• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР

Абдулҳамид Самад
Овозаи омад-омади устод Бозор Собир ба Ватан моҳҳо идома ёфт. Интизораш будем. Вале сад дареғ, ки хабари нохушу ҷонгудози маргаш расид. Шоири тавоно, рангинхаёлу озодандеш Бозор Собир дар айёми гулшукуфт ба рӯзгори пур аз талош ва шебу фарози пуразияти шоирона пас аз бемории зиёд дар Амрико падруд гуфт ва шахсияташ ба хотира, осори арзишмандаш ба сарвати адабӣ табдил ёфт. ӯ дар авҷи даврони навҷӯӣ, бедорӣ ва худшиносии аҳли қалам ба майдони сухан қадам ниҳода, якбора не, бо тамкину фурсат, бо бинишу офариниши нозук, хаёлҳои рангин, образҳои тару тоза, ангезаи эҳсосҳои нотакрор, ҷасорату ирода мавзӯъҳои ватан, модар, ишқу худшиносӣ, ҳақталошиву армонҳои миллӣ, ҷойгоҳи шахсиятҳои баруманди таърихӣ дар адабиёт ҷову мақоми уствор пайдо кард. Дар тасвири шоиронаи Бозор хасу хор, гулу гиёҳ, пайроҳа, сангу хок, абру борон, дару девору мазор... ҷону ҷилои тоза ёфтанд. Маҳз омӯзишу ҷустуҷӯйи пайваста, сари ҳар калима, ибора ва сатр заргарона нури чашм сарф кардани Бозор ӯро ба мартабаи баланди шоирӣ расонд; соҳибмактаб низ кард.

Идомаи: ВАҚТИ ГУЛИ ХОР РАФТ БОЗОР

РАФТАСТУ МЕОЯД...


Низом Қосим

Устод Бозор Собир гӯё аслан дар дунёе бо номи Шеър таваллуд шуда буд ва батадриҷу табиӣ дар он бузург мешуду камол меёфт. 
Пайваста асрори сухан меҷуст ва суханро паҳлӯ мегардонд, то бозтоби тозаашро дарёбад. Аз куҳнагӯиву куҳнагароиҳо азалан ва амалан дилгир буд.
Дар дасти шоирии ӯ ибора ба ишора табдил мешуду ҳарф ба барф; ӯ намегуфт, ӯ меофариду офаридаҳояш зиндаву палмосиданӣ пеши назарҳо намоён мешуд. Мисраъҳояш роҳҳое буданд сӯи маънии баланду тасвироти дилписанд ва байтҳояш воқеан байт буданд - яъне, сарпаноҳи маромҳо, ормонҳо, санъатҳо, тасвирҳо, маъниҳо.

Идомаи: РАФТАСТУ МЕОЯД...

ЧАШМИ ГИРЁНИ ТИРЕЗАҲО

Гулназар

Ману Бозор солҳои тӯлонӣ ҳамсоя будем ва дар айёми ҳамкориамон дар идораи моҳномаи «Садои Шарқ» дар як утоқ менишастем. Вай табиатан ором ва камгап буд. Вале чашмони андешаманду ҳамеша маҳзунаш гӯё байти Хоҷа Ҳофизро пайваста такрор мекарданд:

Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
Ки ман хомӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?!

Забони шеъраш ва хаёли шоириаш аз сухангустарони дигар ба тамом фарқ мекард. Чанде аз ӯ пайравӣ карданду мекунанд. Аммо кӯшишҳояшон бебарор мондааст.

Идомаи: ЧАШМИ ГИРЁНИ ТИРЕЗАҲО

ДАР СӮГВОРИИ УСТОД БОЗОР СОБИР

Яке аз бузургтарин шоирони муосири тоҷик имрӯз аз олам даргузашт

 

“Ховар”/. Бозор Собир, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, яке аз   шинохтатарин ва дӯстдоштатарин шоирони ватансарои  тоҷик, субҳи имрӯз, соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон (ИМА) дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ваҳамдардии амиқ баён намуданд. Сарвари давлат  ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш доданд, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок супоранд.

Идомаи: ДАР СӮГВОРИИ УСТОД БОЗОР СОБИР

ҶАСАДИ БОЗОР СОБИР БА ВАТАН ОВАРДА МЕШАВАД

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш доданд, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок супоранд.

                                                                                                                                     манбаъ:http://navisandagan.tj

ТАСАЛЛИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НАЗДИКОНУ ПАЙВАНДОНИ ШОИРИ МАЪРУФИ ТОҶИК БОЗОР СОБИР

 

Имрӯз 1 майи соли 2018 соати 5-у 10 дақиқаи вақти Душанбе шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, аз олам даргузашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст.

Идомаи: ТАСАЛЛИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НАЗДИКОНУ ПАЙВАНДОНИ ШОИРИ МАЪРУФИ ТОҶИК БОЗОР СОБИР

САВГАНДИ НАВРЎЗ

Низом ҚОСИМ

Наврўзу адабиёт азалан тавъаманд - Наврўзи аҷдодӣ асрҳои аср илҳомбахшу рўҳафзои адибон будааст ва  адибон садсолаҳо ин ганҷинаи пурбаҳои маънавиро дар сурудаҳояшон зинда нигоҳ доштаву то ба имрўз расондаанд.

Лекин асли ҳақиқат ин аст, ки Наврўз маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва аз шарофати сиёсати миллатдўстонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеан эҳё гардид ва бо ҳама рангҳои рангинкамони айёми баҳорон ҷилвагар шуд. Чунки Наврўз худ ҳам моҳиятан истиқлолият аст, истиқлолияти маънавие, ки дар сармоҳои тўлониву дарозои зулмонии таърих халқи моро барҷо нигоҳ дошт ва барпову болодаст то истиқлолияти воқеии сиёсиаш оварда расонд.

Идомаи: САВГАНДИ НАВРЎЗ

ДУ ҲАМБОЛЕМУ ҲАМПАЙМОН

Ҳангоме ки роҳбарони ду кишавари ҳамсояву дӯст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев тукмаи рамзиро пахш карданд ва қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг боз гардид ва қаторҳо ба ҷунбиш омаданд, тирамоҳони дери соли 2015 дар даромади нақби Шаҳристон ба ёдам омад. Он вақт мо дар Рӯзи гиромидошти Парчами миллӣ назди сарбозон ба ноҳияҳои Шаҳристону Ғончӣ рафта будем. Ду рӯз пас дар бозгашт беш аз як соат дар даҳани нақб интизор истодем, роҳ банд буд, мегуфтанд мошинҳои бузурге, ки таҷҳизоти неругоҳи Роғунро мебаранд, дар дохил банд мондаанд, бор ба сақф хӯрдааст, онро фаровардаву илоҷе карда берун мебароранд, бозпас ба мошинҳо бор кардаву роҳро идома медиҳанд. Он рӯзҳо роҳи оҳанро баста буданду қаторҳои моро, ки ба Роғун таҷҳизот меовард, намегузоштанд ба Тоҷикистон дарояд. Ночор борро ба Хуҷанд бурдаву сипас ба воситаи мошин ба маҳали сохтмон меоварданд. Душвориҳои зиёде дар ин самт пеш меомад,  гоҳе мардум рӯҳафтодаву ноумед низ мегаштанд, аммо Роҳбари давлати мо ҳамеша бо бовар таъкид мекарданд, ки мо ҳатман Роғунро месозем, чораи дигар надорем.

Идомаи: ДУ ҲАМБОЛЕМУ ҲАМПАЙМОН

ФОТЕҲИ ҚАЛБИ РОҒУН

Бахтиёр МУРТАЗО

 

 Алиҷон Каримович он рӯзро ҳаргиз фаромӯш накардааст. Магар чунин рӯзи маҳшарро аз ёд баровардан  мумкин аст? Зинҳор имкон надорад. Ягон бинокори асили сохтмони  неругоҳи барқи обии Роғун ин воқеаи мудҳишро аз хотираш зудуда наметавонад.

Он вақт ҳам Алиҷон Каримович бар дӯш вазифаи масъулиятноке дошт, ба мудирияти неругоҳи  Роғун роҳбарӣ мекард.

Идомаи: ФОТЕҲИ ҚАЛБИ РОҒУН

ҶАЗБАИ МЕҲРИ БУЗУРГ

Чанде пеш бо унвони "Тенгдошлар" ("Ҳамсолон") дар нашриёти "Истеъдод" маҷмӯаи шеърҳои шоирони ҷавони тоҷик ба забони ӯзбекӣ интишор ёфт. Пештар аз ин дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд афсонаҳои халқи тоҷик дар тарҷумаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Амонбой Ҷуманов ба табъ расида буд. Ҳамзамон дар тарҷумаи ҳамин адиб китоби "Корномаи Эмомалӣ Раҳмон"-и Леонид Чигрин ва Ато Ҳамдам низ ба дасти хонандагони ӯзбек расид.

Идомаи: ҶАЗБАИ МЕҲРИ БУЗУРГ

ЧОПИ АШЪОРИ ШОИРОНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД

 

Таваҷҷуҳи Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба тарҷумаву нашри осори адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ далели меҳру муҳаббатамон ба мардуми кишвари дӯст мебошад. То кунун ин Марказ беш аз ҳар забони дигаре намунаи осори адибони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Ҳоло хушхабар расид, ки маҷмӯаи дастаҷамъии шоирони тоҷик Лоиқ Шералӣ, Ашӯр Сафар, Низом Қосим ва Рустам Ваҳҳобзода дар шаҳри Тошканд ба забони ӯзбекӣ интишор ёфтанд.

Оре, баҳори дӯстию бародарии тоҷикону ӯзбекон ҳамеша сабзу хуррам хоҳад монд.

Подкатегории

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved