• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Юнус Юсуфӣ

 

Шаҳр на муаббир дошт, на мудаббир, барои ҳамин Шодии шикам рамзи ҳарфи дар рӯз шунидаву рози хоби дар шаб дидаашро худ кушод ва ин гуна ногаҳон аз хар афтод. Кош на таъбир мекарду на тадбир меҷуст.
Ин одам, чуноне аз номаш ошкор аст, марде буд, ки ҳамеша ба фармони тану супориши нафс гӯш меандохт ва дар зиндагӣ танҳо аз ҳамин пайроҳа гом мебардошт; мехӯрду зар меандӯхт. Пас аз хоб дидан ин гуна ошуфтаву парешон шуданаш пайванд ба ҳамон тилои пинҳон дошт, ки бе он зиндагӣ пешаш берангубӯ буду ҳеч маънӣ надошт. Аммо то он ки шаб расаду мардак хоб бинад, рӯзона рӯйдоде аҷиб пеш омад.
Он рӯз як рӯзи сӯзони тобистон буд, ки гармо рафтани хунро дар рагҳои тан душвор менамуд. Дурусташ рӯзи бозор буд ва аз ҳар канор одами бисёр ба Бозор омада буд. Дар Бозор кас назди кас ба андозаи хас арзиш надошт, зеро он рӯз рӯзе буд, ки одам худро бештар аз рӯзҳои дигар фаромӯш менамуд, бандаи тану фармонбари нафс мешуд. Шодии шикам дар ин рӯз ҳамеша деҳудори Бозорро то дер аз канор тамошо мекарду шод мегашт, ки бубин ҳазор-ҳазор чи гуна ба хидмати шикам камар бастаанд. Рӯйи Замини гарданда ягона тамошои арзанда барои вай ҳамин гирумони Бозори рӯзи бозор аст.
Аммо он рӯзи бозор, ҳангоме ки аз тамошо сер шуду миёни мардум даромад, ногаҳ пеши рӯяш ҷандапӯше ба пайдо омад. Он рӯзҳо дар Бозор гадоҳо бисёр буданд, андешид гадоесту аз вай чизе мехоҳад; бо нафрат худро аз ӯ дур кашид, вале он пӯстғафси бешарм боз дар рӯбарӯяш пайдо гардид. Ин дам Шодии шикамро чунин намуд, ки ҷандапӯшро гаҳ мебинаду гаҳ намебинад ва ҳар бор ки мебинад, сардие сардтар аз нафаси дай бар танаш медавад; ангор он рӯз як рӯзи доғи тобистон неву як рӯзи сарди замистон аст. Гандамард дам намезанад, ҳамон гуна пайдову нопайдо истодааст ва гӯё ба ҳоли марди шикам писханд мезанад. Ин кори вай Шодиро ба хашм овард, ногаҳ кӣ буданаш ёдаш расид, ки тунд пурсид:
- Чӣ мехоҳӣ!?
Ҷандапӯш аз ин пурсиши дурушт сари мӯ наошуфт, орому бепарво гуфт:
- Ҳушдоре ҳаст, агар хоҳӣ, бишнав...
Шодии шикам осуда гашт, ки ин фалакзада гадо набудаасту аз вай чизе намехостааст. Гандамард дасти ӯро дар дасташ гирифт ва рост ба чашмаш нигарист:
- Медонӣ, ту кистӣ? Рӯдаи дусар; сари аввалат мехӯрад, сари дувумат меронад. Ҳамин гуна як чизи беҳуда ҳастӣ, бародар. Аммо ту аз сари аввали ин рӯда-аз даҳанат эҳтиёт шав...
Ин гап монанди он омад, ки гӯё кадоме ногаҳ як лагади обдор бар сари Шодӣ фуровард. Чанде чизе надид, садо ҳам нашунид; монанди ӯ як одами мӯътабарро рӯдаи дусар гуфтанаш Шодии шикамро девона кард. Хост як мушт бар даҳони он кавдани аблаҳ занаду сиву ду дандонаша шиканад, вале то ин андеша дар сараш пухт, ки ҷандапӯш нопайдо гашт. Гирумону ҳойуҳуйи Бозор як дам пас ин диду водидро аз ёдаш бурд. Мардак рафту дар айвони чойхона ба паҳлӯ афтод ва то бегоҳ шикам чаро дод. Аммо шаб хобе дид аҷиб.
Хоб дид, ки рӯзи бозор асту вай дар Бозор мегардад. Бозор пури садост ва ақлногир он аст, ки Шодӣ садоҳоро бо гӯш намешунавад, балки бо чашм мебинад; он гуна ки дару девору сангу чӯбро мебинӣ. Овозҳо дар Бозор мегарданд, мехаранд, мефурӯшанд, мегиранду мехӯранд, аммо ҳеч ба ӯ нигоҳ намекунанд. Ин кори онҳо Шодии шикамро парешон мекунад ва ошуфтагӣ нарм-нарм мулки дилашро соҳиб мешавад. Ба умеде, ки шояд садое ошно ӯро бишносаду лутф созад, гардан ёзида ба чор тараф менигарад ва ногаҳ дар анбӯҳи садоҳо ҷандапӯшро мебинад, ки ба шакли асл истодаасту ба вай менигарад. Шодӣ бо шодӣ зуд то ҷандапӯш мерасаду аз банди дасташ мегирад:
-Ин чи савдост, ки ҳатто ошноҳо намешиносанд маро?
Ҷандапӯш бепарво:
-Вақте ки худро намешиносанд, туро чи гуна бишносанд?
Шодии шикам:
-Мешавад, ки одам худро нашиносад? Равшантар гап зан.
Ҷандапӯш:
- Мешавад, ошно.
Шодӣ:
-Пас ту аз рӯйи кадом фан бишнохтӣ маро?
Гандамард:
-Ман ҳамаро мешиносам ин ҷо...
Ин дам ба ёди Шодии шикам рӯйдоди рӯзона расид ва бовараш омад, ки ин риши гов ӯро мазоҳ мекунад. Бо хашм ангушти ишора бардошт ва онро таги бинии ҷандапӯш дошт:
-Не, бовар надорам, ки ин ҷо касе маро нашносад! Ин кори туст, ту ҷодугарӣ ва бо сеҳр одамонро ба садо бадал кардаӣ...!
Гандамард ҳамон гуна бепарво сухани Шодиро бурид:
-Ман ҷодугар не, ман Маргам ва ҳамеша дар ин Бозор мегардам...
Шодии шикам аз тарс якқад парид, ҷандапӯшро монду сӯйи садоҳо давид. Буздилии ӯ гандамардро ба ханда овард, лек ханда баном ханда буд, дар асл монанд ба овози бимангези тундар дар шаби сиёҳи боранда буд. Замин зери бори ин ханда чун дар рӯзи заминларза мешикасту пора мегардид ва садоҳоро фурӯ мекашид. Шодӣ низ дар он миён буду аз тарс фарёд мезад ва дар ин кор чунон ҷаҳд мекард, ки рагҳои гарданаш монанди химчаҳои чарс тарс-тарс канда мешуд...
Вай ду даст ба гардан аз хоб бедор шуд; замини кафида пеши чашмашу овози ханда дар гӯшаш буд. Чанде ҳангуманг нишаст, сипас зӯр зада ақлашро кор фармуд, ки ин хоб чи гуна хоб буд? Ва саранҷом бардошт аз ин талош он шуд, ки дар хобу бедорӣ ҳамон як танро дид ва он, чуноне худаш гуфт, марг буд. "Ӯро дар хоб дидану тарсидан дарди бахайр аст, вале дар рӯзи равшан ба сурати одам омадану маро рӯдаи дусар хондану даҳонро дар миён андохтанаш баҳри чӣ буд?"
Хоб нахуст хобро аз дидагони Шодӣ бурд, сипас дили беғамашро саршори ғам намуд, баъд косаи сараш аз ин гуна пурсишҳо пур шуд. Дар ин миён ногаҳон тилои пинҳон ба ёдаш расиду дилаш таҳ кашид; он чи ба бедорӣ шуниду дар хоб дид, ҳамаро баста ба он дид; сирри тило аз даҳон мебарояду сарашро ба бод медиҳад!
Мардак савдои хобу бедориро ба ин маънӣ таъбиру тафсир карду осуда шуд, ки агар гап сари даҳон бошад, қуфл бар он мезанаду то рӯзи мурдан аз ин боб назди касе дам намезанад. Вале дар даҳон будани забон даме ба ёдаш зад, ки ногаҳ дар дилаш хоҳиши раднопазири ба касе гуфтани рӯйдоди хобу бедорӣ ба пайдо омад. Ва ҳамон дам Шодии шикам ду тан шуд: яке мегуфт дидаву шунидаро ба касе нагӯ, дигарӣ мефармуд, ки бигӯ. Ва оне, ки мегуфт "бигӯ!", пурзӯртар аз оне буд, ки мегуфт "нагӯ!" Ин ҳол ба мардак ранҷу дард овард, аз марг тарсиду нисбат ба зар дар дил нафрат парварид, аммо муаммои мушкилтар аз ин он буд, ки чанде бадбинияш ба зар меафзуд, ҳамон андоза вай наздаш азизтар мешуд. Вале аз забон чунон безор шуд, ки тайёр буд онро чун хазандае шум аз сӯрохи даҳон берун кашаду зери пошнаи кафш гирад.
Як шаб вай лаби ҷӯйи канори боғ нишаста, хобро оҳиста ба гӯши об гуфт, шаби дигар фонуси зангхӯрдаву кайҳо фаромӯшшударо аз шибдори оғил берун кашид, даргиронд, пеши рӯяш монд ва пинҳон аз касон ба он дарди дил намуд, сипас ин хоби наҳсро назди дарахтони боғ бурд ва саранҷом боре, ба андешае ки ин ҳама ҷон надоранду гап намефаҳманд, гардани сагро оғӯш карду... Нашуд. Ин андеша, ки рӯзе бӯйи тилои пинҳон мебарояд ва шабе ба хонаи хобаш яке меояд, ҳеч аз сараш намебаромад. Агар хоҳад, ки ҳам зар пинҳон монаду ҳам ҷон дар амон бошад, бояд чорае ёбад. Ва Шодии шикам пас аз чанд шабу чанд рӯзи андеша пеши худ аҳд кард, ки ба сафар мебарояд ва то фаромӯш шудани ин хоби гоҷ бознамеояд.
Он рӯз як рӯзи доғи тобистон буд, гармо ба ҳадде буд, ки рафтани хунро дар рагҳои тан душвор менамуд. Шодии шикам пеш аз он ки шаҳрро бигзорад, ба Бозор даромад, ин сӯву он сӯ гашт ва ниҳоят то ба ангурфурӯш омад, ки сабад-сабад ангури сиёҳи сероб мефурӯхт. Рафту чанд хӯша бардошт, дар анбонаш андохт, сипас сӯйи мошин тохт. Ҳавои дарун аз берун гармтар буд, Шодии шикам барои ташнагӣ шикастан хӯшаи калони ангурро аз анбон гирифт, наздики даҳонаш дошт ва бо лабонаш ба кандану хӯрдан пардохт. (Вай барои лаззати бештар бурдан ҳамеша чунин ангур мехӯрд.) Ҳангоме ки сари ангур ба ним расид, гумоне нӯки забонаш чизе халид, сипас сӯзе аз он нуқта оғоз гардид ва бар ҳама ҷойи танаш давид. Шодии шикам бо алам ғуҷуми ангурро партофт ва донаҳои нимхойро аз даҳон андохт; тортанаке сиёҳ, ки сиёҳияш сиёҳтар аз ангури сиёҳ буд, аз оби даҳон берун омад ва миёни курсиҳои автобус ба давидан даромад. Мард аз ҳайрат як дам дардро фаромӯш кард; ҳайраташ аз он буд, ки миёни курсиҳо ҳашараи сиёҳ не, ҷандапӯши бадхоҳ пасу пеш медавид ва бо садои монанд ба тундар механдид. Ин навбат зери садои ханда ба ростӣ чизе дар ниҳоди Шодии шикам канда шуд, ки пайвастанаш ғайриимкон буд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37