• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Аз қадимулайём орзуву ормони ҳар як халқу сарзамин доштани давлат буду ҳаст ва маҳз ҳамон халқҳое дар таърихи инсоният аз худ нақше гузоштаанд, ки давлатҳои барҷову устувор доштаанд.

 Ҳоҷат ба исбот нест, ки давлатсозӣ корест басо сангин. Бахусус имрўз, ки тартибу қоидаҳои давлатдорӣ билкул тағйир ёфтаанд, яъне, аз як тараф беҳад нозук, аз ҷониби дигар бисёр дурушту бераҳмона шудаанд. Акнун маҳз халқу давлатҳое дар саҳифаи таърих мемонанд, ки беш ва пеш аз сарвати афзун, силоҳи фаровон, лашкари бешумори сафшикан, сару сарвари арзанда, роҳбару раҳнамои заминиву замонии ватандўсту халқпарвар ва хастагинопазиру заҳматкаш, пешвои воқеан пешбину пешбаре дошта бошанд.

Имрўз ҳар давлати воқеӣ ба киштии Нуҳ монанд аст, ки бораш марзу буми аҷдодӣ, ҳастии миллат, рўҳу равони халқ, одобу ахлоқ, расму оинҳои дар тўли садсолаҳо андўхтаи мардум аст ва танҳо нохудои худододи бебок ва обутобдида метавонад ин киштиро аз байни тўфону туғёнҳои баҳри пурхавфу бими воқеият, аз даму нафаси наҳангони бераҳму бемуруввати ин баҳр эмину бешикаст ба соҳили муроди мардум бирасонад.

Имрўз чунин шахсияти баркамоли сиёсии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, Эмомалӣ Раҳмоне, ки ҷони ҷавонашро сипар карда, ин давлату миллатро аз нобудӣ раҳонд, мардумро сарҷамъ ва ба худсозиву давлатсозӣ ҳидоят намуд, кишвару миллат ва таъриху фарҳангашро ба ҷаҳону ҷаҳониён шиносонд ва маҳз бо заҳмату фидокорӣ, аз шарофати самимияти баланду одамияти бегазанд пешвои ҳақиқии миллат гардид; Эмомалӣ Раҳмоне, ки баъди сарвари кишвари харобу ҷангзада ва мардуми хору низор интихоб шудан аввалсуханаш аз сулҳ буд, аз сарҷамъии миллати пароканда буд ва ин ҳама барномаву ваъдаҳояшро дар як муддати кўтоҳ ҷавонмардонаву давлатмардона ба иҷро расонд; Эмомалӣ Раҳмоне, ки ниҳодҳои азбайнрафтаи давлатро барқарор ва қонуниятро, ки ҷавҳари ҳастии ҳар давлат аст, ҷорӣ намуд, Эмомалӣ Раҳмоне, ки хазинаи аз ҷониби гушнагиву гушнагон ғоратшудаи давлатро аз нав пур карда, дастархони мардуми дар ҷустуҷўи нон сарсонро боз пурнозу неъмат сохт, Эмомалӣ Раҳмоне, ки ҳазорон ятимону бебизоатонро дар шахси худ ба доштани соҳиби ғамхору сарпарасти масъулиятшинос дилпур гардонд; Эмомалӣ Раҳмоне, ки роҳҳои асливу маҷозии халқу кишварашро ба сўи дунё кушода, мардумашро зери Парчами парафшону зебои Ватан ва ғулғулаи Суруди миллии дилрабои арзандаи ҳар анҷуман ба худшиносиву ҷаҳоншиносӣ ҳидоят намуд, Эмомалӣ Раҳмоне, ки мамлакати аз офатҳо бенургаштаву хазонрасидаашро нурборону гулафшон кард. Муҳимтар аз ҳама, бо эътиқоду эътимод ба халқу Ватани хеш бовару дилпурии халқи Ватанашро ба Ватан, ба давлату давлатдорӣ, ба ояндаи зебову гуворо зинда кард.

Фикри камина ин аст, ки дар чунин марҳилаи бисёр мушкилу пурмасъулият фармони муқаддасу такдирсози давлатдориро маҳз ба чунин шахсият бовар кардан мумкин аст. Мутмаинам, ки ин Пешвои ҳақиқатан мардумӣ бо маҳбубияти воқеие, ки дар байни миллионҳо нафар сокинони кишвару ҳамватанони бурунмарзиамон дорад, бо самимияту одамияти азалие, ки хоси сиришту табиати ўянд, бо таҷрибаву малакаи бузурги инсониву сиёсатмадорие, ки дар мушкилтарин марҳалаи таърихи халқу кишварамон андўхтааст, бо обрўву эътиборе, ки тавассути хираду фаросати азалӣ, заҳматкашиву масъулиятшиносӣ, эҳтироми самимии халқу давлати хеш ва халқу давлатҳои дигар дар байни сарварони кишварҳои дунёи муосир сазовор ба даст овардааст, халқу давлати моро бо роҳи амну амонӣ, худафрўзиву худшиносӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба марҳилаи рушду такомули бештар хоҳад расонд.

Эътимоди комил дорам, ки дар давраи нави давлатдориамон таҳти роҳбарии сарвари озмудаи халқ натанҳо иқтисодиёти Тоҷикистон бештар рушд мекунад, натанҳо халқ серу пуртар мешавад, натанҳо соҳаҳои иҷтимоӣ мардумро аз ин зиёдтар дастгириву сарпарастӣ мекунанд, натанҳо илму адабу фарҳангамон ба дастовардҳои шоистатар ноил мегарданд, балки давлатамон дар маҷмўъ иҷтимоитар, ба халқ қаринтару қарибтар мешавад, ғами кору рўзгори шаҳрвандони қатории кишварро бештар мехўрад ва бо ин роҳ рукни мардумсолориашро, ки имрўз ҳам возеҳу равшан аст, устувортару амиқтар менамояд. Яъне, падидаҳои носозгори давлати мутамаддин – бюрократия, коррупсия, порахорӣ, фосилагирии амалдорони  давлатӣ аз шаҳрвандон, фиреби давлат, Сарвари давлат ва мардум аз ҷониби амалдорон, бекорӣ, камбизоатӣ камтару камтар мешавад ва ҷузъҳои муҳими ахлоқу суннати миллӣ – росткориву ростхорӣ, заҳмату даромади ҳалол, ба доди корафтодагон расидан, кушодадариву кушодарўӣ ва халқошноии амалдорон ба фаъолияти давлату давлатмардон бештар роҳ ёфта, ба ташаккулу такомули бештари фарҳанги миллии давлатдорӣ мусоидат мекунанд. Яъне, таҳти роҳбарии сарвари арзанда давлат бештар аз халқ мешавад ва халқ бештар бо давлат ва ин пайванди ногузири созанда омили пойдориву устувории афзунтари халқу давлатамон мегардад.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аксари мутлақи адибони мамлакат, ки ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати бунёдкоронааш борҳо хаттиву шифоҳӣ изҳори назар кардаанд, бовари комил изҳор менамоянд, ки ҳама корҳои барои халқу Ватанамон бузургу заруру муфидро маҳз зери роҳбарии минбаъдаи ин сарвари халқпарвару ватансоз имконпазиру иҷрошаванда мебинанд. Фаъолияти қаблии ў, сарнавишти пур аз саҳифаҳои дурахшонаш  ба манфиати халқу давлат гувоҳи инанд.

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе сўи Ватан боди хазон омад,

Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.

Ман аз ин сарзамин тирукамонро дур бинмудам,

Ки доим дар самояш пурҷилотирукамон бошад.

Қасам бо шири модар хўрдаамдар назди халқи хеш,

Ки бахту роҳи умраш ҳамчушири модарон бошад.

Дилу рўи кушодамро ба дунё пешкаш кардам,

Ки мулки кўчакам дар чашмидунё бекарон бошад.

Ба минбарҳои болои ҷаҳонбурдам забонамро,

Ки халқи хушзабонам бо ҷаҳоне ҳамзабон бошад.

Басо хорӣ кашида, ғунчаи уммед парвардам,

Ки хориро набинад ин диёругулфишон бошад.

Маро ҳар боғ пайғомест аз гул кардани дилҳо,

Маро ҳар мазраи сабзе зи сарсабзӣ нишон бошад.

Бувад нонрезаву нони Ватан болои чашмонам,

Дилам ҳамрози пирону аниси тифлакон бошад.

Кунам тоҷи сари дунё дилоро Тоҷикистонро,

Зи тахту тоҷи ин дунё ҳаминам ормон бошад.

Ҳадафу мароми Эмомалӣ Раҳмон аён аст – амну амонии кишвар, сериву пурии мардум, эътибору манзалати бештару сазовортари миллат, дар маҷмўъ муътабартару муаззамтар кардани мардуми ин сарзамин ва пурнуртару дурахшонтар намудани тоҷи давлати Тоҷикистон. Биёед, дар ин роҳ якрўёнаву якдилона ҳамроҳу мададгори самимии номзади арзандаамон бошем.

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved