• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Юнус Юсуфӣ

Дар хонаи зебои зани зебо зеботар аз ҳама ҳаммом аст; ҳаммоми аз остона то осмона кошикорӣ. Кошиҳои аъло дар ҳамдастӣ манзараи зебоеро ба сурати шаршара сохтаанд, ки бинанда хаёл мекунад гӯшае аз табиат ба хонаи зан кӯчидааст. Девори дасти чап ва шифти ҳаммом батамом оинабандисту ин ҳамаро дар худ акс мекунад. Ҳангоме ки обшанги гулобӣ аз об пур мешавад, нақши шаршараи рӯйи девор зинда мешавад; гӯё оби он рехтаву обшангро пур кардааст. Дар ҳаммом беш аз ҳама ҳамин чиз писанди зан аст. Мили об ба гунаест, ки зан даруни обшанг ба пушт афтодаву бо нӯки ангуштони по гармиву сардии обро ба хостаи дилаш мекунад. Тукмаи барқ ҳам одӣ нест, бо андак расидани нӯки ангушт равшанӣ зиёд ё кам мешавад.
Зан хуш дорад ин ҷо дар баробари оинадевор истаду нигаҳ ба аксаш андозад, як дам пайкари пушти куртаро пеши назар орад, сипас, ангор кадом чизе нозуку зудшикан он ҷо пинҳон аст, ки оҳиста, тадбири кор карда, пероҳанро аз тан дур созад. Дар ниҳоди зан ҳамеша ҳиссе бедор аст, ки дигар хостаҳои дилашро пеши хоҳиши расидан ба ин лаҳзаву дидани чунин саҳна чизе беҳуда мекунад, зеро ин ҷо даме ҳаст, ки ногаҳ танашро аз миён мебарад, ҷонашро бо замину осмон мепайвандад, ҳама андешаҳоро нобуд мекунад; зан ба чизе мерасад, ки аз ширинии дарду зӯрии шаҳдаш ҷонаш фарёдҳое бесухан мезанад...
Ин ҳолат замоне даст медиҳад, ки вай мӯҳои анбӯҳи бунафшаиро рӯйи шонаҳои мармарӣ мерезад, ҳама зебоиҳои он пайкари нотакрорро, ки шояд дар ҳунари офариниш баландтарин қуллаи истеъдоди Офаридгор бошад, дар оинаҳои поину боло менамояд, сипас ангуштони дарозу нозукаш оҳиста, нарм ва бо меҳру гарм бар пастиву баландиҳо мешоранд, то он гоҳ ки ногоҳ ангуштони лағжанда ба як тани дигари равандаву тапанда мубаддал мешаванд, ӯро ба диёри ваҷд мебаранд, мадҳуш мекунанд.
Аммо андак пас зебоиҳои ҳаммому шукӯҳи тан ногаҳон аз миён мераванд, ангуштонаш бозпас аз худаш мешаванд, сардие олуда ба пушаймониро дар хонаи дилаш ҷо мекунанд. Вай зуд аз рӯйи мизи мармарӣ, ки пур аз шомпуҳои хушбӯст, якеро мегирад, ба оби гарм мерезад, даст ба тукмаи барқ меёзад, равшаниро нарму широлуд месозад, даруни обшанг меравад, танашро то гулӯ дар кафки хушбӯ фурӯ медиҳад ва чашмонашро мепӯшад.
Дар шифти ҳаммоми зебо, он ҷо ки оинаҳо ба кошиҳо мепайванданд, шикофе ҳаст. Тортан дар ҳамин сӯрох зиндагӣ мекунад, зеро дар хонаи зебо дигар ҷойе нест, ки зани зебо рӯздармиён бо гардкаши тавоно наравад ва он бало ҳамаро дар комаш фурӯ накашад. Зан аз будани тортан намедонад, вале ин арзанчашм савдои тани бараҳнаву ангуштҳоро ҳама медонад. Рӯзҳои нахуст бофанда ба зан аз даруни шикоф нигоҳ мекард, аммо чанде пас нағмаҳои одам пешаш аҷиб омад, ки ҳар бор худро бар тораш овехтаву як ваҷаб поин мефаромад, то саранҷом як рӯз зан ба об даромаду рӯболо шуд ва дид тортане бар тораш овезон дар рӯбарӯяш истодааст ноҷунбон.
Ин дидори ногаҳон як он занро сахт ошуфтаву парешон кард, гӯё рӯйи шонаҳои аз об берунаш чизе хазид, ки сар то пояш ларзид. Тортан аз тори овезон чобук худро боло кашид. Кайфи зан парид, андешид, ки дар ин хилватгаҳи зебо вай танҳо набудааст, чашме бегона он ҳама гирумонро медидааст. Зан ба гунае ошуфтаву бетоб шуд, ки пиндор анкабут як ҳашараи бенур неву инсоне бошуур буд. Тортан ҳамоно аз паногоҳи худ рост ба вай менигарист, гӯё чизе гуфтан мехосту наметавонист ё мегуфту зан намефаҳмид.
Пас аз ин рӯйдод, рӯзҳои нахуст, ҳар бор ки зан ба ҳаммом меояд, пеш аз ҳама нигоҳаш ба шифт медавад, тортанакро сӯяш нигарон мебинад, як он дилаш таҳ мекашад, дарки сарди нороҳатӣ, ки як дам пас ба аламе олуда ба хашм мубаддал мегардад, онро пур мекунад. Вале шигифтовар ин аст, ки зан ба рондан ё куштани тортан дил намекунад, зеро ин дам дар андарунаш як тани дигарро ошкор мекунад, ки дар ҳаммом мондани ҳашараро мехоҳад, гӯё ба вай ниёз дорад. Ва рӯзе зан дармеёбад, ки бо расидани нигоҳи тези тортан аз сӯрохи шифт, лаззати саҳнаи пеши оина дучанд мешавад, гӯё ҳамроҳи вай яки дигар низ ин ҳамаро паси сар мекунад.
Ин гуна рафта-рафта бофандаву зан ба ҳам хӯ карданд. Инак зани зебо пас аз "созубоз" бо ноз даруни кафкоб меравад, тортан ба тораш овезон мешавад ва то дер чашм аз ӯ намеканад. Оё тортану зан ошиқи якдигар шуда буданд?
Хоҳиши ба ҳаммом рафтан дар дили зан ҳамеша ҳангоми қиёми Офтоб-он дам, ки сояҳо гуму садоҳо кунд мешаванд, сар мезад, аммо боре ин хоста ӯро шоми дер ба он ҷо овард. Тортан дар ҷойи ҳамешагияш набуд; ҳашараи баднамуд даруни обшанги зебову сайқалӣ фуромада буд ва чандон ки кӯшиши берун рафтан менамуд, ҳама беҳуда буд. Заҳрханде бар гирди лабони зан нақш баст, нарм канори обшанг нишаст, бепарво чанде талоши тортанро тамошо кард ва ногаҳ як он чунинаш намуд, ки ҳашара сӯяш ишораҳое менамуд. Дар ҳамин андеша буд, ки нохост, ғайриихтиёр кадоме дасташро сӯйи мили об бурд; об фаввора зад, тортан миёни «мавҷҳо» худро аз канор ба канор мезад. Ҷонварак он гуна сахт даст дар гиребони марг зада буд, ки зан асираш шуд, дунёро фаромӯш намуд; ҳамон фараҳу шодии ҳангоми бараҳна пеши оина истодан раҳ ба дилаш бурд.
Обшанг оҳиста-оҳиста аз об пур шуд. Об то сӯрохи обрав расид, раҳ ёфт, тортанро низ ба ҳамон сӯ кашид. Пеш аз он ки тортан ба сӯрох фурӯ равад, зан як он хост шарики розҳояшро аз об берун кашаду наҷот диҳад, вале ҳамоне ки дасташро ба сӯйи мили об бурда буд, инро нахост.
Хоҳиши шустушӯ ногаҳ дар дилаш мурд, танаш вазнин шуд, шикастахаёл ба хонаи хоб омад, худро дар бистари нарм ғарқ кард. Ва андак пас чаманзоре хуррамро ба хоб дид. Хоб дид, ки дар он гӯшаи дунёи берун аз ин дунё вай зани зебо не, магасе танҳосту дар ҳамсоягии тортанак зиндагӣ мекунад. Тортанак ошиқаш аст, аммо магас ба ин парво намекунад. Ҳар рӯз, он гоҳ ки Офтоб мебарояд ва чаманзори хуррам аз файзи он хуррамтар мешавад, магас болҳои нафисашро мекушояд, дасту поҳои дарозу тани зангору зебояшро менамоёнад ва ин гуна то дер ба орову торо машғул мешавад. Тортанак ин ҳамаро мебинаду об мешавад, вале дар андоми безебаш як узви базеб нест, ки монанди магас худнамоӣ кунад. Барои ҳамин, аз шаб кандаву ба рӯз дӯхта, бар меҳнати ишқ заҳмати дигар зам намуда, тӯри зебое бофт, ки дар зиндагӣ киву дар ошиқӣ чӣ буданашро пеши маъшуқаи бепарво исбот кунад.
Тӯри бофтаи ӯ шигифтангез аст, рахҳои амудиву уфиқӣ дорад, аз дурр ба глобус мемонад ва ангор намунаи Замин аст, ки ҳама зебоиҳои чаманзорро дар худ такрор мекунад. Ин офаридаи баланд пеши чашми Офтоб ба ҳафт ранг метобад ва ҳуши бинандаро мебарад. Магас ҳам шефтаи он аст, аммо ба андешае ки мабод доми фиреб бошад, ба он наздик намешавад. Тортан зуд-зуд то канораҳои бофтааш мехазад ва сӯйи магас ишораҳое мекунад, аммо чун ба "пурсишаш посух" намешавад, мераваду дар маркази он ғунча мешавад.
Як рӯз, ки Офтоб нав рӯ намудаву рангҳои садгесро дар тӯри зебо ҷилва дода буд, магас шермагасро дар маркази он ноҷунбон диду ангошт мурдааст. Тобиши рангҳо дар бофтаҳо чунон зебо буд, ки саранҷом магасро асир намуд ва ӯро монанди пари коҳ, ки ба сӯйи каҳрабо кашида шавад, наздики тӯр бурд. Магаси худхоҳ хост танашро ба тӯри рангоранг занаду ҳафтранг кунад ва бо зебоияш ҳамаро моту гаранг кунад, аммо ба тори нахустин по ниҳодан ҳамон шуду дар бало печидан ҳамон; магаси бадаступо чандон ки дасту по мезад, бештар бандҳо ба дасту по мезад. Ин дам тортани ношуд, ки аз дарди ишқ ҳисоби вақтро гум карда буд, аз хоб бедор шуд. Бедор шуду бо оғӯши во сӯйи дилбари зебо давид ва аз фарёди тарсбори зан дару девори хона ларзид...
Сапеда дамида буд. Зан рӯҷои бар танаш печидаро ба душвор аз худ дур намуд ва ба умеди аз сар рондани кобус вориди ҳаммом шуд. Обшангро пур кард, чун ҳамеша ба пушт даруни об рафт. Сипас дар оинаҳои поину боло танашро дид; тамоми он пайкари зебо бо рахҳои сиёҳи жарф печида буд, ки ҳеч шуста намешуд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37