• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Юнус Юсуфӣ

1

                             Офтоби саратон ин пагоҳон дар канори дури регистон як дам аз рафтан бозмонд.

2

Чархбол баробари ба осмони регистон расидан поин омад ва акнун миёни хомаҳои рег гоҳ пайдо буду гоҳ нопайдо. Садои канда-кандаи он, ки дар баландиҳо аз дуриҳо ба гӯш мезад, акнун дар коми замин фурӯ рафт гӯё, ки дигар шунида намешуд. Ин даме буд, ки нафаси сарди шаб ҷойгоҳ ба хандаи гарми рӯз додаву мерафт. Дар осмони регистони бузург оромие сутург пар андохта буд, овозҳо наметавонистанд бар он раҳ кушоянд. Ҳангоме ки чархбол ногаҳ ба хомаи рег наздик мешавад, боди тунди болҳои гардонаш онро такон медиҳад, гарду хокро бар осмон мекашад ва танҳо ҳамин падида аз будани зиндагӣ дар ин макон дарак медиҳад.

Он пагоҳони тобистон чархбол рӯбарӯи Офтоб, ки дар канораҳои дури регистон истода буд, хеле рафт ва саранҷом дар баробари хомаи бузурги рег истод. Вазиши боди тунд андак шуд, як дам пас дар во гашт ва дувоздаҳ тан саросема худро бар замин андохтанд. Онҳо бар пушт анбону бар шона камон доштанд. Ҳангоме ки охирин одам рӯи хомаи рег афтод, чархбол садо баланд кард, хоку регро ба осмон овард, ҳамаро паси пардаи ғафси гард нопайдо кард ва ба сӯе ки омада буд, бозпас рафт.

Офтоби саратон дар канори дури регистон ба роҳ даромад, сукути вазнину сахтро шикаст, раҳ ба овозҳо кушод ва аз оғози боз як рӯзи дарозу доғ дарак дод. Андаке пас ранги Офтоб равшан гашт, сояҳои дарози регтӯдаҳо рӯйи замин ба пайдо омад.

Он дувоздаҳ тан, ки оне чанд миёни чанг саргум монда буданд, пас аз рафтани чархбол, хомӯш гаштани бод ва парокандани ғубор канори ҳам нишастанд, такя бар хомаи калони рег заданд. Аз ҳаво бӯйи карасини сӯхта, хоку рег ва паҳнои номаҳдуд меомад, ки дар сина гиреҳ хӯрда, навмедиро бабор меовард. Дувоздаҳ тани хомӯшу парокандахаёл дар миёни кавири бекарон монанд ба кӯдаконе буданд, ки модарашон дар ҷойе бегона андохтаву худ рафтааст. Он сукути сангин, ки пеш аз роҳ рафтани Офтоб регистонро дар чанг дошт, инак даст бар онҳо ёфта буду андешаҳое андӯҳбор дар мағзашон меандохт. Инҳо сарбозоне буданд, ки барои доштани корвони силоҳ ин ҷо омада буданд.

Дар ин сарзамин то ба наздикиҳо корвон раҳи худро дошт, ки аз он мерафту меомад. Сари роҳи корвон шаҳрҳову деҳаҳои обод буданд, корвон ҳамроҳи худ аз кишварҳои дур шодиву нишот меовард, бо омадани он дӯконҳо дар рустоҳои хурду шаҳрҳои бузург пур аз колову ғизо мешуд. Корвон раҳи худро дошт, ки аз он мерафту меомад, хабарҳои хуш мебурд, хабарҳои хуш меовард.

Инак чунин нест; корвон дигар аз раҳи рост намеравад, ба шаҳру рустоҳо ворид намешавад, дар анбонаш не шодиву нишот дорад, не қанду набот. Корвон акнун дуздонаву бегона аз пайраҳаҳои кӯҳӣ ва регистонҳои холӣ меравад, зеро дар ин сарзамин инак марг бар зиндагӣ пирӯз гаштааст ва корвон низ хидмати марг мекунад.

Сояҳо ноаён кӯтоҳ мешаванд, регистон чун деги холии рӯйи оташ ба зудӣ метафсад. Сарбозон гоҳе девори хомӯширо мешикананд ва ҳарфе чанд радду бадал мекунанд. Рӯҳи регистон инак бар хунашон омехта, то мағзашон расида, аз панҷаи ошуфтагиву бегонагӣ, ки лаҳзаҳои пас аз рафтани чархбол дар дасташ афтода буданд, раҳо сохта, оромашон карда буд. Онҳо акнун аз шумори корвониёну замони омадани он тахмин мезананд, аммо ин гуфтугӯҳо ба дарозо намекашад, андешаҳои дилхоҳу дилнохоҳ онҳоро зуд бастадам мекунад. Дар он рӯзи доғ андешаҳои дилнохоҳ бар андешаҳои дилхоҳ дастболо гашта буданд. Сарбозонро бештар ин андеша ранҷ медиҳад, ки метавонистанд инак дар ин макони балохез набошанд, бар пешвози марг нараванд, аз буданаш андеша накунанд, аммо ҷаҳл бар ақл пирӯз омаду онҳоро ин ҷо овард, то нишоне дигар аз ҷанг рабоянду чун нишони мардӣ ба дӯстонашон намоянд…

Ин дам марде баландболо, ки фармондеҳи онҳо буд, сари по шуд, овозаш риштаи андешаҳоро канд:

-Виктор, ту ин ҷо мемонӣ, чашмот танҳо корвонро бинад, гӯшот овозаша шунавад. Барои ту дар дунё дигар диданиву шуниданӣ нест! Дигарон ду-ду паси хомаҳои рег тақсим шаванд.

Сарбозон бесадо парешиданд, Виктор танҳо монд. Акнун то гӯш овозе нашнавад ё чашм намое набинад, интизор бояд шуд. Пас аз парокандани ҳамроҳон ӯ рӯйи рег дароз афтод, калашниковро паҳлӯяш ниҳод, риштаи нигаҳ ба паҳнои регистон баст ва чашмбароҳ шуд.

Дар ин паҳна сахттарин саҳна барои вай соатҳои интизорист. Вай ин дам розӣ буд ҳар кори пурхатарро ба дӯш гирад, зери замин фурояду аз он ҷо бе нардбон ба осмон барояд, вале интизор набошад. Тарсаш аз он аст, ки чашмбароҳӣ андеша мезояд ва андешаҳо ин ҷо сахт дилнохоҳанду ҷонашро ранҷ медиҳанд. Вале ӯ ночор аст бори дигар дар ин регистони тафсон меҳнати интизориро паси сар намояд ва дар мағзаш ба андешаҳои дилнохоҳ раҳ кушояд.

3

Бошгоҳи низомиён дар нуқтае истода буд, ки кавири бекарон аз он сар мешуд, гирдогирди хонаҳову хаймаҳо бо симхор девор буд. Дар ин хонаҳову хаймаҳо одамоне зиндагӣ доштанд, ки ба дунболи будубоши дароз дар ин ҷойгоҳ, ранги рӯяшон монанд ба ранги регҳои биёбон гашта буд. Ин одамон хӯе шигифтангез доранд, гӯё камон як андоми танашон аст, ки ҳеҷ гоҳ аз он ҷудоӣ надоранд; бо камон роҳ мераванд, мехобанду мехезанд, хӯрок мехуранд, рӯйи хомаҳои рег нишаста аз ину он ҳасрат мекунанд. Ҳасраташон бештар аз он аст, ки инак дар шаҳрҳои бузургу сард, ки он ҷо чӣ будани регистону сӯзашро намедонанд, дӯстонашон дилдодаҳо сари зонуҳо дар майхонаҳо май мехуранду сигор мекашанд, ҳар ҷо хоҳанд мераванд, ҳар кор хоҳанд мекунанд, аммо инҳо наметавонанд чунин бошанду чунон кунанд. Ин ҷо ки мерасанд, як мушт дард дар гулӯшон банд мемонад, мехезанду даруни хонаҳо мераванд, камонҳоро сари зонуҳо мениҳанд, худро дар паноҳи шароб мезананд, то замоне бод нола мекунад, регистон бедор мешавад, пойгоҳ бо ҳама буду набудаш дар дасти чангу ғубор меафтад ва аз дидаҳо нопадид мегардад. Зарраҳои рег бар хилваттарин кунҷу канораҳо мераванд, дар пиёлаи май таҳнишин мешаванд, зери дандонҳошон садо медиҳанд, бар мӯву рӯшон мешинанд ва саранҷом онҳоро ба хомаҳои реги равон монанд мекунанд.

Ду сол пеш, дар чунин як рӯз, ки тундбод регистонро бод медод, Викторро ин ҷо оварда буданд. Аз дами нахуст ӯ худро дар ин замини ноошно, ки дар ҷомаи ҳамин регистони пурбоду паҳно ёфта буд, ҳечу хору нотавон ҳис намуд. Ин ҷо, миёни одамони монанд ба хомаҳои реги равон, ӯ касе набуд, арзише надошт, ҳасту несташ дарк намешуд. Ва онҳо, ки дар ин кишвар бо номи «инқилоб» савдое сохтаву ӯро дар ин бало андохта буданд, ба назараш ҳай дастдарозу тавоно менамуданд. Ба андешаи Виктор «инқилоб» ҳамон касони тавоно буданд, ки дар куҷо буданашонро ин намедонист, вале медонист, ки онҳо ҳастии ӯ ва ҳамаи ин ҷо будагонро аз миён бардоштаву эшонро ба мошинҳои гапдаро бадал кардаанд, ки дигар наметавонанд аз роҳи вохоҳӣ ҳарфе бизананд. Аммо чанде пас дарёфт, ки одамони монанд ба хомаҳои реги равон чунин намешуморанд, ин гуна будану зистанро як амри воқеъ мешуморанд.

Зиндагии Виктор дар регистон берангубӯву яксон буд, андешаҳои шодизо ҳеч бар мағзаш раҳ намебурд. Хастагӣ, парешонӣ ва ошуфтагӣ ҳамеша ҳамроҳаш буду рӯз то рӯз нерӯи танаш кам мешуд, зеро дар ҳама кунҷу канораҳои пойгоҳ бӯйи марг нишаста буд, одамон онро ҳамроҳи худ ин сӯву он сӯ мебурданд, ба ҳар чизи тозаву наврасида меолуданд, дар ҳаво парешон мекарданд. Виктор, ки нав аз дунёи дигар омада буд, бо дарёфти он ошуфтаву парешон мешуд.

Марг ҳамеша ҳамроҳи мост, вале ин побапоӣ на ҳамеша дидаву шинохта мешавад, дарёфти наздикии марг барои одам дилнохоҳ аст. Он дам, ки овози пойи марг шунида мешавад, тарс ба хонаи дил раҳ мебарад, ҷон исён мекунад. Марг ҳангоме дилхоҳ аст, ки ҷон нофармонӣ накунад. Виктор дар бошгоҳи низомӣ аз он парешон буд, ки ҷонаш бо дарки наздикии марг исён карда буд.

Як рӯз, бори нахуст, чархбол ӯро ҳамроҳи сарбозон бар раҳгузори корвон бурд. Ҷойе буд, ки нишон аз ободӣ дошт; ду бари роҳ хонаҳову боғҳову киштаҳо буданд. Вале дар назди хонаҳову даруни боғҳову воти киштаҳо касе дида намешуд, гӯё ин ҳама зинда набуд, чун расми зебое дар китоби афсона буд. Бар офтобгарди деҳкада кӯҳпорае афтода буду дар домани он маҷрои хушкидае дида мешуд. Пагоҳони зуд чархбол онҳоро ба ҳамин ҷо оварда буд. Он рӯз низ сарбозон дувоздаҳ тан буданд ва Виктор рӯйи сангҳои хурду бузург афтода андеша дошт, ки чаро онҳо каму беш неву дувоздаҳ тан интихоб шудаанд. Шояд розе ниҳон аст ин ҷо?

Дидани замини ободон пас аз тундбодҳои регистон, дили Викторро каме осуда гардонд, вале ёди он ки барои чӣ ин ҷо омадааст, ин оромиро ҳамоно аз танаш берун ронд. Дилаш сиёҳ шуд, куштани одам пеши ӯ коре сахт душвору ношуданӣ буд. Вай он рӯз аз Худо хост корвониёнро барои ҳамеша аз рӯйи Замин бардораду ҷойе дигар гузорад, то ин ҳеч гоҳ натавонад, ки онҳоро бубинад ва мили камонро сӯяшон гардонад. Ваё вожаи «ҷанг»-ро, ки ба дил магар ғам чизе дигар намеорад, аз мағзи одам кӯр кунаду ҷояш сухане шодизо бинвисад, ки ин агар ба зӯр ҳам хоҳад, натавонад дигар онро ба ёд орад. Сипас, гӯё ношуданӣ будани хостаҳои дилашро дарёфтаву навмед шуд, ки аз худ пурсид: «Онҳо, ки ман имрӯз бояд сӯяшон тир андозам, чӣ касонанд? Гуноҳкоранд ё бегуноҳ? Агар гунаҳкоранд, гуноҳашон дар чист? Шояд онҳо худованди ин боғу киштаҳоянд, ки бо диданашон ман худро осудаву ором ёфтам? Магар созандагони ин боғҳо метавонанд одам бмкушанд? Оё гунаҳкор ман нестам, ки дуздона ин ҷо омадаву дар камин нишастаам..?»

Ин дам боз ҳамон касони тавоно, ки ин масхараро сохтаву аз куҷое тамошо доранд ва парвошон нест, ки имрӯз дар ин хушкидамаҷро Виктору ёронаш мемиранд ё дорандагони ин киштаҳо, ба ёдаш мерасанд, худро дар баробари онҳо чун заррае нодиданӣ меёбад, хонаи дилаш пур аз аламу навмедӣ мешавад ва ҳама пурсишҳову посухҳоро дар мағзаш кӯр мекунад.

Он рӯз ҳам ӯ роҳро нигоҳ мекард, то душман ғофилгир накунад. Гумон мерафт, ки корвон ба ободиҳо наздик наёмада аз домани кӯҳпора бигзарад. Чоштгоҳ, миёни киштаҳо харсаворе пайдо шуд, "одами онҳост, амнияти роҳро месанҷад"-гуфт фармондеҳ. Баробари ин гап савор миёни киштаҳо нопайдо шуд, гӯё замин як ҷо бо хараш фурӯ бурд ӯро. Сарбозон аз худ дарак надоданд, корвон пайдо нашуд.

Офтоб аз боми хонаҳо парид, сояи деҳкада то хушкидарӯд расид. Шамолаке вазид, сипас ноаён аз зери по торикӣ дамид. Аз интизорӣ дар рӯйи сангҳо ҷон ба лабҳо расид. Инак магар хоҳиши раҳоӣ аз банди интизорӣ дигар чизе ба дил раҳ намебурд. Акнун як дам хестану озод гаштан барои ин дувоздаҳ тан хушбахтие дастнорас буд ин ҷо.

Бо ба дарозо кашидани нигаронӣ, ки пайомадаш тираву номаълум буд, оби сарди алам оҳиста-оҳиста зарфи тани Викторро пур кард, бо гузашти вақт гандид ва саранҷом ба нафрат мубаддал гардид. Вай дигар зебоиҳои гирду пешашро намедид, аз неку бад намеандешид, инак омода буд ҳама хонаҳову киштаҳоро бисӯзад, корвониёнро бикушад, то тавонад аз дасти интизории тавонкоҳ ҷонашро раҳонад, хезаду чанд гоми озод бимонад. Акнун намехост донад, ки ин мардум гунаҳ доранд ё надоранд, агар ҳаминҳо бо тиру камону корвонашон намебуданд, вай аз бом то шом зери офтоби сӯзон, рӯйи сангпораҳои тафсон ин гуна ранҷ намекашид. Ин боварро интизорӣ ба бор оварда буд, интизорие, ки анҷомаш ошкор набуд.

Шаб омаду рафт, вале корвон наомад. Сапедадам, ҳангоме ки сарбозони хастаҷон барои чархболҳоро хондану ба регистон баргаштан оҳанг карданд, домани кӯҳпора гурӯҳе савораро диданд. Дасте фусункор ба якборагӣ хастагӣ аз тану ҷонашон бардошт, ба ҷояш тарсу бим дар дилҳошон андохт. Фармондеҳ фармони омодабош дод, овозаш дар даруни Виктор бар чизе бархӯрд, андомашро ба ларза овард, ин танашро сахт бар замин пахш кард.

Гурӯҳи савора аз будани сарбозон пай намебурд. Оғози тирборон он гуна ногаҳон буд, ки чанде аз онон, пеш аз он ки даст ба камон баранд, нӯки тир шуданд. Ва сар шуд ҷанг.

Виктор мекӯшад ларзиши танашро боздорад, аммо комгор намешавад; ангуштонаш фармон намебаранд, калашниковро дар каф нигоҳ доштан наметавонад. Андаке пас назми ҷанг вайрон гашт, сарбозон дигар ба фармондеҳ фармон намебурданд, худ ба сари худ кор мекарданд. Шумори мурдагон меафзуд, гурӯҳи савора наздик мешуд.

Фармондеҳро нофармонии сарбозон дар хашм кард, вай зуд-зуд камингоҳро тарк мекард, боло мешуд, фарёд мезад. Як бор, ки боз чунин карда буд, як ё чанд тир омаду бар синааш хӯрд, гапаш дар нӯки забонаш монд, як дам истод, пас рӯйи сангҳо афтод.

Гурӯҳи савора аспҳоро раҳо кард, худ миёни рустаниҳо нопайдо гашт. Садоҳо хомӯш шуданд, ҷанг чуноне ногаҳон сар шуда буд, ҳамон гуна ноаён ба охир расид. Хомӯшӣ ба дарозо кашид, то ногоҳ аз ҷойгоҳи душман марде таҳамтан боло шуд, як дам атрофро назора кард, сипас рост сӯйи сарбозон омад. Ин кор ба гунае ғайриинтизору боварнокарданӣ буд, ки чанде ҳамаро гиҷу гаранг намуд. Мард бо дили пур то мурдаи фармондеҳ расид, даме истод ва боз ба гирдупеш нигаҳ андохт. Нигоҳаш ногаҳ бар нигоҳи Виктор афтод, ӯро як ваҷаб аз замин боло бардошт, боз дар ҷояш ниҳод; нигоҳе буд ҳама бандҳоро гусаста, аз панҷаи вақт раста, замонҳоро гузашта, ба фардо расида. Ин нигоҳ гӯё боре вазнин бар шонаи сарбозон ниҳода буд, ки наметавонистанд аз ҷо биҷунбанд ё дам зананд.

Таҳамтан ин гуна сарбозонро дар банд кард, корд аз наём кашид, сар аз тани фармондеҳ бурид, рӯйи дасташ гирифт. Вай метавонист ба ин сурат ҳамаро бикушад ё сар аз танашон бигирад, аммо бо мақсаде пинҳон сари фармондеҳро хоста буду бас. Шояд ангошта буд гунаҳкор танҳо вай аст, ки сарбозонро ба зӯр ин ҷо кашонидаву пеши роҳи ӯ нишонидааст?

Мард сари хунолудро рӯйи даст гирифт, овоз дод; ҳамон дам аспе зебо омаду дар канораш истод. Ҳангоме ки по дар рикоб мекард, хатояш ин шуд, ки пушт ба душман кард. Танҳо ин дам дастони Виктор аз «банд» раҳо гардид ва садои тир пардаи хомӯширо дарид. Сар пеши пойи мард афтид. Вай оҳиста рӯ сӯйи сарбоз кард, нигоҳаш бори дигар бар нигоҳи ӯ хӯрд ва гӯё муште аз ҳаво омаду бар сари Виктор зад, ки аз зӯри дард оташ аз хонаи чашмонаш берун ҷаст. Мард боре кӯшид рӯйи зин шавад, натавонист; чанде гардани аспро дар оғӯш кашид, сипас канори сар бар хок афтид. Сарбозон аз нав оташ кушоданд, ёрони таҳамтан рӯ ба фирор ниҳоданд.

Зиндаҳо миёни мурдаҳо ғанимат меҷустанд. Виктор даме диккак нишаст, сипас хесту сӯйи мурдаи мард-нахустин одами дар ин сарзамин куштааш рафт. Танаш гарону мағзаш тира буд. Мард бо чашмони баста якпаҳлӯ афтода буд. Рехти рӯяш гӯё аз кадом китоби куҳан нусха шуда, аз дурии садаҳо омада буд, ки нигоҳи касро баночор банд менамуд; ангор намурда, балки ғунуда буд. Ин чеҳраи зебову розолуд бар дили сарбоз шубҳа афканд, вай мили силоҳро пеш кард, як дам истод, пас хам шуду камарбанд аз миёни мурда кушод, корд аз наём кашид ва нигоҳи ҷӯянда бар он давонид.

Корд дастае дошт аз дандони пил, ки дар он бо мехакҳои зарин рангрезиҳое низ карда буданд. Он набиштае буд бо хатти ноошно ба ранги баргҳо ва гулҳо: "Мабод, ки дасти ситам бар ин даста расад!" Сарбоз хатро хондан наметавонист, вале зебоийи корд ҳушашро бурд, вай онро ба чашмонаш наздиктар бурд ва ногаҳ нигоҳаш ба намои дар он аксшуда афтод, аз тарс танаш ларзид; дар ойинаи корд як он нигоҳи марди таҳамтанро дид, чашмаш сиёҳӣ зад, аз ҳуш рафт.

4

Бемористон одаке хурдак буд дар регистон, ки нафаси сарди ҷанг камтар мерасид ба он. Виктор рӯйи кати бемористон чашм кушод ва дид, ки духтараке бо табассуми ширин дар баробараш истодааст. Ҳамон дам чашмонашро баст ва ба хоби дарозу гарон фурӯ рафт. Нимашаб мағзаш аз банди нигоҳи таҳамтан озод гашт ва ӯ табассумро ба хоб дид; табассум рӯде буд бо мавҷҳои маҳин, ки нахуст субҳи нозанин аз он бадар омадаву торикӣ аз ҷаҳон мебурд, пас Хуршед сар мезаду гармӣ ба дунё мерехт ва саранҷом дар каронааш духтараке истода буд бо табассуми ширин. Виктор аз каронаи дигар ин ҳамаро нигоҳ мекунад, вале равшанӣ бар дилаш раҳ намебарад, зеро мебинад сапедаву Офтоб зодаи ҳамон торикианд, ки вай дар миёнаш истодааст. Виктор аз дарё мегузарад ва ногаҳ худро дар дили дашти бекарон мебинад, ки савори аспи зебо асту сари буридае рӯйи даст дорад. Сари аз тан ҷудо бо овози бас нохуш суруд мехонад.

Овози сари бурида дар осмони дашт пароканда то ба шаҳрҳои бузург мерасад, ба ранги занги калисову ошарфи киштиҳову мошинҳо рехта, одамонро дар тарсу бим мекунад. Мардум бо шунидани ин овоз аз кӯчаҳо фирор мекунанд, худро ба хонаҳо мезананд, дарҳоро мебанданд; шаҳрҳо холиву бекас мемонанд, бод дар кӯчаву бозор нола мекунад. Виктор ба умеде, ки сари якравро ором созад, онро болотар мебардорад ва мебинад сари худаш аст, ки нигаҳ бар ӯ дӯхтаву табассум мекунад. Сарро сар медиҳад ва фарёд мезанад.

Ҳeҷраи хурди бемористон ду кат дорад, ки рӯйи яке марде поҳо бар фарш ниҳода нишастааст. Ӯ нав аз овози тарсбори Виктор бедор шуда, аз ҷо хеста, нигаҳ ба ӯ дӯхта буд. Мард баробари доштани нигоҳи Виктор табассуме маънидор кард ва ӯро аз дунёи хоб берун овард.

Марди ноошно дам намезанад, табассум бар лаб ишораҳое мекунад. Андак пас аз ҷо хест, болопӯш ба шона андохт, ишора ба ӯ кард, ки «биё». Ҳар ду ба айвони бемористон баромаданд, даруни ташноб рафтанд. Ноошно аз киса сигоре берун овард, оташ дардод, бо чашмони пӯшида ду-се бор кашид, пас ба Виктор рӯ овард:

-Бигир, ором мекунад, аъсобат хароб шудаст.

Виктор бо ташнагӣ дуди сигорро фурӯ кашид. Дуди ширину сӯзон роҳи нафасашро сӯзонд, вай чанд сурфаи кунд зад. Ношинос ҳамон гуна табассум бар лаб гуфт:

-Чарс.

Сипас даруни сукути шаб пайраҳае ба пайдо омад, ки аз он овозе ба сӯйи Виктор меомад. Дар охири пайраҳа яке рӯйи тахтасанги бузург сарҳои буридаро устувор менамуд, каме истода ба онҳо нигаҳ медӯхт, кадом сар, ки писанд намешуд, мегирифту канор мегузошт, аз тӯдаи сарҳо дигареро мебардошту ҷойи он мениҳод. Ҳар бор, ки мард сареро аз рӯйи тахтасанг мегирифт, сарҳои дигар фарёд мезаданд ва ин овози онҳо буд, ки дар сукути шаб ба гӯш мерасид.

Сарҳои бурида гунагуна буданд; яке сапеду хушк, дигаре сиёҳу пӯст бар устухон часпида, саввум намноку кирмзада. Саранҷом мард аз тӯдаи сарҳо сари фармондеҳро ёфт ва бар тахтасанг устувор сохт. Гӯё мақсадаш пайдо кардану ба рӯйи санг нишондани ҳамин сар буд, ки пас аз ин бар замин нишаст ва риштаи нигаҳ ба гирду пешаш баст. Овозҳо ба якборагӣ хомӯш гаштанд, сукути шаб вазнинтар шуд. Даруни ин оромии пурвазн нигоҳи марди таҳамтан боз бар нигоҳи Виктор хӯрд ва ӯ бори дигар дар ин шаб аз тарс фарёд заду бедор шуд…

5

Шабҳое ки Виктор аз оғӯши кобус берун мешуд, ҳамеша ношинос ба ёриаш меомад, даруни ташноб меовард, сигор аз киса мебаровард, ҳар ду дамбадам мекашиданд, вай бо табассум «чарс» мегуфт. Дар ибтидо Виктор нимашабон нигарони омадан ва даст ба шонаи бараҳнааш ниҳодани ношинос намешуд, вале он шабҳо, ки нолаи асирон дар пойгоҳ то дергоҳ хомӯш намегашт, вай расидани ин дастро сахт мехост, зеро нолаи асирон монанд ба шевани сарҳои бурида буд, ки таҳамтан дар поёни пайроҳаи садо истода, рӯйи тахтасанг устувор менамуд.

Пойгоҳи канори регистон бозигоҳе буд, ки дар он саҳнаҳои аҷибе бозида мешуд ва савдои асирон диданитарини он буд. Барои нигаҳдории онҳо аз оҳан қафасе бузург сохтаву дар рег гӯр карда буданд, ки нафаси сӯзони регистон даруни он дучанд мешуд. Қафас ба ду бахш аст: бахши аввал барои як тан, бахши охир барои чанд тан. Бахши якум панҷараи хурде дорад, бахши дувум баробари чашми сӯзан сӯрох надорад.

Бандиҳоро ҳамеша бо дасту чашми баста меоранд ва даруни ҳамин қафас мекунанд. Як рӯз ё чанд рӯз пас афсари пурсанда меояд, чашми якеро мекушояд, аз бахши ду ба бахши як меорад, рост мегузорад, худ менишинад, сипас ба бозпурсиву бозҷӯӣ сар мекунад. Саҳнае аҷиб аст ин: одаме бо дастони баста, ранги шикаста, нигоҳи хаставу тарсхӯрда рост истодааст, одами дигар худхоҳу бепарво нишастааст ва аз ростистода пурсишҳое мекунаду мехоҳад посухҳо мувофиқ ба хоҳиши дилаш бошанд. Агар на, ӯ хашмӣ аз ҷо мехезад, бандиро ҳамон гуна мегузораду меравад ва андаке пас нолаи вай аз ягона панҷараи қафас баромада, ба ҳама кунҷу канораҳои пойгоҳ мерасад. Ин овозҳо бо ҳарфҳо ишора намешаванд, аммо ба гӯши ҷон пеш аз ҳар овози дигар мерасанд, онро ошуфтаву парешон мекунанд, сипас дар осмони регистон пароканда ноаён хомӯш мешаванд.

Дар асл ин овозҳо ҳеч гоҳ хомӯш намешаванд. Овози пурдарди асирон ҳангоми офтобшин ба ранги боди тунд бармегардад, гарди заминро ба осмон мекашад, пойгоҳро бо кулбаву хаймаву аскару афсараш нопайдо месозад ва зарраҳои регро ба хилваттарин кунҷу канораҳо мебарад.

 Сарбозон ба асирон шаборӯзе чанд нону об намедиҳанд, сипас қуттиҳои моҳии шӯрро мебаранду пешашон мениҳанд. Одамони гурусна шӯрмоҳиро осемаву бошитоб мехӯранд, бехабар аз он, ки дарде вазнинтар аз гушнагӣ дар каминашон аст бо номи ташнагӣ. Ва сарбозон акнун бозие дигар месозанд: асирони ташнаро рӯйи реги сӯзон бо сару пойи бараҳна қатор мекунанд, зарфи обро пеши рӯяшон мениҳанд ва фармон медиҳанд, ки бо забони барояшон бегона сад бор «Поянда бод инқилоб!» гӯянд. Вале то ба сад касе намерасад, асирон аз зӯри ташнагӣ як-як аз ҳуш мераванд, тап-тап рӯйи реги сӯзон меафтанд. Баробари афтодани ҳар кадом, сагҳои хашмӣ, ки онҳоро гирд кардаанд, дунёро ба сар мебардоранд. Пас рухсат ба хӯрдани об мешавад ва шумори азҳушрафтагон меафзояд.

6

Пас аз бархӯрд дар маҷрои хушкидарӯд ва савдои сари буридаву марди савора андаруни Виктор тундбоде бархоста ҳамаро тагурӯ карда буд. Ва акнун миёни ин вайронаҳо зӯзаи шағолон буду нолаи бод ва сардие чун нафаси замистон. Шағолони вайронаҳои дарунаш ҳамеша ба ҳангоми нимашаб бадар меоянд ва бо овози чун хорҳои хушки биёбон халандаи худ хоре барпо мекунанд шикебсӯзу тавонкоҳ. Ин дам ҷавонмард сахт мехоҳад дасти ноошно ба шонаи бараҳнааш расад. Дуди ширину сӯзон шағолонро бозпас ба мағокҳо мебарад, бод ором мегирад. Лек ин оромӣ ва ин хамӯшӣ ба дароз намекашад, ҳангоме ки дуди ширину сӯзанда аз шушу хуну мағзаш меравад, нолаи боду нӯлаи шағолон баландтар мешавад.

 Пас аз як рӯзи аз бемористон баромадан Виктор боз оҳанги ҷанг кард. Акнун вай корди зеборо ба камар овехта буд ва он гуна овехта буд онро, ки марди таҳамтан…

 Он рӯз радаи дарози зиреҳпӯшҳо регистонро гузашта, наздик ба русто омад. Хонаҳову боғҳо дар деҳкада паси деворҳои баланд буданд. Деҳкада пур аз дарахтони анор буд, дарахтони анор ҳама сархаму пурбор буд. Зиреҳпӯшҳо деҳкадаро аз чор сӯ дар чанбари марг гирифтанд.

Ин деҳкада ҷойгоҳи чарикҳо буд, вале ин замон дар он як тан аз онҳо дида намешуд. Чарикҳоро нолаи асирон, ки нимашаб аз панҷараи хурдаки зиндон берун рафтаву чун парандаи шикастабол хаставу беҳол то канораҳои дури регистон мепарид ва сипас мубаддал ба овози бами зиреҳпӯшҳо гаштаву то деҳкада мерасид, кайҳо ночор ба фирор карда буд. Парандагону сагон ҳам рафта буданд аз деҳаи анорзор. Андаке пас дар осмони деҳкада ҳавопаймоҳову чархболҳо чун лошахӯрон пайдо шуданд; замин ларзид, рустои анорзорро абри ғубор пӯшид. Ва оромӣ омад. (Ин ҳамон дамест, ки овозҳо ҷома нав мекунанд, худро ба ранги дигар менамоёнанд.) Сипас нолаи одам пардаи ғубору хамӯширо дарид, то зиреҳпӯшҳо расид. Сарбозон, гӯё нигарони расидани ҳамин садо буданд, ки ҳамон дам аз даруни зиреҳпӯшҳо бар замин рехтанд, вориди деҳкада гаштанд.

 Виктор дари хонаро ба по зад, боз кард, дарун рафт. Духтарак аз тарс ба девори хона часпидаву кӯдаки гирён аз барии доманаш дошта буд. Сарбоз аввал ба ӯ нигоҳ накард, як-як ба ҳама хонаҳо сар халид, аммо магар ин ду он ҷо касеро надид. Ин дам ногаҳ дар ниҳодаш кадоме дигар бедор гашт ва ҳамон хоҳиши пиру хашмиву носерро, ки пас аз ба пойгоҳи канори регистон омадан зуд-зуд инро бетоб мекард, ба ёдаш овард, мағзашро тира кард. Ҷавонмард омаду дар баробари духтар истод, камонро аз даст ниҳод. Духтар аз тарс санг гашт, барои ҳимояи худ ҷунбише накард, аммо сарбоз ба он чӣ мехост, комёб нагашт. Баробари даст ба сӯйи духтар бурдан он гуна ларзише сахт бар танаш нишаст, ки вай аз дард чашмонашро баст, сипас хашме олуда ба алами талх хонаи дилашро пур кард, надонист чи гуна корд аз наём берун овард. Духтар нолише баровард сӯзон ва андак пас танаш аз тапу талош монд. Баробари нолаи духтар ларзиши тани аскар аз миён рафт, таровишеро аз кӯрчашмаи вуҷудаш ҳис кард. Хастаҷон рӯи пайкари хуншор афтод, даме орамид, сипас хесту корди хунолудро дар наём зад, аз хона баромад.

 Он рӯз аз деҳи анорзор танҳо Виктор дасти холӣ баргашт, дигарон ғаниматҳое оварда буданд. Балки ӯ низ ғанимате дошт-хуни духтараки танҳо бар теғи корди зебо…

 Виктор нимашаб, ҳамон дам, ки дар бемористон ноошно даст ба шонаи бараҳнааш мезад, аз хоб бедор гашт. Шағолон дар вайронаҳо базм доштанд, аммо кашидани бангу чарс ҳам онҳоро хомӯш накард инак. Миёни ғавғои шағолон аз вайронаҳои дарунаш овозе дигар низ меомад, ки такрори кори деҳи анорзорро дархост мекард. Ин овоз ҳангоме хомӯш шуд, ки вай анбони сарбозиро кушоду кордро берун кашид ва осема хуни дар теғ хушкидаро бӯид. Ганда буд бӯйи хуни дар теғ хушкида, вале танҳо ҳамин бӯйи дилбеҷокунанда тавонист он овози якраву саркашро дар вайронаҳои дарунаш хомӯш кунад, шағолонро бозпас ба мағокҳо дарорад. Он шаб бар теғи корд танҳо хуни духтар буд, аммо дертар шумори онҳо, ки хунашон онро чун варақи сиёҳ пӯшид, хеле афзуд. Хунҳои бар теғ хушкида монанди дастагуле буданд пеши сарбоз, ки замони хурӯши овозҳо мегирифту мебӯид. Ва ҳамеша дар дастагул гулаке ҳаст, ки бӯяш нахуст ба машом мезанад ва касро шоду масрур мекунад. Хуни духтари деҳи анорзор монанд ба ҳамин гуна гулак буд дар «дастагул»-и аскар. Вале ӯ ҳамеша гулаки дигар мекофт, меёфт, ба дастагулаш ҳамроҳ месохт…

 Ду сол ин гуна сар омад. Ва як шоми тобистон, ки фардояш Виктор бояд кишвари регистонҳои сӯзонро гузоштаву бозпас ба шаҳри сарди худ мерафт, пас аз хӯрдани шаробу кабоб дар базми хайрбод, ногаҳ ба ёд овард, ки вай наметавонад он ҷо корди зеборо кор фармояд ва бо ин роҳ зӯзаи шағолону нолаи бодро, ки бовараш ҳаст то рӯзи мурдан ӯро ором намегузорад, дар вайронаҳои дарунаш хомӯш созад. Ин андеша монанд ба кадом ваҳшие бимангезу хашмӣ пеши рӯяш истода шуд, ӯро ошуфтаву парешон намуд. Тарс бар хонаи дилаш раҳ овард, зиндагӣ берун аз регистон ва бе дилхушиҳои деҳаки анорзору монанди он, наздаш сахт бегонаву озордиҳанда гашт; Виктор нохост бо тамоми ҳастияш дарк кард, ки наметавонад бе он ҳама рӯзе беш зинда бимонад.

Дар ин миён ҳамсангарони тардимоғ ногаҳ ба ситоиши мардонагиҳои худ пардохтанд, ки нишонаш гӯшу ангуштони буридаву хушкида буд. Ин нишонаҳоро яке дар қуттие андохтаву дигаре чун шаба ба гардан овехта буд. Оне ки аз ин ҷо бе ин чизҳо бармегашт, овози ҷангро шунидаву худашро надида ба шумор мерафт. Виктор аз ин табор чизе надошт дар бисот. Ҳамроҳонаш ӯро танбеҳ мекарданд, ки пеши дӯстон аз мардӣ чи армуғон мебарад. Агар онҳо медонистанд, ки пас аз ин сарзаниш чи гуна абри бало бар сарашон соя меафканад, ҳаргиз онро ба забон намеоварданд. Аммо баробари ин гап андешае фараҳбахш мағзи Викторро равшан кард ва ӯ бовар кард, ки инак метавонад бо ин роҳ сафарро ба дер гузорад ва боз чанде дар ин сарзамин бимонад. Аз ин ёфтаи навтофта шодӣ кард, умеде рамандаро базӯр то дари дилаш овард, пас корди хунолудро аз ҷомадон баровард:

 -Ин ҷо нишон даҳчанди он аст, ки шумо доред! Ман бо як шамидан метавонам онҳоеро, ки хунашон бар теғи ин корд хушкидааст, шумор кунам…

 Сипас аз духтараки деҳи анорзор сар кард ва шумори куштаҳояшро то ба ҷойе овард, ки ҳеч кадом аз ёронаш наметавонист ба он наздик омад. Сарбозони сияҳмаст ба ин доми сабук ниҳода зуд афтоданд ва пеши худ аҳд карданд, ки бозгаштро чанд рӯз ба пас мегузоранду фардо ба ҷанг мераванд, то дар «мардӣ» ҳампову ҳамдасти Виктор бошанд. Сапедадам, ҳангоме ки ба чархбол менишастанд, Виктор бо хушнудӣ ба онҳо пайваст...

7

Викторро афзоиши гармо аз оғӯши ин ёдҳо берун кашид. Инак ба ростӣ регистон монанди деги тафсон буду сарбозон дар он чун моҳии бирён. Офтоб бар тори сар расида, бузургтарин сояҳоро нопайдо карда буд. Сарбозон ҳамоно дар камин менишастанд, аз корвон дарак набуд.

 Виктор пештар аз дигарон ба сӯйи офтобгарди регистон афтода буд. Аз мили тафзадаи калашников бӯйи нохуши оҳан бар машом мезад ва ҳисси бе ин ҳам дардноки гармиро зиёдтар мекард. Сангрезаҳо дунболи дурудароз ва ноҷунбон хобидан ба тан халида, дарди кундеро ба бор оварда буданд. Виктор оринҷҳоро ба замин тир кард, танашро бардошт; як чашмзад дард гум гашт. Вай то ҷойе нерӯ дошт, танашро ин гуна нигаҳ дошт; дарди рафта аз нав ба рагу паяш давид, танаш вазнин гардид. Ҷавонмард ба уммеде, ки шояд дардро фаромӯш кунад, аз паси регтӯдаи баланд ба паҳнои бекарон нигаҳ афканд: регистон баҳри оташро мемонд, дар шонаи мавҷҳои сӯзон намоҳое шигифтангез ҷастухез доштанд. Вай чашмонашро пӯшиду кушод, намоҳо нопайдо гаштанд. Обдонро аз камар кашид, об нӯшид.

 Офтоб акнун пушти сарҳо рафта, нураш сӯзонтар гашта буд. Виктор бори дигар аз паси хомаи рег сар бардошт ва ба паҳнои регистон чашм андохт. Ва, чуноне ки ногаҳ силӣ бар баногӯшаш зада бошанд, як қад парид. Ин бор дид, аз миёни баҳри оташ шутурону асбони пурбор рост сӯйи вай меоянд. Ба андешае, ки шояд ин ҳам сароб бошад, зуд чашмонашро басту кушод, вале шутурону асбон ҳамоно меомаданд. Интизорӣ торҳои асабро наздик ба гусастан оварда буд, баробари дар регистон пайдо шудани одамону сутурон дар вайронаҳои дарунаш боз овози шағолон баланд гардид. Виктор саросема сигор аз киса кашид, чанд дуд гирифт, сипас равшан дид, ки аз пасу пеши корвон одамони мусаллаҳ савораву пиёда меоянд; зуд ангуштонашро назди даҳонаш ғунча кард, бо лаҳни мурғи даштӣ овоз баровард.

 Сарбозон паси регтӯдаҳо бесаранҷом шуданд. Корвон наздик омад. Ва акнун аз паноҳгоҳи сарбозон чеҳраи одамон ва бори сутурон равшан дида мешуд. Сорбон ҳама либосҳои сапед пӯшида, даҳону биниашро низ бо фаши саллаи сапед баста буд, танҳо абрӯвони серу сиёҳ ва чашмони тезнигоҳаш дида мешуд. Ӯ камонро рӯйи зонуҳо гирифта, савори асп банди андеша меомад. Бори корвон ҳама силоҳи маргбор буд.

 Бори дигар овози паранда баромад ва баробари он бар сари корвону корвониён борони тир омад. Виктор синаи сорбонро нишон гирифт; савор натавонист даст бар камон барад, танаш рӯйи зин як он пас рафту бар замин зад. Сипас миёни сарбозону корвониён ҷанге шадид оғоз гардид. Сутурони пурбор бо истифода аз ин деҳу дор ба ҳар сӯ парешиданд. Танҳо як уштур, ки бори вазнин дошт ё хоҳиши роҳ рафтан надошт, ноҷунбон дар ҷояш меистод. Уштури пурбор дар баробари мурдаи сорбон истода буду гоҳ-гоҳ вазни танашро аз як по ба пойи дигараш мебурд.

 Виктор миёни тирандозиҳо боре нигаҳ ба мурдаи сорбон дӯхт ва уштурро дид, ки гӯё ба нишони сӯг бар сари вай сукут карда буд. Оромии уштур ӯро хашмӣ кард; ҷонвар намуди одам гирифт, ангушти ишора сӯйи сарбоз ёзид ва бо овозе монанди тундар ба ханда оғозид. Виктор мили калашниковро сӯйи вай гардонид ва аз садои таркиш гӯшҳояш ношунаво гардид. Андаке пас гарду дуд пароканда шуд, аммо уштури пурбор дар ҷояш набуд. Дуртар аз хомаи рег, ки Виктор пушташ нишаста буд, бахши пеши тани уштур бо рӯдаҳои кашол афтода буд. Таркиш ҷонварро ду ним кардаву мавҷи он як нимашро наздики Виктор оварда буд. Аз даҳону бинии уштур обе тираранг берун мешуд, ки бӯйи бадаш нафасро дар гулӯ банд мекард. Уштур аз зӯри дард набудани ними дигари танро дарк намекард, ки наъра мекашид ва бо рӯдаву ишкамбаи кашол сӯйи Виктор мехазид. Баробари дидани ин саҳна хун дар рагҳои тани сарбоз аз рафтан монд, ки вай натавонист дасту пояшро ҷунбонд. Ин бозгашти ҳамон ҳолат дар маҷрои хушкидарӯд буд ба ҳангоми омадану сари фармондеҳро буридани таҳамтан. Нимауштур, ки бо рӯдаҳои кашолу овози бимангезаш дар он нимарӯзи сӯзон ба фиристодаи кадом ҷаҳони бегона мемонд, ҳамоно наздик меомад. Он дам, ки ҳайвони дупора хост сари инсонро зери дандон гирад, тире чанд омаду бар пешонияш зад, рӯйи рег дарозаш кард

8

Офтоби тамуз ҳамон рангро дошт, ки ба ҳангоми чархбол сарбозонро овардану ин ҷо андохтан. Аммо инак он дар канори дигари регистон истода буд ва сояҳоро ба сӯйи рафтаи чархбол дароз менамуд. Ин дам оромие бар регистон даст дошт, ки монандашро танҳо гӯристон метавонад дошт. Виктор чашм кушод, танашро ҷунбонд, гӯш андохт; сару садое набуд. Ва ногаҳ бо тааҷҷуб дарёфт, ки дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ тире ба вай нарасидааст ва ӯ ҳамеша аз ин балоҳо ба саломат раҳидааст. Сарбоз аз ин ёфта фоли нек гирифт ва андешид, ки шояд сарнавишт ӯро барои кадом рӯзи дигар ва коре бузургтар аз куштани чанд хирасар нигаҳ медорад. Бо расидани ин андеша ташнагӣ худро ба ӯ намуд ва ҳамон дам забонаш сӯйи гулӯяш ғунча шуд. Обдонро ба лаб бурд, то чакаи вопасин обашро хӯрд. Тафси ҳаво парид, шамолаке ба рухсораш расид, мағзаш равшан гардид. Ва чашмандози ҷангро дид: гирдогирд пур аз мурдаи ҷонварону одамон буд, чунин менамуд, ки дар дунё магар ӯ дигар каси зинда намонда буд. Селаи магасҳои бузургу зангор бар мурдаҳо нишасту хез доштанд. Зиёдтар аз ҳама магасҳои бебоку чолок ба тани афгори фармондеҳ часпида буданд. Виктор наздик ба мурдаи ӯ рафт, сари по нишаст ва оне чанд кори магасҳоро тамошо кард; ҳашараҳои аз хун сер ба якдигар дарафтода, наринаҳо бар модаҳо савор гашта бозиҳое мекарданд, дар даҳону бинии одам мерафтанд, берун мешуданд, ангор аз ин кор ба ваҷд меомаданд, ки ногаҳ ҳама якҷо мепариданд ва бозпас менишастанд. Виктор як каф рег бардошту бар онҳо андохт; магасҳо бо фиғон парешон шуданд ва чанде бар сару рӯяш нишастанд. Вай аз ҷо ҷаст ва бо нафрат аз магасҳои мурдахор дур гашт.

 Сорбон наздик ба нимаи дигари тани шутур парӯ мехобид. Аз рӯдаву шикамбаи парешони ҳайвон бӯйе ғализу часпак ба ҳаво мепечид. Урдуи магасҳо миёни ин касифиҳо базм доштанд. Виктор тани сорбонро бо нӯки по рӯболо гардонд. Аз синаи мард хуни гарм мезаҳид, лабони парсинбаставу сиёҳгаштааш аранге ҷунбид, овозе паст ба гӯш расид; сорбон ҷон дошт. Овози нимҷони вай ногаҳон боз бодҳоро дар вайронаҳо бархезонд, садои чун хорҳои хушки биёбон халандаи шағолонро баланд гардонд. Виктор монанди ташнаи ба чашма расида осема корд аз наём берун овард, ба ҷигаргоҳи сорбон зад; пайкари мард сабук ларзид. Ҳангоме ки корд дар тани сорбон фурӯ рафт ва ларзиши андомаш аз устухони даста гузашта то дасти Виктор омад, бодҳо хомӯш шуданд, шағолон бозпас ба мағокҳо хазиданд. Аз он дувоздаҳ тан, ки шоми дирӯз ба умеди афзудани нишони «мардӣ» оҳанги ҷанг карда буданд, танҳо Виктор тавонист ин корро кардан; имрӯз бар теғи корди зебо хуни сорбон зам гашт.

 Вақте ки ларзиши тани сорбон монд, Виктор кордро берун кашид, дар наём кард ва аз ин макони бимангез ба сӯйе, ки офтоби ғуруб дар ҳоли нопадид шудан буд, фирор намуд.

9

Мурдаҳо даруни чархбол канори ҳам афтода буданд. Инҳо ҳамон сарбозоне буданд, ки дирӯз чархбол дар раҳгузори корвон андохтаву рафта буд ва инак мурдаҳои гандидаву магасхӯрдаашонро бозпас мебурд. Салони чархбол бӯйи тунди мурда мекард. Сарбозони мурдакаш даҳону биниро бо дока баста буданд ва бо кӯшиш нигоҳашонро аз мурдаҳо ба дигар сӯ мебурданд. Онҳо андаруни садои бами болҳои гардон ва лапиши якмаром хомӯшу ноҷунбон менишастанд.

 Чархболро се тан идора мекарданд. Пилоти дасти рост бахше аз регистонро ҳамеша дар чанбари нигоҳ нигоҳ медошт. Ҳангоме ки чархбол аз размгоҳ хеле дур шуд, вай нахуст ангушт сӯйи замин бурд, сипас ба пилоти дасти чап, ки командири гурӯҳ буд, аз роҳи радио гуфт:

 -Дерест оҳукабоб нахӯрдаем…

 Рамаи оҳувони даштӣ рӯ ба шимоли регистон, шояд ба обишхӯр мерафт. Командир бо сар ишораи «фаҳмидам» кард. Чархбол як такон хӯрд, самти парвозро дигар кард, поин рафт. Пилоти сеюм, ки пастар аз ин ду дар миёна менишаст, ба фӯки чархбол хазид, дастаи калашников ба каф гирифт. Сояи мошин рӯйи замин фуромад, хомаҳои рег ба ҷунбиш омад. Оҳувон рамиданд ва бар паҳнои регистон парешиданд. Оҳуе бо барааш аз рама пас монд. Чархбол дунболи вай афтод. Тирҳо як бор хато рафтанд. Сипас оҳубара ба ҳаво ҷаст, чанде рафт ва дигар нарафт. Модароҳу баробари афтодани бараоҳу истод ва ҳамон дам як рада тир ӯро дарёфт. Вай чун бараоҳу аз ҷо наҷаст, ба зону зад, ангор заминро намоз кард, сипас паҳлӯи фарзандаш афтод.

 Чархбол дар осмони регистон ду чарх зад ва саранҷом дар ҷойе бехавф чархҳояш ба замин омад. Ҳангоме ки оҳувони куштаро гирифтанд ва чархбол парвоз кард, дуртар аз он ҷо, канори хомаи рег одам ба пайдо омад, ки бо шикам ба сӯйи чархбол мехазид, даст мебардошт, овоз медод. Ӯро надиданд, овозашро нашуниданд. Чархбол садо баланд кард, гарду регро ба осмон овард ва ба сӯйи дигар рафт. Чанде пас садояш низ аз осмони регистон бардошта гашт. Одами нимаҷон нигоҳи хаставу пажмурда ва олуда ба навмедиашро дуру дароз ба сӯйи рафтаи чархбол баст, сипас вазни танашро бар китфи чапаш бор кард, бо дасти рост кордро аз наём берун кашид ва ангор бори нахуст медид, ки бо ҳайрат ба он нигарист. Корд аз дандони пил дастаи зебое дошту рангрезии мехчаҳои зарин зеботараш месохт; он набиштае буд бо хатти ноошно ба ранги баргҳову гулҳо: "Мабод, ки дасти ситам бар ин даста расад!"

Одам нигоҳашро базӯр аз баргҳову гулҳо канд, сипас бо корд ҷойи сахти заминро баробар ба дарозии даста канд, аввал чанд сангча, сипас дастаи кордро дар он ниҳод, гирдашро бо хок пур кард, бо мушт сахт-сахт зад. Хаста шуд, рӯ ба осмон афтод, чашмонашро пӯшид, андак орамид. Даме пас тоб хӯрда, тукмаҳои нимтанаи рангаш монанд ба ранги регистонро кушод, баъд дастонашро бар замин тир карда, то ҷойе ки имкон дошт, танашро боло бардошт. Нигоҳаш як дам ба сӯйи рафтаи чархбол дӯхта гашт, сипас танаш башаст бар сари теғ нишаст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37