• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Юнус Юсуфӣ

Соати рӯйи девор даҳ бор садо дод; садоҳои кунду кашида. Овози кафзании шоҳаку моҳаки соат буд он, ки ногаҳон якдигарро дидаву шодӣ карданд, даҳ раҳ даст бар даст заданд ва садоҳои тору пудашон аз яъсу навмедиро дар осмони хона парешиданд. Ҳавои хона олудаву вазнин гашт, зеро дар ин даҳ зарб гузашти бебозгашти вақт як дам худро намуду рафт.
Овозҳо хомӯш шуданд, лек яъсу навмедӣ аз шумори онҳое набуданд, ки сабук оянду осон бираванд. Ин ду зуд ба ҷустуҷӯйи ҷойгоҳе сазовор баромаданд ва саранҷом онро ёфтанд; дили одам. Ҷавонмард осема гашт, даст сӯйи зангӯлаи рӯйи миз овард; зангӯла занг зад. Занги зангӯла чун хандаи кӯдак сабуку софу навозанда буд, дили касро лабрези меҳр менамуд, зеро он аз ҷаҳоне буд, ки навмедиву яъс раҳ надоштанд бар он. Ин садо чун мурғаки сабукбол шодона бар осмони хона парид, пардаи яъсу андӯҳро, ки пасаш оромии дилгир пинҳон буд, дарид, аммо то ба дили ҷавонмард нарасид. Андак пас дар во ва ҷавонаке хомӯш паси остона пайдо гашт. Ҷавонмард рӯ ба сӯйи ӯ кард:
- Дилам танг шуд, додарак!
Ҷавонак лаб накушод, ҳамон гуна хомӯш омаду даст дар кафи ӯ ниҳод. Ҳар ду аз хона баромаданд.

***
Ҷавонак чандоне мекӯшад ба ҷаҳони дуру дастнораси ботини ҷавонмард расидан наметавонад, садоҳои кунду кашидаи соати рӯйи девор чи растохезе барпо мекунанд он ҷо, намедонад, вале он гоҳ ки мегӯяд "дилам танг шуд!", медонад ки вақти ба бозор рафтан шуд.
Бозор пури садост. Садоҳои ҳазоргуна ба ҳам омехтаву дар ҳам печида, яке пирӯзу дигар ноком гашта шӯре барпо кардаанд он ҷо, ки гап баробари аз даҳон баромадан дар ин гирдоби олудаву бадбӯ меафтад ва зуд нопайдо мегардад. Зеро садоҳои бозор ҳама зодаву парвардаву фиристодаи нафсанд, хирадро бо нағмаву навош ба он ҷо раҳ намедиҳанд; бозор базмгаҳи нафс аст. Духтарак, ки аз рӯйи гуфти додарак, "нозанин" аст, дар гӯшаи дури бозори бузург, андаруни ҳамин садоҳо, миёни қафасҳо нишастааст.
Бародарон даст ба даст аз миёни овозҳо гузашта то духтар расиданд. Вай баробари дидани онҳо аз ҷо хест, аз миёни қафасҳо баромад, пеш омад; бар лабони монанди гулаш табассум нишаст. Ду рада дандони сап-сапед дар ҳамдастӣ бо лабҳо сахт зебо менамуд.
Ҷавонмард, ки ҳеч як аз диданиҳои дунёро намедид, инро низ надид аммо. Вай бо чашми сар чизе намебинад, вале дар канори ин ҷаҳон ҷаҳони дигаре ёфтааст, ки оростагиву перостагияш бо зебоиҳои Замин андоза намешавад. Он ҷо чизе сари роҳи чизе намеистад, яке дигареро рад намекунад, аз ҳам ҷудо намешавад, намемирад-ҳама ҳамеша ҳамоҳанг ва ҳазор ранг дар як рангу як ранг дар ҳазор ранг аст. Ҳангоме ки соати рӯйи девор садо медиҳад, ҳамин ҳамоҳангиву якрангии рангоранг ноаён аз миён меравад, ҷавонмард дилтанг мешавад. Барои дубора барпо сохтани ин ҷаҳони ороставу ороми азҳамрехта вай ночор аст ба бозор ояд. Инак ҷавонмард даст дар дасти додар ҳама нерӯи танашро ба садоҳои чун даранда гушнаву газанда дода, саранҷом хаставу парешон то духтар омад.
-Имрӯз як қафас бас аст, ман мадори бурдан надорам.
Ҷавонмард чунин гуфт, духтар гумоне барошуфт, сипас чобук аз шумори қафасҳо якеро бардошту назди ӯ бурд. Мурғони қафас рам хӯрданд, садошҳошон тезу халанда шуд, пиндор садо не, як бутта хори зери по афтода буд. Ҳангоми додугирифт дасти фурӯшгор ба дасти харидор расид; боди дар дашти дили ҷавонмард хеста тӯфон шуд, уштулум кард, рухсораҳояш ғарқи арақ гашт. Духтар чизе дарк накард, пас гашту миёни қафасҳо рафт. Донаҳои арақ монанди шабаи ба ришта кашида яке паси дигар то зери манаҳи ҷавонмард омад, он ҷо гиреҳ гашт, роҳи нафасашро баст. Додарак бо шитоб қафасро аз кафи вай берун кашид, дасташро ба даст гирифт. Инак ҷавонмард, осмони гӯшҳояш пур аз садои чун хорҳои хушки биёбон халандаи парандагон, маҳшари бозорро надида меравад. Ҳар бор, ки ҳамроҳи додарак ба бозор меоянд ва мурғони қафас аз духтарак мехаранд ва ин гуна аз миёни садоҳои нафс мераванд, вай магар ин садо дигар садо намешунавад, зеро он гапро, ки ҳамеша дар нӯки забонаш асту мехоҳад ба духтарак гӯяд, пас аз шунидани овози мурғони қафас наметавонад гӯяд; метарсад. Аз он метарсад, ки духтар овози ӯро чун овози мурғони гирифтор, ки ҳар рӯз ба бозор меораду мефурӯшад, намешунавад. Ва ин гуна мерасанд то харобаҳои маъбад.
Маъбади вайрон, ки гирдогирдаш ҷангалистон аст, рӯйи тали канори шаҳристон истодааст. Ин хароба ягона ҷойест дар ҳудуди шаҳр, ки садоҳои бозор то ба он намерасанд, барои ҳамин ҷавонмард ҳамроҳи додарак мурғони қафасро ин ҷо меорад. Ҳангоме рӯйи тал мебароянду то вайрона меоянд, додар оҳиста қафас пеши пойи бародар мениҳад. Парандаҳо бӯйи кадом рӯйдодеро мешаманд, гӯё ки ногаҳон хомӯш мешаванд; сукуташон пиру хаста аст, ангор онро аз дурии асрҳо кашидаанд то ин ҷо. Ҷавонмард як дам санг мешавад, ба овозҳое гӯш медиҳад, ки додарак аз буданашон дарак надорад, сипас пеши қафас зону мезанад ва даме ки ангуштонаш ба даричаи он мерасанд, дилаш сахт мезанад, дар ҷабини фарохаш аз нав донаҳои арақ пайдо мегардад. Оҳиста дари қафасро боз мекунад.
Парандаҳо бесаранҷом аз канор ба канор меҷаҳанд, нахуст ба чӣ маъно будани ин савдоро намефаҳманд, вале андак пас сарриштаи корро ба даст мегиранд ва аз даричаи во фир-фир мепаранду мераванд. Парандаҳои шеваипарвозгумкарда миёни сутунҳои мармарӣ чанде сарсарӣ мегарданд ва саранҷом самтҳои оламро меёбанд; лаҳнашон дигар мешавад, инак он чун хорҳои хушки биёбон халанда не, монанди шукуфаҳои дарахтон, ки дар баҳорон бар сари бараҳна резанд, ширину нарму навозанда аст. Парандаҳо ин гуна чанде дар осмони маъбади вайрон ба номи озодӣ бонги шодӣ мезананд, сипас сӯйи ҷангалистон мераванд. Ҷавонмард ҳамчунон ноҷунбон аст, гӯш ба овози парандаҳо додаву нишастааст, вале акнун дида мешавад, ки нишони ошуфтагиву парешонӣ аз чеҳрааш рафта, ҷояш оромишу осоиш расидааст. Вай чунон осуда бар хок нишастааст, ки гӯё ҳамин ҳоло чашмбанди сиёҳро аз чашми зиндагӣ кушодаву ба дур андохта бошад. Вале ин дам додарак меояду боз дасташро ба даст мегирад.


***
Ҳангоме ки бародарон қафасро мегиранду аз бозор мебароянд, андешае монанди тухми гандида дар сари духтар зода мешавад, сипас ба тобаи дилаш меафтад ва ҳама ҳастияшро бадбӯ мекунад: "Оё ин ду ҷавон мурғон аз ӯ арзон харидаву ҷойе дигар гарон намефурӯшанд? Агар на, ин ҳамаро куҷо мебаранду чӣ мекунанд?" Ин андешаи зодаи нафс дар ниҳоди духтар тафс мерезад ва ӯро дуздонаву пинҳон аз паси онҳо мебарад. Он гоҳ ки бародарон даст дар даст аз назди маъбад бозпас мераванд, духтар он ҷо мерасад ва аз он чи чашми сараш мебинад, чашми дилаш мегиряд; миёни чор девори бебом пури қафас аст, қафасҳои холӣ, ки дарунаш бод мекунад бозӣ. Духтарак назди ҳар қафас меравад, мешинад, мехезад ва гӯё он кадом бозёфте нодир аст, ки бо эҳтиёт ба даст мегирад, бо шигифт менигарад, бозпас дар ҷояш мениҳад ва саранҷом ба рози қафасҳои холӣ мерасад, ки сар миёни даҳ ангушт мегирад. Ва ногаҳ он вақт, ки духтар то ин дам дар он зиндагӣ мекард, аз реша канда мешавад, дасте ӯро мебардораду ба замоне дигар мебарад; бобои мӯсапедашро мебинад, ки аз пагоҳ то бегоҳ миёни ҷангалҳо мегардад, парандаҳои озодро ба дом меорад ва ӯро ночор месозад онҳоро ба бозор бараду бифрӯшад. Боборо дар рӯзи гузашта мебинад, вай мекӯшад аз дирӯз ба имрӯз расад, аз дасти набера гирад, бозпас барад, лек наметавонад, зеро дар ибтидои рӯзи нав ҷавонмард истодааст. Вақте ки инро мушоҳида мекунад, он тафс, ки андешаи зодаи нафс дар дилаш рехта буд, ногаҳ ба меҳр мубаддал мешавад. Аз миёни қафасҳои холӣ мехезаду назди сутунҳои мармарӣ меояд, шона ба шонаи яке мениҳад ва аз фарози тал нигаҳ ба баҳр мекунад; аз баландӣ баҳри аз кӯдакӣ ошно ончунон ба дилаш наздик меояду зебо метобад, ки бо даркаш оби шодӣ аз чашмонаш мешорад. Баҳр рафта-рафта дар карона ба баҳри дигар мепайвандад-осмон баҳру баҳр осмон мешавад, дигар ҳама ашё дар баробари ин ду мавҷуди бузургу зебо ҳечу нопайдо мегардад. Маъбад мемонаду духтарак. Андаке пас дили духтар низ баҳр мешавад ва ҷойи андешаҳои туршу ширини зодаи нафс чеҳраи ҷавонмардро дар худ акс мекунад. Сипас баҳр мавҷ мезанад, аз соҳил бадар меравад, ба ҳама ҷӯҳои танаш мерезад ва ҳамон суратро ба ҳазор қисмат ҳамроҳ мебарад; сари духтар чарх мегардад, дилаш аз дарди ширин гум мезанад. Вай танашро аз шонаи сутун меканад, аз миёни қафасҳо мегузарад, аз зинаҳои сангӣ, ки ҷангалро ду ним кардаанд, поин меравад. Мурғони аз дасти ӯ раставу озодгашта сари ҳар қадам садо мезананд; овозашон монанди меваҳои гунагуна ва пухтаву расидаи шохи дарахтон ҳавасангезу бомаза аст.

***
Соати рӯйи девор даҳ бор садо дод; садоҳое монанд ба садои афтодани сарҳои бурида. Ҷавонмард баробари ин даҳ зарб аз вуҷудаш берун рехтани чизеро бадард дарк кард, даст сӯйи зангӯла овард. Дар во шуд, ҷавонмард гуфт:
- Дилам танг шуд, додарак!
Ангуштоне нарму нозук монанди шукуфаҳои дарахти шафтолу сабук омаду дар кафаш нишаст:
- Дигар касе онҳоро дар қафас намекунад...
Тундбод, ки ҳар бори дар бозор ба дасташ хӯрдани дасти фурӯшгор рӯ мезад, инак шиддат кард, башаст ба девори сангии сиёҳ, ки он даҳ зарби пур аз дард пасаш пинҳон аст, зад; девор ҷунбид, решаҳояш аз жарфнои дур ҳамроҳи худ ноларо боло кашид ва саранҷом рӯйи садоҳои кунду кашидаи соат афтид. Ҷавонмард даруни сапедии нарм, ки нури моҳи ба анбӯҳи гулҳои себ печидаро мемонд, духтараке зеборо истода дид; бо чашми сараш дид, на бо он чашм, ки диданиҳои аз нигоҳи одамон пинҳонро медид. Як дам пас мизу зангӯлаву девору соати рӯи девор низ пайдо гардид ва баробар ба ин садое пасту вазнин, монанд ба овози кадом сози қадим аз гулӯяш берун гардид:
- Нозанин!!!
Ва баробар ба ин, дарёфт дигар он ҷаҳони ҳамоҳангу ҳазорранги дар як рангро ҳаргиз нахоҳад ёфт...

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37