• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

  

 

Шамсӣ Қиёмов 1 январи соли 1920 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Падараш Қиёмиддин шахси бофарҳанг ва бомаърифат буд ва бо шоирон, олимон ва санъаткорони замони худ шиносоии наздик дошт. Ин буд, ки дар хонааш зуд- зуд  маҳфилҳои адабӣ  мегузаштанд.Муҳити адабӣ ва фарҳангии хонаи падар ба Шамсии наврас  бетаъсир намонд. Ў баъди хатми синфи панҷи мактаби миёнаи нопурра  ба Омўзишгоҳи  педагогии шаҳри Самарқанд дохил шуд. Бинои омўзишгоҳ дар паҳлуи Театри драмавии Самарқанд ҷой дошт. Маъмурияти театр шогирдони наврасу ҷавонро зуд- зуд ба тамошои консерту спектаклҳо даъват мекарданд. Шамсӣ ҳамаи барномаҳои театрро тамошо карда, аз бозии табиии ҳунарпешаҳо хеле ба ҳаяҷон меомад.

Соли 1936 роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати театрии Москва (маъруф ба номи ГИТИС) ба ду ҷавони толибилми тоҷик супориш доданд, ки ҳамроҳашон аз Душанбе писарону духтарони болаёқат ва саҳназебро ба Москва биёранд. Шамсӣ аз имтиҳон гузашт ва ўро ҳамроҳи дигар толибилмон барои таҳсил ба факултети актёрии Студияи тоҷикии ГИТИС мефиристанд. Ҳамин тавр, ҷавони ташнаи илму ҳунар солҳои 1936- 1941 дар ин даргоҳи бонуфузи ҳунар дар гурўҳи эҷодии Артисти халқии СССР М. Ф. Астангов таҳсил кард.

Маъмурияти Театри Лоҳутӣ аввалин актёрҳои касбии маълумоти олидорро хеле хуб қабул карданд. Дар оғоз, соли 1941 ў ҳамчун актёр ба кор шурўъ намуд. Нақшаҳои аввалинаш Фрондосо аз «Лауренсия»- и Лопе де Вега режиссёр В. С. Кансел (нахустнамоишаш 9 ноябри соли 1942), Родриго аз фоҷиаи «Отелло»-и Шекспир, Хлестаков аз «Ревизор»-и Н. В. Гогол, Суҳроб аз «Рустам ва Суҳроб»- и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн, Саттор аз «Арўси панҷсўма»-и М. Урдубодӣ,  летейнант Полевой аз «Табаддулот», Абдувалӣ аз драмаи «Дар оташ»-и С. Улуғзода, Сейран аз «Номуси оила»- и Г. Мухторов ва ғайра мебошанд.

Шамсии ҷавон худро хушбахт меҳисобид, ки дар Театри овозадори Лоҳутӣ бо поягузорони театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, София Тўйбоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Гулчеҳра Бақоева,  Муҳаммадҷон Халилов, Туҳфа Фозилова, Санавбар Бақоева, Усмон Мирсалимов ва дигарон ҳамкору ҳамнишин буду аз ин санъаткорони бузург нозукиҳои касби актёрӣ ва режиссёриро омўхтааст.

Бояд қайд кард, ки давоми солҳо актёри ҷавон Қиёмов нақши Хлестаковро аз асари Н. В. Гогол- «Ревизор» се маротиба бозӣ кардааст. Бори аввал ин нақшро ҳангоми донишҷўйӣ  дар саҳнаи Институти давлатии санъати театри Москва – ГИТИС, бори  дуюм дар Театри Лоҳутӣ дар таҳияи режиссёр А. Виталев ва маротибаи сеюм дар Театри Лоҳутӣ дар таҳияи Ефим Исаевич Мителман иҷро кардааст.

Шояд аз ин сабаб бошад, ки Қиёмов дар суҳбатҳояш ҳатман аз монологҳои қаҳрамонаш мисолҳо  меовард ё аз Хлестаков ёдовар мешуд.

Соли 1946 бо ташаббуси котиби якуми ҲК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров як гурўҳ санъаткорони ҷавони тоҷикро барои таҳсил ва такмили маҳорат ба донишкадаҳои санъати театрӣ, кино ва консерваторияҳои шаҳрҳои Москва, Ленинград, Тошканд фиристониданд. Шамсӣ Қиёмов ба факултети режиссёрии Институти давлатии санъати театрии Москва ба номи А. В. Луначарский роҳхат гирифт. Ба ў муяссар шуд, ки дар  гурўҳи ҳунарии Артисти халқии СССР Юрий Завадский таҳсил намояд.

Пас аз хатми таҳсил ў ба Театри давлатии академии драмаи Тоҷикистон  ба номи А. Лоҳутӣ баргашт ва солҳои 1952- 1962 бо танаффуси дусола чун режиссёри Театри давлатии академӣ-драмаи Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ кор карда,  пйесаву спектакл ва драмаҳои зиёдеро рўйи саҳнаи ин театр гузоштааст.

- Аввалин асаре, ки чун режиссёр 21 майи соли 1949 мустақилона ба саҳна гузоштам, «Номуси оила»-и драматурги туркман Гусейн  Мухторов буд. Дар аввали корам драма «Оилаи Аллан» ном дошт. Ман бошам онро «Номуси оила» гуфта, муаррифӣ кардам. Баъдҳо муаллифи асар номи гузоштаи маро пазируфт.

Тобистони соли 1949 Вазорати маданияти Иттифоқи Советӣ Намоиш-конкурси умумииттифоқии театрҳои касбии 15 ҷумҳурии бародарро дар мавзўйи муосир эълон кард. «Номуси оила» дар ин намоиш-конкурси умумииттифоқӣ ҷумҳурии моро намояндагӣ кард. Боиси сарфарозии ман буд, ки драмаи таҳиякардаам сазворои ҷойи якум гардид»,- навиштааст Ш. Қиёмов дар хотираҳояш.

Баъдҳо ў чун режиссёр драмаву спектаклҳои «Любов Яровая»- и К. А. Тренев, «Заврақи ишқ»-и Ян Райнис, «Хуҷаинзани меҳмонхона»- К. Голдони, «Тарма»- и К. Носиров, «Достони Ҳофиз» ва «Даъвати ҳаёт»- и Ф. Тошмуҳаммадов, «Орзу»- и М. Назаров, «Зебуннисо»- и М. Шералӣ ва Ш. Қиёмов, «Бежан ва Манижа»- и Ҳ. Ф. Хушгинобӣ, «Зане аз Панҷоб»- и Балвант Гарги, «Ҷарима 30 тин»- и М. Фарҳат ва Ш. Қиёмов, «Дар фироқи ту»- и драматурги озарӣ Шайхалӣ  Қурбонов, «Дил-дили Зайнаб»- и  Ш. Қиёмов ва Анна Мороз ва дигар асарҳоро дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ  гузоштааст. Вале беш аз ҳама  аввалин водевил-мазҳакаи мусиқии «Дил дили Зайнаб», ки муаллиф ва  таҳиягараш Шамсӣ Қиёмов  буд, дар театр муваффақияти калон дошт.

Моҳи апрели соли 1957 дар шаҳри Москва Даҳаи адабиёт ва санъати халқи тоҷик баргузор гардид, «Дил-дили Зайнаб» ба барномаи даҳа дохил карда шуд. Тамошобинони серталаби москвагӣ ва мунаққидони театрӣ ин асарро хеле хуб қабул карданд. Дар рўзномаҳои марказии «Правда», «Известия» ва «Советское  культура» тақризҳои хуб ва фикру мулоҳизаҳои тамошобинон ба табъ расида буд. Баъди хатми даҳа ин асари Шамсӣ Қиёмов ба репертуари натанҳо театрҳои ҷумҳурӣ, балки Осиёи Миёна ва Қазоқистон дохил шуд.

Мавриди зикр аст, ки Қиёмов дар баробари кор дар театр, эҷоди асарҳо ва тарҷумаи драмаву пйесаҳо аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ фурсат пайдо карда, тайи солҳои 1968-1998 30 сол аввал дар факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ва аз соли 1973 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба тарбияи  санъаткорони оянда машғул шудааст. Ҳамчун дотсенти кафедраи маҳорати актёрӣ ва режиссура ба шогирдон нозукиҳои касбро омўхтааст. Имрўзҳо шогирдонаш дар театрҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрҳои Бухорову Самарқанди  Ҷумҳурии Ўзбекистон сарбаландона кору эҷод мекунанд.

Маҳз бо ҳидоят ва дастгирии драматурги маъруфи тоҷик Ғанӣ Абдуллоҳ ў ба драманависӣ рў оварда, дар ин муддат бо драматургони шинохта Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Муҳаммадҷон Рабиев, Муҳиддин Фарҳат, Мастон Шералӣ ва дигарон ҳамкору ҳамнишин буд.

Махсусан, дар  жанри мазҳака хеле комёб шуда буд, ки то ҳанўз  дар саҳнаҳои театрҳои ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта мешаванд. Ба номгўйи асарҳои мазҳакавиаш пеш аз ҳама аввалин асари саҳнавии мазҳакавии (водевил) «Дил-дили Зайнаб», «Ҷарима 30 тин», «Товони гўсола», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Хоҳӣ нашавӣ расво», «Меҳмони  махфӣ», «Аз бало ҳазар», «Хонашерони майдонғариб» (ҳаммуаллифӣ бо Ғ. Абдуллоҳ ва М. Рабиев), «Дурдонаи доно ё ду торсакӣ», режиссёр Ислом Саломов (соли 1998) дохиланд. Муаллиф хеле нозукона ҳазлу мутоиботро дар асарҳояш бо мусиқӣ омезиш дода, тавонистааст, ки дар ин жанр низ яке аз пешсафон бошад.

Мавсуф чун  тарҷумон низ дар миёни аҳли адаб шинос буд. Мазҳакаи «Найрангҳои Скапен»- и Ж. Б. Молйер, «Муҳаббати африқоӣ»- и П. Мериме, «Ревизори зўракӣ»-и С. Михалков, «Духтари  сеҳрнок»- и Н. Гумилёв, «Достони Ҳофиз»- и Ф. Тошмуҳаммадов ва китоби «Этика»- и К. С. Станиславскийро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Натиҷаи  самарабахшаш бо кино ва театри  тоҷик буд, ки ўро соли 1959 ба узвияти Иттифоқи киносозони Иттиҳоди Советӣ ва соли 1962 Иттифоқи  нависандагони Иттифоқи Советӣ пазируфтанд.

Саҳми Шамсӣ Қиёмов ҳамроҳи Меҳрубон Назаров ва Ҳоҷиқул Раҳматуллоев дар ташкил намудани театри касбии Афғонистон ва тайёр кардани  актёрон ва режиссёрони афғон хеле калон аст. Ин марди кордон, ташкилотчӣ ва фарҳангӣ як сол (солҳои 1964) дар кишвари ба мо дўст пойтахти Афғонистон - шаҳри Кобул кор кард. Бо кумакаш аввалин драмаи миллӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои афғон ба саҳнаи Театри давлатии Кобул – «Пуҳани» гузошта шуд. Ин драмаи адиби афғон Абдурашид Латифӣ –«Шоми зиндагӣ» буд, ки солҳои зиёд барномаи театро зеб медод.

Вазорати маданияти Тоҷикистон зарур дониста, Шамсӣ Қиёмовро соли 1978  саррежиссёри Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов  таъин карданд. Чор соли роҳбарӣ ва фаъолият дар ин театр барои ў чун саррежисёр хеле бобарор омад. Спектаклу драмаҳои «Робиаи Балхӣ»- и А. Атобоев, «Ҷавонии Абўалӣ ибни Сино»- и С. Улуғзода ва В.Виткович, «Хусрав ва Ширин»- и Г.Птисин, «Кабўтарони сафед»-и Ҳалимшо соли 1981, «Сурўши Сталинград»- и М. Қаноат соли 1980, «Шодӣ ва Ҳодӣ»- и Ш. Қиёмов, «Чўпонбача ва оҳуи тиллоӣ»- и Ш. Қиёмов соли 1982, «Илоҷи беилоҷӣ ҳаст»-и П. Калдемарон соли 1982 ва дигар асарҳо маҳсули кор бо ин театр буданд. Азбаски аксари ҳунарпешаҳои театр ҷавонон буданд, яқин ки бо вуҷуди дастпарварони ГИТИС ва шогирдони педагогҳои барҷастаи санъати театрӣ О.И. Пижова ва Б.В. Бибиков буданашон зарурате назди режиссёр меомад, ки ба қисме аз онҳо бештар кор кунад ва ҳунарпешаҳои ҷавон ба зудӣ маҷрои эҷодии хешро бо кумаки саррежиссёри навтаъин пайдо карданд.

Метавон гуфт, ки ин таҳиягари боистеъдод бо аксари театрҳои музофотӣ ва пойтахт ҳамкорӣ дошт ва ин натиҷаи хуби эҷодӣ ба бор овард. Махсусан, кору эҷод бо Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ва Театри давлатии ҷумҳуриявии Лўхтак хеле натиҷаи хубе дод. Бахусус, ҳамкорӣ бо театри наврасону бачагон  шоёни таҳсин буд. «Духтари ҷасур» (1967), «Гулмоҳ ва шайтони  болдор», «Эраҷ- паҳлавон» (1969), «Заргўши доно» (1986), «Саргузашти Нанук» (1986), «Офтобак, Маҳтобак ва Хурўсак» (1988), «Чўпонбача ва оҳуи тиллоӣ» (1982), «Гулрў ва шайтони болдор» (1989), «Дурдонаи доно» (1994), «Хобҳои сеҳрнок», «Дайдуча» (1996), «Зебаки ширинкор» (1997) ва дигарҳо солҳои сол боз ба кўдакону наврасон зебоипарастӣ, инсондўстӣ ва ҳурмату эҳтиромиро меомўзонад.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

фарҳангшинос

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved