• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии академики АИ ҶТ, Ходими хизматнишондодаи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Ўзбекистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино АбдулҒанӣ Мирзоев маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

 

Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оҒоз бахшида, зимни суханронии худ изҳор дошт, ки устод АбдулҒанӣ Мирзоев нафаре буд, ки ҳанўз дар солҳои 30-юм ба масъалаҳои гуногуни забону адабиёти мо даст зад ва бо як нигоҳи наву тоза кор кард. Махсусан, асарҳои бунёдиаш дар бораи устод Рўдакӣ, Сайидои Насафӣ, Мулҳами Бухороӣ, Камолиддин Биноӣ аз ҷумлаи корҳое ҳастанд, ки дар радифи шоҳкориҳои адабиётшиносии замони шўравӣ меистанд, дар қатори шоҳкориҳои Бертелс, Брагинский, устод Айнӣ ва дигар устодони адабиётшинос. Имсол, ки ҷашни Сайидост, шодем, ки китоби устод АбдулҒанӣ Мирзоев дар бораи Сайидо боз нашр шуд.

Адабиётшиноси маъруф Абдураҳмони Абуманнон, ки солҳои зиёд бо АбдулҒанӣ Мирзоев кор кардааст, дар нишаст ҳамчун гардонандаи маҳфил аз рўзгору осори мавсуф ёд кард. Номбурда аз ҷумла чунин гуфт:

"Мавқеи устод АбдулҒанӣ Мирзоев дар илми филологияи тоҷик, хусусан дар илми адабиётшиносӣ хеле барҷаста ва намоён аст. Аз адабиётшиносону шарқшиносони мо дар даврони шўравӣ устод АбдулҒанӣ Мирзоев баъди устод Садриддин Айнӣ ягона нафаре буд, ки дар тамоми марказҳои шарқшиносии Иттиҳоди Шўравӣ ва берун аз он, дар Эрону Покистону АфҒонистон ва Ғарб, нуфузу эътибори бисёр баланд дошт. Чунки ҳар чизе, ки мегуфт, маҳсули омўзиш ва таҳқиқи бисёр фарогираш буд".

Яке аз шогирдони пуркори АбдулҒанӣ Мирзоев матншинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ маърўзаи хотирмону ҷолиби хешро пешкаши ҷамъомадагон кард. Алии Муҳаммадии Хуросонӣ аз зиндагиномаи устод АбдулҒанӣ Мирзоев ва фаъолияти босамари ў андешаронӣ карда, чунин хулосабарорӣ намуд:

"Устод АбдулҒанӣ Мирзоев дар бахши забоншиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик ва рушди адабу фарҳанги кишвар саҳми бузург дораду заҳматҳои бесобиқааш водоштанд, ки мо 110-солагии мавсуфро ёдовар шавем, бо ёди олим соате маҷлисамонро гарм дорем, бардошту хотираҳоямонро бедор намоем. Ва ба такрор аз сабақҳои хуби таърих суд бардорем. Устод АбдулҒанӣ Мирзоев пайваста бо рўзномаҳои "Овози тоҷик", "КамбаҒал деҳқони" ҳамкории зич дошт ва бо имзоҳои Гулханӣ, Шаҳдӣ, АбдулҒанӣ хабарҳою мақолаҳои зиёде интишор дод. Дар баробари корҳои ҷамъиятию роҳбарӣ ҳамзамон ба корҳои эҷодӣ машҒул будани устод АбдулҒанӣ Мирзоев ҳанўз аз рўзҳои аввали фаъолияти меҳнатиаш оҒоз ёфта буд".

 Профессор Абдунабӣ Сатторзода аз он сухан кард, ки паҳлуҳои зиёди зиндагӣ ва фаъолияти АбдулҒанӣ Мирзоев то ҳол норўшананд ва муҳаққиқони мо бояд ба ин масъала ҷиддитар машҒул бошанд. Абдунабӣ Сатторзода изҳор дошт: "Дар нақд ва адабиётшиносии замони шўравии тоҷик АбдулҒанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода ва Холиқ Мирзозода аз чеҳраҳои саршинос ва таъсиргузор буданд. Вале аз ин се тан АбулҒанӣ Мирзоев дар илм бартарӣ дошт. Ман се китоби устодро махсус таъкид карданӣ ҳастам, ки  ин китобҳо дар зоти худ нодиранд ва бунёдӣ ҳастанд. Дар он вақт ва баъд ҳам раванди инкишофу рушди минбаъдаи илми адабиётшиносии тоҷикро муайян карданд. Инҳо рисолаҳои "Сайидо ва мақоми ў дар таърихи адабиёти тоҷик", "Абўабдуллоҳ Рўдакӣ", "Рўдакӣ ва инкишофи Ғазал дар асрҳои X-XIV" мебошанд.

Ин се асар аз рисолаҳои бунёдӣ ва воқеан ҳам аз дастовардҳои бузурги илми адабиётшиносии муосир ҳастанд. Ва бо умқи таҳлил, чашмандози фарохи илмӣ нисбат ба ҳамаи таълифоте, ки дар он вақт буданд, бартарӣ доштанд. Донишмандони хориҷӣ дар он солҳо дар асарҳои таҳқиқотии худ аз навиштаҳои АбдулҒанӣ Мирзоев иқтибосҳо меоварданду қадр мекарданд. Маҳз ба шарофати АбдулҒанӣ Мирзоев илми адабиётшиносии тоҷик ба раванди умумии илми шарқшиносии дунё ворид шуд. Ин  хеле хидмати бузург аст. Академик АбдулҒанӣ Мирзоев ба ҳар мавзўъ, ки даст зад, онро ҳаматарафа омўхт".     

Узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад низ андешаҳои дигаронро тақвият бахшида, ба хулосае омад, ки дар илми адабиётшиносии мо мисли АбдулҒанӣ Мирзоев касе кашфиёт накардааст. Ба андешаи ў, аввалин касе, ки Сайидоро ҳамчун шоири ҳунарманд кашф кард, аввалин касе, ки тазкираи Малеҳои Самарқандиро шиносонд, ки аз беҳтарин тазкираи адабиёти мост, маҳз АбдулҒанӣ Мирзоев мебошад.

Адабиётшинос Ҷамолиддин Сайидзода аз хидматҳои муҳаққиқ ёдовар шуда,  изҳор дошт, ки саҳми АбдулҒанӣ Мирзоев дар шиносондани сабки ҳиндӣ ва шоирони сабки ҳиндӣ ҷойгоҳи бузург дорад. Ин сабк аз пурбортарин сабк аст, ки то ҳанўз таҳқиқи пурра наёфтааст.

Дар охир зикр гардид, ки дар рўзҳои наздик бо ҳамдастии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин чорабинӣ дар доираи васеъ гузаронида мешавад. 

Бузургмеҳри Тоҷиддин, "АС"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved