• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Бозор Собир шоири боистеъдод, лирики хуштабъ аст. Шеърҳои ӯро дӯст медорам…

Сотим Улуғзода

Дар тасаввури шоир ин олами бебадал оғоз ва анҷоми ӯст. Пайвастагӣ ва дилбастагии шоир ба кӯҳ, деҳа ва рӯд чандон устувор аст, ки дар ҳар шеър зикри онҳо меравад.

Муъмин Қаноат

Дар қарни ХХ дар адабиёти тоҷик ва ҳатто форсизабонон шоире дар тасвир мисли Бозор Собир пайдо кардан мушкил аст. Шеъри тасвирии Бозор Собир шеъри пок аст, соф аст, шеъри бисёр диданӣ ва наққошӣ аст.

Гулрухсор

Бозёфтҳои Бозор аз рӯзгори пурарзиши халқ барои  ороиши зоҳири шеър (чун экзотик) ба истеъмол нарафтаанд. Мазмуни он ҳама анъанаву расму русум ба тору пуди шеъри ӯ дилнишин печидаанд ва ба ёди хонанда бачагии ширин, бӯи роҳатбахши пуштаву адирҳо, рангу бори кӯчаву пайраҳаҳои деҳотро меоваранд.

 

Гулназар

Таассурот дар ашъори Бозор Собир аксаран ба худи шоир тааллуқ дорад. Вай таассуроти бачагӣ, наврасӣ, ошиқӣ ва ҳодисоти дигари рӯзгорро аз дили худ гузаронда ё дар хотири худ зинда карда, ба тасвир мегирад. Бинобар ҳамин, дар аксари шеърҳои ӯ мансубияти замонию маконӣ равшан аст. Ин яке аз воситаҳоест, ки барои пурқувват тасвир кардани ҳаққонияти таассурот ёрӣ мекунад. Дар хонанда тасаввуроте ҳосил мешавад, ки ӯ аз оғози таассурот то охир бо шоир, аз ҳар печу хами он огоҳ буд ё ҳатто онро бо шоир ҳамроҳ аз сар гузаронд…

Аскар Ҳаким

Бозор Собир хеле дер ба арсаи адабиёт қадам ниҳод. Вале аён буд, ки танҳо расман ва зоҳиран хеле дер. Дар асл бошад, гӯё дар дунёи шоирӣ зоида шуда буд ва батадриҷу табиӣ дар он бузург мешуду камол меёфт. Гули худрӯе буд ӯ дар ин боғи пурбаҳору пурхазон, ки на чашми умед ба лутфи боғбонҳояш дошту на парвое аз ҷилваҳои берангу бӯи гулҳои коғазиаш…

Агар аз адабиёти навтарини мо чанд китоби шеър бимонад, яке аз Бозор аст.

Низом Қосим

Бозор Собир пургӯ ва сухантироз нест. Маъниофарин аст ва ба ин ҷиҳати шеър диққат медиҳад. Кам мегӯяд, вале мекӯшад, ки каломаш барҷаста ва хаёлангез барояд. ӯ шоири тозагӯ ва сирф лирик мебошад. ӯ дар образофаринӣ ва дарёфти ибораю таъбирҳои тоза хеле ҷӯянда мебошад. "Тӯри боронҳо", "подаи бодҳо", "сояи шеърҳо", "мижгони шаб", "нахи мизон", "ашки маҳтоб", "шишаи субҳ" ва монанди инҳо бозёфтҳоеанд, ки кам дар кам воқеъ меафтанд… Дар шеъри ӯ мавзӯъ ва партави  хаёл тасвир ёфта ва санъати шоирона завқу идроки  хонандаро ба дарки маъниҳои дақиқ раҳнамун мешавад.

Аҳмад Абдуллоев

 

Бозор Собир дар шеъргӯӣ ба эҷоди образу мазмунҳои шоирона, баёни дилкашу тарҳи муносиб ва таносуби тасвир диққати асосӣ медиҳад. Шоир, хусусан дар бораи  деҳоту манзараҳои  зебои он, ёди айёми хуши бачагӣ шеърҳои самимона гуфтааст. Мисли "Кӯдакӣ ку?", "Рӯъёи шаб", "Бачаҳои деҳотӣ", "Ҳавас" ва ғайра. Дар шеърҳои номбурда аксар образу мазмунҳои шоиронаи тару тоза ҳаст ва муаллиф ба тавассути онҳо лавҳаҳои  зиндаи ҳаёти воқеиро ба қалам овардааст.

Абдунабӣ Сатторзода

Даҳҳо шеъри Бозор Собирро ном бурдан мумкин аст, ки ҳар яке бори маънии достонҳои пурарзишро мекашанд, дар дилу хотираҳо нақш бастаанд.

Абдураҳмон Абдуманнонов

Ҳоло Бозор Собир дар нисбати ҳамаи шоирони Тоҷикистон, бештар ба шеъри тасвирӣ майл дорад ва воқеан тасвирҳои зиёди хотирнишин низ офаридааст.

Бозор Собир бешак дорои ҳофизаи ғайримаъмулӣ ва неруи бисёр қавии тахайюл аст. Илова бар ин, шоир бисёр варзида ва донишманд аст, ки аз фарҳанги мавҷудаи воқеъ дар ин сӯю он сӯи ҷаҳон огоҳ аст ва моя бардоштааст. ӯ аз таъриху сарнавишти миллати мо, бар асари огоҳии комил, он сафҳаҳоеро, ки ӯро ором нагузоштаанд ва ҳамеша дар аъмоқи ҳофизааш ҷой шудаанд, ба риштаи тасвири шоирона кашидааст. ӯ дар шеър он мавзӯъ ва он масъалаҳоеро барои сурудан интихоб мекунад, ки ба он ихлос ва ба ҳамияти он имон дошта бошад. Мавқеъе, ки ӯ ба таърих рӯ меорад ва ё симои афроди баргузидаи миллатро меофарад, ҳадафаш танҳо зикри хайр нест, балки ӯ некӯ медонад, ки таърих тӯморест ва бояд барои ояндагон аз он моя гирифт ва дарс омӯхт.

 Сафар Абдулло

Шеъри Бозор Собир як саҳифаи поки таърихи адабиёти мост. Таърихи бетобиҳои инсон, таърихи рӯзгори миллате, ки онро дар китоби ҳеҷ таърихнавис наметавон пайдо кард, таърихе, ки онро шоир гирд оварда, сари онҳо ба муроқиба рафтааст.

Кароматулло Шукруллоев

Ба назари ман, Бозор Собир аз нахустин шеърҳояш бо як тарзу усули тоза ва хоси  сабки  эҷодии худ ибрози андеша мекунад. Барои ӯ шоирӣ на касб ва воситаи  рӯзгузаронӣ, балки қисмат ва сарнавишти  азалист. Шеър барои ӯ олиҳа ё ганҷест, ки ба он эҳтиёткорона, бо эҳтирому самимияти тамом муносибат ва муомила мекунад.

Юсуф Акбарзода

Ба қиёс аз ҳамқаламон Бозор Собир дар баёни рӯзгори деҳотиён ва заҳмату бузургии онон, табиати фараҳафзои кӯҳсорон ва партави моҳу ситорагон, роҳи ғуборолуди Каҳкашон ва фарорасии субҳу тулӯи  қурси Хуршед, шафақи лоласону насими субҳгоҳӣ ва ғайра яди тӯлонӣ дорад.

Мирзо Солеҳ

Шоир ба гузаштаи кишвараш назар меандозад, ҳолу аҳволи онро тасаввур мекунад ва аз шаҳомати он меболад, аз дардҳояш ранҷ мекашад, ба мардони асилаш ифтихорманд аст ва аз номардонаш ғамгин. Бозор Собир ватанро хаёливу беранг дида наметавонад, балки онро воқеӣ, табиӣ ва рангоранг тасаввур менамояд. ӯ меҳанро самимона дӯст медорад ва аз ҳамин ҷиҳат тасвираш менамояд.

Худойназар Асозода

Ман тарафдори ин ақидаам, ки устод Бозор шоири рақами як аст. Тасвирҳояш хеле нав аст. Бисёр тоҷикона, бисёр сода мегӯяд, вале барҷаста. Деҳқоншоир ҳам мегӯянд устод Бозорро, чунки ин хел манзараҳое, ки ӯ мебинад, тасвир мекунад, дар ягон каси дигар нест.

 Саидқул Билолов

Устод Бозор натанҳо бо шаддаҳои марвориди маънӣ хотири хонандаи худро шод мегардонад, балки дар маърази нигоҳи ӯ ҷилваи суханро низ ба намоиш мегузорад. Устод Бозор Собир бузургтарин шоири форсигӯйи садаи бистуми мелодист дар минтақаи Мовароуннаҳр.

Пармони Носирӣ, донишманди эронӣ

Ман то он ҷое, ки ошноӣ дорам, фикр мекунам, ки Бозор Собир дар ҷомеаи Тоҷикистон чанд  асаргузорӣ доштанд. Аввал ин ки аз лиҳози шеър яке аз шоирони матраҳ, яке аз сутунҳои шеъри муосири тоҷиканд, ки метавонад роҳнамою пешво бошад. Ва аз он ки муддате дар Афғонистон буданд, солҳои 1960 ва дар он давраҳо яқинан бо забону адабиёти муосири форсӣ ва бо ошноӣ бо осори шуарои Афғонистону Эрон, бегумон, асаргузор буданд ва ба ин асос мебинем, ки яке аз касоне ки навовариро аз лиҳози сохтор ва муҳтаво дар шеъри тоҷик овард, яке аз навоварон Бозор Собир аст. ӯ яке аз равшанфикрон ва мутафаккирон ҳам метавонад ҳисоб шавад.

Шамсулҳақи Ориёнфар,

донишманди афғон

Вақте бори нахуст "Ман худамро кушта-кушта…" ном шеъри устодро мутолиа намудам, ростӣ, аз он ки то ҳанӯз бо адабиёти тоҷик шиносоӣ надоштам, худро маломат кардам. Фалсафаи баланди шеър маро хуш омад ва бадоҳатан оҳанги марғубе эҷод шуд.

                                                                                                                                                            Азизи АЗИЗ

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37