• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХАБАР

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

Дар қароргоҳи бинокорон мулоқоти навбатии аҳли адабу ҳунар, олимону ходимони соҳаҳои гуногун бо заҳматкашони НБО-и Роғун љараён дошт. Шеърхонии шоирону рақсу таронаҳои ҳофизони Филармонияи давлатии Тољикистон, ҳарфҳои самимию илҳомбахши меҳмонон коргарону мутахассисонро оҳиста-оҳиста љазб менамуд. Маҳфил серодамтар, шодию тараб бештар эҳсос мегардид. Меҳмонону мизбонон либоси коргарӣ ба тан доштанд. Фарқ кардан мушкил буд, ки киҳо бинокорони ҳақиқӣ ҳастанду киҳо меҳмонанд. Шоирону нависандагон, рўзноманигорон, вакилони парлумон, як гурўҳ собиқадорони  муҳтарами љумҳурӣ бо рўҳи болида ва ифтихор лаҳзае дар қатори бетонрезону нақбканон, ронандагони "Белаз"-у булдозерҳои қудратманд, муҳандисону лоиҳакашон, дар маљмўъ, бинокорони Неругоҳи  барқи обии Роғун худро дар бунёди  ин кохи нури замон саҳмгузор ҳис мекарданд.

 

Майдони бинокорӣ дар мавзеи чун кафи даст ҳамвор, дар доманаи кўҳи бовиқор, дар самти рости рўди Вахш, ҳамагӣ дар фосилаи овозрас аз маҳалли тағйир хўрдани маљрои он, воқеъ аст. Аз ин љо, дар самти чапу рост дарвозаҳои бошаҳомати нақбҳои гуногун, дар иртифои бештар аз сесад-чорсад метр, тавассути булдозер ба ҳамвору пешандоз кардани  сангу гил машғул будани механизаторон, рафтуои якзайл ва бомароми  мошинҳои бузурги боркаш хеле хуб ба назар мерасид. Чандин суратгири рўзномаҳои машҳури љумҳуриро, дидам, ки лаҳзаҳои табииву илҳомбахшро аксбардорӣ мекарданд. 

Арафаи Наврўзи ҳамин сол буд. Мо ба ҳамдигар "Наврўзи Роғун муборак!" - гўён шодбош мегуфтем. Он рўз ин ҳарфҳо аз даҳон ба даҳон паҳн шуда, ба шиори  идонаи бинокорон табдил ёфт. Ба шиори идонаи шаҳри идонаороёфтаи Роғун ва заҳматкашони  бунёдгоҳи рўҳан ва маънаван ороёфтаи НБО. Пештоқи нақбҳои Роғун вурудгоҳҳои осорхонаҳои машҳури аврупоиро ба хотир меоварданд. Ҳар яки он бо шаҳомат ва шукўҳаш дилро пурфараҳ менамояд. Арк ва рўкаши сафеди мармаринашон бо санъати олии ҳандасӣ маҳкаму устуворанд.

Мо дар майдони бинокорӣ, маҳалли фаъолияти аҳли заҳмат бисёр чеҳраҳои шиносро вомехўрдем. Онҳое, ки замоне дар эъмори НБО-и Норак, Бойғозӣ, Сангтўда-1, Сангтўда-2, нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон, Хатлон кор мекарданд, имрўз дар бунёди НБО-и Роғун саҳм мегузоранд.

Ғайричашмдошт бо шахсе дучор омадам, ки ба қавли устод Рўдакӣ "агарчи бикўшам ба борик ваҳм" дидорашро миёни беш аз бист ҳазор бинокори Роғун ғайриимкон мешумурдам.

- Салом муаллим! Хуш омадед ба Роғун,- нидо кард муҳандиси НБО Шералӣ Имомалиев ва мо гарму самимӣ мулоқот кардем.

Ман бо Шералӣ гоҳ-гоҳ байни вахтаи кориаш дар шаҳри Душанбе вомехўрдам. Аз пешрафти кори сохтмон қаноатманд буд. Акнун фурсате фаро расид, ки ўро дар љои фаъолияти қаҳрамониаш, дар маҳалли корнамоиҳои бемонанд бубинам. Аз баландии маҳалли сарбанди муқтадир ў нақберо нишон дод, ки дар бунёдаш коллективи меҳнатиаш бурдборона ва фидокорона  заҳмат кашидаанд.

Шералӣ Имомалиев муҳандиси беҳамто, кордону пуртаљрибаест. Хатмкардаи Донишгоҳи мелиоративии шаҳри Маскав буда, аз таърихи сохтмонҳои азими замон хуб огоҳ аст. Вақте дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекард, қобилияташро дар омўхтани  фанҳои дақиқ ҳис намуда буданд. Муаллими синфи ибтидоӣ шодравон Мамлакат Каримова устоди меҳрубону сахтгираш буд. Аз синфи 1 сар карда, ў ба муаллима дар омўзонидани шарикдарсонаш ёрӣ медод, ёвару дастгираш буд. Муаллима Мамлакат Каримова мисли модар дўсташон медошт. Вай дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, бо амри тақдир аз нахустин духтароне буд, ки ба пойтахт омад ва таҳсилоти олӣ касб кард. Забони немисиро олӣ медонист. Синфаш дар шуъбаи маорифи ноҳияи Рўдакӣ намуна маҳсуб мешуд. Шавҳари муаллима олими соҳа Гавҳаршо Худойдодов, зодаи ноҳияи Ванљ, инсони қобилиятноку андешаманд, риёзидон, дар Донишкадаи педагогии пойтахт аз устодони моҳиру мумтози кафедраи геометрия буд. Эшон ба раҳмати ҳақ пайвастанду номи неку гиромие аз худ боқӣ гузоштанд.

Хислатҳои накуи зиёдеро аз омўзгорон Сангинмурод Худойназаров, А.Мирзошарифов, Амонбек Юсуфов, Ғайбулло Абдуллоев, А. А. Гаврилова, Ҳаннон Маннонов, Ширин Саидов, Ҳасан Шарифов омўхт.

Ҳар бор Мамлакат Каримова аз манзилаш љониби мактаби № 209 ба номи Розия Озоди зодгоҳашон дар деҳаи Муҳаммадшоҳии Поён равон мешуд, хурду бузург ба истиқболаш салом додаву ба меҳмониаш даъват мекарданд. Ин зани хушчеҳра, босалобат дорои маданияти баланд, обрўманду накухислат тимсоли муаллими замони хеш гардид. Оҳ, чӣ қадр халқи одӣ ва фарзандонашон муаллимаро дўсту азизу арљманд медонистанд! Ман суҳбати Шералиро гўш мекунаму меандешам: муҳандисону бинокорони ин НБО-и муҳташам чи қадр шахсиятҳои таълиму тарбиятдидаанд.

Дар ҳақиқат, иншооту коргоҳҳои наву азиме, ки давлати соҳибистиқлоламон бо ташаббус, дастур ва роҳбарии бевоситаи  Пешвои миллат, Президени мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эъмору бунёд менамояд, бо дасту дили поки  ин ҳамватанони гиромии мо дар сурати  неку писандида анљом дода мешаванд.

- Писарам Фаридун, - љавони тоскулоҳдоре бо лабҳои пурханда ва нигоҳҳои пурмеҳр рў ба рўи мо меистод. Як тан аз насли нави муҳандисони  тољик, ки  таҳсилоти олии соҳавӣ гирифтаву муддатест дар ин сохтмони бузург кор мекунад. Пешаи нақбканӣ, бетонрезӣ ва даҳҳо касбу корҳое, ки дар ин љо ҳар замон лозиманд, барояш ошност. Аз дасту панља, китфону бозуи  қавияш ҳувайдост, ки ба сину сол љавон бошад ҳам, хеле корозмуда шудааст. Фаридун 25 сол дорад. Шералӣ Имомалиев ҳам падар ва ҳам мураббию устоди меҳрубони ўст. Пас аз хатми Донишгоҳи аграрии Тољикистон ба номи Шириншо Шотемуров ба сохтмони НБО-и Роғун омадааст. Созукори иљрои кору фармоишҳои  техникӣ меҳнату таљрибаву азми чунин мутахассисони дорои љаҳонбинӣ ва донишҳои техникии имрўзинро мехоҳад. Истифода аз асбоби гуногуни фанниву фановарӣ, механикӣ, ки зимни кандани нақб зарур аст, таҳти назорати қатъӣ ва шабонарўзию ғамхоронаи муҳандисон қарор дорад. Дар ин љо ҳар коллективи меҳнатӣ ва дар маљмуъ ҳамаи коллективҳои меҳнатӣ мисли як тими муназзам, якдилу якмаром кор мекунанд ва кулли сарварону муҳандисону коргарон аъзои сазовори тими ягонаи  НБО-и Роғун  маҳсуб мешаванд. Ин љиҳатҳои нотакрору ибратбахши сохтмони азим аст, ки барои Фаридун Имомалиев барин муҳандисону коргарон ва хизматчиёни љавону ояндадор сабақи худшиносиву ватандўстӣ гардидаанд.

- Идеали ман дар зиндагӣ ва фаъолият кору пайкори Пешвои муаззами  миллатамон мебошад,- гуфт Фаридун.

Ин ҳарфҳои Фаридун чун маромномаи зиндагӣ ва иқдомаш, савганди ватандорӣ ва хидмат ба халқи пуршарафамон садо доданд. Ин ҳарфи рўзгори љавонони созандаи Тољикистон аст.

Ҳамроҳи Шералӣ ва писараш  муҳандиси љавон Фаридун лаҳзае ба манзараи сарбанди беназири даврон менигаристем ва баробар бо садои мављҳои оби Вахш аз радио шеърхонии шоирони тољик ба гўш мерасид:

Аё Роғун, мунаввар бош,

Шабехун зан, музаффар бош!

Парда ҳабиб, «АС»

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37