• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Ато МИРХОҶА

2-3 июли соли равон дар пойтахти Қазоқистон ба муносибати 20-солагии шаҳри Остона Ҳамоиши якуми шаҳриёрони мамлакатҳои Роҳи бузурги абрешим баргузор гардид, ки дар бахши фарҳангии он аз кишвари мо муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ва академики Академияи улуми Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илму техника, профессор Нуриддин Қаюмов иштирок карданд.

Дар ҳамоиш аз 60 давлати ҳавзаи Роҳи бузурги абрешим шаҳрдорон, пешгомони тиҷорати ҷаҳонӣ, сохторҳои молиявӣ, арбобони давлатӣ ва илмӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, ВАО намоянда доштанд.

Дар кори мизи мудаввар дар мавзўи "Нақши адабиёт ва фарҳанги кишварҳои ҳавзаи Роҳи абрешим" муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ширкат намуда, оид ба мавзўи номбурда, аз ҷумла, чунин изҳори ақида намуд:

 

-Шабакаҳои печдарпечи роҳҳо ва воситаҳои ҳамлу нақлро ҷуғрофидони асри IX-и олмонӣ барон Фердинанд фон Рихтговен (1883-1905) "Роҳи абрешим" номид. Барон дуруст зикр мекунад, ки абрешим бо ин роҳ аз Чин ба тарафи ғарб, тахминан аз соли 100-уми пеш аз милод то соли 1500 милодӣ, кашонда мешуд. Аммо агар гўем, ки абрешим ягона моли тиҷорат дар ин роҳ набуд, истилоҳи зебои ихтироънамудаи фон Рихтговенро зери шубҳа қарор медиҳем. Зеро барон метавонист онро "Роҳи лоҷвард" (аз Афғонистон ба Мисру Ҳинд), "Роҳи яшм" (аз Хутани Чин ба ғарб), "Роҳи зумуррад" (аз кўҳҳои Помир ва Афғонистон ба тарафи шарқ ва ғарб), "Роҳи мис" ё "Роҳи тилло" (ба пойтахти кишварҳои Шарқи Наздик) номад ва азбаски тамоми молу колои зикршуда дар ин масир тиҷорат мешуд, ҳар кадоме аз ин номҳо ҳаққи мавҷудият доштанд.

Аммо ин ақида ҳам дуруст нест, ки шоҳӣ танҳо аз тарафи Чин содир мешуд. Ҳанўз дар асри 10-ум шаҳри Марв истеҳсолкунанда ва содиркунандаи абрешим ба тарафи Ғарб буд. Молҳои дигари на он қадар муҳим, ки бо теъдоди зиёд аз Осиёи Марказӣ ба Чин содир мешуданд, чун барбат, най, чанг - асбобҳои мусиқии торию камончадор ва ҳатто рақсҳои Осиёи Марказӣ буданд, ки ҳамаашон дар он ҷо реша гирифта, ба қисмати асосии фарҳанги чинӣ табдил ёфтанд. Санадҳо собит месозанд, ки ин асбобҳо аз халқҳое маншаъ гирифтаанд, ки ба забонҳои суғдӣ, бохтарӣ ва дигар забонҳои халқҳои Осиёи Марказӣ гуфтугў мекарданд.

Ҳамин тариқ, васати рўдҳои Ому ва Сир қаламравест, ки дар он чандин давлатдориҳои ниёгони тоҷикон - аз Каёниён то Сомониён падид омада, ҳамчун марказҳои илму маърифат ба инкишофи тамаддун, пешрафти ҳунари меъмориву шаҳрсозӣ, густариши тиҷорат ва робитаҳои иқтисодӣ дар байни мамолики Шарқу Ғарб асос гузоштаанд. Ин силсилаи давлату давлатдориҳо дар пайдоиш, рушду нумў ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани тамаддуни ориёӣ занҷири заррине гардида, унсурҳои нахустини арзишҳои умумибашарӣ ва оинҳои инсондўстиро ба оламиён эҳдо кардаанд.

Эҳёи ин шоҳроҳ дар замони мо, бидуни шакку шубҳа, барои ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳодисаи ниҳоят муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Ҷамъомадҳои илмие, ки вобаста ба ин мавзўъ дар ташкилоти бонуфузи ЮНЕСКО баргузор гардидаанд, бори дигар шаҳодат медиҳанд, ки ҷараёни омўзиши масъалаҳои муҳимми Роҳи бузурги абрешим дониши моро ба дараҷае такмил медиҳад ва дар роҳи тадқиқу таҳқиқи масъалаҳои ҳалталаби он аҳаммияти калони илмию амалӣ дорад. Амалан, тиҷорату доду гирифти халқиятҳои гуногун миллату мазҳабҳои мухталифро бо мурури замон бо якдигар ошно, қалбҳоро ба ҳам моилу мўнис мегардонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз аз аввали солҳои ба истиқлолияти давлатӣ расидани мамлакат барои эҳё гардидани анъанаҳои неки ҳамкориҳои давлатҳои масири Роҳи абрешим иқдомҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати ниҳоят кўтоҳи таърихӣ аз бунбасти коммуникатсонӣ баромада, барои табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ заминаҳои боъэтимод фароҳам овардааст. Чи дар форумҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ, чи дар ҷамъомадҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ Президенти Тоҷикистон ин нуктаи муҳимми таҳкими ҳусни ҳамҷавории халқҳои моро таъкид менамоянд.

Ҳадафи аслӣ ва ниҳоии тамоми ин иқдомҳою чорабиниҳо, албатта, беҳбуди зиндагии сокинони давлатҳои ҳавзаи Роҳи абрешим мебошад. Аз ҷумла, зимни суханронӣ, ки дар вохўрии анъанавиашон бо зиёиёни мамлакат ба ифтихори иди Наврўз ҳанўз моҳи марти соли 2006 ироа доштаанд, чунин нуктаҳои ҷолибро мехонем:

"Ба шарофати ин корҳои созандагӣ Роҳи Бузурги Абрешим баъди сукути садсолаҳо аз нав эҳё гардида, кишварҳои гуногуни Осиё ва Аврупоро ба ҳам мепайвандад ва рафтуои бемонеаро ба тамоми қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва давлатҳои ҳамсоя таъмин мекунад.

Ба шарофати сулҳу суботи сиёсии мамлакат, ки дар роҳи пойдории давлат ва муттаҳид гардидани миллат муҳимтарин дастоварди ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ рўз аз рўз афзуда истодаанд. Ин ба Ҳукумат имкон медиҳад, ки барои фаъолияти хубтари аҳли эҷод, рушди илму фарҳанг ва чопи асарҳои адибон тадбирҳои бештар андешад.

Ин ба хотири он аст, ки шумо - аҳли зиё, анъанаҳои неку ватандўстонаи гузаштагонамонро идома дода, пойдевори адабиёту фарҳанги миллӣ ва пешрафти илму маорифи миллиро дар асри XXI мустаҳкам гузоред".

Албатта, чунин талабот танҳо дар назди аҳли адабу ҳунари Тоҷикистон гузошта нашудааст. Итминони комил дорем, ки роҳбарони тамоми давлатҳои иштироккунандаи форуми "Шаҳрвандони давлатҳои Роҳи абрешим" чунин як вазифаи пурмасъулиятро дар назди адибону ҳунармандони мамлакатҳои худ гузоштаанд. Такя ба аҳли илму эҷод дурусттарин ва самарабахштарин роҳи расидан ба ҳадафҳои ниҳоии тамоми ҳамоишҳои марбут ба эҳёи анъанаҳои Роҳи абрешим мебошад. Агар дар байни инсонҳо ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ набошад, бозори судовартарин мол ҳам касод мегардад. Барои ин мисол кофтан лозим намеояд - воситаҳои ахбори умум ҳар рўз барҷастатарин намунаҳои онро ба аҳли сайёраамон намоиш дода истодаанд. Ҳамдилию ҳамдигарфаҳмиро дар байни миллату халқҳои мухталиф фақат ду чиз - адабиёт ва санъат эҷод карда метавонанд.

Ин ду падидаи бузург дар тўли таърихи башарият баракси бисёр тасмимгириҳои нодурусти сиёсию иҷтимоӣ, одамонро ба меҳрубонӣ, дўстӣ, мағрур нагаштан ба молу сарват ва ирқу нажод, ба раҳму шафқат овардан бар камбағалон, заифону бечорагон ҳидоят намуда, шарафи олии Инсон буданро дар ҷомеаи башарӣ нигоҳ доштааст ва дар оянда ҳам нигоҳ хоҳад дошт. Ин рисолати инсониро сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ чунин ба қалам додааст:

Гар бар сари нафси

худ амирӣ, мардӣ,

Бар кўру кар ар

нукта нагирӣ, мардӣ.

Мардӣ набувад фитодаро

пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Чун ҷамъомади мо ҳамоиши роҳбарони шаҳрҳои мамлакатҳои Роҳи абрешим аст, бояд таъкид кард, ки баракси олами Ғарб, ки шоирону нависандагони даврони қадимашон деҳотӣ буданд ва ҳаёти деҳотро ба тасвир мегирифтанд, адибони Осиёи Марказӣ ба ҳаёти рўзмарраи шаҳрҳояшон таваҷҷуҳ мекарданд. Тамоми адибоне, ки ҷангномаҳои халқҳои ин сарзамин - "Калила ва Димна", "Самаки айёр", "Шоҳнома", афсонаҳо ва достонҳои гуногунро гаштаву баргашта бозгў менамуданд, комилан ҳувияти шаҳрӣ доштанд. Ин табиист, зеро шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо аксарияти шаҳрҳои Аврупо хеле сершумор ва калон буданд. Ҳанўз пеш аз истилои араб, нависандагони Осиёи Марказӣ ба навиштани таърихи шаҳрҳояшон оғоз карда, онҳоро дар ашъори худ тараннум менамуданд. Адабиёти ватанпарастона маҳз дар ҳамин даврон сурат гирифт ва рушд кард.

Барои натанҳо халқҳои Осиё, балки тамоми ҷаҳон, имрўз мусаллам аст, ки адабиёту фарҳанги миллатҳои мо ҳанўз 1000 сол қабл ба ҳам даромехтаву ҳамдигарро зебою ғанӣ гардонда, наслҳои бешумореро тарбия намудааст. Мисоли барҷастаи он эҷодиёти даҳанакии халқҳои мост. Аксари афсонаҳои мо - тоҷикон, ўзбекон, қирғизҳо, туркманҳо, қазоқҳо, як қатор халқиятҳои Чин чунон ба ҳамдигар шабоҳат доранд, ки гўё онҳоро ҳамон як модар барои хоб рафтани кўдакони худ эҷод карда бошад. Ё ба ёд орем бузургтарин эпосҳои гуфторию навишторӣ - "Манас", "Гурғўлӣ", "Шоҳнома" ва ҳоказоро. Дар он намояндагони тамоми миллатҳои имрўзии маскуни ҳавзаи Роҳи абрешимро дучор меоед, ки чи гуна хиради дар канори ҳам зиндагӣ кардан, аз якдигар омўхтанро доштаанду чи тавр дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ба кумаки ҳамдигар расидаву ҳамдигарро наҷот додаанд.

Барои мисол ба номи баъзе эҷодкорони ин ҳавза ишора менамоем: энсиклопедистон - Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, риёзидон Муҳаммад ал-Хоразмӣ, мунаҷҷимон Аҳмади Фарғонӣ, Абўмаҳмуд Хуҷандӣ, Улуғбек, Алӣ Қўшчӣ, физик ибни Саҳл, тартибдиҳандаи нахустин харита ва асосгузори забоншиносии муқоисавӣ Маҳмуди Кошғарӣ, таърихнависон Юсуфи Баласоғунӣ, Байҳақӣ, Бобур, файласуфон - Форобӣ, Абўбакри Розӣ, ибни Ровандӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Махдумқулӣ, меъморони бузург - Алии Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Отсизи Сарахсӣ, наққошон Камолиддин Беҳзод, буддоишинос ва нависандаи балхӣ Ғосока, дар даврони навтар Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Зулфия, Ғафур Ғулом, Абай, Мухтор Авезов, Ҷамбул Ҷабаев, Олжас Сулаймонов, Алӣ Токомбаев, Чингиз Айтматов, Бердӣ Карбобоев ва садҳо адибони дигар, ки ҳар яке дар ташаккули ҷаҳонбинии миллатҳои худ саҳми муассир гузошта, барои эҷоди фазои оромию сулҳ ва дўстию бародарӣ бо халқҳои ҳамҷавор асарҳои омўзанда ба ёдгор гузоштаанд.

Бубинед, ин чӣ қувваи бузургест. Ҳамкориҳои адабие, ки дар тўли ҳазор соли охир доштаем, табиӣ сурат гирифтаанд. Тасаввур кунед, ки агар мо фаъолиятҳои адабӣ-ҳунарии давлатҳоямонро дар доираи нақшаи муайян, ба хотири расидан ба ҳадафҳои бузурги инсондўстона тарҳрезӣ ва амалӣ намоем, ба чи дастовардҳое ноил мегардем! Бовар дорем, дар китобхонаҳо, осорхонаҳо, дар хотираи халқҳоямон дар бораи ҳамдигар ин қадар мавод дорем, ки ҳар сафҳаи он баробари як кашфиётест барои фарҳанги башарият. Мо бовар дорем, ки девони гумшудаи Рўдакӣ, асарҳои боқимондаи Ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ ва даҳҳо бузургони мо дар кадом кунҷи ягон китобхона ё хонаи одии як сокини Чин, Тибет, Муғулистон ё мамлакати дигар хоб аст. Ҳамчунин бовар дорем, ки бо ҷой намудани меҳру муҳаббати ҳам дар шуури наслҳои рўяндаамон, мо барои ояндаи дурахшони хеш, барои ба вуҷуд овардани шоҳкорҳои нав ба нави бузурги муосир заминаи боэътимод мегузорем.   

Таърихи адабиёту фарҳанг ва ҳамзистии халқҳои ҳавзаи Роҳи абрешим ба мо - наслҳои имрўза ва оянда, чунин сабақи пурқимат медиҳад: то замоне ки давлатҳою миллатҳои ҳавза ба фарҳангу забон ва адабиёту ҳунари ҳамдигар арҷ гузоштаанд, аз сулҳу субот ва рушду тараққӣ бархурдор будаанд. Давраи то ҳуҷуми муғулон ба Осиёи Миёнаро олимон Замони Маърифат унвон кардаанд. Маҳз дар ҳамин давра Осиёи Марказӣ ба авҷи тараққиёт расид, то дараҷае, ки Аврупо, Ҳиндустон, Арабистон ва соири минтақаҳои дигари олам аз дастовардҳои он ба таври фаровон истифода мебурданд. Баъд аз он ки миёни ин тамаддун шикасту ҳамоҳангии дар тўли асрҳо ба вуҷуд омада аз байн рафт, китобхонаҳо, шаҳрҳо ва осори дигари ҳунарии ин мардум нобуд гардид, ба як сухан, Маърифат гум шуд, мо дастнигар гардидем. Ба қавли Форобӣ "Ҳар ҷомеае, ки мутафаккирони худро истифода карда наметавонад, фақат худашро бояд гунаҳкор шуморад".

Хушбахтона, мо дар марҳалае қарор дорем, ки ҳамин ҳақиқатро дарк кардаем ва барои ислоҳи вазъ дар сатҳи ҳукуматҳоямон тадбирҳои умедворкунанда рўи даст гирифта мешаванд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37