• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Низом Қосим,

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,

Шоири халқии Тоҷикистон

 

Ҳарчанд ки дар бораи Миробид Саййидои Насафӣ маълумоти шарҳи ҳол хеле кам аст, барои муаррифии ў ба аксари хонандагон ҳоҷат нест ва, агар гоҳе ин кор ногузир бошад, хеле кўтоҳ хоҳад буд: шоири ашъори хуб.

 Агарчи, тибқи маълумотҳои андак, дар фақру эҳтиёҷ рўз гузаронида, умре аз дасти хеш нон хўрдааст, шахси бедордили натанҳо аз шеъру шоирӣ, балки аз бисёр донистаниҳои дигари барои як шоири соҳибдил зарур низ огоҳу бархурдор будааст ва он ҳама дар ашъораш гўёву равшан ва барҷову зебо таҷассум ёфтаанд. Муҳимтар аз ҳама, шеъри хосу фарқкунандае гуфтааст, ки ба зоҳиру ботин муносибу мутаносиб, латифу зариф ва дилҷўю дилрас буда, бо хондани чанд мисраъ ба кӣ нисбат доштанаш ва барои кӣ гуфта шуданаш беғалат ташхис мешавад.

Тавре ки мегўянд, ҳолномаи ҳар шоир, пеш аз ҳама, шеъри худи ўст, ки фикру зикр, эҳсосу идрок, вусъату маҳдуда, умуман буду шуди муаллифашро ифода мекунад ва барои чӣ гуна шеър будани осори Саййидои Насафӣ ва манзуру назари шоирии ў ба фармудаҳои худи шоир (дар ғазалиёташ) рў овардан беҳтар аст.

Дар баҳси азалии оё шеър зодаи заҳмати шоир аст ё фароғати шоир, Саййидо аз фикри аввал ҷонибдорӣ мекунад. Яъне, барои ў шеър ҳосили заҳмати сангин, шабзиндадориву бедорхобиҳои ногузир ва худфарсоиҳои рўҳониву ҷисмонии шоир аст. Ба ин мазмун мегўяд:

 

Саййидо, фикри ман аз шабзиндадорӣ шуд баланд,

Ҳаққи бисёр аст бо ман чашми бедори маро.

 Ҳосили ин шабзиндадориҳои шоирона дилсўзиву худафрўзии пайваста, ҳамдиливу ҳамқисматӣ бо шамъу парвона аст, ки тимсоли сўзу гудоз ва фидокориву азхудгузаштагӣ қарор гирифтаанд ва шоҳидони сўзу сози ботинии шоир низ нахуст онҳоянд:

 Ба шамъи базм имшаб арз кардам хомаи худро,

Ба бозўи пари парвона бастам номаи худро.

 Бар он аст шоир, ки ин сўзу соз, ин ҳамдамиву ҳамдилӣ бо шамъу парвона, яъне сўзу сози ногузири шоирона, барои анвори фардост ва ояндагонро ҳатман дилгармиву рўшандилӣ хоҳад бахшид:

Асари сўхтагон то ба қиёмат боқист,

Метавон шамъ барафрўхт зи хокистари мо.

 Оре, шоҳиди сўзу сози шоир танҳо шамъу парвона ва коғазу хомаи ўянд ва дар он хилвати муассир аҳволи зорашон гоҳе ба дилшикастагиву навмедӣ ҳам талқин мекунад:

 

Мекунам аз хомаи худ орзуҳои муҳол,

Аз ниҳоли хушк уммеди самар бошад маро.

 Вале алоқамандон медонанд, ки ин ҳолату эҳсоси хос шоиронае беш нест ва дар асл шоир бо хомаи хеш, бо ин ниҳоли хушк пайванди азалӣ дорад ва нек медонад, ки он бо заҳматҳои пайвастаи боғбонаш завқҳои сарсабзи фардо самар хоҳад овард.

"Саййидо, аз килки худ ҳаргиз надидам баҳрае" - боз ҳам мегўяд шоир, вале ҷои дигар ин "килки тирабахт"-ро "шамъи анҷуман", "равшангари аҳволи хеш", мўҷиби шикояти душмани оҷиз ва "мили чашми ҳасудон" медонад, ки барои як "ниҳоли хушк" ҳосили каме нест. Дар асл, ҳақ боз ба худи шоир аст, ки лавҳу қаламро бо ҳама ҷигархорагиву дилкоҳиҳояшон "қитъаи таърих"-у "шоҳиди рўзи ҷазо" мешуморад ва ҳарчанд "Бештар аҳли сухан ноком рафтанд аз ҷаҳон" гуфтааст, бо ифтихор изҳор медорад:

 Ҷуз фикри шеър пешаи мо нест, Саййидо,

Моро ба даҳр мансаби дигар надодаанд.

 Агар фикри шеър пешаву мансаб аст, ҳатман махсусияту нишона ва вазифаву масъулиятҳое ҳам дорад. Барои Саййидо, ки ба қавли худаш "хоназоди аҳли фаҳму бандаи ҳуш" аст, нишонаи боризи ин пеша маънист, чунон ки мегўяд: "Маъние дар ҳар ки мебинем, хизмат мекунем". Табиист, ки ин маънӣ бояд содаву одӣ набошад, аз ин рў, шоир "аз фикри сухан пайваста рў ба осмон" дорад, яъне, дар андешаи маънии баланду васеъ аст.

Дар робита бо нишонаҳои пешаи шоирӣ байти зерин ҳам хеле ҷолиб менамояд:

 Аз хома рехт маънии пурзўр, Саййидо,

Ин шери тундхў зи найистон баромада.

 Агар аз мантиқу таносуби мустаҳками  шеър, ки аз най будани хома ва дар найистон зистани шерро зебо бозгў мекунад, бигзарем, ба тақозои талаби дигари шоир - маънии пурзўр доштани шеър мерасем. Ин мафҳум дар байти дигар фаҳмову зебо ва амиқтару қатъитар тафсир шудааст:

 Маънии барҷастае чун сарв мебояд баланд,

Варна ҳар кас метавонад мисрае мавзун кунад.

 Ин фикр барои шеъри муосир ҳам бисёр муҳим аст, зеро ҳар рўз аз воситаҳои фаровону густурдаимкони табъу нашр бо номи шеър пораҳое пешкаши хонанда мешаванд, ки ҷуз вазнҳои дилгиру қофияҳои дилбазан аз он осоре надоранд. Ва ҳақ аст шоир, ки агар шеър маънии баланд набошад, ҳар кас, ҳар тоҷик, ки зодаи халқи табиатан шоир аст, метавонад байту мисрае бо вазну қофия бигўяд.

Байти дигари Саййидоро низ метавон бо ниёзҳои имрўз пайваст:

 Савдои мо зиёда шуд аз фикрҳои пуч,

Моро дигар хаёли тахайюл намондааст.

 Дар ҳақиқат, фикрҳои пуче, ки мавзуну муқаффо, чун шеър ба табъ мерасанд, аз нишонаи дигари ин санъати баланд - тахайюл орианд, тахайюле, ки суханро аз гапи кўчабозорӣ дур мекунад, зебу фар ва болу пар мебахшад, мўҷиби лаззату кайфият мешавад.

Албатта, барои дарки ин чиз завқу салиқаи хос ва нуктафаҳмӣ лозим аст ва агар инҳо набошанд, ба қавли Саййидо, "хосият аз хомаи сеҳрофарин"-и шоир меравад, чунки:

 Зи базми шеър набвад баҳрае афсурдатабъонро,

Бувад килки суханпардоз чун шамъи мазор ин ҷо.

 Бинобар ин, шоире, ки мегуфт: "сар ба пояш мениҳам, ҳар кас сухан мепарварад", маъюсона мефармояд:

 Аз шеъру шоирӣ нарасидам ба орзу,

Дилбастагӣ маро ба давоту қалам намонд.

 Ва ҳатто:

 Дафтари ашъори худро беҳ, ки андозам дар об,

Баски имрўз имтиёз аз нуктафаҳмон бурдаанд.

 Вале, тавре ки ишора шуд, шоирӣ барои Саййидо пеша аст, пешаи маънавӣ, пешае, ки зиндагии шахсии ўро не, маънавиёти инсонҳоро пеш мебарад. Аз ин рў, бо мушоҳидаҳои нозуку бардоштҳои латиф аз ҳар касу ҳар чизи арзандаи шеър суханҳои баланду дилписанде иқтибос мекунад:

 Ба лавҳи синаи худ нақш бастам абрўят,

Касе, ки байти накў ёфт, интихоб кунад.

 "Байти абрў" дар адабиётамон фаровон истифода шудааст, вале ҳар бор бо паҳлуи дигар ҷилва мекунад ва ин ҷо чун "байти накўи шоистаи интихоб" тозаву ҷолиб аст.

Зикри ин матлаб дар байтҳои ошиқонаи шоир боз ҳам дучор меояд ва таҷассуми таваҷҷуҳи ўст ба дилбари хушзавқи суханфаҳм:

 Аз ман он дилбар надорад чун қалам бегонагӣ,

Бо сухан азбаски табъаш ошно афтодааст.

 Оре, бояд дилбари ормонии шоире чун Саййидо натанҳо қаламабрўю хушхолухат, балки латифтабъу суханошно низ бошад, чунки, тавре худ гуфтааст, "Ҳар кас ба мо нишаст, зи аҳли сухан шавад"!

Саййидо ба қудрати пешаи шоирӣ ишораҳое дорад ва аз он ҷумла кинояташ аз теғи забон ҷолиб аст:

 Намеояд зи шамшер, он чи аз теғи забон ояд.

 Ва ё:

 Муттакои хеш аз теғи забон дорам ҳанўз.

 Эҳсоси ин қудрати созанда ба шоири қудратманд ғуруру ифтихори зебандаи шоиронае илқо мекунад, ки бозгўи бадеияшон паҳлуи дигари ақидаҳои Саййидо оид ба шеъру шоирист. Аз назари ў, шоир бояд якрўю якзабон ва дар мавқеи худ пойдору устувор бошад ва дар баҳои ҷон ҳам ин сифатҳоро аз даст надиҳад:

 Бар сари хома ниҳӣ теғ, нагардад зи забон,

Тундхўӣ натавон кард ба ҳампешаи мо.

 Дар ин роҳ ў аз ғайбату туҳмат ва носазоҳои носазоворон бок надорад ва медонад, ки дар ҳар замон посухи арзандааш ба ноқадрдонон шеъри устувору мондагор аст:

 Медиҳад килкам пас аз ман ҳарзагўёнро ҷавоб,

Ҳамчу нофармон забоне дар қафо бошад маро.

 Шоире бо чунин ғуруру ифтихор ва дарки санъату қудрати хеш ҳақ дошт бигўяд, ки:

 Маро кай метавонанд аз забонҳо ҷамъ кард акнун,

Ман он рози ниҳон будам, ки берун аз даҳан рафтам.

 Дар ҳақиқат, Саййидои Насафӣ имрўз дигар рози ниҳон не, овози аёни халқи тоҷик аст. Даҳҳо ғазали зебост, ки таронаҳои писандидаи мардум шудаанд, садҳо шоҳбайт аст, ки вирди забони ҳамагонанд, фаровон насиҳатҳову ҳикматҳоест, ки чун зарбулмасалу мақолҳои халқӣ пайваста зикр мешаванд. Месазад, ки "ин ҳайкали бузурги адабиёти асри XVII" (академик Абдулғанӣ Мирзоев) дар қатори қадрдониҳои маънавии мардум расман низ арҷгузорӣ бишавад, яъне номаш кўчае, муассисаи таълимӣ ё фарҳангиеро зеб бидиҳад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved