• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Конфронсро декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ифтитоҳ карда, аз хидматҳои Абдуқодир Маниёзов ёдовар шуда, идомаи кори конфронс ва гардонандагии онро ба мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ Муртазо Зайниддинзода вогузор намуд. Дар конфронс маърўза ва суханронии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик М. Имомзода, ректори ДМТ, профессор Қ. Хушвахтзода, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, академики АМИТ С. Неъматуллоев, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, дотсент М. Зайниддинзода («Чароғи равшани ёдҳо»), узви вобастаи АМИТ, профессор А. Кўчарзода («Ба гетӣ мазан ҷуз ба некӣ нафас»), директори Институти забон ва адабиёт ба номи А. Рўдакӣ, дотсент Б. Шарифзода, профессор А. Сатторзода, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ А. Абдусаттор («Зинданом»), дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ А. Ализода («Бўйи ёри ошно аз ошное бишнавед») ва профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ Б. Мақсудзода («Ёде аз устод Абдуқодир Маниёзов») шунида шуд.

Қабл аз конфронс маҷмўаи “Зинданом” (Душанбе: Истеъдод, 2020. – 168 с.) ба табъ расида, ҳамчун дастовези ҷашнӣ ба иштирокчиён тақдим гардид. Ёддошту меҳрнома ва андешаву мақолаҳои дар ин маҷмўа гирдомада ба қалами донишмандони ҳамзамон ва шогирдону наздикони адабиётшиноси номдор, ровии хушбаён ва роҳбари хирадманду инсони ҳалим Абдуқодир Маниёзов ихтисос гирифтаанд.

Илҳомҷон Бобомаллаев

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved