• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Бо дахли равобиту ҳамкории мутақобилан судманди  илмию фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо афзуд, ки мардумони ду кишвар тӯли ҳазорсолаҳо дар паҳлӯи ҳам дӯстона зистаанд, аз як дарё об нӯшидаанд, бо  ҳамдигар  аҳди дӯстиву бародарӣ доранд.

«Мо ба дӯстиву робитаҳои  шахсиятҳои барҷастаи илмию фарҳангии ҳар ду кишвар, ки занҷираҳои он аз замони шоирони барҷастаи адабиёти классикии  тоҷику ӯзбек  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ  пайваст гардида, сарчашма гирифтаанд, арҷ мегузорем. Ин шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ, ба мисли   Садриддин Айнӣ,  Абдулло Қодирӣ,  Ғафур Ғулом,  Муъмин Қаноат, Мирзо  Турсунзода,  Миртемир, Зулфия,  Гулрухсор Сафиева  ва боз даҳҳо  шахсиятҳои шинохтаи ҳар ду миллатанд», —  иброз дошт  Минҳоҷиддин  Мирзо.

Назар ба андешаи ӯ, маҳз бо шарофати  саъю талош ва иродаи сиёсии Роҳбарони баландпояи давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев  робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории ду кишвари дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон густариш ёфта,  вориди марҳилаи нав гардидааст, ки ин раванд аз ояндаи дурахшони равобити илмию фарҳангии мардумони тоҷику ӯзбек, ки дорои муштаракоти фарҳангианд, шаҳодат медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари ҳайати баландпояи намояндагони илму фарҳангии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз 1 то 4 августи соли равон доир гардид, ҳайати фарҳангии Тоҷикистон аз Итифоқи нависандагони Ӯзбекистон, ки  дар муҷтамеъи «Адиблар хиёбонӣ»  воқеъ  аст,  боздид намуда, бо шоирону нависандагон ва аҳли эҷоди кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон  мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тавсеаи равобити илмию фарҳангии ду давлатро баррасӣ карданд.

Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»,

Душанбе -Тошканд

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved