдодҳои тозаи кишвару ҷаҳонро ба ёди одамон меовард, ба рӯзномаву моҳномаҳо обунаашон мекард. Он сол Мокон ин чорабинии муҳими сиёсиро  нахуст аз ҳама ба поён овард, Фарҳоди Озод бо 20 рубл мукофот сарфароз гашт. Ва боз ҳамон рӯзҳо “Почта СССР” бозпас ба ёдаш омад ва дигар то рӯзи аз миён рафтани СССР ин моҳнома ҳар моҳ аз Москов ба Мокон меомад. Навиштаҳои бешуморе аз деринаи почтаву номаву номанигорӣ, ки аз сафҳаҳои маҷалла буридаву ба сафҳаҳои албоми бузург ширеш карда мешуд, низ саргармиҳои ширини ҳамон давра буд.                                                     

Ин дам ӯ нигаҳ ба сандуқи кӯҳнаву рангпаридаву гардзадаи почта баста, тобистонеро ба ёд овард, ки бинои почтаро ранги кабуд задаву аз шумори биноҳои сапеди ду бари роҳ берун оварда буд. Он сол бори нахуст як пора роҳи маркази деҳаро асфалт кардаву ҳама биноҳоро оҳак задаву дар боми шӯрои ҷамоа парчами сурх устувор сохта буданд. Аммо танҳо пеши рӯи бинои почта раҳрави мумфарш буду аз ду сӯи он гулзор низ дида мешуд. Агар як тани ҳушёр боре саҳни почтаи шаҳрро дидаву чи гунагии онро дар ёд гирифта буд, мушоҳидаи ин чашмандоз аз онаш мегуфт, ки хаткашони Мокон ин ҷо намунаи онро сохта буд. Гулзори канори роҳравҳои почтаи шаҳр эҷоди Инесса буд; Фарҳод ҳамон рӯзи бори нахуст савори Саманд ба шаҳр омадан онро дидаву мафтуни гулҳои зебои ноошно гаштаву сипас бо зану бӯи танаш дучор гаштаву меҳри гулу ёди ӯро ба таври ҳамеша дар даҳлези дилаш нишонида буд. Ва ҳангоми дидору гуфтугузорҳои кӯтоҳ бо Инесса, ки саршор аз ҳаяҷону эҳсосҳои розомезу гарму пинҳон буданд ва ҷавонмардро ҳамеша даступоча мекарданд, вай тухми онҳоро аз зан гирифтаву роҳу равиши парваришашонро пурсидаву дар ёд дошта буд. Фарҳоди Озод гулҳои Инессаро дар боғи худ парвариш менамуд ва он гоҳ, ки Шамшоди Якдаст мудири почта шуд, ӯ дар канори хаткашонӣ худро ба бозсозии давру бари бино саргарм намуд. Ва аз кардаҳои ёдмону пурсарусадояш  дар ин роҳ ҳамон ранги осмонӣ задани бинои почта буд.

Вартан дар ним соате, ки Шамшоди Якдаст номаву рӯзномаҳои омадаро сара менамуду номаҳои тозаро ба ӯ месупурд, ҳамон гуна даври ЗИС мегашт, лагад ба чархҳояш мезад, гарди матору шишаҳоро тоза мекард ва латифаҳои навёфтаву тозабофтаашро ба Фарҳод, ки акнун дар ун ним соат ҳамеша ҳамроҳи ӯ буд, меовард. Ва ҳар бори дидор мегуфт, ки агар ба чизе ниёз дориву ин ҷо намеёбӣ, бигӯ ман аз шаҳр меорам ё худ метавонӣ канорам биншиниву биравиву коратро буд куниву як шаб меҳмонам шавиву ҳамчунин бозгардӣ. Фарҳод сафари шаҳрро ҳамеша ба замоне дигар мегузошт, пас аз рафтани Инессаву Андреич чунин хоҳиш кам ба дилаш раҳ меёфт, вале боре аз Вартан як покет ухрои обранг оварданашро хост. Мехоҳам бинои почтаро ҳамранг ба сандуқи почта кунам, гуфт ӯ. Вартан ба хостаи булаҷаби дӯсташ парво накард, рӯзи дигар як не, ду покет ухро овард, аммо ҳангоме ки Фарҳод дасту остин барзад, хокаи кабудро ба оҳаки сапед ҳамроҳ кард ва лифро ба нӯки чӯбе дароз баст, Шамшоди Якдаст наздаш омад:

-Чи кор мекунӣ?

-Ранг мекунам.

-Рангаш тоза...

-Ранги дигар мезанам.

-Чи хел ранг?

-Ранги кабуд.

-Ранги кабуд барои чи?

Фарҳод лифро оҳиста канори сатили оҳак ниҳод ва пиндор розеро мекушод, ки даҳон назди гӯши Шамшод дошт:

-Супориши болост...,-ва сар сӯи осмон бардошт.

Шамшоди Якдаст як қадам дур рафт, ранги рӯяш шикаст, бо шубҳаву ошуфта чашм ба чашми хаткашон кард:

-Кадом боло?

Фарҳод хандае озод аз тамасхуру истеҳзо зад ва бозпас сӯи лиф омад:

-Бинои почта ҷудо аз дигар биноҳо бояд бошад.

-Мазоҳ мекунӣ?

-Андреич мегуфт, ки хидмати почта печида ба рамзу роз ва зодгоҳаш дуру зиндагиаш дароз аст, намунаҳои содаи онро миёни ғорнишинон мешавад пайдо кард. Кори почта ба ҳеч кори дигар намемонад, барои ҳамин, бинои он низ набояд ба биное монад...

Шамшоди Якдаст бо безорӣ ангораи почтаро гусаст:

-Андреич кист? 

Ва он рӯз Фарҳод аз деринаи сохтмони почтаву овардани дару тирезаву сандуқу омадани мошину мурдани Саманду гиряи худ гуфт ва саранҷом афзуд, ки агар Андреич набуду ҷонфидоии Ҳамдами Одина намешуд, гумон аст имрӯз Шамшоди Якдаст дар ин курсӣ нишаста буду чунин савлат мекард. Ва ба мудири почта, ки ӯро ба худсариву вайронкорӣ бор мебаст, гӯш надода бинои почтаро ранги кабуд зад ва саранҷом ҳар дуро сабр сар омаду даст дар гиребони якдигар кард. Фарҳоди Озод Шамшоди Якдастро рӯи замин хобонд, пой дар гулӯяш монд, дамашро гардонд. Ва чун авбош понздаҳ шаборӯз зиндонӣ шуд, понздаҳ рӯз кӯчаҳои шаҳрро рӯфт, дар чоҳҳои ғаждуғол фурӯ шуд, ба чирку чанг олуд ва ягона кас, ки ба ҷустуҷӯяш омаду ба ӯ дилаш сӯхт, ҳамон Вартани ронанда буд. Ва боре ӯ дар канори дастархон, ки ҳар шом ба зиндон меовард ва ба вокуниши Фарҳод мегуфт, ғизои ин ҷо нӯши ҷону нерӯи тан намешавад, моҳномаи “Почта СССР”-ро низ овард:

-Нав, дина омад.

Дар ун понздаҳ рӯз Фарҳод ҳамеша то нимарӯз кор мекард ва рӯзҳое низ буд, ки аз пагоҳ то бегоҳ дар таҳхонаи милисахона ба сар мебурд. Ин рӯзҳо аз сахттарин рӯзҳои зиндон буданд, ҳеч ба шом намеомаданд ва андешаҳои дардзову аламангез ҷонашро ба лаб меоварданд. Вай розӣ буд обхонаи милисаҳоро рӯбаду шӯяд (арчанд аз ин кор саркашӣ кардаву мушту лагад низ хӯрда буд), вале дар таҳхонаи намноку бадбӯи пур аз кайку кана намонад. Расидани маҷалла ин душворро андак осон кард, ҷавонмард дигар сар аз он боло намеовард ва боз дар ин шумора бахши “Аз деринаи почта” рухдодҳои шигифтангези фаровон пешкаш мекард. Он рӯзҳо Фарҳод маҷалларо аз сафҳаи аввал то сафҳаи охир меоварду аз нав сар мекард ва дар ун ангораҳо ба гунае фурӯ мерафт, ки чанде таҳхонаи бадбӯву милисаҳои дуруштхӯву милисахона фаромӯш мегашт. Фарҳод аз навиштаҳои бешуморе, ки аз “Почта СССР” буридаву ба албоми бузург ширеш карда буд, ин пораҳоро ҳамеша дар ёд дошт; онҳо дар ун рӯзҳои сахту танҳоӣ чун доруе буданд, ки аз алами дилаш каму ба устувории рӯҳаш зам мекарданд, аз ин рӯ ба таври ҳамеша дар мағзаш нишаста буданд:

Дар Юнони бостон хидмати почта хеле хуб буд. Давлат мардоне тезпоро ба ин кор мегуморид, ки дар соат то ду фарсанг* мерафтанд. Овозадортарини онҳо Филиппид номе буд, ки соли 490 пеш аз милод хабари пирӯзӣ дар ҷанги Марафонро ба Отин овард ва ба дунболи ташнагиву фарсудагӣ дарзамон ҷон ба ҷонофарин таслим кард...”

Аммо пеши Фарҳод шигифтангезтарин ангораҳо аз деринаи почта номаҳое буданд, ки дар шишаҳои сарбаста даҳсолаҳою садсолаҳо дар баҳру уқёнусҳо гаштаву саранҷом ба соҳил меомаданд:

“Колумб хост шаҳбонуи Испониё Изабелла ва ба воситаи ӯ ҷаҳонро аз кашфи Амрико огоҳ созад. Нома дар шиша ниҳоду ба уқёнус андохт. Аммо шиша паз аз 359 сол дар гулӯгоҳи Гибралтар ба соҳил баромад...”

Ва наздиктар ба дили Фарҳод аз ун ҳама ин набишта буд:

 “Нахустин сандуқи почта дар оғози садаи шонздаҳ дар Флоренсииё ба пайдо омада буд. Онро аз чӯб сохтаву дар назди калисо гузошта буданд, ки аз боло сӯрохе дошт. Одамон номаҳои беимзоро дар бораи душманони давлат ноаён ба он меандохтанд. Дар ҳамон аср баҳрнавардони инглис барои огаҳсозии якдигар аз рухдодҳои паҳнаи баҳру барр ба воситаи нома, сандуқҳои сангӣ мегузоштанд дар соҳилҳо...”

Ин ангора ҳамон шаби тӯфонии замистони дуру сандуқи почтаву галаи гургону Саманду дарахти бодомакро ба ёди ҷавонмард овард, оби пазмониву дард дар гулӯяш ҳалқа зад ва ӯ рӯи тахтакати бараҳнаву сахти таҳхонаи сард дароз афтодаву савганд ёд кард, ки агар Шамшоди Якдаст сад бори дигар дар банду зиндонаш кунад ҳам Фарҳод бинои почтаро ранги об хоҳад зад. Вай ин корро на аз роҳи кинаву бадбинӣ ба мудири почта мекунад, на; кина тӯзидану сазо додан дар равиши кори ӯ нест. Ин кор нишони сипос хоҳад буд ба талошҳои Ҳамдами Одинаву Андреич, хидматҳои мардуми Мокон, дилсӯзиҳои Вартан дар бунёду барподории почтаву хидмати он ва ниҳоят ёди Саманд, ки ҷонашро дар ин роҳ фидо карда буд. Ҳар бор, ки вай бинои почтаро ранги кабуд мезанад, ба нишони он аст, ки ҳеч як аз кардаҳои онон фаромӯш нашудааст ва набояд фаромӯш шавад. Агар номи ин мардон аз ёдҳо биравад, аз хидмату заҳматашон нишон намонад, будани Фарҳод дар зиндагӣ чизе беҳуда аст монанди борон бар шӯразору рустани буттаи хор.

Пас аз зиндон Шамшоди Якдаст ба Фарҳоди Озод гуфт, ҳар гоҳ дилат мехоҳад бинои почтаро ранг зан, ранги кабуд зан, ранги сурх зан, ранги сиёҳ зан, ман коре надорам, танҳо ин ки рӯзномаю номаҳои мардум зуд ба дасташон расад, шикоят нашавад. Ба чунин ҳушдор ниёз набуд, аз кори хаткашон ҳеч гоҳ шикоят намешуд, мудири почта мехост аз ин роҳ ӯро ба гуфтугӯ кашад, риштаи гусастаро пайвандад. Мардро ба пӯзиш хостан забон намегашт, ҳиммат намерасид гӯяд, ки хато аз ӯ сар зад, ба Фарҳоди чолоку пуркор рашкаш омад, шӯриши хашму бадбиниро натвонист саришта кард. Ҷавонмард гуфт, вай афсӯс намехурад, ки чунин рӯзе ба сараш омад; одам аз ҳар гуна пасту баланд бояд бигзарад. Дар понздаҳ рӯзи зиндон, гуфт ӯ, донистам чизе гаронбаҳотар аз озодӣ набудааст, зеро дарёфтам агар понздаҳ рӯзи дигар он ҷо бимонам, ахгаре ки дар ниҳодам гармиву меҳру шодӣ мезояд, диламро лабрези орзу месозад ва аз ин роҳ ба сӯи нек гуфтану нек кардану нек андешидан меорад, хомӯш мешавад, бовару уммед аз миён меравад, зиндагӣ танҳо ба хӯрдану хуфтан пайванд мегирад.        

Он замон Фарҳоди Озод ин гуна андешаҳо ба сару кифи хаткашон ба бар дар ба дар мегашт, рӯзномаҳои ҳамон рӯз дар Москов чоп шудаву ба маркази ноҳия расидаву саранҷом соати 12.00. бо ЗИСи Вартан ба Мокон омадаро ба бошандагони он мерасонд, дар се моҳ як бору дар як сол чор бор бинои почтаро ранги кабуд мезад, аз дигар биноҳо ҷудо мекард ва ба пиндори худ ин гуна ба гузаштаву гузаштагон сипос меовард, вале ба гӯшаи хаёл намеовард, ки вақт чунин зуд мегузарад ва чизҳоеро низ ҳамроҳ мебарад, ки ба ҳеч роҳ бозпас овардан намешавад. Расидани пирӣ рӯзе ошкораш гашт, ки мошини почтаро ронандае дигар ба Мокон овард ва ба пурсиши Фарҳод посух кард, ки Вартан аз мо рафт, русҳо ҳам рафтан доранд, гурӯҳҳое пайдо шудаанд мардумозор, ки гузаштаро наҳ мезананд, ба рӯяш хати сияҳ мекашанд... Фарҳод дарёфт аз ин дам ба пас зӯраш ба кифи пур аз рӯзномаю номаро сари китф кардану соатҳо дар кӯчаҳои русто гаштан намерасад. Ва бадард ёд овард, ки сарнавишт ҳамеша одамони наҷибро ба ӯ ёру ҳамкор месозаду меҳрашонро дар дилаш меандозаду андак пас бозмегирад. Марги Ҳамдами Одинаю фирори Инессаю рафтани Андреич замоне чанд андӯҳу дард овардаву хаставу рӯҳафтода карда будандаш, аммо ногаҳону ноаён ӯро тарк гуфтани Вартан дар як он пираш кард, ба таври ҳамеша аз майдон баровард. Он вопасин рафтуомади мошини почта ба Мокон буд...

10

Наврӯз ва сандуқро то буни гӯш боло бардоштаву такон дод:

-Дарунаш чизе ҳаст.

   Фарҳод нигоҳи кунду бепарво ба набераву сандуқи рангпарида баста ба ёд овард, ки чи гуна чашмбароҳони ҳамешагии мошини почта рӯзи дигар аз соати 12 то 13 рӯ ба сӯи Вачағна роҳ поиданд, аммо ба ҷои мошин хабар омад, ки силоҳдорон дар домани ағба занҷира сохтаву посбон гузоштаанд ва аз ин ба пас бе рухсати онон кас наметавонад ба деҳа ояд ё аз деҳа барояд. “Тамом, гуфт Шамшоди Якдаст, Аҳмадак хушрӯ буд, обила ҳам баровард” ва дари почтаро қуфл зад. Пиндор мудири почта бо ин гуфтаву карда замони виҷдону инсофу имонро ба поён овард, рӯзгори фитнаву фиребу дурӯғро ба майдон баровард. Зеро дунболи он корҳое шуд, ки дидану пушти сар карданаш душвортар аз мурдану надидан буд. Фарҳод худро зиндонии хона кард, моҳҳо аз дарвоза набаромад ва чун дид, ки дигарон ба куштани якдигару вайрон кардани кишвар саргарманд, ҳама дар боғдориву пайвандагарӣ фурӯ рафт. Ҳамон солҳо дар шохаҳои сафедорони канори боғи ӯ садбаргҳои гунагуна гул карданд, ҳар кадом аз дарахтони себу зардолуву мӯрд чанд намуд мева оварданд ва номи Фарҳоди пайвандгарро берун аз Мокон бароварданд...

Наврӯз бо тангдилӣ ва сандуқро пеши пои бобош ниҳод:

     - Чизе дорад.

Пайдо буд, ки пирмард хоҳиши даст ба сандуқ задану корбастан бо онро надорад, вале пофишории набера ночораш кард аз ҷо бихезаду таҳхона фурояд ва андак пас халтаи брезент дар даст ба душвор боло барояд. Ин ҳамон халта буд, ки вай солҳои дароз, дар ҳафта панҷ бор ба воситаи он номаҳоро аз сандуқ мегирифту дунболи нопайдо шудани мошини почта ҳамроҳи киф овардаву дар таҳхона андохта буд.  Халта ҳошияи филизӣ дошт, хаткашон коре карда онро ба лабаи таҳи сандуқ устувор сохт ва бо зӯр ба пас тела дод. Садои газандаи харошу тароши филизи зангзада баромад, аммо таҳи сандуқ аз ҷо беҷо наомад. Фарҳод дарёфт, ки инак нерӯи бозувонаш ба боз кардани дари солҳо баста намерасад, хонаи дилашро яъсу навмедӣ пур кард, пушаймон гашт, ки гӯш ба гапи кӯдак доду даст ба чунин кори беҳуда зад, аммо дер шуда буд, пас гаштан намешуд, ба набера аз ин тарафаш гир гуфт; овозаш олуда ба хашму безорӣ буд. Наврӯз аз канори чапи ҳошияи филизӣ гирифт, ҳар ду ба якбор зӯр заданд. Ин навбат таҳи сандуқ осон бозу баста гашт.

Ҷавонак даст дар халта зад ва бо ҳаяҷону ҳавас чанд номаи шикаставу чангзадаву зардгаштаи гумномро берун овард. Дасти вақт набиштаи рӯи покетҳоро сутурдаву нохоно карда буд, ҳам дар ҷо-ҷои онҳо доғи кӯҳнаи обу занги тозарехтаи филиз дида мешуд. Ун соат номаҳои кӯҳнаву сандуқи фарсудаву хаткашони пиру сохти исташ ва нигоҳи хаставу олуда ба пазмониву дардаш аз он мегуфтанд, ки инак арзишҳое дар зиндагӣ ба таври ҷовидон аз миён рафтаанд, ба ҳеч бадал гаштаанд ва умеду шодиву боварро низ ҳамроҳ бурдаанд, ҷаҳонро тиҳидасту бечора кардаанд. Нома назди Фарҳоди Озод пораи коғаз на, чизе муқаддас буд, ба вежа номаи андаруни покет сарбамӯҳр. Мӯҳрро аз шумори чизҳое розолуд медонист ӯ, ки нерӯю тавонаш дар ҷаҳоне аз чашм ниҳон ба сар мебурд, дидаю шамидаю чашида намешуд, аммо султаю салтанаташ ошкор буд, андешаю эҳсосро асир менамуд. Ҳамин нерӯи ниҳони мӯҳр ба нома шукӯҳ мебахшад, онро аз канор ба канори ҷаҳон мебараду меорад; номаи бемӯҳр ба пои худ ҷое намеравад. Борҳо шуда буд, ки номаҳои мӯҳрзадаи ӯ аз Мокон ба Олмон рафтаву гирандаро пайдо накардаву бозпас омада буданд. Ва боз, иншои нома корест пинҳону маҳрамона, чашми бегона ба он намехурад, ҳолаи суханро намешиканад, пардаашро намедарад; нома таровише андак аз чашмаи ширини дил аст, ки дар хилват бо қаламу коғаз даст медиҳад. Ҳарфи дар нома нигоштаро ба гунаи дигар намешавад ба забон овард; ширааш мерезад, рангу бӯяш мепарад. Барои ҳамин, хондани нома лаззате дорад, ки ҳеч набиштаи дигар надорад.

Пирмард ба уммед номаҳои фарсударо гаштаву баргашта пуштурӯ кард, вале аз ному насаби номанигорон нишон пайдо накард. Вай мехост онҳоро ба нигорандаҳошон бозпас гардонад. Агар ҷои ӯ каси дигар буд, шояд дар ин бора андеша ба сар намебурд, аммо Фарҳоди Озод хаткашон аст, умри азиз дар ҳамин роҳ ба поён овардааст ва бояд ин корро кунад. Варна виҷдонаш дард мекунад, хобаш намебарад, дилаш ноором мешавад. Номаҳои бесоҳиб аз майдони ҷанг бозпас меомаданд, гум намешуданд... Истед, гуфт Наврӯз, ки тагурӯ шудани номаҳоро дунбол мегирифт ва аз шумори онҳо якеро аз дасти бобо гирифт:

-Инаш ном дорад...

 Фарҳоди Озод бозпас сӯи кат рафт:

- Ман ҳеч чиз намебинам.

Набера аз пасаш садо дардод:

-Хира аст, вале хонда мешавад. Ораш...

Фарҳод по аз рафтан боздошт. Наврӯз наздик омад, нигоҳи шигифт ба рӯи бобо баст ва номаро ба ӯ дароз кард. Хаткашон онро ба чашм наздик овард, аммо набиштае пайдо накард. Кайҳо буд чашмаш ба ҳарф намегузашт, вале ба гардан намегирифт, якравӣ мекард. Ораш шаш сол пеш мурда буд. Пас ин нома чанд сол дар сандуқ будааст? Ҳашт сол? Даҳ сол? Аз хонадони ӯ касе намондааст. Ораш вопасин одам буд. Дигаронро пеши чашми ӯ паронданд, аз фарзандону наберагон ҳамаро. Орашро гуфтанд, ки ту худ аз ғами инҳо мемирӣ. Ва чунин шуд. Ин фоҷиа пас аз як соли нопайдо гаштани мошини почта рух дода буд. Соле ки дар Мокон виҷдону имону донишу ҳунар пеши камон ҳеч шуда буд, касе рӯи ниёз ба он намебурд. Мактаби деҳа пойгоҳи силаҳдорон гашт ва аз шумори омӯзгорон ҳамин як Ораши куҳансол ошӯбу исён кард, дарвозаи онро баст, се рӯз аз синфхона берун нарафт. Аммо танҳо буд, бо тӯдаи кавдану бебасар сарбасарӣ душвор шуд. Ҳамон Ораш, ки ҳангоми дарс ҳамеша ангораҳое шигифтангез меовард, монанди достони Искандару Бутсефалу ҷавонмардиҳои Яъқуби Лайс. Ҳар дарси Ораши Ораз пеши Фарҳод як афсонаи зебо буд он солҳо. Аммо ёди он рӯзҳо инак хонаи сарди дилашро гарм накард, эҳсосу ангезае бабор наовард, пайдост ки гузашти вақту бори пирӣ ниҳоду бунёдашро беотифаву сангу сахт кардааст, то дидор бо марг осонтар шавад, дар лаҳзаҳои вопасин дилбастагӣ ба зиндагӣ камтар ранҷ диҳад. Кушодани номаи бегона пеши ӯ коре пасту гуноҳе сахт ба шумор меомад, вале номаи Орашро куҷо метавон бурд, ба кӣ мешавад супурд. Шояд касе аз табораш берун аз Мокон ба сар мебарад? На, ҳамаро якҷо оташ мезанад ва дигар ёд аз ину он намекунад. Ба набера гуфт, ки гӯгирдро биёру пеши чашмам оташ дардеҳ. Ҳангоме ки вай номаҳоро аз дасташ гирифтаву сӯи оташ мерафт, нохоста садош баромад, пиндор ӯ не, касе дигар буд, ки гуфт:

-Хати Ораша те!

Оҳиста сари покетро боз кард, номаро берун овард ва пиндор набиштае муқаддас буд, ки бо такриму эҳтиром шиканашро кушод, оне чанд нигоҳ бар он баставу ноҷунбон истод. Як дам пас ҳомон ҳолати хастагиву вомондагӣ дар чангаш овард, номаро ба набера дароз кард:

-Хон!

-Аввалаш нест, об расида кӯр кардаст.

-Давомаша хон.

Наврӯз ниме аз вожаҳоро хоидаву нимеро фурӯ бурда ба хондан сар кард:

 “...барои он рӯ ба Шумо овардам, ки аз шумори зиндаҳо касеро сазовор ба шунидани сухани рост намедонам. Якеро намебинам, ки рост гӯяд, рост равад ва аз рост ҳимоят кунад. Замоне буду одамоне буданд, ки барои рост ҷон медоданд, нотарс ба пешвози марг мерафтанд, шиканҷаҳои гӯшношунидро пушти сар мекарданд, аммо аз рост рӯ наметофтанд. Зиндагӣ бо будани чунин касону рафторашон зебо мешуд, бар шукӯҳаш меафзуд, маънӣ пайдо мекард, пеш мерафт, дигаргуна мегашт. Дар Мокон достоне то акнун побарҷост аз далерии марде Комрон ном, ки дар замоне дур аз мо ба сар бурдаву барои пирӯзии рост мурдааст. Мокон дар ун даврон дизе бузург доштааст мирнишин, ки инак харобаҳояш низ ба чашм намерасад. Диз дар баландии миёни деҳкада буд, аз паси бораи он хонаҳою боғҳо чун дар кафи даст менамуд. Мири сангдил аз табори бегона буд, мардуми бумиро бад медид ва ҳар бор, ки аз он баландӣ ба деҳкада менигарист, дар фиребу гумроҳсозии онон найранге тоза ба ёдаш мерасид, ҳамон бо ёрии хушомадгӯёну гапчинонаш чора ба пиёдасозии он меандешид. Ин гуна ситаму дастдарозии ӯ рӯз то рӯз меафзуд, вале аҷиб он буд, ки аз шумори деҳнишинон касе чарову чун намегуфт, баракс ситоишу навозишашон беш мешуд. Ва Комрон боре гуфт: вой бар шумо ридакон, ки пеши як гадоманиши чашмудилгурусна ва дурӯғзани фитна чун ангушт пеши мушт саҷда меоваред ва ӯ ҳар гуна ки хоҳад, мебозаду метозадатон. Сабратон кай сар меояд? Мирро хабар бурданд, фармуд забонашро берун кашеду хуб тоб диҳед. То даме чунин карданд, ки забон варамид, дар даҳон нагунҷид. Комрон ун ҳарфҳоро бо нӯки теғ дар танаи дарахтон меовард, бо неши санг дар ғӯту шахҳо ҳак мекард. Дасту пояшро бандеду ба дарё афканед, фармон омад ин навбат. Нимашаб чархи осиё аз гардиш монд, садои ликлика, ки ба гӯши осиёбон монанди аллаи модар меомад ва хобашро дароз мекард, хомӯш гашт. Осиёбон Комронро аз даҳани нов дур сохт, банд аз дасту пояш бардошт. Забонаш ба душвор мегашт, осиёбон сар поин овард: мир дурӯғу фитна аст, вой бар шумо ридакон..., омад ба гӯшаш. Ва ҷонаш баромад. Осиёву садои осиёву он чи ба чашмаш мезад ба гунае хечу бемаънӣ гашт назди осиёбон, ки то дер чашм аз мурдаи Комрон накандаву нишаст, сипас ханҷар зери ҷома карду ба диз омад. Ҳарфи пинҳон дорам ба мир гуфт. Ангоштанд хабаркашест дигар... Ҳамин мурдан барои рост номи он дуро зинда доштаву ҷовидона сохтааст...

Ҳолӣ касоне чун Комрону осиёбон тухми анқо шудаанд. Ҳангоме ки чанд боди бурут кӯдаконро аз синфхонаҳо ронданду мактабро зодгоҳу пойгоҳи баду дад карданд, як омӯзгор овоз набаровард. Ман ин гуна бечорагию сарафкандагии одамро ба гӯшаи хаёл намеовардам. Ҳамон рӯзҳо ҳамкорону ҳамсоягону ҳамдеҳонро бениқоб дидаму тарсидам; бархе ба таҳхонаҳо хазиданд, бештар миён дуним кардаву ба онҳо гаравиданд. Ва ҳама тақсим шуд миёнашон: боғҳою биноҳою заминҳою роҳҳою...кӯҳҳо. Молу мулке, ки ба заҳмату сарвати мардум бино шуда буд, дороии чанд тан шуд. Қонуну виҷдону имон дар Мокони имрӯз бачаи Шакар аст; ҳамон ки дар мактаб дуро наметавонист бар ду зарб зад. Куҷоед Шумо, ки ин ҳамаро бубинеду даст бар сар занед! Як овози ман ба ҷое нарасид, танҳо мондам ва ин танҳоиро ба нархи гарон харидам...

-Охирашам нест...

Фарҳод нигаҳ ба рӯи набера натавонист кард, он дам ки ӯ то “ба таҳхонаҳо хазиданд” омад, дил дар синааш ҷаст, нафасаш танг гашт, арақи сард бар пушти лабу пешонияш нишаст; номаи Ораш ӯро фош мекард. Он рӯзҳо, ки чанд “боди риш” мулкро харобу мардумро хор мекарданд, вай пунба ба гӯш зад, дарвозаро баст ва пеши худ масал зад, ки “нишастан беҳ аз давидану гусастан аст.” Вале пайомади тарсу бепарвоӣ намешуморид ӯ ин корро. Инак аз номаи Ораш бармеояд, ки чунин набудааст, Фарҳод хато кардааст. Аммо ба кӣ набишта буд ин номаро ӯ? Аз оҳанги хат бармеояд, ки мухотаб дар шумори зиндаҳо нест...

Ҷавонак ошуфтаву парешон нигаҳ ба бобо мекард. Ораш номро намедонист ӯ, достони Комрону осиёбонро низ, вале бачаи Шакар ҳамон буд, ки бинои почтаро шикаст, сандуқи почтаро бозичаи кӯдакон кард. Фарҳод хаставу парешон номаро аз дасти набера гирифт, ба душвор аз ҷо хесту хона даромад, албоми бузургро кушод, онро миёни сафҳаҳои пур аз навиштаҳои аз моҳнома буридаву озодаву сара ин ҷо ширешшуда ниҳод. Ва пеши худ аҳд кард, ки аз ин ба пас дунболи он рӯзҳо намеравад, ҳамаро ба дасти фаромӯшӣ медиҳад. Рӯзи дигар, ҳангоме ки мехост рӯи кат ба ҷои ҳамешагиаш барояд, дид Наврӯз сандуқи почтаро ранг мезад.  Нигоҳи шигифтзадаи боборо дид, даст аз кор кашид:

-Ҳар ҳафта як бор хати мардума аз деҳа ба шаҳр мебарам.

Ва сандуқи рангзадаву тозаро, ки дар пешонияш бо ҳарфҳои сапед “почта” набишта шуда буд, рӯи девори канори дарвоза устувор намуд. Ҳамон гуна, ки замоне Фарҳод ҳамроҳи Саманд дар шабе тӯфониву пурбало бо гургҳо ҷангидаву дасту поро ба сармо додаву саранҷом то Мокон овардаву канори дари почта ба девор нишонида буд онро...          

       

Соли 2012.                       



* зодбун-шаљара (сохтаи муаллиф)

* дурусташ Искодакўл аст, аз “искода” ё “искодар”-и суѓдї ба маънии кўле дар баландї.

* сим-нуќра.

* бањмангул-бойчечак

* пину-ќурут.

* борщ-карамшўрбо.

* астарван-нозо, безурёт.

*тотину ољуд-рустанињое пањнбарг бо решаи нарму ѓафс. Дар замони љанг мардум онро ба њарранг пухтаву мехўрдаанд.

* сияҳпӯш-хонае ки ҳоло андоваву пардоз нашудааст.

* миёнрўдон-байнаннањрайн.

* ованд-зарф.

* намаки булўр-намакест сурхранг монанд ба булўр. миёни мардум чун намаки лайлї машњур аст.

* мардум «ќарѓанак» мегўянд. Дарахтест аз табори бодом, ки “бодомак” низ хонда шудааст.

* кўз-кузов.

* як фарсанг баробар ба шаш километр аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37