• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ НЕК: НАШРИ МАҚОЛА ДАР"ОБЩЕПИСАТЕЛЬСКАЯ ЛИТЕРАТУРНАЯ ГАЗЕТА"

Нашрияи "Общеписательская литературная газета"-и Русия  мақолаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим -"Надежда светлая души взволнованной моей"-ро дар тарҷумаи нависанда Мансур Суруш ба табъ расонд.

Идомаи: ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ НЕК: НАШРИ МАҚОЛА ДАР"ОБЩЕПИСАТЕЛЬСКАЯ ЛИТЕРАТУРНАЯ ГАЗЕТА"

НУРИ ҶАМОЛИ АЙНӢ

Бо иштироки адибон, донишмандон ва пайвандони устод Камол Айнӣ ба муносибати 90-солагии мавсуф дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти номи "Саҳми Камол  Айнӣ дар ҷамъоварию интишори осори устод Садриддин Айнӣ" баргузор гардид, ки дар он муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа, адабиётшинос ва шоир Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, мунаққид ва адабиётшиноси шинохта Абдураҳмони Абдуманнон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Идомаи: НУРИ ҶАМОЛИ АЙНӢ

МУЗОКИРАҲО ПЕРОМУНИ МАВЗӮИ МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИНТ: “УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН”

Абдунабӣ Сатторзода,

профессор

Раиси муҳтарам,

ҳозирони гиромӣ!

Ман ба баҳсе, ки пас аз саволҳо ба гузоришгар оғоз гардид, ворид шуданӣ нестам. Аммо ба гумонам, зарурат ба хотима бахшидан ба баҳсе, ки дар сомонаҳои интернетӣ, матбуоти даврӣ ва дар миёни аҳли илму адаб дар бораи забони форсӣ ва забони тоҷикӣ ҷараён дорад, ҳаст.То ба як қароре биёем ва ба номуайяние ва сӯъитафоҳумҳое, ки  дар замина вуҷуд дорад, хотима бубахшем.

Мехоҳам пеш аз он ки мулоҳиза ва пешниҳодҳоямро вобаста ба мавзӯи маҷлисамон арз намоям, аз як нуктае хотирнишон бикунам, ки дар мақолаам "Ҷойгоҳи устод Айнӣ дар ҷомеаи тоҷик" ҷой дошт. Ва он ин аст, ки устод Айнӣ барои мо - тоҷикон "танҳо як адиби барҷаста ё як олими забардаст ё як фарҳангии номӣ ё як рӯзноманигор ва хитобанависи маъруф ва ё як роҳбари ботадбири илму адабу мактабу маориф нест, балки болотар ва фарохтар аз ин ҳама мебошад. Ӯ ҳастии миллати мо, шаъну шарафи он, рамзи ҳунару истеъдоди волои миллати мо, намунаи хираду фаросати миллати мост"  ("Адабиёт ва санъат", 12 апрели 2018) .

Идомаи: МУЗОКИРАҲО ПЕРОМУНИ МАВЗӮИ МАҶЛИСИ САДОРАТИ ИНТ: “УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛИИ...

МАРҲАБО БА ГУЛГАШТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ МАМЛАКАТ

 

Бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ гулгашти дилрабое бунёд гардид. Гулгашт бо Муҷассамаи рамзии Китоб, қаламу давот, суҳбатгоҳи дорои нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст.

Идомаи: МАРҲАБО БА ГУЛГАШТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ МАМЛАКАТ

МУАРРИФИИ "ДАР ТАҶАЛЛИИ ОФТОБИ АЛЛОМА ИҚБОЛ"

"Дар таҷаллии офтоби аллома Иқбол"-таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи  ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар ғоиб дар Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣгардид.

  ҷамъомадро президенти Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда,  зикр кард, ки ғояи асосии ин асари тозанашр мисли дигар китобҳои шоири маъруф аз  талқини ватандӯстӣ, худшиносӣва ҳувияти миллӣиборат буда, дар замони муосир, ки худшиносии миллӣ дар мустаҳкам намудани унсурҳои давлатдории тоҷикон  мавқеи хосса дорад, хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Идомаи: МУАРРИФИИ "ДАР ТАҶАЛЛИИ ОФТОБИ АЛЛОМА ИҚБОЛ"

ТАҶЛИЛИ 90-УМИН СОЛГАРДИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН АШӮР САФАР

Дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҷашни 90-умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар баргузор гардид. Нахуст иштирокчиён аз хона-музейи шоир дидан намуда, дар пояи нимпайкарааш гулчанбар гузоштанд.

Дар чорабинӣ адибону рӯзноманигорон ва ҳунармандону адабиётшиносон аз гӯшаву канори кишвар ширкат варзида, аз ҳаёту фаъолияти шоир ҳарф заданд.

Низом Қосим, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, девони Ашӯр Сафарро муаррифӣ намуда, баён дошт, ки шоир ба адабиёт бо маҷмӯаи нахустини ашъораш - "Ибтидои роҳ" қадам гузошта, аз ҷониби мухлисони адабиёт ва устодони сухан баҳои сазоворро соҳиб гардид.

- Ашӯр Сафар аз оғоз ба назари устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Ғаффор Мирзо афтода, дар кӯтоҳтарин муддат собит намуд, ки ӯ дар эҷоди асарҳои ғиноиву ҳаҷвӣ ҷиддӣ ва масъулиятшиносу пуртакопӯст, - афзуд Низом Қосим.

Идомаи: ТАҶЛИЛИ 90-УМИН СОЛГАРДИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН АШӮР САФАР

ЧАРОҒИ РАВШАНИ МУҲАББАТ

Китоби тозанашри "Чароғи сурхи танҳоӣ"-и Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, ки рубоию дубайтӣ ва муфрадоти солҳои гуногун эҷодшудаи ӯро фаро гирифтааст, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону пажӯҳишгарон ва мухлисони шеър рӯнамоӣ шуд.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа суҳбатро бо рубоии зери Гулрусхор, ки як навъ баёнгари симои эҷодию инсонии ӯст, оғоз намуд:

Ман дар нафаси шитоби худ хоҳам зист,

Дар ҳар варақи китоби  худ хоҳам зист.

То ҳастаму ҳаст зулму зулмат ба ҷаҳон,

Дар хандаи офтоби худ хоҳам зист.

Номбурда изҳор дошт, ки устод Гулрухсор дар эҷоди рубоию дубайтӣ дасти қавӣ ва сабку маҳорати вижа дошта, аз рубоиёту дубайтиҳои мардумӣ бо огоҳии комил суд ҷустааст ва аз ин рӯ, мардум низ онҳоро хуб пазируфтаанду дӯст доштаанд. Қисмате аз рубоию дубайтиҳои ин китоб аз тарафи сарояндагони тоҷик низ суруда шудаанд.

Дар суханронии худ шоир ва пажӯҳишгари эронӣ, муаллифи пешсухани китоб Ҳасан Қарибӣ зикр намуд, ки хонандагони шеър дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои форсизабон бештаранд ва  ин аз фарҳангу маънавияти волои онҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳасан Қарибӣ дар бораи хусусиятҳои хосси ашъори "Чароғи сурхи танҳоӣ" андеша ронда, ёдовар шуд, ки имрӯз рӯзи гиромидошти Фирдавсӣ ва шеъри форсӣ мебошад ва доир шудани рӯнамоии китоби мазкур дар ин рӯз фолу рамзи нек аст.

Устод Гулрухсор бо арзи сипос ба ҳозирон баён дошт, ки "ман рубоиҳову дубайтиҳоямро аз байни халқ гирифтаам ва барои халқ гуфтаам".

Дар бораи вижагиҳои рубоию дубайтӣва муфрадоти китоб адибону донишмандон Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Ҷӯрабек Назрӣ ва дигарон бо меҳру ихлоси зиёд сухан гуфтанд.

Қироати шеър аз сӯи шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур ва ровии телевизион Бахтовари ҷамшед маҳфили рӯнамоӣ ва Рӯзи  Фирдавсиро рӯшноии бештар бахшид.

Т.  Халилӣ

ТАҶЛИЛИ 95-СОЛАГИИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ ДАР ХУҶАНД

Дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 95-солагии шоири лирик ва сарояндаи ишқ Аминҷон Шукӯҳӣ таҳти унвони «Таронасози муҳаббат» бо иштироки пайвандон, мухлисон ва аҳли илму адаб маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

 Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зикр кард, ки ҷамъомад бо мақсади тарғибу ташвиқи осори адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ташкил карда шудааст.  «Аминҷон Шукӯҳӣ яке аз устодони мумтози шеъри лирикии тоҷик ба ҳисоб рафта, аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Суруди чашмасор» соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медод».

Идомаи: ТАҶЛИЛИ 95-СОЛАГИИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ ДАР ХУҶАНД

ОИНАДОРИ ОБШОР

Абдулҳамид Самад

19.05.2018 

Тақрибан ду моҳ пеш бо Акбар Абдулло ба аёдати устод Муъмин Қаноат рафтем. Бонуяшон дарро кушоданд. Устод низ ба даҳлез баромаданд. Чеҳрааш равшан, қоматаш чун ҳамеша рост, саломатиаш беҳтар. Шод шудам, ки хабару овозаҳои нохуши кўча аз сиҳатии устод ботил будааст.

Идомаи: ОИНАДОРИ ОБШОР

ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР

Абдулҳамид Самад
Овозаи омад-омади устод Бозор Собир ба Ватан моҳҳо идома ёфт. Интизораш будем. Вале сад дареғ, ки хабари нохушу ҷонгудози маргаш расид. Шоири тавоно, рангинхаёлу озодандеш Бозор Собир дар айёми гулшукуфт ба рӯзгори пур аз талош ва шебу фарози пуразияти шоирона пас аз бемории зиёд дар Амрико падруд гуфт ва шахсияташ ба хотира, осори арзишмандаш ба сарвати адабӣ табдил ёфт. ӯ дар авҷи даврони навҷӯӣ, бедорӣ ва худшиносии аҳли қалам ба майдони сухан қадам ниҳода, якбора не, бо тамкину фурсат, бо бинишу офариниши нозук, хаёлҳои рангин, образҳои тару тоза, ангезаи эҳсосҳои нотакрор, ҷасорату ирода мавзӯъҳои ватан, модар, ишқу худшиносӣ, ҳақталошиву армонҳои миллӣ, ҷойгоҳи шахсиятҳои баруманди таърихӣ дар адабиёт ҷову мақоми уствор пайдо кард. Дар тасвири шоиронаи Бозор хасу хор, гулу гиёҳ, пайроҳа, сангу хок, абру борон, дару девору мазор... ҷону ҷилои тоза ёфтанд. Маҳз омӯзишу ҷустуҷӯйи пайваста, сари ҳар калима, ибора ва сатр заргарона нури чашм сарф кардани Бозор ӯро ба мартабаи баланди шоирӣ расонд; соҳибмактаб низ кард.

Идомаи: ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР

РАФТАСТУ МЕОЯД...


Низом Қосим

Устод Бозор Собир гӯё аслан дар дунёе бо номи Шеър таваллуд шуда буд ва батадриҷу табиӣ дар он бузург мешуду камол меёфт. 
Пайваста асрори сухан меҷуст ва суханро паҳлӯ мегардонд, то бозтоби тозаашро дарёбад. Аз куҳнагӯиву куҳнагароиҳо азалан ва амалан дилгир буд.
Дар дасти шоирии ӯ ибора ба ишора табдил мешуду ҳарф ба барф; ӯ намегуфт, ӯ меофариду офаридаҳояш зиндаву палмосиданӣ пеши назарҳо намоён мешуд. Мисраъҳояш роҳҳое буданд сӯи маънии баланду тасвироти дилписанд ва байтҳояш воқеан байт буданд - яъне, сарпаноҳи маромҳо, ормонҳо, санъатҳо, тасвирҳо, маъниҳо.

Идомаи: РАФТАСТУ МЕОЯД...

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved