• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон ва рассомон аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба маъраз гузошта буданд. Аз ҷумла рассомони тоҷик низ бо пешниҳоди асарҳои  худ мавқеи хосса доштанд.  Ин ҳамоиш махсус барои рассомони ҷавон санаи фаромўшнашаванда буд.

Дар ҳамин намоиши байналмилалӣ рассоми ҷавони тоҷик Пайрав Гулов ҷоизаи Академияи рассомони Чинро соҳиб гардид ва онро аз дасти Пешвои миллат гирифт, ки ин барои як нафар рассоми ҷавон дастоварди кам набуд.  Қаблан Пайрав Гулов дар намоишгоҳи байналмилалии «Рассомони ҷаҳон», ки  соли 2013 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуда буд, ширкат варзид. Баъдан ду маротибаи дигар ба намоишгоҳҳои рассомӣ ба Чин даъват шуд. Ҳамчунин соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи Саммити сарони кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «Саёҳат ба хотири Сулҳ» намоишгоҳи рассомӣ  баргузор гардид. Дар намоишгоҳи мазкур рассомон аз кишварҳои узви СҲШ асарҳои худро ба намоиш гузоштанд. Пайрав Гулов, ки чандин маротиба дар намоишгоҳи рассомии кишварҳои СҲШ иштирок кардааст, ду асари худ: «Мақбараи Шоҳи зинда» ва «Самарқанди куҳан»-ро манзури меҳмонони ин чорабинии байналмилалӣ гардонид. Ҳамчунин мусаввараҳои ў дар Олмон, Туркия, Амрико, Фаронса, Русия, Ҳиндустон ва чандин кишварҳои дигар ба намоиш гузошта шудааст.

Манзараҳои зебои Тоҷикистон, зиндагии одии мардуми тоҷик, урфу одатҳои шарқӣ дар мусаввараҳои Пайрав Гулов бештар дида мешавад. Масалан, дар як асари ў гуштӣ гирифтани ду пирамард тасвир ёфтааст. Дар фасли баҳор, бештар дар иди Наврўз миёни паҳлавонони тоҷик гуштии миллӣ барпо мешавад, пеш аз шурўи ин варзиш сараввал дуои пиронро мегиранд, ба ҳамин хотир ду пирамард ба майдон мебароянд ва бо ҳаракатҳои махсус ба ин мусобиқа оғоз мебахшанд. Ин ҳолат дар расм хеле зебо ва моҳирона тасвир ёфтааст.   Мо хостем атрофи фаъолияти эҷодияш бо худи ў суҳбат кунем. Дарак ёфтем, ки ў дар Симпозиуми рассомон дар шаҳри Кипр қарор дорад. Бо ў тамос гирифтем ва каме атрофи ҳамин симпозиум суҳбат оростем. Зимни суҳбат иброз дошт, ки дар ин ҳамоиш  қариб 60 рассом аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Доғистон ва Молдавия иштирок доранд. Ў мегўяд: «Мо чор нафар Тоҷикистонро муаррифӣ мекардем. Дар ин симпозиум шарт ин аст, ки бояд дар мудати 18 рўз 6 мусавараи калонҳаҷм пешниҳод намоӣ ва дар намоиши расомӣ ширкат варзӣ. Ҳамин тавр мо асарҳоямонро дар мудати ҳаждаҳ  рўз омода кардем ва асарҳои ман барояш писанд омад. Ба ман пешниҳод намуданд, ки чил рўзи дигар бимонам ва 20 асари дигар омода созам, дар ин сурат метавонам намоиши рассомии худамро ба роҳ монам. Ман низ ин пешниҳодро қабул кардам. Вақте ки намоиши рассомии худамро ба роҳ мондам, дар ин мудат пандемияи COVID-19 шурўъ шуд ва ҳамин тавр ман дар он ҷо дармондам. Аз он ки кори эҷодии ман ба муассисони ин симпозиум писанд омад, боз  пешниҳод намуданд, ки колексияи нави эҷодиямро оғоз кунам.

Инак шаш моҳ мешавад, ки ин рассоми тоҷик дар Кипр қарор дорад ва тасвирҳои ў дар Осорхонаи санъати тасвирии муосири ин шаҳр ҷой дода шудааст. Мувофиқи низомнома дар ин симпозиум бештар тасвирҳое ҷой дода мешаванд, ки баёнгари зиндагии имрўзи дунё бошанд, вале шаст дарсади мусаввараи Пайрав Гулов аз зиндагии мардуми тоҷик ва анъанаҳои қадимаи мо қисса мекунад. Мо низ вобаста ба ин масъала ба ў савол додем. Дар посух иброз дошт:  «Сабки кории ман ҳамин аст ва бештар одатҳои мардуми кишварам дар зеҳнам чарх мезанад, аз ҷониби дигар масъулони ин ҳамоиш тасвирҳоямро писандиданд,  вале ин ҷо хеле таҷриба гирифтам, чандин мусавараам вобаста ба мавзўъҳои ҷаҳони муосир аст. Бояд гуфт, ки рассомони соҳибтаҷриба, ки аз ман чандин сол бузург ҳастанд, дар ин ҳамоиш хеле зиёданд ва мо бо онҳо табодули таҷриба мекунем. Бароям пешниҳод намуданд, ки  боз чанд мудати дигар бо онҳо ҳамкорӣ намоям ва ман низ ин пешниҳодро қабул кардам, мехоҳам амиқтар ба ин касб фурў равам ва таҷрибаву дониши бештар гирам».

Пайрав Гулов  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 2006 хатм намудааст. Ҳоло дар Осорхонаи санъати Ҷумҳурии мардумии Чин шаш мусавараи ў нигоҳ дошта мешавад. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бошад, як мусаввара дар ҳаҷми 20 метр, ки дар он манзараи зебо инъикос ёфтааст, кори Пайрав Гулов аст. Ҳамчунин  портрети 48 қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватаниро тасвир намудааст, ки аз корҳои калонҳаҷми ў ба шумор мераванд.

Мо ба ў барор мехоҳем.

ШАҲЁД, “АС”

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved