• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

                                                                   

Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дар сиёсати ҳамарўзаи давлатдорӣ низ рухдодҳое ҳастанд, ки аз рўйи моҳияту таъсир ба ҳаёти моддию маънавии халқ ва шууру рўҳияи шаҳрвандон мақоми муҳим пайдо мекунанд ва ҷузъи кору рўзгорашон мешаванд. Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷумлаи чунин рухдодҳои муҳим аст, ки дар анҷоми ҳар сол дастовардҳоро зикру таҳлил ва тарҳи бунёдкориҳои ояндаро муайян мекунад.

 Имсол ҳам аз ҷониби роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат, роҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳо, намояндагони аҳли ҷомеа ва меҳмонони муътабар паёми амиқмазмуну дақиқаҳдофе расонида шуд. Тавассути он нуктаҳое зикр гардиданд, ки мо худ шоҳиди бунёду иҷрояшон ҳастем ва дар рўзгори ҳаррўзаи хеш эҳсосашон мекунем. Аз ҷумла, иҷрои ҳадафҳои стратегие чун истиқлолияти энергетикӣ, рафъи бунбасти коммуникатсионӣ, худкифоии ғизоворӣ, ки дар як муддати кўтоҳ бо заҳмати мутахассисон дар пеши назари аҳолӣ иҷро шуданд ва дар марҳалаи такмиланд. Ин дастовардҳо имкон медиҳанд, ки халқу кишвар дар назди худ мақсадҳои нави бузург бигузорад ва тибқи Паём батадриҷ аз мамлакати аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ мубаддал намудани Тоҷикистон аз он ҷумла аст.

 Комёбиҳои назаррас дар сиёсати хориҷӣ, ташаббусҳои тозаи ҷаҳонӣ, тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ, такмили риштаҳои маорифу тандурустӣ, эътимоди рўҳбахши давлат ба аҳли ҷомеа, бахусус занону ҷавонони соҳибихтисосу бунёдкор аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ва басо амиқу дилсўзона таҳлилу тафсир шуданд.

Вале асоси ин Паём, аз назари мо, адибон, ки мақсаду мақсудамон Инсон, мақому манзалати ўст, зикри батакрору барҷои мавқеи Инсон буд. Инсони бунёдкоре, ки худро, халқи худро, давлати худро, вазифаи худро самимона дўст медораду баҳри озодиву ободии бештараш мекўшад. Инсоне, ки худхоҳу зоҳирнамо не, балки чун як ҷузъи воқеии ҷомеа хоксору бурдбор аст, пайваста баҳри такмили худу дигарон саъйу талош мекунад ва ин амалаш боиси рушди ҷомеа мешавад. Инсоне, ки ҳамеша дар пайи дониш, маърифат, пешаву ҳунар аст ва миллату давлати худро дар ҳама ҷову ба ҳама кас аз ин мақому минбарҳои баланд сазовор муаррифӣ мекунад.

Сарвари бузурги кишвар худ намунаи барҷастаи чунин Инсону чунин Ватандор, чунин заҳматкашу чунин Олиҳадаф аст, ки ҳар ҳаммилату ҳамватанашро ҳамин сон дидан мехоҳад. Ин бардошти муассиртарину волотарине буд, ки аз Паём ҳосил шуд. 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved