• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Аз соли 1968 нашри маҷалла аз нав ба роҳ монда, бо пешниҳоди устод Мирзо Турсунзода ба он бо орзуи фатҳи қуллаҳои баландтарини адабиёт номи "Памир" гузошта шуд. Сарварии он ба зиммаи публитсист Масъуд Муллоҷонов гузошта шуд. Аваал дар ду моҳ як маротиба нашр мегашт, сипас ҳармоҳа шуд. То имрўз бо ҳамин унвон фаъолият мекунад. Солҳои 70-80 маҷалла дар доираи Иттиҳоди Шўравӣ мақоми байналмилалӣ гирифта, теъдоди нашри он то 15000 нусха афзуд.

Солҳои гуногун ба маҷалла Борис Пшеничний, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Нур Табаров ва дигарон сарварӣ карданд.

Дар шумораи якуми маҷалла масъулияти таҳриру тасҳеҳи онро се узви ҳайати таҳририя - адибони рус Н. Рожков, В. Кириллов, Н. Кладо ба уҳда доштанд. Дар ин шумора бештар осори адибони муқими Тоҷикистон - ашъори Василий Кириллов, Павел Зорин, Марианна Фофанова, Иван Зарайский, Борис Расновский, Петр Моторин; ҳикояҳои  Дмитрий Дудкин, Вячеслав Чудновский, пйесаи Николай Кладо, очеркҳои Александр Усенко, Виктор Байдерин, Алексей Луковетс, Александр Новичков, инчунин, шеърҳои Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар,  Муҳиддин Фарҳат, Усмон Умарӣ. Абдумалик Баҳорӣ, Аминҷон Шукўҳӣ дар тарҷумаи ҳамин шоирон ба табъ расидааст. Тавре маълум аст, аксари ин шоирон солҳои минбаъда узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуда, барои рушди адабиёти тоҷик, махсусан тарҷумаи осори адибони мо хизматҳои шоиста намуданд.

Маҷалла дар ин муддат осори устодон Садриддин Айни, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуѓзода, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Бозор Собир ва дигаронро ба русӣ мунташир сохтааст. 

Бо ташаббус ва ибтикори Масъуд Муллоҷонов баробари муаррифии асарҳои беҳтарини адибони тоҷик ба забони русӣ, инчунин, бисёр масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа дар саҳифаҳои маҷалла инъикос меёфтанд. Дар натиҷа, маҷалла, ки қаблан дар ду моҳ як маротиба нашр мегашт, пас аз муддате ҳармоҳа шуд. Бисёр адибони маъруфи замон аз ҷамоҳири шўравӣ ва мамолики хориҷӣ бо он ҳамкорӣ мекарданд. 

Солҳои 90-ум, дар замони душвори ҷанги шаҳравандӣ, вазъи таҳия ва нашри маҷалла чун дигар расонаҳои матбуотӣ мушкил гашт. То соли 1993 адибони русзабон - Б. Пшеничний - сармуҳаррир, Л. Пашенко (котиби масъул), В. Попов (шуъбаи наср) ифои вазифа мекарданд, вале гароншавии нархи маҳсулоти полиграфӣ, парешонии вазъ боиси он гашт, ки соли 1992 теъдоди нашри маҷалла ба 1452 нусха фаромад.

Ба сардабири нави маҷалла адиби маъруф Саттор Турсун зарур омад, ки ҳама корро аз нав ба роҳ монад. Дар охирсухани худ дар шумораи таҷдидшудаи маҷалла ў навиштааст: "Пас аз танаффуси иҷбории якунимсола"

Алҳол мо, ҳайати эҷодии нашрия, вазифаи худро пеш аз ҳама дар он мебинем, ки ба доираи васеи хонандагон намунаҳои беҳтарини адабиёти классикӣ ва асарҳои нави шоирон, нависандагон, драмнависони тоҷик пешкаш гарданд. Дарвоқеъ, ин вазифаро дар назди мо Раёсати ИНТ гузоштааст.

Дар шумораи нави маҷаллаамон асарҳои нави Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шукуров, Раҳмат Назрӣ ва дигарон нашр шуданд. 

Ҳамин тавр, бо вуҷуди мушкилоти зиёди ихтисосиву молиявӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон нашри он идома ёфт.

  Бо ибтикори сармуҳаррирон Кароматуллоҳи Мирзо ва Нур Табаров маҷалла дубора мустақил шуда, аз  соли 2007 дар се моҳ як маротиба ва дар соли ҷашни 70-солагиаш аз соли 2019 дар ду моҳ як маротиба нашр мегардад. Тибқи обуна адади нашри маҷалла дар соли 2019 ба 650 нусха расид.

Маҷаллаи "Памир", тавре гуфтем, ҳамчун нашрияи бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа афкори адибонро ироа мекунад, намунаҳои беҳтарини назму наср, драматургияи муосири тоҷик ва марбут ба ҷашнҳо дурдонаҳои адабиёти классики тоҷикро дар тарҷума ба забони русӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  муаррифӣ мекунад.  Инчунин, хонандагони маҷалларо бо беҳтарин асарҳои адабии бахшида ба Тоҷикистон, таърихи тоҷикон, адабиёти классикиву муосири тоҷик, дурдонаҳои адабиёти ҷаҳон шинос менамояд.

70-солагии "Памир" - иди адибону адабдўстон муборак! 

ҶУМЪА ҚУДДАС

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved