Нашриёти “Эр-граф” қисми сеюми романи таърихии адиби шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Ато Мирхоҷаро аз чоп баровард.
26-уми феврали соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода конфронси илмиву адабӣ баргузор шуд. Дар конфронс аҳли илму адаб, донишҷўёну алоқамандони адабиёт ҳузур доштанд.
Аз тариқи нашриёти «Балоғат» маҷмўаи мақолаҳои мунаққиди ҷавону пуркор Муҳриддин Сабурӣ зери унвони «Шеър дар мизони ҳунар» ба нашр расид.
Падидаи гароне, ки имрўз ба рушди давлатҳо ва ҳаёти инсонҳо хатар эҷод мекунад, ифротгароӣ ва терроризм мебошад. «Tеrrоr» - «тарсу ваҳм», ба воситаи куштор, таркиш, ки боиси марги даҳҳо инсон ме- шавад, байни ҷомеа даҳшат ангехтан аст. Созмонҳои минтақавӣ ё дохилии як кишвар алайҳи як гурўҳи сиёсатмадорон ё шикаст додани чанд кишвар талош карда, ҳадафи иқтисодиву сиёсии худро дар давлатҳои абарқудрат ва кўчак, бо шиорҳои гуногуни зоҳиран некниҳод – мисли адолат, озодӣ, ҳуқуқи инсон, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи дин, поксозии дин ва ғайра пеш мебаранд, вале ба ҷои корҳои нек, созандагиву бунёдкорӣ қатл, таркиш, тазоҳуроту нофармониро истифода мебаранд. Идеологҳои созмони террористӣ аввал дар рўҳияи ҷавонҳо таркиш ба амал меоранд ва бо ташвиқ то ҳадди маргталабӣ мерасонанд. Дар натиҷа, аъзои созмони террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд, ҳам сабаби қатли садҳо ҳамдиёру ҳамдини худ мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷашни 110-солагии адиби бузург баргузор карда шавад.
4-уми феврали соли 2021 бо ибтикори бахши насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар толори хурди бо ширкати адибон, олимон, ҳаводорони осори бадеӣ ва намояндагони расонаҳо маҳфили ёдбуди нависандаи зиндаёд Муҳаммадзамони Солеҳ баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти эҷодии адиб ва ҷойгоҳи ў дар насри муосири тоҷик изҳори назар намуд.
Баъдан Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, Абдулмуъмин Шарифӣ як пора аз романи «Девори Хуросон»-ро қироат намуд. Қироат дар зеҳнҳо андешаеро бедор кард, ки шодравон Мухаммадзамони Солеҳ, воқеан ҳам, тафаккури фароху услуби волои баён дошту донандаи хуби таъриху ҳикмату фалсафа буд. Сипас донишманди ҷавон, пажўҳишгари осори адиб Абдуҷалили Амон дар мавзўи « Вижагиҳои насри Муҳаммадзамони Солеҳ» ва нависандаву адабиётшиноси шинохта Қодири Рустам дар мавзўи «Нависандаи мутафаккир» маърўзаҳои пурмуҳтавои худро ироа намуданд.
9 феврали соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Тоҷикистон ба муносибати 580-солагии Мир Алишери Навоӣ маҳфили илмиву адабӣ баргузор шуд. Дар маҳфил Сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии Ўзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, кормандони масъули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар қаламкашон иштирок доштанд.
Чанде пеш аз шаҳри Маскави Федератсия Русия ба мо навиди хурсандибахш расид. Акбар Абдулло, шоири тоҷик, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, барои тарҷумаи навиштаҳои адибони рус ба забони тоҷикӣ ва маҷмўаи шеърҳояш ба забони русӣ бо дипломи фахрӣ ва медали ба номи Лев Николаевич Толстой сарфароз гардонида шуд.
«АС»
Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дар соли барои мардуми Тоҷикистон таърихӣ, яъне таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи кишвар ироа гардид. Ҳамагон интизор буданд, ки дар ин соли таърихӣ Сардори давлат дар Паёми хеш кадом нуктаҳоро махсус зикр хоҳад кард.
2 феврали соли равон дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии ДМТ ва ИНТ таҳти унвони «Адабиётшиносӣ ва нақди матн дар замони Истиқлол» барпо гардид. Конфронсро декани факултаи филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз бахшид. Муовини ректори ДМТ оид ба илм Сафармамад Сафармамадов аз номи раёсати таълимгоҳи бузургтарини мамлакат баргузории ин чорабинии илмиро, ки ба 75-умин зодрўзи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, адабиётшиноси маъруф Аламхон Кўчарзода бахшида шудааст, ба иштироккунандагон шодбош гуфт.
Чанде пеш дар Хонаи кинои «Зебунисо»-и пойтахт маҳфили адабии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон баргузор гардид. Дар оғоз филми мустанаде бо номи «Устод Сорбон», ки аз ҷониби коргардони ҷавон Тоҳири Назар таҳия шудааст, намоиш дода шуд. Дар филм пораҳои ҷолибе аз ҳаёти нависанда сабт шудаанд, ки бинандагонро бо рамзу рози эҷодиёти ў ошно мекунанд.
Copyright © 2017. All rights Reserved