• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Низом ҚОСИМ
Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон
Чанде пеш мо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамонро ботантана қайд кардем. Он воқеан ҷашни тамоми халқ буд, чунки барояш мардуми худшиносу худогоҳамон умрҳо ҷаҳду талошҳо намудаанд.
Истиқлолият, бахусус, ормони ҳамешагии адибон буд ва тақрибан асари дилрасе нест, ки бевосита ё бавосита ба ин масъала иртибот надошта бошад. Бо вуҷуди ин, ҳатто аҳли адаб пурра тасаввур карда наметавонист, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди миллату давлати мо чӣ имкониятҳое фароҳам меорад.


Хушбахтона, мову шумо шоҳиди онем, ки аз шарофати сиёсати оқилонаву дурандешонаи Сарвари воқеии давлату миллат ин имкониятҳо бомаром амалӣ мешаванд ва иҷрои ботадриҷи се вазифаи стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ, хурӯҷ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ далели равшани ин аст. Ҳамзамон, натанҳо симои кишвар, балки симои халқамон, андешаву тафаккур, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардум тағйир мехӯрад, ифтихору шарафмандии инсониву шаҳрвандии миллат такомул меёбад, ки барои адибон масъалаҳои муҳими тадқиқоти ояндаи бадеиянд.
Саволе ба миён меояд, ки зимни ин ҳама дастовардҳои бебаҳс вазъи адабиёт чӣ гуна аст? Ин "оина" ҳаётро то куҷо воқеӣ, софу беғубор инъикос менамояд ва барои покии бештари он чӣ бояд кард?
Ду сол пеш Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 80-сола шуд. Ин синни як инсони баркамол ва муддати кофиест, ки кас бо ҳама ҳастӣ дар чашми зиндагӣ аён бишавад. Агар аз ҳамин мавқеъ бингарем, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тӯли ин солҳо вазифаҳои ибтидоии оинномавиаш - сарҷамъ намудани қувваҳои адабӣ, дастгириву раҳнамоии онҳо, дарёфту тарбияи истеъдодҳои ҷавон, ташаккулу такомули жанрҳо, таҳкими мавқеи устувори инсониву шаҳрвандии адибон, тарбияи завқи бадеии мардум ва дар маҷмӯъ хидмат ба замон ва ғояҳои пешбари онро сарбаландона иҷро кард.
Яке аз вазифаҳои оинномавии Иттифоқи нависандагон қабулу тарбияи аъзои нав мебошад ва метавон инро, бахусус дар ду даҳсолаи охир, яке аз самтҳои муваффақтарини фаъолияти Иттифоқи нависандагон донист ва аз чанд тани сарсупурдаи сухан ба қариб ҳафтсад нафар расидани аъзои созмонамон далели равшани ин аст. Бисёре аз аъзои Иттифоқи нависандагон маҳз дар доираи он касби камол намуда, адибони номвару номбардор шуданд.
Вале боз ҳам саволе ногузир аст, ки оё ҳамеша миқдори афзун сифати дилхоҳро ифода мекунад? Мутаассифона, таҳлилу баррасиҳо нишон доданд, ки ҷавоби ин савол манфист. Иттифоқи нависандагон созмони эҷодии аҳли сухан аст, яъне, нафаре, ки даъвои узвияти он дорад ва ё узваш шудааст, бояд дар каломи бадеӣ эҷодкор бошад, ҷӯянда бошад, навбину навгӯ бошад, на чунон ки дар бисёр мавридҳо мушоҳида мешавад, хомафарсои нотавон, аз қоидаву қонунҳои эҷоди бадеӣ бехабар, натанҳо аз адабиёти ҷаҳон, балки аз бурду бохтҳои адабиёти худамон низ ноогоҳ ва дар натиҷа муаллифи навиштаҳои хоми ҳаваскорона, аз латофату назокат орӣ, рӯирост тақлидкоронаву пурсирқат ва ҳатто куллан бесаводонаву бемазмуну бемаънӣ.
"Ҳар кас ба қадри қудраташ менависад" - мегӯянд баъзеҳо. Оре, ҳар инсон ба эҷодкорӣ ҳақ дорад ва дар ин кор озод аст, вале вақте ки узви Иттифоқи нависандагон шудааст, ин созмони номвару обрӯманд, соҳиби Оиннома, Низомномаи қабул, анъанаҳои дерина ва сатҳу савияи волои касбӣ низ ҳақ дорад, ки дар доираи талаботу меъёрҳои хеш аз ӯ осори сазовор талаб бикунад.
Мутаассифона, вақтҳои охир ин талабот ба ҳадди нестӣ расид ва аз он танҳо ҷиҳатҳои зоҳирие, чун чопи ду китоб ва тавсияи се аъзои "собиқадор", боқӣ монданду бас. Иҷрои талаботи зикршуда бошад, дар ин замон ҳеҷ заҳмате намехоҳад, чунки тақрибан натанҳо дар ҳар шаҳру ноҳия, балки дар ҳар ҷамоату деҳа имконияти чанд варақи парешонро ба ҳам овардану муқова бастан ҳаст ва аз се аъзои зоҳиран "дилсӯз"-и Иттифоқ тавсияномаҳои хушку қолабие гирифтан низ душвор нест.
Натиҷаи ҳамин буд, ки сафи аъзои Иттифоқи нависандагон, чун замбурӯғҳои баъди борон, рӯ ба афзоиш ниҳод ва сатҳу савияи онҳо рӯ ба коҳиш. Беҳунарону пастзавқон мисли худ ва аз худ батарҳоро ба ин даргоҳи завқу ҳунар кашиданд, дар натиҷа даъвогарон чунон зиёд шуданд, ки комиссияи қабули Иттифоқи нависандагон навбат таъсис дод ва, ҳарчанд дар арафаи анҷумани XIV бисёр бошитобу таъҷилӣ қариб чил нафарро ба узвият пазируфтанд, боз қариб сад нафар интизори "навбат" мондааст!
Чанд рақам пешниҳод мешавад, худ қазоват бикунед: то охири анҷумани давраи шӯравии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки соли 1991 баргузор гардид, адибони кишвар 239 нафарро ташкил медоданд. Ин рақам то соли 2003 ба 358 нафар ва дар 12 соли баъд ба 680 нафар расид. Аз ин шумора қариб ним, аниқаш 329 нафар шоирон, 175 нафар носирон, 56 нафар мунаққидону адабиётшиносон, 96 нафар публитсистон, 14 нафар драмнависон, 10 нафар тарҷумонҳоянд. Боз як рақами ҷолиб: солҳои 1954-1959, яъне дар панҷ соли байни анҷуманҳои III ва IV ҳамагӣ 6 нафар шоир ба узвият қабул шудааст, мо дар як қабули пеш аз анҷумани Х IV, 28 апрели соли 2014 олиҳимматона ба 22 нафар унвони "шоир" ҳадя кардем!
Хуллас, дар бист соли охир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба парокандалашкари бузурге табдил ёфт, ки инак сару нӯгаш гум аст. Вале ба кори мунтазаму босифати адабӣ тақрибан 10-15 дарсади он машғул асту бас. Нашрияҳои адабиро маҳз ҳаминҳо бо маводи қобили қабул таъмин мекунанд, барои маъракаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ маҳз ҳаминҳо сенарияву шеъру шиору тарона менависанд, дар театрҳо ва маросимҳои оммавии фарҳангӣ маҳз ҳунари суханвариву саҳнаофарии ҳаминҳо ба чашм мерасад, дар чорабиниҳои соф адабию бадеии Иттифоқи нависандагон ва саросари кишвар маҳз хидмати ҳаминҳо ба кор меояд, яъне, барҳақ "дусад марди ҷангӣ - беҳ аз сад ҳазор"!
Аз ҷониби дигар, ғарами коғазпораи аъзои бешумори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон меафзояд, радиову телевизионҳо ва маросиму маъракаҳо аз шеъру таронаҳои якрангу бемазмун ва безавқонаи мутташоирон, ки муҳри аззабонмондаи ИНТ майдони ҷавлони худхоҳонаашонро беҳудуд кардааст, лабрез мешаванд.
Ин ҳолат, табиист, ки аз чашмҳо пинҳон намемонд ва дер боз, натанҳо дар байни аҳли адаб, балки дар доираи васеътари ҷомеа, оид ба вазъи ногувори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон миш-мишҳо ба гӯш мерасиданд ва дигаргуние дар ин самт тақозо мегардид.
Оқибат ин мавзӯъ ба маҷлиси Ҳукумати мамлакат баромад ва, тибқи банди 25-уми протоколи маҷлиси Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон, № 5, аз 8-уми апрели соли 2016, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вазифадор гардид, ки ҷиҳати санҷиши сатҳи касбӣ ва маҳсули эҷодии аъзои хеш комиссияи махсус таъсис бидиҳад. 25 апрел бо фармони № 15а - "Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиш ва таҳлили маҳсули эҷодӣ ва санҷиши сатҳи касбии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон" дар ҳайати роҳбарият, кормандони марбути Ҳукумати мамлакат, Вазорати фарҳанг, мудирони шуъбаҳо ва раисони шӯроҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чунин комиссия таъсис дода шуд ва то ҳол асноди қабулу эҷодиёти аъзоеро, ки дар ду соли охир ба таври оммавӣ ба узвият пазируфта шудаанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Ин амал муайян намуд, ки қабул ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба як кори механикӣ табдил ёфта, аслан бе дарназардошти талаботи Оинномаи ИНТ, Низомномаи комиссияи қабул сурат гирифтааст. Аксари китобҳое, ки пешниҳод гардидаанд, ба одитарин талаботи кори адабӣ ҷавобгӯ нестанд, беҳунарона, безавқона, ҳатто бесаводона рӯи коғаз омадаанд. Ҳатто муаллифони дастуру рисолаҳои таърих, тиб, сиёсатшиносӣ, тадқиқи академии адабиёти халқҳои дигар, ки ба раванди адабиёти имрӯзи мо ҳеҷ робитае надорад, ба узвият пазируфта шудаанд. Намунаҳои зиёди чунин навиштаҳои аъзои тозақабули Иттифоқи нависандагон аз ҷониби комиссия дар ҳафтаномаи адабиамон манзур шуданд ва ба зикру такрорашон ҳоҷат нест. Танҳо ҳамин қадар меафзоем, ки аз рӯи чунин талабот ҳар шогирди миёнасаводи мактабро барои иншои хатмкуниаш ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтан ва ҳар шогирди аълохонро ба ҷоизаҳои адабии он пешбарӣ кардан мумкин аст.
Халалёбии Оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Низомномаи комиссияи қабул тақрибан дар ҳама ҳолатҳои пазируфтан ба узвият мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, тавсия ва протоколҳои комиссияи қабул ва ҷаласаҳои Раёсат бисёр сатҳӣ буда, бе баррасиву муҳокима ва таҳлили ҷиддӣ, якрангу қолабӣ рӯи коғаз омадаанд ва ба асли ҳол, яъне эҷоди узви нав, ҳеҷ мувофиқат намекунанд.
Қолабӣ ва қаблан омода намудани қарорҳои Раёсати Иттифоқи нависандагон оид ба қабули аъзои нав низ аён аст. Масалан, қарорҳои Раёсат аз 28 апрели соли гузашта, ки якбора қариб чил нафарро бе ягон баррасиву муҳокима ба узвият пазируфт. Ҳамагон шоҳиданд, ки аъзои Раёсат Гулрухсор Сафӣ ва камина, ба далели он ки эҷоди қисме аз пешниҳодшудагон арзанда нест ва эҷоди қисмеро аслан намешиносем, эълон намудем, ки аз овоздиҳӣ худдорӣ мекунем. Вале дар қарорҳо яксону қолабӣ зикр шудааст, ки "15 нафар аъзои Раёсат якдилона ба ҷонибдорӣ овоз додаанд"! Ҳамчунин, дар санадҳои мазкур омадааст, ки "номзадҳо як-як муҳокима шуданд", ки дурӯғи маҳз аст.
Чунин тақаллубкорӣ дар асноди маҷлисҳои шӯроҳо низ ба мушоҳида расид. Аз ҷумла, дар протоколи маҷлиси шӯрои назм омадааст, ки гӯё камина ба ҷонибдории қабули фалонӣ (нафаре, ки оддитарин қоидаҳои назмро намедонад!) сухан гуфта бошад, ки низ аз ҳақиқат фарсахҳо дур аст.
Масъалаи дигари бисёр ташвишовар дар ин маврид авҷи бесобиқаи сарсуханнависӣ ва сарсуханҳои бешумори бесарунӯг мебошад. Агар як ҷониби ин масъала пешгуфтору пасгуфторҳои адибони номдорамон ба китобҳои бисёр ноарзанда бошад, паҳлуи дигараш афзудани дуову фотиҳаи нафаронест, ки худ ҳанӯз сатре бенуқсу равон нагуфтаанд. Мисолҳо: 1. "…ба шеъру шоирӣ бисёр дилчаспу боҳаракат аст… Шеърҳои ба Ватан бахшида, ба ёру диёр ва дӯстону рафиқон бахшида менависад ва ҳамеша ҷолиби диққат аст… Сазовор аст, ки ӯро ба узвияти ИНТ қабул карда шавад". 2. "Ӯ чун бархе аз ҳавасбозон шеърро на василаи дастёбӣ ба шуҳрат ё холӣ кардани дили хеш, балки ҳамчун фарди фидоии миллат рӯи коғаз овардани мақсаду маромашро вазифаи асосии худ медонад… Вай ҳамчун сухангӯи асил гӯиши лаҳнҳои соддаро, ки ба дарди касе намехӯрад, намешиносад. Фалсафаи шеъри ӯ мисли оинаи қаднамост, ки дар он рушду нумӯи миллатро метавон муоина намуд (Агар ин ҷумларо дар мавриди шеъри Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, Гулназар мегуфт, мо эрод надоштем - Н.Қ.). Аз нахустмаҷмӯаи худ то ба маҷмӯаи охирин… ҳамчун шоири касбӣ аз ҷониби хонандагон шинохта шудааст".
Мо зидди сарсухану муаррифиҳои барҷо нестем, низ мехоҳем, ки сарсуханҳои шоиру нависандагони маъруфамонро ба навроҳони адабиёт нишони хайрхоҳӣ, дилсӯзӣ, тарбияи нави адибон бишносем, аммо чун ба сафҳаҳои баъди сарсуханҳо ошно мешавем, мебинем, ки ин амал ҷуз хидмати хирсона ба муаллифи безавқи он китоб ва зарбае корӣ ба кори воқеии адабӣ нест. Ба гумони мо, ин масъала, ҳамчунин тавсияҳои бебунёду бемасъулиятона, чунон муҳим аст, ки баррасии амиқу муҳокимаи ҳамаҷонибааш дар як ҷамъомади махсус мувофиқи мақсад менамояд.
Чун масъалаи тарбияи насли навраси адибон зикр шуд, бояд гуфт, ки синну соли қабулшудагон ба тақвияти ин амри хайр нест ва акси ҳолро бозгӯ мекунад. Масалан, дар қабули оммавию саросемавори пеш аз анҷумани XIV синну соли 7 нафар аз 65, 14 нафар аз 60, 24 нафар аз 55 болост ва онҳое, ки синну солашон аз 50 поён аст, танҳо 3 нафарро ташкил медиҳанд. Синни миёнаи қабули мазкур 58 сол аст, ки ҳаргиз даъвои нийяти тарбияи ҷавононро собит карда наметавонад.
Вобаста ба ин, бори дигар масъалаҳои маҳдуд намудани синну соли қабул ба миён меояд. Албатта, боз даъвоҳое садо медиҳанд, ки "фалонӣ фалон асари хубашро дар фалон синну сол навишт!" Бояд дар назар дошт, ки ҳолатҳои мазкур бисёр истисноиянд ва кош 60-солаву 70-солаҳои мо низ чунин асарҳо бинависанду Иттифоқи нависандагон ба таври истисно (ва бо шодмонӣ!) натанҳо ба сафи хеш қабулашон бикунад, балки ба дарёфти унвону ҷоизаҳо пешбариашон бинамояд!
Пешниҳод мешавад, ки дар масъалаи қабул ҷиддӣ бошем ва шитоб накунем. Ба қавли устод Турсунзода "навқаламонро шитобкорона ба Иттифоқи нависандагон қабул кардан лозим нест. Сабр кардан лозим аст, то ки онҳо қобилияти бадеии худро ба хонанда манзур кунанд". Ин суханон, ки қариб 60 сол пеш гуфта шудаанд, чӣ қадр дархури ҳоли имрӯзаи моянд! Мое, ки ба хотири ким-чиву ким-кӣ гузаштҳои номақбул мекунем, нашинохтаву нохонда тавсияҳои бебунёд менависем, ба безавқону беҳунарон роҳ мекушоем ва бо чунин пастназарӣ обрӯи созмонамонро паст мекунем. Васияти устоди бузургамон, адибу инсонеро, ки адабиёти моро то зинаҳои камолот расонд ва Иттифоқи нависандагонро ба даргоҳи муқаддас, қутби саҷдабоби аҳли дилу завқ табдил дод, фаромӯш мекунем, ки " Ба халтуранависон набояд имконият дод, ки обрӯи адабиётро бирезанд. Адабиёт ҷои савдогариву тамаъкорӣ нест. Он оинаи дили халқ аст ва бояд беғубор бошад!"Ба таври дигар бигӯем, адабиёт дарёест, ки дилу ҷонҳоро шодоб мекунад, табъу завқҳоро сарсабз медорад ва набояд роҳ дод, ки зумрае бехудонаву бехудоёна партовҳои безавқиро ба ин маҷрои поки ҳаётбахш бирезанд.
Имрӯз Иттифоқи нависандагон бояд натанҳо иттиҳоди эҷодкорони соҳибзавқ, балки созмони шаҳрвандони фаъолу бунёдкоре низ бошад, ки ҷавобгарии завқи як миллати шариф, як забони ҷаҳонгир, ақидаву андешаҳои воло, обрӯю эътибор, суннатҳои ҳазоронсолаи давлатдориву мамлакатдории онро бар дӯш дорад ва бо дарки ҳамин масъулият пайи ҳифзи ин асолатҳо дар паҳлу ва ёвари давлати миллии хеш аст.
Коре, ки бо ҳидояти Сарвари фарҳангпарвари давлатамон мову шумо оғоз кардем ва, албатта, ба охир хоҳем расонд, бо ҳамин ҳадафи волост ва, бовар дорем, ки ба тозагии натанҳо сафҳоямон, балки ба покии бештари дилу нийяту мақсадҳоямон, барқарории меъёрҳои табъу завқ, афзоиши обрӯи Иттифоқи нависандагону адибон ва рушди бештари адабиётамон мусоидат мекунад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37