• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ЁДИ ЁРОН, ЁДИ ОДАМҲОИ ХУБ

12-уми июл ба ифтихори 110-солагии шоир ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Нодир Шанбезода дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону донишмандон ва мухлисони адабиёт маҳфили ёдбуд баргузор шуд.

Дар бораи рўзгори ибратомўз ва осори арзишманди шоири зиндаёд муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа  сухан ронда, аз ошноӣ ва ҳамнишиниҳои номбурда бо устод Айнӣ ёдовар шуд ва изҳор дошт, ки Нодир Шанбезода бо фотеҳаи пири адабиёти муосирамон ба олами сухан роҳхат гирифтааст.

Идомаи: ЁДИ ЁРОН, ЁДИ ОДАМҲОИ ХУБ

ДАР ПАРТАВИ СОЗАНДАГӢ

Ситоиши ваҳдату ҳамбастагии халқ, ифтихор аз бунёди иншооти гуногун дар кишвар, бахусус НБО-и Роғун дар сархати эҷодиёти адибони тоҷик қарор дорад. Дар ин хусус китобҳои арзишманди назму наср, публитсистика солҳои охир зиёд ба табъ расиданд. Аз ҷумла, чанде пеш таҳти унвони "Нури Раҳмон" маҷмўаи шеърҳо дар бораи эҳёгари Неругоҳи барқи обии Роғун - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати бисёр зебову муҳтавои баланд ба зевари табъ ороста шуд. Китоб ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии кишварамон ба нашр расида, талошу ҷонфидоиҳо ва бунёдкориҳои Сарвари давлатро бо забони зебои шеър инъикос менамояд. Тавре ки Асадулло Раҳмонзода дар пешсухани китоб нигоштааст, шарафу ифтихори шаҳрвандию ватандорӣ ва самимияти шоирон дар ҳар саҳифаи ин маҷмўа ба таври равшан аксандоз мебошад.

Идомаи: ДАР ПАРТАВИ СОЗАНДАГӢ

ШЕЪРИ ЗИНДАГӢ

Одамоне ҳастанд, ки дар зиндагӣ бо худ рӯшноӣ мебаранд, баъд аз гузаштани умрашон низ ёдашон ба дилҳо фараҳ мебахшад. Танҳо  ба забон овардани номашон кофист, ки дар дили мо дурахше аз хотираҳои некашон ҳувайдо шавад, худ аз худ лабханд занем ва табассум дар чеҳра бишкуфад. Воқеан, фархунда шахсест, ки пас аз тарки дунё карданаш ҳам  ёдаш  дар дилҳо мунаввар аст, табъҳоро хуш, чеҳраҳоро рӯшан медорад. Устод Ашӯр Сафар, ки ба эҳтиром Мавлоно номашон мебурдем, аз ҳамон зумраанд. Ашӯр Сафар шахсияте буданд, ки бо ҳузури худ метавонистанд як ҷамъомад, як толори бузург ва ҳатто як шаҳру як вилоятро пур кунанд. Яъне, рӯшании замири ӯ, ҳузури шахсияти ӯ, каломи ҷаззобаш аз ӯ интишор меёфт ва муҳитро фаро мегирифт.

Идомаи: ШЕЪРИ ЗИНДАГӢ

ЧӢ МЕХОНӢ?-ПОРСОЛА


(боз аз ғалатҳои фаҳш дар тақвимсозӣ)

Солҳост, ки дар рӯйи мизи кормандони соҳаҳои гуногуни ҷомеа тақвимҳои рӯимизии аз ҷониби нашриёти "Шарқи озод" батабърасида гузошта мешаванд ва ҳазорҳо нафар гунаи ғалати байтҳои шоирони классикамонро аз онҳо мехонанду ҳифз менамоянд. Таҳиякунандагони ин тақвимҳо, ки аз муҳимтарин ҷузъиёти техникии шеър, ба мисли вазну қофия, огоҳӣ надоранд, бепарвоёна онҳоро ҳамасола бе таҳриру такмили ҷиддӣ интишор додаанд. Мутаассифона, абёти пурғалати ин тақвимҳо чанд сол аст, ки бетаҳриру такмил такроран чоп мешаванд. 
Ҳадафи мо баррасии тақвими соли 2017 (чопнамудаи нашриёти "Шарқи озод") аст, ки ба теъдоди 6 000 нусха интишор гардидааст. 
Қаблан як чизро бояд гуфт: Дар тақвими соли 2012, ки дар матбуот дучори танқиди шадид гардид, Умар Алӣ ба ҳайси мураттиб ва Мустафо Алихон ба ҳайси муҳаррир зикр шудаанд, аммо солҳои баъд номи мураттиб ва муҳаррир аз саҳифаҳои тақвимҳо ғайб заданд. Бо вуҷуди ин, аз рӯи ғалатнависии байтҳо ва такрори бештари онҳо аз тақвими соли 2012 маълум мегардад, ки дастандаркори тақвимҳои солҳои баъдӣ, аз ҷумла соли 2017, низ ҳамон ашхосанд.

Идомаи: ЧӢ МЕХОНӢ?-ПОРСОЛА

СУХАНРО ҚУДРАТИ ҶОНОФАРИН БОЯД

Аз даргузашти пири як зумра шоирони имрӯзи тоҷик, устод Муъмин Қаноат қариб ду моҳ гузашт. Дар ин муддати кӯтоҳ аз сӯи адибону мухлисони ашъори ӯ марсияву сӯгномаҳо ва ихлосномаҳои зиёде эҷод ва нашр шуданд, ки гувоҳи маҳбубият ва маъруфияти камназири шоири равоншод мебошанд. Бо аз даст додани шоири бузург қаламкашон сӯзу ҳасраташонро рӯи коғаз оварданду ихлосу муҳаббаташонро ба ӯ баён карданд.

Чанде пеш бо кӯшиши Б. Забеҳулло, Р. Давлат ва Ҳ. Акбар марсияву сӯгномаҳо ва ихлосномаҳои адибону донишмандони ватанию хориҷӣ ба сурати китоби алоҳида бо унвони "Ба дида нақши рӯйи ту" интишор ёфт ва дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд. 

Идомаи: СУХАНРО ҚУДРАТИ ҶОНОФАРИН БОЯД

СИТОРАИ "ЗУЛФ"

Ба ифтихори Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ ситорае дар кайҳон унвони "Зулф"-ро гирифт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд, ситораи мазкурро Маркази омӯзиши ҷирмҳои осмонии Лондони Англия 15 июн - дар зодрӯзи шоираи тоҷик таҳти рақами 25290_415 ба қайд гирифта, тулӯи мустақимашро дар бурҷи Gemini 06H06m48.66s ва тамоилашро 23 038'18.97 муайян намудааст.

 

ТОБИШИ ХОССАИ ШЕЪРУ СУХАН

Дар толори  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Маҷмӯаи осор"-и  7-ҷилдаи Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким  рӯнамоӣ гардид.

Дар  ин ҷамъомад олимон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон ва ҳаводорони адабиёт  иштирок  доштанд.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ   зимни муаррифии мунтахаботи мазкур нақши осори шоирро дар рушди адабиёти тоҷик сазовор арзёбӣ намуд.

Идомаи: ТОБИШИ ХОССАИ ШЕЪРУ СУХАН

ЁДЕ АЗ БОҒБОНИ ХОССАКОРИ НАСР

22-юми июни соли равон бо ибтикори шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 90-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев маҳфили адабӣ таҳти унвони "Боғбони хоссакори наср" баргузор гардид, ки дар он адибону олимон, донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва ҳаводорони насри бадеӣ ширкат варзиданд.

Идомаи: ЁДЕ АЗ БОҒБОНИ ХОССАКОРИ НАСР

ТАРАННУМГАРИ МУҲАББАТ

Дар Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 95-солагии шоири лирик ва сарояндаи ишқ Аминҷон Шукӯҳӣ таҳти унвони "Таронасози муҳаббат" бо иштироки пайвандон, мухлисон ва аҳли илму адаб маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Тавре аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ "Ховар" хабар доданд, дар маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зикр кард, ки ҷамъомад бо мақсади тарғибу ташвиқи осори адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ташкил карда шудааст.  "Аминҷон Шукӯҳӣ яке аз устодони мумтози шеъри лирикии тоҷик ба ҳисоб рафта, аввалин маҷмӯаи шеърҳояш "Суруди чашмасор" соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медод".

Идомаи: ТАРАННУМГАРИ МУҲАББАТ

РАИСИ ИНТ НИЗОМ ҚОСИМ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ “СИТОРАИ ИТТИҲОД” ГАРДИД

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Низом Қосим бо ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи Иттиҳод» қадрдонӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ хабар доданд.

 

Шӯрои тақдими ҷоизаи байнидавлатии «Ситораи Иттиҳод» барандагони ҷоизаи асосии гуманитарии ИДМ-ро барои соли 2017 эълон кард. Дар баробари шоири тоҷик Низом Қосим, инчунин дирижёр Юрий Башмет (Россия), скрипканавоз Айман Мусохоҷаева (Қазоқистон), оҳангсоз Степан Шакарян (Арманистон), филолог Наргиз Пашаева (Озарбойҷон), адабиётшинос Абдилдажан Акматалиев (Қирғизистон), қаҳрамони чоркаратаи олимпӣ оид ба биатлон Даря Домрачева (Беларус) ва физик Ион Бостан (Молдова) бо ин ҷоизаи байнидавлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Идомаи: РАИСИ ИНТ НИЗОМ ҚОСИМ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ “СИТОРАИ ИТТИҲОД” ГАРДИД

ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ НЕК: НАШРИ МАҚОЛА ДАР"ОБЩЕПИСАТЕЛЬСКАЯ ЛИТЕРАТУРНАЯ ГАЗЕТА"

Нашрияи "Общеписательская литературная газета"-и Русия  мақолаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим -"Надежда светлая души взволнованной моей"-ро дар тарҷумаи нависанда Мансур Суруш ба табъ расонд.

Идомаи: ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ НЕК: НАШРИ МАҚОЛА ДАР"ОБЩЕПИСАТЕЛЬСКАЯ ЛИТЕРАТУРНАЯ ГАЗЕТА"

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved