• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Имсол нависандаи барҷаста Пўлод Толис 90-сола шуд. Ба ин муносибат 23 октябри соли равон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки пайвандони нависанда, ҳамсараш, собиқадори радио Иноят Рустамова, фарзандонаш Лола Пўлодова ва Азиза Пўлодова, адибону адабиётшиносони маъруф ва донишҷўёни донишгоҳҳои олии пойтахт маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зимни суханронӣ аз таърихи номгузории Пўлод Толис, аз омўзиши васеъ, аз паҳлуҳои гуногуни зиндагиву нависандагии мавсуф сухан кард. Ба гуфтаи Низом Қосим, падари Пўлод Толис ба эҳтироми нависандаи рус Л. Н. Толстой насаби ўро ба писараш гузоштааст, ки бо гузашти вақт ба хотири осонтар талаффуз кардан он ба Толис мубаддал гардидааст. Тавре номбурда изҳор дошт, Толис воқеан Толстойи насри мо шуд.

Узви вобастаи АИ ҶТ Аламхон Кўчарзода ва адабиётшинос Шамсиддин Солеҳ доир ба зиндагиву асарҳои пурмуҳтавои нависанда маърўза карданд.

-Ман зиндагиро аз навиштаҳои Пўлод Толис беҳтар аз ҳама шинохтам. Чунки асарҳояш ба рўзгори мо ниҳоят наздик буд. Чизеро, ки дар атроф медидам, дар эҷодиёти Пўлод Толис мехондам, бахусус дар повести "Тобистон". Пўлод Толис сардафтари насри равоншинохтии мо ба ҳисоб меравад. Маҳорати Толис аз омўхтани пурарзиштарин асарҳои адабиёти ҷаҳонӣ низ замина гирифтааст, ки ба забони русӣ тарҷума шуда буданд ва ба хондани онҳо нависанда аз айёми бачагӣ оѓоз карда буд, - изҳор дошт Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким. 

Адибон Кароматуллоҳи Мирзо, Абдулҳамид Самад, Бахтиёри Муртазо хотираҳои ҷолибу ибратбахшеро аз зиндагонии Толис зикр карданд. Шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур ҳангоми суханронӣ як шеъри барои ҳамсари нависанда - Иноят Рустамова бахшидаи худро хонд. Чанде аз донишҷўёни ДМТ низ шеърҳои ба Пўлод Толис бахшидаи шоирони маъруфи кишварро қироат намуданд.

Дар охир духтари нависанда, оҳангсози шинохта Лола Пўлодова барои баргузории чунин маҳфил ба Раёсати ИНТ изҳори сипос карда, ҷамъомадагонро хушомадед гуфт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved