• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Мутафаккир ва адиби ҷаҳоншумул Саноии Ғазнавӣ машаққату заҳмати эҷодро чунин ба қалам овардааст:

Ҳарза н-овардаам ман ин тасниф,

Ҷону дил кардаам дар он таълиф.

Ресмон кардаам тану ҷонро,

То ба сўзан бикандаам конро.

Ба андешаи мо, чунин заҳмати тоқатшикану сангинро ба сарсупурдагони роҳи илм низ нисбат додан месазад, хосса муҳаққиқи фарохназари адабиёту фарҳанги тоҷик чун Муҳаммадҷони Шакурӣ (1926-2012), ки дар давоми умри бобаракати хеш, бар замми зиёда аз 600 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, панҷоҳ асари комил ба аҳли илму адаб ва хонандагони маънираси тоҷик ва хориҷӣ пешкаш кардааст. Асари охирони ин суханшиноси фидоӣ – “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон” ҳамагӣ ду моҳ пеш аз даргузашти устод ба табъ мерасад ва як навъ ҷамъбасти фаъолияти чандинсолаи муҳаққиқ оид ба ин ҷараёни  мафкуравии миллатгароён мебошад. 

Фаъолияти илмӣ ва фарҳангии Муҳаммадҷони Шакурӣ басе густурда буда, муҳимтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, фарҳанг, мусиқӣ ва таърихи миллати тоҷикро фаро гирифтааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба донишманд қувваву неруи тоза бахшид ва ў фаъолияти хешро ба самти фарҳанг, забон ва худшиносию худогоҳии миллӣ равона намуд. “Ҳар фарди тоҷик асрҳо боз орзуманди чунин рўзе буд. Имрўз бовар ҳосил шуд, ки истиқлолу озодӣ на як орзуи дастнорас, балки чизи имконпазир будааст... Акнун лозим аст, ки миллат сарнавишти худро ба дасти худ бигирад, барои расидан ба умри дубора, барои эҳёи маънавӣ замина омода созад. Худшиносӣ аз шартҳои асосии ҳаёти огоҳонаи таърихӣ ва муборизаи роҳи сарнавиштсозист”.

Муҳаммадҷони Шакурӣ бо ҳикмати “мероси падар хоҳӣ, илми падар омўз” пайравӣ карда, ба хотири хушнудии арвоҳи қиблагоҳаш – Шариҷонмахдуми Садри Зиё, ки умре ба китоб ва таълифу тасниф пайваст буд, бо роҳи ноҳамвори илму пажўҳиш қадам гузошт ва нахуст ба душвориҳо рў ба рў омад. Рисолаи номзадие, ки солҳои 1948-1952 бо номи “Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ” бо роҳбарии адабиётшинос Холиқ Мирзозода таълиф карда буд, бо баҳонаи “Аҷзӣ шоири иртиҷоӣ аст” дар Сталинобод (Душанбеи имрўза) пазируфта нашуд. Муҳаққиқи ҷавони аз мухолифати адабиётшиносони давр ранҷур ба маркази Иттиҳоди Шўравӣ – шаҳри Москва рафта, дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шўравӣ зери ҳимоя ва роҳбарии олими хайрандеш И. С. Брагинский дар мавзўи “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”- и С. Айнӣ” рисола навишт ва онро ибтидои соли 1955 дифоъ намуда, ба Душанбе баргашт ва дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ  Тоҷикистон то охири умр ифои вазифа намуд.

Махсусан, баъди он ки соли 1971 дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Москва бо номи “Масъалаҳои жанр ва услуб дар насри муосири тоҷикӣ” рисолаи докторӣ дифоъ мекунад, фаъолияти илмии устод Шакурӣ густариш ёфта, ба дараҷаи камолот мерасад ва заҳматҳои бедареғи ў ба унвону ҷоизаҳои бисёре, чун узви пайвастаи Академияи илмҳои  Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мукофоти давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ қадр мешавад.

Осори таҳқиқотии Муҳаммадҷони Шакурӣ, аз ҷумла “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёдоштҳо”-и устод Айнӣ”, “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта  мақоме дорад”, “Паҳлуҳои таҳқиқи бадеӣ”, ”Диди эстетикии халқ ва насри реалиётӣ”, “Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ”, “Таърихи советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо”, “Сотим Улуғзода”, “Анъана ва навоварӣ”, “Анъана, халқият ва маҳорат”, “Пайванди замонҳо ва халқҳо”, “Истиқлол ва худшиносии  иҷтимоиву маънавӣ”... ҳар кадом ба таҳлилу таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни адабиёт ва фарҳанги тоҷик бахшида шудаанд. Ва дар ҳама маврид дар пажўҳиши устод яклухтии том, ҳамбастагии хусусиятҳои ғоявию бадеӣ,  забону услуб ва ҷаҳонбинии адибон басо равшан ба назар мерасад. Ба гуфти профессор Матлубаи Мирзоюнус: “Хулосаҳои М. Шакурӣ дар бораи насри реалистӣ ва хусусиятҳои он, дар бораи услуби фардии нависандагон ва ҷараёнҳои услубии насри муосири тоҷикӣ барои омўзиши паҳлуҳои гуногуни адабиёти баъдиинқилобии тоҷик заминаи муҳиме фароҳам оварданд”.

Дигар хусусияти ба худ хоси пажўҳиши устод Муҳаммадҷони Шакурӣ дар таҳқиқоти адбиётшиносӣ бомаром истифода кардани масъалаҳои худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад, ки ин падида аз солҳои 60-70-уми асри ХХ оғоз гардида, дар замони истиқлолият басо густариш пайдо намуд. Дар асарҳои “Хуросон аст ин ҷо” (1997) ва “Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ”(1999) муҳаққиқ масъалаи ягонагии миллӣ ва  масъулияти шаҳрвандии тоҷиконро дар давлати миллӣ ба миён мегузорад ва таъкид мекунад, ки: “Яке аз вазифаҳои умдаи давлати миллии тоҷикон бартараф кардани пайомадҳои зиддитоҷикии амали пантуркистҳо ва сиёсати мустамликадорон мебошанд. Пора кардани  халқе ва кишваре аз хоҳиши суст ва нест кардани он сар мезанад. Давлати миллӣ ҳама омилҳоеро, ки миллатро суст ва нест мекунанд, бартараф менамояд.  Қувваи миллат аз ягонагист”.

Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ забони ҳар халқро асоси ҳастии миллат медонад ва покиза ва беолоиш нигоҳ доштану ба афзудани иқтидори илмиву иҷтимоии он ҳамвора талош варзидани соҳибони забонро  аз  муҳимтарин шарти мамлакатдорӣ мешуморад. Солҳои 60-уми садаи ХХ аз ҷониби ҳизби коммунист сиёсати аз байн  бурдани фарқиятҳо ва забонҳои алоҳидаи миллӣ ба миён гузошта шуд ва ин сиёсати нигилистонаи мафкурабардорони Шўравӣ аз тарафи бархе аз зиёиёни ҷумҳуриҳои миллӣ низ дастгирӣ ёфт. Дар ҳамин давра адибони тоҷик, аз ҷумла М.  Қаноат, Л. Шералӣ, У. Раҷаб, Б. Собир ба ҳимояи забони модарӣ бархоста, ин нияти ноодилона ва худкомаи мафкуравиро маҳкум карданд. Устод Лоиқ “Заҳр бодо шири модар бар касе, К-ў забони модарӣ гум кардааст” гўён беэътиборӣ ба забони модариро гуноҳи нобахшиданӣ донистааст. Ва дар ҳамин давра китоби М. Шакурӣ бо номи  “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” (таҳрири аввал с. 1968 ва таҳрири дувум с. 1985) дастраси хонандаи тоҷик гардид, ки дар он роҳҳои амалии нигаҳдории асолати забони тоҷикӣ матраҳ гардидааст. Муаллиф сарчашмаи асосии забони адабии муосири тоҷикро забони адабиёту илми классикӣ ва забони зиндаи халқ мешуморад: “Зебоиву равонӣ, тавоноиву матонати забони адабиёту илми классикӣ бояд ҳамеша намунаи ибрати мо бошад ва ҷустуҷўйҳои нави замони мо ба он такя кунад. Робитаи мо ба забони халқ ва адабиёти классикӣ ҳар чӣ бештар бошад, пояҳои халқии забони адабии имрўза ба ҳамон андоза устувор хоҳад буд. Яке аз манбаъҳои асосии иқтидори имрўзаи забони адабӣ  иқтидори дирўзаи он аст”.

Бояд гуфт, ки як соҳаи муҳими фаъолияти устод Муҳаммадҷони Шакурӣ, чунонки аксари суханшиносони муосир чун А. Маниёзов, Х. Отахонова, Х. Шарифзода, А. Сатторзода, А. Раҳмонзода, М. Имомзода ишора кардаанд, ба таҳлилу таҳқиқи зиндагинома ва осори доманадори устод Садриддин Айнӣ  иртибот мегирад. “Устод Шакурӣ бештари вақту қувваи худро ба таҳқиқи эҷодиёти Айнӣ бахшидаанд, – иброз доштааст академики АИ Тоҷикистон Х. Отахонова. – Доир ба эҷодиёти устод Айнӣ чи дар Тоҷикистону Ўзбекистон ва чи дар Москва асарҳои хурду калони зиёде навишта шудаанд, вале асарҳои ба С. Айнӣ бахшидаи устод Шакурӣ бо назари амиқрави таърихии муаллиф, ошкор намудани моҳияти ҳодисаҳои иҷтимоие, ки дар асарҳои нависанда инъикос ёфтаанд, нишон додани миллият ва поэтикаи ин асарҳо фарқ мекунанд”.

Таҳқиқоти мукаммали Муҳаммадҷони Шакурӣ оид ба эҷодиёти пурбаракати устод Айнӣ аз рисолаи номзадии “Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”- и устод С. Айнӣ” оғоз мегирад ва минбаъд бо маром идома меёбад. Махсусан, дар асарҳои “Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ”, “Сайри адабии С. Айнӣ ва марҳалаҳои он”, “Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон”, “Равшангари бузург”,  “Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садои бист” осори устод аз нигоҳи мундариҷа, муҳтаво, жанру услуб  ва ҳунари нигорандагӣ ба таҳлил омада, шахсияти адиб чун маорифпарвар, равшанфикр ва ниҳоят пуштибону падари маънавии халқи тоҷик дар як давраи ҳассоси тарихи халқ  муайян карда мешавад. Мақолаи “Падари милат” (1995), чунонки муаллиф қайд мекунад, ҷавоби сазоворест ба як мақолаи буҳтонангези дар як рўзномаи Эрон чопшуда, ки мувофиқи он гўё устод  Айнӣ ғуломи ҳалқабаргўши дастгоҳи идеологии болшевикон будааст, бо кўшиши ў  хатти тоҷикӣ ба  лотинӣ гардонида шуда будааст ва ғайра.

Ҷолиб аст, ки номи ин мақолаи басо муфассал (“Падари миллат”) аз забони фарзанди сарсупурдаи тоҷик Бобоҷон Ғафуров иқтибос шудааст: ба муносибати ба табъ расидани китоби “Тоҷикон” дар як нишаст касе иброз медорад, ки барои ин хизматҳои бедареғ месозад, ки муаллифи онро падари миллати тоҷик гўем. Бобоҷон Ғафуров дар ҷавоб худро фарзанди халқи тоҷик ном бурда, устод Айниро падари миллати тоҷик медонад. “Алҳақ, Садриддин Айнӣ яке аз бузургтарин фарзандони миллат аст, ки дар як давраи  буҳронии сарнавиштсоз фидокорона талош карда, барои таъмини бақои умри миллат қаҳрамониҳо нишон дода ва барои ин ки халқ аз зери харобазори таърих дубора сар бардорад ва қомат рост кунад, падарвор ғамхорӣ ва сарпарастӣ намудааст”. Ва дар 13 бахши мақола тавассути таҳлили холисона ва муҳаббатомези осори устод Айнӣ муҳаққиқ  андешаҳои мазкури худро сабит намудааст.

Асари “Равшангари бузург” аз се мақолаи муфассал иборат аст ва мақолаи дувум  “Адабпажуҳии Садриддин Айнӣ ва худшиносии миллии тоҷикон” номгузорӣ шуда, оид ба фаъолияти илмию адабии устод баҳс мекунад. Мақола давом ва инкишофи мақолаҳои “Фаъолияти илмии устод  Айнӣ ва худогоҳии миллии  меҳнаткашони тоҷик” (1978) ва “Бобои пуршарафи халқи тоҷик” (1980) мебошад ва маълум мешавад, ки М. Шакурӣ ҳанўз аз солҳои 60-70-уми қарни гузашта фаъолияти адабиётшиносии устод Айниро амиқан ба таҳлилу таҳқиқ гирифта, ҷавҳари пажўҳиши устодро дар ифодаи худогоҳӣ ва  худшиносии миллӣ медонад: “Донишҳои амиқ ва фаровони устод Айнӣ, аз таърихи халқи худ, аз сарватҳои чандинасраи маданият, адабиёт ва забони тоҷикон ҳамаҷониба огоҳӣ доштани ў ба сифати як силоҳи буррои муборизаи ҷамъиятӣ амал карда, дар протсесси бедории иҷтимоӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон чун як омили муҳим бевосита иштирок намуд”.

М. Шакурӣ бар он аст, ки устод Айнӣ тавассути “Намунаи адабиёти тоҷик” (1926) ҳақиқати таърихиро оид ба ҳастӣ ва дорои фарҳанги ғанӣ будани миллати тоҷик исбот намуд ва дар рисолаҳои “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ў”(1934), “Шайхурраис Абўалии Сино”(1939),  “Устод Рўдакӣ”(1940), “Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ” (1940), “Як симои номашҳури адабиёти тоҷик – Восифӣ” илмро чун  силоҳе  дар муборизаи роҳи ҳуқуқи миллат ба кор бурд.

Дар замони Шўравӣ халқият, синфият ва ҳизбият аз рукнҳои асосии адабиётшиносӣ ба шумор мерафт ва С. Айнӣ басо зарифона таҳқиқоти адабиётшиносии хешро дар асоси равиши халқият роҳандозӣ намуд ва ба ин восита устод имкон пайдо намуд, ки ҷанбаҳои халқӣ ва башарии осори адибони классикиро баррасӣ намояд. Муҳаммадҷони   Шакурӣ аз ҳамин зовия осори адабиётшиносии устодро  ба таҳлил гирифта, маҳорати беҳамто, диди фарох ва мантиқи қавии сухани пажўҳандаро дар шинохти Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Саъдӣ,   Навоӣ,  Восифӣ, Бедил собит месозад. Аз ҷумла, баёни эътирози Айнӣ ба шарқшиносоне, ки Саъдӣ ва дигар шоирони классикии то асри XVI-ро танҳо ба Эрон муталлиқ медонистанд, ҷолиб аст. Устод ҳақдории халқи тоҷикро ба   Саъдӣ бо як порча шеъри худи Шайх исбот кардааст:

Аз баҳри Худо, ки моликон ҷабр,

Чандин накунанд бар мамолик.

Шояд ки ба подшаҳ бигўянд:

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Ва мегўяд: “Бино бар ин, мо ҳам Саъдиро шоир ва нависандаи тоҷик ва яке аз устодони гузаштаи худ медонем ва аз вай меомўзем”. Устод Айнӣ, ба қавли М. Шакурӣ, дар осори илмии хеш низ, пеш аз ҳама, барои дуруст муайян кардани сарнавишти таърихии миллат талош намудааст ва дар айни ҳол ба илми адабиётшиносии давраи нави тоҷик асос гузоштааст: “Айнӣ бунёдгузори адабиётшиносии навини тоҷикӣ дар Фарорўди садаи бист аст ва аз бисёр ҷиҳатҳо роҳҳои таҳаввули баъдии адабиёшиносиро дар Тоҷикистон муайян  намудааст”.

 Соли 1948 М. Шакурии навкор дар муҳокимаи китоби “ Мирзо Абдулқодири Бедил”-и С. Айнӣ дар Институти забон ва адабиёт ширкат варзида, бо ташвиқи яке аз ҳамкорон ба ин асар чанд эрод мегирад ва баъд хатои худро фаҳмида, аз карда пушаймон мешавад. Дар мулоқоти навбатӣ устод Айнӣ ба олими ҷавон оид ба кори илмиаш маслиҳатҳо дода дар фарҷом хулоса мекунад: “Лекин ба кадом мавзўъ, ки даст занед, ба чи кор, ки машғул шавед, ба асобағал одат накунед. Дар ҳар сурат бе асобағал гаштанро ёд гиред”. Ин ҳушдори устод маънои онро дошт, ки дар зиндагӣ кас бояд гаправ нашуда, аз рўйи ақлу салоҳдиди худ амал  кунад.  Муҳаммадҷони  Шакурӣ минбаъд дар тамоми рафти зиндагӣ мувофиқи ин ҳикмат амал карда, мактаби илмии устод Айниро, то тавонист, идома ва густариш бахшид. Равонаш шод бошад.

Аламхон КӮчарзода

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved