• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Чуноне қайд намудем, нақди адабӣ илм аст ва дар як вақт муаррифгари аҳли эҷод.  Филмасал нақди адабӣ маҳз ҳамон ноқилест байни муаллиф ва хонанда. Махсусан дар замони имрўза, ки тўфони иттилоот ба сари хонанда тохти рўзафзун дорад, маҳз нақд бояд ба кўмаки вай бирасад, то ўро раҳнамоӣ намояд дар сайри сухану маънӣ. Ҳамчунонки рекламаро муҳаррики тиҷорат муаррифӣ менамоянд, нақд низ муҳаррики адабиёт метавонад бошад.  Мо инро ба он хотир мегўем, ки ҳамчун мухлиси сухани нобу пурқимат аз хеш қиёс менамоем. Аз саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳо мудом суроғи тақризу таҳлили бамаънӣ мекунем. Дар бораи асаре, эҷодкоре чанд сухани нек хонем, суроғи он асар  менамоем, то аз муҳтавои он моли хуб бархўрдор шавем. Албатта, агар ин сухан аз забони гавҳаршиносони дарёи маънӣ бошад, қадри баландтар ва эътимоди бештар дорад. Зеро чуноне Хоҷа Камол мефармояд:

Зи ашк ношуда рангин, маноз бо рухи зард,

Заре, ки сурх набошад, чунон бақимат нест.

Дар равиши ҳамин суроғҳо тасодуфан китоби начандон калоне бо унвони ҷозибадори “Меҳру сеҳри шеър” (Душанбе, “Маориф“, 2016) ба даст омад. Муаллифи он шоири шинохтаамон Низом Қосимро солҳост, ки ҳамчун шоир, публитсист ва тарҷумон мешинохтам ва шеърҳояшро бо камоли майл мехондам. Бо тарҷумаҳояш ва мақолаҳои таҳлилиаш доир ба равобити фарҳангӣ, муаррифии адибони тоҷик дар матбуот ва нишастҳои адабии берун аз кишвар, доир ба эҷодиёти адибони бузург, аз қабили Пушкин, Чингиз Айтматов ва дигарон ошно будам. Вале мақола чизи дигар асту китоб чизи дигар.  Бинобар ин, аввал  ба мутолиа пардохтам. Мундариҷаи китобро чун аз назар гузаронем, мефаҳмем, ки аз ҳаждаҳ мақолаи дар солҳои мухталиф навишташуда иборат аст. Қисми аввали мақолаҳо ҳанўз солҳои ҳаштодум навишта шудаанд, ки он вақт муаллифро ҳамчун адиби ҷавону умедбахш мешинохтанд. Қисми дуюм дар охири солҳои навадум ва қисми саввум маҳсули даҳсолаҳои охир мебошанд. Вале ҳар қадр бештар мехондам, шавқу завқ болотар мерафт. Агар гўям, ки беш аз даҳ бор ба такрор хондам, шояд боварбахш нанамояд, вале ҳақиқат чунин аст. «Ташнаро як қатра об аз дурри дарё беҳтар аст». Чун хонданҳои батакрор лаззати зиёди маънавӣ аз шаҳди сухани бонамаку бамаънӣ бор овард, лозим донистам, ақидаву нуқтаи назари миннатдорона ва мухлисонаи хешро нисбат ба навиштаҳо ва нигорандаи сатрҳои дархури ҳол иброз дорам. Муҳобот нест агар гўям, ки ҳар бори хондан чизи наве, маънии наве, сухани наве дар муҳтавои мақолаҳо барои хеш дармеёфтам. Кайҳо чунин таҳлили босаводона ва басо холисонаву дилсўзо- наро дар бораи шеър, матншиносӣ, таҳия ва таҳрири асарҳои ниёгон ва умуман дастоварду бохти адабиёти муосир дар давоми 20-30 соли охир, нахонда будам. Китоби мазкур метавонад ҳамчун рисолаи дастурӣ дар бахшҳои матншиносӣ, арўзшиносӣ, шинохту фаҳми таносуби сухан, санъати сухан ва мутаносибии санъату мантиқи сухан ва амсоли инҳо хизмати арзанда намояд. Зеро  дар ҳар як мақолаи таҳлилӣ  оид ба дастовардҳои муаллифони асарҳои таҳлилшаванда, камбудиву ғалатҳо, сабаби рух задани он хатоҳо, сари ҳар вожаву мисраъ ва байти тадқиқшаванда басо амиқу босаводона фикрронӣ шуда, ҳар як фикру хулоса бо бурҳони амиқу дақиқ асоснок карда шудааст. Пеш аз ибрози назар доир ба ҳар як мақола, қайд бояд намоям, ки муҳтавои ҳар як нигошта моломоли дард ва дилсўзӣ ба адабиёт. Дарди шеър ва дилсўзии адабиёт. Диққати асосии муаллиф асосан ба мавзўъҳои зерин нигаронида шудааст:

1. Бедиққатии муҳаққиқон, муҳаррирон ва ба чоп тайёркунандагони осори шоирони классик  дар баргардонии матни форсӣ ба ҳуруфи кириллӣ: 2. Камбудии бархе аз матншиносон дар сарфи назар намудан  аз вазн, маънӣ таносуби сухан ва мантиқи баёну суннатҳои шеъри классикӣ дар раванди рўбардор кардан аз ҳуруфи ниёгон:  3. Арҷгузорӣ ба заҳмату хизмати бузургони адаб чун маорифпарварон,  А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Афсаҳзод: 4. Таҳлили вазъи шеъру нақди шеъри муосир, вазъи баррасии шеър дар минбарҳои адабӣ ва амсоли ин.

Қисми аввали маҷмўа, чуноне дар боло қайд намудам, мақолаҳое мебошанд, ки ҳанўз солҳои ҳаштодум навишта шудаанд. Аз таҳлили мавзўву муҳтавои онҳо мегузарам, зеро мақсад ин нест. Фақат қайд карданиам, ки Низом Қосим ҳанўз ҳамон солҳо эътибори хоса ба ғалатҳо дар баргардониву сарфиназаркуниҳо додааст, ки гувоҳи  серғайративу донишмандии адиби он солҳо ҳанўз ҷавон  мебошад. Зеро ў даст ба таҳлилу тақриз ва ифшову ислоҳи ғалатҳо дар асарҳое мезанад, ки мураттибу муҳарриронашон шахсони дар ҳамон давра басо шинохтаву барўманд ва метавон бо бовар гуфт, басо донишманд, амсоли устодон Қутбӣ Киром, Шарифҷон Ҳусейнзода, Назира Қаҳҳорова, Асадулло Саъдуллоев, Худоӣ Шарифов, Хуршеда Отахонова, Абдураҳмон Абдуманнонов ва дигарон буданд. Вай ба заҳмати муҳаққиқон баҳои сазовор дода, онҳоро ба ғаввосони моҳиру ҷонфидое монанд менамояд, ки “дил ба дарё зада, пайваста баҳри мо, ташнагони ҳарфу маънӣ, дурдонаҳои пурбаҳое пешкаш мекунанд”. Вале дар як вақт таъкид ҳам менамояд, ки миқдорро бар сифат боло набояд гузошт, ки “мабодо аз пайи номгў шуда, гиромидошти воқеии бузургонамонро фаромўш кунем”. Бар асари шитобкорӣ метавонанд ғалатҳое дар нашрҳо  роҳ ёбанд ва боиси костагии маъно гарданд, ки ба манфиати адабиёт ва хонанда нест. Дар ҳафт мақолаи маҷмўа, ки ҳамон солҳо таълиф шудаанд, муаллиф  диққати асосиро ба хатоҳое равона менамояд, ки “ба сабаби нодуруст рўбардор кардани ҳуруфи форсӣ ва дар ин кор ба ҳисоб нагирифтани мантиқу суннати шеър рух додаанд”. Бамаврид қайд менамояд, ки “камбудии асосии кори бархе аз матншиносон, фирефтаи зоҳири матн шуда, ба умқи мазмун фурў нарафтан ва, маъниро сарфи назар карда, ҳуруфро китобат намудан аст”. Дар мақолаҳо ин хатоҳоро бо мисолу таҳлилҳои мушаххас ва далелнок нишон додаву роҳи дурусти ислоҳашонро низ пешниҳод менамояд. Муаллиф дуруст қайд мекунад: ”Ин ҳамаро барои он гуфтем, ки алоқамандони алифбои зебову фиребои ниёгон, бахусус пажўҳандагону таҳиягарони ҷавони осори гузаштагони бузургамон, фирефтаи печутобҳои хат нашаванду аз пайи нуқат нараванд, балки қабл аз ҳама пайгири босуботи маъниву мазмун бошанд”. Яъне, мақсад натанҳо танқиди  маҳзи норасоиҳо, балки тарбия ва омўзиши насли нави адабиётшиносону матншиносон ва пажўҳандагону таҳиягарон будааст. Лозим ба таъкид аст, ки дар мақолаҳои минбаъда, ки бо танаффуси беш аз даҳсола таълиф шудаанд, боз ҳамон хатову саҳлангориҳо таъкид мешаванд ва имрўз ҳам “касалӣ”-и асосии матншиносӣ ва баргардон ҳамон ғалатҳоеанд, ки муаллиф тайи беш аз се даҳсола гаштаву баргашта таъкидашон кардааст. Ин барои насли ҷавони олимон дарс ва панд бояд бошад. Бинобар ин, қайдҳои Низом Қосим ва танқиди ўро басо маъқул ва дар як вақт манфиатбахш медонем.              

Муаллиф дар ҳама нигоштаҳояш ва, ба хусус, дар мақолаҳои алоҳида кўшиши босамар кардааст, то ба заҳмати устодони илму адаб ва заҳматҳои пажўҳишгарон баҳои сазовор диҳад, дар нишон додани костагиҳо холису беғараз бошад. Дар мақолаи “Дўст мегўяд табарвор... ”, ки ба таҳлилу баррасии мақолаи олиму адиби шинохтаи эронӣ  Алиризои Қазва доир  ба шеъри муосири тоҷик бахшида шудааст, Низом Қосим таъкид менамояд, ки ”дар сукути садоҳои наздик баногоҳ овое аз дур ба гўш расид, ки давраи курсинишинии шеъру танқиди шеърро ба ёдҳо овард”. Манзураш мақолаи дар “Адабиёт ва санъат“ нашршудаи А. Қазва мебошад. Хурсандиаш  аз бетараф набудани ҳамзабони донишманду суханшиносе аз вазъи шеъри муосири тоҷик ва баёни нуқтаи назари беғаразонаи ўст. Лекин ҳамчун таҳлилгари тавоно наметавонад ба ҳама  фикру ақидаҳои муқарриз розӣ бошад ва басо нуктасанҷона, босаводона ва бо эътимоду эътиқод аз шеъру мавқеи шоирони тоҷик дифоъ менамояд.  Махсусан дифои вай аз шеъру мавқеи иҷтимоии устод Турсунзода бўйи меҳри самимӣ ва баҳои ҳаққонӣ дорад, ки боиси таҳсин аст. Низом Қосим дар чандин баромаду мақолаҳояш барҳақ қайд менамояд, ки Турсунзода дар замонаш “бо гармии ашъор ва бештар бо гармии дидор симои халқи мо” ва  “натанҳо лирики ширинсухан, сужетсозу ҳикоятофари моҳир, романтики баландпарвоз, балки шоири бузурги саҳнаву минбарҳои сиёсӣ ҳам”  будааст.

Маҳорати таҳлилгарии илмии Низом Қосим дар мақолаи “Дар сухан пинҳон  ба мисли бўйи гул дар барги гул”, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти шоираҳои классики тоҷику форс бахшида шудааст, басо равшану ҷолиб намудор мешавад. Вай барҳақ қайд менамояд, ки аксар абарқудратони шеъри мо аз Рўдакиву Аттор то Лоиқу Бозор асосан мардон будаанд, вале дар адабиёти шифоҳӣ нақши табъи ҷинси латиф болост. Вале  мақсади таълифи мақола на муқоисаи табъи назмофари шоиру шоираҳост, “балки  бозгўйи нуктаест, ки шеъри баланди бонувони тоҷик - чӣ монанди қитъаҳои адабиёти хаттӣ бо ному нишону чӣ мисли пораҳои адабиёти шифоҳӣ номпинҳон - аз қадим буд, ҳаст ва хоҳад монд.” Чӣ мақсади олие! Зеро ғайр аз чанд кўшиши устод Айнӣ ва таълифи шодравон Тоҷӣ Усмон “Бистусе адиба” маводи ҷиддии хондание дар бораи бонувони соҳибқаламу соҳибсухани қарнҳои мозӣ дастраси хонанда нест. Дар мақола оид ба бист адиба маълумоти мушаххас дода шуда, таҳлили мўшикофонаи эҷодашон ба қалам омадааст. Он нуктаҳое бештар таъкиду таҳлил шудаанд, ки дар “Бистусе адиба”- и Тоҷӣ Усмон баррасӣ нашудаанд ва ба хонанда басо маълумотҳои хонданбоб медиҳанд ва кўшиш ба харҷ рафтааст, ки баъзе норавониву номаълумиҳои дар китобатҳо рафта алоқадри ҳол ва имкон ислоҳ  карда шаванд. 

Мақолае, ки бештар диққатро ба худ ҷалб менамояд, “Меҳру сеҳри нақди шеър” аст. Аз муқаддимаи мақола маълум аст, ки он гузориши супоришӣ будааст. Чун бо муҳтавои он ошно мегардем, мебинем, ки таҳлили мукаммали илмии вазъи шеъру нақди шеъри муосир дар такя ба суннати “аз беруни шеър дуртарро дидан” мебошад. Муаллиф тавонистааст перомуни ин мақола ҳам бурду бохти шеъру нақди онро таҳлилу баррасӣ намояд ва сўзи дилашро дар бораи ин соҳаи муҳимми адабиёт ифшо намояд. Дардҳои назму нақди муосирро баён намудаву ҳатталимкон роҳу усули даворо низ  пешниҳод намояд. Ҳар фикри баёншуда бо мисоле, бо иқтибосе, бо хулосабарории илмӣ асоснок карда шудааст, то даъво урёну беасос набошад. Барҷо қайд менамояд: ” Агар яке аз дардҳои шеъри муосири тоҷик умумигўйист, нақд ҳам  аз ин дард эмин намондааст.” Мутаассифона, дар гузориш ҳарчанд ифшову эродҳо, мисолу иқтибосҳо мушаххасанд, аммо муаллифони нақду тақризҳо мушаххас номбар намешаванд. Нуқтаи назари танқидии басо ҷолиби муаллиф дар хусуси  он, ки баъзе мунаққидон имрўз лозиму нолозим аз шеъри муосир маъниҳои орифона меҷўянд, қобили таҳсин аст. Ин кўшиш “аз ҳеҷ чиз чизе” гуфтан, рўъёе, назарфиребӣ ва худфиребие беш нест. Ришханд ба аҳли ирфон аст. Асоси ирфон аз худ гузаштану ба ҳақ расидан будааст. Кадом шоири мо дар замони пешрафти илму технология ба ин роҳ меравад? Агар чанд мисрае дар тақлиди бузургон гуфта шудааст, ё пессимизми муваққатӣ, ё худ ҳолати гузарои рўҳонист. На бештар аз ин. “Албатта, имрўз пеши сели шеъри умумиро ҳам гирифтан номумкин асту садди нақди умумӣ ҳам шудан. Лекин чунин навиштаҳоро ақаллан ба минбарҳои расмии Иттифоқи нависандагон роҳ надодан имкон дорад ва барои ин фақат заҳмату масъулияти бештари вобастаҳои ин кор лозим аст” – қайд мекунад муаллиф. Умедворем, ки ў аз масъулияту маъмурияти имрўзаи хеш истифода намуда, ҳамин хидмати басо мушкил, вале савобро барои адабиёти муосир алоқадри ҳол иҷро хоҳад кард. Зеро ин гузориш-мақола агарчи ҳанўз соли 2012 таълиф шудааст, решу дардҳои дар он номбаршуда  музминтар гаштаанд, ки беҳтар не. 

Месазад дар хусуси  дигар мақолаҳои дар китобомада суханҳои хуби зиёде  гуфт. Мазмуну манфиати онҳо беш аз ин мақолаанд. Эй кош, чунин муаллифу мақолаҳо имрўз бештар мебуданд.  Зеро, чуноне қайд намудем, дардҳои дар онҳо номбаршуда бештаранду кўшиши давояшон камтар. Сониян, чунин мақолаҳо метавонанд дастури хеле хубе барои насли ҷавони пажўҳишгарон, адабиётшиносон, матншиносон ва мунаққидон гарданд. Басо табиист, ки мо аз гузаштаи адабиётамон, аз бузургони суханофарамон фахрҳо дорем. Вале фаромўш набояд кард, ки ғайри фахр аз падарон бори масъулияту миннати меросбариву фарзандӣ ва тарбияву ташаккули фарзандро ҳам бояд кашид. Зеро басо бамаврид аст гуфтаи Калими Кошонӣ:

Фарзанди мост шеъру бад-он фахр мекунем,

З-он аблаҳон наем, ки фахр аз падар кунем.

      Муртазоалӣ Муродов,

             ш. Истаравшан

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved