• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Аз 6 то 10 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  миёни оҳангсозон, сарояндаҳо, навозандаҳо, шоирон ва ровиён даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" баргузор гардид.

 Аз рўйи номинатсияи навозандагӣ  ва навозандаи анъанавӣ  ҷойи аввал ба ансамбли миллии созу навои "Дилнавоз"-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо   44 хол дода шуд.  Ҷои дувумро  Ҷовидон Ҳасанов аз шаҳри Душанбе бо касби 43 хол соҳиб гардид. Инчунин ҷои сеюм ба Шарифҷон Раҳимзода аз шаҳри Душанбе  бо 40 хол ва ҷои чорум ба Масрур Асомиддинзода аз шаҳри Роғун бо 39 хол сазовор дониста шуд. Дар бахши навозандаи академӣ  ҷои аввал насиби Ҷаннат Ҳусейнзода аз шаҳри Душанбе бо касби 48 хол гардид. Ҷои дувумро Дилрабо Убайдуллоева аз шаҳри Хуҷанд бо 40 хол, ҷои сеюмро Улуѓбек Ниёзов аз шаҳри Ҳисор бо 38 хол ва ҷои чорумро Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруѓ бо 34 хол сазовор гардиданд. Аз рўйи номинатсияи оҳангсоз ҷои аввал ба Зафар Турдиалиев аз шаҳри Душанбе бо 50 хол, ҷои дувум ба Бахтиёр Убайдзода аз шаҳри Душанбе бо 48 хол, ҷои сеюм ба сокини пойтахт Бахтовар Давлатов бо 46 хол ва ҷои чорум ба Назира Ҳамдамова аз шаҳри Хуҷанд бо 43 хол муносиб дониста шуд. Дар бахши сарояндаи академӣ  ҷои аввал ба сокини шаҳри Турсунзода Амрулло Калонов бо 70 хол лоиқ дониста шуд. Ҷои дувум ба гурўҳи "Трио"-и шаҳри Хуҷанд, ки 69 хол гирифт, насиб гардид. Ҷои сеюмро Ҳаётҷон Ҳамрохонов аз шаҳри Ҳисор бо 68 хол ва ҷои чорумро Далери Исматулло аз шаҳри Панҷакент бо 63 хол сазовор гардиданд. Дар номинатсияи ровӣ  ҷои аввалро ба сокини шаҳри Панҷакент Муштарӣ  Сафарова бо 49 хол, ҷои дувумро ба сокини ноҳияи Файзобод Шодмеҳр Давлатов бо 46 хол, ҷои сеюмро ба Динора Ҷабборова аз шаҳри Душанбе бо 44 хол ва ҷои чорумро ба Садаф Ҷангибекова аз ноҳияи Ишкошим бо 41 хол   сазовор донистанд.

Дар номинатсияи шоирӣ  ҷои аввалро Бузургмеҳри Ҳаким аз шаҳри Ваҳдат бо 46 хол ба даст овард. Ба ҷои дувум сокини ноҳияи Тоҷикобод Сулаймони Аҳтам бо 42 хол сазовор шуд. Ҷои сеюмро сокини ноҳияи Роштқалъа Назархудо Назархудоев бо 35 хол ва ҷои чорумро Санавбар Раҳимова аз шаҳри Душанбе бо 32 хол ба даст оварданд.

Бояд гуфт, ки барои Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 20 000 сомонӣ  ва ҷойҳои сеюм 15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ  шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 16 ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  барандаи Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ  муайян мегарданд.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved