• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Дар кишвари мо низ ин вирус пойи нопоки худро гузошт ва  нафарони зиёде ба он мубтало гаштанд. Ҳарчанд мо сари вақт марзҳои хешро бо дигар давлатҳо, пеш аз ҳама бо ҳамсоягон баста, парвози тайёраҳоро бо кулли кишварҳои олам қатъ намудем, пешгирии ин бемории ҷадид даст надод. То имрўз сироятёбии ҳамватанони мо ба вируси Covid-19 идома дорад.

Мехоҳам баъзе андешаҳоямро дар ин бобат баён созам. Аввалан, мо, сокинони кишвар, бояд як чизро хуб дарк кунем, ки мубориза бо ин беморӣ кори дастҷамъона ва агар одӣ карда гўем, ҳар яки мост. Албатта, дар Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад ва дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Аммо ин маънии онро надорад, ки мо бетарафӣ ихтиёр кунем. Чи тавре ки дар тамоми дунё эътироф кардаанд, имрўз инсоният дар муқобили ин вабои ногаҳонӣ дар ҳолати ҷанг қарор дорад. Оё дар вақти ҷанг мардум дифои марзу буми кишварро танҳо ба артиш месупоранду худ бетараф, даст болои даст гузошта менишинанд? Албатта, не! Ба касе пўшида нест, ки фашистонро танҳо сарҷамъии мардуми шўравӣ саркўб кард, вагарна он машинаи ҷангии бузург кишварҳои бузурги Аврупоро, ки аз ҷиҳати техникаю лавозимоти ҷангӣ аз Иттиҳоди Шўравӣ пурзўртар буданд, дар як моҳ в ё чанд рўз мағлуб карда буд.

Пас, хурўҷи ин беморӣ барои мо, аз соҳибмансаб то шахси одӣ, зиёиён, соҳибкорону тоҷирон, коргару деҳқон як имтиҳон низ ҳаст. Имтиҳон пеш аз ҳама дар назди табиат ва дар назди виҷдону ватану миллати худ. Мо бояд имрўз беш аз дигар вақт сарҷамъ бошем, дасти якдигар бигирем. Вақте адў ҳуҷум меорад, ба муқобили ў муттаҳидӣ мебояд. Чандин кишварҳои олам бе эълон кардани карантин низ марҳалаи аввали ин бемориро пушти сар карданд ва талафоташон аз бисёр кишварҳо камтар буд. Дуюм, ин ки барои карантин эълон кардан бояд оқибатҳои иқтисодии онро низ фикр кард. Аз ин нигоҳ «карантини нарм», аз қабили ба мураххасӣ фиристодани шахсони синнашон аз шасту панҷ боло, бастани масҷиду бозорҳо (ба ҷуз хўрокворӣ), мағозаҳо, ошхонаю ресторан, бе ниқоб ба кўча набаромадан, риоя кардани масофа дар ҷойҳои серодам ва ҳоказо мувофиқи мақсад ва роҳи нисбатан осони ҳалли ин мушкилот аст. Аз мо чизи зиёд талаб карда намешавад, танҳо тозаю озода гаштан ва хуб нигоҳ доштани ҳолати беҳдошт ва муҳити зисти хеш. Аслан ин кор вазифаи ҳаррўзаю инсонии мост. Ба андешаи банда, пайдоиши ин вирус сазои мост аз ҷониби табиат, зеро низоми азалии онро вайрон карда, гўш ба набзу садои қалбаш намедиҳем. Инак,  огоҳонид, панд дод, шояд баъд имтиҳон кунад, ки чӣ сабақҳое бардоштаем аз дарсҳои вай.

Мубориза бар зидди вируси Covid-19 идома дорад, аммо метавон имрўз баъзе бардоштҳо кард. Ин беморӣ нишон дод, ки табибони мо вазифаи хешро хуб анҷом дода истодаанд ва вориси Синои бузург будани хешро собит сохтанд. Аҳсан ба хоҳаракони шафқат ва духтурони азизи мо, ки ҳаёти хешро ба хатар гузошта, ба сироятёфтагони ин вируси маккор то аз дасташон омадан ёрӣ медиҳанд. Табибони мо бо истифода аз он таҷриба ва донише, ки ҳанўз аз тибби даврони шўравӣ мерос гирифта буданд, ба мубориза бархестанд. Дар омади гап бояд таъкид созем, азбаски Иттиҳоди Шўравӣ ҳамеша ҷанги бактериологиро аз кишварҳои капиталистӣ нигарон буд, ҷиҳати омода будан ба ин ҳуҷум аҳаммияти хоса медод ва он замон вирусшиносу бактериологҳои зиёде дар ин давлати абарқудрат, аз ҷумла Тоҷикистони мо тарбият ёфтанд.

Дар баробари дархосту тавсияи табибон худи мардум низ, аз рўзҳои нахустини пайдо шудани Covid-19, бо ҳисси масъулият ва савқи табиӣ натанҳо худро эҳтиёт карданд, балки барои сироят накардани атрофиён чораҳо андешиданд, ки ин яке аз муҳимтарин роҳи пешгирии ин беморӣ маҳсуб меёбад. Барои ҳамин ҳам табибони тамоми дунё аз мардуми хеш хоҳиш мекарданд, ки барои осон кардани кори онҳо дар хона бимонанд, бе зарурат кўча набароянд, аз оростани дастархони зиёфати серодам худдорӣ намуда, ба ин роҳ ба онҳо мадад кунанд.

Аммо бархе тоҷирон дар лаҳзаҳои барои халқу кишвар бисёр душвор низ,  шиори азалии хеш «гўр сўзаду дег ҷўшад»-ро дигар накарданд. Рўзҳои аввал ҳолатҳое буданд, ки баъзе тоифаи маккор барои сарват ғун кардан дар байни мардум ҳар гуна овозаҳо паҳн намуданд. Одамони бехабар дар як он рафи мағозаю дуконҳоро тоза карданд. Кор то ҷое расид, ки Сардори давлат мардумро даъват карданд, ки ба ин гуна овозаю воҳимаи шахсони маккору манфиатҷў дода нашаванд, давлат захираи зиёд дорад ва халқро бо ғизо таъмин карда метавонад.

Ва ё  баъзе дорухонаҳо, ҳатто дар лаҳзаи барои баъзе беморон муҳлик, ба ҷойи дасти ёрӣ дароз кардан нархи доруҳоро се-чор маротиба боло бурда, вазъи он бечораҳоро боз душвортар гардониданд. Мақомоти масъул, аз ҷумла  раёсати шаҳри Душанбе зуд вазъро зери назорати қатъӣ қарор дода, онро  пешгирӣ кард. Мо шоҳид будем, ки шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ чандин нафар чунин соҳибкорони бевиҷдонро нишон дод.

Ҳарчанд торафт шумораи гирифторшудагон ба бемории коронавирус дар ҷумҳуриамон коҳиш меёбад, ин маънии онро надорад, ки мо бепарво бошем ва аз тавсияи духтурон сарфи назар кунем. То пурра аз байн рафтани ин вируси хатарнок бояд ҳамагон дар ҷойи ҷамъиятӣ ниқоб пўшида, дар ҷойи зист ҳама гуна талаботи беҳдоштиро риоя  намоем.

Хулоса,  мо бояд хурду калон бар зидди хатари ба сари умум омада сарҷамъ шавем ва якҷоя мубориза кунем, ки дурустии ин амалро таҷрибаи садсолаҳо борҳо собит сохтааст.

 

Равшан Махсумзод

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved