• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Кароматуллоҳи МИРЗО,
директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

                                                 ТАЪСИРИ СУХАНИ СОЗАНДА

"Вақти он расидааст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат адабиёти пурбору адибони сазовор тарғибу ташвиқ бишаванд",- зикр шудааст дар маърӯзаи Раиси ИН ТОҶИКИСТОН НИЗОМ ҚОСИМ ДАР МАҶЛИСИ САДОРАТ.


Бояд бигӯям, ки фаъолияти Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон беҳтар мегардад. Талабот ҳам ҳамин аст. Президенти муҳтарам аз мо адибон мехоҳанд, бо мардум вохӯрем, сафар кунем. Масъалаҳои доғи рӯз бешанд. Аз ҷумла, мо бояд сиёсати имрӯзаи ҲУКУМАТ, СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БАҲРИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ВАҲДАТ, БАҲРИ ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲО, ВАТАН, ШУКУФОӢ БА МАРДУМ ФАҲМОНЕМ, АЗ АСАРҲОИ НАВ, НАҚШАҲОИ ЭҶОДИАМОН НАЗДИ ОНҲО СУХАН ГӮЕМ, БО МАРДУМ ҲАМНАФАСУ ҚАРИН БОШЕМ. ИН НУКТАҲОИ МУҲИМ ДАСТУРИ АМАЛУ ФАЪОЛИЯТИ МОСТ. ВАқТҲОИ ОХИР САФАРҲОИ АДИБОН, ВОХӮРИҲОИ ОНҲО БО ТАБАҚАҲОИ ГУНОГУНИ АҲЛИ ҶОМЕА ЗИЁДТАР ТАШКИЛ КАРДА МЕШАВАД. АЗ ҶУМЛА, ДАР ҲАМИН ЯК - ДУ МОҲИ ОХИР МО ЯК ГУРӮҲ АДИБОН ДАР КИТОБХОНАҲОИ МИЛЛӢ ВА БАЧАГОНАИ БА НОМИ М.МИРШАКАР БУДЕМ, БО ХОНАНДАГОНУ МУХЛИСОНАМОН ВОХӮРДЕМ. ДАР МАКТАБҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМҲОИ 60, 101, 56, 64 НОҲИЯИ РӮДАКӢ, РАҚАМҲОИ 13, 60 Ш.ТУРСУНЗОДА, РАҚАМҲОИ 61, 55 Ш. ДУШАНБЕ, ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА МАКТАБИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ДЕҲАИ НОҶИИ Ш. ҲИСОР БО ХОНАНДАГОН, ОМӮЗГОРОН ВОХӮРИҲО ГУЗАРОНДЕМ. ШОИРОНИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ, КАМОЛ НАСРУЛЛО, МУҲАММАД ҒОИБ, ШОИРОН ПАРДА ҲАБИБ, АҲЛИДДИН ҲИСОРӢ, ҲИДОЯТУЛЛО РАҲМОНӢ, РАЪНОИ МУБОРИЗ, ФАРХУНДА, АДИБАИ АЗИЗ, НАВИСАНДАГОН СУЛТОНМУРОД ОДИНА, МИРЗО ШУКУРЗОДА, САФИЯ НОСИР, МАҶИД САЛИМ, МУБАШШИР АКБАРЗОД, ПУБЛИТСИСТ АМИРХОН АҲМАДХОН ДАР ВОХӮРИҲО ФАЪОЛОНА ШИРКАТ ДОШТАНД. ХУСУСАН ШЕЪРХОНӢ, СУХАНГӮӢ, СУҲБАТҲОИ ОНҲО БА СОМЕЪОН БЕШТАР ПИСАНД МЕАФТОД. БИСЁР ЧОРАҶӮИҲОИ МУҲИММИ ҶУМҲУРИЯВӢ, ИДУ МАЪРАКАҲО БО ШИРКАТИ АДИБОН МЕГУЗАШТ.
Аз ҷумла, иди афсарон-23-юми феврал, Иди модарон-8-уми март, рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Зафар -9-уми Май, рӯзҳои шеъри оламафрӯзи Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ баргузор гаштанд, ки бе ширкату фаъолияти аҳли адаб тасаввурнопазир буданд.
ҳамроҳи Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур дар мактаб-осоишгоҳи тифлони бемори сил дар деҳаи қаратоғи ноҳияи Шаҳринав будем. Дониши хонандагон ба дараҷаи баланд, шеърҳои зиёде аз ашъори шоирони классик ва имрӯзи тоҷик аз ёд медонистанд. Шеърҳо ва навиштаҳои худашонро мехонданд. Барои таҳсилу табобат, нигоҳубини муҳассилин шароитҳо хубанд. Онҳо аз ғамхории шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ёдовар мешаванд, изҳори миннатдорӣ ва ташаккур баён менамоянд.
ҳафтаҳои гузашта дар чанд минтақаи ҷумҳурӣ табиат ба сари мардум нохушиҳо овард. Дар натиҷаи боронгариҳои шадид ва жола боридан сел бисёр мавзеъҳо, истиқоматгоҳҳоро хароб кард, талафот шуд. Дар он рӯзҳо мо, адибон, муаллифи ин сатрҳо ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, нависанда Нарзулло Тиллозода ба ноҳияи Рӯдакӣ рафтем. Дар бисёр деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти Зайнабобод, Турсунзода оби дарёи Элок аз маҷрояш берун шуда зарар овардааст, изҳори тасаллият мегуфтем. Ва медидем, ки дар рӯзҳои нохуш одамон ҳамдигарро дастгирӣ мекарданд. Аз ҳамаи шаҳраку деҳоти ноҳия барои мадад омада буданд, барои осебдидагон хӯрока меоварданд, манзил муҳайё месохтанд. Ситоди мадад ташкил ёфта буд. Роҳбарии ситодро раиси ноҳия Маҳмадраҳим Юсуфӣ ба уҳда гирифта. Дар ҳамроҳӣ бо масъулони ситод мардум пеши маҷрои дарёро мебастанд.
Вохӯрии мо бо кормандони КВД Маркази иҷозатномадиҳии нақлиёти ҷумҳурӣ фаромӯшношуданӣ буд. Вохӯрии мо - Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, нависанда-публитсист Амирхон Аҳмадхон ва банда дар рӯзҳои омодагӣ ба раъйдиҳӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон мегузашт. Мо, адибон, доир ба аҳамияти дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳозирин суҳбат намудем. Ва шеърҳои ба Ватан бахшидаи Камол Насрулло дар қироати шоир ба ҳозирин хуш омад.
Дар ҷаласаи Садорати Иттифоқи нависандагон зикр шуд, ки дар назди адибон вазифаҳои муҳим истода; тайёрӣ ва омодагӣ ба иди Ваҳдати миллӣ, иди бошукӯҳи 25-солагии соҳибистиқлолии Ватан. Ба ин муносибат Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ тадбирҳо меандешад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37