• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

 

 

Дар китоби "Нури Раҳмон" шеърҳое фароҳам омадаанд, ки воқеан аз дили пур аз ихлосу иродати шоирон нисбат ба Пешвои миллат ва неругоҳи бахтовари Роғун берун таровидаанд ва натиҷаи бардошту хулосаҳои онҳо аз ҷараёни сохтмони ин неругоҳанд. Бо мутолиаи ин шеърҳо хонанда дармеёбад, ки шоирони тоҷик ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбари кишвари хеш бо камоли ихлос ҳамоҳангӣ намуда,  дастовардҳои давлату Ҳукумати мамлакатро васфу тараннум мекунанд, ба воситаи шеърҳои оташину пурҳарорат бунёдкорони Неругоҳи барқи обии Роғунро рўҳбаланду дилқавӣ менамоянд. Аз сатр-сатри ин китоб ҳисси баланди ватандўстию ифтихори миллии эҷодгарон пайдост ва ин гармию ҳарорат ҳини мутолиа ба дили хонандагон низ роҳ меёбад.

Дар шеърҳо аҳаммияти бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун аз зовияҳои мухталиф ва бо нигаришу нигориши гуногун баён шудаанд ва онҳо ғолибан дар қолаби ғазал, чаҳорпора, маснавӣ, рубоӣ, шеъри нимоӣ ва ғайра рўйи коғаз омадаанд.

Бештари шоирон меҳандўстию ваҳдатпарастӣ, ҷавонмардию саховатмандӣ, сарсупурдагию заҳматписандӣ ва дигар сифатҳои Пешвои миллатро тавассути образҳои зебову хотирнишин, санъатҳои гуногуни бадеӣ ва забони шоирона тасвир карда, симои инсонии мавсуфро чун қаҳрамони воқеӣ пеши назари хонанда муҷассам менамоянд.

Ҳар саҳифаи китоб бо суратҳои Пешвои миллат ҳамроҳи шоирони маъруфамон ва дар лаҳзаҳои гуногун, инчунин бо расмҳо аз ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ороиш ёфтааст, ки ба муҳтавои шеърҳо созгору тавъам аст.

"АС"

 

 

 

Нигораҳои таърихии Тоҷикистон - ба музейи "Гиме"-и Фаронса

Моҳи сентябри соли равон коршиносони Фаронса ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳ бо гурўҳи кории кишвари мо  тадбирҳои амалиро ҷиҳати интихоби нигораҳои таърихии Тоҷикистон барои намоишгоҳи ин кишвар шурўъ мекунанд. Намоишгоҳ аввали соли 2019 баргузор шуда, нигораҳо  тўли се моҳ дар шаҳри Париж ба дўстдорони таърих ва осорхонаҳо манзур мешаванд.

Дар робита ба ин дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Созишнома оид ба баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Фаронса оид ба санъати кишварҳои Осиё - "Гиме" ба имзо расид.

 Дар маросими он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар иштирок намуданд.

Баъди имзои созишнома вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз дошт, ки баргузории ин намоишгоҳро метавон муаррифии арзандаи таърихи халқи тоҷик ба ҷаҳониён арзёбӣ намуд.

Хонум Ясмин Гуедар иброз дошт, ки ба имзорасии созишномаи тарафайн далели эътимод ба ҳамкории судманд ва оғози марҳилаи амалии корҳои омодагӣ мебошад.

 

 

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved