• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков 7-уми майи соли 1974 дар шаҳри Шаҳрихони вилояти Андиҷон ба дунё омадааст. Соли 2007-ум Донишкадаи санъати Ӯзбекистон ба номи Маннон Ӯйғурро хатм кардааст. Ӯ шогирди сарояндаи машҳури кишвари худ Муҳриддин Холиқов мебошад. Аз соли 1994 инҷониб чун ҳунарманди санъати эстрада дар рӯйи саҳна аст. Дар ҳар иди давлатии Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунад. Аз соли 2003 ҳамчун муваффақтарин сарояндаи Ӯзбекистон шинохта мешавад.

Ӯ соли 2007 унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 2010 унвони Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 2012 унвони Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Қароқалпоқистонро ба даст овард. Озодбек Назарбеков бо забонҳои ӯзбекӣ русӣ ва тоҷикӣ суруд мехонад. Дар кишварҳои дигар низ ҳаводорони худро дорад, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ. Озодбек Назарбеков дар кишвари мо борҳо ҳунарнамоӣ кардааст. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзода консерти алоҳидаи худро ташкил кард. Дар консерти "Шоми дӯстӣ"-и ҳарду кишвар, ки ба муносибати ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишвари мо 9-уми марти соли равон баргузор шуда буд, ӯ низ дар шумори дигар ҳунармандони машҳури Ӯзбекистон суруд хонд. Матни он суруд тоҷикӣ буда, ғазали "ҳар замон гӯям, ки аз дил меҳри ӯ берун кунам"-и Ҷомӣ мебошад. Озодбек Назарбеков инчунин бо сарояндаи шинохтаи тоҷик Эркин Одинаев дуэт сароидааст, ки сабти видеоии онро дар фазои маҷозӣ миллионҳо нафар тамошо кардаву баҳои баданд додаанд. Ӯ дар консерте, ки соли гузашта дар варзишгоҳи "Спартак"-и шаҳри Хуҷанд баргузор кард, чунин гуфт:

-Давоми се рӯз дар Тоҷикистон бисёр шаҳрҳо ва мухлисони ба Шумо монандро дидам. Аммо бояд росташро бигӯям, ки дар ҳамаи он ҷойҳои рафтаам худро бегона ҳис накардам. Ман худро дар Фарғона ҳис кардам. Меҳру садоқат, меҳмоннавозӣ, пешвозҳо ҳама якхелаанд. Яъне ман фаҳмидам, ки ба ягон макони бегона наомадаам. Халқҳои тоҷику ӯзбек санъатдӯстанд. Имрӯз фаҳмидам, ки дар қалби тақрибан 50-60 фоизи аҳолии Тоҷикистон бо санъатам ҷой гирифтаам. Ин барои ман бахт ва давлати калон аст".

 

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, "АС"

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved