• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Юнус Юсуфӣ

Деҳу рӯду кӯҳ канори ҳам рӯйи як хатти рост чунон истодаанд, ки гумон мекунӣ яке бе дигар наметавонад будан. Лаблаби ҷӯ, ки аз рӯдак ба деҳак меояд, ҳулбӯву қоқуву чилбуғуму чинораку сумихараку барги зуф мерӯяд, ду соҳили дарё пури гулхору зирк аст, мушшазори бағали кӯҳ чашма дорад, чашма аз миёни дарахтони хадангу фарк мешорад, аз инҳо ки гузаштед, бурсзори офтобрӯ бар сарутан шаҳбӯ меборад. Оби рӯдак ба гунае соф аст, ки бинанда бовар мекунад як пора осмони тобистон канори деҳак афтодааст. Дар ин оби осмонранг гулмоҳиву сурххарчанг дастбадаст мегарданд. Баҳор дар шохаҳои зирку гулхор гунҷишку аккаву сайраву чаковаку будбудаку сочу сор ва боз аз ин табор парандаҳои бисёр лона месозанд, тухм мемонанд, чӯҷа мебароранд. Фаркзорон ҷойгоҳи кабкону бурсзорон чарогоҳи оҳувонанд. Ва ин рангоранги ҳамоҳанг ба гунае зебову дилрабост, ки мепиндорӣ онро суратгаре боҳунар бар порчае бо хуни ҷигар кашидааст, ки агар як гули қоқу аз лаби ҷӯ биканӣ, ҳамаро вайрон бикунӣ.
Аммо дар ин як даста зебоӣ зеботар аз ҳама суруди рӯд аст. Агар суруди рӯд намебуд, ин перостагии мавзун чунин ширин намешуд. Рӯдак чунон болидаву шод аст, ки сурудаш баҳору тобистону хазону замистон як он хомӯш намешавад.
Баҳорон, ҳангоме ки тундар ларза бар кӯҳу камар меафганад ва ҷонварон аз бими он аз рафтану гуфтан мемонанд, рӯд бепарво суруди зебо мехонад; тобистон, замоне ки офтоб миёни осмон меояду сояҳоро нопайдо месозад ва барргҳо аз зӯри гармо дар навдаҳо мепажмуранд, дарё чун дилдода ба ёди дилбурдаи бепарво пеши худ наҷво мекунад; тирамоҳон, ки дарахтон бараҳна мешаванд ва мурғони рав бачаҳошона мегиранду мераванд ва ҳоли парешони поизро парешонтар мекунанд, рӯдак бонги шодӣ мезанад; замистон, ки кӯҳу пуштаҳо зери барф мемонанду гӯё ҳама дунё мемирад, рӯди кӯҳӣ боз ҳам суруди зиндагӣ мехонад.
Вале ин рӯдаки шайдо зеботарин сурудашро даме мехонад, ки дили тобистон рустаниҳои хушбӯ дар каронаҳо сар кашида, то ними дарахтони худрӯ мерасанду гул мекунанд, чоштгоҳӣ оромӣ меояду овозҳоро меронад ва танҳо нағмаи об мемонад. Овози рӯд дар нимарӯзи беовоз ба гунае ширин аст, ки шаҳдаш ҷонро девона мекунад, он мехоҳад қафаси танро бидараду ба дуриҳои дур бипарад, ба рози ҷаҳону сохтмони он бирасад. Суруди нимарӯзии рӯдро Худованди якто ҳам дӯст медорад ва маҳз барои шунидани он гоҳ, гоҳ аз арш ба фарш нигаҳ меандозад. Ҳамин гуна рӯд аст рӯдаки домани кӯҳак.
Лек шигифтангез он аст, ки сокинони деҳ суруди рӯдро намешунаванд, зебоиҳои бағали кӯҳро намебинанд, нағмаи парандаҳоро намефаҳманд, зеро ҳама гӯш ба навою чашм ба намои нафс доранд. Дар миёни ин тӯдаи кӯру кар духтараке зиндагӣ мекунад, ки аз ин боб ҳамеша дилаш хун асту сахт мехоҳад ба ҳамдеҳони нобинову ношунаво гӯшу чашм шавад. Барои ҳамин, сапедадам аз хоб мехезад, бо оби ҷӯ рӯ мешӯяд, гулу гиёҳони канори роҳро бӯида-бӯида то рӯд мерасад, рӯйи тобасанги соҳил нишаста ба овози он гӯш медиҳад, сипас ба бағали кӯҳ мебарояд, дар оғӯши мушшазор медарояд, аз чашма об менӯшад, хиромидани кабкону бозидани оҳувонро мебинад, пас ба деҳа меояд ва мебинад одамон нав бедор шудаанд. Бо дареғ сар меҷунбонаду мегӯяд: "Медонед ман чиро дидам? Рафтани шабу омадани рӯзро. Ва дилам ба ҳоли шаб сӯхт. Ҳангоме ки рӯз бо шукӯҳу шон аз осмон фуруд омад, шабро дил танг шуду ашки ҳасрат ба чашмаш омад ва ночор дар дили замин даромад. Ашкаш дона-дона рӯйи гулу сабзаҳо монд. Ман як дона аз он ба каф гирифтаму нигаҳ кардам; ҳам кӯҳу ҳам рӯду ҳам деҳро аксшуда дар он дидам; шаб рафтаву ашкашро монда буд, ки то баргаштанаш ин ҳамаро дар худ гунҷонаду нигаҳ дорад. Аммо диданитар аз ин он буд, ки пас аз ашкрезон рафтани шабу хандазанон омадани рӯз оҳувони бурсистон ба ҷастухез даромаданд, мурғони дарахтзор ба арғушт омаданд, дар шохаҳо баргҳои тоза тундиданд, гулҳо атри танашона ба гирду пеш пошиданд, оби чашма монанди ангубину суруди рӯд аз ин ҳам ширин гардид ва шодие номаҳдуд аз куҷое дур то бар дили ман расид. Ҳайф, ки шумо ин ҳамаро надидеду нашнидед..." Одамон ба ин гапи булаҷаб хандиданд ва боре ки духтар аз кӯҳ омадаву боз ҳасрат карда буд, ӯро "ғамхӯрак" номиданд.
Рӯзе ба деҳи каронаи рӯд аз кадом канори дури дунё марди кӯзпушти як чашмаш кӯру як гӯшаш кару як пояш ланг омад. Вай ҳангоме ба деҳ даромад, ки Офтоби ғуруб дар домани дури уфуқ чун чашми хунини бузург нигоҳи маломат бар он андохта буд. Ин тани пурнақс зуд миёни мардум шуду гуфт: "Кори ман шаҳр ба шаҳру деҳ ба деҳ гаштану чеҳраи олам дидану кори одам санҷидан аст. Ин ҷафоро барои он ба худ раво медорам, ки рӯйи Замин деҳ ё шаҳри аз ҳама ободу зеборо пайдо кунам ва поразари пур аз розро ба сокинонаш диҳам. Хосияти ин зарпора дар он аст, ки чанде бишканеду бигиред, кам намешавад ва чун гарде аз он ба дасти кас расад, то ҳаст хушбахт мешавад. Имрӯз деҳи шуморо ободу ҳамаро дар он шод ёфтам ва пеши худ гуфтам, ки ин пораи бебаҳо моли ҳаминҳост. Вале дареғу дард, ки дари бахт ба рӯйи шумо баста гашт-ҳангоме ки аз рӯд мегузаштам, зар аз дастам афтоду дар об рафт..."
Одамон аз ин омадани ногаҳону мӯъҷизаи поразари нестандарҷаҳон як он ҳайрон монданд, вале чун ба гуфтаҳои марди камбуду шунидаҳои худ сарфаҳм рафтанд, даст ба доманаш заданд, ки зуд ба мо ҷойеро, ки зар ба об рафта буд, бинамо. Ин дам Офтоб наменамуд, хуни рӯз домани шомро лолагун карда буд; шаб зода мешуд. Марди як чашмаш кӯру як гӯшаш кару як пояш ланг бо заҳрханд афзуд: "Ҳоло дер шуд, фардо аз паси кор хоҳем шуд."
Пагоҳон мард аз пешу аҳли деҳ аз пас рафтанду рафтанд ва саранҷом ҳамон ҷо рафтанд, ки ҳар сапедадам духтарак ҳарфи сипос бар лаб лаблаби ҷӯ бӯйи гулу гиёҳони хушбӯро бо бари доманаш чида-чида мерафт. Омадамард ишора ба гумобӣ кард, худ рӯйи тобасанг нишаст. Ғаввосону оббозони деҳ чанд раҳ худро дар об андохтанд, аммо чизе наёфтанду рӯ ба омадаи ношуд тофтанд. Вай чашмдори ҳамин буд, ки гуфт: "Рӯдро бояд хушк намуд." Ва аз рӯйи тобасанг нигаҳ ба бурсзорон афканд: "Хоҳед ки зарро ёбед, бурсҳоро ҳама бибуред!" Худ чуноне омада буд, ҳамон гуна нопайдо шуд.
Пас аз рафтани ланги каҷ ҳирси ба даст овардани зар ба гунае онҳоро асир кард, ки осема то деҳ давиданд ва аз шибдори оғилу кунҷи таҳхонаҳо табару тешаҳои зангзадаро берун кашиданд. Аз дами дар деҳ пайдо шудани каҷпушт Ғамхӯрак ӯро бад диду гапашро напазируфт, бори дигар хост ба ҳамдеҳони кӯру кар гӯшу чашм шавад, нашуд. Шаб ночор афзорҳои тезкардаро ғун карду ба ғори бағали кӯҳ овард. Деҳнишинон пай гирифта, то он ҷо рафтанд, ғорро ёфтанд, сангҳои дар даҳонаш чидаро як-як гирифтанду поин андохтанд, табару тешаҳоро дида, аз шодӣ дунёро ба сар бардоштанд. Ва дере нагузашт, ки хоки бурсзоронро бехтанд. Рӯд хушк нашуд. Бо гузашти вақт ин савдо аз ёдҳо рафт, аммо одати буридани дарахтони кӯҳ сахт дар хӯи одамон нишаст. Як рӯз Ғамхӯрак аз кӯҳ ба деҳ баргашту гуфт: "Чандест ки рӯдак суруди ҳазин мехонад." Ҳама хандиданд.
Аз он замон, ки Ғамхӯрак рӯд суруди ғамин мехонад гуфта буд, солҳо сипарӣ шуд. Инак рӯдак, ки аз синаи кӯҳак дамидаву то ба деҳак давидаву ором аз доманаш мегузашт, дигар он рӯдак набуд; овозаш аз лаби соҳил берун намеомад, обаш то деҳ базӯр меомад. Духтарак ҳар рӯз канори рӯд меояд, рӯйи тобасанг мешинад ва аз ҳасрат, ки дар олам як одам дарди дили ӯро намефаҳмад, зор мегиряд, пас мехезаду ба деҳ бозмегардад ва мебинад ҳамдеҳон омодаанд дар талоши об гулӯи якдигарро бидаранд.
Саранҷом рӯзе расид, ки Ғамхӯрак аз расиданаш сахт метарсид; акнун аз рӯд ба деҳ як чумча об намеомад. Боғҳову киштаҳо ҳама сӯхтанд, одамон аз бими ташнагӣ сари якдигар тохтанд ва бо хунашон ҷӯҳои беобро "пуроб" сохтанд. Ғамхӯракро миёни ин деҳу дору куштор ваҳм зер кард, ки инак ҳамдеҳон якдигарро ҳама мекушанду вай дар ин дунёи бекас тани танҳо мемонад. Чун ҳамеша соҳили рӯд омад, рӯйи тобасанг баромад, зор нолиду гиря кард, ончунон деру бардавом гиря кард, ки об дар чашмаш ба хоб мубаддал гашт.
Қазоро он рӯз Худованд боз нигаҳ бар Замин афканд, нигоҳи ҳамабинаш ҳам маҳшари деҳро диду ҳам Ғамхӯраки дилрешро; духтарак рӯйи тобасанг аз зӯри гармии Офтоб сияҳранг гашта буд. Худованд ба духтарак бо меҳр нигаҳ кард ва нахост, ки вай аз ин пас дар миёни кӯрдилони бадсигол монад, хост парандаяке озоду сабукбол бошад. Ва боз Яздони пок ашкҳои солҳо рехтаи ӯро аз дили санг берун оварду ба рӯд афканд; рӯдак чуноне дар оғоз буд, бозпас шӯху сероб шуд. Ғамхӯрак аз овози рӯд бедор гашт ва аз шодӣ пар кушоду ба парвоз омад.
Аз ҳамон рӯз то имрӯз ғамхӯрак, ин парандаяки чолоку хурдак, соҳили рӯдхонаҳо поину боло мепарад, вале аз тарс, ки мабодо об ба одамон нарасад, як чака аз он намехӯрад.


С. 1990.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37