• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Юнус Юсуфӣ

Офтоби миёни осмон бо нурҳои сӯзонаш дунёро месӯзонд. Аз тарси гармо шамолак гурехта, садоҳо руст шуда, сояҳо бухор гашта буданд. Дарахти себ соя надошт, ягон шохааш намеҷунбид, овози кафкӯбии баргҳо намерасид.
Дарахти себ канори раҳ руста буд; раҳи хокина, ки гаҳи рафтан хокаш то буҷули по боло мешуд. Шохаҳои себ пури себ буд; себҳои сурхи сероб, ки аз дур ҳар донааш монанд ба як пора дурр менамуд.
Ин ҳама чунин буду ногаҳ миёни баҳри гармо аз куҷое духтараке зебо пайдо шуд, аз раҳи хокӣ сӯйи себ омад, аммо то таги дарахт расидан ҷонаш ба лаб омад; зеро дар гирду пеш на аз шамолак дарак буд ва на сояе дидаву овозе шунида мешуд: ҳама ҷо офтобу офтоб буд. Як дам пас духтарак себҳои серобро диду ҳавасаш омад, хост як дона канаду ташнагӣ шиканад, аммо аз дасташ наомад; бузургу баланд буд дарахт.
Чун кор чунин ранг гирифт, дарахти себро ғам гирифт, ки инак духтараки раҳравак санг мебардораду ба шохааш мезанад, навдаҳоро мешиканад, меваҳоро базӯр мерезонад ва парво намекунад, ки тани ин чи гуна дард мекунад. Аммо духтарак чунин накард, ногаҳ чизе ба ёдаш омад, ки нигоҳаш ҳазин шуду сар хам кард.
Дарахти себ нахуст шодӣ кард, ки духтарак ба шохаҳояш санг назад, монанди ҳама бо ҳирс ба меваҳо чанг назад, вале ногаҳ дилаш пур аз меҳр шуд, духтараки зебо ба назараш зеботар намуд; дарахт як шохаи пурборашро то ба вай поин овард. Духтарак аз шохаи пурсеб як дона себ канд, лек дилаш нашуд, ки газаду ташнагӣ шиканад; себи сурхи серобу хушбӯро дар остини куртааш кард.
Канори дигари роҳ гандумзор буд. Гандум кайҳо сар кашида, хӯша баста, равғани гов гашта буд ва дар он нимарӯзи тобистон баҳри тилоро мемонд. Духтарак аз зери дарахт миёни гандумзор омад. Баҳри тило мавҷ зад, ларзид, ба худ печид, ки инак духтарак дос аз нӯги остин мебарорад, бо ангуштони дарозу маҳин даста-даста гандум медаравад, мебараду мекӯбад, орд мекунад, кулчаи башир мепазад, сипас лаби ҷӯ нишаста, бо чашми чор хушдорашро интизор мешавад. Ҳангоме ки вай омад, кулчаро мешиканад, ним ба дасти ӯ медиҳад, ними дигарашро худ мегирад, ҳар ду ба об мезананду мехӯранд ва ин ҳама вақт чашм аз чашми якдигар намекананд.
Вале духтарак чунин накард; хӯшаҳоро оғӯш кард, бӯиду бӯсид, аммо ногаҳ чизе ба ёдаш расид, ки нигоҳаш ғамин гардид. Дили гирифтаи духтар дили гандумзорро хун кард; як даста гандум аз баҳри тило ҷудо шуду пеши пояш афтид.
Буттаи латтахор миёни гандумзор руста буд. Хорбуна сершохубарг буд ва дар як шохааш лонаи гунҷишки зард буд. Вай ном надошт, ҳангоми офтобхезу офтобшин шохи хорбуна нишаста, нигоҳи умед ба лонааш баста, ҳай зебо мехонд. Хонданаш монанди булбул буд ё шояд гунҷишкак хеши булбул буд, ки парандаҳои ҳамсоя овоз медоданду ин мехонд ва агар гӯши шунаво мебуд, он чи вай месуруд, бар коғаз навишта мешуд.
Тухм дар лона се дона буд. Тухмҳо ҳамранги осмон буданд, гӯё намунаи он буданд ва ҷо-ҷо раҳҳои сапеду сиёҳ доштанд, ки агар чашми бино мебуд, хонда мешуд. Мурғаки хушхон бепарво ба сӯзи гармо рӯйи тухмҳо нишаста буд ва расидани он дами пур аз рамзу розро наздик менамуд. Чӯҷаҳо аз тухм пешуқафо баромаданд ва ҳамоно бо овози аранге шунаво "чув-чув" карданд; маълум набуд аз дидани дунё гиря доштанд ё ханда.
Духтарак аз паси ҳамин овоз омад. Аз тарс пару боли очагунҷишк рехт, ки акнун вай бачаҳоша мегираду хок дар даҳонашон мерезад, мекушад, пас лонаро вайрон мекунаду меравад. Лек духтарак чунин накард; гунҷишкбачаҳоро оҳиста гирифт, рӯйи даст шинонд, бо меҳр аз нӯлакошон бӯсид ва бозпас дар лонаашон монд. Гунҷишки зард аз шодӣ ба китфи духтар нишаст, бол афшонд ва се пари зебо рӯйи кафаш афтонд. Духтарак парҳоро якҷо карду баст, ба мӯяш зад ва ин дам боз ёдаш куҷое рафту буғз гулӯгираш кард.
Дар он нимарӯзи ҷигарсӯз себи сари роҳ, гандумзору латтахор, гунҷишкони шохсор ҳама чашм ба сӯйи об доштанд. Як ҷӯ обаки сард аз домани гандумзор мегузашт.
Ҷигдаи хушбӯ, ки лаби ҷӯ руста буд, аз суруди ширини об гулгул мешукуфт ва атри танашро ба гирду пешаш паҳн менамуд. Суруди об духтараки раҳравакро лаби ҷӯ овард. Ду канори ҷӯ себаргаву қоқуву чилбуғуму чинораку сумихараку барги зуфу ҳулбӯ дастбадаст истода буданд, обаки хушхонро "шодбош!" мегуфтанд. Обак бо дидани духтараки раҳравак монанди дигарҳо натарсид, баракс шодӣ карду дамид, то рӯйи кафаш расид. Духтарак оби ширину сард дар каф, ба навбат назди себу гандуму гунҷишку латтахор омад, сипас бӯйи хуши ҷигда ба биниаш зад.
Ҷигдаи хушбӯро бӯ аз тан парид, ки инак духтарак як навда аз шохааш мешиканаду ба гесӯи росташ мезанад, навдаи дигара ба гесӯи чапаш мехалад ва яки дигар ҳам мегираду ба хушкардааш мебарад. Вале ҷигда хато кард; духтарак зери дарахт расид, чашмоша пӯшид ва дам нагирифта атри шохаҳоро нӯшид. Ин дам навдаяке канда шуду бар сараш афтид...
Он рӯзи тобистон духтарак ин гуна то хона омад, нахуст себаки сурх, пас хӯшаи гандум, сипас пари гунҷишку навдаи санҷидро бар болори хона овехт, зонуҳоро дар оғӯш гирифт ва ба овардаҳояш нигариста орзу кард. Як дам пас хона аз бӯйи себу гандуму гули санҷид пур шуд ва зери аллаи ин бӯҳо духтараки зеборо хоб бурд. Хоби духтарак бурду аз сӯрохи тоқча мушаке берун ҷаҳид, аз роҳи девор то болор расид ва сӯйи хӯшаи гандум давид, аммо себаки сурх пеши роҳашро гирифт. Мушак ба хоидани ресмон, ки себак бар он овезон буд, сар кард. Ҳар бор ки мушак дандон ба ресмон мезад, ресмон бориктару себак бузургтар мегашт ва агар касе духтаракро бедор намекард, себи инак аз глобуси мактаб ҳам калонтар меафтиду...
Ҷавонак, ки дар хонае танг зери оби арақ китоби кушода рӯйи сина хобаш бурда буд, баробари канда шудани ресмону поин омадани себ, аз фарёди худ, ки "Маҳнӯ-ӯ-ш!" мегуфт, бедор шуд. Бедор шуду дилаш гум зад, чунон дарозу ширин гум зад дилаш, ки ашки шӯри пазмонӣ аз чашмонаш берун рафт. Хесту китобро дар чамадон зад, чамадонро гирифту кӯча баромад.
Шаҳри бузург ба хондан рафта буд ҷавонак.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37