• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Бунёди Жолаи Исфаҳонӣ яке аз бунёдҳоест, ки дар ин чанд соли охир тавонистааст мушаввиқ ва муаррифи нағзи шеъри ширини шоирони ҷавони се кишвари ҳамзабон бошад. Ва шеъри онҳоро натанҳо дар ҷуғрофиёи се кишвари форсизабон, балки дар ҷаҳон муаррифӣ намояд. Жолаи Исфаҳонӣ аз шинохтатарин шоирони порсигў аст, ки муддате дар Тоҷикистон зиндагӣ карда ва худашро тоҷик медониста ва барои Тоҷикистон ва мардуми ин диёр низ ашъори зиёду зебое сурудааст. Аз тарафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ барои ин бонуи пуровоза ва ҳамдили тоҷикон борҳо барномаи шеърхонӣ ва гиромидошт гирифта шудааст.

Дар ин шаби шеъри ширин ва баёдмонданӣ илова бар шеърхонии шоирони шинохта ва ҷавони тоҷик ва суханронии фарҳехтагону адибони се кишвари форсизабон овози рўҳнавози ҳунармандони маҳбуби дилҳои форсизабонон – Давлатманд Холов, Фурқати Саид рангу зебоии хос ба ин маҳфил бахшида буд.

Дар ибтидои ин барнома ёде аз ду чеҳраи мондагор ва ҷовиди Тоҷикистону Эрон устод Гулназар Келдӣ, шоири саршинос ва маҳбуби тоҷикон ва устод Муҳаммадризо Шаҷариён, хусрави овози Эрон шуд. Ва аз ҳар кадом аз ин ду фарзона ва фарҳехта клипи сурудхонӣ ва шеърхониҳои зебо низ пахш шуд.

Устод Рустам Ваҳҳобзода, сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ», устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва яке аз доварони ёздаҳумин ҷашнвораи имсоли Бунёди Жолаи Исфаҳонӣ аз рушди шеъри ҷавони тоҷик дар ин чанд даҳаи охир суҳбат кард. Ва авомили рушди шеъри ҷавони тоҷикро ҳимояти давлати Тоҷикистон аз истеъдодҳои ҷавон ва фазои муносибу шароити хуби даврони истиқлоли Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Дар идомаи суҳбати худ ба ҳадафмандӣ ва мушаххасгўии шеъри ҷавони тоҷик ҳамроҳ ба ҷилваҳои наву тоза ва имрўзӣ, аммо ҳамреша ва ҳамроҳ бо суннатҳои адабии шеъри классикӣ ишора кард. Ва ёдовар шуд, ки ҳарчанд дар дунёи технулужии имрўз, ки шоирони ҷавони тоҷик бо шеъри ҳамзабонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар иртибот ҳастанд ва табодули афкору андеша мекунанд ва мутаассир аз шеъри ҳамдигар ҳастанд, аммо бо ин вуҷуд дар шеъри ҷавони тоҷик вижагии хосе дида мешавад, ки махсуси шеъри тоҷик аст.

Устод Алии Деҳбошӣ, адабпажўҳ, адиб ва сардабири маҷаллаи «Бухоро» яке дигар аз суханронони ин маҳфил буд, ки аз нақши муҳим ва муассири фарҳангу забони форсӣ дар парваришу рушди шоирон дар хиттаи  форсизабонон  ёд кард. Аз фарҳангу забон ва аз ҷомеае, ки дар тўли таърих ҳамвора дўш ба дўши шоирон буда ва ба адибону шоирони худ ҳамеша аҳамият додааст. Устод Алии Деҳбошӣ аз инқилоби машрута ба унвони як таҳаввули бузург ёд кард, ки бо боз шудани дарҳои ҷаҳони Ғарб мазомини иҷтимоӣ ва ҷадиде низ вориди шеъри форсӣ шуд. Устод дар охир ба барномаҳои бештар ва баррасиҳои бештаре дар робита бо нақди адабӣ байни кишварҳои форсизабон ишора кард ва иртиботи байни се кишвари форсизабонро яке аз авомили рушди фарҳангӣ  ва адабӣ байни мардуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон донист.

 Ризо Муҳаммадӣ, шоир ва адиби тавонои Афғонистон суханрони дигаре буд, ки ба шакли мухтасар ба таърихчаи ҷараёнҳои шеъри Афғонистон пардохт. Ва адабиёти Афғонистонро пули иртиботи байни кишвари  Тоҷикистону  Эрон ва ҳадди васати байни ду ҷомеа донист. Ва аз бархе адибону шоирони тоҷик ва эронӣ ёд кард, ки ҳузурашон дар Афғонистон боиси маҷоли муаррифӣ ва имкони табодули таҷриба ва таъсири афкори байни се ҷомеа будааст, ки ҷилваҳое аз ин таъсирпазирии шоирони ҳамзабонро дар шеъри се кишвар метавон дид. Илова  бар ин, ба нуктаи хеле муҳим, яъне сабки тозае, ки метавон онро шеваи Шавкати  Бухороӣ ё сабки ҳиндии Фарорўд донист, ишора кард, ки ба печидагӣ ва розомезии сабки ҳиндӣ ё мактаби Исфаҳон нест. Чунин нуктае албатта дар оянда метавонад мавзўи хубе барои муҳаққиқон ва пажўҳишгарони адабиёт бошад. Дар идомаи суҳбат Р. Муҳаммадӣ аз шоирони Эрон ва Тоҷикистон ёд кард, ки ҷараёни воҳиди форсиро шакл додаанд, ба хсус Жолаи фақид, ки ҳалқаи васли ин давра буд. Дар охир устод шеъри форсии Афғонистонро баъд аз ҷанг як масири тоза донист, ки бо шефта шудан ба адабиёти тоҷик ва Эрон ҳувияти мустақили худро бозёфтааст.

Пас аз суханрониҳо навбат ба шеъру мусиқии асили тоҷик расид. Садои ду ҳунарманд ва мусиқинавоз ва хонандаи маҳбуби форсизабонон – Давлатманд Холов ва Фурқати Саид баъд аз суханрониҳояшон ва ёд кардан аз хотироти шаҳри Шероз ва шеъри Шаҳриёру мусиқии тоҷикӣ ва шеъри форсӣ тамоми бинандагон ва шунавандагони азизро ба ваҷд оварда буд.

Дар бахши шеърхонӣ низ шоирони шинохта ва ҷавони тоҷик – хонум Фарзонаи Хуҷандӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Фирдавси Аъзам ва Рустами Аҷамӣ ба шеърхонӣ пардохтанд.

Бояд гуфт, ки шеъри тоҷик дар тўли таърихи худ фарозу нишебҳоеро тай кардааст. Донишмандон ва адибони тоҷик ва ғайритоҷик бо таваҷҷуҳ ба ду рўйкарди берунӣ ва дарунии  шеъри сад соли ахири шеъри тоҷикро ба чанд давра дастабандӣ кардаанд. Бархе аз ин пажўҳишгарон натанҳо ба рўйкарди берунии шеър, яъне авомили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва таърихии шеър пардохтаанд. Бархе низ ба рўйкарди дарунӣ, яъне муҳтаво ва қаволиби шеърӣ ва аносири истифодашуда дар шеър ишора кардаанд. Ва бархе низ ба ҳарду рўйкард, яъне авомили берунӣ ва дарунӣ. Ин даврабандиҳо аз 4 давра то 8 давраро дар бар мегиранд. Аммо он чи барои аҳли адаб маълум аст, назари воҳиде низ дар нахустин шаклгирии ҷараёни шеъри тоҷик дида мешавад. Шурўи ин ҷараён қабл аз вуруди Русия ба Осиёи Марказӣ аст. Ин ҷараёни ба ном ҷунбиши равшангарӣ, ки дар Тоҷикистон ба ҷараёни маорифпарварӣ машҳур аст, ҳудуди авохири садаи 19 шурўъ мешавад. Ҳадафи ин ҷунбиш мубориза бо ҷаҳлу ҷаҳолат буда ва таваҷҷуҳ ба донишу илм ва тарвиҷи он дар Бухорои шариф.  Бунмояҳои шеъри ин давра ба фармудаи устод Айнӣ мазомине ҳамчун Ватан, маориф, дониш ва миллат будааст.

 

Рустами АҷамӢ,

ходими калони илмии Академияи миллии

  илмҳои Тоҷикистон  

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved