• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Хотиррасон мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббус ва  зери сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Дар зер таассуроти узви ҳакамони озмун, рўзноманигор ва адабиётшинос Ҳафиз Раҳмонро аз рўзи аввали даври ниҳоии озмун бо каме ихтисор пешкаши хонандагон менамоем.

- Аз пурсупоси довталабон дар рўзи аввали озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” банда ба хулосае омадам, ки имсол рақобат ҷиддӣ хоҳад шуд. Сатҳи омодагӣ баланд ва номгўи осори хондаву даркшуда даҳҳо варақ аст…

Чизи зиёде аз ин гуфтан наметавонам, чунки яке аз доваронам, аммо дар синни 9-солагӣ огоҳ будан аз осори Гёте, Лермонтов, Айтматов, Киплинг, Марк Твен, азёд донистани беш аз 2000 байт аз ашъори ба русӣ тарҷумашудаи бузургони сухан, ба забони русӣ бенуқсу тозаву озод такаллум кардани хонандаи синфи сеюм маро ниҳоят ба ваҷд овард. Сипоси беандоза ба волидонаш, ба муаллимонаш, ба мактабаш, ба пайвандонаш!

Ташкили озмун дар сатҳи олӣ буд, сипос ба Вазорати маориф ва илм, ба масъулин ва ризокорон (волонтёрро ҳамин тавр тарҷума кардаанд). Сипос ба кормандони муассиса, ки ба ҳар як ҷузъиёти озмун диққат медоданд.

Дар рўзи аввал хеле аз дўстонамро, ки кайҳо надида будам, дидам ва тамоми рўз аз ин дидорҳо хушҳол будам…

Садри ҳакамони номинаи мо устод Муртазо Зайниддинзода (мудири кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) имрўз масъулияти бештар доштанд, адолат шавад-гўён аввал талаботи низомномаро ба миён мегузоштанд, нафаре бояд наранҷад. Берун аз низомнома ҳар асаре, ки довталаб хонда бошад, суол бидиҳед мегуфтанд. Ҳама бо навбат, ҳам ба русӣ, ҳам ба тоҷикӣ имкони пурсидан муҳайё буд…

Ташаккур ба Муҳриддини Низомӣ, сарвари Донишкадаи фарҳанг ва санъат, ки бо суҳбати пурмуҳтавояшон аз адабиёт ва хушгўйиҳояшон табъи моро болида карданд. Будани ин кас дар озмун, ки донишманди дақиқназаре ҳастанд, моро ва ҳама иштирокдоронро умедвор мекунад, ки ба қавле ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид…

Боймурод Шарифзода (сарвари Пажўҳишгоҳи забону адабиёт) ва шоири номдорамон Аскар Ҳаким дар суҳбате гуфтанд, ки ҳеҷ довталабе норизо нахоҳад монд, ҳама ончунон ки мебояд, пурсида хоҳанд шуд…

Манзараи ин сўву он сў рафтану давидани довталабон, сари мавзўе баҳс кардани доварон ва дар дасти ҷавонон дидани китобро дида, рўҳам болида шуд, озмуни порсола такони ҷиддие додааст, ҷавонону наврасон аз китоб суҳбат мекунанд, китоб варақ мезананд…

Кош ин манзара тамоми сол идома мекард…

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved