• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

(Маърӯзаи ҳисоботии Раиси Иттифоқи нависандагони

 Тоҷикистон Низом Қосим дар Анҷумани 15-уми  нависандагони мамлакат)

Вакилони муҳтарами анҷуман,  ҳамқаламони азиз, меҳмонони арҷманд!

Имсол соли чорабиниҳои муҳими сиёсие буд, ки халқу давлатамон бо сари баланду рўи сурх гузаронданд. Бахусус, интихоботи вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омилҳои муттаҳидсози ҷомеа табдил ёфта, ваҳдати устувори мардум ва дастгирии комили сиёсати сулҳҷўёна, ваҳдатгароёна ва бунёдкоронаи давлатамонро аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа равшан нишон доданд.

 Имсол моро ба ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам наздиктар намуд. Чӣ ҷои гуфтан, ки Истиқлолияти давлату миллат ҳамеша орзуи тамоми мардум, пеш аз ҳама, зиёиён, аз ҷумла аҳли адаб буд. Вале он имкониятҳоеро, ки Истиқлолияти давлатиамон барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт дар ҳақиқат муҳайё кард, ҳатто адибон тасаввур карда наметавонистанд. Халқи мо тавонист, ки бо сарварии оқилонаи Пешвои барҳақаш дар як муддати кўтоҳ ноустувориҳои сиёсиву иҷтимоиро бартараф намуда, як кишвари шукуфони рў ба инкишоф бисозад. Дар бораи созандагиву бунёдкориҳои собиқу имрўз намегўем, чунки ҳама дар пеши назар аст. Барои мо, адибон, муҳимтар он аст, ки дар ин давра Инсони нав ба вуҷуд омад, Инсони замони Истиқлолият, Инсоне, ки бо ин обу хок воқеан пайваст аст, таърихашро пос ва имрўзашро азиз медорад, озодиву ободиашро вазифаи ҷонии хеш медонад ва ҳадафаш бунёди як Ватани арзанда барои наслҳои оянда аст.  

Дар ин замина вазифаи адабиёт, ки оинаи ҳаёташ мегўем, бамаротиб меафзояд, адиб, ба тақозои вазифа, натанҳо ин ҳама дигаргуниҳоро мебинаду эҷодкорона эҳсос менамояд, балки дар ин раванд фаъолона иштирок мекунад. Мавриди назари мо, адибон, мавриди тасвирамон бояд, пеш аз ҳама, ана ҳамон Инсони замони нав, Инсони миллатдўсту ватанпарвар, зираку ҳушёр, донишманду ободкор бошад. Дар ин замони мураккаби сиёсӣ, ки таҳдидҳо ба амнияту суботи ҷаҳон, бахусус ба озодиву истиқлолияти халқу давлатҳои хурди миллӣ, торафт меафзоянд, мавқеи фаъолонаи ватандориву шаҳрвандии аҳли адаб бисёр муҳим аст.        

Ҳамагон муносибати Ҳукумати кишвар ва сарвари онро ба адабиёту адибон медонем. Дастгирии бевоситаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар ин замони душвори иқтисодиву молиявӣ онро барпову барқарор нигоҳ дошт, ҳамасола аз ҷониби Президенти муҳтарами кишвар маблағгузорӣ шудани нашри осори адибони гузаштаву муосир, сарпарастии молиявии нашрияҳои адабӣ, дар сатҳи баландтарин таҷлил намудани ҷашнҳои бузургони илму адабро метавон далели равшани ин донист. Вале муҳимтар дастгирии маънавист. Адибон, бе муболиға, гули сари сабади тамоми ҷашну маъракаҳо, мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукуматанд. Дар ҳузури ҳазорон иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврўз ва миллионҳо бинандагони телевизион «Ман шоиронро дўст медорам!» гуфтани Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авҷи аълои ин муҳаббат аст ва мо бояд ба ин муҳаббат бо осори арзанда посухгў бошем.

Бо эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки дар панҷ соли охир адабиёти тоҷик фаъолияти назаррасе дошт ва дар ҳар бахше аз он падидаҳои аёни адабӣ ба вуҷуд омаданд. Хусусан, бознигарии салоҳияти адабии муаллифони осори бадеӣ бо тавсияи Ҳукумати мамлакат ва дар ин росто интишори як силсила мақолаҳои интиқодии бодалелу таъсирбахш асари созандаи худро барҷой гузошт. Қазоватҳо нисбат ба арзиши осори бадеии манзуму мансур ва анвои дигар илмитар, воқеъбинонатар ва одилонатар сурат гирифт ва меъёрҳои қабули осор барои чоп дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагон ва ҳатто дигар нашрияҳо низ муносиб ба ин талабот ҷиддитару саҳеҳтар гардид. Худи соҳибқаламон низ ба таълифоти худ воқеъбинона ва ҷиддитар муносибат мекардагӣ шуданд. Перомуни ин тадбири амалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳои зиёде ба амал омад, ки бо вуҷуди худкомона ва ситезакорона будани баъзе аз онҳо дар маҷмўъ ба беҳбуди фазои адабӣ ва рушди нақди адабӣ мусоидат намуданд.

Ба ҳукми он ки насри адабиро рўзномаи бадеии зиндагии ҷомеа метавон номид, гуфтан бамаврид аст, ки қариб кулли дигаргуниҳои дар тўли солҳои охир бавуқўъпайваста дар ҳикояву очерк, қисса ва романҳои нависандагони мо таҷассум ёфтаанд. Хусусан, жанри роман, ки онро оинаи қаднамои ҳаёти ҷомеа гуфтаанд, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ва бахусус дар ин панҷ соли охир бо фаро гирифтани масъалаҳои таърихӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувият ва хештаншиносӣ хеле рушд кард, романҳои зиёде эҷод гардиданд, ки ҳама дар як поя нестанд. 

Албатта, романҳои хубу хондание ба миён омаданд, ки  аксаран дар мавзўи таърихи халқамон - муборизаи зидди аҷнабиён, корнамоиҳои фарзандони диловари миллат барои озодӣ ва истиқлолият дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла, мубориза бар зидди истилогарони юнонӣ, арабу муғул, воқеаҳои Инқилоби Октябр, мубориза бо босмачиён дар оғози қарни бист ва фашистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод шудаанд. Муаллифони баъзеи ин романҳо воқеаҳои таърихиеро, ки дар замони пеш, бино бар номувофиқатӣ бо сиёсати замон аксаран адибонамон аз гуфтанашон худдорӣ мекарданд ё таҳриф менамуданд, воқеъбинона ба тасвир гирифтанд. Чунин муносибат, аз ҷумла, дар китоби дуюми романи Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод» равшан мушоҳида мешавад. Воқеаҳои он зиндагии беш аз як қарни халқамонро дар замонҳои фоҷиабору тақдирсоз дар бар гирифтаанд. Мо ҳамроҳи қаҳрамонони асар аз майдони муборизаҳои беамон дар роҳи барқарорсозии сохти нав, мубориза бо босмачиён, Ҷанги Бузурги Ватанӣ то пошхўрии Давлати Шўравӣ ва ҷанги шаҳрвандии солҳои навади охири қарни бист ва барқарории сулҳу субот дар сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлол мерасем. Бе шубҳа метавон гуфт, ки ин роман дар тарбияи хонандагон, хусусан наврасону ҷавонон дар рўҳияи хештаншиносиву ватандўстӣ хидмати арзанда хоҳад кард.

Аз унвони романи Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Спитамен» пайдост, ки ба корнамоиҳои фарзанди шуҷоъи миллатамон бар зидди Искандари Мақдунӣ бахшида шудааст. Он шавқовар таълиф ёфтааст ва баъзе лавҳаҳояш гўё аз пеши назар мегузаранд ва, аз ин рў, барои киносозонамон ҳам маводи хубе шуда метавонад.

Дарвоқеъ, дар ин давра падидаи нав – кинороман аз худ дарак дод ва кинороманҳои Барот Абдураҳмон «Курўш ва Томирис», «Искандар ва Спитамен», «Рухшона» низ дар бораи муборизаи халқи тоҷик алайҳи истилогарони юнонӣ ҳикоя мекунанд ва дар ташаккули ин навъи роман нақши муҳим доранд.

Давлатшоҳи Тоҳирӣ дар ин давра низ ба мавзўи таърихӣ содиқ монда, асарҳое эҷод намуд, ки паҳлуҳои гуногуни ҳаёту муборизаи аҷдодамонро хонданиву хотирмон инъикос мекунанд. Қиссаҳои “Корномаи Ҷўи шикаста” – дар бораи таърихи обёрӣ дар диёрамон, “Апама – духти Испитамон” – оид ба муқовимати суғдиёни Саразм алайҳи истилогарии Искандари мақдунӣ ва романи “Деваштич” дар хусуси гирудори ватандўстони тоҷик бо сарварии афшини Панҷакенти бостон ба муқобили истилогарони араб аз он ҷумлаанд. 

Дар романи Мирзонасриддин «Оташ  дар  хонаи  қадим» яке аз марҳалаҳои муҳими таърихи халқамон - Инқилоби Бухоро ба қалам омадааст. Нависанда тавассути рўзгору афкори қаҳрамони асосӣ фоҷиаҳои мардуми тоҷикро воқеъбинона инъикос намудааст. Имтиёзи ин роман аз аксари романҳои қаблан дар ин мавзўъу муҳтаво эҷодшуда он аст, ки як тарафро комилан сиёҳу дигарро сафед нишон надода, кўшидааст ба масъалаҳое низ рўшанӣ биандозад, ки адибону таърихнигорони шўравӣ бо сабабҳои сиёсӣ аз гуфтанашон худдорӣ мекарданд.

Нахустромани Ато Мирхоҷа «Саройи санг»-ро метавон дар қатори  дастовардҳои насри панҷ соли охир ном бурд. Дар ин асари сеҷилда дар бораи зиндагии мардуми Бадахшон ва таърихи ҳокимони он аз асри 19 то муайян гаштани марзи Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон, муборизаҳои геополитикии Русияву Англия барои нуфуз дар ин минтақа сухан меравад. Образи паҳлавонони ҷасуру пешвоёни мардумӣ, муборизаи онҳо бо амирони афғону шоҳони пастфитрати маҳаллӣ барои озодиву  истиқлол  ва  маърифатнокии мардум хеле ҷолиб аст. «Саройи санг» натанҳо романи таърихӣ, балки асари хуби этнографӣ низ ҳаст, зеро муаллиф дар бораи урфу одат, маросимҳои гуногуни мардумӣ, тарзи зисти кўҳистониён қиссаҳои ҷолиб мекунад ва аз фолклори мардуми минтақа мисолҳои фаровон меорад, ки аксаран тозаву дархури завқҳои баланданд.

Романи Додохон Эгамзод «Нигина ва Мирмалик», Диловари Мирзо «Нусратулло Махсум» ва «Озарахши найистони сабз», Истад Қосимзода «Ялафкан» низ таърихианд. Аввалӣ дар бораи ишқи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бо Нигина ном раққосаи дарбори Муҳаммад Хоразмшоҳ ҳикоя мекунад. Дар роман, ҳамчунин, воқеаҳои аввали асри сенздаҳ, паҳлуҳои тозаи бозгўи муборизаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бар зидди чингизиён тасвир ёфтааст. Ду романи дигар дар бораи яке аз бунёнгузорони Тоҷикистони Шўравӣ ва адиби зиндаёд Алӣ Хуш, романи «Ялафкан» оид ба ҳаёти тоҷикон - гўштигирони номии водии Сурхон, ки овозаи паҳлавониву диловариашон хеле дур аз ин марзу бум рафта буд, қисса мекунанд. Хусусияти умумии ин асарҳо ҷолибу хонданӣ буданашон аст.

Дар панҷ соли охир романҳои зиёде бахшида ба рўзгори ҳамзамонони мо, мавзўъҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-и асри гузашта, муҳоҷирати меҳнатӣ, дарди нашъамандӣ, ҳифзи табиат, бунёдкориҳо, сохтмонҳои азим, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии Роғун, нақбҳои зиёд, роҳкушоиҳо навишта шуданд.

Романи хурди Ўрун Кўҳзод “Дар ҳасрати кори ҳалол” дар хусуси зиндагии ду дўсти рўзноманигорест, ки яке бино бар ростгўиву оштинопазириаш нисбат ба ҷўрабозию ҳаромкориҳо мунтазам азоби рўҳӣ кашида, ба маҳрумиятҳо мубтало мегардад.

Ду романи Кароматуллоҳи Мирзо - “Моҷарои зиндагӣ” ва “Ишқи сархўр” масъалаҳои муҳими маънавият ва ахлоқи ҷомеаро аз рўзгори мардуми деҳот мавриди довариву қазовати адабӣ қарор додаанд.

Дар муддати панҷ сол адиби хушқалам ва сермаҳсуламон Сорбон романҳои «Шаҳрбону» (дар бораи саргузашти як зани тоҷик ва оилаи ў дар замони ҷанги шаҳрвандӣ), «Даричаи дил» (оид ба зиндагии як актёр) ва қисми дуюми китоби «Ҷўгӣ»-ро ба ҳукми хонандагон гузошт. Чанд даҳсола пеш повести «Ҷўгӣ»-и ўро хонандагон хуб пазируфта буданд, дар идомаи он нависанда ҳамон қаҳрамонони пешинро ҳамроҳ бо насли нав аз обу оташи ҳодисаҳои таърихи навин гузар медиҳад ва ба ин восита бисёр масъалаҳои таҳаввули фарҳангу ахлоқро дар мисоли табори ҷўгиён ва бархурди онҳо бо воқеияти тозазуҳур равшан месозад.

Романи нави адиби маъруфамон Юнус Юсуфӣ «Киштии Нўҳ» ба мавзўи пайванди инсону табиат, ки  имрўз бисёр мубрам ба ҳисоб меравад, бахшида шудааст. Интиҳои роман бо тасвири ҳунармандонаи саҳнаи муассире, фоҷиабор будани рафтори ноозмудаву бедардона бо табиатро таъкид менамояд ва ҷомеаро аз оқибати нохуши чунин амалҳо ҳушдор медиҳад.

Романҳои Бахтиёр Муртазо «Нақби Истиқлол», Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Зинаҳои дўзах»,  Анвар Олим «Дар ломакон», Қодири Рустам «Пойҳо ва рўйҳо», Назрулло Тиллозода «Ёде аз гузашта» ва «Сарбози махфӣ», Маъруф Бобоҷон «Умеди вопасин» ва «Фурўғи ишқ», Сафияи Носир «Заркосаи лабшикаста», Шераки Ориён «Саргузаште мисли зиндагӣ пурпеч», Гулчеҳра Муҳаммадиева «Чордодарон», Муҳаммад Самӣ «Рашк» ва «Фидоӣ» низ дар ин солҳо ба табъ расиданд ва дар маҷмўъ аз ҷониби нақди адабӣ ва хонандагон хуш пазируфта шуданд.

Дар тўли панҷ соли охир нависандагони мо дар жанри повест низ асарҳои зиёде ба табъ расонданд. Нависандаи маъруфамон Муҳиддин Хоҷазод тавассути қиссаи «Армон» оид ба рўзгори падари худ, ки дар мадрасаи Бухоро бо устод Айнӣ шарикдарс будааст ва зиндагии баъдинаи ў бо тасвиру таъбирҳои ҷаззобу омўзанда ҳикоят мекунад.

Қиссаҳои «Мистер» ва «Асрори Хоҷамуъмин»-и Абдулҳамид Самад нақли  салису рангин ва тасвирҳои хотирмону ибратбахш аз рўзгори ҳамзамонони мост.

Мавзўи таърихӣ, бахусус талошҳои халқамон баҳри озодиву истиқлол натанҳо дар жанри бузурги роман, балки дар қиссаҳо низ бадеӣ таҷассум ёфт, ки мисолаш қиссаи таърихии Маҷид Салим «Темурмалик» аст.

Повестҳои Маъруф Бобоҷон «Тавба», Анвар Олим «Балогардон», Равшан Махсумзод «Муҷозот», Ато Мирхоҷа «Сагоҷак», қиссаҳои мустанади Барот Абдураҳмон «Ангораҳои Бухоро», Диловари Мирзо «Шаҳчинор», Абдуғаффори Абдуҷаббор «Зоопарк» ва «Ҷазираи беном», Раҷаб Мардон «То ба охир ҷоми дасташро нахўрд», Шералӣ Мўсо «Достони Роғун», «Ҷасорат»,  «Маҷмааи ифтихор» ва «Марги сафед», Мирзо Шукурзода «Азамати кўҳистон», Муҳиб Қурбон «Себи дубара», Саидаҳмади Зардон «Баргҳои рехта», Сироҷиддин Икромӣ «Аз зулмот ба сафо», «Боздошти муҳоҷир» ва «Садоқат», Абдуғаффори Партав «Ифтихор»,  Зариф Ғулом «Исёни Назир», «Карими Шиш», «Ҷодугар», «Шоҳиди асосӣ», «Табадуллот» ва «Хоки Ватан», Абдулвосеъ Сангинов «Ривояти кўҳистонӣ», Саиданвар Камолов «Бозгашт», Баҳманёр Муродӣ «Қадаме ба биҳишт» ба мавзўъҳои муҳим - ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо аз Афғонистон, нашъамандӣ, ҳаёти ҷавонони имрўза, муҳоҷирати меҳнатӣ, бунёдкориҳо, сохтмони неругоҳу нақбҳо, хулоса паҳлуҳои гуногуни рўзгори ҳамзамонони мо бахшида шудаанд.

Тавре ки аз санаи чопи асарҳо маълум мешавад, баъзе нависандагони мо соле як ва ҳатто ду қиссаи нав эҷод кардаанд, аммо қисми зиёди ин асарҳо аз ҷиҳати забону баён ва ҳалли мавзўъ норасоиҳо доранд. Баъзе муаллифон, маҳз ба хотири қисса навиштан, ноҷо суханро кашол дода, сужетҳои аз воқеият дуру боварнакарданӣ мебофанд. Ҳақиқат ин аст, ки аксаран агар аз пайи жанри бузургтар намерафтанду сухани дилашонро мунтахаб мекарданд, ба ҷои қиссаи суст ба хонанда ҳикояи хубе пешниҳод мегардид.

Мавриди зикр аст, ки ин жанри мақбули адабӣ низ дар ин панҷ сол хеле ривоҷ ёфт, ҳикояҳои хуби адибони чирадастамон Саттор Турсун, Сорбон, Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Баҳманёр Аминиву Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзоду Муҳаммад Ғоиб, Азизи Азиз, Карим Давлат, Юсуф Насрулло, Айюб Кенҷа, Неъматуллои Худойбахш, Салими Зарафшонфар, Марямбонуи Фарғонӣ, Сипеҳри Ҳасанзод, Тоҳири Муҳаммадризо, Саодат Сатторӣ, Сироҷиддин Икромӣ, Шодӣ Раҷабзод, Баҳманёр Муродӣ, Матлубаи Ёрмирзо, Шариф Халил ва дигарон ба табъ расиданд.

Қобили таъкид аст, ки жанри ҳикоя барои инъикосу баррасии нисбатан фаврии рухдодҳо ва масъалаҳои доғу мубрами рўзгор мувофиқтар аст ва нависанда метавонад ба ин васила бамавқеъу саривақт бо шеваи ҳунариву бадеӣ ба инъикоси масъалаҳову кушодани гиреҳҳои зиндагии иҷтимоиву фардӣ дахолат бикунад. Бузургтарину муваффақтарин нависандагони мо, аз устодон Айнӣ, Икромӣ, Улуғзода, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Пўлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Сорбон, Кўҳзод, Абдулҳамид Самад то Сайф Раҳимзод, Ҷонибек Акобир, Баҳманёр Аминӣ дар оғози кор бо ҳикояҳои мўҷазу ҳунармандонаи худ қалби хонандаро тасхир намуда, аксаран дар тамоми умр навиштани ҳикоя ва очерки бадеиро сарфи назар накардаанд. Очерки бадеӣ - ҳикоя - қисса  - роман як масири таҳаввули таҷриба ва ҳунари эҷодӣ буд, ки тақрибан дар ҳама давру замону ҳама ҷо, ба истиснои мавридҳои нодир, риоя мешуд. Ҳикоя коргоҳе маҳсуб меёфт, ки дар он нависанда муҳимтарин шарти каломи бадеъ – мўҷазгўӣ, яъне мухтасару пурмаъно навиштанро ёд мегирифт. Албатта, содалавҳона хоҳад буд, ки тай кардани ин масир барои ҳама ҳатмӣ эълон карда шавад, аммо ин таҷрибаи аз озмоиши солҳову шахсиятҳои адабӣ гузаштаро низ сарфи назар кардан ба нафъи камолоти нависандагони навкор нест.

Бузургтарин нуқси насри имрўзи мо низ, ки шояд аз сарфи назар кардани ҳамин хатсайри озмудаи ҳунарӣ бармеояд, пургўӣ, бе зарурат кашол додани сухан аст. Баъзан чунин тасаввуре ҳосил мешавад, ки нафаре, ки тоза ба азми нависандагӣ қалам ба даст гирифтааст, бидуни ҳеҷ тааммулу барномаи андешида як баста коғази сафедро рўи миз гузоштаву дар сафҳаи аввал бо ҳарфҳои калон “роман” навишта, пас ба шеваи “ҳар чи пеш омад, хуш омад” ба таълифи он оғоз бахшидааст ва ҳама ҳимматашро танҳо сарфи он кардааст, ки бо ҳар роҳе бошад, 200-300 саҳифа ва беш аз онро пур кунад. 

Таҳлили асарҳои мансури панҷ соли охир нишон дод, ки ду шохаи муҳими насрамон – фантастика, яъне насри тахайюлӣ ва ҳаҷв ба ҳарду пой меланганд. Медонем, ки хонандагон дар замони шўравӣ асарҳои хуби фантастикии Абдумалик Баҳорӣ, Адаш Истад, Қулмаҳмад Абдулҳусейновро бо завқ мутолиа мекарданд. Имрўз, дар замони пешрафти босуръати техникаву технологияи нав дар дунё низ бозори асарҳои тахайюлотӣ хеле гарм аст ва нависандагони кишварҳои гуногун ҳар сол садҳо ҷилд чунин осор эҷод мекунанд. Мутаассифона, вазъи ин жанр дар мо бисёр ташвишовар аст ва, бо вуҷуди чанд суҳбатҳои густурда дар ин мавзўъ, ки бо иштироки адибону олимон сурат гирифтанд, рў ба беҳбуд надорад.

Ба жанри ҳаҷв низ ҷуз Наҷмиддин Шоҳинбод, Саидаҳмади Зардон, Абдурауф Муродӣ, Ҳакималӣ Назаралӣ, ки бомаром ва чанд нафари дигар, ки аз рўи ҳавову ҳавас дидаву шунидаашонро дар ҷомаи ҳаҷв пешкаши хонандагон мекунанд, касе ҷиддӣ машғул нест. Албатта, танз дар асарҳои Кўҳзод, Абдулҳамид Самад, Баҳманёр Аминӣ, Қодири Рустам чун унсури ёридиҳанда устодона ба кор рафтаву ҳусни осори ононро афзудааст, вале дар маҷмўъ моҳияти он асарҳоро муайян намекунад. Аз ин рў, ҳолати ҳаҷв, то ба миён омадани асарҳои маҳз дар ин замина намоён нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Зарур аст, ки нависандагон ба воқеияти ҷомеаи имрўз, мушкилоту масъалаҳои он дахолати бештар намоянд, дар баррасии ин масъалаҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам пешқадамтар бошанд. Зеҳни ошуфтаву пурмуаммои хонандаи имрўз ба асарҳои дилпазири тасвириву таҳлилие, ки мушкилоташро ҳал накунанд ҳам, суботи маънавӣ ва таскини равониаш бахшида метавонанд, бисёр ниёзманд аст.

Таваҷҷуҳи ҳамаҷониба ба наср ҳамеша буд ва боқӣ хоҳад монд. Ҳам таваҷҷуҳи хонанда ба осори мансур дар назар аст ва ҳам таваҷҷуҳи раёсати Иттифоқи нависандагон ба ин жанри муҳими адабиёт. Дар панҷ соли гузашта нависандагон Равшан Махсумзод, Мирзонасриддин, Леонид Чигрин ва Ато Ҳамдам, Анвар Олим, Абдурауф Муродӣ ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардиданд, якчанд носири нисбатан ҷавон, аз ҷумла Бастур, Сироҷиддин Икромӣ, Саодат Сатторӣ, Шодӣ Раҷабзод, Шариф Халил ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд.

Дар давоми панҷ сол Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои пайдо ва муаррифӣ кардани адибони ҷавон, аз ҷумла онҳое, ки ҳаёташонро ба таҳқиқи мансури зиндагӣ бибахшанд ва ҷалби онҳо ба муҳити адабӣ корҳои муайянеро анҷом дод. Соли 2016 машваратҳои адибони ҷавон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кўлоб ва тобеи марказ, дар шаҳри Хуҷанд, бо дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,  баргузор гардиданд. Онҳо нишон доданд, ки дар ҳар гўшаи ҷумҳурӣ ҷавононе ҳастанд, ки кўшиши навиштани ҳикояву қисса доранд. Аммо, бояд зикр кард, ки нисбат ба назм дар соҳаи наср чеҳраҳои навро хеле камтар дидем. Сабаб шояд заҳматталаб будани машғулият ба наср бошад, зеро кори мунтазаму пайвастаро тақозо мекунад.

Шоиронамон дар панҷ соли охир анъанаҳои хуби шеъри муосирро идома дода, ба муваффақиятҳои қобили мулоҳиза ноил гардиданд. Шеър дар ин давра аз ҷиҳати мавзўъ, муҳтаво, дарунмоя, забону баён ва перояи ҳунарӣ рангинтар гардид ва хусусиятҳои тозатар касб намуд. Шоирон ба қадри тавони худ кўшиш ба харҷ доданд, ки дар эҷоди ашъори дархури замон ва ифодагари ормонҳои миллӣ тариқу шеваҳои навро биёбанд ва шеърро зинае болотар бибаранд.

Дар ин давра шоиронамон ба мавзўъҳои сиёсиву иҷтимоӣ гароиши бештар доштанд ва дар ин гуна шеърҳо ҳамзамон бо мавқеи шаҳрвандӣ дидгоҳи маърифативу ҳунарии худро баён намуданд. Ашъори ба корнамоиҳои Пешвои миллат, Неругоҳи Роғун ва дигар бунёдкориҳои муҳим бахшидаи шоиронро метавон ба ин гурўҳ дохил намуд. Ҳар шоире ба қадри зарфияти ҳунарии худ перомуни ин мавзўъҳо шеър гуфта ва маҳорату тавоноияшро аён кардааст. Шоирони маъруф Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Фарзона, Доро Наҷот, Алимуҳаммад Муродӣ, Озарахш, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоҷа, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Озар Салим, Парда Ҳабиб аз онҳое ба шумор мераванд, ки тайи панҷ соли охир бо нигаришу нигориши шоирона дар бозтоби бадеӣ ёфтани мавзўи мавриди назар талош варзиданд ва муваффақ шуданд.      

Устоди зиндаёд Бозор Собир дар як силсила ашъори хеш симои инсонӣ ва корнамоиҳои Пешвои миллатро бо резакориҳои ҳунармандона, ташбеҳҳои тоза, манзараофаринӣ ва тарзи ифодае, ки хоси сабки нигориши ўст, тасвиру таҷассум намуд:

Мефишорам сахт дасту

панҷаҳои маҳкаматро

Ҳамчу дасту панҷаи

фарзанди деҳқон,

Ҳамчу дасту панҷаи шахшўли

 деҳқонбаччаи қишлоқ

Аз каланду  досу мисрон.

 

Бо садои гармат одат кардаем

Ҳамчу бо зангўлаи давлат,

Ҳамчу бо зангўлаи ваҳдат,

Ҳамчу бо зангўлаи мактаб...

 

Пойгоҳи давлататро карда кафшер

Бастакори нақби Анзоб,

Бастакори нақби Шаршар,

Бастакори Чормағзак,

Бастакори ГЭС-и Роғун

Ҳамчу оҳан,

Ҳамчу чўян,

Ҳамчу пўлод

Пойдор.

Дар бораи Роғун ва бунёдкорони он низ устод Бозор Собир як силсила ашъори арзишманд суруд, ки қобили ёдоварист. Устоди тасвир симои созандагони ин неругоҳи сарнавиштсозро хеле зиндаву табиӣ, образнок ва барҷаста офарид ва ба онҳо перояи ҳунарӣ пўшонид, ки муҳимтарин вижагии шеъри сиёсиву иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.

Шоири сапедсаро Доро Наҷот дар васфи бунёдкориҳои замони Истиқлол, ба вижа корнамоиҳои Пешвои миллат, як силсила ашъори сапеде суруд, ки бо тозагии диду бофти сухан ва ташбеҳу истиораҳои нобу сара имтиёз доранд ва муҳимтарин хусусиятҳои шеъри сапедро оинадорӣ мекунанд. Ў дар ин навъи шеър вазну оҳанги таркибии калимаҳоро нозукбинона дарёфтааст. Намуна:

Дуруд

мар-туро

эй раҳбар,

Ки тулўъи табассумат

худшукуфоиро

гулбез мекунад

дар боғҳои шабнаму дурахш...

Дар ашъори шоирони дигарамон - Фарзона, Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа низ шахсияти Пешвои миллат шоиронаву ҳунармандона таҷассум ёфтааст. Мутаносибии комили лафзу маъно, пайванди қавии шаклу муҳтаво ва мушаххас будани ҷузъиёти нишондиҳандаи симои қаҳрамон ба ин шеърҳо арзиши хоси ҳунарӣ бахшидаанд.

Дар мавзўи неругоҳи Роғун ва бунёдкорони он дар давраи мавриди назар як силсила ашъори арзишманди дигар шоирон низ пешкаши хонандагон гардид, ки дар сабку равиш ва қолабҳои мухталиф суруда шудаанд. Албатта, шоирони ҳунарманд талош карданд, ки дар ин мавзўъ образҳои тоза, мазмуну ғояҳои баланду ҳикматомез ва манзараҳои мушаххаси шоиронаро кашф бинамоянд. Дар ин масир шоирон Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода, Озарахш, Ато Мирхоҷа, Озар Салим, Ҷумъа Қувват ва чанди дигар аз урёнгўӣ, бозгўи умумиву мукаррар иҷтиноб варзида, аз зовияи ҳунар ба мавзўъ бархўрд намудаанд ва тавфиқи бештар ёфтаанд.

Дар маҷмўъ ашъори роҷеъ ба Неругоҳи Роғун эҷодшуда манзумаи тамсилии Ато Мирхоҷа  “Достони Нуристон” шоистаи зикри хос аст. Шоир бо корбасти асотир, санъатҳои бадеӣ ва, махсусан санъати ташхис, манзумаро аз лиҳози бадеият ва муҳтаво моявар намуда, на ба таври мустақим, балки ба василаи кинояву рамзу маҷоз матлабро бадеӣ баён кардааст.

Шеъри “Вожаи Роғун”-и Парда Ҳабиб низ кўшишест барои шоирона бозтоб додани мавзўъ ва бархўрди ҳунармандона бо он.

Озар Салим низ ба ин иншооти тақдирсоз аз даричаи ҳунар нигариста, талоши кашфи маъниву ҳикмати шоирона кардааст. Ў дар “Чархаи нур” ном шеъри худ ба умқи вожаи “Роғун” фурў рафта, мазмунҳои тозае берун овардааст.

Ҷои таассуф аст, ки ашъори зиёди сиёсиву иҷтимоие, ки дар ин давра ба миён омаданд, аз ҳадди шиору хитоба фаротар нарафтаанд. Махсусан, дар аксари шеърҳое, ки ба Пешвои миллат, Ваҳдат, Истиқлолият, Роғун бахшида шудаанд, умумигўиву урёнбаёнӣ ва такрори маъниҳои маъмуливу забонзад зиёд ба назар мерасад. Дар ин гуна шеърҳо маъниҳои тоза, тасвирҳои хотирнишин ва нақши сувари хаёлро, ки таъмингари асосии бадеияти шеъранд, камтар мебинем. Дар онҳо ғолибан матлабҳои мақолаву гузоришҳои рўзмарра ба қолаби назм дароварда мешаванд, ки арзиши бадеие надоранд. Албатта, шиору хитоба низ ҳамчун василаи муассири тарғибу тарвиҷи ғояҳову ормонҳо ва барномаҳои равшангарона дар ҳама давру замон эҷод шудаанд ва ба афкори ҷамъият таъсири амиқ ҳам гузоштаанд, вале дар сурудани ин навъи ашъор риояи фасоҳату балоғати калом ва қоидаҳои фаннии шеър ҳатмист. Агар шиору хитоба бо забону баёни равшану муассир ва нишонрас гуфта шаванд, коромаду муфид хоҳанд буд, вале агар паёмеро бо забони фасеҳу шево ба хонанда расонида натавонанд ва дорои заъфи баёну нуқсони мантиқу таносуб бошанд, ба ҳеҷ дарде намехўранд ва ба завқи хонандагон латма мезананд.

Солҳои охир васфу тараннуми зебоиҳои Ватан ва арзишҳои миллӣ дар ашъори шоиронамон вусъати тоза ёфтааст, ки боиси хушнудист. Онҳо кўшидаанд, ки дар ин мавзўъҳои муҳим ҳарфи хоси худро бигўянд, маъниҳову тасвирҳои нав биёбанд ва муҳаббатномаҳояшонро бо тарзу шеваи муассир баён бинамоянд. Дар ин росто шоирон Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ, Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур, Ҳақназар Ғоиб, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона, Алимуҳаммад Муродӣ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Назри Яздонӣ, Доро Наҷот, Зулфия Атоӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Нозирҷон Боҳирӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Аҳмадҷон Раҳматзод, Толиб Карими Озарахш, Муҳтарам Ҳотам, Салими Зарафшонфар, Парда Ҳабиб, Давлати Раҳмониён, Озар Салим, Абдуҷаббори Сурўш, Давлат Сафар, Назруллоҳи Азизиён, Абдуллоҳи Раҳнамо, Беҳрўзи Забеҳуллоҳ, Назрӣ Асадзода, Акбар Абдулло, Гурез Сафар, Файзи Ашўр, Сафар Амирхон, Шаҳрия, Раънои Мубориз ва дигарон дар қолабҳо ва услубу ҳинҷорҳои гуногун ашъори нағз эҷод намуданд. Дар бештари ашъори ватандўстонаашон, бо таваҷҷуҳ ба манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон, фарҳанги миллӣ, урфу одатҳо ва анъанаҳои мардумӣ ин шоирон кўшидаанд, ки ба дарунмоя ва сохтори шеъри ватандўстона тозагиҳо ворид намоянд.

Ба ашъори дар ин замина сурудаи Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб шукўҳу балоғати сухан, пухтагиву расоӣ ва маҳкамиву устувории калом хос аст. Имтизоҷи рўҳи ҳамосӣ ва ғиноӣ ашъори ватандўстонаи ин шоирони пуртаҷрибаро гаронсангу пурбор намудааст.

Ватан дар тасаввури Гулрухсор Сафӣ густараи фарҳангиест, ки ҳудуди хосе надорад ва аз ҷуғрофиёи фарҳангии бостон сарманшаъ мегирад. Дар чанд байти ғазали зерин ҳам шукўҳи сухан эҳсос мешавад, ҳам омезиши рўҳи ғиноиву ҳамосӣ:

Аз Бохтару Суғдам,

аз Вустаму аз Зандам,

Тўфони Варорўдам,

вулқони Дамовандам.

Ман ҳаҷраму ман васлам,

ман нусха наям, аслам,

Фарҳанги шарар дорад

хуни рагу пайвандам.

Як зарра зи хуршедам,

як ғунча зи уммедам,

Як навда зи Даҳбедам,

Як ҳалқа зи Дарбандам.

Як зумра шоирон, аз қабили Раҳмат Назрӣ, Фарзона, Озарахш, Салими Зарафшонфар, Озар, Абдуҷаббори Сурўш, Шаҳрия, Нуқраи Суннатниё, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Адибаи Хуҷандӣ, Гулнози Тоҳириён ва дигарон ба мавзўи мавриди назар бештар аз диди зебоишиносӣ бархурд доранд ва дар ашъорашон лиризми хос, эҳсосоти латиф мавқеи намоён ишғол намудааст.

Солҳои охир баъзе шоиронамон мавзўи ватандўстонаро ба сифати барномаи муайяни эҷодӣ пайгирӣ намуда, маҷмўаҳои алоҳида тартиб доданд, ки иқдоми хуб аст. Маҷмўаи ашъори ватандўстонаи Рустам Ваҳҳобзода “Сарводаи Ватан” дар ин миён ҷойгоҳи махсус дорад. Ашъори ин китоб аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво вусъатманд буда, умдатарин мавзўъҳои марбут ба худшиносиву ҳувияти миллиро фаро гирифтаанд ва аз ҷиҳати истеҳкоми сухан, бадеият ва забону баён ҷолиби таваҷҷуҳанд.

Як бахши асосии маҷмўаи ашъори шоири донишвар Абдуллоҳи Раҳнамо “Ту дар гуфтан намеоӣ” ба мавзўи ватандўстӣ ихтисос ёфтааст. Шоир бо таваҷҷуҳ ба махсусиятҳои хоси ҳар минтақа ва табиату расму анъанаҳои он дар васфи мавзеъҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои кишварамон шеърҳои мушаххасу дилрас сурудааст. Махсусан, ашъори ба ноҳияҳои Бадахшон бахшидаи шоир рангубори бадеии бештар доранд ва табиату симои мардумро равшантар тасвир кардаанд.

Дар мавриди зикри ин мавзўъ аз шеърҳои ватандўстонаи Нозирҷон Боҳирӣ низ метавон бо хушнудӣ ёд кард.

Аз ин чашмандоз ба фазои шеъри имрўзи тоҷикӣ аён гардид, ки шоирони мо бештар аз ҳама ба мавзўъҳои ватандўстона таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, мехоҳанд муҳаббату садоқати худро манзум баён бикунанд, вале табиист, ки на ҳама дар ин ҷода муваффақ мешавад. Дар миёни шеърҳои хуби ватандўстона пораҳое кам нестанд, ки танҳо аз маъниҳои маълуму обшуста ва тавсифҳои хушку холӣ аз бадеият иборатанд ва паёме ба хонанда надоранд.

Қисми зиёди ашъори ватандўстонаи солҳои охир дар қолабҳои ғазал, шеъри озоди нимоӣ, чаҳорпора ва рубоиву дубайтӣ эҷод шудааст, аммо дар ин миён манзума ва достонҳои ҷомеъу фарогире, ки дастовардҳои замони Истиқлол, бунёдкориҳо ва корнамоиҳои меҳанпарастонро шоирона, бадеӣ ва дилрас васфу ситоиш бикунанд ва ғояи бузурги ватандўстиро ба таври барҷаста ифода бинамоянд, ба назар намерасанд. Воқеан, холӣ будани майдони назми ҳамосӣ, ки муносибтарин воситаи баёни ғояҳои давлатдории миллист, боиси таассуфу нигаронист. 

Шеър дар панҷ соли охир аз ҷиҳати бадеияту шеърият то ҳадде пеш рафт. Дар ин давра дар сурудаҳои бархе аз шоиронамон ҷанбаи тасвирӣ қувват гирифт ва суханашон бо орояҳои лафзиву маъноӣ перостатар шуд. Ҷанбаи тасвирӣ бештар дар ашъори вассофи зебоиҳои Ватан, табиат, баҳор, Наврўз ва мавзўъҳое монанди ин дурахши тоза гирифт ва дар ин гуна шеърҳо шоирон кўшиданд, ки ба шеърият таваҷҷуҳи бештар зоҳир бинамоянд, ташбеҳу истиораҳои тозаву дастнахўрда ва маъниҳои бикру тоза биоранд. Аз шоироне, ки дар ин самт ашъори муваффақ эҷод карданд, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Фарзона, Раҳмат Назрӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Салими Зарафшонфар, Давлати Раҳмониён, Абдуҷаббори Сурўш, Озар Салим, Сафар Амирхонро метавон номбар кард, ки ҷанбаи тасвирии ашъорашон қавитар ба назар мерасад. Ин шоирон бештар ба тасвири айнии муҳиту манзара майлу рағбат доранд ва, аз ин ҷост, ки ашёи мавриди тасвирашон зиндаву заминӣ ва малмусу маҳсус мебошанд.

Устод Гулназар бо силсилаи ашъори кўтоҳи хеш – “Лолаҳо дар ёлаҳо” ва “Нам-нами борон” навгониҳое ба шеъри имрўзи мо ворид намуд, ки аксаран ба қолабу дарунмоя ва бадеияти шеър марбутанд. Қариб дар ҳар шеъри кўтоҳи ин силсилаҳо бо ташбеҳи тозаву тасвири зиндае дучор меоем. Намуна:

Чашми бодомии ту то

                                  бо дилам ҳамҷом шуд,

Хомаи таҳрири ман шохи

гули бодом шуд.

Устод Гулрухсор ҳам ба тасвири табиату манзараҳои зебо чун ҳамеша рағбат зоҳир намуд ва шеъраш аз ин ҷиҳат тозагии бештар ёфт. Ў бисёртар дар қолаби рубоиву дубайтӣ ва ғазал ба тасвиргарӣ пардохта, дар рўҳи нав дамидан ба ин қолабҳои куҳна муваффақ шудааст. Дар ин давра маҷмўаи рубоиву дубайтиҳои шоир бо номи “Чароғи сурхи танҳоӣ” ба нашр расид, ки бешубҳа аз лиҳози бадеият ва таъбирофариниву тозабаёнӣ аз дастовардҳои чанд соли охири шеъри мо маҳсуб мешавад.

Ҳамин гуна тасвирҳои айнӣ, сужасозӣ ва манзараҳои мушаххаси ҳаётиро дар ашъори чанд соли охири шоирон Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон ба вузўҳ мушоҳида мекунем. Шеъри Камол Насрулло “Барои модари ширфурўш”  дорои ҳамин гуна хусусиятҳост ва бо тасвирҳои нобу дилнишин, баёни тоза ҷолибу хонданӣ мебошад. Порае аз он:

Ҳар саҳар шир мекашонад ў,

Хона бар хона мекунад тақсим,

Балки ў ҳар саҳар сафедиро

Менамояд ба одамон тақдим.

Фарзона бо шеърҳои ахиран сурудааш ба дарунмоя, сохтор ва хусусан ба забону баёни шеър тозагиҳое ворид намуд, ки лозим ба зикранд. Ў дар ғазалҳо, рубоиву дубайтӣ ва шеърҳои нимоиву сапеди худ вожаҳо, таркибҳо ва истилоҳоти ба назар номаънусу бегонаеро ҳунармандонаву шоирона корбаст намуда, ба онҳо бадеияти хос бахшид. Ин гуна вожаҳову истилоҳҳо ҷудо аз шеър бадеияте надоранд, вале, вақте ки вориди шеър мегарданд, рангу тобиши бадеӣ мегиранд ва бо калимоти дигар таносуби қавии шоирона пайдо мекунанд. Дар намунаи зер ин хусусият бармалост:

Қаламро ҳар қадам овоз кардам,

Суханро пайки фардосоз кардам.

Фақат бо сарпарастии муҳаббат

Пажўҳишгоҳи дилро боз кардам.

Нақши қалам ва қадами шоирон Озар Салим, Салими Зарафшонфар, Давлати Раҳмониён ва Абдуҷаббори Сурўш низ дар масири шеъри панҷ соли охир хеле равшан намудор аст. Салими Зарафшонфар дар як қатор ашъори хеш, махсусан бо силсилаи “Як сафҳа баҳор” бештар ба тасвиргарӣ майл намуда, ба бадеияти сухан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кард. Вожасозиву иборапардозӣ, гузиниши авзони камистеъмол ва корбурди забони зиндаи халқ аз хусусиятҳои асосии шеъри ўст.

Давлати Раҳмониён бо баҳрабарӣ аз суннатҳои писандидаи адабиёти классикӣ шеъри худро рангу бўи хоси бадеӣ бахшида, як силсила ашъоре суруд, ки аз лиҳози устувориву балоғати сухан ва муҳтаво арзишманд мебошанд. Аз шеърҳои ў пайдост, ки бо ашъори суннатӣ ва ҳолу ҳавои шеъри нав ошноии амиқ дорад ва метавонад огоҳона анъанаву навовариро омезиш бидиҳад

Озар Салим солҳост, ки бо шеърҳои хуб, махсусан бо ғазалу рубоиҳои салису шевояш, ҷойгоҳи хос пайдо кардааст. Бозёфтҳои шоирона, ташбеҳу истиораҳои тоза ва дигар санъатҳои лафзиву маънавӣ ин гуна шеърҳои ўро зебову хонданӣ кардаанд.

Солҳои охир шоир Абдуҷаббори Сурўш бо баҳрабарӣ аз забони зиндаи халқ ва табиияту озодии гуфтор ғазалҳояшро обуранги тоза бахшид ва мавзўъҳои ошиқонаву иҷтимоиро дар онҳо омезиш дод. Ба кор бурдани баҳрҳои камистеъмол, фазосозиҳои тозакорона, сужасозиву манзараофаринӣ, ки қаблан дар ғазали тоҷикӣ камтар дучор мешуданд, хоси ғазалҳои ин шоиранд.

Як зумра шоиронамон, ба монанди Муҳаммад Ғоиб, Алимуҳаммад Муродӣ, Назри Яздонӣ, Аҳмадҷон Раҳматзод, Зиё Абдулло, Файзи Ашўр, Муҳаммад Холиқ, Рустами Хомарахш, бо судҷўӣ аз сабки ҳиндӣ, бештар ба тобишҳои фалсафӣ ва ҳикматомези шеър майлу рағбат доранд ва кўшиш мекунанд, ки аз ҳодисоту воқеаҳо ва муҳиту табиат ҳикматҳои шоирона кашф кунанд. Намунае аз Муҳаммад Ғоиб:

Дунё пур аз овораву маҳзуншуда аст,

Аз сарҳади амни хеш беруншуда аст.

Бошад ҳама дилкушодӣ аз ҳамдардӣ,

Дар хонаи як анор сад хуншуда аст.   

Иддаи дигари шоиронамон, ки дар панҷ соли охир ашъорашон манзури хонандагон шуд, ба тасвири зеҳнӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Хусусияти асосии ашъори онҳо ҳисомезӣ мебошад, ки низ аз сабки ҳиндӣ сарчашма мегирад. Ба ин гурўҳ Абдуқодири Раҳим, Ворис, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз, Нуралӣ Нурзодро метавон дохил кард. Дар ашъори онҳо намунаҳои сарае ба назар мерасанд, ки гувоҳи қареҳаи шоириашонанд. Вале гоҳо ҳисомезӣ аз ҳадди эътидол мегузарад ва тасвирҳояшон номалмусу номаҳсус ва дур аз тасаввур мемонад. Дил мехоҳад, ки ашъори ин шоирони баистеъдодамон сароҳату равшанӣ касб намояд ва аз мавҳумоту муғлақбаёнӣ раҳоӣ биёбад.

Аз чашмандоз ба манзараи умумии шеъри панҷ соли охир равшан мешавад, ки бархе шоирон қоидаҳои фаннии назм – вазну қофия, мантиқу таносуб ва забону баёнро ба дурустӣ риоя намекунанд ва ашъори пурнуқсу пурсактаи худро ба шакли китоб нашр менамоянд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба доираи васеътари хонандагон пешниҳод месозанду ба завқи хонанда латма мезананд.   

Нуқтаи заъфи дигаре, ки дар ашъори давраи мазкур мушоҳида шуд, ба назмсозӣ ва урёнӣ кашидани шеър мебошад. Баъзе шоирон воқеаҳои рўзмарраро ба таври мустақим ва урён ба риштаи назм кашидаанд, ки онҳоро метавон мақолаи манзум гуфт. Албатта, истифода бурдан аз имконоти услуби матбуот ба шеър ҷилову ғанои бештар мебахшад, вале дар ин амр риояи эътидол ҳатмист. Наёфтани эътидол дар ин маврид ва ҳунармандона истифода накардан аз забону баёни рўзномаҳо боиси камрангӣ ва адами шеърият мегардад. 

Аксари ашъори солҳои охир дар қолаби жанрҳои суннатӣ – ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ эҷод шудаанд. Аз қолабҳои шеъри нав шеъри озод ва чаҳорпора бештар ба назар мерасанд. Сабаби чандон ривоҷ наёфтани шеъри сапед, ки гўяндаҳои муваффақи он дар кишвари мо Искандари Хатлонӣ ва Доро Наҷот эътироф шудаанд, эҳтимолан аз сўи хонандагон пазироии гарм наёфтани он бошад. Анвои кўтоҳи шеъри нав, монанди ҳойку, верлибр ва ғайраҳо низ дар чанд соли охир аз сўи баъзе шоиронамон ба кор рафтанд ва ҳарчанд истиқболи васеъ наёфтаанд, аз танаввуъи жанрии шеъри имрўзамон гувоҳӣ медиҳанд. Жанри суннатии қасида, ки як муддати дароз фаромўш шуда буд, аз шарофати баъзе шоирон дигарбора эҳё шуд ва намунаҳои хуби он ҳам ба вуҷуд омаданд. Солҳои охир шоирон Рустам Ваҳҳобзода, Озар Салим ва Давлати Раҳмониён қасидаҳои хуб гуфтанд, ки аз ҷиҳати мавзўъ ва тарзи баён аз қасидаҳои классикӣ тафовут доранд. Қасидаи “Тоҷик”-и Озарро метавон яке аз беҳтарин намунаҳои ин жанр дар чанд соли охир ба шумор овард.

 Дар давраи мавриди назар як зумра шоирони ҷавонамон дар арсаи шеър ҳунарнамоӣ карданд, ки дар байни онҳо бо намунаҳои хуби ашъор дучор меоем. Толиби Луқмон, Баҳром Раҳматзод, Шаҳодат, Дилором, Муҳриддин Сабурӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Ҳаким, Фирдавси Аъзам, Рустами Аҷамӣ, Сурайё Ҳакимова, Эҳсон Раҷабӣ, Насимбек Қурбонзода, Бобаки Суғдӣ, Шодӣ Шарифниё, Шоҳбегим, Мафтунаи Қосим, Саъдии Зикрихудо, Иброҳимҷон Дўстализода, Кўҳзоди Фатҳулло, Мирзо Наврўз, Шаҳриёри Олим, Раҷабуллоҳи Комил, Нурӣ Муҳаммади Истам, Сафар Абдураҳим, Шаҳёд ва дигарон аз зумрае мебошанд, ки дар давоми чанд соли охир ашъорашон ҳам ба сурати маҷмўаҳои алоҳида, ҳам дар маҷмўаҳои дастҷамъӣ ва ҳам тавассути нашрияҳои адабиамон ба чоп расидаанд. Дар ин миён ашъори Толиби Луқмон, Баҳром Раҳматзод, Муҳриддин Сабурӣ, Бобаки Суғдӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Бузургмеҳри Баҳодур ва Бузургмеҳри Ҳаким аз ҷиҳати касбияту бадеияту шоиронагӣ дар сатҳи баландтар қарор доранд ва бо назардошти ин метавон онҳоро шоирони ҷавони муваффақ ном бурд.

Аммо нуктае қобили зикр аст, ки дар маҷмўъ ашъори ҷавонони мо ба густардагии мавзўъ, тозагии нигаришу нигориш ва ба мустаҳкамии забону баён ниёзи шадид дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳимтарин хусусиятҳо, ҳунари шоирӣ ва навовариву тозакорӣ китобҳои ашъори шоирон Бозор Собир “Замини модарӣ” ва “Овезгоҳи овоз”, Гулрухсор “Чароғи сурхи танҳоӣ” ва “Лабчанг”, Гулназар “Лолаҳо дар ёлаҳо”, Камол Насрулло “Кафсанг” ва “Дар оғўши хазонрез”, Раҳмат Назрӣ “Замзама”, Муҳаммад Ғоиб “66 ғазал”, “Қаламрави ёд” ва “Ватандорӣ”, Фарзона “Найшакар” ва “Найсон”, Озарахш “Ояндаҳо”, Рустам Ваҳҳобзода “Салом”, Доро Наҷот “Гулҷўшаҳо”, Муҳаммадалии Аҷамӣ “Як пиёла ташнагӣ”, Ато Мирхоҷа “Субҳи беғуруб”, Муҳтарам Ҳотам “Сўзандору”, Салими Зарафшонфар “Гултўфон”, Давлати Раҳмониён “Хайма дар офтоб”, Озар “Шарқ нозуксуханист” ва Парда Ҳабиб  “Тани обшор”-ро метавон аз муҳимтарин дастовардҳои шеър дар панҷ соли охир донист, ки манзараи умумӣ, равишҳову ҳинҷорҳо ва вижагиҳои шеъри имрўзро рўнамо мекунанд.

 Имрўз муҳити адабӣ барои рушди ҳама анвоъи назми муосир омода аст ва ҳар шоире, ки дар ҳар навъе аз назм, чи суннатӣ ва чи нав, муваффақ мегардад, ба хубӣ истиқбол мешавад. Аммо дар айни ҳол гоҳу ногоҳ баёнияҳое пахш мегарданд, ки гўё бар касе аз тарафе қолабу қоидаҳо ва меъёрҳои ба таъбири чунин муддаиён “шахшуда”  бор карда мешавад. Асли масъала ин аст, ки шоир дар интихоби ҳар навъе аз шеър мухтору озод аст, аммо лозим аст, ки асари барои хонанда пешниҳодии худро, хусусан ба воситаи нашрияҳои расмӣ, бо меъёрҳои пазируфта ва умумии худи ҳамин навъу қолабҳо ва ҳамчунин меъёрҳои забони адабӣ ва забони меъёри адабиёт ва, албатта, табъу завқи баланд созгор бикунад. Ба тавре, ки боиси харобии забони адабиёт ва завқи хонанда нагардад. Бар ҳеҷ касе ҳаргиз қолабҳои суннатӣ таҳмил карда намешаванд, аммо касе, ки ба ин қолабу меъёрҳо бо интихоби худ рўй овард, бадеҳист, ки хонанда ва муҳаққиқ ҳам аз ў риояи муҳимтарин ва ҳамешагии меъёрҳои онро (аз ҷумла саҳеҳ будани вазну қофия ва забонро) интизор дорад. Агар навоварие дар ин қолабҳо ва таркибҳо сурат мегирад, бояд муътадил, дар доираи мантиқу оҳангу таносуби умумии шеър, қобили фаҳму завқи солим ва саломати забони адабӣ бошад. Беш аз ин, лозим аст, ки имрўз ба таври навоварона имконоти ҳанўз номакшуфи жанрҳову қолабҳои суннатии шеъри мо кашф бигардад ва рушди табиии ояндаи онҳо таъмин бишавад. Зеро ин жанру қолабҳо то ҳанўз ва, аз афти кор, ҳамеша пуле миёни мардуми огоҳу дўстдори онҳо ва шеъру шоир ҳастанд.

Дар ин давра беш аз пеш шеъри шоирони мо ба оҳанг даромад ва бо овози сарояндагони маъруфу ҷавон пешкаши сомеъон шуд. Албатта, касе ба нақши мусиқӣ дар тарғиби шеър шак надорад, вале бо оҳангу овоз манзури ҳазорон нафар намудани суханони сусту бемоя боиси ташвиш аст. Дар ин маврид мо ҳанўз ҷонибдори бознигарии мақому мавқеи шўроҳое ҳастем, ки ҳам хушоҳангӣ ва ҳам пурмаъноии суруду таронаҳоро таъмин бикунанд.

Мусаллам аст, ки баъди пошхўрии Давлати Шўравӣ робитаҳои  адабӣ миёни кишварҳои дуру наздик канда шуданд. Тўли 10-15 сол мо аз ҳаёти адабии кишварҳои ҳамдигар қариб иттилое надоштем. Шиори машҳури «Дўстии халқҳо - дўстии адабиётҳо» аз хотирҳо фаромўш гашт. Муҳимтар аз ҳама, огоҳии адибони кишварҳои гуногун аз осори ҳам ва заминаи омўзишу таъсири мутақобила, ки яке аз шартҳои рушди ҳар адабиёт аст, аз байн рафт. 

Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббусу фаъолияти бахши дахлдори ИНТ  робитаҳои фаъолу пурсамари адабӣ бо бисёре аз кишварҳои ИДМ ва хориҷ аз он барқарор карда шуд. Аз ҷумла, робитаҳои адабии мо бо Беларус, Федератсияи Русия, Ўзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Туркманистон, Қазоқистон дар сатҳу пояи баланд қарор дорад. Дар чанд соли охир, бахусус аз осори адибони тоҷику беларус, ҳам дар Минск ва ҳам дар Душанбе беш аз 20 китоб ба нашр расид, шумораҳои якҷояи ҳафтаномаҳои адабии ду кишвар аз чоп баромаданд, як шумораи маҷаллаи «Помир» ба адабиёти беларус ва як шумораи маҷаллаи адабии «Нёман» ба адабиёти муосири тоҷик бахшида шуд. Маҷаллаи адабии Қазоқистон «Элем адабиёти» як шумораи худро пурра ба адабиёти тоҷик бахшид. Ҳамкории ИНТ бо созмони эҷодии Туркманистон дар шакли нишастҳои муштараки адабӣ зоҳир гардид. Муҳимтар аз ин, тарҷумаву чопи осори ҳамдигар роҳандозӣ шуд, аз ҷумла романи Баҳманёр Аминӣ «Сармаддеҳ» ба забонҳои украиниву русӣ ва романи ҳуҷҷатии Мирзо Шукурзода «Фарёди фоҷиаи Афғонистон» ба забони русӣ дар Украина, Қазоқистон ва Федератсияи Русия, маҷмўаҳои Гулрухсор ва Саидалӣ Маъмур дар Белорус, Фарзона, Аскар Ҳаким, Низом Қосим ва Рустами Аҷамӣ дар Ҳиндустон ба чоп расиданд.

Адибон Саттор Турсун, Ҷумъа Қуддус, Муртазо Зайниддинзода, Баҳром Раҳматзод, Абдуҷаббор Абдуғаффор, Зулфия Атоӣ, Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қуддус, Алӣ Бобоҷон,  Гурез Сафар, Юнус Юсуфӣ, Равшан Махсумзод, Ато Мирхоҷа ба ҷумҳуриҳои  ИДМ, Италия, Туркия, Австралия, Эрон, Англия, Корея, Шветсия сафарҳои кориву эҷодӣ доштанд ва дар бисёр ҳамоишҳои адабӣ, намоиши китобҳо, симпозиуму конференсияҳои байнамилалӣ ширкат ва суханронӣ намуданд

Ҳоло мо бо созмонҳои адабии Федератсияи Русия, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Турманистон, Қирғизистон робитаҳои бевоситае дорем, ки дар тарҷумаи осори ҳамдигар, иштирок дар чорабиниҳои кишварҳои ҳам, нашри шумораҳои якҷояи нашрияҳо зоҳир мешавад.

Вохўрии наврўзии чанд соли қабли сарварони Тоҷикистону Ўзбекистон барои эҷоди робитаҳои воқеӣ миёни ин ду халқи ҳамсоя, аз ҷумла густариши муносибатҳои пурбори адабӣ, уфуқҳои тоза кушод. Соли 2017 ходимони адабиёт ва фарҳанги Ўзбекистон ба Тоҷикистон омаданд, баъдан дар Тошканд Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор гардид. Бо кўшиш ва талошҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, билхоса бахши робитаҳо ва Маркази тарҷума осори зиёди мансуру манзуми адибони муосири ўзбек бо номи «Армуғони муҳаббат» тарҷума ва пешниҳоди нашр шуд. Ба муносибати сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон сафари ҳайати адибони шинохтаи Тоҷикистон ба Ўзбекистон сурат гирифт. Ҳамчунин, маҳфилҳои наврўзӣ бо иштироки адибони ўзбек дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Гулистон, Бўстон, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров барпо шуданд. Дар Тошканду Душанбе маҳфилҳои адабӣ ба ёди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва Қаҳрамони Ўзбекистон Эркин Воҳидов бо шаҳомату муҳаббат доир гардиданд. Танҳо дар муддати ду сол нашрияҳои ИНТ дар мавзўи дўстии халқҳои тоҷику ўзбек беш аз 80 асари публитсистӣ ва бадеӣ ба чоп расонданд.

Бояд гуфт, ки ин кор, яъне дўстии ду халқи ҳамсоякишвару дилқарин кори мавсимӣ нест ва мо, адибон, вазифадорем корро дар ин самт ҳамаҷониба идома бидиҳем. Бояд ба ҷиддият ва ба таври муносиб беҳтарин осор аз ҳар ҷонибе тарҷума ва муаррифӣ бишавад. Ин таъкид ба хотири он аст, ки баъзан дар интихоби асарҳои арзанда барои ба дигар забонҳо тарҷума намудан саҳлангорӣ мекунем, ки натиҷаи хуб надорад.

Вазъи тарҷумаи асарҳои нависандагони тоҷик ба забонҳои дигар дар панҷ соли охир ривоҷи тоза ёфт. Хусусан, баъди дастгирии Президент ва бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкил ёфтани Маркази тарҷума шеъру манзума, ҳикояву қиссаҳои зиёди адибони муосирамон ба забонҳои русиву ўзбекӣ, арабиву англисӣ, немисиву фаронсавӣ тарҷума ва нашр шуданд. Дар алманахе, ки Маркази тарҷума бо номи “Литературный Таджикистан” нашр менамояд, осори адибони тоҷик ба забони русӣ манзур ва чоп мешаванд. Ҳамчунин, тарҷумаи роман, повесту ҳикояҳои нависандагонамон дар маҷаллаи “Помир” ба нашр мерасанд, ки он барои тарғиби насри муосири тоҷик берун аз ҷумҳурӣ ба қадри имкон саҳм мегузорад.

Мутаассифона, мо имрўз ба ном шоироне низ дорем, ки ягон шеъри дилрасашон ба хонандаи тоҷик маълум нест, вале осорашон бо роҳҳои гуногун берун аз кишвар зиёд тарҷума, чоп, муаррифӣ ва ҳатто бо ҷоизаҳои номаълуму шубҳабарангез қадр мегарданд. Бадии кор дар он аст, ки хонандаи ноогоҳи кишварҳои дигар ба адабиёти мо аз рўи осори онҳо баҳо медиҳад. Ягона роҳи пеши ин корро ҳар чи зудтар гирифтан тарҷумаву муаррифии асарҳои арзанда ва ба созмонҳои дахлдор фаҳмондани асли ҳол аст.

Кори зарури дигар дар ин самт тайёр намудани тарҷумонҳои касбист. Мутаассифона, аз ҷавонон қариб касе ба ин кор даст намезанад. Ният дорем, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми мамлакат ҷиҳати рафъи норасоӣ,  барои парвариши ҷавонони соҳибистеъдод дар бахши тарҷумаи бадеӣ ба забонҳои муҳимтарини дунё роҳу воситаҳои муассирро ҷустуҷўву дарёфт бинамоем.

Солҳои охир як шохаи серҳосили драматургияи моро асарҳои таърихӣ ва тарҷумаиҳолӣ ташкил доданд. Яъне, драмнависону тамошобинон ба воқеаву ҳодисаҳои дуру наздик назар афканда, дар мисоли онҳо ба раванду инкишофу тағайюроти ҳаёти имрўза баҳо медиҳанд.

Ҳаёту фаъолияти пурбори Пешвои миллат, шахсияти наҷиб, идеяҳои рўҳбахш ва талошҳои хастагинопазираш дар роҳи шукуфоии кишварамон аз мавзўъҳоест, ки аз як ҷиҳат барои драматургияву театр нав ва аз ҷониби дигар хеле ҷолибанд. Адибони шинохта Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин дар асари худ «Нури мино» аввалин шуда кўшиданд, ки ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии Сарвари мамлакатро дар оғози фаъолияти сиёсиаш мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор бидиҳанд. Фактҳои таърихӣ ва тахайюлоти Абдуғаффор Абдуҷаббор дар асари саҳнавии «Худоназаркарда» ба ҳам тавъам омада, раванди тўлонии истиқрори сулҳро дар кишвар инъикос намуд. Бовар дорем, ки ин ду асари дар коркарди ин мавзўи мушкилу муҳим нахустин дар тавсиаву тааммуқи он ба таври мусбат саҳмгузор хоҳанд буд.

  Асари яке аз драмнависони фаъолу сермаҳсуламон Ҷумъа Қуддус «Баҳори ваҳдат», ки ба воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали Истиқлолият бахшида шудааст, панорамаи муҳташаму мудҳиши он солҳоро бо маҳорат таҷассум мекунад. Осори  шифоҳӣ ва шеърҳои махсус барои драма эҷодшуда ба он шукўҳи хос бахшида, оммавияташро таъмин менамоянд. Силсилаи симоҳои мусбату манфии офаридаи драматург, дар маҷмўъ, рўҳия ва авзои замони тадқиқшавандаро равшан ифода намудааст. 

Оҳиставу санҷида, вале қотеъона ба арсаи драматургия қадам мондани насрнависи шинохта Тоҳири Муҳаммадризо боиси хушнудист. Агар насли нахустини овони соҳибистиқлолӣ кўшиши шинохти симои маънавии худро дошта бошад, онро аз асарҳои ў  «Баҳори Фаронса» ва «Рўзҳои Худо зудгузаранд» ҷустуҷў карда метавонад.

Драмаи Мансур Сурўш «Ҳуббулватан» ном гирифта, дар бораи воқеаҳои ҳузнангез нақл мекунад, вале ҳисси ифтихор аз ин сарзамин ва басо дўстдоштанӣ будани он аз ҳар сатри асар ҳувайдост. 

Носир ва публитсист Маҷид Салим низ ба драмнависӣ рў оварда, дар «Шикор» ном асараш аз ҳодисаҳои драмавии дар яке аз мамнўъгоҳҳои кишвар баамаломада ҳикоят мекунад. Дар он муносибатҳои мушкили байни одамон ва ҳамзистии онҳо бо олами вуҳуш рўи сафҳа омада, мавзўи глобалии инсон ва табиат корбаст шудааст.

Драмаи иҷтимоии Шодӣ Солеҳ «Атои Худо», дорои конфликти шадиди иҷтимоӣ набошад ҳам, чанде аз мушкилоти замонро равшан тасвир кардааст.

Солҳои охир вазъи нашри асарҳои саҳнавӣ хуб гардида, як силсила китобҳои драмаҳои адибони ҷудогона ва маҷмўаҳои дастаҷамъии онҳо аз чоп баромаданд. Дар тўли солҳои сипаришуда асарҳои драмнависони маъруф Нур Табар «Жернова», Тўрахон Аҳмадхон «Олами пурасрор» ва «Қиссаҳои рангин», Ҷумъа Қуддус «Ҳидояти қудсӣ» (дар ду ҷилд) ва «Мушкилоти панҷум», Тоҳири Муҳаммадризо «Парвиз», маҷмўаи дастаҷамъии «Дар кўчаҳои қисмат» рўи чопро диданд. Асари Ато Ҳамдам «Занги бемаҳал» ба забонҳои беларусӣ, русӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва бо хати ниёгон дар Теҳрон  ба нашр расид. Ин асар соли 2015 аввал дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ, сипас дар ду театри давлатии Қирғизистон бо забони қирғизӣ ба саҳна монда шуд. Аз рўи ин намоишнома синамогарони қирғиз бо номи «Такси ва телефон» филми бадеӣ низ офариданд. Драмаҳои Ҷумъа Қуддус «Нубуввати охирин» дар Сурияву Қирғизистон ва «Тавбашикан» дар Қазоқистон тарҷума, нашр ва коргардонӣ шуданд.

Бо вуҷуди ин, ҳанўз ҳам дар маҷмўъ сифати асарҳои драмавӣ ҷавобгўи талаботи замон нест. Семинар-машварати драматургон, ки бо дастгирии бевоситаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад, солҳои охир ба озмун табдил ёфтааст ва ба ҷои таҳлили ҷиддии асарҳову таҳқиқи ҳолати кунунии драматургияи миллӣ масоили дувумдараҷаро мавриди баррасӣ қарор дода, гирди тақсими ҷойҳову мукофотгирӣ мечархад. Дар натиҷа, драматургони ҷавон дар бораи драматургия, талаботу меъёрҳои он, ниёзу эҳтиёҷи театрҳо маълумоте гирифта наметавонанд, драматургон ба осону сарсарӣ ҳал шудани воқеаҳо одат мекунанд.

Моро зарур аст, ки курсҳои махсуси назарияи драмаро бо қаламкашони ҷавон ташкил бидиҳем ва дар онҳо ба ҷавонон донишмандони варзидаи илмҳои адабиётшиносӣ, театршиносӣ ва бевоста ходимони театр дарс бигўянд.

Театри тоҷик, пеш аз ҳама, тарғибгари забони ноби тоҷикист. Таҷрибаи имрўза нишон медиҳад, ки театр ин суннати волои хешро батадриҷ гум карда истодааст. Аксари ҳунармандон дар саҳна норавон сухан карда, алфози кўчагиро истифода мебаранд, театрҳо, аз паси завқи кўчагии тўда рафта, саҳнаашонро ба асбоби вақтхушкунии муваққатии авомона табдил додаанд.

Самти дигари фаъолияти драматургияи моро бояд иншои асарҳо барои театрҳои мардумӣ ва асарҳои кўчаки саҳнавӣ барои телевизион ва дастаҳои ҳаваскор ташкил бидиҳад, чунки имрўз гурўҳҳои зиёди аз лиҳози ҳирфавӣ номукаммал, бино бар норасоии маводи адабӣ, бо завқи мардум бозӣ доранд, ки барои ҷомеа оқибати хуб нахоҳад дошт.

Ин ҳама масъалаҳоеанд, ки ба ояндаи драматургияву театри тоҷик дахл дошта, бо як нишастану гуфтану бархостан ҳал намешаванд ва бояд ҳамеша дар мадди назари созмонҳои марбут бошанд

Дар солҳои охир аз тариқи телевизион, ҳамчунин, тавассути дискҳои бешуморе, ки дар тамоми гўшаву канори кишвар бебаркаш ба фурўш бароварда мешаванд, филмҳои нав ба нави синамогаронро тамошо кардем. Мутаассифона, аксаран хеле хом буда, талаботи воқеии тамошобини имрўзро қонеъ гардонда наметавонанд, аз ҷиҳати банду баст, хати сужет, тасвири табиии воқеият, забону баён сусту каммояанд. Сенарияи ин қабил филмҳо ба қалами филмноманависҳои тасодуфӣ, камистеъдод ва аз ҳунари филмофаринӣ бехабар мутааллиқанд, ки аксаран на ҳаётро медонанду на нозукиҳои санъати киноро. Маълум аст, ки асоси филмро сенарияи амиқу ҷолиб ташкил медиҳад ва боиси ташвиш аст, ки имрўз ҳамагӣ ду нафар сенариянависи касбӣ дорем - Абдурофеъ Рабизода ва Сафар Ҳақдод, ки синнашон аз 60-у 70 болост.

Дар ин замина масарратбахш аст, ки баъзе адибони мо рў ба иншои филмномаҳо оварданд. Ин фоли нек аст, зеро, чунон ки таҷриба нишон медиҳад, филмҳое, ки сенарияашонро  адибони касбӣ менависанд, бо асолату гаронмоягии худ фарқ карда, дар байни мардум базудӣ маҳбубият пайдо менамоянд. Мисоли барҷастаи ин дар солҳои охир аз рўи романи “Марги бегуноҳ”-и Кароматуллоҳ Мирзо ва “Тангно”-и Сорбон рўи навор омадани филмҳои ҷолибу тамошобоб мебошад. Имрўзҳо синамогарони вилояти Суғд аз рўи қиссаи адиби шинохтаи бачаҳо Азизи Азиз бо номи «Дурўғ» навори филми навро ба анҷом расонданд. Сенарияи дигари ин муаллиф бо номи «Як қадам он сў» мавриди баррасист. Ато Мирхоҷа ва Шариф Муҳаммадёр низ аз рўзгори бачаҳо филмномаҳо таълиф намудаанд. 

Яке аз масъалаҳои асосӣ дар риштаи кино омўзондани филмноманависони ҷавон аст. Боиси хурсандист, ки Иттифоқи кинематографистон, киностудияи «Тоҷикфилм» сари ин масъала баъзе чораҳои умедбахш андешидаанд. Соли дуюм аст, ки таҳти роҳбарии адиб ва кинодраматурги намоён Абдурофеъ Рабизода маҳфили сенариянависони ҷавон амал мекунад. 

Аз нақши кино дар ҳаёти халқи мо, дар муаррифии миллату давлати мо бисёр метавон гуфт. Аммо замони амал аст. Ҳукумат киноофариро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, барномаи дарозмуддати рушди кино амалӣ шуда истодааст ва дар ин замина вазифаи адибон, бахусус кинодраматургон, офаридани филмҳои таърихиву имрўзист, ки абармардони илму адаби миллат, қаҳрамонони арсаи ҳифзи марзу буми аҷдодиву арзишҳои миллиамонро дар экран умри ҷовид бибахшанд ва саҳнаҳои омўхтании рўзгору пайкори онҳоро дар ихтиёри насли ҷавон бигузоранд.

Дар замони Истиқлолият адабиёти бачагонаи тоҷик ба таҳаввулоти бесобиқа дучор омад.  Мутахассисони соҳа рушди адабиёти бачагонаро дар замони Истиқлол ба се давра ҷудо карда, даҳсолаи охирро чун замони эҳё ва рушди ин адабиёт баҳогузорӣ намудаанд. Ин беасос нест, зеро фақат тайи 5 соли охир барои бачаҳо он қадар асар эҷоду чоп шуд, ки дар 25 соли қаблӣ нашуда буд. Нашри умумии китобҳо барои бачаҳо ба 2 миллион нусха расид. Иттифоқи нависандагон, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми мамлакат, Энсиклопедияи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, шарикони рушд, олимон, мутахассисон, рассомон, омўзгорон навқаламони зиёдеро ба эҷоду нашри китобҳо ҷалб карда, дар маҷмўъ 155 китоб омода намуд, ки бештарашон ҷавобгўи талаботи асари бадеии ин навъанд. Ин ҳам ҷолиб аст, ки теъдоди ҳар китоб ба ҳисоби миёна 12 ҳазор нусхаро ташкил дод. Ба муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ 9 қисса, 60 асари адабии иттилоотӣ, чаҳор китоби андозааш бузурги А-3 ва даҳҳо шеъру ҳикояи билкул нав фиристода шуд. Иттифоқи нависандагон фақат ба эҷоди асарҳои бадеӣ машғул нашуда, бо мутахассисони Вазорати маориф ва илм барои рассомон, адибон, адабиётшиносон, навқаламон, ҳатто тақризгарон ва, пеш аз ҳама, барои ноширон ду дастур таҳия намуд: яке «Шеваҳои эҷоди асари бачагона», дигаре «Арзёбии асарҳо ва китобҳои бачагона», ки бешубҳа дар ҳирфавӣ шудани кори онҳо мададгор хоҳанд буд.

   Бо вуҷуди ин, мушкилот дар ин самт зиёд ба назар мерасад ва нахустину асосиаш ба майдони адабиёти бачагона ҷиддӣ қадам нагузоштани адибони ҷавон мебошад. Дар ин самт баъзе корҳо сурат гирифтанд, аз ҷумла, дар ду соли охир дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб ва ноҳияи Варзоб 14 семинари бозомўзӣ ё курс-конференсияҳои адибони ҷавоне, ки барои бачаҳо менависанд, баргузор шуд, адибони бачагон ва асарҳои онҳо дар садову симо ва нашрияҳои мухталиф пайваста тарғиб мешаванд, вале корҳои бештар дар пешанд. 

Боиси хушнудист, ки фаъолтарин иштироккунандагони озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ», ки бо дастгирии Пешвои миллат ду сол боз баргузор мешавад, асосан бачаҳоянд. Бовар дорем, ки дар ояндаи наздик озмуни мазкур ба мактаби ҳақиқии омўзишу парвариши табъу завқи насли наврас табдил ёфта, ба рушду нумўи адабиёт, аз ҷумла адабиёти бачагона, муосидат менамояд.

   Падидаи адабиёти бачаҳо дар панҷ соли гузашта пайдо шудани роман  аст. Дар романи тозаи нависандаи маҳбуби бачаҳо Сафияи Носир «Садди искандарӣ»  бисёр воқеаҳои аҷиб нақлу тасвир шудаанд. Мутаассифона, забони асар каме таҳрир мехоҳад ва барои комилан ба жанри роман мансуб шуданаш низ бояд андак кор бихўрад.

Боқӣ насри бачагонаи моро дар 5 соли охир асосан қиссаву афсона ва ҳикояҳо ташкил доданд. Нависандаи маъруф Абдулҳамид Самад бачаҳоро низ  фаромўш намекунад ва пайваста барои онҳо ҳам менависад. «Ғамхўрак», «Аспи бодӣ», «Дарс», «Гиряи хирс», «Гули наврўзӣ», «Дили бача», «Ёдгор, бас!» ва дигар ҳикояҳояш дар шакли китобчаҳои алоҳида ва маҷмўаи асарҳо ба хонандагон пешниҳод шудаанд. Нависандаи ботаҷриба бо забони содаву шево кору ташвиш ва ҷаҳони ботинии бачаҳоро тасвир менамояд ва зебову боварбахш ба қалам медиҳад.

Дар ин давра адабиёти кўдакону наврасони тоҷик, ба қавле, соҳиби боз як жанри нав - иттилоотӣ шуд. Адиб ягон далел, рақам, воқеаеро аз таърихи халқу кишвар, саргузашти шахсони маъруфу машҳур ё ҳодисаи табиат интихоб намуда, содаю равон, дар коркарди адабӣ ва бо ороиши ҷолиб ба хонандаи хурдсол пешниҳод менамояд. Дар панҷ сол зиёда аз 67 китоби иттилоотӣ эҷоду чоп шуд ва ё дар арафаи чоп аст. Мо ба эҷоди ин гуна асарҳо ҳам адибон, ҳам олимон ва ҳам омўзгорони варзидаи мамлакатро ҷалб намудем. Асарҳои иттилоотии Гулназар Келдӣ, Ҷўра Ҳошимӣ, Ато Мирхоҷа, Сардори Раҳдор, Абдусаттори Раҳмон, Шарифи Муҳаммадёр, Азизи Азиз, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Гулнисо Ризвоншоева, Наҷмиддин Салоҳиддинзода, Муҳриддин Сабурӣ ва як гурўҳ олимону омўзгорон намунаҳои беҳтарини ин жанри наванд, ки ба хонандаи наврас дар бораи падидаҳои ҷолиби зиндагӣ маълумоти завқбахш медиҳанд.

Имрўз адибони бачагони мо бо хоҳиши Вазорати маориф ва илми мамлакат ба эҷоди асарҳои саҳнавии хурд даст задаанд. Асари хурди саҳнавӣ дар мактаб ва муассисаҳои томактабӣ ҳамеша хонанда дорад, омўзгору мураббияҳо дар суроғи ин гуна асарҳоянд, зеро дар иду ҷашнҳо, ҳатто дар ҷараёни таълиму тарбия аз ҷониби бачаҳо ба саҳна гузоштану пешкаши ҳамсолонашон намудани онҳо завқбахш ва фаромўшношуданист. Дар ҳамкорӣ бо вазорати номбурда ва шабакаи Телевизиони «Баҳористон» зиёда аз 110 асари ҳаҷвии хурд, барномаи «Бурро-бурро мехонем!», 36 асари саҳнавӣ вобаста ба омўзиши ҳарфу ҳиҷо пешниҳод гардид, ду китоби тозаи асарҳои хурди саҳнавӣ дар арафаи чопанд.

Устод Гулназар дар 5 сол барои бачагон 5 китоби нав навишт, ки «Дунёи ман», «Бо гулҳои Ватан», «Оинаи сухангў» аз он ҷумлаанд, инчунин, анъанаи устод Улуғзодаро идома дода, аз осори классикон қиссаҳои зиёдеро барои бачаҳо бозгў кард.

Қиссаҳои Азизи Азиз – «Аниса ва ман», «Ҷузвдон», «Як қадам он сў», «Як каф гандум», «Дуруд бар яхдон»-ро ҳам хонандагони хурдсол ва ҳам калонсолон гарм истиқбол карданд.

Аз адибони соҳибтаҷрибаи мо Ҷўра Ҳошимӣ низ барои бачаҳои кўдакистон бо ороиши дилчасп се китоб ба чоп расонд: “Хонда тавонӣ, хуб аст”, «Зоғак ва ғозак» ва «Биё, бо ҳам бихонем!», ки писанди хотири бачаҳо шуданд.  Китоби шеъри Нозирҷон Боҳирӣ “Ватан чист ва ватандор кист?” ва “Рўд ва Қатра” наврасонро ба дарки табиати зебову нотакрор ва дўст доштани диёри аҷдодӣ даъват намуда, бо воситаҳои муассири бадеӣ ватандориро талқин менамоянд. Ашъори Юсуфҷон Аҳмадзода низ дер боз вирди забони бачаҳост ва дар ин давра аз ў низ китобе манзури алоқамандон гардид. Латофат Кенҷаева барои хурдсолон китобҳои назмиву насрии “Мўрчаяки баднафс», «Суруди Наврўз», «Алифбои зудомўз», «Садранга пуфак баҳри Юсуфак»-ро, ки бо шеваи хос эҷод шудаанд, эҳдо кард. Бояд таъкид намуд, ки дар интишору тарғиби китоби бачагона низ хидмати ин адиб сазовори зикру таҳсинҳост. Дар  25 соли рукуди табъу нашри осори бачагона беҳтарин намунаҳои назму насрамонро маҳз ў чоп кардаву ба ихтиёри бачаҳо гузошт.

 Дар панҷ соли гузашта се адиби кўдакону наврасон – Насим Раҷаб, Абдусаттори Раҳмон ва Муродалӣ Собир барандаи ҷоизаҳои адабии ИНТ шуданд. Адиби аввал бо асарҳои дилрасаш барои наврасон маъруф аст. Шеъри ду нафари дигар борҳо мавриди гуфтугўву муҳокима қарор гирифтаанд, вале ин мукофот водорашон месозад, ки бештару беҳтар эҷод бинамоянд. Абдусаттори Раҳмон як асари насрӣ – “Рассоми чирадаст” ҳам ба чоп супурд, ки қаҳрамонаш писараки маъюби ба эҷод машғул ва бо эҷодаш бисёриҳоро батааҷҷубгузошта мебошад. Бояд гуфт, ки дар адабиёти бачагонаи мо ба ин мавзўъи мавриди назари ҷаҳониён камтар даст задаанд.

 Барҷост бигўем, ки шеъри бачагонаи мо берун аз кишвар низ маълуму машҳур аст ва аксари ашъори шоирони моро барои бачагон дар тамоми  қаламрави забонамон бо сари баланду рўи сурх метавон хонд, вале инро наметавон дар ҳақи насри бачагонаамон гуфт. Дар ин маврид ҳам дар хусуси мавзўъу мундариҷа амиқ бояд андешиду ҳам дар бораи забону баён.

Барои аз ҷумла ин ҷиҳатҳоро бозгў намудан бо иштироки 40 нафар адибону навқаламони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон семинари серўзаи омўзишӣ доир гардид. Якчанд асари хуби бачагона барои муҳокима пешниҳод шуд ва беҳтаринашон қиссаи «Фарзанди офтоб»-и Додохони Эгамзод дониста шуд, ки дар бораи асрори боғдорист.

Солҳои охир Гулчеҳра Муҳаммадиева ҳам як силсила китобҳои бачагона навишт, ки «Навҳаи асп», «Ору ва шоҳпарак, «Сафинаи муҳаббат», «Афсонаи товус», «Дунёи бачаҳо», «Яке буд, яке набуд…» аз он ҷумлаанд. Ин асарҳо, бо тақозои риояи меъёрҳои адабиёти бачагона ва аз ҷиҳати забону баён, бояд ҷиддӣ таҳриру такмил  бишаванд.

Мутаассифона, ин эрод ба бисёр асарҳои барои бачагон дахл дорад. Сабабҳои ин ҳолат зиёданд ва яке ба асарҳои корталаб мақолаҳои тавсифӣ ва пурмуболиға навиштани муқарризони содагиру саҳлангор аст. Ин боиси каммасъулиятии нависандагони ноогоҳ мегардад ва вазъеро ба амал меорад, ки ҳар кас ҳар чӣ хоҳад, менависаду ба бозори серхаридори адабиёти бачаҳо мебарорад. Чун намуна китобҳои  Анвар Дадабоев, Камоли Румонӣ, Саидқул Мирализода, Марями Ҳаким, Раҳмони Боборо метавон ном бурд, ки бе таҳрири ҷиддӣ ва маслиҳати мутахассисон нашр шуда, ба дасти хонандаи хурдсол расидаанд.

Бачаҳову наврасон ҳамеша ба китоб эътимоду завқу шавқ доштанд ва ин  махсусан баъди эълони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» равшан зоҳир гардид. Муассисаи таълимиеро ном гирифтан душвор аст, ки 10 шогирди эҷодкор надошта бошад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳар сол дар ҳар ноҳия чандин омўзгор ва ҳатто шогирди мактаби миёна китобу китобчаи ҳанўз нолоиқи чопашонро манзури ҳамагон бикунанд. Аз ин хусус адибони намоёни мо Бозор Собир, Гулназар Келдӣ ва Ҷўра Ҳошимӣ борҳо изҳори ташвиш карданд. Устод Айнӣ ҳанўз охири солҳои чилум сахт таъкид карда буд, ки дар чопи китоби нахустини адиби ҷавон шитоб набояд кард ва сахтгир бояд буд.

Иттифоқи нависандагон чандин сол қабл дар бобати сифати чоп ва ороиши китобҳои бачагона бонги изтироб зада буд. Сабабаш он аст, ки масъулони чоп китобҳои бачагонаро бо расму суратҳои интернетӣ оро медиҳанд, зеро рассоми китоби бачагона ангуштшумор аст. Хушбахтона, бо кўшиши якҷояи бахши адабиёти кўдакон ва наврасони ИН ва Вазорати маориф ва илм ду-се соли охир ин камбудии ҷиддӣ ислоҳ шуда истодааст. Барои як силсила китобҳои солҳои охир нашршуда аз тамоми гўшаву канори мамлакат ороишгарони хуб ба ҳамкорӣ даъват гардиданд. Агар то ин замон танҳо Сайёра Имоддинова ва Абдусалом Абдуллоев ба ин кор машғул буданд, ҳоло китобҳои барои бачаҳои моро Бахтиёр Қаҳҳоров, Замира Набиева, Зебуннисо Раҳимҷонова, Шодигул Бобониёзова, Фарангис Имоддинова, Сулаймон Шарифӣ, Аъзам Мирзонаҷотов, Мирзофирўз Сулаймонов, Зебо Давлатшоева бо сифати баланд ороиш медиҳанд. Мо метавонем китобҳои орододаи онҳоро бо дили пур ва ифтихор ба намоишҳои байналмилалӣ ҳам бибарем.

   Бахтиёр Қаҳҳоров ва ҳамкоронаш тавонистанд, ки аз мазмуни баъзе асарҳои бачагона филми тасвирӣ биофаранд ва навори онро ба китоб илова бикунанд. Акнун афсонаҳои «Дар суроғи дўст»-и Шарифи Муҳаммадёр, «Саргузашти Анду Анг»-и Ато Мирхоча, ду афсонаи Азизи Азиз ва як китоби Латофати Кенҷаро хурдсолон ҳам бо шавқ мехонанд ва ҳам бо завқ тамошо мекунанд.

Осори мустанад, яъне очерку публитсистика, дар адабиёти муосири тоҷик муҳимтарину фаъолтарин бахши онро ташкил медиҳад, ки дар рўёрўи рухдодҳову масъалаҳои ҷаҳони муосир ва ҳамроҳ бо талошҳо ҷиҳати пайдо кардани роҳи ҳалли масъалаҳои муҳими таърихиву иҷтимоӣ, миллӣ ва инсонӣ ба таври равшану расо ва ба фаҳми ҷомиа муносиб ба вуҷуд омадааст. Метавон намунаҳои беҳтарини ин навъ осорро ҳанўз дар сапедадами маънавиёти навини тоҷик дар эҷодиёти устод Айнӣ, Фитрат, Мирзосироҷи Ҳаким, Саидризо Ализода, Мунзим, Ҳамдӣ, Абдулқодир Муҳиддинов ва дигарон пайдо кард, ки ба воситаи рўзномаи нахустини тоҷикӣ «Бухорои шариф» нашр шуда, ба дасти хонанда расида буданд.

Сипас ин жанр, хусусан пас аз оғоз ёфтани бунёдкории водии Вахш, ба минбари баланди адибони оташинсухан табдил ёфт. Бо роҳбарии устод Айнӣ барои адибон Мирсаид Миршакар, Алихуши Найистонӣ ва иддае дигар ин сохтмон ҷавлонгоҳи табъу завқи ҷавонӣ гардид.

Адибон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ идомабахшони сазовори публитсистика буданд.

Ин анъанаи хуби адабиётамонро дар солҳои 50-60 ва 70 нависандагони шинохта Фазлиддин Муҳаммадиев, Ғаффор Мирзо, Мутеулло Наҷмиддинов, Аъзам Сидқӣ, Юсуф Акобиров, Шодон Ҳаниф, Ибод Файзуллоев, Муҳиддин Хоҷазод, Ўрун Кўҳзод идома бахшиданд.

Таҳаввулоти зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ, хулқу атвори инсони заҳматкашу орзупарвар дар ҷабҳаҳои мухталифи кору пайкор, талош барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуб дар осори насли имрўзаи адибони очеркнигор Бахтиёр Муртазо, Раҷаб Мардон, Ато Ҳамдам, Мирзо Шукурзода, Шералӣ Мўсо, Раҷабалӣ Аҳмад, Холназар Муҳаббат, Равшан Махсумзод, Маҷид Салим, Садриддин Ҳасанзода, Ҳасан Асо бо рангу тобишҳои нав ҷилва менамояд. Ин насли адибонамон дар навиштаҳои хеш аз созандагиву бунёдкориҳои замони Истиқлолияти давлатӣ - роҳу пулсозӣ, нақбканӣ, сохтмони иншооти бузурги аср - Роғун, силсилаи неругоҳҳои хурду миёна, бунёди корхонаҳои саноатӣ, рушди мактабу маориф, муассисаҳои тандурустӣ, вусъати саноату кишоварзӣ дар саросари мамлакат сухан ронда, рўҳи меҳанпарастӣ ва ободкории мардумро таҷассум намуданд. Қобили зикр аст, ки адибони ба ин жанр содиқ анъанаҳои неки устодони хешро идома дода, пайваста ба сохтмонҳо мераванд ва, қаҳрамонони сазовор ёфта, асарҳо эҷод мекунанд. 

Ин ҷо метавон нигоштаҳои Шералӣ Мўсо оид ба бунёди нақби Неругоҳи Роғун ё талошҳои шабонарўзии коргаронро дар сохтмони нақби Чормағзак мисол овард. Аммо қиссаи «Ҷасорат»-и ўро дар марҳалаи байни ду анҷуман метавон воқеан ҷасорат номид. Чун бадхоҳони миллату давлати тозаистиқлоли тоҷик дар шахси бадниҳоде ва пайравонаш барои ноором сохтани ҳаёти осоиштаи мардум, ба вуҷуд овардани муҳити тарсу ваҳм ва  охируламр сарнагун кардани давлати қонунӣ даст ба хиёнат ва ҷангу ошўб заданд, бо шуҷоату азми устувори Сарвари давлат ва ҷоннисории афсарону сарбозони Ватан ин ошўби бадқасдона фурў нишонда шуд ва ошўбгарон ба шикасти қатъӣ рўбарў гардиданд. Ҳамин саҳнаи муборизаи оштинопазири Пешвои миллат ва ҳомиёни халқу Ватанро Шералӣ Мўсо дар китоби «Ҷасорат» дарзамон тасвир карда, мавқеи устувори касбӣ ва шаҳрвандиашро нишон дод.

Нависанда Бахтиёр Муртазо дар тўли чанд соли охир ҳаёт ва заҳмати қаҳрамононаи нурофарони Роғунро омўхта, як силсила очеркҳо эҷод намуд. Чанде аз онҳо дар маҷаллаю рўзномаҳои ҷумҳурӣ дарҷ гардидаанд, ки аксаран, дар баробари зикри масъалаҳо, тасвири мушкилоту проблемаҳо ва ситоиши заҳмати меҳанпарастонаи бунёдкоронро дар бар мегиранд. Масалан, дар очерки «Садди сойи Оби Шўр» сойи мазкур аз воқеият фаротар рафта, маънои маҷозиву рамзӣ касб мекунад ва хонандаи ҳушманд дар мисоли он ҳама гуна монеасозиҳои ҳам табиӣ ва ҳам инсониро дар муқобили сохтмони бузургу тақдирсози Неругоҳи Роғун ташхис менамояд, шикастани зуъму саркашии он тимсоли муборизаи қатъии давлату миллати Тоҷикистон ва хусусан Пешвои миллат дар роҳи эъмори ин сохтмони аср ва умуман зиндагии равшану мунаввари мардум мебошад. Аз ин лиҳоз метавон очерки мазкурро, дар қатори навиштаҳои устодони жанр бо эътимод очерки барҷастаи бадеӣ номид, ки назираш, мутаассифона, имрўзҳо камтар ба назар мерасад.

Чанде пеш маҷмўаҳои очеркҳо ва қиссаи мустанади Бахтиёр Муртазо таҳти унвони «Хўшаҳо аз киштаҳо» ба табъ расид, ки аксаран проблемавианд. Мавриди зикр ва боиси қаноатмандист, ки ҳоло адиб, дар заминаи дастовардҳое, ки дар тасвири мустанади кору рўзгори бунёдкорони неругоҳи бузурги аср ба даст овард, ба эҷоди романи «Роғун» машғул аст.

Қиссаи мустанади публитсист Раҷаб Мардон «Қаҳрамони замони мо» ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз роҳбарони машҳури соҳаи кишоварзӣ Анвар Қаландар бахшида шудааст. Адиб хизматҳои қаҳрамонро моҳирона ба тасвир дода, ноаён намунае барои ибрати роҳбарону хоҷагидорони имрўзро бозгў кардааст.

Публитсисти дигари мо Холназар Муҳаббат низ бештар очеркҳои проблемавӣ эҷод менамояд. Очеркҳои ў «Дирўзу имрўзи сарватҳои маъданӣ», «Офатҳои табиӣ ва пешгирии он», «Тағйири иқлими сайёра», «Нақши обанборҳо дар низоми табиат», китобҳояш «Табиат - гаҳвораи инсон» ва «Мавқеи об дар табиат» низ гувоҳи ин гуфта буда, масъалаҳои муҳими проблемавиро инъикос намудаанд ва ҳамовози ташаббусҳои бузурги кишварамон дар арсаи ҷаҳонанд.

Боиси хушнудист, ки дар давраи ҳисоботӣ очеркнависи соҳибистеъдод Саломиддин Мирзораҳматов ба сафи аъзои Иттифоқи нависандагон қабул гардид. Силсилаи очеркҳои таърихии ў дар таҳқиқу тавсифи ҳаёту фаъолияти фарзандони фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ўлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва дигарон хеле пурмуҳтавою хонданианд. Ҷиҳати хоси навиштаҳои ин публитсисти оташинсухан мавқеи устувори шаҳрвандиву ватандории ўст, ки махсусан дар мубоҳисаҳо бо мавқеъу назарҳои муғризи ҷомеа зоҳир мешавад.

Публитсисти куҳансол Раҷабалӣ Аҳмад низ солҳои охир меҳнати фидокоронаи бунёдгарони Неругоҳи Роғунро бо ғайрати ҷавонӣ мадҳу ситоиш менамояд. Ин навиштаҳои ў дар китобҳои «Нидо аз Роғун», «Дасти одам гул аст», «Роғун – кафолати зиндагии шоиста» гирдоварӣ шудаанд.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар панҷ соли сипаригардида шоиру нависандагони дигарамон ҳам очерку публитсистикаҳои зиёд навишта, муҳимтарин рўйдодҳои замон ва қаҳрамонони онро зикр намуданд. Бо вуҷуди ин, Раёсати Иттифоқи нависандагон аз бахш ва шўрои очерку публитсистика фаъолиятмандии бештарро интизор аст. Зимнан дигаргуниҳои босуръати матлубу номатлуби зиндагӣ - бунёдкориву созандагӣ, бедордиливу худшиносӣ, ҷаҳонишавӣ ва падидаҳои фаромиллӣ, ифротгароӣ, масъалаҳои таълиму тарбия, ахлоқ, истифода аз замину об, сарватҳои табиӣ, талоши наврасону ҷавонон барои омўзиши забонҳо ва азхуд кардани касбҳои нодир, пойдории оила, эҳтироми расму оин ва ҳатто якдиливу заҳмати шабонарўзии табибон дар мубориза барои аз байн бурдани вабои аср ва ғайра барои иншои очерк ва мақолаҳои хуби публитсистӣ маводи фаровон медиҳад. Фақат садоқат ба ин жанр ва ҳунару заҳмат мебояду бас. Навиштани мақолаҳои публитсистӣ ё чопи чанд китоб набояд танҳо ба хотири узви Иттифоқи нависандагон шудан бошад, балки баъдан низ дар ин замина фаъолона кор кардан ва аз маҳсули андешаву қалами хеш чун устодони жанр асари сазовор ба ёдгор мондан низ муҳим аст. 

Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар адабиёт ҳақиқатнигорӣ ва асолати сухан бамаротиб рушд ёфт ва мавзўъҳое вобаста ба худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари он қарор гирифтанд. Нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик низ дар ин замон ба масъалаҳои мазкур рў овард, дар шакли таълифоти зиёди илмиву адабӣ – мақолаву рисола ва китобу маҷмўаҳо дастраси хонандагон гардид. Навиштаҳои Атахон Сайфуллоев, Юсуф Акбарзода, Абдунабӣ Сатторзода, Абдухолиқ Набавӣ, Абдураҳмон Абдуманнон, Аскар Ҳаким, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Аламхон Кўчарзода, Абдушукури Абдусаттор, Матлубаи Мирзоюнус, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Муртазо Зайниддинзода, Мисбоҳиддини Нарзиқул мавриди назаранд, ки бо муҳиммии мавзўъ ва умқи таҳлил хотирмонанд.

Пештар адибонамон аз камфаъолиятии нақди адабӣ, сари вақт ба падидаҳои адабиёт таваҷҷуҳ накардани мунаққидон гила мекарданд, ки  воқеият дошт. Аммо рўзнома ва маҷаллаҳои адабӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки нақди адабӣ тадриҷан фаъол шуда истодааст. Мунаққидону суханшиносон аз тарзу тариқи муассири нақду адабиётшиносии муосир кор мегиранд, ки далели равшани ҷиддитар гардидани ин бахши адабиёт мебошад. Муҳим он аст, ки дар шумораҳои рўзнома ва маҷаллаҳои адабӣ нақду баррасии асарҳо ба маҷмўаҳову китобҳои тозанашри адибон бештар мавриди таваҷҷуҳи мунаққидон қарор мегирад.

Дар ин навиштаҳо асарҳои адибони маъруф ва  ҷавони тоҷик аз дидгоҳҳои устувори суханшиносӣ нақду  баррасӣ гардида, ҳусну қубҳашон воқеъбинона нишон дода мешавад. Дар ин маврид метавон аз мақолаҳои Саидхоҷа Ализода «Асардуздӣ дар рўзи равшан» ва Мисбоҳиддин Нарзиқул «Олами рўъёҳо ва таҳқиқи бадеии он» ёдовар шуд.

Дар тақризи Худоӣ Шарифзода романи «Барзгар»-и Сорбон чун асари ифодакунандаи «ба роҳи мустақили шинохти таърих ва зиндагии мардум даромадани адабиёти тоҷик» тавсиф шудааст. Дар он эродҳои мантиқие ҳаст, ки  ҳангоми чопи баъдинаи асар ба ҳисоб гирифтанашон муфид хоҳад буд.

Ҷолиб аст, ки дар як сол оид ба романи «Шинак»-и Юнус Юсуфӣ ду тақриз – «Насри андеша» ва «Тасвири бадеии доду ситади зиндагӣ» ба табъ расидааст. Агар Муҳаммадшарифи Рустам ба хусусиятҳои забонии асар бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда бошад, Мисбоҳиддини Нарзиқул мавзўъ, шахсиятҳо ва услуби асарро мавриди таҳлили муфассал қарор додааст ва ҳарду мунаққид ба чунин натиҷа расидаанд, ки «Шинак» падидаи тозаву арзишмандест дар насри замони Истиқлолият

Дар тақризи Мисбоҳиддин Нарзиқул «Нақши бузурги мардони сутург» мулоҳизаҳо перомуни романи Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Спитамен” баён шудаанд. Ин тақриз аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки адабиётшинос, дар баробари баён кардани арзиши асар, камбудиҳояшро ҳам мушаххас зикр менамояд.

Равшани Ёрмуҳаммад дар мақолаи «Андешаҳои адиб роҷеъ ба ду қиссаи аҷиб» (перомуни қиссаҳои Сироҷиддин Икромӣ) ва “Асрори Сандуқ»  (дар бораи қиссаи «Сандуқи почта»-и Юнус Юсуфӣ), Иброҳим Усмонов дар «Чашми хираду дили пурдард (дар ҳошияи «Гардиши девбод»)», Атахон Сайфуллоев дар «»Фурўғи ишқ» ё  дурўғи ишқ?» (баррасии романи Маъруф Бобоҷон «Фурўғи ишқ»), Мурод Муродӣ дар «Солномаи пирўзиҳо» (чанд сухан доир ба асари Шералӣ Мўсо «Ҷасорат») ва ғайра масъалаҳои муҳими осори адабиро ба таҳлил гирифта, ҷанбаҳои муҳимеро бозгў кардаанд.

Дар заминаи нақду баррасии осори насри муосири тоҷик дар панҷ соли охир чанд асари илмӣ таълиф ва нашр шуданд. Асари Замира Улмасова “Романи таърихӣ дар замони Истиқлол: тавсифи умумӣ, нақд ва таҳлил” (ба забони русӣ) асосан ба таҳқиқи вижагиҳои насри таърихӣ ихтисос ёфта, осори нависандагони соҳибномро таҳқиқу баррасӣ кардааст. Дар китоби Матлубаи Мирзоюнус зери унвони “Сабкшиносии насри муосир: рисола бо замимаи мақолаҳо” баробари нақду баррасии вижагиҳои сабки наср аз солҳои шасти асри гузашта якчанд мақола роҷеъ ба нақди осори нависандагони имрўз ҷой гирифтанд. Китобҳои олимони ҷавон Дилбар Қайюмзода “Хусусиятҳои жанриву услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон”, Гулпарӣ Шарифова “Ҷанбаҳои ахлоқӣ дар осори Ўрун Кўҳзод” низ, ки дар ин муддат ба нашр расиданд, як гўшаи нақди адабӣ, бавижа нақди насри бадеиро дар панҷ соли охир, пур менамоянд.

Тақризҳо ба осори манзум дар панҷ соли охир, дар баробари зиёд будани теъдодашон, пурмуҳтаво, рангоранг ва аксаран воқеъбинона буданд. Адабиётшиносу мунақидди пуркору соҳибтаҷриба Юсуф Акбарзода дар панҷ соли охир низ мақолаву тақризҳои назаррасе дар баррасии шеъри муосир ба табъ расонд. Тақризи «Ҳосили умр ё ғановати шеър»-и ў ба китоби Низом Қосим «Аз ассалом то вассалом» бахшида шудааст. Мунаққид ба роҳи эҷодии шоир аз аввал то имрўз назар андохта, ҳамқадами замон ва ҳамдами хонанда будан ва зина ба зина ба камолоти эҷодӣ расидани шоирро бо далелҳо исбот кардааст.

Мақолае, ки Абдунабӣ Сатторзода марбут ба шеъри ҳолат дар мисоли ашъори Лоиқ Шералӣ навишт, дарвоқеъ мавзўъи тоза ва корнахўрда дар адабиёти муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Умедворем, ки дар шинохти бештари шеъри ҳолат ва моҳияту гардишҳои ботинии он навиштаҳое аз ҷониби донишмандони дигарамон низ рўи коғаз меоянд. 

«Анъана ва навоварӣ», ки ба қалами Аламхон Кўчарзода мансуб мебошад, яке аз мақолаҳои хуб дар панҷ соли охир аст, ки дар боби анъана ва навоварӣ дар аҳди ҷадид, аз вуҷуди адабиёти маорифпарварӣ дар Осиёи Миёна ва  Эрону Афғонистон баҳс меорояд.

Мақолаи Рустам Ваҳҳобзода дар бораи аввалин шеъри нави тоҷикӣ будани “Марши ҳуррият” ва суханронии Аскар Ҳаким дар бораи шеъри нави тоҷик аз муҳимтарин андешаҳое буданд, ки пайванди мустақими шеъри нави садаи ХХ ва имрўзи тоҷикро собит месозанд.

Мақолаҳои дар китоби Низом Қосим «Меҳру сеҳри шеър» гирдомадаро метавон нақди нақд номид. Муаллиф зимни баррасии нақди шеър дар марҳалаи кунунӣ бо таассуф таъкид мекунад, ки ба он «нишонаҳои нохушоянде чун фалсафафурўшӣ, тумтароқбаёнӣ, васфу ситоиши бебунёди бемасъулиятона, лутфҳои пучу арзон, бесалоҳиятӣ, оҷизӣ ва содалавҳии аён» хос аст. Бисёре аз навиштаҳои ба истилоҳ «мунаққидони» кунуниро танҳо шартан ба нақд мансуб донистан мумкин аст. Дар китоб таъкид шудааст, ки «яке аз дардҳои аёни шеъри муосири тоҷик умумигўист, нақд ҳам аз ин дард эмин намондааст. Яъне, имрўз баробари мафҳуми «шеъри умумӣ» бояд истилоҳи «нақди умумӣ» ҳам корбаст бишавад». Мақолаҳои ба истилоҳ «интиқодии» ҳаваскоронаро муаллиф чунин гурўҳбандӣ кардааст: «мақолаҳои ғаразнок ё судҷўёна; мақолаҳое, ки ҷуз хушгўии пуч нестанд ва ба хотири посдории ҳамнишиниву ҳамдамиҳо навишта шудаанд; мақолаҳое, ки зери фишори тоқатшикани хоҳишу хирагиву берўӣ ва ҳатто шантажҳои ба ном шоирон рўи коғаз омадаанд». Ва ин гурўҳҳои «нақд» дар мақола бо мисолҳо мушаххасан «тавсиф» шудаанд.

Абдураҳмон Абдуманнон зимни баррасии шеъри имрўз барҳақу нишонрас менависад: “Шеър, дар кадом сурате бошад, аз диду сухани шоирона, аз ҳолат, эҳсосот ва андешаи шоирона, инчунин аз либос, яъне перояи бадеъ бояд бархурдор бошад. Мисраъҳоро шиканед, луғатҳои ғариби аз дарку тасаввур дурро қатор кунед, таъбирҳои булаҷаб созед – инҳо бе ҳадафи равшан, бе сухану андешаи шоирона, бе перояи бадеъ шеър намешаванд”.

Муҳаммадалии Аҷамӣ дар мақолаи «Нек бишнохтан ва нек дидан» дар бораи шеърҳои Парда Ҳабиб сухан гуфт ва бархе аз вижагиҳои шеърҳои содаву пурмаънои ўро баррасӣ кард.

Мақолаи мунаққиди ҷавон Муҳриддин Сабурӣ “Ҳарчи бомаъност, худ пайдо шавад” бевосита ба ҳамин паҳлуи масъала бахшида шудааст. Муаллиф ҳузури ҷараёнеро бо номи муғлақбаёнӣ ва печидагўии бемаъно дар шеъри муосири тоҷик зикр намуда, ашъори шоирони касбӣ ва навроҳу барои ҷомеаи адабӣ то андозае ошноро мавриди таҳлил қарор додааст. Аз муҳтавои мақола бармеояд, ки шеъри тоҷик дар ашъори гурўҳе аз шоирон ба тақлиди шеъри имрўзи Эрон ва таркибсозиҳои печидаву бемаъно ва бебунёду тасаввурнашаванда майл карда истодааст.

Навиштаҳои ба муносибати Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврўз (18-24 марти 2016) бамиёномада ва дар шумораҳои  зиёди  рўзнома ва маҷаллаҳои адабӣ бачопрасида саршор аз андеша ва нуқтаи назарҳое мебошанд, ки ба мавзўи шеъри муосир ва бурду бохти он иртибот доранд. Мақолаи Атахон Сайфуллоев «Мо баҳри дилшиносон шеъру тарона ҳастем» таърихи баргузории Симпозиуми назми форсӣ дар Тоҷикистон (12-13 декабри 1967) ва ёдоварии андешаҳои дар он симпозиум ироашударо фаро гирифтааст, мулоҳизаҳои Шоҳзамон Раҳмон дар бораи шеъри форсии тоҷикӣ дар симпозиум ва баъд аз он бо унвони «Шеър ҳам хонандаро пайванд созад бо Ватан», нигоштаҳои Бозор Собир «Таҷассуми шеър», Бахтиёри Муртазо «Душанбе – Ҳироти Ҷомиву Навоӣ», Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода ва Умар Сафар «Аз моварои солҳо» (доир ба таърих ва аҳамияти симпозиуми нахустин), Абдунабӣ Сатторзода «Нодирпур, шеъри нав ва «Дарахти калони кундапаҳн» (таърихчаи ташаккули шеъри нав дар Тоҷикистон) ва ғайра назари донишмандонро дар бораи шеъри муосири тоҷик ба таври густурда инъикос намуд.

Шеъри муосир дар мисоли ашъори шоирони алоҳида ва ба сурати умумӣ дар навиштаҳои бисёре аз адибону донишмандон, аз ҷумла Абдушукури Абдусаттор, Аскар Ҳаким, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло Ҳақназар Ғоиб, Абдураҳмон Абдуманнон, Парда Ҳабиб, Шаҳрия Аҳтамзод, Давлати Раҳмониён, Салими Зарафшонфар, Муҳриддин Сабурӣ, Мисбоҳиддин Нарзиқул, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Ҳасан Султон, Ҷамолиддин Саидзода, Бадриддин Мақсудов, Низом Қосим, Атахон Сайфуллоев, Рустам Ваҳҳобзода, Тоҷибой Султонӣ, Замира Ғаффорова, Абдулҳамид Самад, Нуралӣ Нурзод, Беҳрўзи Забеҳулло, ки дар зарфи панҷ соли охир ба нашр расидаанд, ба таври густурда баррасӣ гардидааст. Дар ин мақолаҳо муҳимтарин вижагиҳои сабкиву ҳунарӣ ва асолати ашъори шоирони бузургсолу  ҷавони имрўзаи мо зикру таҳлил мешавад. Дар баробари баррасии мавзўъҳои мухталифи ҳаёти адабӣ, назари худи шоирону нависандагон ба тамоилҳо, ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои адабии замони мо баён меёбад, ки ба раванди нақди адабиамон бетаъсир нест.

Таҳқиқи куллии нақди шеъри тоҷик дар панҷ соли охир ба ин натиҷа мерасонад, ки тақрибан баррасии тамоми анвоъи шеъри имрўзи тоҷик аз ҳадди аксари шоирони кунунӣ манзури хонанда гардидааст, яъне, шеъри имрўзаамон зоҳиран хеле гуногунранг аст.

Баҳсе, ки дар атрофи шеъри сафед миёни устодони ДМТ Урбатулло Тоирову Мирзо Солеҳов ва шоири сапедсарои тоҷик Доро Наҷот ба миён омад, бисёр ҷолиб аст. Агарчи моҳиятан масъалаи бамиёнгузошташуда нав нест, дар ҷавоби шоир мушоҳидаҳои ҷадиду нуқтаҳои ҷолиби зиёде баён шуданд. Баъд аз хондани посухи Доро Наҷот итминон ҳосил мешавад, ки дарвоқеъ шеъри сапед дар ҳавзаи адабии Тоҷикистон мавқеи муайян пайдо кардааст ва шоири мазкур дониставу огоҳона шеъри сафеди тоҷикона месарояд.

Инчунин, мақолаҳои мубоҳисавии зиёде, ба монанди мақолаи Юсуф Акбарзода, Абдухолиқ Набавӣ дар посух ба мақолаи Ҷамолиддин Саидзода «Намунаи адабиёти тоҷик» «Шоҳнома»-и дигар аст»), Асрори Раҳмонфар «Гиламанд не, мутаассифам (ё ҳарфе чанд оид ба ду тақризи як муқарриз)» ва ғайра нақди адабии моро пурбор гардонданд.

Баррасии адабиёти кўдак низ аз доираи таваҷҷуҳи нақди адабӣ берун намонд. Неъматҷон Файзуллоев марбут ба баррасии шеъри бачагонаи Гулназар Келдӣ, Ҷўра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Нозирҷон Боҳирӣ ва дигарон мақолаҳои зиёде таълиф намуд. Дар ин бахш метавон аз мақолаи Низом Қосим «Масъалаҳои калони адабиёти хурдсолон» ёд кард, ки дар он муҳимтарин мушкилот ва монеаҳои рушди адабиёти кўдак баррасӣ гардида, роҳи ҳалли онҳо пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, навиштаҳои Абдураҳмон Абдуманнон, Абдушукури Абдусаттор, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз,   Муҳриддин Сабурӣ ва дигарон оид ба адабиёти хурдсолон дар панҷ соли охир таваҷҷуҳи бевоситаи нақди адабиро ба ин бахши адабиёт нишон медиҳад. Иттифоқи нависандагон ба хотири беҳбуди вазъи адабиёти кўдак дар мавзўъҳои гуногуни адабӣ ва баррасии китобҳои дарсӣ  (аз синфи панҷ то ёздаҳ) чандин “мизи мудаввар” ва маҷлисҳои васеъ баргузор кард ва маърўзаву гузоришҳои зиёде аз ин ҳамоишҳо дар маҷаллаву рўзномаҳои «Садои Шарқ», «Адабиёт ва санъат», «Омўзгор» ва ғайра ба табъ расиданд.

Дар мавриди робитаҳои адабӣ низ навиштаҳои зиёде ба табъ расид. Китобҳои Матлубаи Мирзоюнус “Творческое взаимодействие писателей Центральной Азии” ва “Пушкин и Восток” аз ҷумлаи осори муҳими ин бахши адабиётшиносианд. Марҳилаи нави робитаҳои адабии Тоҷикистону Ўзбекистон ба нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ роҳи васеъ кушод. Ҳикояҳои нависандаи ҷавони самарқандӣ Фаридун Фарҳодзод дар мақолаи Замира Ўлмасова, фаъолияти Носир Саидӣ ҳамчун таблиғгари адабиёти тоҷик дар Ўзбекистон дар мақолаи Субҳони Аъзамзод ва Ромизи Абдуллоҳ баррасӣ шуд. Навиштаҳои Ҳафиз Раҳмон «Айнӣ ва Сервантес», Умеда Ғаффорова «Пайвандгари адаби Арабу Аҷам», Муҳаммадюсуф Имомзода ва Муртазо Зайниддинзода «Тасхиргари дилҳо», Низом Қосим «Шоири муҳаббату адолат», «Нуқтаҳои сабзи пайванд», «Посдори адабиёти бузург», Равшан Махсумзод «Адабиёт сарҳад надорад», Матлубаи Мирзоюнус «Дилбанди пайвандҳои адабӣ» ва ғайра масоили гуногуни робитаҳои адабии Арабу Аҷам, тоҷику ўзбек, тоҷику қазоқ, тоҷику қирғиз,  тоҷику тотор ва амсоли инро баррасӣ намудаанд.

Дар панҷ соли охир тамоюл ва равишҳои нақди адабӣ, талаботи адабиёт, вазифаву уҳдадориҳои адиб дар мусоҳибаҳои зиёди ихтисосӣ бо нависандагону шоирон ва мунаққидону адабиётшиносон низ то андозае шарҳу тавзеҳ ёфтанд.

Мақолаи ҷашнӣ ҳам аз жанрҳои маъмули нақди адабӣ ба шумор меравад, ки дар фазои адабии панҷ соли охир бозтоби хосса дорад. Мақолаҳои Абдунабӣ Сатторзода ва Низом Қосим дар бораи «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ, Юнус Юсуфӣ дар бораи Абдумалик Баҳорӣ ва осори фантастикии ў, Мисбоҳиддини Нарзиқул перомуни фазилатҳои илмии Худоӣ Шарифзода, Абдулҳамид Самад оид ба ҳаёту эҷоди мунаққиди маъруф Ҷўра Бақозода, Ато Ҳамдам бахшида ба 110-солагии Ҳабибулло Назаров, Нурмуҳаммад Табаров ва Бахтиёр Муртазоев махсуси 90-солагии Мутеъулло Наҷмиддинов, Камол Насрулло дар бораи шахсият ва фазилатҳои эҷодии Гулрухсор Сафӣ арзиши баланди илмиву адабӣ доранд.

Мақолаву ёдномаҳои Муртазо Зайниддинзода «Қиблаи умедворон» дар бораи профессор Воҳид Асрорӣ, Ҳикмат Раҳмат «Абдусалом Деҳотӣ» ва Абдулҳамид Самад «Ёднома»-ро низ метавон ба бахши адабиётшиносиву танқиди адабӣ рабт дод, зеро дар онҳо мулоҳизаҳои ҷолиби адабиётшиносӣ баён ёфтаанд.

Дар мақолаҳои Абдунабӣ Сатторзода «Суханро қудрати ҷонофарин бояд», Рустам Ваҳҳобзода «Ҳувияти адабӣ дар осори Муъмин Қаноат», Абдулҳамид Самад «Оинадори обшор», Гулназар Келдӣ «Оинаи беғубори ман», Камол Насрулло «Сухани ҷонофарин» ва ғайра бисёре аз вижагиҳои шахсияти адабӣ ва шеъри устоди зиндаёд Муъмин Қаноат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба муносибати 80-солагии Бозор Собир як силсила мақолаҳо ва хотираҳои аҳли илму адаби кишвар ба нашр расид, ки ба фазилатҳои инсонӣ ва шоирии устод ихтисос доранд. Дар мақолаи муфассали Камол Насрулло «Бозор Собир ва шеъри нави тоҷик» сухан аз нақши шоир дар навсозии шеъри муосир, вижагиҳои сабкиву ҳунарӣ ва умуман мактаби адабии ўст. Дар ин силсила як даста мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз рўзгор ва пайкори адабии устодони зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Нодир Шанбезода, Ҷумъа Одина, Ғаффор Мирзо, Тўрақул Зеҳнӣ ва дигарон ба нашр расид, ки дар баробари ифодаи арҷу эҳтиром ба шахсият ва осори ин суханварони зиндаёд бардошти нуктаҳои омўзандае аз осори онҳоро низ бозгў кард.

Ба таври умумӣ бахши танқид ва адабиётшиносӣ дар солҳои мавриди назар, ҳам аз нигоҳи фарогириву бозтоби муҳимтарин ҳодисаҳои адабӣ ва ҳам аз лиҳози нақду баррасии осори тозанашри адибон, пурбору пурғановат буд. Ҳарчанд дар ин бахш мақолаҳои сусту камарзиш ҳам чоп шуданд, дар маҷмўъ раванди рушди нақд ба мушоҳида мерасад.

Дар ин давра нақди адабӣ натанҳо дар мақолаву китобҳо ва мусоҳибаву мубоҳисаҳо, балки дар нишастҳои илмиву адабӣ ва музокираҳои донишмандону адибон низ хеле густурда мушоҳида шуд. Аз ҷумла, бо ташаббуси маҷаллаи “Садои Шарқ” дар мавзўи «Пайравӣ, назира ва сирқоти адабӣ» “мизи мудаввар” барпо гардид. Гузориши адабиётшинос Ҷамолиддини Саидзода дар он ҷолиби диққат буд. Мақолаи шоир ва мунаққиди ҷавон Муҳриддин Сабурӣ  «Баргирифтаҳои аён аз як шоири пуртавон», ки дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» чоп шуд, ҷанбаи таҳлилии хуб дошт. Бояд зикр кард, ки сирқат дар адабиёти муосир масъалаи доғ аст ва, бовар дорем, ки навиштаҳои мазкур ва таҳлилу тадқиқҳои тоза ба гирифтани пеши роҳи ин амали нангин мусоидат менамоянд.

Аз муҳимтарин ва пурбортарини нишастҳои адабии давраи мавриди назар бояд «Мушкилоти нақди адабии имрўз ва ҷалби ҷавонон ба нақди адабӣ» бошад. Дар он маърўзаи ду узви шўрои нақди адабӣ - Ҷамолиддин Саидзода ва Мисбоҳиддини Нарзиқул шунида шуд. Дар қисмати музокира Абдулҳамид Самад, Абдураҳмон Абдуманнон, Рустам Ваҳҳобзода, Қодири Рустам, Абдухолиқ Набавӣ, Ато Мирхоҷа, Шоҳзамон Раҳмон ва дигарон фикру мулоҳизаҳо иброз доштанд ва дар суҳбати ҳар кадоме равиш ва шеваҳои нақди адабии имрўз мушаххасан мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар робита мехоҳам масъалаи муҳимеро дар нақди адабии панҷ соли охир зикр бинамоям, ки бешак ба ривоҷи танқиди адабӣ мусоидат дошт. Дар ин миён силсилаи нақдҳои якҷояи шўроҳои назм ва нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки  натиҷаи фаъолияти комиссияи таҳлилу омўзиши сатҳи касбӣ ва маҳсули эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Дар силсилаи мақолаҳои интиқодие, ки дар давоми ду сол дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба табъ расид, осори даҳҳо қаламкаши тасодуфӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, аз бадеият ва камтарин арзиши адабӣ тиҳӣ будани онҳо собит гардид. Баррасӣ, таҳлил ва натиҷаи нигориш нишон медиҳад, ки бар асари саҳлангориҳо шахсони зиёди тасодуфӣ, ки ба адабиёт ҳеҷ муносибат надоранд, ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуданд ва бепарда худро ҳамчун адиб ба аҳли ҷомеа муаррифӣ намуданд.

Албатта, вақте ки Раёсати ИН ба ин кор даст зад, тасаввур мекард, ки чӣ сарусадоҳое баланд мешавад. Пешгўии Пешвои миллат – «Қадри сухани асилро паст нафуроред, ки бардоштанаш оқибат душвор мешавад» бисёр дурандешонаву барҷо баромад. Борони ғайбату туҳмату носазову ҳазёнҳои аъзои хориҷшуда ва «мухлисон»-у ҳаводоронашон дар нашрияҳои кўчабозорӣ ва интернети бесоҳибу бемасъулият ба унвони ИН, Раёсат ва роҳбарияти он чун сел ҷорӣ гашт. Сарфи назар аз иғвову ҳангомаҳо Раёсати ИН ва гурўҳи корӣ бо устувориву матонат аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи муҳим ва мушкилу масъулиянок баромаданд.

Перомуни тасмими мазкури Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва зарурати он андешаҳои адибон ва алоқамандони адабиёт ҳам нашр шудаанд. Аз ҷумла, дар мавриди зуҳури андешаи «камфаъолиятӣ ва нотавонии нақди адабӣ» марбут ба масъала посух ва пешниҳодҳои устод Абдунабӣ Сатторзода бо унвони «Сухан чун кас нахонад, мурда хонам...» чоп шуд, ки фарогири баррасии дақиқ ва нуктаҳои муҳимест. Атахон Сайфуллоев низ бо руҷўъ ба таърих ва ишора ба тасмимҳои ҳамгун дар замони раёсати устод Мирзо Турсунзода зарурати роҳи пешгирифтаи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар рўзгори мо таъкид ва онро ба манфиати адабиёту маънавияти халқ қаламдод намуд. Андешаҳои Шаҳрия Аҳтамзод, Гурез Сафар, Ҷовиди Аштӣ, Лолаи Саидакбар низ дар тақвияти мавзўи мазкур навишта шудаанд. Бознашри мақолаи Раҳим  Ҳошим «Ба қадри шеър расем» низ, ки бо таваҷҷуҳ ба мавзўи мазкур рух додааст, аз аҳаммияти масъала ва ҷиддӣ гирифтани он дарак медиҳад. Бешак, масъулин ва ҳамаи онҳое, ки дар дастгириву густариши тарҳи мазкур ширкат доштанд, дар роҳи ҳифзи ҳувияти адиби муосир ва посдории каломи мондагори адабӣ хидмати назаррасе анҷом доданд.

Мо ҳаргиз ҷонибдори чунин чораҳои қатъӣ нестем ва мехоҳем, ки раванди адабӣ - аз зуҳури адиби ҷавон то ташаккулу такомул, узви ИН шудану фаъолияти густурдатараш ҳамвору табиӣ сурат бигирад. Барои ин танҳо риояи қатъии Оиннома, қабули сифатноки аъзо ва нигаҳдошти сатҳу савияи баланди эҷодиву мавқеи сазовори шаҳрвандии онҳо, ки бояд кори ҳамешагии раҳбарият, раёсат, бахшу шўроҳои эҷодӣ ва шуъбаҳои вилоятии ИН бошад, лозим асту бас ва, умед дорем, ки дар оянда сурат мегирад.

Дар ҳошияи тозакориҳое, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар панҷ соли охир анҷом дод, нашри китоби Низом Қосим, таҳти номи «Меҳру сеҳри сухан» (2016) барои хонандаи имрўз ва хусусан адибони ҷавон бисёр судманд аст. Аз он нуктаҳои муҳимеро оид ба нозукиҳои матншиносӣ   шинохти воқеиии шахсиятҳои адабӣ метавон дарёфт.

Китобҳои Абдураҳмон Абдуманнон «Фурўғи чеҳраҳо» ва “Ламҳае ба роҳи рўзгор” услуби омехтаи илмиву бадеӣ дошта, бо шеваи салису дилнишин диққати хонандаро ҷалб мекунанд. 

«Маҷмўаи осор»-и шоиру мунаққиди маъруф Аскар Ҳаким, ки як бахши умдаашро нақду адабиётшиносӣ ташкил медиҳад, аз падидаҳои тозаи ин давра аст.

Дар панҷ соли охир ду китоби адабиётшинос ва шоир Рустам Ваҳҳобзода рўи чоп омад, ки яке ба масъалаи забон ва дигаре ба бахши шеъру шоирӣ мутааллиқанд. Дар китоби “Дуруст бинависем”-и ў иштибоҳоти зиёде, ки батакрор дар матбуот ва осори адибону олимон ба назар мерасад, баррасӣ гардидааст. Қимати бештари китоб дар он зоҳир мешавад, ки муаллиф шакли дурусту саҳеҳи калимаву ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳоро тавзеҳ додааст. Огоҳиву донише, ки рисолаи дигари ў “Шеър ва дониш” дар бораи суханварӣ ва алифбои шеъру шоирӣ ба адибони навроҳ медиҳад, камсобиқа аст. Ҳунари нигорандагӣ, тафовути шеър аз назм, шинохти дурусти шеър, ҷустуҷўҳои ҳунарӣ дар шеър аз масъалаҳои меҳварии ин китобанд.

Китоби Тоҷибой Султонӣ “Сеҳри ҳалол” силсилаи мақолаҳои муҳаққиқро роҷеъ ба осори адиибони ҳавзаи Суғд дар бар гирифтааст ва дар равнақи насру назми он саҳми босазое гузошта метавонад.

Охирин падидаи ҷолиб дар ин самт китоби пурарзиши шоири маҳбубамон Камол Насрулло “Андар шинохти шеър ва шоир” аст, ки бо забони равону ширин ва баёни содаву ҷолиб ба асли масъала дахл кардааст ва, бешак, ҷойгузини китоби дарсиест барои навқаламону шавқмандони адабиёт ва рисолаи омўзандаест барои муҳаққиқону кулли хонандагон.

Бо ин ҳама пажўҳишу таҳқиқи  илмиву адабӣ, ки аз ҷониби адабиётшиносон, муҳақиқону мунаққидон ва нависандагону шоирон анҷом дода шудааст, бо бовари комил гуфта метавонем, ки нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ нақши боризи худро дар баррасии адабиёти муосир гузошт. Аммо то ҳанўз дар раванди нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ каму костиҳое ба чашм мерасад, ки ишора ба онҳоро зарур медонем.

Ҳузури тақриз дар адабиёт беш аз пеш зарур аст, вале, мутаассифона, ин жанри адабӣ хеле кам ба чашм мерасад. Нақди осори адибон бештар якҷониба ва тавсифӣ сурат мегирад. Дар навиштаҳои донишмандон равандҳои шеъри имрўз мушаххасу пурра муайян нашудааст. Ин ҷову он ҷо зикр мешавад, ки зумрае аз шоирон, бахусус, насли ҷавон, шеърро аз зиндагии воқеӣ дур карда истодаанд, шеър дар эҷоди баъзе аз шоирон обутоби бадеии худро аз даст дода, ба каломи хушку бетаъсир табдил ёфтааст, вале асли ин масъалаҳо, сабабу оқибатҳои нохушояндашон дар навиштаҳои донишмандон бо далелу исботҳо дучор намешавад.  

Падидаи нохуше дар нақди адабӣ ба назар мерасад, ки иборат аз баёни назари сатҳӣ ва бозгўи мазмуну мундариҷаи шеър ё наср ва ситоишҳои бедалели осмонист. Чунин ҳолатҳоро бештар дар сарсухани китобҳо, мақолаҳое, ки ба зодрўзу ёдбуди адибон бахшида мешаванд, мебинем. Сабаби асосии қазоватҳои ҳавоӣ дар бораи  осори адабӣ аз як ҷиҳат аз омода набудани мунаққидон сар зада бошад, аз ҷиҳати дигар посихотирдорист, ки зарараш ба адабиёт аён аст. Ин кор, бахусус, дар мавсимҳои пешниҳоди асарҳо ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва мукофотҳои адабии ба номи Садриддин Айниву Мирзо Турсунзода авҷ мегирад Аксари мутлақи навиштаҳои ин давраҳо таҳлилӣ набуда, аз мадҳу санои холӣ иборатанд. Ин гуна тақризу мақолаҳо имконият намедиҳанд, ки арзишҳои ҳунариву ғоявии эҷодиёти шоиру нависанда ва умуман ҷараёни адабӣ воқеъбинона муайян карда шавад. Вазифа дар ин самт аз он иборат аст, ки бояд дар нақду адабиётшиносии замони нав меъёрҳо, усулҳо ва роҳу равишҳои таҳқиқи осори  бадеӣ муайян ва риоя карда шаванд.

Бино бар мулоҳизаҳои мухтасари арзшуда метавон ба ин натиҷа расид, ки сарфи назар аз камбудҳои ҷиддӣ ва инкорнопазир адабиёти асили тоҷик дар ин муддат рушду ривоҷи пурвусъату пурборе доштааст. Муҳимтар аз ҳама, пайванди адабиёт бо мардум, бо воқеияти таърихӣ ва иҷтимоии кишвар ва ҷаҳон, манфиатҳои милливу мардумӣ, завқу эҳсосу отифаи солими инсонӣ, анъанаҳо ва суннатҳои хуби адабиёти қадиму муосир ҳифз ва ҳатто аз бисёр ҷиҳат қавитар гардидааст. Сиёсати созандаи фарҳангӣ ва эътинову эътибори хоссаи давлат ба арзишҳои инсониву миллии маънавӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва ҳунарӣ моро ба ояндаи дурахшонтари адабиётамон умедвор ва дар айни ҳол баҳри ҳифзу ривоҷи ин арзишҳо ва эҷоди асарҳои шоиста аз саҳифаҳои таърихи дуру наздик ва имрўзи халқамон беш аз пеш масъул менамояд.

Иҷмолӣ ҳам бошад, мехостам фаъолияти Хазинаи адабиёт, бахшҳои муҳосибаву хоҷагӣ, шуъбаҳои вилоятӣ, саҳми адибони хушзавқу устувормавқеъамон зикр бишавад, ки дар самти аёдату дастгирии адибони бемору барҷомонда, фаъолияти муназзами созмон, тарғиби адабиёт, афзудани саҳму эътибори адиб дар ҷомеа, тавсеаи завқу маърифат, ба қадри имкон полудаву муфид шудани шабакаҳои иҷтимоӣ саҳми арзанда доштанд.

Умедворам, ки ин маърўза дар музокираҳо идома меёбад ва аз ҷониби шумо, вакилони муҳтарами анҷуман, паҳлуҳои тозаи масъалаҳои матраҳшуда ва масоили нав зикр мешаванд.

Барои таваҷҷуҳатон ташаккур.

Низом Косим

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved