• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Ба тахмин ҳамин ду ҳафта пеш телефонӣ суҳбат доштем. Ҳофизи ҷавони боистеъдод Тулқун Тоҷибоев як таронаашро барои барномаи муҳимми сиёсию фарҳангие ба оҳанг дароварда буд ва баъди баррасии ҳайати эҷодӣ бо мақсади хушоҳангии бештари суруд чанд калима бояд бознигарӣ мешуд. Нурмуҳаммад телефонӣ гуфт, ки дар беморхона аст, барояд, мебинад ё шеъри нав менависад. Гуфтам, ки зуд таҳрир кардан лозим, ки аз барнома наафтад. "Набошад, худат бин, - гуфт ба оҳанги хоси худ, - мабодо ту ҳам ба беморхона афтода монӣ, ман ягон шеъратро дуруст мекунам!"

 

Матни тарона бо таҳрири андак барои барнома пазируфта шуд, вале, афсўс, ки сактаҳои қисматро ҳеҷ таҳрир карда намешавад ва шоири маҳбуб, инсони беҳад самимӣ, дилсоф, ҳозирҷавоб, дилкушоду фарохназар Нурмуҳаммад Ниёзӣ баъди сактае моро тарк гуфт.

Тақрибан чил сол боз дар зеҳнам аст ин ном. Оре, аввал танҳо ҳамчун ном буд, номе, ки бо навиштаҳояш дар рўзномаву маҷаллаҳо шахсияти соҳибашро шоиста муаррифиву талқин менамуд. Баъдтар бо шахсаш ҳам ошно шудам ва дидам, ки воқеан лоиқи он номи рўшану умедбахши хонандаҳои хеш аст.

Охири солҳои ҳафтодум. Шогирдони донишгоҳ будем ва муаллими пуршўру пурзўрамон Соҳиб Табаров - мунаққиди самиман оташинсухану табиатан қатъимавқеъ ҳар замон ба Иттифоқи нависандагон, театрҳо, музей, намоишгоҳи асарҳои рассомон, консертҳои симфонӣ ва операву балет ҳидоятамон мекард. "Ин чизҳо барои ҳар як шахси маданӣ заруранд! Барои шумо, шогирдони оқили бандаи ҳақир, ки даъвои адиб шудан доред, заруртар!" - мегуфт сахту нешдор. Ба ёдам ҳаст, ки ҳатто ду бор - як саҳар ба пленуми Иттифоқи нависандагон оид ба эҷодиёти адибони ҷавон ва як шом ба Театри ҷавонон худаш ҳамроҳиамон кард. Албатта, ҳама ба ин "походҳои фарҳангӣ"-и Соҳиб Шуҳратиевич намерафт, лекин мо, чанд нафари музофотӣ, ки самимона ба пойтахт омехта, "шахси маданӣ" шудан мехостем, пайваста пайи он ҳидоятҳои муфид будем.

Рўзе муаллим гуфт, ки "ба Иттифоқи нависандаҳо биравед, курс-конференсияи адибони ҷавон аст, ҳам шоиру нависандаҳои машҳурро мебинеду мешунавед, ҳам шоиру нависандаҳоеро, ки агар заҳмат бикашанду аз худ нараванд, ояндаи адабиётамон мешаванд". Маҳз дар ҳамон чорабинии адабӣ чанд нафар адибони ҷавонамонро, ки асарҳояшонро дар рўзномаҳо мехондему номашонро медонистем, аз ҷумла Нурмуҳаммад Ниёзиро, дидем ва он ҷавони хушқомати гандумгун бо чеҳраи гарму чашмони табиӣ меҳрубону хандон ва шеърхонии хоси худаш - мутантани бурро дар ёдамон монд.

Китобҳои зиёди кўчаку бузургҳаҷм чоп кард ў баъдан, лекин бахусус ду маҷмўачаи аввали шеъраш - "Ниҳоли навбар" ва "Санги сабз" мо, ҷавонони алоқаманди адабиётро мафтун намуд ва бори дигар бовар бахшид, ки аз меҳру сеҳри сухан ҳатто санг сабз мешавад.

Панҷ-шаш сол пас ба сифати корманди Бюрои тарѓиби Иттифоқи нависандагон ба шаҳри Ленинобод рафтам. Дар фурудгоҳ Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ки масъули сафарҳои адибон буд, пешвозам гирифт. "Билети бозгаштро гирифта, баъд аз пайи кор биравем" - гуфтам баъди истиқболи гарму ҷўшони нурмуҳаммадона. "Ҳозир-дия" - дилкушодона розӣ шуд Ниёзӣ ва назди кассаҳо рафта, лаҳзае пас хандон-хандон аз ҳамон ҷо нидо кард: "Низом, ҳамин ҳозирба билет будаст, гирам-мӣ?!" Ҳамоҳанги шўхии бадеҳии зебояш гуфтам, ки "серўза омада будам, акнун як ҳафта меистам!" ва мо, таҳти хандаҳои баланди паҳлавононаи Нурмуҳаммад аз бинои фурудгоҳ берун шудем. 

Маро бо мошинаш, ки ҳангоми сафарҳои адибон ҳамешаву беминнат дар хизмат буд, рост ба деҳаи Рўмон, ба хонааш бурд, чанде аз ҳамсояҳову ҳамқаламонро гирд овард ва суҳбатҳои дилкушое кард. Дарвоқеъ, натанҳо бо ҳама адибони вилоят дилқарибу дилқарин буд, балки аз одамони касбу корҳои гуногун низ ёру ошноҳои зиёд дошт ва самимияти камназир, дўстдориву дўстхоҳии аён ва шўхию ҳозирҷавобиҳояш шумораи онҳоро пайваставу дар ҳама ҷо меафзуд.

Бори дигар бо ҳамон мошин ба ноҳияҳои Ашту Конибодом рафтем ва боз ҳам медидем, ки дар ҳама ҷо Ниёзиро бисёр хуб мешиносанд, бо чеҳраҳои хандон истиқболаш мекунанд, аз ҳазлу шўхиҳои ҳамеша дар сари забон тайёраш лаззат мебаранд. Аз ёд намеравад, ки дар он сафар яке аз устодони ҳазлу ҳаҷвамон - Ҳоҷӣ Содиқи собиқадори ҷангу меҳнат низ, мафтуни шўхиҳои ҳозирҷавобонаи Ниёзӣ шуда, аз таҳти дил хушҳолӣ мекард.

Як вақт (ҳангоми кор дар бахши назми ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат") пайиҳам дар гардану баногўшам пўчакҳо баромадан гирифтанд. Дар Иттифоқ ҳама медонистанд, ки устодон Лоиқ Шераливу Бозор Собир дер боз ба ин дард мубталоянд ва шўхӣ мекарданд, ки "ту ҳам гирифтори дарди бузургон шудаӣ!" Тавсияҳо зиёд буданд, лекин фоидаашон кам. Устод Лоиқ тарсам дод, ки "то ҳафт ё ёздаҳта набарояд, халос намешавӣ!" Устод Бозор дақиқ гуфт, ки кадом вақте сахт  хунукат задааст. Дар ҳақиқат, чанд сол пеш тўлонӣ дар "сохтмони аср" - БАМ (Шоҳроҳи Байкалу Амур) будам ва дар зимистони машҳури Сибир сахт сармо хўрданам аз эҳтимол дур набуд. Касе маслиҳат дод, ки давои беҳтарин… кўрмор аст! Гуфт, ки дар Ўротеппа онро хушку «орд» кардаву дар шишаҳо мефурўшанд, як каф-як каф хўрдан ё ба хўрок андохта, истеъмол кардан муфид аст.

Ба Ниёзӣ занг зада, масъаларо баён кардам. "Гап нест!" - гуфт ва дар байни суҳбат ишора кард, ки шеърҳояш хеле боз дар идора хобанд.  Гуфтам, ки ашъораш омода ва дар навбати чоп аст, ба наздикӣ чоп мешавад. Ин гап ҳақиқат дошт, чунки он вақт дар нашрияи Иттифоқи нависандагон як саҳифа шеър чоп кардан баробари як китоб чоп кардан буд. Ҳамоно хандаи софу беѓубор ва гулдурросии раъдмонандаш гўшаку гўшҳоямро пур кард: "Аз ту - саҳифаи ашъор, аз ман - шишаи кўрмор!"

Албатта, шўхӣ мекард ва баъди чанд рўз, шеърҳояш чоп нашуда, шишае фиристод, ки мегуфтӣ пури хокистар аст. Намедонам, аз он давои ѓайриодӣ буд ё таъсири давоҳои "духтурӣ", аз ҷумла гардиши сунъии хун, ки чанде пас батадриҷ он бало рафъу дафъ шуд ва, шукр, ки дигар аз худ дарак надод.

Ҳамон рўзе, ки саҳифаи шеърҳои наваш аз чоп баромад, занг зад ва дар ҳоле, ки хандаҳои беѓаши осмонкафаш ҳар замон садди суханаш мешуданд, гуфт: "Шеърҳои нави ман бисёр, туба боз кай шишаи кўрмор лозим?"

Ҳамеша ҳамин хел - сабук, латифу намакин ва дилрабову дилкушо суҳбату чақ-чақ мекард. Шўхиҳои хотирмон дошт ва худ низ ҳар гуна шўхии латифро мебардошт.

Дар пеши назарам аст, ки бо ҷуссаи зебои паҳлавононааш чолокона болои гилеми лаби ҷўи ҳавлиаш кўрпача густурдаву дастархон ороста, ҳамзамон пайиҳам лутф мекунад, шўхиҳо пеш меорад, латифаҳо мегўяд. "Марде лаби ҷўба нишаста будаст, ки як калўшаш обба рафтаст. Калўши дигараша ҳам ба ҷў ѓўронда гуфтаст, ки "ё рафта шариката биёр, ё худат ҳам набиё!" Ва, аз хандаи беѓубору хандабиёр бештар гандумгун шуда, илова мекунад: "Ин воқеа ана ҳамин ҷоба, лаби ана ҳамин ҷўба шудагӣ! О, ѓайр аз рўмонӣ боз кӣ ин кора карда метонад?!"

Дастархони пурнозунеъмат ҳайрон мемонад, мо аз ханда дар ҷойҳоямон печутоб мехўрем, аз чашмонамон об мебарояд, лекин Нурмуҳаммад ҳамоно "бераҳмона" шўхиҳояшро идома медиҳад: "Як рўмонӣ болои дарахтба буромада будаст, ки соҳиби боѓ омадаст. "Ҳа, чӣ кор мекунӣ болои дарахти манба?" - пурсад, рўмонӣ гуфтаст: "Ту чиба хушдоманатба калўш нахаридӣ?" Соҳиби боѓ, ҳайрон шуда, пурсидаст, ки "О, боѓи манба даромадани ту ба хушдомани ман чӣ дахл дорад?" Рўмонӣ гуфтаст, ки "Гапа наков, ки аз гап гап мебурод!"

Боз гулдурроси ханда ҳавлиро пур мекунад, ҳама дар ҷои нишасташон печутоб мехўранду аз шиддати ханда чашмон пури об мешаванд…

Имрўз ҳам он чашмон пуробанд. Ва аз паси ашки аламу ҳасрат тарҳи азизи он ҳамдаму ҳамқалами ба ҷусса паҳлавону ба дил бисёр нозуку ҳассос пеши назар меояд, ки ҳамоно лутфу шўхӣ мекунаду ҳамаро хушҳол месозад. "Гапа наков…" - мегўяд, вале гапи ўро, шеъри ўро накофтан имкон надорад. Ва дар ҳар кофтан аз гуфтору ашъораш батакрор самимияту назокати баён, меҳри амиқаш ба Тоҷикистон, муҳаббату садоқаташ ба ҳамватанон мебарояду мебарояд. "Борон заду борон заду борон заду борон, Бисёр бувад ѓуссаи айёми баҳорон" - ба гўш мерасад овози зебои марѓуладораш ва худ бехабар аст, ки бо ин рафтани бемаҳал ѓуссаи айёми хазони дўстонашро ҳам бисёр кард. "Мардуми ту беҳтар аст аз мардуми чашмони ман" - рў меорад ба ҳамватанони азиз ва кас беихтиёр мардумони диёру мардумони чашмони меҳрубони ўро пеши назар оварда, сазовори ҳам, балки беҳтар аз якдигар будани ҳар якеро равшан эҳсос мекунад. "Ҳокимият гар набошад, одамият дар куҷост?" - ҳушдор медиҳад аз оқибатҳои муҳлики беҳокимиятиву қонуншиканиҳо, ки ба ѓарибхокиву беватаниҳо мерасонад. "Мақсуди ман аз шеър ба ҷуз ростравӣ нест" - ниҳоят хулоса мекунад ҳадафи кору рўзгори неки инсониву шоириашро ва ин ҳама эҳсоси саршор, бешак, ҳазорон дилро аз эҳсоси волои одамгарӣ, ватандорӣ, ҳақпарастӣ, дарку эҳсоси зебоиву шириниҳои ҳаёту адабиёт саршор месозанд, симои инсониву суханварии шоирашонро бештару бештар падид меоранд, алоқамандонро дар беѓашиву беѓуборӣ, бетакаллуфиву ҳақгуфторӣ, меҳру дўстдорӣ беш аз пеш устувортару подортар мекунанд.

Ёдаш ба хайр ва шеъраш ҳамдами дилҳо бод.

Низом Қосим 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved