• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Рассом, омўзгор, Аълочии мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони ҷумҳурӣ Барин Неъматуллоев зодаи дараи Бартанги ноҳияи Рўшон буда, парвардаи мактаби миёнаи зодгоҳ ва Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе мебошад. То имрўз ба ҳайси омўзгору рассом фаъолияти пурсамар дорад.

 

Аз соли 1955 бо расмкашӣ машғул аст. Аммо бештари вақти худро барои тарбияи шогирдон сарф мекунад. 40 сол дар Коллеҷи рассомӣ кор кардааст. Тавре бо камоли ифтихору хурсандӣ ёдовар мешавад, се насли ахире, ки рассоманд, шогирдони ўянд. - Бобову падарашон ва худашонро дарс додаам, -  мегўяд ў. Баъзеи онҳо дар донишкада ҳамроҳаш кор мекунанд ва инро барои худ шарафи бузург арзёбӣ менамоянд. Имрўзҳо дар байни онҳо соҳибунвонҳо ҳам кам нестанд. Рассомони халқӣ, профессорону дотсентҳо ва муаллимони калони донишкадаҳоянд.

Барин Неъматуллоев дар шаҳри Душанбе осорхона низ дорад, ки дар он намунаҳои зиёду нодири ҳунарҳои мардумиро ҷамъ кардааст. Гаҳвора, чўбҳои наққошикардашуда, гулдўзиҳо, кафшҳои чўбӣ, гулдон, сабад, сангҳои катибадор, сангҳои гуногуни ороишӣ, шохи ҳайвоноти кўҳӣ, зарфҳои чўбӣ, сафолӣ, гилӣ ва мисии қадимӣ,  созҳои мусиқӣ, асбобҳое, ки кишоварзон замони пеш истифода мекарданд, қулфу калиди чўбӣ, намунаҳои зиёди ҳунари рассомӣ ва дигар анвоъро нигаҳдорӣ мекунад. Дар тани ҳар ашё ном, кай ва аз куҷо дарёфт кардани онро навиштааст. Дар бораи ҳар як чизи осорхона маълумоти кофӣ дораду ба одамон бо шавқу завқ нақл мекунад.  

Барин Неъматуллоев бар он аст, ки ҳунарҳои мардумӣ барои рушди сайёҳӣ пешравию такон ва ҷаҳиши дигар мебахшанд. Ба андешаи ў, ин ду чиз ба ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Ў мегўяд, ки ҳунарҳои кўзагарӣ, кандакорӣ, наққошӣ, дўзандагӣ, оҳангарӣ ва монанди инҳо дар муҳити мо мавқеъи худро гум накардаанд. Аммо ў  ба он чизҳое, ки имрўзҳо ё нест шудаанд ё дар арафаи нестшавӣ қарор доранд, таваҷҷуҳи дигар дорад.  Бинобар ин, ў ба ҷамъоварии намунаҳои ҳунару фарҳанги бостонии тоҷик пардохтааст. Ў мавзеъҳои гуногуни кишвар, хусусан ноҳияҳои Бадахшони Кўҳиро гашта, аз мардум намунаҳои ашёи камёфти  ҳунару фарҳанги миллию қадимии тоҷиконро ҷамъ овардааст. Бештари чизҳое, ки дар ин осорхонаанд, барои мардуми имрўз ноошноянд ва ҳатто дар дигар осорхонаҳо нестанд.

Барин Неъматуллоев ба ҷуз ин корҳо барои рассомон дар бораи ин ё он мавзеи таърихии кишвар, дар бораи шахсиятҳои фарҳангӣ ва ғайраҳо асарҳои омўзишӣ  эҷод кардааст. Ҳоло ҳам бо ғайрати зиёд аз пайи эҷод аст. Дар ояндаи наздик ният дорад, ки осорхонаи ҳунарҳои мардумии хешро васеътар кунад. Мехоҳад то қадри имкон он намунаҳои ҳунарро, ки аз байн рафтаанд, эҳё кунад. То имрўз баъзе чизҳои аз байн рафтаро барои осорхона худаш сохтааст. Барои он ки мардум донанду дар ёд бигиранд, ки гузаштаҳои мо чӣ ҳунарҳо доштанду чиҳо месохтанд, дар ин бора китоб навиштан мехоҳад. Ин шахсияти фарҳангӣ дар як гўшаи осорхонаи худ барои расмкашӣ  ҷой  интихоб кардааст, ки вақте мо вориди осорхона шудем, кўли Сарезро тасвир карда истода буд. Шогирдонаш дар муҳити орому озодаи осорхона  аз ў ҳунари рассомӣ меомўзанд. Дар як канори осорхона магнитофон гузошта шудааст, ки тариқи он меҳмонони осорхона сурудҳои сарояндаҳои касбии тоҷикро мешунаванд.  Ҳар гоҳ, ки тамошои осорхона ба охир мерасаду мардум рафтанӣ мешаванд, Барин Неъматуллоев дафтареро ба дасташон медиҳад, ки дар он барои дигарон таассуроти худро аз осорхона сабт кунанд. Вақте мо бо одати кунҷкобӣ дафтари мазкурро варақ задем, аз навиштаҳо пай бурдем, ки сокинони кишвар ва берун аз он зиёд аз осорхонаи Барин Неъматуллоев дидан кардаанд. Номбурда ҳарчанд барои зинда нигоҳ доштани фарҳангу ҳунар ва санъати тоҷик хидматҳои зиёд кардааст, боз нияти корҳои зиёди дигарро дорад, ки қобили дастгирӣ ва эътирофанд.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, "АС"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved