• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

 

Сайидалӣ МАЪМУР

Бовар надорам

Шаке бар даҳри фонӣ гар надорам,

Ба фавти шоираш бовар надорам.

Маро гуфт: “Эҳтиёте, эҳтиёте”,

Вале худ рафту ман ҳампар надорам.

Бародар, хоҳарон дорам зиёда,

Ба мислаш ҷонфидо додар  надорам.

Бирафту монд кабкаш ҳам зи хониш,

Ба рўи бом ман кафтар надорам.

Ҳар он чӣ кардам иншо, бохабар буд,

Аз ў ман доваре беҳтар надорам.

Нафасшуме набуд андар замона,

Нафасгарме дигар дар бар надорам.

Маро буд ошёни меҳр Дар-дар*,

Дигар бе Гулназар Дар-дар надорам.

Гар ин дунё варо номеҳрубон шуд,

Ба дунёи дигар бовар надорам.

______

*Зодбуми шоир, ки банда шаҳрванди фахрии он будам.


Камол НАСРУЛЛО

ГУЛНАЗАРИ ГУЛНАЗАР

Сурати сури саҳар –

 Гулназари гулназар,

Ҳамсафи нури саҳар –

Гулназари гулназар.

 

Аз шаафи ҷони ў, меҳри парафшони ў

Ёфт сухан болу пар...

Гулназари гулназар.

 

Лоиқи даврони мо, қутби дурахшони мо,

Шўру қиёму шарар – Гулназари гулназар.

 

Бо пару боли дигар, ҷону ҷамоли дигар

Шуд ба сухан ҷилвагар Гулназари гулназар.

 

ў, ки зи Дар-дар расид, бо фари дигар расид,

Кард басо боз дар, Гулназари гулназар.

 

Бо суханаш миллате аз сари нангу шараф

Рост шавад ҳар саҳар, Гулназари гулназар.

 

Ҳарчи сухан гуфтаӣ, дарди Ватан гуфтаӣ

Аз дилу ҷону ҷигар, Гулназари гулназар.

 

Боли ҳумо бо ту бод, боди сабо бо ту бод,

Бол кушову бупар, Гулназари гулназар!

 

Нест туро ҳоҷате ҳеҷ ба ганҷи гуҳар,

Ҳарфи ту худ симу зар, Гулназари гулназар!

 


Ато МИРХОҶА

АЛВИДОЪ,

ГУЛНАЗАР, ЭЙ СУХАНСАРОЙИ

ШУЪЛАВАР!

Сухансаройи камназир,

Суруди миллии ту ин саҳар ҳазин намуд,

Зи чор сў сипоҳи марг дар камин намуд.

Ба рўзи наҳс, шоиро, расидаем,

Ки дар ҷанозаи ту саф кашидаем, кашидаем.

 

Алвидоъ, Гулназар,

Эй сухансаройи шуълавар!

 

Ту хоби ноз рафтаӣ,

Валек миллатат ситода назди ту ба по,

Чун он даме, ки медиҳад суруди ту садо.

Хазон агарчи гашт навбаҳори ту,

Бимонд шеъру шуҳрату шиори ту, шиори ту.

 

Алвидоъ, Гулназар,

Эй сухансаройи шуълавар!

 

Ту шоири ягонаӣ,

Ки шеърат аз муқаддасоти миллат аст, ҳон!

Шиносномаи яқини давлат аст, ҳон!

Зи дарди реҳлатат, ки он насиби мост,

Суруду шеъри ноби ту табиби мост, табиби мост!

 

Алвидоъ, Гулназар,

Эй сухансаройи шуълавар!


 

Салими ЗАРАФШОНФАР

Нам-нами  ашкборон

 

Эй чашм, бингар, Гулназар чашм аз ҷаҳон барбаста,

Андар азои шоираш миллат миён барбаста.

Маҳрум гардидем мо аз вопасин дидораш,

Зеро рухаш  буд аз нигоҳи дўстон барбаста.

Бар боғи  Лучоб он қадар осема ўро бурданд,

Роҳаш ба мо буд чун раҳи боғи ҷинон барбаста.

Шуд  нолаам дар сина руст аз ғусса, гўйӣ бошад

Сўги гарон бар синаам санги гарон барбаста.

Ҳайҳот,  натвон зад фиғон аз ин тааб сўйи чарх,

К-ў бо ниқоби латтагин моро даҳон барбаста.

                                          ***                

Нигаҳ пуркин фалак бар одамон кард,

Ҳаме бар Гулназар тираш равон кард.

Ба қадду қомату шаъну шаҳомат

Намоёнтар буд ў, зудаш нишон кард.

                                         ***

Яштат садо медод ҳар ҷо, лек ту нашнида рафтӣ, Гулназар,

Бинмуда пурғул-ғул Ватанро, хомушӣ бигзида рафтӣ, Гулназар.

Монандаи хуршед ин бегаҳ фурў биншаста дар уфқи замон,

Хуни ҷигарҳомон шафақосо зи пас борида рафтӣ, Гулназар.

Ёдам расад гар охирин водид, гирям ҳой-ҳою вой-вой,

К-он рўз ту аз назди ман қаҳ-қаҳзанон хандида рафтӣ, Гулназар.

Доим будӣ ғолиб, намедонам, чӣ сон бо паҳлавонӣ пайкарат

Аз пой дар пайкор бо ранҷу ано ғалтида рафтӣ, Гулназар.

Дар рўйи тобутат сияҳҷома ниҳоданд ақрабо, пиндоштам,

Худ ҷомаи мотам ба марги худ ҳаме пўшида рафтӣ, Гулназар.

Бар даври тобутат бипечонданд махмал, ту ба сўйи ҷовидон

Бар махмали меҳри ману мо ҳамчунон печида рафтӣ, Гулназар.

                                ***

Аҷал бувад, ба қавли халқ, гулчин,

На гул, зи мо гули сари сабад чид.

Ба Гулназар назар фиканду бишнохт,

Гули ягонаро зи байни сад чид.

 

Вале зи ҷони Гулназар фузун  шеър

Гирифта решаву бувад шукуфо.

Бимонда гулситони шеър аз ў,

Ситонданаш аҷал натонад аз мо.

                               

                                  ***

Ба он мардӣ дили тифлонае будаш, намехост

Натанҳо ёр аз ў, ағёр ҳам ранҷад.

Ба мо мегуфт:  «Азбас Гулназар ҳастам, азизон,

Намехоҳам, ки аз ман хор ҳам ранҷад».

                             

                                   ***

Гузар Гулназар менасозад зи гулбоғаки мо кунун,

Намегардад аз чеҳрааш субҳи содиқ ҳувайдо кунун.

Намеояд аз сайри соҳил, ки гўяд табассумкунон

«Салом, эй Салими саҳархези ман!» ў саҳарҳо кунун.

Ҳамошўбу  ҳамшўри дарёи шўхи Душанбе бирафт,

Таку тоқ монда, хазад он ба ёди ҳамово кунун.

Назояд чунон Гулназар моми тоҷик дарёдиле,

Равам, таъзият созам изҳор ман баҳри дарё кунун.

                  ***

Буд фурўтане, на сарфурў

Гулназари баландноми мо.

Гашта шах устухони ў ба нанг,

Пеши хасон нашуд қадаш дуто.

Бори ғурури ў кашон будӣ

Қофилаи қаторкўҳҳо.

                      ***

Аз назарам Гулназари ҳамназарам

Рафт баногаҳ чу яке барқи парон.

Монда ба офоқ зи дунбол манам

Раъдсифат наъразанон, синадарон.

                    ***

Бе Гулназар бар гул назар

Кардам, ба чашмам хор тофт.

Бе Гулназар аз раҳ гузар

Кардам, шудам афтон, зибас

Дар он чаҳи бисёр тофт.

 

Буд  офтоби навтулўъ

Сурхидарў ин субҳдам,

Аз дур дардам ҳис намуд,

Рўзард шуд чун ман зи ғам,

Ў мисли ман бемор тофт.

 

Резонда хуни Гулназар,

Аз тири оҳам захмдор,

Худ гашта ғарқ андар шафақ

Зулмовару зулматшиор

Гардуни дун хуншор тофт.

 

Бе Гулназар кардам назар

Бар ҷониби оби равон.

Дар зери анвори шафақ

Пазруфта ранги лоласон,

Ҷўбор ҳам хунбор тофт.

 

Бе Гулназар кай мекунад

Олам кирои як назар.

Бо Гулназар мегашт он

Сад равшанистон ҷилвагар,

Инак тиҳиву тор тофт.

 

Гуфтам, куҷо бе Гулназар

Бинҳам сарам, андар ҷавоб

Бешоху барг, афкандасар

Дори баланде  баҳри ман

Хушкидаиспедор тофт.

 


Марсия ва таърих ба Гулназар

Дил об шуд зи ҳасрати ҳиҷрони Гулназар,

Аз рахнаи хазон ба гулистони Гулназар.

 

Ҷуз роҳи рост пеша накард ў ба умри хеш,

Макри аҷал гирифт гиребони Гулназар.

 

Дар шоирӣ тамомиёри хуҷаста буд

Мурғи сухантирози хушилҳони Гулназар.

 

Заҳҳоки асри бисту як, ин КОВИДи палид,

Афсўс, бурд мағзи фурўзони Гулназар!

 

Ҷовид монд шеъри баланду суруди ў

Бар меҳан аз садоқату паймони Гулназар.

 

Ҷустам чу соли реҳлати ин марди покдил,

Бо ин дили ҳазин чу рафиқони Гулназар.

 

Дар рўзи панҷшанбаи август сездаҳ

Шуд соқии ҷинон, ба яқин, ҷони Гулназар.

 

Чун бигзарӣ зи қалбу сари сарву пои ў,

Гў: “Монд аз тапиш дили ҳассони Гулназар”.

______

Эзоҳ: Бо тарҳи рақамҳои «қалб» ва «син»-у «вов»-и сарв соли матлуб, яъне рақами 2020, ҳосил мешавад.

Ин марсия ҳангоме ки шоири маъруфи тоҷик, дўсти арҷмандамон Гулназар дар беморхонаи сироятии ш. Душанбе ҳаётро падруд гуфт ва дилҳои дўстону ҳаводоронашро ба ғусса пайваст, аз писараш хабари мудҳишро шунида, хеле мутаассир шудам. Банда низ дар беморхонаи «Истиқлол» бистарӣ будам ва ин сўгвориро чун эҳсоси ғам аз ин талафи ҷуброннопазири адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар ҳамон соатҳо иншо намудам ва таърихи фавтро дар мақтаи он зикр кардам, то ки шояд ба ҳаводорони назм хотирае аз ин рўзи сангин ёдовар шуда бошад.

Кароматулло Олимзода,

Бемористони «Истиқлол»,

13 августи соли 2020


Давлат САФАР

Пайванд бо Ватан

Пайванд, ки бо решаи сўзанбарг аст,

Зинҳор, магў, ки умри ў то марг аст.

Аз хоки Лучоб сабз гардад ҳар сол,

Аз як гираҳи баста кушояд сад фол.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved