• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Ҳар кас метавонад аз ин китоб панде судманд ва нуктае муҳим барои худ биёбад. Тавре Юнус Юсуфӣ дар сарсухани китоб овардааст, ин  китоб ба гулистоне мемонад пўшида ба гулҳои рангоранг, ки ҳар гул бўе хосу ранге дигар дорад. Ва низ зиндагиномаи кўтоҳи ин бузургон бо саҳнаву лаҳзаҳои омўзандаву ибратбахш дар ниҳоди кас эҳсоси гарми фахру сарбаландӣ аз одам будану бо ин касон пайванд доштанро ба бор меорад, ангезаи нек андешидану нек будану нек карданро дар дил ҷо медиҳад.

Андарзҳои Афлотун, Арасту, Суқрот, Конфутсий, Ситсерон, Горатсий, Юлий Сезар, Леонардо да Винчи, Галилео Галилей, Паскал, Пётри Кабир, Ян Амос Каменский, Ҷонатан Свифт, Ҷорҷ Вашингтон, Ҳёте, Балзак, Маҳатма Ганди, Гогол, Виктор Гюго, Чарлз Дарвин, Фёдор Достоевский, Ленин, Ҷек Лондон, Карл Маркс, Владимир Маяковский, Нитше, Александр Пушкин, Марк Твен, Лев Толстой, Иван Тургенев, Чернишевский, Антон Чехов, Бернард Шоу, Фридрих Энгелс, Алберт Эйнштейн, Ҳеродот, Димокрит, Ҳомер, Ҳессиод ва дигарон бо маълумоти мухтасар дар бораи ҳар яки онҳо оварда шудааст.

- Саргузашту сарнавишти ин касон низ чун пандашон муфиду омўзандаву ибратбахш аст, чун Бианти ҳаким ҷангҳои дарози миёни Юнону Лидияро ба поён овард, духтаракони асирро харид, дар хонааш парварид, ба воя расонид ва бо ҷиҳоз ба хонаи падаронашон гуселонид; Суқрот, ки барои ҳимоят аз ҳақиқат ба марг маҳкум гашт, пешниҳоди дўстонро аз боби фирор рад кард ва бо сари баланд косаи заҳрро нўшид; Ҷордано Бруно, ки дар ҳашт соли зиндон шиканҷаҳои гўшношунидро паси сар кард, аммо ҳеҷ як аз гуфтаҳояшро рад накард, ниҳоят дар оташ сўзонида шуд; Достоевский, ки дар зиндон мардиву далерӣ нишон дод, гуноҳони дўстонашро ба гардан гирифт, ба марг маҳкум гардид ва ҳангоме ки дар зери дор буд, амри куштанро ба бадарға бадал кардани шоҳ расид, - иброз медорад Юнус Юсуфӣ.

Хонандаҳо метавонанд китоби «Андарзи бузургон»-ро дар тарҷумаи Юнус Юсуфӣ аз фурўшгоҳҳои нашриёти «Адиб» бо қимати дастрас харидорӣ кунанд.

 

Б. ТОҶИДДИН,

«АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved