• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Баъди тамошои он ба чунин хулоса омадам: агар шеъри Бозор шир бошад, пас, суруди Саидқул шакар аст. Овози ширадору марғуладори Саидқул зери навозиши ромишгарони ҳирфаиву чирадаст дар вуҷуди ҳар шунавандаву бинанда як ҳиссиёти ширину гувороеро падид меорад, ки таҳрикдиҳандаи он шеъри бозоргири Бозор аст. Чун баъзе шеърҳои Бозорро мутолиа мекунӣ, ҳеҷ ба лавҳи хотир ҳам оварда наметавонӣ, ки ба он оҳанг бастан имкон дорад. Саидқул, ки дорои касбияти баланди эҷодӣ ва ҳунарист, метавонад ба ҳама гуна шеъри дар жанрҳои мухталиф эҷодкардаи Бозор оҳанг биофарад ва онро чунон бисарояд, ки ба дили шунаванда асар кунад. Ҳар вақте ки шоир «Олучаи латтадор буд модари ман», «Шоиронро масупоред набўсида ба хок», «Аз Ватан рафтам, валекин мекашад хокаш, хоку хошокаш», «Теғи дармонбахши Сино рўи дунёро гирифт», «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд», «Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст», «Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон сарҳади тоҷик забони тоҷик аст»,«Табхола дар лабҳои дил», «Аз мўйи то зонуи ту…»,  «Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат, Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат» - мегўяду Саидқул онро месарояд, вуҷуди шунавандаву бинанда ба ларзиш меояд ва беихтиёр ҳисси ватандориву хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, ишқу муҳаббати ў қавитар мегардад.

Солиёни қабл ягона сарояндае, ки бо ҷасорату маҳорат ва бо камоли самимият ба шеъри Бозор рў оварда, оҳанг меофариду месароид, Саидқул буд. ў дарк мекард, медонист, ки шеъри Бозор сафобахши рўҳи мардуми шеърдўст мебошад. Солҳои зиндагии шоир дар ғурбат ба эҷодиёташ бетаъсир намонд.  Аммо на  ҳар кас дарки андешаи Шоири халқии Тоҷикистон  Озарахш–«Бозори Собир як тараф, Бозори шоир як тараф»-ро дошт. Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шеъри Бозор Собир, ки саршор аз ватандўстӣ, ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба хидматҳои арзандаи бузургони миллат аст, баҳои баланд дода, қадрдонияш намуд ва бо ордени «Ситораи Президент» сарфарозаш гардонд.

Имрўзҳо шеърҳои «Чаро намеоӣ?», «Теғи Сино», «Айнӣ», «Тоҷикистон», «Забони модарӣ», «Кулбаи модар», «Ту ними манӣ», «Дилам месўзад», «Қасам ба ҳарду дидаам», «Сурхии рўятро бидеҳ», «Сўзан агар дар дили ман монд» ва боз даҳҳо шеъру чорпораҳои дигар, ки Саидқул ба оҳанг даровардаву сурудааст, дар хотираи мардуми мо нақш баставу ширеш гардидааст. Ҳарчанд Бозор Собир унвони Шоири халқии Тоҷикистонро надошт, аммо зиёда аз 45 шеъре, ки Саидқул ба онҳо оҳанг баставу аз замири қалб сурудааст   намирандаанд ва мардуми фарҳангдўсту мусиқишиноси тоҷик солҳои дароз онҳоро гўш хоҳанд кард, ки беҳтарин гувоҳ ба шоири халқӣ будани ўст. Бале, шеъри Бозору сурудҳои дар ин замина тавлидшудаи Саидқул дар хазинаи телевизиону радиои Тоҷикистон маҳфуз хоҳанд монд ва солиёни тўлонӣ дар барномаи «Сурудҳои ҷовидона» садо хоҳанд дод.              

Қиёмуддин АБДУЛЛОЕВ,

нависанда

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved