• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 Мутаассифона, то ҳол зуҳуроти манфии дигаре низ дар ин маврид ба мушоҳида мерасад. Ҳатто ҳастанд нафароне,  ки чанд шеъргунаи хомухатала гуфтаву аз ҳисоби худ чоп карда, дар ҳама ҷо беасос хешро узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифӣ менамоянд. Табиист, ки ИНТ аз мавҷудияти чунин аъзояш воқиф нест ва ҳеҷ ҳуҷҷате барои собит кардани узвияти чунинҳо вуҷуд надорад.

Имрӯз дар асоси хабарҳои интишорнамудаи баъзе аз расонаҳои хабарӣ дар пайи ҳодисаи иттиҳоми як гурӯҳи ифротӣ ба узвияти ҳизби «Ихвонал муслимин» номи ба аҳли адаб ноошнои Исмоил Абдулваҳҳобзодаи Мушкрӯдиро ҳам мехонем, ки узви Иттифоқинависандагони Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Дар Иттифоқи нависандагон ҳеҷ гуна санаду матраке вуҷуд надорад, ки узвияти ин шахсро тасдиқ намояд. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар пайи ин хабари дурӯғи иттилоъ медиҳад, ки ба узвият пазируфта шудани Исмоил Абдулваҳҳобзодаи Мушкрӯдӣ ҳатто ягон вақт матраҳ нашудааст. Номбурда ба бахшҳои ИНТ муроҷиат кардааст, аммо бо сабаби арзанда набудани навиштаҳояш ҷавоби рад гирифтааст.

Барои мисол чанд сатрро аз китоби «Алифбоҷони ман»-аш меорем, ки сатҳу савияашро хуб нишон медиҳад: 

Баҳ мутҳайвони маланг,

Накунад бо касе ҷанг.

Бечора дар таги об,

Ҳатто тарсад аз паланг.

***

Жола борид аз боло,

Ба хостиХудои мо.

Рӯи ҳавлӣ давидем,

Як тоқӣ жола чидем.

Чун ба хона расидем,

Тоқӣ пур об дидем.

***

Илм бигир духтарам,

То ки шавӣ муҳтарам,

Илм нагирӣ агар,

Мекунӣ дарди сарам.

 Ҳеҷ имкон надорад, ки бо ин сатрҳои парешони холӣ аз рангу бӯи бадеият ва пур аз ғалати мантиқиву маъноӣ нафаре узви Иттифоқи нависандагон бишавад. Муаллиф ба як бемории дигар – зикри адибони шинохта ҳамчун муҳаррири китоби хеш низ мубталост ва бо ин роҳ хостааст нуфузи худро боло бибарад. Муҳаррири як китобаш Абдусаттори Раҳмон ҳанӯз соли гузашта изҳори норозигӣ карда буд, ки ӯ муҳаррири китоб нест ва муаллиф худсарона номашро зикр кардааст.

Маълум нест, ки сомонаи akhbor.comмаълумоти узви Иттифоқи нависандагон будани Мушкрӯдиро аз куҷо гирифтааст ва манбаъи иттилоаш куҷост. Маҳз ҳамин сарчашма боис шудааст, ки чанд сомонаи дигар номбурдаро узви ИНТ муаррифӣ намоянд. Ин амали сомонаи akhbor.com  бар хилофи одоби рӯзноманигорист, ки насанҷида ҳар гуна маълумоти дурӯғро пахш менамояд.

Ин гуна ашхос, ки бе ҳеҷ далел худро узви ИНТ муаррифӣ мекунанд, кам нестанд. Баъзеи онҳо то 70 асар чоп кардаанд, вале ба узвияти ИНТ пазируфта нашудаанд. Файзалии Достӣ, ки муаллифи 20 асари бадеӣ будаасту дар пушти китобҳояш худро узви ИНТ (аз соли 2006) муаррифӣ менамояд, аз ҷумлаи инҳост.  Дар сафи аъзои худ будани чунин нафаронро, ки ҷумлаи дурусте навишта наметавонанд, ИНТ ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат намедиҳад.

Китобе аз ин «шоир»-ро рӯи даст дорем, ки «Достони Чилдухтарон» унвон гирифтааст ва дар матбааи хусусие бемураттиб ва муҳаррир бо теъдоди 200 нусха чоп шудааст. Дар оғози китоб ҷумлаи бесару нӯгеро мехонем: «Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми эълон гардидааст».

Хонандаи азиз худ қазоват кунад, ки дар ин ҷумла чӣ миқдор ғалат мавҷуд аст. Оё ИНТ, ки барои тозагии сафҳояш иқдоме карда буд ва боз ҳамчунин иқдом хоҳад кард, ин гуна афродро ба сафи худ роҳ медиҳад?

Файзалӣ Достӣ хатмкардаи факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст ва онро соли 1970 бо баҳои аъло ба итмом расонидааст. Ин муаллиф дар тӯли 53-соли собиқаи кории худ забонро дуруст наомӯхта, бо тахаллуси «Машҳурии Хатлонӣ» дар шоирӣ «машҳур» шудан хоста аст. Аммо навиштаҳои дар китоби ӯ ҷамъомада басо содалавҳона навишта шуда, дур аз назокату нафосат мебошанд. Муште намунаи харвор:

Машҳури дунё Имоми Аъзам,

Мазҳаби Шумо Имоми Аъзам

Забони тоҷик машҳур гардид

Исломи дунё Имоми Аъзам…

 

Ё, бигирем «шеъри» дигарро, ки ба адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров бахшида шудааст:

Соҳиб Табаре дар мазорут садқа,

Дар чораҳҳои чашмадорут садқа,

ТемурТабаров аз шаҳри Маскав омад,

Дар китоби дасти гулдорут садқа.

Чораҳҳои Соҳиб дар Дуобай, модар,

Вандами азиз мазорда хобай, модар,

Темурҷони ҷон барои зиёрат рафтай,

Аз реҳлаташон дида пуробай, модар.

Ин ҳазёнпора на ба гуфтори бадеӣ наздикасту на лоиқи номи мухотабаш! Ҳамин гуна садҳо мисоли дигар метавон овард, ки соҳибзавқ набудани Машҳурии Хатлониро собит мекунанд. Оё адибоне чун Абдуҷаббор Раҳмонзода, Низом Қосим, Носирҷон Салимӣ, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафӣ, Абдураҳмони Абдуманнон, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода ва дигарон, ки дар Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастанд, иҷозат медиҳанд, ки чунин афрод ба узвияти ин созмони муътабар пазируфта шаванд? Ҳаргиз не!

Мо минбаъд низ ин мавзӯъро пайгирӣ мекунем ва қаллобони адабие чун Файзалӣ Достӣ ва ҳамтоёнашро рӯи об мебарорем. Беҳтар он аст, ки чунин ашхоси безавқу беҳаё бо ҳазёнпораҳои худ ба номи Иттифоқи нависандагон иснод наоранд.

                                                                                        М.Шарифӣ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved