• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Нависандаи равоншод дар самти таҳқиқу пажўҳиш низ машғул шуда, осори гаронарзише дар бораи эҷодиёти нависандагони машҳури эронӣ  - Содиқ Ҳидоят ва Бузург Алавӣ таълиф намудааст.

Марҳум чанд сол вазифаи раиси Анҷумани нависандагони Афғонистонро ба дўш дошт ва барои рушду равнақи адабиёти имрўзи ин кишвар корҳои хуби зиёде анҷом дод.

Хонандагони тоҷик бо намунаҳои осори ин нависанда аз тариқи нашрияҳои адабии тоҷикӣ ва китобҳои алоҳида ошноӣ пайдо кардаанд ва ҳикояҳои хубу хонданияшро ба гармӣ истиқбол намудаанд.

Ба аҳли адаб ва мардуми шарифи кишвари Афғонистон бинобар даргузашти ин нависандаи бузургу номвар изҳори таслияту ҳамдардӣ менамоем.

Ёду номаш ҳамвора азизу гиромӣ бод!

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ

НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Зебои зери хок хуфта

“Фикр мекунам, дар авохири зимистони соли 1351 буд, ки оқои Холид Рўшон – муовини Вазорати иттилоот ва фарҳанг маро ба дафтарашон хостанд ва гуфтанд, ки ба Нангарҳор биравам ва аз он ковишҳои бостоншиносик, ки дар “Ҳада” ҷараён дошт, гузорише таҳия кунам. Ҳамон рўз ҳамроҳ бо як аккос рафтам ба Ҷалолобод.

Дар “Ҳада” доктор Шоҳибойи Мустамандӣ, ки раҳбарии ковишҳоро ба дўш дошт, моро бо шодмонии фаровон пазироӣ кард ва шаберо меҳмони ў будем. Он шаб, ки дар суҳбат бо доктор Мустамандӣ ва чанд тан аз бостоншиносони ҷавони дигар сипарӣ шуд, шабе хуш ва баёдмонданӣ буд.

Дар бозгашт ба Кобул гузорише навиштам, ки ба гунаи мусаввар ва бо номи “Ҷустуҷўгарони сарват”  дар рўзномаи “Ислоҳи Анис” ба чоп расид. Ва чанде баъд “Зебои зери хок хуфта”-ро навиштам, ки дар ҳафтаномаи “Жувандун” чоп шуд ва онро ба доктор Шоҳибой Мустамандӣ эҳдо карда будам.

Акнун ки аз ғанои пуррозу рамзи “Ҳада” чизе барҷой намондааст ва он марде, ки шефтаву шайдои ваҷаб-ваҷаб хоки “Ҳада” буд, низ дигар дар миён нест, ин достонро боз ҳам бо андак дасткорӣ дар вожаҳо ба чоп месупорам, то бошад, ки ёде аз он донишимарди гиромӣ шуда бошад.

Р. З.”

 

Ба доктор Шоҳибой Мустамандӣ

Бостоншинос рўзҳои дарозеро рўи теппа, дар миёни хокҳо сипарӣ карда буд. Бо талоши хастагинопазир ковиш мекард. Мехост гузаштаеро, ки дар зери хок мадфун шуда буд, зинда созад. Мехост аз зери харворҳои хок шаҳри куҳанеро пайдо кунад. Шаҳре, ки васфи он дар китобҳои куҳан омада буд.

Рўзҳое мегузашт ва бостоншинос ҳамроҳ бо зердастонаш тўдаҳои хокро зеру рў мекард. Ҳар рўз, ки мегузашт, синаи теппа бештар аз пеш шикофта мешуд, вале чизе ба даст намеомад. Теппа ба одаме мемонд, ки ба дасти раҳзанон афтода бошад ва раҳзанон пас аз ҷустуҷўи ў ҳич чизе аз ҷайбҳояш наёбанд. Он гоҳ ин одам лабханде бизанад ва ба раҳзанон бигўяд:

-Бечораҳо!

Аммо бостоншинос дастбардор набуд. Саҳаргоҳон, ки хуршед тоза сар мезад, сўи теппа рў мениҳод. Теппа мисли деве буд, ки шаҳреро балъида бошад ва бостоншинос мехост ин шаҳрро аз шиками ў берун орад. Соатҳои дарозе кор мекард. Тўдаҳои бузурги хок аз ҷо бе ҷо мешуданд, вале асаре ба назар намерасид.

Изтироби дардноке бостоншиносро дар хобу бедорӣ ранҷ медод. Шабҳо, ки ба кулбаи чўбияш мерафт, ба танҳоӣ фикр мекард ва аз худаш мепурсид:

- Пас ин шаҳр куҷост?

Ҷавобе надошт. Теппаи гунг ва хомўш зеҳнашро парт мекард. Ба назараш меомад, теппа девест, ки шаҳри куҳанро балъидааст. Бостоншинос мўҳояшро, ки дигар хокистарӣ шуда буданд, чанг мезад ва менолид:

-Ин шаҳр куҷост? Ин шаҳр...

Аз кулбаи чўбӣ мебаромад ва канори дар меистод. Рў ба рўяш, аз хаймаҳои ҳамкоронаш, нурҳои камранге дида мешуданд. Дуртар дар миёни сиёҳии шаб ва сармои шабона теппа ором хобида мебуд. Ба назараш мерасид, ки теппа оҳиста нафас мекашид. Ба назараш меомад, теппа девест, ки шаҳрро балъидааст.

Дубора ба кулба медаромад, китобҳоро варақ мезад. Мехост китобҳо чизи бештаре бигўянд, аммо китобҳо ҳамон чизҳоеро такрор мекарданд, ки борҳо гуфта буданд. Бостоншинос замзама мекард:

- Мабодо дар ташхиси ҷой иштибоҳ карда бошам... вале ба ғайр аз ҳамин теппа шаҳр дар куҷо метавонад мадфун шуда бошад?

Андешае дар зеҳнаш мегузашт, магар бедиранг онро рад мекард:

Не, ин сайёҳи чинӣ дурўғ нагуфта... ҳар чӣ навишта, рост буда... гуфтаҳояш ҳамеша дуруст баромадаанд. Ин шаҳр ҳамин ҷоҳо вуҷуд дошта... аммо...

Боз ҳам он изтироб озораш медод:

-Мабодо дар ташхиси ҷой иштибоҳ карда бошам!

Ғолибан саросари шабро хобҳои парешон медид. Ва боз ҳам саҳаргоҳон, ки аз хоб бармехост, ба суроғи теппа мерафт. Бо хашму кина ба теппа менигарист ва хокҳоро зеру рў мекард. Хуршеди доғ дар пушташ метобид ва гоҳе дастҳояш аз бархўрд бо сангрезаҳо хунин мешуд. Вале ҳич чизе ба даст намеомад. Аз шаҳри куҳан нишоне набуд, ҳама ҷо хок мебуд ва сангрезаҳо.

***

Он шаб ҳам, ки аз кулбааш берун шуд, ҳама ҷо торик буд. Ҳамкоронаш хобида буданд. Сармои шабона бар дашту теппа густурда шуда буд. Ситораҳо дар осмони соф ва сурмаиранг бул-бул медурахшиданд. Бўи шаб ҳама ҷо печида буд, бўи як шаби ором дар миёни як дашт ба сўи теппаҳо менигарист, ки ором хобида буд ва ба назараш меомад, ки теппа нафас мекашад.

Шолашро беҳтар ба давраш печид. Ду-се гом аз кулба дур шуд ва дубора ба осмони пурситора хира гашт. Дар ин ҳол фикр кард:

-Як ҳазору панҷсад сол пеш ин ҷо шаҳри бузурге вуҷуд дошт. Он вақт ҳам ин ситораҳо ҳамин тавр медурахшиданд. Ин ҷо ва дар ин давру пеш одамҳое зиндагӣ мекарданд. Мисли ман, ки ин ҷо истодаам.

Ба зери пояш нигоҳ кард. Бо нўки пояш заминро харошид. Шеъре, ки дўст дошт, ба ёдаш омад ва як мисраъ аз онро замзама кард: “Охир ба дили хок фурў хоҳӣ шуд!”.

Андўҳе дар рагҳояш давид. Ба кулба баргашт. Китоберо бардошт ва ба хондан пардохт. Сайёҳ чунин навишта буд: “Вақте ба шаҳр омадам, воқеае шигифтангез рух дод. Зане бо корд шавҳарашро кушт. Баъд бародари шавҳари он зан занро зинда дар оташ сўхт. Ин зан зани зебое буд ва пайкараҳои қашанге месохт...”.

Бостоншинос натавонист дигар чизе бихонад. Аз худаш пурсид:

-Пас ин пайкараҳо куҷо ҳастанд?

Ду-се бор навиштаи ҷаҳонгарди чиниро хонд ва баъд ба хоб рафт. Дар хоб худашро дар шаҳре, ки зери хок мадфун шуда буд, дид. Яке ҳазору панҷсад сол пеш буд, шаҳрро наметавонист дуруст ташхис бидиҳад. Ҳама чиз мубҳам буд. Чанд сохтмони шаҳр ба тасвирҳое мемонанд, ки дар китобҳо дида буд. Сипас худашро дар хонае ёфт. Хона монанди маъбаде буд, ки чанд сол пеш дар Ҳиндустон дида буд. Бар деворҳои хона пайкараҳои гунагун насб шуда буданд. Бўи ношиносе ҳама ҷо шунида мешуд. Бостоншинос бо алоқа пайкараҳоро тамошо мекард. Ҳамон тавр ки дар Ҳиндустон, дар он маъбад тамошо карда буд. Пайкараҳои зебо ва шигифте буданд.

Ногаҳон овози поҳои бараҳнаеро рўи сангфарши маъбад шунид ва занеро дид, ки нафасзанон медавад. Зан андоми борик ва қади кашидае дошт. Пироҳане аз катони зардранг бо гулҳои сурх ба танаш буд. Мўҳои сиёҳи тирааш рўи пистонҳояш афтода буданд ва бар гардани сапедаш марҷонҳои сурхранге дида мешуданд.

Ба дунболи зан марде падидор гашт. Чеҳра ва либоси мардро ташхис наметавонист дод. Мард ҳам медавид. Баъд зан истод. Дид, ки дигар роҳи фирор надорад. Ба бунбаст расида буд.

Мард хандаи баланде сар дод, ки дар маъбад печид. Он вақт ба сўи зани зебо рафт ва бо овози тарсангезе гуфт:

-Дигар аз дастам раҳоӣ надорӣ!

Зан пас-пас рафт ва ба девор расид. Мард худашро ба ў расонд. Мехост занро ба оғўш бикашад. Ногаҳон зани зебо ханҷаре дар қалби мард фурў бурд. Мард фарёди ҳавлноке баровард ва бар замин афтод. Зан бо ханҷари хунолуд болои сари ў истода буд, ваҳшатзада хушк монда буд. Намедонист чӣ кор кунад. Ангор тилисм шуда буд.

Баъд марди дигаре аз роҳ расид. Чеҳраву либоси ин мард ҳам қобили ташхис набуд. Мард ба сўи зани зебо рафт ва гуфт:

-Ту бародарамро куштӣ... Ту ўро куштӣ!

Зан канори девор истода буд ва худашро ба девор мефишурд. Мард тозиёнае ба даст дошт. Тозиёнаро дар ҳаво такон дод ва фарёд зад:

-Туро зинда-зинда месўзонам!

Зан худашро ба девор мефишурд, лабханди аҷибе бар лабҳояш давида буд, лабханди талху шикваолуде буд. Мисли ин ки зан аз сарнавишти худаш шиква мекард.

Мард, ки наздики зани зебо расид, тозиёнаи маҳкаме бар рўи ў зад. Зарбаи сангине буд. Зан беҳуш шуд. Мард пайкари ўро гирифт ва ба сўи тўдае ҳезуме бурд, ки дар гўшае анбошта шуда буд. Пайкари занро рўи тўдаи ҳезум гузошт ва ҳезумро оташ зад. Оташ бедиранг забона кашид ва зан, ки ба ҳуш омада буд, дар миёни шуълаҳои оташ фарёдҳое риққатбор ва тарснокеро сар дод. Дар ин ҳол мард тозиёнаашро дар ҳаво такон медод ва мегуфт:

-Оташ... оташ...оташ!

Қалби бостоншинос башиддат метапид ва метарсид, ки аз паноҳгоҳаш берун ояд. Аммо як бор, ногаҳон ва беихтиёр сари мард фарёд кашид:

- Эй ситамгар... эй ситамгар!

Ва аз хоб бедор шуд. Қалбаш башиддат мезад. Гардану шонаҳояш арақ карда буданд. Рўйи бистараш нишаст ва фонусашро рўшан кард. Чеҳраи байзаишакли зани зебо ва лабханди аҷибаш ҳанўз ҳам пеши чашмаш муҷассам буд. Ва ў мекўшид ва бар ҳофизааш фишор меовард, то дарёбад, ки ин занро дар куҷо дидааст. Чизе ба ёдаш намеомад, вале фикр мекард, ки ин занро қаблан дар ҷое дидааст.

Хост фикри он занро аз зеҳнаш берун кунад. Аз худаш пурсид:

-Пас ин шаҳр куҷост?

Навиштаи ҷаҳонгарди чинӣ ба ёдаш омад: “Вақте ба шаҳр омадам, воқеаи шигифтангезе рух дод...”

Дубора ба ёди зани зебо бо чеҳраи байзаишаклаш афтод ва боз ҳам дар хаёлаш гашт:

-Ин занро ҷое дидаам!

Марҷонҳои сурхранге, ки ба гарданаш овехта буд ва мўҳои сиёҳи тирааш, ки бар пистонҳояш афтода буданд, пеши дидагони бостоншинос мерақсиданд. Боз ҳам оҳиста замзама кард:

-Ин занро куҷо дидаам?

***

Хуршед мехост ғуруб кунад. Бостоншинос ва ҳамкоронаш хаставу дармонда охирин талошҳои рўзонашонро ба кор мебурданд.

Бостоншинос дигар навмед шуда буд. Бори ғуссаи ношинохтае бар дилаш сангинӣ мекард. Заҳри талхи нокомӣ қатра-қатра дар дилаш мечакид ва дар рагҳояш месурид. Тасмим гирифта буд, ки маҳалли ковишро тағйир бидиҳад. Дигар лозим набуд вақтро зоеъ кунад. Он шаҳри куҳанро намешуд ин ҷо пайдо кард. Шаҳр бояд дар ҷои дигаре буда бошад. Дар ҷои дигаре... аммо дар куҷо?

Дар ҳамин ҳол, дар миёни сукуту хомўшии сангин ва малоловари ҳангоми ғуруб, ногаҳон яке аз аз ҳамкорони ҷавонаш ўро садо зад. Дили бостоншинос ба шиддат тапидан гирифт ва бо овози баланд пурсид:

-Чист... чӣ гап аст?

Ҳамкори ҷавонаш завқзада фарёд кашид:

-Як муҷассама!

Ҳама ба сўи соҳиби ин овоз ҳуҷум бурданд. Бостоншинос бо вуҷуди хастагии як рўзи кори тўлонӣ бо шитоб аз шеби теппа боло рафт, дар ҳоле, ки паиҳам мегуфт:

-Як муҷассама... Худоё, як муҷассама!

Нафасзанон бар ҷои он ҳамкораш нишаст ва сарашро наздик бурд ва бодиққат нигарист: қисмате аз бинӣ ва рухсори муҷассамаӣ ҳувайдо буд.

Сарашро баланд кард, ба сўи ҳамкоронаш, ки гирдаш ҳалқа зада ва худашонро хам карда буданд, то муҷассамаро бубинанд, нигарист ва завқзада гуфт:

-Як муҷассама... мебинед, як муҷассама!

Шавқу сурур дар симоҳои ҳамкорони ҷавонаш медурахшид. Ҳама шодмона лабханд мезаданд. Бостоншинос гуфт:

-Мо иштибоҳ накардаем. Шаҳри куҳан дар ҳамин ҷост!

Ва баъд тақрибан фарёд кашид:

-Шаҳри куҳан ҳамин ҷост!

Сипас бодиққат ва эҳтиёт бо корду бурсаш ба зудудани хок ва сангрезаҳо пардохт. Ҳаяҷонзада буд. Донаҳои арақ  аз шақиқаҳояш ба поён мелағзиданд ва мўҳои хокистарирангаш оҳиста такон мехўрданд.

Қисмате аз сару мўҳои муҷассама намудор шуд, муҷассамаи зане буд. Баъд як чашмаш аз зери хок баромад ва сипас лабҳояш падидор гаштанд. Ногаҳон саросари бадани бостоншиносро рихват ва сустӣ фаро гирифт. Даҳанаш хушк шуд ва дастҳояш аз кор бозмонданд. Ў дид, ки лабханди аҷибе бар лабҳои муҷассама давида буд. Мисли ҳамон лабханде буд, ки бостоншинос дар хоби дишабаш бар лабҳои он зани зебо дида буд. Лабханди талху шикваолуде буд, ангор муҷассама аз сарнавишти хеш шиква мекард.

Бостоншинос ба сўи муҷассама ишора кард. Ҳайратзада ба ҳамкоронаш нигарист ва гуфт:

-Мебинед... лабхандашро мебинед?

Баъд бо диққати бештаре ба муҷассама хира шуд ва замзама кард:

-Чунин чӣ читавр мумкин аст... Чӣ тавр мумкин аст?

Дигар ҳаво торик шуда буд. Бостоншинос хокҳои гардани муҷассамаро ҳам пок кард, дар ҳоле, ки оҳиста-оҳиста мегуфт:

-Пас марҷонҳо куҷо ҳастанд... марҷонҳо?

Яке аз ҳамкоронаш шигифтзада пурсид:

-Кадом марҷонҳо?

Бостоншинос беихтиёр ҷавоб дод:

-Марҷонҳои гарданашро мегўям... марҷонҳои гарданашро!

Ҳамкоронаш бо тааҷҷуб  ба ҳамдигар нигаристанд ва ҷуръат накарданд чизи дигаре бипурсанд. Баъд якешон гуфт:

-Дигар торик шуда... мумкин аст муҷассама хароб шавад. Бигзорем барои фардо!

Бостоншинос мутеона гуфт:

-Ҳо, бошад барои фардо... барои фардо!

Дар уфуқ абри сиёҳе намудор шуда буд. Пешбинӣ карданд, ки шаб борон хоҳад борид. Бодиққат рўи муҷассамаро бо хоки нарм пўшонданд ва болои он хаймае афроштанд. Баъд рафтанд, ки шаби пур аз шавқу ҳаяҷонеро сипарӣ кунанд.

Шомро, ки хўрданд, бостоншинос ба кулбаи чўбинаш рафт, дар ҳоле, ки пурсише дар зеҳнаш мерақсид:

-Чӣ робитае байни ин муҷассама ва хоби дишабам вуҷуд дорад?

Ҳич посух надошт. Баъд ба ин фикр афтод, ки хоб ва рӣъё чист ва оё хобҳо аз оянда хабар медиҳанд. Китобҳо ва назариётеро, ки дар бораи хоб хонда буд, ба ёд овард. Ҳич як аз китобҳо намепазируфтанд, ки хоб аз оянда хабар медиҳад. Боз ҳам аз худаш пурсид:

-Пас чаро ин лабхандро як шаб пеш дар хоб дидам?

Ба ёди хобҳои давраи кўдакияш афтод. Он вақтҳо зиёд хоб медид. Баъд, ки бузург шуд, теъдоди хобҳояш камтар гашт. Пасонтарҳо хобҳои ошиқона медид. Духтарони ҳамсояро, духтаронеро, ки дар кўчаашон буданд, ба хоб медид. Духтаронеро, ки дар кўча дўст дошт, ба таври мубҳаме ба хотир овард. Чеҳраҳои онон дар аввал мубҳаму камранг буданд, вале ором-ором рўшантар шуданд. Ҳамаро ба ёд овард. Лабханд зад. Ва сипас ногаҳон таконе хўрд ва гуфт:

-Оҳ, Худои ман... чӣ тавр мумкин аст?

Аз миёни гузаштаҳои мукаддару дарҳаму барҳам духтаре ба ёдаш омад, ки барои нахустин бор ошиқи ў шуда буд. Ҳайратзада замзама кард:

-Пас, ин ў буд... ин лабханд ҳам аз ў буд, ки дар хоб дидам?

Он вақтҳо тоза ҷавон шуда буд.Чашмҳояш ба дунболи духтарон мегаштанд. Дар ҳамсоягияшон духтаре буд, ки рўи байзаишакл ва андоми кашидае дошт. Мўҳои сиёҳу тира ва гардани сапеди духтар ўро ба сўи худашон мекашиданд. Ошиқи он духтар шуда буд. Шабҳо ўро ба хоб медид.

Муддатҳо ҳамин тавр гузашт. Намешуд ўро танҳо бубинад ва бо ў сухан гўяд. Як рўз, ки аз кўчаи тангу хилвате мегузашт, он духтарро дид. Духтар чодарашро баланд карда буд. Пироҳане аз катони зардранг бо гулҳои сурх ба тан дошт. Марҷонҳои сурхранге ҳам бар гардани сапедаш андохта буд. Вақте духтар наздики ў расид, канори девор истод. Ба девор такя дод. Мўҳои сиёҳи тирааш бар пистонҳояш афтода буданд. Он рўз натавонист чизе бигўяд. Танҳо хира-хира духтарро нигарист ва мехост ба духтар бигўяд: “Дўстат дорам!”, аммо нагуфт. Духтар ҳам чизе нагуфт, вале мисли ин ки ҳама чизро фаҳмид. Он вақт лабханди аҷибе зад, лабханди талх ва шикваолуде буд, мисли ин ки духтар аз сарнавишти худаш шиква мекард.

Ҳамин тавр аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Чанде баъд он духтарро ба шавҳар доданд. Як рўз ҳама ҷо овоза афтод, ки духтар шавҳарашро бо корд куштааст. Баъдтар духтарро қасос карданд. Бародари шавҳараш ўро сар бурид.

Бостоншинос гич шуда буд. Эҳсоси рихвати аҷибе мекард. Оҳиста гуфт:

-Пас ин ў буд, ки дар хоб дидамаш... ин лабханд ҳам аз ў буд?

Тапиши қалбаш бештар шуд ва аз худаш пурсид:

-Аммо... чаро ин муҷассама низ ҳамон лабхандро дорад... айни ҳамон лабхандро?

Ҳайратзада буд. Ором-ором гуфт:

-Ин лабханд, маънои воқеии ин лабханд чист? Чӣ робитае байни ин муҷассама ва духтаре, ки ман дўсташ доштам, вуҷуд дорад?

Ба ёдаш набиштаи ҷаҳонгарди чинӣ афтод: “Ин зан зане зебо буд ва пайкараҳои қашанге месохт.”

Аз худаш пурсид:

- Оё ин муҷассамаро ҳамон зан сохта?

- Яқинан... яқинан ҳамў сохта!

Ангушташро зери дандон гирифт:

- Вале чаро ин лабханд ҳамон лабхандест, ки он рўз бар лабҳои он духтар дидам, ки дўсташ доштам? Дар он кўчаи хилват...

Сигарете оташ зад. Ба дуди он хира шуд ва фикр кард:

Шояд ин шабоҳат маълули ваҳдат ва якрангии эҳсосоти ин ду зан бошад. Як фосилаи замонии якунимҳазорсола ду инсонро аз ҳам ҷудо сохтааст; аммо шояд дарду ғуссаи яксону ҳамонанде ҳардуро водошта, ки яксон лабханд бизананд. Шояд он зан, ки пайкарасози ҳунарманде буд, эҳсосоташро дар лабханди ин муҷассама баён кардааст? Ҳама ҳунармандон ҳамин корро мекунанд, вале ман наметавонам иддао кунам, ки ин муҷассама ба дасти ҳамон зане сохта шуда, ки ҷаҳонгарди чинӣ достони ўро овардааст.Чӣ касе бовар хоҳад кард? Ҳама масхараам мекунанд. Бо дастҳояш рўяшро пўшонд:

- Аммо, ин лабханд воқеан чи маъно дорад?

Ногаҳон бархост:

- Бояд як бори дигар бибинамаш!

Фонусро бардошт ва аз кулбаи чўбӣ баромад. Борон ба шиддат меборид. Ҳамкоронашро садо зад. Ҳама саросема ва шигифтизада омаданд. Бостоншинос гуфт:

- Муҷассамаро нам мезанад. Бояд ҳамин ҳоло берунаш кунем.

Ба сўи теппа рафтанд. Дар мағзи бостоншинос танҳо як андеша ҷавлон мекард:

- Ин лабханд чӣ маънӣ дорад? Ин лабханд чӣ маънӣ дорад?

Худаш зери хайма даромад. Хокҳои нармро пас зад ва ба кор шурўъ кард. Пас аз ҳар чанд дақиқа фонусро ба лабҳои муҷассама наздик мебурд.Муҷассама ҳамон тавр лабхандашро дошт. Лабханди аҷибе буд. Талх ва шикваолуд буд. Ангор муҷассама аз зиндагии худаш шиква мекард. Ва аммо бостоншинос мехост маънои воқеии ин лабхандро дарёбад. Дар ҳоле, ки хокҳои кунҷу канори муҷассамаро мековид ва сангрезаҳоро канор мезад, ором-ором ва нохудогоҳ замзама мекард: “Охир ба дили хок фурў хоҳӣ шуд... Охир ба дили хок...”

Овози ширраси борон дар хомўшии шаби сиёҳ, аз фосилаҳои дуру наздик шунида мешуд. Ҳар тараф борон буд. Борону сиёҳӣ. Бостоншинос бо ҳарорат ва алоқа кор мекард ва муҷассама ҳамон тавр лабхандашро бар лаб дошт. Лабханди талх ва шикваолудашро.

Саранҷом муҷассама аз гил ҷудо шуд. Танҳо як калла буду бас. Бостоншинос сари муҷассамаро бардошт ва бо худаш ба кулбаи чўбӣ бурд. Рўи миз гузошташ ва дар нури фонус ба он хира гашт. Пайкараи қашанге буд. Чеҳраи зани зебоеро нишон медод. Ранги нахудии камранге дошт.

Бостоншинос монанди гузаштаҳо бедиранг дар садади мутолиа ва баррасии хусусиятҳои таърихӣ ва ҳунарии муҷассама барнаёмад. Он чи ин бор сахт ҷалбаш карда буд, лабханде буд, ки муҷассама бар лаб дошт. Бостоншинос мекўшид дарёбад, ки ин лабханд воқеан чӣ маъное дорад. Мехост эҳсоси офаринандаи ин пайкараро дарёбад. Ба фикри духтаре афтод, ки дўсташ дошт. Баъд бархўрдашон дар он кўчаи хилват, бисёр возеҳ аз баробари дидагонаш гузашт. Он вақтҳо ҳафдаҳ сол дошт. Фикр кард:

-Зиндагӣ чи зуд мегузарад!

Ба ёди хоби дишабаш афтод. Баъд ҳикояти ҷаҳонгарди чинӣ ба ёдаш омад ва замзама кард:

- Зани бечора!

Дубора ба ёди муҷассама афтод. Бар лабҳои муҷассама даст кашид ва ором-ором гуфт:

- Оиша... Оиша!

Ва низ ба ёдаш омад, ки номи он духтаре, ки дўсташ дошт, Оиша буд. Боз ҳам гуфт:

- Оиша... Оиша ту чӣ кардӣ!

Бар лабҳои муҷассама хира шуд:

-Ин лабханд чӣ маънӣ дорад... Оиша, ин лабханди ту чи маънӣ дорад?

Боз ҳам хоби дишабашро ба ёд овард. Фикр кард, ки як ҳазору панҷсад сол пеш ин ҷо шаҳри бузурге вуҷуд дошт. Аз он замон то кунун чи қадр одамҳо зода шуда ва мурдаанд. Сараш рўи синааш хам шуд ва замзама кард:

Як рўз ман ҳам дигар вуҷуд нахоҳам дошт!

Дигар борон намеборид. Ҳама ҷо сукути маҳз буд ва хомўшӣ. Лаҳазоти дарозе ҳамин тавр монд. Шояд ҳам хобаш бурд. Як бор, ки сарашро баланд кард, дид, ки аз шишаи даричаи кулбааш нахустин ашиаи хуршед ба дарун тобидааст. Бостоншинос фикр кард:

-Ҳазор сол мешавад, ки ин хуршед ҳамин тавр тобидааст!

Чашмаш ба оинае афтод, ки бар девори кулба овезон буд. Чеҳраи худашро дар оина дид ва аз ҳайрат хушк монд. Дар оина худашро дид, ки лабханди аҷибе бар лабҳояш нақш бастааст. Ин лабханд мисли лабханди духтаре буд, ки рўзгоре дўсташ медошт ва мисли лабханди муҷассамае буд, ки зери хок берунаш оварда буд. Мисли лабханди зане буд, ки дар хоб дида будаш. Лабханди талх ва шикваолуде. Ба назари бостоншинос омад, ки аксаш дар оина, бо лабханде, ки дошт, аз сарнавишти худаш шиква мекард.

Сарашро рўи миз гузошт. Эҳсоси бехобӣ мекард. Чашмҳояшро баст ва оҳиста-оҳиста замзама кард:

-Шояд ҳамеша ҳамин тавр буд... ҳамеша...

Таҳияи Музаффар Муҳаммадӣ

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved