• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Чанде пеш бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА  дар шаҳри Варшава нишасти анъанавӣ, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёсӣ ва дар маҷмўъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳо баргузор мешавад, анҷом ёфт.

 

Дар ин нишаст дар баробари кишварҳои дигар аз ҷониби Тоҷикистон низ ашхоси расмию ҳолдон, мутахассисони таҷрибадида ва муассисони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, аз раванди фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ маълумот пешниҳод намуданд. 

Моҳиятан ин нишасти таоруфӣ барои иддае аз иштирокдорон муаррифии амалкарди кишварашон, вазъи фаъолияташон дар кишвари иқомат дар як соли сипаришуда ва дурнамои фаъолияташон дар солҳои оянда бошад, аммо барои иддаи дигар ин навъ ҳамоишот минбари ҳисобот додан бар моликону сармоягузорони худ ва майдони ҳузуру намоиши худ дар ҷомеа мебошад.

Аслан афроде, ки аз нишасту ҳамоишоти САҲА ба ҳайси минбари намоишии худ истифода менамоянд, гурўҳу нафароне мебошанд, ки дар кишварҳои дигар бо ҷурмҳои гуногун, аз қабили таҷовус ба номус, хиёнат ба Ватан, қочоқи маводи мухаддир, қатлу куштори инсонҳо ва ё бо ҷурми фасоди молӣ муттаҳам мешаванд, вале бо дастгирии доираҳои манфиатдор фаъолиятҳои худро ҷанбаи сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳизбӣ ва гуманитарӣ бахшида, дар ин ё он кишвар ва аксаран дар давлатҳои аврупоӣ паноҳгоҳ мегиранд ва дар як сол як маротиба дар ин навъ нишастҳо иштироки густарда намуда, шахси худро ҳамчун ҷабрдида нишон медиҳанд. Ва аксаран талош мекунанд, ки дар ин чанд рўз аз худ "фаъоли сиёсӣ", "пешвои динӣ", "роҳбари ҳизбӣ", "адвакат", "рўзноманигор", "нависанда", "шореҳ" ва чандин тахассуси дигар бисозанд ва худро ҳамчун опозитсия муаррифӣ созанд.

Агар ҳамоиши мазкурро аз диди таҳлил баррасӣ намоем, суолҳое пайдо мешаванд, ки посух додан ба онҳо лозим ва ҳатмӣ мешавад, ки яке аз онҳо ин аст: Барои кишварҳои аврупоӣ чӣ лозим аст, ки ҷинояткоронро дар кишвари худ паноҳгоҳ бидиҳанд, онҳоро сарпарастӣ ва аз онҳо ҳимоят намоянд? Таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки аз нигоҳи нишондодҳои таърихӣ кишварҳои аврупоӣ ҷонибдорӣ намудан аз дуздону қаллобон, ҳаннотону садрўяҳо ва ҷинояткорони ашадиро як усули таърихии худ дар муносибатҳои давлатдорӣ ва сиёсатҳои фароминтақавӣ медонанд. Ва ин фирқаи ҷиноятпеша яке аз авлавиятҳои онҳо дар сиёсатҳои минтақавияшон мебошад.

Ба бовари аврупоиҳо дуздону ҷинояткорон яке аз тоифаҳое ҳастанд, ки баъд аз муаммову мушкилоти зиёд ва пайгириҳои қонунӣ аз пушташон дар зиндагӣ чизе ҷуз зинда мондан ва озод будан намехоҳанд. Ва ин фирқаи ҷиноятпеша бо баҳои зиндагии худ ба ҳама кор омода ҳастанд. Ҳатто агар ба қатли модари худ бошад. Зеро онҳо мадюн ҳастанд. Таърих ҳам собит намудааст, ки ин муносибат дар сиёсатҳои Наполеон, Мусоллини ва Гитлер бараъло намоён буда, онҳо аз ҷинояткорон дастаҳои махсуси таблиғотию ташвиқотӣ омода менамуданд. Масалан, таъсис додани "Фронти Туркистон" дар замони Гитлер, ки ҳадафи аслии он ба вуҷуд овардани афкори мардумони Осиёи Марказӣ дар набарди бузург маҳсуб мешуд.

Ин тарзи муносибат ҳоло дар сафи неруҳои ДОИШ ба назар мерасад, ки аз миёни афроди мутааллиқ ба кишварҳои Осиёи Миёна дастаи мусаллаҳи Хуросон бунёд шудааст.

Бо нигоҳ доштани афроди ҷиноятпешае, ки дар Тоҷикистон бо ҷурмҳои сангин ва ҳатто терроризм муттаҳам мешаванд, фарз меравад, ки Аврупо дар садади барангехтани ҷангу низоъ мебошад. Зеро ҷонибдорӣ аз ҷиноятпеша, баробар ба ҷиноят аст, ки имрўз аврупоиҳо бо пуштибонӣ аз ҷинояткорони фирорӣ худро дар сафи онон қарор додаанд.  

Аслиддин Шарифов, рўзноманигор

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved