• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Зарофати баёни андеша дар он аст, устод Айнӣ мефармояд, ки ман ҳам чун шумо ба илму дониш ниёз дорам, аз ин назар биёед бо ҳам илм биомўзем, ба иттифоқ дарс бихонем.  ҳамон тавр ки арз шуд, омўхтани илмро ҳамроҳ бо мардум барои худ ҳам лозим медонад. Аз нигоҳи дигар, ин байтро ҳамчун даъват ба сўи илму дониш ҳар кас ҳам метавонад барои дигарон бихонад ва дигаронро даъват кунад барои омўхтани илму дониш. Ҳамчунин, ин байт аз он мегўяд, ки устод Садриддин Айнӣ аз осори бузургон дар робита ба илму дониш  барои тақвияти фикри худ кор гирифтааст. Мазмуну мундариҷа ва фазои андешаи устод дар байти ҳозир ёдовари байти ҳаким Фирдавсӣ аст ва ин ду байт аз назари мавзўъ ва маъно ба ҳам мемонад:

                                                         Ки бекории ў зи бедонишист,

                                                         Ба бедонишон бар бибояд гирист.

Ин байт ба сатрҳои боло аз назари маъно ва баёни фикр бисёр наздик аст. Фирдавсӣ ҳазор сол қабл аз калимаи «бекор» истифода кардааст ва устод Садриддин Айнӣ аз ҳамин калима баъд аз ҳазор сол кор гирифтааст. Манзури ҳаким Фирдавсӣ он аст, ки агар фард илму дониш наомўзад, бекор мемонад, яъне барои касе лозим нест,  барояш бояд афсўс хўрд. Устод Садриддин Айнӣ ҳамин маъниро ба тарзи дигар истифода кардааст ва барои бадеияти андешаи худ, чун ҳаким Фирдавсӣ бо калимаи «бекор» байти худро шеърият додааст. Калимаи дигар ҳам, ки дар ин байт арзиши таваҷҷуҳро дорад, калимаи «нодон» аст ва устод Садриддин Айнӣ бо истифода аз ин калима, мехоҳад ҳолу ҳавои фарди бедонишро нишон бидиҳад. Ин калима ҳам дар осори шоирони қадим дар қиёс бо илм фаровон ба кор рафтааст, ки далели диққати шоирони пешин ва имрўз дар робита ба илм мебошад. Падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ аз ин калима дар робита ба илму дониш ҳанўз ҳазор сол қабл истифода кардааст, ки аҳли назар аз он огоҳ ҳастанд:

                                                        Зиҳ доноро гўянд, ки донад гуфт,

                                                        Ҳич нодонро донанда нагўяд, зиҳ…

Аз ҳаким Фирдавсӣ бихонем, ки аз ин калима дар робита ба илму дониш чи гуна кор гирифтааст:

                                                       Ки нодон зи дониш гурезад ҳаме,

                                                       Ба нодонӣ андар ситезад ҳаме…

                                                                         ***

                                                       Ки нодон фузунӣ надорад зи хок,

                                                       Ба дониш писандида кун ҷони пок…

Устод Садриддин Айнӣ аз ин калима барои баёни андешаи худ дар бораи илму дониш ҳунармандона суд бурдааст, мардумро чун устод Рўдакӣ ва ҳаким Фирдавсӣ ба сўи илму дониш даъват менамояд. Даъвати устод Садриддин Айнӣ дар байти фавқ ба сўи илму дониш имрўз ҳам аҳаммияти махсус дорад.

Муҳаммадалии Аҷамӣ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved