• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар соли дувуми будубоши ў дар пойтахти Фаронса ба он ҷо Маяковский барои нашри китобҳои худ рафтааст. Баъди шиносоӣ бо Татяна шоир ба ў сахт ошиқ шуд. Духтар низ ба шоири овозадор, ки марди қавипайкару ғаюр буд, меҳр баст. Вақте ки онҳо дар кўчаҳо ё лаби дарёи Сена сайр мекарданд, одамон мегуфтанд: «Чӣ ҷуфти муносиб, чӣ ҷуфти зебо!» Маяковский аз маҳбубааш хоҳиш менамояд, ки бо ў ба Русия баргардад ва занаш шавад. Аммо Татяна қабул намекунад, зеро аз пайомадҳои инқилоби Октябр меҳаросид. Ҳамчунин, ў аз забони худи шоири ростқавл дар бораи муҳаббаташ ба Лиля Брик шунида буд ва бим дошт, ки боз бо ў якҷо шавад. Пас аз чанде Маяковский корҳояшро анҷом дода, ба Ватан баргаштааст. Рўзи дигари рафтанаш аз Париж зангўлаи дари хонаи Татяна Яковлева садо медиҳад. Соҳибхоназан дарро кушода, ҷавонеро мебинад, ки дар даст гулдастаи зебо истодааст. Ў гулҳоро дароз нмуда, мегўяд: «Гулдаста аз Маяковский».

Рўзи дигар боз ҳамон ҷавон гулдаста меораду ҳамон гапро такрор менамояд. Маълум мешавад, ки ҷавон чопари ширкати машҳури гулфурўшӣ будааст. Ин амал қариб ҳар рўз такрор меёфт  ва аз муҳаббати бепоёни Маяковский башорат медод. Ҳафтаҳо, моҳҳо мегузаранд, аммо чопар ҳамоно аз номи Маяковский ба Татяна Яковлева гулдаста тақдим менамояд. Ў огоҳӣ меёбад, ки Маяковский қабл аз рафтан тамоми ҳаққи қалами китобҳои дар Париж чопкардаашро ба суратҳисоби ширкати гулфурўшӣ гузаронида, фармудааст, ки ба хонаи фалонӣ мунтазам гулдаста баранд.

Хабари худкушии Маяковскийро шунида, Татяна сахт андуҳгин мешавад, чунки вай ҳам ўро аз таҳти дил дўст медошт ва бо гузашти вақт, ҳатто баъди шавҳар карданаш ҳам мегуфтааст: «Ў ягона марде буд, ки ба қалби ман асар гузошту онро тасхир кард».

Инро ҳам бояд гуфт, ки гулдастаҳои Маяковский Татянаро аз марг наҷот медиҳанд. Дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳон, вақте ки фашистон Парижро ишғол мекунанд, вай гулдастаҳоро ба кўча бароварда мефурўхтааст ва бо ҳамин роҳ аз гуруснагӣ эмин мондааст. Баъди анҷоми ҷанг ҳам чанд соли дигар гулдастаҳои Маяковский манзили Татяна Яковлеваро муаттар мекунанду оро медиҳанд ва ба назари хонуми аллакай солхўрда чунин менамояд, ки шоир гаштаву баргашта ба ў изҳори муҳаббат мекунад.

Ин қиссаи воқеан романтикӣ вирди забони мардуми Париж мегардад ва то ҳол аз ёдҳо нарафтааст. Қисса ба гўши як ҷавоне бо номи Аркадий Равлин дар Русия мерасад ва ў маҳз барои дидиорбинӣ бо Татяна Яковлева ба Париж меояд. Шармгинона аз ў оё воқеӣ будани ин қиссаро мепурсад.

Дар ҷавоб соҳибхоназан мегўяд, ки агар ў шитоб надошта бошад, каме бо вай бимонад. Суҳбати ду ҳамватанро садои зангўлаи дар халалдор месозад. Вақте ки Татяна Яковлева дарро боз мекунад, дар пеши назари меҳмони нохонда чопаре «Гулдаста аз Маяковский»-гўён дастаи калони гулҳои зеборо дароз менамояд.

Мегўянд, ки муҳаббати ҳақиқӣ бемарг аст. Владимир Маяковский инро бо рафтори ҷавонмардонаву ҳимматбаландонааш собит сохт.

Қаламкаши хастагинопазир

Бахтиёр Муртазо барои муаррифӣ ба хонандагон дар  Тоҷикистон,  ҳатто берун аз он  ниёз надорад. Дар тўли фаъолияти қариб шастсолаи эҷодиаш ў дар миёни аҳли қалам  ва доираи васеи хонандагони нуктасанҷу борикбин ҳамчун публитсисти шуълавар, тарҷумони моҳир ва нависандаи хушбаён маъруфият ва эҳтиром касб  намудааст.

Хизматҳояш ба унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ шудаанд.

Ба эҷоди асар ў замоне оғоз намуду якумрӣ дил баст, ки вақти донишҷўи факултаи таъриху филология буданаш ҳамроҳи нависанда, фолклоршинос ва пайшиноси қирғиз Тойтўра Ботирқулов аз забони асл повести Чингиз Айтматов «Роҳи Каҳкашон»-ро ба тоҷикӣ тарҷума намуд.

Дар замони худ журналисти  пуртаҳарруку  беқарор Бахтиёри  Муртазо, қаблан ҳамаи зинаҳои кори рўзномаро гузашта, ба ҳайси сармуҳаррири  нашрияи ҷумҳуриявии ҷавонон на танҳо саросари Тоҷикистонро гашт, балки ба минтақаҳои дигар, ки дар он ҷойҳо сахтмонҳои бузурги аср, аз қабили БАМ сурат мегирифтанд, рафта, ҷараёни корҳоро бо чашми сар дид. Дар натиҷа силсилаи очеркҳои хотирмони проблемавӣ, сафарӣ ва  портретӣ, ба монанди «Чанор дар Солони» тавлид гардид.

Дар тўли якчанд сол сармуҳаррири рўзномаи «Минбари халқ» - нашрияи ҲХДТ буданам ба камина  ҳамкорӣ бо Бахтиёри Муртазо насиб гардид. Зимнан, ў нахустин сармуҳаррири ин нашрия буд ва номаш ҳам интихоби ўст. Ва борҳо итминон ҳосил кардам, ки бо ў , чунончи русҳо мегўянд, ба разведка рафтан мумкин. Ҳатто ба маънои пуррааш. Инро ман на ба хотири суханпардозӣ таъкид месозам. Барои иҷрои қарзи интернатсионалистӣ дар Афғонистон Бахтиёри Муртазо бо ордени «Красная звезда»(«Ситораи Сурх») мукофотонида шудааст.

Дониши басо фарох ва ҳофизаи фавқулодаи  ўро  мехоҳам махсус  таъкид созам. ў метавонад дуру дароз беист шоҳбайтҳоро аз эҷодиёти шоирони классику муосир бар забон  ронад, фарҳанги забони тоҷикӣ ва  луғати русӣ-тоҷикиро қариб аз ёд медонад, дар суҳбатҳояш аз ибораҳои образнок, зарбулмасалу мақолҳо фаровон истифода мебарад.  Бешак, ин ҳама ба эҷодиёти ў таъсири пурсамар мерасонад. Ҳар сухану ҳар сатраш нишонрасанд. Дар онҳо таассуроти ботинии ў аз дарки ҷаҳон ва атрофиён ифода ёфтаанд. Тасаввур метавон кард, ки ин чиз ба осонӣ ба даст намеояд. Вале ҳаминаш ҳам маълум аст, ки фарзандони бо  азобу уқубат тавлидёфта бисёр азиз мешаванд.

Истеъдоди  Бахтиёри Муртазо  алалхусус дар тарҷума дурахши калон пайдо кард.Ба шарофати заҳматҳои қаламкаши хастагинопазир романи Стендал «Сурх ва сиёҳ», китоби Константин Паустовский «Садбарги зарин» дастраси хонандагони тоҷик гардиданд. Агар ба таври образнок гўем, онҳо ба мисли зарраҳои тиллоӣ ҷило медиҳанд, бинобар ин,  кас ин китобҳоро бо шавқи зиёд мутолиа мекунаду завқ мебарад. Ба ҳунари тарҷумонии Бахтиёри Муртазо ҳамқаламон, ҳатто худи устод Сотим Улуғзода баҳои баланд додаанд. 

Вақте  чанд сол  муқаддам  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти анъанавии худ бо намояндагони аҳли зиё аз адибон даъват ба амал оварданд, ки солноманависи замон бошанд, дар асарҳои худ чеҳраҳои ҳамасрон , қаҳрамонони даврони моро  таҷассум  намоянд, Бахтиёри Муртазо бетаъхир ва аз дилу ҷон ба ин даъват ҳамсадо шуд. Натиҷаи меҳнати шабонарўзӣ романе гардид, ки ба сохтмони  нақби «Истиқлол» бахшида шудааст. Барои ин асар муаллиф ба ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовар дониста шуд. Ҳоло бошад адиби меҳнатқарин дар бораи сохтмони  аср - НБО-и Роғун асари калонҳаҷм менависад. Ин ҳам нишони ватандўстӣ, ҳам нияти саҳмгузорӣ ба ташаккули замони нав, ҳам кўшиши собит намудани он, ки дарахти зиндагӣ ҳамеша сарсабзу хушкнашаванда аст, мебошад.

Чанде пеш дўст ва ҳамқалами мо Бахтиёри Муртазо ба синни мубораки 80 даромад, лекин ҳамоно мисли даврони ҷавониаш серҳаракату боғайрат,  фаъол ва даррок аст. Ва аз он мо хурсандем, ки ў нияти дашна, яъне хомаашро ба ғилоф андохтанӣ нест. Зеро нақша ва ҳадафҳои зиёд дорад.

Мо орзуманди онем, ки ҳамаи онҳо ҷомаи амал пўшанд, ба хушнудии мухлисони сершумори эҷодиёташ, ба хушнудии ҳамаи мо.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved