ё худ андешаҳо баъд аз мутолиаи рисолаи
устод Садрӣ Саъдиев
Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори улуми филологӣ, профессор Садрӣ Саъдиев зиёда аз сӣ сол боз дар Самарқанд машғули эҷод буда, дар ин муддат ба соҳаи мазкур саҳми босазое гузоштааст. Таълифоте, ки устод дар ин муддат анҷом додааст, аз қабили рисолаҳои «Адабиёти тоҷик» (асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX), «Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ», «Инъикоси ҳаёти халқ дар адабиёти тоҷики асри XVII», «Нақшбандия ва таъсири он ба адабиёт», «Тамоюлҳои асосии мазмуни ғоявии адабиёти тоҷики асри XII», «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих» ва ғайра дар раванди ҷустуҷӯҳои илмии адабиётшиносии муосир қарор гирифтаанд.
Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Озодандешӣ дар осори Ҷумъа Одина» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва дигар намояндагони илму адаб иштирок доштанд.
Идомаи: НИЗОМ ҚОСИМ: «90-СОЛАГИИ ҶУМЪА ОДИНА БО ШУКӯҲУ ШАҲОМАТИ ХОССА ТАҶЛИЛ ХОҲАД ГАШТ»
Ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон АМИТ «Ховар» ба Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» 300 нусха китоб ҳадя намуд
Тавре пештар хабар додем, ба ифтихори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид. Ҷиҳати татбиқи амалии ин озмун имрӯз АМИТ «Ховар» ба МД Маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” 300 нусха китоб ҳалдя намуд.
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии академики АИ ҶТ, Ходими хизматнишондодаи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Ўзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино АбдулҒанӣ Мирзоев маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Дар сиёсати ҳамарўзаи давлатдорӣ низ рухдодҳое ҳастанд, ки аз рўйи моҳияту таъсир ба ҳаёти моддию маънавии халқ ва шууру рўҳияи шаҳрвандон мақоми муҳим пайдо мекунанд ва ҷузъи кору рўзгорашон мешаванд. Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷумлаи чунин рухдодҳои муҳим аст, ки дар анҷоми ҳар сол дастовардҳоро зикру таҳлил ва тарҳи бунёдкориҳои ояндаро муайян мекунад.
Суханронии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии "Роғун" 16. 11. 2018, шаҳри Роғун
Ҳамватанони азиз!
Бунёдкорони Неругоҳи барқи обии "Роғун"!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар - ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат - Неругоҳи барқи обии "Роғун" ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид.
Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад.
Ба ин муносибат кулли сокинони мамлакат ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона ва сидқан табрик менамоям.
Дар қароргоҳи бинокорон мулоқоти навбатии аҳли адабу ҳунар, олимону ходимони соҳаҳои гуногун бо заҳматкашони НБО-и Роғун љараён дошт. Шеърхонии шоирону рақсу таронаҳои ҳофизони Филармонияи давлатии Тољикистон, ҳарфҳои самимию илҳомбахши меҳмонон коргарону мутахассисонро оҳиста-оҳиста љазб менамуд. Маҳфил серодамтар, шодию тараб бештар эҳсос мегардид. Меҳмонону мизбонон либоси коргарӣ ба тан доштанд. Фарқ кардан мушкил буд, ки киҳо бинокорони ҳақиқӣ ҳастанду киҳо меҳмонанд. Шоирону нависандагон, рўзноманигорон, вакилони парлумон, як гурўҳ собиқадорони муҳтарами љумҳурӣ бо рўҳи болида ва ифтихор лаҳзае дар қатори бетонрезону нақбканон, ронандагони "Белаз"-у булдозерҳои қудратманд, муҳандисону лоиҳакашон, дар маљмўъ, бинокорони Неругоҳи барқи обии Роғун худро дар бунёди ин кохи нури замон саҳмгузор ҳис мекарданд.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистонро рангҳои ишқу умеду шукуфоӣ арзёбӣ мекунад
Парчам давлатии мо, парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар канори Қасри миллат, дар баландии эътимоду эътиқод, дар замини меҳр ва зербуни муҳаббати мо сар ба осмонҳо афрохтааст…
Парчаме, ки рамзи муқаддаси озодӣ ва ҳувияти миллии халқи куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик аст;
Парчаме, ки намои дурахшон ва оинаи мусаффои таърихи ҳазоронсолаи халқи маърифатофар ва башардӯсти мост;
Ба тахмин ҳамин ду ҳафта пеш телефонӣ суҳбат доштем. Ҳофизи ҷавони боистеъдод Тулқун Тоҷибоев як таронаашро барои барномаи муҳимми сиёсию фарҳангие ба оҳанг дароварда буд ва баъди баррасии ҳайати эҷодӣ бо мақсади хушоҳангии бештари суруд чанд калима бояд бознигарӣ мешуд. Нурмуҳаммад телефонӣ гуфт, ки дар беморхона аст, барояд, мебинад ё шеъри нав менависад. Гуфтам, ки зуд таҳрир кардан лозим, ки аз барнома наафтад. "Набошад, худат бин, - гуфт ба оҳанги хоси худ, - мабодо ту ҳам ба беморхона афтода монӣ, ман ягон шеъратро дуруст мекунам!"
Ба ифтихори 160-солагии Шамсиддин Шоҳин конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмиву адабӣ ба ифтихори 160 — солагии яке аз шоирони номвари нимаи дуюми асри Х1Х тоҷик Шамсиддин махдуми Шоҳин таҳти унвони «Шамсиддин Шоҳин ва адабиёти тоҷики асри Х1Х» доир гардид. Ҳамоиш бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ, Маркази мероси хаттии АИ ҶТ ташкил гардида, дар ду бахш-забон ва адабиёт, таърих ва фарҳанг давоми рӯз ҷараён мегирад.
Қабл аз он, ки чизе дар бораи Истиқлол ва нақши он дар ибтикороти адибони Хатлон бинависам, мехоҳам воқеаеро аз рўзгори худ нақл намоям, ки шояд як андоза рўҳияи истиқлолхоҳ доштани ҷавонони тоҷикро дар солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шўравӣ баён намояд.
Copyright © 2017. All rights Reserved