• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

 Дар толори Театри "Санкт-Петербург Опера"-и шаҳри соҳили Нева маросими хотимавии он бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар барномаи рангини фарҳангӣ суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишини тоҷикӣ пешкаши санктпетербургиҳо гардид. Устодони санъат, эҷодкорони ҷавон ва намояндагони аҳли ҳунари шаҳри Душанбе бо ҳунари воло  дили ҳозиринро тасхир карданд ва онҳо  ин барномаро  бо кафкӯбиҳои  бардавом истиқбол  намуданд.

Ба ҳозирин ҳунари волою санъати баланди иҷрокунандагӣ ва овозхонии ҳунармандони шоиста ва ҷавони тоҷик Шарофат Усмонова  ва Амирҷон Рӯзиев дар пешниҳоди ария ва романсҳо аз эҷодиёти бастакорони маъруфи ҷаҳон, рақсҳои ҷаззоби ҳунарпешагони балет Муҳаммад Азимзода ва Фарангис Қосимова зимни иҷрои порчаҳо аз балети "Зол ва Рудоба" - и Шуҳрат Ашӯров, ҳунари волои навозандаи ҷавон Рафоат Шоазимова, ки дар фазои толори театр танинандоз гардид, хеле писанд омада, қалби ҳар як бинандаву шунавандаро ба ваҷд овард.

Барномаи фарҳангӣ бо пешниҳоди сурудҳои ҳунарпешаи ҷавон Зафар Абдуалимов, ки як навъ омезиши санъати имрӯзаи Шарқу Ғарб маҳсуб меёбад, ҷамъбаст гардид.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved