• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

16 ноябр, дар Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки зимни он Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 70 000 cомонӣ ба Далер Тиллоев аз шаҳри Душанбе аз  номинатсияи композиторӣ  дар жанри академӣ  супорида шуд. Аъзои ҳакамон баъд аз се даври озмун беҳтарин истеъдодҳоро аз рўйи се номинатсия - композиторӣ (оҳангсозӣ),  сарояндагӣ, навозандагӣ муайян намуданд. Дар умум ба 65 нафар иштирокчиёни имсола аз рўи жанрҳо (аз ҷойи якум то панҷум) аз  15 000 сомонӣ то 50 000 сомонӣ тақдим намуданд. Инчунин ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Дар маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» барои дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандўстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шуда буд. Тайи ду сол аст, ки ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Озмун аз ноҳия оғоз гардида, то сатҳи вилояту ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрўз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд».

Мавриди зикр аст, ки дар барномаи консертии озмуни мазкур суруду оҳангҳое, ки тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон буданд, пешкаш гардиданд.

Бояд таъкид дошт, ки ҳар номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, зимни  иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг аз ҷониби аъзои ҳакамон ба инобат гирифта шуд.

 Дар ин ду сол ба озмун суруд ва оҳангҳои тозаэҷод, асарҳои нави композиторони ватанӣ, ҳамзамон беҳтарин осори мусиқии классикии ҷаҳонӣ, намунаҳои олии мусиқии анъанавӣ (мақомхониву фалаксароӣ), инчунин овозхонии академӣ (вокал) пешниҳод гардиданд.

Фарқияти низомномаи имсола аз озмуни соли гузашта дар он аст, ки имсол аз рўи ҳар жанри он 9 нафар ғолиб муайн гардид ва  омўзгорон ва устодоне, ки шогирдонашон ғолиб гардиданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд карда мешаванд. Инчунин  ғолибони озмун ҳуқуқи иштирокро дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуданд.

Масъулони баргузории озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин  Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила барои баргузории озмун мусоидат намуда, дар тарғиб, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод ба озмун чораҷўӣ намуданд.

Маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»  2 140 000   (ду миллиону яксаду чил ҳазор)  сомониро ташкил медиҳад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved