• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар мавзуи "Нақши адабиёти бадеӣ дар таҳ кими Ваҳдати миллӣ"

Ҳамагон шоҳид будем, ки дирӯз дар шаҳри ҳамноми ин иди муқаддасамон 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. Он таҷассуми сиёсати сулҳ парваронаву ваҳ датофари давлатамон гардида, бори дигар муттаҳ идии мардумро зери парчами ғояҳ ои бунёдкориву созандагии Асосгузори сулҳ  ва ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳ урии Тоҷикистон муҳ тарам Эмомалӣ Раҳмон равшан нишон дод.

Мутаассифона, дар таърихи инсоният нофаҳ миҳ ои милливу байналмилалӣ фаровон буданду ҳ астанд ва боз ҳ ам таърих гувоҳ  аст, ки барои ба ҳ ам овардани инсонҳ ову бахшидани ҷурму гуноҳ ҳ о ва таҳ кими дӯстию бародарӣ дар қатори дигар омилҳ ои коргар сухани созандаю таъсирбахш, бахусус каломи бадеӣ, нақши муҳ им дорад. Аз ин рӯ, адибони тоҷик дар ҳ ама давру замонҳ о барои ваҳ дату ҳ амдигарфаҳ мӣ ва тамкину таҳ аммулпазирии мардум талош кардаанд. Дар бисту панҷ соли охир низ онҳ о бо асарҳ ои саршор аз ғояҳ ои миллӣ, дӯстию ваҳдат ва ҳамчунин бевосита дар суҳбатҳо тавассути радио ва телевизион, дар маҳфилу вохӯриҳо бо хонандагони хеш мардумро ба ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва меҳнати бунёдкорона барои шукуфоии Ватани азизамон раҳнамунанд. Зеро бар асари ҷанги шаҳ рвандии солҳ ои навад дар байни мардум кинаю кудурат, нофаҳмию нобоварӣ реша давонд ва вазъият ба дахолати фаъолонаи маънавӣ ниёз дошт. Адибони мо ин рисолатро хуб дарк карда, барои офаридани асарҳ ои пурмағзу бамаънӣ ва саршор аз ғояҳ ои ваҳ дату ҳ амдигарфаҳ мӣ камар бастанд.

Баъди ба даст омадани Ваҳдати миллӣ ва андаке ором шудани вазъи мамлакат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон худ рӯ ба омӯзишу нигориши таърихи миллат оварда, як силсила ташаббусу чорабиниҳ оеро роҳ андозӣ намуд, ки худшиносиву худогоҳ ӣ ва ҳ увияти миллии мардум, аз ҷумла адибонро таҳ рик доданд. 1100-солагии Давлати Сомониён, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, таҷлили ҷашни як қатор адибону олимони бузурги миллат ва шаҳ рҳ ои бостониамон мардумро рӯҳ и тоза бахшиданд, эҳ соси ифтихори миллӣ барангехтанд, адибонро ба эҷоди асарҳ ое водоштанд, ки сафҳ аҳ ои пурфоҷиаву сабақомӯзи гузаштаро ба хидмати имрӯз бикашанд.

Ҳамин буд, ки як хусусияти барҷастаи насри ин давра руҷӯъ ба таърихи қадиму навини халқамон гардид. Чунон ки Пешвои миллат мефармояд, "як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳ ама, бунёди давлати соҳ ибистиқлол, ваҳ дати миллӣ, рӯй овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳ ифзи тамаддуну мероси фарҳ ангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳ ои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад". Носирон гӯё дақиқан тибқи ҳ амин гуфтаҳ ои воқеию амиқ як силсила асарҳ ое офариданд, ки зимни руҷӯъ ба таърихи пурифтихорамон саргузашти фарзандони номдори халқро бозгӯ карда, дар мисоли рӯзгору пайкори онҳ о ғояҳ ои бузурги ваҳ дату иттиҳ оди миллиро бадеию дилрас васфу талқин намудаанд.

Як чиз ҷолиб аст, ки дар ҳ афтод соли ҳ укумати шӯравӣ даҳ , вале дар бист соли давраи ваҳ дати миллӣ қариб чил романи таърихӣ эҷод шудааст. Романҳои Аъзам Сидқӣ "Пайроҳ аи қисмат" (1997) ва "Захми қасос" (2007), Муҳ аммадзамони Солеҳ  "Девори Хуросон" (1999), Давлатшоҳ  Тоҳ ирӣ "Рухшона" (1999), "Сапитамон-Рухшона-Искандар" ва "Оли Сомон", Юсуф Аҳ мадзода "Ҳ афт руъё" (2001), Аброри Зоҳ ир "Мунтасир" (2001) ва "Шикасти зулмот" (2008), Тӯйчӣ Мирзод "Тулӯи хуршед" (2003), Ато Ҳ амдам ва Леонид Чигрин "Садди Суғд" (2004), "Зиндагиномаи Чжан Тсян" (2005), "Садди Хатлон" (2006), "Озар аз Уструшана ё шамшери Спартак" (2007), Сорбон "Достони писари Худо" (2005-2006) ва "Зарафшон" (2007), Равшани Ёрмуҳ аммад "Бармакиён" (2005) ва "Ишқи Рӯдакӣ" (2008), Бароти Абдураҳ мон "Курӯши Кабир" (2006) ва "Камбуҷия" (2012), Шодӣ Ҳ аниф "Беҳ зод" (2007), Ӯрун Кӯҳ зод "Ҳ айҷо" (2007), Ҷумъа Қуддус ва Маҳ мадраҳ ими Карим "Ҳ асрати Зардушт" ва "Биҳ ишти гумшуда" (2007), Юнус Юсуфӣ "Шинак", Мирзонасриддин "Оташ дар Хонаи Қадим" (2015), Қурбони Аламшоҳ  "Шириншо Шоҳ темур", Саидаҳ мади Зардон "Вахш", Шоҳ музаффар Ёдгорӣ "Талош", "Васваса" ва ғайраҳ о пораҳ ои таърихи пур аз муборизаву талош, ғаму шодӣ ва бурду бохтҳ ои халқамон, муборизаи мардумамонро барои ҳ имояти марзу буми аҷдодӣ, бақои миллат ва пойдории ҳ увияти миллӣ бозгӯ карда, фаъолияти ибратомӯз ва нақши шахсиятҳ ои таърихӣ, фарзандони ҷоннисори миллатро дар ин ҷода дар қолаби сухани созанда муҷассам намудаанд ва дар тарбияи худшиносию  ифтихори миллӣ ва таҳ кими ваҳ дат нақши муҳ им доранд. Таровиши ин оҳ ангро аз қиссаҳ ои Сорбон "Спитамон", Маҷид Салим "Темурмалик", Аброри Зоҳ ир "Ёри ғор" (аз рӯзгори Носири Хусрав), Насим Раҷаб "Даргаҳ и меҳ ру вафо" (дар бораи зиндагии устод Айнӣ дар Самарқанд ва хона-музейи ӯ дар ин шаҳ ри бостонӣ) низ метавон эҳ сос кард.

Албатта, дар адабиёт миқдор ҳ аргиз оинаи сифат нест, лекин руҷӯи мукаррар ба сафҳ аҳ ои ифтихорангези таърих ва ҳ аёти ибратомӯзи гузаштагони бузургамон бисёр муҳ им ва зарур аст.

Метавон гуфт, ки дар ин самт корҳ ои арзандаву дурахшонтаре дар пешанд. Адабиёти бадеиву таърихии классикон, осори шифоҳ ии мардум, асарҳ ои Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳ мон барои ин кор маводи зарурӣ медиҳ анд. Дар ин маврид тибқи маслиҳ ати хирадмандонаи устод Айнӣ таърихро амиқ омӯхта, сабақҳ ои он, аз ҷумла сафҳ аҳ ои барои иттиҳ оду ваҳ дати халқ муфидашро дар таҷрибаи эҷодӣ истифода бурдан лозим аст.

Муҳ тарам Эмомалӣ Раҳ мон мефармояд, ки нависандаи таърихнигор "набзи замон, маҷрои таърих, талотуми воқеаҳ о, бархурди шахсиятҳ о ва кору пайкорҳ ои хотирмони онҳ оро ба риштаи тасвир кашида, дили кайҳ о сардшудаи қарнҳ ои гузаштаро ба тапиш медарорад ва ба шарёни хушкидаи ҳ аводиси аҳ ди қадим хуни гарм меангезад". Умедворем, ки ин ҳ идояти амиқу муфид ва образноки Пешвои миллат низ дастури кори адибони таърихнигор ва осори тозаи онҳ о сабақомӯзу ибратбахши ватандорию миллатдӯстӣ ва ваҳ дату истиқлол мешаванд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳ амид Самад, дар баробари эҷоди як силсила ҳ икояву қиссаҳ о ва очерку мақолаҳ о, ба қарибӣ романи "Гардиши девбод"-ро иборат аз ду китоб ба анҷом расонд. Дар он воқеаҳ ои сад соли охири миллатамон - Инқилоби Октябр, саҳ ми халқи тоҷик дар Ғалаба бар фашизм ва муқовимати шаҳ рвандии солҳ ои навад дар Тоҷикистон ба қалам омадааст. Ин асар даҳ шатҳ ои ҷанги шаҳ рвандию моҷароҳ ои харобиовар ва бо дасисаи  фитнаангезону ҷоҳ хоҳ он зидди ҳ ам сангар гирифтани мардуми раҳ гумзадаро бозгӯ намуда, ҳ амагонро ҳ ушдор медиҳ ад, ки дарахти дурӯғу кина ва ҳ амдигарнофаҳ мию парешонӣ чи меваҳ ои талхе ба бор меорад. Дар асар рӯҳ и шикастнопазири халқ дар роҳ и талош барои озодӣ ва истиқлолу ваҳ дат эҳ сос мешавад, симои инсонҳ ои воқеан ҷонфидо, ватанпарасту миллатдӯст таъсирбахш ба қалам дода шудааст ва муаллиф кӯшидааст, ки дар симои онҳ о корномаи фарзандони асилро дар мубориза бар зидди мунофиқону ҷангандозҳ о нишон бидиҳ ад. Як хусусияти асари хуби наср - лаҳ заҳ ои ғаму шодии мардум ва дар он лаҳ заҳ о табиӣ таҳ ким ёфтани ваҳ дату иттиҳ оди халқро муассиру омӯзанда ба қалам додан дар романи мазкур равшан дида мешавад. Ғояи асар он аст, ки агар ваҳ дату дӯстӣ пойдор бошад, ҳ еҷ гуна нопойдориҳ ои қисмат, яъне девбодҳ ои зиндагӣ рӯҳ и мардумро шикаста наметавонанд. Ин ҳ ама тавассути силсилаобразҳ ои дурахшоне инъикос ёфтааст, ки ҳ ар як андешаву мавқеъу сатҳ у савияву таъсири гуногун дорад. Бахусус, образҳ ои Некном, Комилбой, Дилёб, Мария-Маҳ тоб дархури суҳ бати имрӯзаи моянд. Тимсоли ашхосеанд онҳ о, ки дар вазъиятҳ ои мураккабтарину печидатарин натанҳ о худ дар мавқеи инсонӣ пойдор мемонанд, балки бар рағми гардишҳ ои девбод атрофиёни худро ба сабру таҳ аммул, ҳ амдигарфаҳ мӣ, одамияту инсонигарӣ талқин мекунанд. Нависандаро даст додааст, ки ба воситаи ин образҳ о ғояи бузурги вазифаю моҳ ияти азалии инсонро, ки ҳ аёти инсонвор ба сар бурдан ва дар душвортарин ҳ олатҳ о низ инсон мондан аст, ба хонанда бирасонад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар романи "Садама ё достони як марди саргардон", қиссаи "Эътироз", ҳ икояҳ ои "Лаб-лаби ҷар" ва "Одамони раҳ мдил" зиндагии мардумро дар замони ҷанги шаҳ рвандӣ ба тасвир гирифта, ҳ ушдор медиҳ ад, ки кинаю кудурат оқибати фоҷиабор доранд, ба решаи миллат ва бақои одамият теша мезананд. Дар қиссаи "Ҳ асрат", ки аз ҳ аёти муҳ оҷирони меҳ натӣ дар Русия нақл мекунад, симоҳ ои манфури ашхоси кӯрдилу фурӯмоя, маҳ албозу ҷудоиандоз нишон дода шудаанд, ки дур аз Ватан низ дар байни ҳ аммиллатони худ тафриқа андохта, тухми низоъ мекоранд. Баръакси ин тоифа дар қисса фарзандони ҳ ақпарасту адолатпарвар, ватандӯсту худшинос ва дилсӯзи миллат амал мекунанд, ки ҳ ар гуфтору кирдорашон таҳ кимбахшу тавсеабахши ваҳ дату иттиҳ од аст.

Романҳ ои Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳ и Мирзо "Дар орзуи падар", "Марги бегуноҳ ", романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон "Шаҳ рбону" ва қиссаи "Ҳ азорчашма", қиссаи Ибод Файзулло "Боз баҳ ор меояд…", қиссаҳ ои Равшан Махсумзод "Лавҳ и сангин", "Шабе дар замини бетараф", "Муҷозот", Салими Зарафшонфар "Ду овора", Марямбонуи Фарғонӣ "Таманно", романҳ ои Аброри Зоҳ ир "Хокпайванд", "Арсаи набарди гургон", Тоҳ ири Муҳ аммадризо "Рӯзҳ ои Худо тезгузаранд" низ беш ё кам мавзӯи ҷанги шаҳ рвандии солҳ ои навадумро баррасӣ кардаанд. Муаллифон кӯшидаанд, ки тавассути образҳ ои бадеӣ оид ба он рӯйдоди нангин, ки ба решаи сулҳ у суботи кишвар теша зада, ба ваҳ дати халқамон рахна андохт, назари хешро баён бисозанд. Онҳ о дар симои қаҳ рамонони худ он ҳ ама бадбахтиҳ оеро, ки ҷанг ба сари мардум овард ва дар замирҳ о ҳ исси нобоварию бадгумонӣ ва ноумедӣ бедор кард, ба қалам дода, масъалаҳ ои муҳ ими ахлоқ, инсондӯстӣ, ба дарди дигарон бетараф набудан, дӯстию бародарӣ, ҳ амдигарфаҳ мӣ, дӯст доштани Ватан ва ғайраҳ оро ба таҳ қиқ гирифтаанд. Ба ин восита пайваставу батакрор ҳ ушдоре ба гӯш мерасад, ки ҷудоӣ, нифоқу бадбинӣ ба сари одамон чӣ бадбахтиҳ о меоранд. 

Яке аз омилҳ ои муҳ ими таъмин ва пойдории Ваҳ дати миллӣ дар ҷомеа мазаммати хислатҳ ои зишт ва тараннуми некӣ, дӯстию бародарӣ, ғояҳ ои ватандӯстӣ, гуманизм, тасвири инсони хушахлоқу бунёдкор дар адабиёти бадеӣ мебошад. Одамон дар корзорҳ ои бузург ба ҳ ам бештар унс мегиранд, наздик мешаванд, қарин мегарданд. Нависандагон натанҳ о дар асарҳ ояшон сиёсати ваҳ датофарини Пешвои миллат, бунёди сохтмонҳ ои азими асрро таҷассум намудаанд, балки бевосита дар мулоқоту вохӯриҳ ои Президенти кишвар бо мардум ҳ узур доштанд ва бо суҳ бату вохӯрӣ ва китобҳ ои худ дар бунёди сохтмонҳ ои азим ширкат варзиданд.

Дар асарҳ ои Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳ иддин Хоҷазод дар бораи нирӯгоҳ ҳ ои обии барқи Сангтӯда ва Роғун, Ато Ҳ амдам "Корномаи Эмомалӣ Раҳ мон", Шералӣ Мӯсо "Мардистон", "Ҷасорат", "Достони Роғун", Бахтиёри Муртазо "Нақби Истиқлол", китобҳ ои публитсистии Ҳ анифаи Муҳ аммадохир ва Раҷабалӣ Аҳ мад дар бораи бунёдкорони Сангтӯдаву Роғун  ва ғайра симои инсонҳ ои созанда ва ваҳ датофар, ки барои шукуфоии кишвари азизамон, таҳ кими пояҳ ои Истиқлолияти миллӣ, баҳ амоии сокинони Тоҷикистон ва Ваҳ дати миллӣ бедареғ заҳ мат мекашанд, ба тасвир омадаанд.

Дар бораи як падидаи дигар, ки албатта таҳ қиқи аниқу амиқаш кори ояндаи адабиётшиносонамон аст, наметавон нагуфт. Сухан дар бораи услуби рамзиву тамсилӣ дар насрамон меравад, ки дар даҳ солаҳ ои охир тақвият меёбад. Асарҳ ои Баҳ манёр, Қодири Рустам, Анвари Олимро метавон чун намунаҳ ои ҷолиби ин равия ном бурд, ки таҳ кия, таҳ қиқи характерҳ о, гузориши масъалаҳ оро бо рамзу ишораҳ ои зебову нозук сурат медиҳ анд. Аз ҷумла, дар романи Баҳ манёр "Шоҳ аншоҳ " қалъаи шикастнопазире чун тимсоли ваҳ дату иттиҳ оди мардум ҷилва мекунад, ки шоҳ и муқтадир ҳ ам фатҳ аш карда наметавонад.

Маълум аст, ки инъикоси ҳ ар мавзӯъ, бахусус мавзӯъҳ ои замон ва рӯзмарра тавассути жанрҳ ои хурди адабиёт зудтар ба вуқӯъ мепайвандад ва бетаъхир ба хонанда мерасад. Дар ин маврид шеърро метавон пешсафи ин ҷабҳ а донист. Шеъри тоҷик пайваста арзишҳ ои миллиро васф мекард ва мавзӯъҳ ои ваҳ дату ягонагии миллат барои шоирони тоҷик ҳ амеша муҳ им буданд. Дар замони шӯравӣ, дар авҷи ривоҷи байналмилалигароӣ низ, адибони мо аз сари эҳ соси ватандӯстӣ мавзӯъҳ ои миллиро зиёд ва дилрас тараннум мекарданд. Аммо, ба маънои васеъ, танҳ о баъд аз Истиқлолият имконият пайдо карданд, ки сарозоду дилозод ба арзишҳ ои миллӣ рӯ биёранд. Дар замони Истиқлол онҳ о ба мавзӯъҳ ои муҳ аббату ифтихори Ватан, худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ҳ увияти миллӣ, ҳ офизаи таърихӣ бо нигоҳ и тоза нигаристанд, садояшон гармтару самимитар гардид. Ҳ амзамон мавзӯъҳ ои тозае аз худ дарак доданд, аз ҷумла Истиқлол, Парчам, Нишон, Артиш, Ваҳ дат дар шеъри муосири тоҷик бештару беҳ тар суруда шуданд. Бахусус, замзамаи Ваҳ дати мушаххас, Ваҳ дате, ки ба қимати ашку хуни садҳ о ҳ азор ҳ амватани ҳ амзамони мо ҳ осил шудааст, дар ашъори шоирони тоҷик ҷилваҳ ои тоза касб карда, далели он аст, ки ин падида басо тақдирсоз ва ин мавзӯъ фавқулода муҳ им аст. Мавзӯи Ваҳ датро дар шеъри имрӯз метавон ба се намуд ҷудо кард: шеъргунаҳ о, ки аз ҷилваҳ ои ҳ унарӣ ориянд; шеърҳ ои шиорӣ, ки камтар аз бадеияти андеша ва тозагии нигоҳ  бархурдоранд ва ашъоре, ки шеърияту бадеияташон аён аст. Аз боби ду намуди аввал  тақризу танқидҳ ое ба чоп расидаанд ва мо мекӯшем ба таври фишурда аз ваҳ датномаҳ ои навъи сеюм бигӯем.

Устод Муъмин Қаноат чун ҳ амеша бо нигоҳ и саршор аз маънӣ, ҳ икмату фалсафа ва ҳ унари шоирӣ мавзӯи Ваҳ датро тавсиф ва арзиши онро тавассути бузургҷашни дигарамон - Наврӯз ва низоми азаливу табиии оламу одам бозгӯ мекунад:

Рамузи Ваҳ дат аз Наврӯз омӯз

Ва ё аз тифли навомӯз омӯз,

Зудудан дудаҳ ои осмонро

Ба зери осмон аз рӯз омӯз.

Ту Ваҳ дат аз дили бекина омӯз,

Намуди ростӣ з-оина омӯз,

Нигаҳ дории оини ҳ ақиқат

Зи бишкан-бишкани дерина омӯз.

Шоир беҳ уда рӯ ба Наврӯз намеоварад, чунки аз қадим дар пиндору афкору рафтори мардуми мо он рамзи ваҳ дат аст, инсонро ба ҳ амзистӣ талқин мекунад ва барои дарку фаҳ ми қаробату рафоқат беҳ тарин сабақ буда метавонад.

Шоирони пешрави мо, ки дар чоряк асри гузашта аз таърихи пуршараф, фарҳ анги ғанӣ, адабиёти ҳ азорсолаи инсондӯстона ва шинохти худу миллати худ садо баланд карда буданд, дар рӯзҳ ои ҷанги шаҳ рвандӣ як муддат афтодарӯҳ  гардиданд. Вазъ ба дараҷае расид, ки гӯё илоҷи воқеа нест, фалокат ногузир аст ва касе ба доди ин миллати худбохтаву даргир расида наметавонад. Ашӯр Сафар ин ноумедӣ ва беилоҷиро умедворонаву илоҷкобона зикр карда буд, ки: "Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?"

Қутбӣ Киром дар шеъри ба ҳ амройу ҳ амроҳ аш, шоири хандаофару маҳ филоро Ашӯр Сафар бахшидааш аз адами хандаи беғашу дилкушо, ки як нишонаи аёни тинҷиву оромист, изҳ ори дилтангӣ мекунад:

Дар лаби ман кабоб шуд ханда,

Қатрае буду об шуд ханда.

Абруи ошиқон гирифт гиреҳ ,

Амали носавоб шуд ханда.

Мардуму бехудию маҳ зунӣ,

Кори тарсу итоб шуд ханда.

Оташ афтад ба хонаи душман,

К-аз қудумаш хароб шуд ханда.

Китоби ашъори Лоиқ Шералӣ "Фарёди бефарёдрас" дар маҷмӯъ баёнгари ошкорои ҳ олу ҳ авои махуфи он солҳ ост, ки эҳ соси идроки ҳ ар фарди соҳ ибдили ҷомеаро равшан ифода мекунад. Аммо наметавон гуфт, ки шоири забардасти замон танҳ о аз дилмондагӣ ҳ арф мезанад. Ин баёни ошкоро, ин сахтсуханиву рӯҳ афтодагӣ низ як шакли ҳ ушдор додани мардум буд, то ба худ биёянд ва дар аламу дарди шоири дӯстдоштаи дардошнояшон моҳ ияти амали нохушашонро бифаҳ манду ба андеша бираванд. Аслан дар ҳ амин мавридҳ ост, ки миллат бояд аз камбудҳ ои худ бохабар бишавад, заъфи худро бидонад, хулқу хӯ ва хислати хешро тағйир бидиҳ ад. Ва кам набуданд шеърҳ ое, ки ба ин водор мекарданд.

Марҳ алаи дигар дар дарки бадеии мавзӯи Ваҳ дат пас аз қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳ ри Москва ба имзо расид, оғоз гардид. Он барҳ ақ чун ҳ одисаи таърихӣ маънидод шуд ва, пеш аз ҳ ама, аҳ ли адаб бо тавсифу тамҷид қабулаш доштанд. Воқеан, лаҳ заи бо ин созишнома ба Душанбе омадани Сарвари давлатамон ва истиқболи ӯ дар фурудгоҳ  дар манзумаи Гулназар Келдӣ, ки чанде пеш дар ҳ афтаномаи "Адабиёт ва санъат" чоп шуд, бисёр зиндаву зебову дилрас тасвир ёфтааст. Чунон ки дар он омадааст, дар ин маврид низ аввал садои Лоиқ Шералӣ ба оҳ анги дигар танин андохт:

Раҳ ми парвардигори мо омад,

Нури ҳ ақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳ и бунёдкори мо омад…

Дар радифи ин шеър бисёр сурудаҳ о рӯи сафҳ а омаданд. Яке аз онҳ о ба Кароматулло Олимзода, ки ба ҳ айси узви Комиссияи оштии миллӣ чӣ гуна мушкил ба даст омадани сулҳ у ваҳ датро шахсан дарку ҳ ис кардааст, мутааллиқ аст:

Муждагонӣ ба рӯзгор омад,

Ёр бо меҳ р дар канор омад.

Хатм гардид ҷанги шайтонӣ,

Сулҳ и раҳ монӣ устувор омад.

Шоми ҳ иҷрони орзӯҳ о рафт,

Субҳ и ваҳ дат чи нурбор омад.

Саидалӣ Маъмур низ, даҳ шатҳ ои ҷанги шаҳ рвандиро бо ҷанги Гирмон ҳ ампаҳ лу гузошта, бисёр воқеӣ гуфта буд:

Он ки дӯш аз ҷанги Гирмон дошт

                            дар тан захми тир,

Оқибат дар хонаи худ шуд шаҳ ид

                                              аз тири мо.

Бозор Собир, ки чун аксари мо дар он замон ба дараҷаи фоҷиаи миллӣ расидани даргириҳ оро чашмдор набуд, саҳ наи аз дарё гузаштану нагузаштани гурезаҳ ои тоҷикро бо як чашм дарёи обу як ҷигар дарёи хун тасвир мекунад:

Мекашад дарёи Панҷ

                 аз банди гесӯи найистон,

Мӯи занҳ ои муҳ оҷир чун раҳ ид

                                       аз панҷаи он?

Як найистон нолаам ман,

                        як найистон печу тоб,

Як ҷигар дарёи хунам,

                               як ҷигар дарёи об…

Шоир, ғарибиву хории ҳ амватанонро бо чашми хеш дида, бо эҳ соси амиқ оҷизии қаламро аз тасвири он вазъ бозгӯ мекунад:

Зардии рухсораам

        аз дарбадаргардии ман нест,

Зард шуд рухсораам

             аз ҳ амраҳ они дарбадаргард.

Гар нависам дарбадаргардии

                                    онҳ оро ба коғаз,

Рӯи коғаз мешавад чун

                      коғази рухсораам зард.

Абдуллоҳ и Раҳ намо - имрӯз адибу олими муваффақ - ҳ олу аҳ воли як қисмати миллатро, ки девбоди ҷанги шаҳ рвандӣ ба ҳ ар гӯшаи дунёяшон афканда буд ва бедориву хобашон пайванди диёри аҷдодист, пураламу муассир тасвир мекунад:

Шаҳ рест орамида дар хобҳ ои дида,

Бо ёди чашмҳ ояш шабҳ о

                                  наметавон хуфт.

Ҳ ам берун аз канораш

                         осон наметавон мурд,

Ҳ ам қиссаи фироқаш

                      осон наметавон гуфт…

Нозирҷон Боҳ ирӣ он воқеияти мудҳ ишро васеътар ба андеша мегирад: 

Чи шуд ин гунбади нилуфариро,

Ки гум кард одамӣ одамгариро.

На чашме дида, не гӯше шунида

Чунин як даври кӯрию кариро.

Алимуҳ аммад Муродӣ решаи он ҳ ама носозгориҳ оро дар собиқ мебинад ва аз сабабҳ ояш мегӯяд:

Гоҳ ам ба дурӯғи бехудоӣ куштанд,

Гоҳ ам ба фиреби ошноӣ куштанд,

Аз решаву аз кундаву аз шоха ҷудо

Карданд марову дар ҷудоӣ куштанд.

Вусъату умқи фоҷиа дар сатрҳ ои зерини Сиёвуш низ аён аст:

Ва боғча холист

Ва зеҳ ни боғча аз фикри баргу бор

                                                     тиҳ ист

Ва роҳ и боғча аз гомҳ ои ёр тиҳ ист

Ва рӯҳ и боғча аз шавқи интизор

                                                 тиҳ ист…

Боғчаҳ оро масҷидҳ ои бенамозу майдонҳ ои пурниёз, ки бозичаи дасти душманони миллат шуда буданд, холӣ карданд. Ва ман ба ҳ амин маънӣ навишта будам, ки:

Ҳ амегуфтам, ки аз масҷид

                                 садои пир меояд,

Дареғи ман, надонистам,

                             ки бонги тир меояд.

Зи майдонҳ о гузаштам,

           то бигирад дил нафас озод,

Надонистам, аз он тангӣ

                           дилам дилгир меояд.

Бузургу кӯчак, оваҳ , меравад

                                аз гушнагӣ аз ҳ уш,

Валекин марг аз ҳ ар хона берун

                                               сер меояд.

Воқеият дар лаҳ заҳ ои алоҳ ида аз ин ҳ ам мудҳ иштар буд, тирҳ о аксаран ҳ адафи мушаххас надоштанд, ҳ адафашон бузургтар - давлату миллати тоҷик буд ва зинда мондану намондани ашхос - кори тасодуф ва тавлиди чунин сатрҳ о тақозои ҳ амон лаҳ за буд:

Ман қатори зиндаҳ оям

                                      чунки

                  он як бурда нонеро,

                   ки бояд дигаре мехӯрд,

                                              ман хӯрдам.

Ман қатори мурдаҳ оям,

                                           чунки

                       он як дона тиреро,

                   ки шояд ҳ иссаи ман буд,

                                ногаҳ  дигаре хӯрд.

Аз ин рӯ буд, ки Бозор Собир, ҷурму пушаймонии ҳ арду ҷониби даргирро ифода намуда, ягона роҳ и салоҳ ро дар пайванду ҳ амбастагӣ дид:

Дасту бағал кушода биёед,

Аз пӯстҳ ои хеш бароем,

Дар пӯстҳ ои ҳ амдигар бидароем,

Аз ҷилди танги ҷанг бароем,

Дар ҷилди ору нанг дароем.

Дар ин замина Гулназар Келдӣ Ваҳ датро назири субҳ  дарёфт, ки тирагиҳ ову парешониҳ оро аз байн мебарад ва муътақид аст, ки субҳ и Ваҳ дат бо омадани худ ҷудоиҳ о, ранҷҳ о ва ноумедиҳ оро ба шодиву тараб ва орзуҳ о табдил дод:

Муждагонӣ, муждагонӣ, субҳ  омад,

Зиндагонӣ, зиндагонӣ, субҳ  омад.

Мурғакони бенавои шоми бегаҳ ,

Нағмахонӣ, нағмахонӣ, субҳ  омад.

Баргҳ о, эй хилвати наҷвои асрор,

Ҳ амзабонӣ, ҳ амзабонӣ, субҳ  омад.

Эй дили ошуфтаву ғамхораи ман,

Дӯстгонӣ, дӯстгонӣ, субҳ  омад.                     

Яъне, субҳ и содиқ таҷассуми зиндагии ором, меҳ рубониҳ о, дӯстгониҳ о, меҳ ру муҳ аббат аст ва агар Ваҳ дату Сулҳ  набошад, субҳ  низ ин ҳ амаро дар худ надорад.

Гулрухсор Сафӣ, ки дар китоби "Зан ва ҷанг" навишта буд: "Сулҳ у оштии тоҷикон, ки аз хираду фазли миллат сарчашма дорад, беқиёс аст", бо рамзу розҳ ои заминӣ аз Ваҳ дат мегӯяд, барои ӯ Ваҳ дату Сулҳ  наҷот аст аз парешониву саргардониҳ о ва танҳ о Ваҳ дат миллатро дубора ба ҳ ам меовараду рӯҳ у тавон мебахшад. Шоир дунёро аз баракати Ваҳ дат дигарбора зебо ва дилҳ ои мардумро пур аз тарона мебинад:

Арғушти накҳ ати гул

                          дар бӯстон муборак,

Рақси фари парасту

                              дар осмон муборак.

Як дастро садо нест,

                          як тор хушнаво нест,

Пайванди худшикаста

                            то ҷовидон муборак.

Аз ҳ ар бало гузаштем,

                        аз Карбало гузаштем,

Охир ба худ расидем,

                         бахти гарон муборак!

Ҳ арчанд ки дар ин ғазал вожаи "ваҳ дат" истифода нашудааст, бешак метавон гуфт, ки он аз аввал то охир дар ситоиши пайванди дубораи халқи мост.

Камол Насрулло аз он шоирон аст, ки дар мавзӯи ватандорӣ, Истиқлол, Парчам, Паём ва Ваҳ дати миллӣ бисёр шеърҳ о гуфтаанд. Даъвати ӯ - "Тоҷикистонро дигар қисмат макун!", ки унвони як маҷмӯаи ашъораш низ ҳ аст, паёми саривақтии аҳ ли адаб ба он айёми тақдирсоз гардид. Ваҳ дат аз нигоҳ и шоир сарбаландӣ, ғурури миллӣ, ҳ ушёрии сиёсӣ, шинохтани худ, пос доштани арзишҳ ои миллӣ, муҳ аббату садоқат ба Ватан мебошад. Аз ҷумла, дар ин ғазал Ваҳ дати миллиро шоирона ба тасвир мегирад:

Инак, эй миллати афтода, бихез!

Содагӣ ҷурм шуд, эй сода, бихез!

Пеши по хӯрда басо афтодӣ,

Даст бар нури Худо дода, бихез!

Сарҳ адат баста шуд аз ҳ ар ҷониб,

Ба само бо пари бикшода бихез!

Аз дили санг баромад гули санг,

Аз дили нанг чу фарзода бихез!

Ашъори самимонаи Камол Насрулло дар бораи Кӯлоб, Исфара, Истаравшан низ даъватанд ба сӯи бедориву ҳ ушёрӣ ва созандагиву  бунёдкорӣ, яъне шоир Ваҳ датро фурсати беҳ тарини озодиву ободӣ ва худсозиву худогоҳ ии ҳ ама гӯшаву канорҳ ои кишвар медонад. Аз ҷумла, дар шеъри ба Душанбе бахшидааш мегӯяд:

Меваи ваҳ дат бирӯяд

                        аз ҳ авои меҳ ри покат,

Дар тулӯи шохаҳ ои

                 сабзи дастонам, Душанбе

ва дар пораи дигар асли мақсад аз ин даъватҳ о, яъне ваҳ дати комили кулли халқу кишварро баён медорад:

Тоҷи нусратро ба сар бигзор,

Тоҷикистон шав!

Аскар Ҳ аким мафҳ уми бекарони ваҳ датро дар як байт муъҷазу дақиқ ифода кардааст:

Шӯри ҷанг аст ба ҳ ар бонги ситез,

Нури сулҳ  аст ба ҳ ар ҳ арфи салом.

Дар шеъри сапед аз шоирони пешдаст дар мавзӯи Ваҳ дати миллӣ Доро Наҷот аст, ки тавониста мавзӯи Ваҳ датро бо қолаби наву нигоҳ и нав, вале бисёр заминиву даркшаванда тасвир бикунад:

Ваҳ дат

тулӯъи зарнигори ориёист

аз мазҳ ари миллат.

Ва ҳ афтандарҷӯши

                             кафшерест,

ки васл мекунад моро

ба фӯлоди пайкари миллат.

Ваҳ дат

тахти баланд аст

дар хостгоҳ и бахти баланди

                                                миллат…

Ваҳ дат

сарбезаҳ ои хирмани "Шашмақом"-ро

                                  донарез мекунад

ба такнавои дӯли осиёби "Фалак"

ва "Лалайик"-и шуғниоҳ анги

                                                бонувонро

лабрез мекунад

аз аллаҳ ои модарони меҳ ситисуруд.

Ваҳ дат аст, ки

                  хулоса мешавем

дар "Ман"-и миллат

ва якпорча мешавем

бо Меҳ ани миллат!

 Ваҳ дат барои Доро Наҷот "гулшукуфти тоҷиконаи чеҳ раҳ ост, ғунчаест, ки якпарчагии гулбаргҳ ои миллатро ба ҷилва меорад". Миллати якпорчаву яктан дар Ваҳ дат хулоса мешавад ва аз баракати Ваҳ дат дубора арзишҳ ову  суннатҳ ои миллиашро зинда мекунаду пос медорад.

Ваҳ дат аз нигоҳ и шоиронаи Раҳ мат Назрӣ будани ватани воҳ ид - Тоҷикистон аст, ки аз ҷамъи ҳ амаи мо, ҳ амватанон ҳ осил мешавад:

Гарчи бешу кам шавад ҳ ар як рақам

Дар шумори ҷуфту тоқи молу чиз,

Ҳ осили ҷамъи шумову мо як аст,

Як Ватан, як Тоҷикистони азиз!

Ҳ амин маъниро бо зарбу оҳ анги дигар Убайд Раҷаб тақвият мебахшад:

Ин кӯю дар, ин ҷӯю ҷар,

Ин теғаи оҳ угузар,

Ин қуллаи чун тоҷи зар

Аз они туст, аз они ман,

Ҷони ту асту ҷони ман.

Алӣ Бобоҷон самимона ба ӯ ҳ амовоз мешавад: "Ману ту як Ватан дорем, номаш Тоҷикистон аст!"

Ҳ ақназар Ғоиб, ки ҳ ам бо фаъолияти адабӣ ва ҳ ам иҷтимоӣ дар хидмати раванди Сулҳ у Ваҳ дати кишвар буду ҳ аст, ҳ ақ дорад, ки бигӯяд:

Ман барои хонаи ободи миллат

                                                    зистам,

Ман барои ҳ астии озоди миллат

                                                    зистам.

Гоҳ  дар саҳ ни набарду гоҳ  дар

                                            кунҷе хамӯш

Бо умеди рӯзҳ ои шоди миллат

                                                     зистам.

Маҳ з чунин зистан Сафармуҳ аммад Айюбиро низ имтиёз медиҳ ад, ки бо шоирони ваҳ датсаро ҳ амовоз бигардад:

Ҳ ама тан пайи Сулҳ у Ваҳ дат шудем,

Алорағми андӯҳ у зиллат шудем,

Чу чашми ҳ ақиқат намудем боз,

Ба ҳ ам даст додему миллат шудем.

"Бо нигоҳ и меҳ р бояд ҳ арф гуфт, гуфтугӯи ханҷару шамшер бас" - мефармояд Зулфия Атоӣ ва асри рӯёрӯи 21-ро "қарни ишқу меҳ рубонӣ" дидан мехоҳ ад:

Кош аз ин пас меҳ р арзонтар шавад,

Қарни ишқу меҳ рубонӣ сар шавад.

Офтоби бахти мо пурнуртар,

Абри ғамафзо парешонтар шавад.

Гавҳ ари ашке наафтад зери по,

Ашки шодиҳ о фақат гавҳ ар шавад.

Фарзона аз он ҳ ама шикастанҳ ову гусастанҳ о гарондилу андешаманд, "дубора шавқманди зиндагонӣ" мешавад ва ин эҳ соси рӯҳ бахшро нозук ба дили хонанда ворид мекунад:

Пас аз ғурубҳ о, ғурубҳ ои наҳ с

Дубора шавқманди зиндагониям,

Аз ин аҷӯзи чашмбанди ҷонрабо

Ҳ анӯз чашмдори меҳ рубониям,

Ки бар мане, ки пушти дар

                                          нишастаам,

Зи чашмаки муҳ аббаташ

                                            назар кунад.

Ширин Бунёд, ки бо сухану бо амал мубаллиғи ваҳ дат буд, "аз минбари баланди Бадахшон" самимона садо кард:

Ваҳ дат паёми мост

                             ба фардои мушкбез,

Буду набуди мост

                              ба фардои мардхез.

Рустам Ваҳ ҳ обзода мавзӯи Ваҳ датро мустақим ё ғайримустақим, вале пайваставу самимона, ба тасвир гирифтааст. Чунин ашъори ӯ ҳ ам андешамандонаву ҳ ам шоирона буда, бо ҷузъиёти равшану возеҳ  ва мушаххасу воқеӣ диққатро ба худ ҷалб мекунад:

Базри ваҳ дат дар дили андеша аст,

Ҷоми ваҳ дат аз гили андеша аст.

Ҷоми якто, сангандозаш ҳ азор,

Ҷони воҳ ид, ҷангандозаш ҳ азор.

Пас бибояд ҷом аз пӯлод кард,

Покаш аз зангори ин аздод кард.

То чу Ҷоми Ҷам ҷаҳ онбинӣ диҳ ад,

Аз сафо оинаойинӣ диҳ ад…

Чист миллат - Ваҳ дати дунёи мост,

Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.

Аз саводаш дидаи мо равшан аст,

Дар ҳ исораш ҳ астии мо эман аст.

Нуктаи муҳ им дар Ваҳ дат барои Рустам Ваҳ ҳ обзода андеша аст, андеша рамзи бедорӣ, хирадмандӣ, растагорӣ, озодиву озодагист. Аз нигоҳ и шоир инсоне, ки дар андеша, яъне хирадсолорӣ камол ёфтааст, арзиши Ваҳ датро беҳ тару хубтар дарк мекунад ва саводи Ваҳ дат аст, ки дидаву дилро равшан медорад.

Муҳ аммадалии Аҷамӣ низ Ваҳ датро дар ҷузъиёти мушаххасу зарурии рӯзгор мебинад ва маҳ з ин ҷузъиёти тасвирии хотирмон аст, ки мавзӯъ дилрас ба тасвир меояд:

Зи минбарҳ о барои бахти мардум

Сухан гуфтан расо - ин аст Ваҳ дат.

Шунидан аз забони ростмардон

Ҳ адиси росто - ин аст Ваҳ дат.

Надодан дил дар ин даҳ ри пурошӯб

Ба ҳ ар чуну чаро - ин аст Ваҳ дат.

Парда Ҳ абиб, ки камгӯву хубгӯст, бо ду ифодаи таззод дилрасиву дилҷӯӣ ва таҳ кими Ваҳ датро дар кору афкорҳ о нишонрас тасвир мекунад: "Ваҳ дат, ки вожаест равон, мондагор шуд".

Озар пайванду Ваҳ датро бо тасвири зебову гӯёе, ки хоси ҳ амаи сурудаҳ ояш аст, ба қалам медиҳ ад:

Дар шамъдони дастҳ ои мо

Ангуштҳ о бошад шабеҳ и шамъ.

З-ин шамъҳ о ҷорӣ бувад

                                  як ҷӯйбори нур,

Пайванд зан бо дастҳ оям

                                         дастҳ оятро,

То рӯдбори рӯшноӣ

       дар Ватан ҷорӣ шавад, эй дӯст.

Дар таронаҳ ои умумии Ваҳ дат овози Озарахш баланду дилписанд садо медиҳ ад. Ӯ душмансозиву душманбозиро кори оҷизон медонад ва аз асли миллат, ки ваҳ датофариву пайвандсозист, сухан пеш меорад:

Биё, эй ҳ амватан, бо ҳ ам сароем,

Ки соҳ ибхони ин ширинсароем!

Чу нури чашмҳ о аз роҳ и дида

Барои пурсиши якдигар оем.

Ҳ адиси оҷизон душмангароист,

Ба номи дӯст, мо бо ҳ ам гароем!

Дар унвони манзумаи Аҳ мадҷон Раҳ матзод "Бе ваҳ дат бимирам" такаллуфу муболиғае нест ва воқеан ваҳ дати миллӣ буд, ки ҳ ар яки мо ва дар маҷмӯъ давлату миллатро ба маънии ҳ ақиқӣ аз мурдан раҳ онд.

Муҳ тарам Ҳ отам Ваҳ датро дар мафҳ умҳ ои содаву рӯзмарраи рӯзгор мебинад ва мурооти онҳ оро талқин мекунад:

 Нест осон роҳ  кандан

                            гарчи аз кӯҳ и гарон,

Лек агар аз дил ба дил роҳ е кушоӣ,

                                             ваҳ дат аст.

Раънои Мубориз барҳ ақ менависад, ки на ҳ ар кас даҳ шатеро, ки аз сари миллату давлат гузашт, эҳ сос кардаву ба қадри неъмати пурбаҳ ои сулҳ у ваҳ дат мерасад ва дар ин суханонаш даъват ба ҳ ушёриро мешунавем:

Аммо ҳ анӯз ҳ ам нафаре

                                      нобародар аст,

Аммо ҳ анӯз ҳ ам нафаре

                                    навкари зар аст,

Аммо ҳ анӯз ҳ ам нафаре

                                         буда кинавар,

Аммо ҳ анӯз ҳ ам нафаре

                                хасми кишвар аст.         Маълум аст, ки дар лаҳ заҳ ои басе хушгувору басо дилозори зиндагӣ нозуктарин торҳ ои эҳ сос бо созу овоз ҷӯр мешаванд ва ҳ амоно ба гӯши ҳ азорон расида, мутаассирашон мекунанд. Дар бист соли ваҳ дат садҳ о суруду таронаҳ ои пураламу пурфараҳ и шоиронамон Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Назри Яздонӣ, Муҳ аммад Ғоиб, Сафармуҳ аммад Айюбӣ, Мирзо Файзалӣ, Ҳ ақназар Ғоиб, Нурмуҳ аммад Ниёзӣ, Рустам Ваҳ ҳ обзода, Алимуҳ аммад Муродӣ, Ато Мирхоҷа, Давлат Сафар, Раънои Мубориз, Шаҳ рия, Озарахш, Файзи Ашӯр, Меҳ риннисо, Зиё Абдулло, Маҳ зун, Хайрандеш тавъам бо оҳ ангҳ ои болбахшу овози хуши ҳ офизон дар фазои кишвар бол кушоданд ва мардумро ба пайвастагиву ҳ амбастагӣ ҳ идоят намуданд.

Ҳ ар гоҳ е сухан аз сулҳ у оштӣ ва Ваҳ дати миллӣ меравад, муқаддамтар аз ҳ ама номи Асосгузори Сулҳ у Ваҳ дати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳ мон ба ёд меояд ва ин як кори табииву мантиқӣ мебошад, зеро саҳ ми Ҷаноби Олӣ дар ин ҷабҳ а қиёснопазир аст.

Ғаффор Мирзои зоҳ иран гӯшанишину танҳ оиҷӯ яке аз аввалинҳ о шуда дар ин маврид сухан ба миён овард ва Сарвари давлатро бо ин муваффақияти бузург - Ваҳ дати миллӣ табрик намуд:

Хиради ӯст на сунъию

                                         на макролуда,

Адаби ӯ набувад мадрасавӣ,

                                                   дарборӣ,

Одамият бувад одоби

                                         мусулмонии ӯ,

Одамият бувадаш сабки

                                          ҳ укуматдорӣ.

Ӯ тавонист паланги

                               зи қафас вошударо

Пас бигардонаду даъвош

                                  фурӯ биншонад,

Ӯ тавонист басо

                        мардуми саргардонро

Ба низом оварад,

                         аз хирасарӣ гардонад.

 Сифатҳ ои барҷастаи инсониву сарварии Эмомалӣ Раҳ мон - олиназарӣ, халқпарастӣ, ваҳ датҷӯиву адолатхоҳ ӣ, ки халқро бовар бахшиду баҳ ам овард, дар ин сатрҳ ои Аскар Ҳ аким низ аён аст:

Дар роҳ и ризо мекунам

                                   ин ҷону ҷигар об,

То об зи як ҷӯ хӯрад оҳ уву палангам.

Заҳ матҳ о ва мақоми Президенти кишварро дар бунёди сулҳ и тоҷикон боз бисёр шоирон тавсиф кардаанд. Дар воқеъ, барқарор кардани сулҳ у ваҳ дат  дар як муддати кӯтоҳ  корест нодир ва таҷрибаи сулҳ офаринии халқи Тоҷикистон ва Сарвари он барои ҷаҳ ониён ибратпазиру сабақомӯз хоҳ ад монд. Ба қавли Муҳ аммад Ғоиб:

Қиссаи Ваҳ дати моро ба ҳ ама ҷо

                                                     хонанд,

Сухан аз сулҳ  равад,

                        Сарвари моро донанд.

Ҳ ар куҷо пайкараи Ваҳ дат

                                     агар бигзоранд,

Ном бояд, ки ба он тоҷбасарҳ о

                                                  монанд…

Бозор Собир низ барҳ ақ Ваҳ дату Ваҳ датофаринро аз ҳ ам ҷудо тасаввур намекунад:

Бо садои гармат одат кардаем

Ҳ амчу бо зангӯлаи давлат,

Ҳ амчу бо зангӯлаи ваҳ дат,

Ҳ амчу бо зангӯлаи мактаб.

Гулназар дар баҳ ои заҳ матҳ ое, ки Сарвари давлат барои ваҳ дату саодати Ватан кашидааст, мафҳ умҳ ои Ватан ва Сарварро тавъам медонад ва дар ин заррае муболиға нест:

Тоҷикистон сарбаланд асту ту низ,

Кишвари оламписанд асту ту низ,

Зери гардун бегазанд асту ту низ,

Бо ту менозад Ватан, ту бо Ватан.

Сифатҳ ои дигари Пешвои миллат, ки ваҳ датофару саодатовари халқаш карданд, дар ашъори Ҳ ақназар Ғоиб "Рӯҳ и Исмоили Сомонӣ", Сафармуҳ аммад Айюбӣ "Шаҳ риёрнома", Саидалӣ Маъмур "Шарораи умед", Саидҷон Ҳ акимзода "Меҳ рнома", Салимшо Ҳ алимшо "Ошёни сурудҳ о", Мирзо Файзалӣ "Марди Худо", Ширин Бунёд "Тахти Сомонӣ" баръало намоёнанд.

Ҳ ама он таманноҳ ое, ки Мирзо Файзалӣ изҳ ор медорад, маҳ сули сиёсати ваҳ датсози Президенти мамлакат аст ва танҳ о бо ваҳ дату ҳ амбастагӣ имконпазир мегардад:

Ба ин марди Худо аз ҷону дил

                             шукрона бояд кард,

Дуои давлату ҷонаш

                   ба ҳ ар як хона бояд кард,

Ҳ ама умр эътирофи хизматаш

                               мардона бояд кард,

Ба роҳ и сулҳ  рафта,

                зиндагӣ аҳ лона бояд кард,

Дигар такрори он айёми шум

                                 асло набояд кард,

Ватан обод бо ин раҳ бари

                               фарзона бояд кард.

Ато Мирхоҷа, ки дар оғози даргириҳ о даъват карда буд:

То ба кай дар сари як тоҷ мағал

                                                соз кунем,

Вақти он аст, ки як қасри амал

                                                 соз кунем,

Ҷои ин тоҷмағал Тоҷмаҳ ал

                                                соз кунем,

 ин шахсияти барҷастаи миллатро барҳ ақ сазовори тоҷи миллат, "дили тозаҷавони халқи куҳ ан" ва "ҷавонбахтии ватан" медонад:

Тахтае беш набуд пеш аз ин

                                        тахти Ватан,

Буд дар хоб дар ин тахта

                                сари сахти Ватан,

Эй дили тозаҷавон дар тани ин

                                            халқи куҳ ан,

Аз ҷавонии ту гардид ҷавон

                                          бахти Ватан.

Абдусаттори Раҳ мон тавъамии табиии Сарвару Ваҳ датро таъкид мекунад:

Мо фано будем, агар Ваҳ дат набуд,

Бебақо будем, агар Ваҳ дат набуд.

Сарвари мо ҳ аст ваҳ датсози мо,

Мо на мо будем, агар Ваҳ дат набуд.

Ҷумъа Қувват, ки дар бораи Пешвои миллат манзумае ҳ ам эҷод кардааст, низ ин маъниро мукаррар ба забон меорад:

Шукри Ҳ ақ, шаҳ бози дил

                     дар ошёни Ваҳ дат аст,

Раҳ бари мо раҳ намое

                     бар ҷаҳ они Ваҳ дат аст.

Парда Ҳ абиб пайванди ногусастании Пешворо бо Ватан ва Ваҳ дати воқеии халқ самимона бозгӯ кардааст:

Пешвоят, Ватан, пеши рӯи ман аст,

Рӯди ту ин дилу кӯҳ и ту ин тан аст,

Он ки яктан кунад ҳ ар танат,

                                             ин тан аст,

Он ки якдил туро,

                              ин дили рӯшан аст.

Лаълҷӯбаи Мирзоҳ асан бо изҳ ори шодмонӣ аз пайвандҳ ои асливу маҷозии минтақаҳ ои кишвар хитоб мекунад:                  Рӯзгорон аз қудуми ваҳ дати мо

                                           шуд биҳ ишт,

Ҷамъ мо зери ливои Тоҷикистон

                                                    омадем!

Давлат Сафар амалҳ ои мушаххас, аз ҷумла "ба даст овардани дили Роғунқимобонро" Ваҳ дат бишуморад, Гурез Сафар аз носипосиҳ ои хурдагиронаи аёну ниҳ они зумрае изҳ ори нороҳ атӣ мекунад.

Бас кун ту дигар ғайбат,

Озод шав аз нафрат,

Шукрона бикун, охир,

Бо ин Ватан, ин Давлат!

Ин мавзӯъ, яъне пеш гирифтани кирдореро, ки таҳ кимбахши Ваҳ дат бошад, Алӣ Бобоҷон идома медиҳ ад:

Якҷоя раҳ и нек бипӯем, накӯст.

Як нуктаи бад ба ҳ ам нагӯем,

                                                     накӯст.

То дар дилу дидаҳ ои ҳ ақ раҳ  ёбем,

Дасту дили ҳ амдигар биҷӯем,

                                                     накӯст.

Шеъри Нурмуҳ аммад Ниёзӣ розу ниёзи ҳ азорон тоҷикистониёни босипосу миннатпазир аст, ки аз забони як нафар басо самимиву дилрас садо медиҳ ад:

Давлатеро ба миллат овардӣ,

Миллатеро ба давлат овардӣ.

Ту ҳ амонӣ, дигар нашуд суханат,

Мамлакатро ба ваҳ дат овардӣ.

Ту ба ҳ ар дил ҳ азор ишқу умед,

Ту ба ҳ ар дар саодат овардӣ.

Сила кардӣ сари ҳ азор ятим,

Ҳ ар якеро шарофат овардӣ.

Қадри заҳ маткашон ту медонӣ,

Рӯй бар аҳ ли заҳ мат овардӣ.

Нур аз роҳ и ту бурун наравад,

Ҳ ақ бигуфтӣ, ҳ ақиқат овардӣ!

Мавзӯи сулҳ у  истиқрори миллии тоҷикон ва саҳ ми Пешвои миллат дар он паҳ луҳ ои зиёде дошта, аз ҷанбаи ҳ амосӣ бархурдор аст ва барои шоирону драмнависон ва бахусус насрнависони мо майдони васеъ ва то ба ҳ ол дарку тасвирнашудае мекушояд.

Куллан ба ҳ усни тафоҳ ум ва сулҳ у якдигарфаҳ мӣ расидан ҷараёни мураккабест ва ҳ ар қадар бо ҳ ама он мураккабӣ ва умқу паҳ нояш ба тасвири равониву ахлоқӣ кашида бишавад, аҳ аммияташ ҳ амон андоза бештар гардида, моҳ ияти адабӣ ва тарбиявию маърифатиаш меафзояд.

Расидан ба сулҳ у ваҳ дат нишонаи он буд, ки мардуми мо аз нав ба суннатҳ ои қадимии инсондӯстонаи худ баргашт, зеро солимназарӣ ва дар сулҳ у оромӣ зистан хиради азалии халқи тоҷик будааст. Дарки хато ва ба ислоҳ и он кӯшидан низ нишонаи хирадмандӣ ва шоистаи тавсифу арҷгузорист. Ин нуктаро адибони мо дарк кардаву ба инъикосаш кӯшидаанд.

Таҷассуму тараннуми Ваҳ дати миллӣ дар эҷоди адибоне низ, ки барои бачаҳ о эҷод мекунанд, мавқеи муҳ им дорад. Дар қиссаву ҳ икоя, афсонаву ривоят, шеъру достон ва ҳ атто чистон адибони бачаҳ о Алӣ Бобоҷон, Ҷӯра Ҳ ошимӣ, Юсуфҷон Аҳ мадзода, Латофат Кенҷаева, Азизи Азиз, Абдусаттори Раҳ мон, Насим Раҷаб, Маҳ буба Неъматзода, Сафияи Носир, Муродалӣ Собир мавзӯи дӯстию рафоқат, ҳ амфикрӣ, муросову мадоро, ёриву дастгирӣ, сулҳ у ваҳ дат, миллатдӯстиву ватандориро тасвиру ташвиқ намудаанд.

Алӣ Бобоҷон дар шеърҳ ои "Забони модарӣ" ва "Истиқлолият чист?" маънии Сулҳ у Ваҳ дат, Истиқлолу Озодиро дар баҳ су муколамаи омӯзгору шогирдони мактаб ба қалам додааст. Бобо Ҳ оҷӣ дар шеърҳ ои "Сайри Дарвоз" ва "Бачагони Ҷиргатол", Маҳ буба Неъматзода дар шеъри "Лафзи модарӣ" ваҳ дату дӯстиро васфу тараннум намудаанд. Абдусаттори Раҳ мон дар шеъри кӯтоҳ и "Силоҳ партоӣ" зарурати шукри сулҳ у ваҳ датро ёдрасу таъкид кардааст. Муродалӣ Собир дар шеъре, ки ба васфи Нақби Истиқлол - самараи даврони Ваҳ дату ҳ амдастии ҳ амдиёронамон бахшида шудааст, пайванди минтақаҳ ои гуногун ва мардумони онҳ оро бозгӯ мекунад.

Ҳикояҳои Азизи Азиз бештар барои кӯдакони синни хурди мактабианд. Мухтасари ҳикояи "Сулҳ  чист"-и ӯро ҳамроҳ  мехонем: "Вақте ки ту ба ҳама салом мегӯӣ ва ҳ ама ба саломат ҷавоб медиҳ анд, Сулҳ  аст!..  Вақте ки ба номи ту аз бачаҳ ои  Маскаву Осло, Теҳ рону Деҳ лӣ, ё Марокашу Пекин мактубҳ ои пурмеҳ р меоянд, Сулҳ  аст!.. Чун ҳ амсинфат дар назди тахтаи синф аст ва ту бисёр мехоҳ ӣ, ки вай ба ҳ амаи саволҳ ои омӯзгор ҷавоб дода битавонад, Сулҳ  аст!... Ҳ ангоме ки хоби кас зуд мебарад, Сулҳ  аст!.. Агар барои нон ба мағоза биравию дар бозгашт сари қадам ба мағозаи "Китоб" низ бидароӣ, Сулҳ  аст!.." Дар асари дигари Азизи Азиз "Қиссаи пирамарди тоҷик ва саркардаи муғул" мӯсафеди ватандор бо фаросату огоҳ ӣ саркардаи аҷнабиёнро мағлуб менамояд ва баъдтар, вақте ки ғосиб асир меафтад, ба сарлашкари тоҷикон мегӯяд: "Ғалабаи шумо амри тасодуф набуд: нисфи лашкари маро дирӯз як пирамард бо шамшери суханаш нобуд кард…"

Чунин тарзи баён ҳ ам эҳ соси ифтихору адолатро бедор мекунад, ҳ ам дилҳ ои хонандагони хурдсолро ба муъҷизаи сухани бадеӣ моил месозад, ки аз сифатҳ ои хуби адабиёти бачаҳ ост.

Мавриди зикр аст, ки робитаҳ ои адабӣ ва тарҷума ба қаробати халқу кишварҳ о мусоидат намуда, низ амалҳ ои ваҳ датофари адабиётанд. Чунон ки маълум аст, баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ робитаҳ ои адабию фарҳ ангӣ низ канда шуданд ва мо 10-15 сол аз ҳ аёти адабии кишварҳ ои ҳ амдигар қариб иттилое надоштем. Панҷ-шаш сол пеш ин кор эҳ ё шуд ва дар як муддати кӯтоҳ  баёзҳ ои назму насри адибони Беларус, Туркманистон, Қазоқистон, Арманистон ба забони тоҷикӣ тарҷумаву нашр гардиданд. Дар тӯли солҳ ои 2009-2016 осори беш аз 60 нафар адиби тоҷик ва кишварҳ ои дигар ба забонҳ ои тоҷикӣ, русӣ, беларусӣ, туркманӣ, арманӣ, украинӣ, англисӣ, хорватӣ, итолиёвӣ, туркӣ ва ғайра тарҷума ва нашр шуданд. Соли гузашта шумораҳ ои якҷояи ҳ афтаномаҳ ои "Адабиёт ва санъат" ва "Литература и искусство" аз чоп баромаданд, шумораи 4-уми маҷаллаи "Помир" пурра ба адабиёти беларус, шумораи 7-уми маҷаллаи адабии Ҷумҳ урии Беларус "Нёман" пурра ба адабиёти муосири тоҷик бахшида шуд.

Дар доираи равобити ҳ асанаи адабӣ бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон маҳ фили ёдбуди классики адабиёти туркман Махдумқулӣ баргузор гардид. Бо даъвати Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳ ри Уфа ва Ташкилоти ҷамъиятии "Иттифоқи тоҷикони кишвари Перм" мудири шуъбаи робитаҳ ои адабӣ, тарҷума ва драматургия Ато Ҳ амдам ба он кишвар сафар дошт. 

Дар доираи Рӯзҳ ои фарҳ анги Тоҷикистон дар Ҷумҳ урии Беларус бо сарварони Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳ анг ва Хонаи ноширони Беларус мулоқотҳ ои судманд доир гардида, шартномаҳ ои ҳ амкорӣ ба имзо расиданд. Дар Китобхонаи миллии Беларус рӯнамоии китоби драматурги маъруфи Беларус Алексей Дударев, ки адибони намоёни мо ба тоҷикӣ тарҷума кардаанд, бо шукӯҳ у шаҳ омат баргузор гардид.

Аз шарофати Ваҳ дати миллӣ сафарҳ ои корию эҷодӣ ҷиҳ ати таҳ кими робитаҳ ои адабӣ бо кишварҳ ои дуру наздик нақши муҳ им пайдо карданд. Адибонамон Саттор Турсун, Ҷумъа Қуддус, Муртазо Зайниддинов, Баҳ ром Раҳ матзод, Абдуҷаббори Абдуғаффор, Зулфия Атоӣ, Муҳ аммадалӣ Аҷамӣ, Ато Ҳамдам, Алӣ Бобоҷон, Гурез Сафар дар ҷумҳ уриҳ ои собиқ Иттиҳ од ва берун аз он дар ҳ амоишҳ ои адабӣ, намоиши китобҳ о, симпозиуму конференсияҳ ои байнамилалӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Ин сафарҳ о дар гузоришу сафарномаҳ ои муаллифон тавассути нашрияҳ ои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон инъикос ёфтанд.

Зарурати рушди тарҷума ва тавсеаи робитаҳ о аз он ҳ ам бармеояд, ки якуним сол қабл бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ИНТ зерсохтори нав - Маркази тарҷума таъсис ёфт. Ҳадафи он ба хонандагони дигар халқу кишварҳ о расонидани осори беҳ тарини адибони тоҷик аст. Аввалин корҳ ои Марказ - тарҷумаи маҷмӯаҳ о ва асарҳ ои алоҳ ида ба забонҳ ои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ҳ индӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ омодаи чопанд.

Яке аз падидаҳ ои ин давра тавассути тарҷума дар саҳ наи театрҳ ои дигар кишварҳ о гузошта шудани асарҳ ои драматургони тоҷик аст. Аз ҷумла, драмаи Ҷумъа Қуддус "Нубуввати охирин" дар Сурия ва Қирғизистон, асари дигари ӯ "Тавбашикан" дар Қазоқистон рӯи саҳ на омаданд. Мазҳ акаи Ато Ҳамдам "Занги бемаҳ ал", ки соли 2015 дар Театри Лоҳ утӣ рӯйи саҳ на омад, ба забонҳ ои беларусӣ, русӣ, туркманӣ, қирғизӣ тарҷума шуд ва ду театри давлатии Қирғизистон ба он рӯ оварданд. Яъне, аз ин тариқ ҳ ам дастовардҳ ои Ваҳ дату Истиқлоли мо тарғибу ташвиқ ва номи кишварамон дар ҷашнвораҳ ои гуногун зикр мегардад.

Албатта, боиси шодмонист, ки дар жанри драматургия нафарони зиёде қувваозмоӣ кардаанду мекунанд. Абдумалик Баҳ орӣ, Аъзам Сидқӣ, Султон Сафар, Меҳмон Бахтӣ, Сафармуҳ аммад Айюбӣ, Нур Табар, Гулназар Келдӣ, Шамсӣ Қиём, Тӯрахон Аҳ мадхон, Бароти Абдураҳ мон, Муҳ аммад Ғоиб, Нурулло Абдулло, Атахон Сайфулло, Шодӣ Солеҳ , Зариф Ибод, Ато Ҳ амдам, Ҷумъа Қуддус, Файзи Ашӯр, Тоҳ ири Муҳ аммадризо, Мансур Сурӯш, Абдуғаффор Абдуҷаббор, Озарахш аз он ҷумлаанд, ки осори аксарашон рӯи саҳ наи театрҳ о омадаву писанди хотирҳ о шудаанд. Метавон гуфт, намоишномаҳ ое чун "Исмоили Сомонӣ" ва "Тилисми Сайҳ ун"-и Меҳ мон Бахтӣ, "Паёми Зардушт" ва "Чархи гардон"-и Нур Табар, "Спитамен ва Искандар", "Хатои Искандари Мақдунӣ"-и Бароти Абдураҳ мон, "Амир Исмоил", "Дақиқӣ", "Сомонхудот", "Драмаи миллат", "Ардашери Бобакон", "Даст ба гиребони худ"-и Сафармуҳ аммад Айюбӣ, "Борони ашк" ва "Борбад"-и Низом Қосим бевосита ё бавосита дар тадқиқи мавзӯи Ваҳ дат ва дарки зарурати ин неъмати пурбаҳ о саҳ мгузоранд. Таманнои батакрор ҳ амин аст, ки драмнависони муҳ тарам ба масъалаву мушкилаҳ ои имрӯз бештар рӯ биёранд, симои хоси ҳ амзамононамонро биофаранд, дар тасвиру талқини бештари сиёсати сулҳ у ваҳ дат ва созандагию бунёдкорӣ бевосита ҳ исса бигузоранд.

Дар солҳ ои охир аз тариқи телевизион, ҳ амчунин тавассути дискҳ ои бешуморе, ки дар тамоми гӯшаву канори кишвар бебаркаш ба фурӯш бароварда мешаванд, филмҳ ои нав ба нави синамогарони тоҷикро тамошо кардем. Мутаассифона, онҳ о хеле хом буда, талаботи воқеии тамошобини имрӯзро қонеъ гардонда наметавонанд. Аксари он филмҳ о натанҳ о аз ҷиҳ ати банду баст, хати сужет, тасвири реалистонаи воқеият сусту заифанд, балки аз ҷиҳ ати забону баён бо ҳ арду по меланганд. Табиист, ки сенарияи ин қабил филмҳ о ба қалами филмноманависони тасодуфӣ, камистеъдод, аз ҳ унари суханварию филмофарӣ бехабар мутааллиқанд.

Боиси ташвиш аст, ки имрӯз киносенаристони касбиамон ангуштшуморанд ва агар гоҳ -гоҳ  филми қобили қабуле мебинем, натиҷаи заҳ мати онҳ ост. Дар ин давра, бо вуҷуди ҳ ама камбудиҳ о, истеҳ соли филмҳ ои бешукам касбӣ ба роҳ  монда шуд, асарҳ ое ба вуҷуд омаданд, ки воқеияти ҳ аёти моро инъикос намуда, характерҳ ои миллӣ офариданд.  Ва дар ин кор саҳ ми адибонамон низ назаррас аст. Аз ҷумла, солҳ ои охир аз рӯи сенарияҳ ои Абдурофеъ Рабизода "Вақте болои шаҳ р борон мерехт", "Афсонаи зиндагӣ", "Вазъият" филмҳ о рӯи навор омаданд. Филмномаҳ ои Сафари Ҳ ақдод, ки таҳ иягари маъруф Носир Саид рӯи навор овардааст - "Қиёми рӯз", "Муаллим" кӯшиши дар сатҳ и меъёрҳ ои байналмилалӣ анҷом додани ин кори муҳ им мебошад ва таҳ қиқи амиқи мутахассисонро интизор аст. Ҷумъа Қуддус ва Маҳ мадраҳ им Карим сенарияи филмҳ ои ҳ унарии "Арӯси хапак" ва "Гули санг"-ро навиштанд, ки низ ба навор гирифта шудаанд. Ато Ҳ амдам дар ҳ амкорӣ бо коргардони маъруфи қирғиз Эрнест Абдуҷабборов сенарияи "Такси ва телефон" (2014)-ро таълиф намуд ва киностудияи "Қирғизфилм" бо он филм соҳ иби ҷоизаҳ ои ҷашнвораҳ ои байналмилалӣ гардид. Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ки дар ҳ ама жанрҳ ои адабиёт пурмаҳ сулу дастболост, натанҳ о сенарияҳ ои бадеии "Лаклакиҳ о, чӣ лақаб доред?" ва "Бачаҳ ои таҳ хонагӣ"-ро (воқеан, оид ба қисмати бачаҳ о дар солҳ ои ҷанги шаҳ рвандӣ) эҷод кард, балки ба осори ҳ амқаламони худ рӯ оварда, дар заминаи як ҳ икояи Ғаффор Мирзо киносенарияи "Баҳ ори як кӯча" ва аз рӯи асарҳ ои  Кароматуллоҳ и Мирзо сенарияи қисматҳ ои охири силсилафилми "Дар орзуи падар", филмҳ ои бадеии "Марги бегуноҳ " ва "Нишони зиндагӣ"-ро навишт ва ҳ оло дар таълифи сенарияи силсилафилм дар бораи устод Турсунзода бо коргардони он ҳ амкорӣ дорад. 

Падидаи тозатарин дар ин самт чопи китоби адиби маъруф Бароти Абдураҳ мон аст, ки филмномаҳои "Курӯш ва Томирис" ,"Искандар ва Спитамен", "Рухшона" ва "Алвидоъ, ишқ"-ро дар бар мегирад. Сеи аввал таърихӣ буда, саҳ ифаҳ ои пур аз талошу муборизаҳ ои истиқлолхоҳ онаву ваҳ датҷӯёнаи гузаштаи пурифтихори халқамонро муҷассам намудаанд, киноромани охирин рухдодҳ ои 30-40 соли қаблро инъикос мекунад ва пур аз сафҳ аҳ ои меҳ ру муҳ аббату ёриву дӯстдорист. Сужетҳ ои ҷолиб, забону баёни равон ва образҳ ои хотирнишини ин асарҳ о умед мебахшад, ки филмбардорон ба онҳ о рӯй хоҳ анд овард.

Таҳлили соҳа нишон дод, ки корҳ ои то имрӯз анҷомёфта ба талаботи замона ҷавобгӯ нестанд. Иттифоқи нависандагон низ худро дар ин кор масъул медонад ва ба қадри имкон барои ҳ алли мушкилот чораҷӯӣ мекунад. Аз он ҷумла порсол бо ҳ амдастии шуъбаҳ ои драматургия ва наср маҳ фили "Имконият ва мушкилоти филмноманависӣ" гузаронида шуд. Дар он адибон, филмноманависон, коргардонҳ о, муҳ аққиқон ва донишҷӯёни Донишкадаи фарҳ анг ва санъати Тоҷикистон ширкат варзиданд ва проблемаҳ ои соҳ аро муфассал муҳ окима намуда, таклифҳ ои судманд пешниҳ од намуданд. Чанд рӯз пеш дар киностудияи "Тоҷикфилм" ҷамъомади сенариянависон баргузор гардид, ки дар он адибони маъруфи бо кино марбутамон иштирок ва ҷиҳ ати пешбурди соҳ а таклифу пешниҳ одҳ ои муҳ им карданд. Чунин маҳ филҳ о ва ҷалби носирону драмнависон ба таълифи филмномаҳ о, аз ҷумла оид ба дастовардҳ ои Истиқлолият ва Ваҳ дати миллӣ, ҳ ам дар киностудия, ҳ ам дар ИН минбаъд низ дар назар хоҳ ад буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳ тарам Эмомалӣ Раҳ мон соли гузашта дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат ба мавзӯи  публитсистика чун жанри зарурии замони Истиқлолият рӯй оварда, аз ҷумла таъкид намуд: "Вақти он расидааст, ки адибони тоҷик бештар ба таҳ ияи мақолаҳ ои публитсистӣ ва очеркҳ ои проблемавӣ даст зада, мардумро аз рӯйдодҳ ои кишвар, дастовардҳ ои диёри азизамон, масъалаҳ ои рӯз ва хатарҳ ои даҳ шатбори замони ноором огоҳ  бисозанд". Баъди ба даст омадани Ваҳ дати миллӣ ва тавсиаи созандагию бунёдкорӣ адибони публитсист дар бораи кору фаъолияти созандаи мардуми кишвар, бунёди роҳ у пулҳ о ва корхонаҳ ои азиме, ки дар замони соҳ ибистиқлолӣ арзи ҳ астӣ намуданд, асарҳ ои зиёд таълиф карданд. Қобили таваҷҷуҳ  аст, ки дар ин радиф оид ба масоили  таҳ кими Ваҳ дати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳ ӣ очерку мақолаҳ ои хонданӣ кам нест.

Очерки Муҳ аммад Ғоиб "Дар роҳи нанг" аз рӯзгори як ҳамзамони мо ва нақши ӯ дар таҳ кими Ваҳ дати миллӣ ҳ икоят мекунад. Мақолаи публитсистии Диловари Мирзо "Рашт дар даврони Истиқлол" дар бораи дирӯзу имрӯзи Раштонзамин ҳ икоят мекунад. Муаллиф аз таърихи пурғановати Раштонзамин ёдовар шуда, эҳ ёи воқеии онро самараи Ваҳ дати миллӣ ва сиёсати иттиҳ одофари  Пешвои миллат медонад. Шоири шинохта Алимуҳ аммад Муродӣ бо номи "Изтироби андеша" очерки хондание навишт, ки бо андешаҳ ои амиқ, панду андарзи нишонрас, ибораву ифодаҳ ои мардумӣ диққатро ҷалб месозад. Мақолаҳ ои публитсистии Меҳ мон Бахтӣ "Ҷавонмард омад ба тахту ба тоҷ!", Низом Қосим "Нақши Пешвои миллат дар рушди адабиёт", "Пеши раҳ и ту во бод", "Оина беғубор, дарё пок бошад" пайванди ногусастании фаъолияти Пешвои миллат ва густаришу созандагии сиёсати Ваҳ дати миллиро баррасӣ мекунанд. Мақолаи публитсистии шоир ва муҳ аққиқ Муҳ тарам Ҳ отам  "Истиқлолият ва таърих" як саҳ ифаи тозаи таърихи ташаккули давлатдории тоҷикон аз аҳ ди ниёгон то ба ин замон мебошад. Муаллиф мушаххас оид ба ташаббусҳ ои Пешвои миллат дар бораи об ва идомаи ҳ икмати ориёии гиромидошти об сухан рондааст. Назри Яздонӣ дар "Пешвои маърифату ваҳ дати миллӣ" ном мақолаи публитсистияш масъалаҳ ои маданияти миллӣ, хештаншиносӣ, ҳ ифзи асолат ва ваҳ датро мавриди баррасӣ қарор додааст. Очерку мақолаҳ ои публитсистии Абдулҳ амиди Самад "Пешво", "Се рӯз дар Ҳ индустон", "Истиқлоли ҷовидон - бақои давлати тоҷикон", "Заҳ ри носозӣ ва шаҳ ди ошноӣ", Гулназар Келдӣ "То роҳ  сафед шавад" ва "Қиссаи як байт", Камол Насрулло "Пешвои миллати некӯманиш", "Ҳ ар вожаи ин савганд як пораи ҷони ӯст", "Парчами мо сари баланди мост", Ибод Файзулло "Ин қатора сӯи орзӯҳ о мерафт…", Кароматуллоҳ и Мирзо "Панҷ ҳ икоят" ,"Дар роҳ и созандагию ваҳ дат", "Аз шаби сиёҳ  то рӯзи равшан", Лалҷубаи Мирзоҳ асан "Марди набард", Раҷаб Мардон "Ҳ икмати умр", Маҷид Салим "Дар қасри Арбоб", Ҷонибек Акобир "Ваҳ дат камоли матлабҳ ост", Ато Мирхоҷа "Президенти ман" ва "Давлати ҷовидони миллат", Бахтиёр Муртазо "Рисолати беназири таърихӣ", Шералӣ Мӯсо "Саодати рӯ ба гардун" ва "Хушбин ва некманиш", Иноят Насриддин "Офтобо, хонаро пурнур кун…" бозгӯи созандагию бунёдкорӣ буда, нақши сазовори муҳ тарам Эмомалӣ Раҳ монро дар пирӯзии Ваҳ дати миллӣ ва беҳ буди ҳ аёти кишвар инъикос намудаанд.

Дар ин давра адиби маъруф Саттор Турсун як силсила очерку мақолаҳ ои публитсистие навишт, ки аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шуданд. Мақолаҳ ои публитсистии "Агар имрӯзамон ҳ аст, фардо ҳ ам дорем", "Таҷовузи нохалаф ва худшиносии миллӣ", "Дар селоби қисмат",  "Ватанпараст будан чӣ маънӣ дорад", "Виҷдон агар бедор аст…" ба мавзӯи муҳ ими рӯз  ва ҳ амеша - сулҳ у субот, Ваҳ дату ризоияти миллӣ бахшида шудаанд ва мардумро ба созандагию таҳ кими Ваҳ дат ҳ идоят менамоянд.

Китобҳ ои зиёде, ки Мирзо Шукурзода оид ба гузаштаи пурифтихор ва ҷойгоҳ и таърихии миллати мо дар Тоҷикистону берун аз он ба чоп расонд, натанҳ о арзиши калони илмиву бадеӣ доранд, балки амалан хонандаро ба худшиносиву худогоҳ ӣ ва ваҳ дати миллӣ талқин мекунанд.

Очерки Додохон Эгамзод "Балогардон" нақши шахсро дар таърих бозгӯ намуда, дар муқоиса бо сарварони собиқ боварбахш нишон додааст, ки шахсияти беғаразу ҳ адафманд дар баҳ ои дилфишонию ҷонкоҳ онӣ тақдири миллату давлати дар вартаи нобудиро чӣ гуна тағйир дода метавонад.   

Соли гузашта бо иқдоми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар нашриёти "Адиб" маҷмӯаи мақолаҳ ои публитсистии "Пайғоми Истиқлол" ба чоп расид. Дар китоб тозатарин эссе, очерк ва мақолаҳ ои публитсистии адибонамон дар бораи Ваҳ дати миллӣ ва Истиқлолият, иқдому ташаббусҳ ои Пешвои миллат ҷой дода шудаанд. Мақолаҳ ои публитсистии Абдуҷаббор Раҳ монзода "Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик", Атахон Сайфуллоев "Шодона", Камол Насрулло "Наврӯзи Президент - Наврӯзи наҷот", Зулфия Атоӣ "Роҳ и ҳ аёт, роҳ и наҷот", Ато Мирхоҷа "Давлати ҷовидони миллат", Ато Ҳ амдам ва Леонид Чигрин "Корномаи Эмомалӣ Раҳ мон", Маҷид Салим "Боми Ҷаҳ они Президент", Парда Ҳ абиб "Аз Панҷрӯд то Панҷоб", Равшан Махсумзод "Роҳ и дуру дилҳ ои наздик", Давлат Сафар "Навои Ваҳ дат омад аз Бадахшон", Абдуқодири Раҳ им "Дурахши офтоб" бо номҳ ои гӯё аз мазмуну ғояи баланди хеш дарак медиҳ анд. Тасвири образи инсони фаъолу ватандӯст дар публитсистикаи муосир мавқеи хосса пайдо кардааст. Ағлаби публитсистон бозтоби чунин чеҳ раро дар мисоли коргарони иншоотҳ ои бузурги мамлакат, аз ҷумла НОБ-и Роғун ба тасвир гирифтаанд. Очерку мақолаҳ ои публитсистии Бахтиёр Муртазо "Садди Сойи оби шӯр", Раҷабалӣ Аҳ мад "Роғун-бахти рӯзафзун", "Иншооти тақдирсоз", Маҷид Салим "Афсонаи табиати Роғун", Мираҳ мади Амиршоҳ  "Корзори Роғун" маҳ з аз ин мавқеъ арзи вуҷуд кардаанд.

Солҳои охир ҷилои симои инсони заҳ маткаш, қавирӯҳ  ва ватандӯсти дорои дигар хислатҳ ои ҳ амида торафт бештар мавзӯи очерку мақолаҳ ои публитсистӣ мешавад. Адибону публитсистон Саттор Турсун, Ӯрун Куҳ зод, Абдулҳ амид Самад, Кароматуллоҳ и Мирзо, Бахтиёр Муртазо, Ато Ҳ амдам, Мирзо Шукурзода, Мансур Сурӯш, Маҷид Салим бо навиштаҳ ои публитсистии хеш паҳ луҳ ои ҷолиби образи инсони фаъоли бунёдкорро баррасӣ кардаанд. Очеркҳои Усмонҷон Ғаффоровро дар бораи Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода, Султон Умаров, Турсун Улҷабоев, очерки Муҳ аммад Субҳ онро дар бораи Муҳ аммад Осимӣ низ метавон дар ин радиф ном бурд, чунки мустақим ё ғайримустақим саҳ ми бузурги ин фарзандони номвари халқамонро дар ваҳ дату иттиҳ оди миллӣ бозгӯ кардаанд.

Қобили зикр аст, ки баъди қабул гардидани пешниҳ оди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳ мон "Даҳ солаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳ ид дар публитсистикаи тоҷик мавзӯъҳ ои мубрами рӯз - ҳ ифзи табиати диёр ва истифодаи оқилонаи сарватҳ ои табиӣ амиқтару васеътар инъикос ёфтанд. Бо ташаббуси Иттифоқи нависандагон ва ширкати фаъолонаи олимони Академияи илмҳ о се ҷамъомади илмӣ-адабӣ доир гардид, дар китобҳ ои Холназар Муҳ аббатов "Инсон ва сарватҳ ои табиат", Александр Яблоков "Пиряхҳ ои Тоҷикистон", Рустам Ваҳ ҳ обзода достони "Лозуркӯҳ ", Маҷид Салим "Тоҷикистон-диёри обҳ ои зулол" паҳ луҳ ои гуногуни масоили экологӣ, манбаъҳ ои об ва истифодаи самараноки онҳ о таҳ лилу баррасӣ шуданд.

Чанде пеш Шӯрои очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагон бахшида ба 20-солагии Ваҳ дати миллӣ дар мавзӯи "Инъикоси Ваҳ дати миллӣ дар осори публитсистӣ" маҳ фили илмӣ-адабӣ доир намуд, ки дар он перомуни инъикоси мавзӯи Ваҳ дат дар публитсистика фикру андешаҳ ои ҷолиб баён карда шуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки домани мавзӯъҳ ои публитсистика фароху рангин аст ва дар инъикоси яке аз муҳ имтарини онҳ о - Ваҳ дати миллӣ ИН бо мақомоти ҳ окимияти давлатӣ, Ҳ аракати Ваҳ дати миллӣ ва эҳ ёи Тоҷикистон, сохторҳ ои дигар ҳ амкорӣ дорад ва, бовар дорем, ки ин робитаи созанда дар оянда низ боиси пайдоиши асарҳ ои ҷолиби публитсистӣ хоҳ ад шуд.

Табиист, ки нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик низ, чун ҷузъи муҳ ими адабиёт, дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳ дати миллӣ ба масъалаҳ ои мазкур рӯ овард. Таҳ лилу тадқиқ ва нақди мавзӯи Ваҳ дат, ба таври мушаххас анҷом наёфта бошад ҳ ам, дар мақолаву рисолаҳ ое, ки дар мавриди адабиёти даврони Истиқлол таълиф шудаанд, дар ин бора бисёр сухан рафтааст. Аз ҷумла таълифоти зиёде чун "Раванди ояндаи адабиётшиносии тоҷик", "Роҷеъ ба умумияти адабиёти миллӣ", "Қомуси миллати тоҷик"-и Соҳ иб Табаров, "Хуросон аст ин ҷо", "Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ", "Инсонгароӣ, омӯзиш ва забони миллӣ", "Нигоҳ е ба адабиёти тоҷикии садаи бист"-и Муҳ аммадҷон Шакурӣ, "Назаре ба танқиди адабӣ"-и Юсуф Акбарзода, "Бист гуфтор аз маънавият"-и Камол Айнӣ, "Шеър ҷаҳ они шоир аст"-и Абдураҳ мон Абдуманнон, "Уфуқҳ ои тозаи наср", "Ҳ амеша бо Ватан", "Фурӯғи маънавият", "Ваҳ дати безавол"-и Атахон Сайфуллоев, "Куҳ на ва нав", "Арзишҳ ои ваҳ дати миллӣ"-и Абдунабӣ Сатторзода, "Сухан аз адабиёти миллӣ", "Гузашти айём ва арзишҳ ои ҳ унарӣ" ва "Озурдагон ва умедворон"-и Худоӣ Шарифзода, "Истиқлол ва инкшофи романи таърихӣ"-и Замира Ӯлмасова, "Ба фикри ман"-и Маъруф Раҷабӣ, "Адабиёт ва фарҳ анги миллӣ"-и Рустам Ваҳ ҳ обзода, "Девори Хуросон" - румони марҳ илавӣ дар насри муосир", "Ҷусторҳ о ва ибтикорот дар наср" ва "Хусусиятҳ ои миллии адабиёти замони ҷанг"-и  Абдухолиқ Набавӣ, "Сарбози қатории адабиёт"-и Абдувалӣ Давронов, маҷмӯаи мақолаву тақризҳ ои Мубашшир Акбарзод "Сухан з-осмонҳо фуруд омадаст", "Тазоду радифи хаёл"-и Турдихон Бердиева, "Диди таърихии романнависони имрӯзи тоҷик"-и Мисбоҳ иддин Назриқул, "Адабиёт ва шинохти он", "Бозтоби ваҳ дат дар адабиёти муосир"-и  Шамсиддини Солеҳ  ва Шаҳ обиддини Шуҷоъ "Таҷассуми таърих ва рӯҳ и ватандӯстӣ дар насри даврони истиқлол"-и Сайфулло Муллоҷонов, "Тимсоли мардонагӣ ва қаҳ рамонӣ"-и Шарофиддин Имомов, "Сарнавишти ибратомӯзи падарсолори ориёиҳ ои Машриқзамин"-и Абдураҳ мон Маҳ мадов, Юсуфшо Яъқубшоев, Додихудо Саймиддинов, "Искандари Мақдунӣ ва осори ӯ"-и Раҳ им Масов, "Наҷвои наҷотофарин" ва "Хирвори равонбахш ва силсилаи андешаҳ о"-и Асадулло Саъдулло ва ғайра дастраси хонандагони сершумори адабиёт гардиданд.

Мақолаи Абдухолиқ Набавӣ "Хусусиятҳ ои миллии адабиёти замони ҷанг" далели равшани миллияти адабиёт ва даъвати ваҳ дату ягонагиву дӯстӣ  дар осори адибони он замон мебошад. Аз рӯи ин пажӯҳ иш маълум мегардад, ки ҷанбаи миллии адабиёти даврони шӯравии тоҷик маҳ з дар солҳ ои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қувват мегирад. Яъне, расидан ба асолати худшиносиву худогоҳ ии миллӣ ва истиқлоли адабиёт ҳ амеша дар мадди назари адибону донишмандони гузаштаамон будааст ва ин дарахти орзӯ имрӯз дар боғи Истиқлолияти комил ва Ваҳ дати миллӣ сарсабз сар афрохтааст. Дар мақолаи "Бозтоби ваҳ дат дар адабиёти муосир" Шамсиддини Солеҳ  ва  Шаҳобиддини Шуҷоъ як қатор дастовардҳ ои соҳ аро дар мисоли назму насри то соли 2007 баррасӣ намуда, ба хулосае меояд, ки адибон ва донишмандон дар таҳ кими Ваҳ дати миллӣ нақши боризе доранд. Сайфулло Муллоҷонов дар мақолаи зикршуда насри замони Истиқлолиятро мавриди баррасӣ қарор дода, рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии асарҳоеро чун "Достони писари Худо"-и Сорбон, "Курӯши Кабир"-и Бароти Абдураҳ мон, "Бармакиён"-и Равшани Ёрмуҳ аммад, "Девори Хуросон"-и Муҳаммадзамони Солеҳ , "Ҳайҷо"-и Ӯрун Кӯҳ зод, "Гардиши девбод"-и Абдулҳ амид Самад, ки моҳ иятан даъвати бадеӣ ба иттиҳ оду ҳ амдилианд, таъкид менамояд. Замира Ӯлмасова, ки низ имрӯз сазовор номзад ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд,  романҳ ои зиёди таърихии  дар бист соли охир ба майдон омадаро мавриди таҳ қиқ қарор дода, яке аз сабабҳ ои ин амал - ниёзи ҷомеа ба худшиносиву худогоҳ ӣ, ваҳ дату истиқлол ва озодии эҷодро зикр мекунад.

Дар ин масир бахусус хидматҳ ои профессорон Атахон Сайфуллоев ва Абдунабӣ Сатторзода арзанда аст. Аввалӣ ҳам бо сухан ва ҳ ам бо амал барои таҳ кими ваҳ дат дар кишвар корҳ ои шоён кард. Бахусус, сеҷилдаи "Уфуқҳ ои тозаи наср", ки барҳ ақ сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дониста шуд, як китобхона осори мансури давраи Истиқлолияти давлатиро, ки аз ҷумла ғояи Ваҳ дати миллиро таҷассуму тараннум кардаанд, бо тааммули олимонаву таҳ аммули хирадмандона баррасӣ мекунад ва барои тадқиқотҳ ои оянда маводи фаровон медиҳ ад. "Арзишҳ ои ваҳ дати миллӣ" ном китоби Абдунабӣ Сатторзода, ки аз мақола, гузориш, суханронӣ ва мусоҳ ибаҳ о мураттаб гардидааст, мавзӯи фавқро равшану амиқ ва муфассал матраҳ  намудааст. Мақолаву гузориш ва мусоҳ ибаҳ ое чун "Наҷоти мо дар ваҳ дат аст", "Иди ваҳ дати миллӣ муқаддастарин ид аст", "Болотар аз миллат ва манфиатҳ ои миллӣ чизе нест", "Ваҳ датро бояд ҳ ифз кард", "Қаламро бе ягон далел ба даст нагиред" ва ғайра барои шинохти бештари Ваҳ дати миллӣ ва арзишҳ ои волои он судманданд. "Барои он ки аз таҷрибаи нодири сулҳ и тоҷикон сабақҳ ои даркориро гирифта бошем ва дигар ба иштибоҳ оте, ки солҳ ои 90-ум карда будем, роҳ  надиҳ ем, бояд онро ҳ аматарафа омӯхт ва дар мактабу донишгоҳ ҳ ои ҷумҳ урӣ таълим дод", - менависад муаллиф. Меафзоем, ки дар ин кор адабиёт, асарҳ ои мушаххаси он саҳ ми арзанда  дошта метавонанд.

Шоирону нависандагон низ, баробари эҷоди асарҳ ои бадеӣ, ба навиштани як қатор мақолаҳ ои илмиву таҳ лилӣ даст заданд. Дар ин маврид метавон аз навиштаҳ ои Муъмин Қаноат "Асос омили инсонист", Гулрухсор Сафӣ "Мо чу мурғи самандарем", Гулназар Келдӣ "Ваҳ дат дар пироҳ ани ҷавонӣ", Абдулҳ амид Самад "Меҳ вари Истиқлол", Ӯрун Кӯҳ зод "Ваҳ дат ва адабиёт", Ҷонибек Акобир "Ваҳ дати миллӣ камоли матлабҳ ост", Бароти Абдураҳ мон "Оини нави лашкардории Курӯш", Мирзонасриддин "Замоне аз қофила мондем", Равшани Ёрмуҳ аммад "Вақте аз қафас мебароем" ва "Андар маънии оташпараст" ёдовар шуд. Ӯрун Кӯҳ зод пайванди адабиёт ва ваҳ дату ҳ амдилиро як падидаи дерина медонад, Ҷонибек Акобир дар минтақаҳ ои гуногун доир намудани ҷашни Ваҳ дати миллиро омили таҳ кими пайванди воқеии ҳ амватанон меҳ исобад.

Бо бовари комил гуфта метавонем, ки нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ нақши боризи худро дар ҳ ифзи арзишҳ ои миллӣ, ки таҳ кими Ваҳ дати миллӣ муҳ имтарини онҳ ост, гузоштааст ва хоҳ ад гузошт.

Ҷои қайд аст, ки дар инъикоси мавзӯи муқаддаси Ваҳ дати миллӣ пайванди қавии наслҳ ои адибон эҳ сос мешавад. Яъне, аз падарсолорони шеъри имрӯзамон Муъмин Қаноат ва Бозор Собир то ҷавонтарин адибон, ки нав донишгоҳ ро хатм намудаву аввалин маҷмӯаҳ ои навиштаҳ ояшонро чоп кардаанд, дар васфу талқину тасвиру таҳ кими пайванду иттиҳ оди халқи мамлакат саҳ м мегузоранд. Дар ин радиф метавон аз навиштаҳ ои хуби шоирону носирон, мунаққидону публитсистони ҷавон ва нисбатан ҷавон - Абдуллоҳ и Раҳ намо, Баҳ ман Муродӣ, Баҳ ром Раҳ матзод, Толиби Луқмон, Назрӣ Асадзода, Замира Ӯлмасова, Бузургмеҳ ри Баҳ одур, Бузургмеҳ ри Ҳ аким, Бузургмеҳ ри Тоҷиддин, Мафтунаи Қосим, Эҳ сон Раҷабӣ, Муҳ риддин Сабурӣ, Шоҳ бегим, Бастур, Мирзо Наврӯз, Сулаймон Султон, Фарзонаи Зарафшонӣ, Шариф Хол, Сироҷиддин Икромӣ, Саъдӣ Мирзо, Фирдавси Аъзам, Шодӣ Ҳ асани Шарифниё, Башир Усмон, Насимбек Қурбонзода, Бобаки Суғдӣ ёдовар шуд. Мехоҳ ам ин номҳ оро ба ёд бигирем, зеро бовар дорам, ки фардо онҳ о борҳ о, аз ҷумла дар мавриди инъикосу тасвири бадеии мавзӯи Ваҳ дати миллӣ аз худ дарак хоҳ анд дод.  

Бамаврид аст, ки саҳ ми адибони гуногунзабоне чун Ӯлмас Ҷамол, Леонид Чигрин, Тӯрон Тӯйчиев, Амонбой Ҷуманов, Майрамбек Тойчӣ, Абдулло Зуҳ ур, Андрей Сметанкин, шодравонҳо Сергей Сухоян, Ҷамолиддин Тошматов, Муҳ аммадҷон Тоштемировро дар талқини сулҳу ваҳдат ва дӯстии халқҳ о зикр бикунем. Аксари онҳ о ин корро бо ду роҳ - аввалан, бо осори оригиналии хеш ва баъдан тавассути тарҷумаи асарҳ ои адибони тоҷик анҷом дода, дар ташвиқу тарғиби ғояҳ ои волои инсонии адабиёти Тоҷикистон ҳ иссаи сазовор гузоштаанд. Порсол дар Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон навқаламони гуногунзабон иштирок доштанд ва ИН дастгирии худро аз арзандатаринҳ ои онҳ о дареғ намедорад, яъне чунин мешуморад, ки дар дастагули бузургу хушбӯи адабиёти башардӯстамон гулҳ ои дилҷӯи гуногунрангу гуногунбӯ ҳарчи бештар бошанд, беҳтар аст. 

Дар арафаи ҷашни 20-солагии Ваҳ дати миллӣ зикри нуктаи дигар бамаврид аст, ки як зумра адибонамон - Муъмин Қаноат, Атахон Сайфуллоев, Ширин Бунёд, Абдулҳамид Самад, Мирзо Файзалӣ, Ҳақназар Ғоиб, Ҷумъа Қувват, Гулназар Келдӣ, Меҳ мон Бахтӣ, Кароматулло Олимзода, Султон Мирзошоев, Қурбон Восеъ натанҳ о бо асарҳ ояшон, балки бевосита бо иштироки фаъолонаи шахсӣ, бо эҳ соси масъулияти баланди шаҳ рвандию ватандорӣ дар раванди барқарорӣ ва таҳ кими он иштирок намуданд ва мо, ҳамқаламон, чун тамоми мардуми кишвар, аз онҳ о самимона миннатдорем. 

Метавон гуфт, адибе нест, ки ба мавзӯи Ваҳдат руҷӯъ накарда бошад, аммо масъалаи дарку тасвири бадеии мавзӯъ дар адабиётамон мушкиле дорад, ки асосан дар сурати умумӣ ва тавсифӣ амалӣ мешавад. Бештари ашъори ин мавзӯъ ҷанбаи шиорӣ дорад, аксари таълифот иборат аст аз баршумурди сифатҳ ои кишвар, ёдоварии ҳ атмии манотиқи гуногун, васфи онҳ о ва ғайра. Ҳ амин норасоӣ дар бисёр мақолаҳ ои публитсистӣ низ ба чашм мерасад. Вақти он аст, ки аз шумури сифот ва тасвири зоҳ ир ба умқи масъала, таҳ лилу таҳ қиқи моҳ ияту арзишҳ ои инсонии Ваҳ дат ва куллан ба ҳ ам омадану ба ҳ увияти мардуми Тоҷикистон табдил ёфтани он бигзарем ва тавассути дарки бадеии ваҳ дат ҷиҳ атҳ ои хосу муҳ им ва образҳ ои тозаву хотирмон эҷод бишаванд, то аҳ аммияти воқеии он дар зеҳну шуури мардумамон амиқ ва барҷову доимӣ бимонад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved